Ҳаштуми июни соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сафар карданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, вазирони энергетика ва захираҳои об, фарҳанг, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Ҳаштуми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ мулоқот намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат изҳор доштанд, ки Тоҷикистон аз ташаббусҳои созандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати таъмини сулҳи пойдору рушди иқтисодии Афғонистон ва мавқеи ин давлат дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ пуштибонӣ намуда, ҳамкориро бо Афғонистон дар феҳристи афзалиятҳои сиёсати хориҷии худ қарор додааст.
Зимни мулоқоти созанда ҳамкории бисёрҷанбаи Тоҷикистону Афғонистон, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсат, амният ва иқтисодиёт баррасӣ шуда, доир ба иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги минтақавӣ дар соҳаҳои тиҷорату сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёт ва инфрасохтор табодули афкори судманд сурат гирифт.
Ҳамкориҳои амниятӣ, аз ҷумла дар соҳаи ҳифзи сарҳадот, самти ниҳоят муҳими ҳамёрии Тоҷикистону Афғонистон арзёбӣ гардид ва ҳар ду ҷониб зарурияти тақвияти мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, қочоқи маводи мухаддир ва зуҳури ҷиноятҳои муташаккили фаромиллиро таъкид намуданд.
Барои тақвияти бештари муносибатҳои байнидавлатӣ фаъолгардонии кори комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, пайгирии барномаҳои афзалиятноки энергетикӣ ва инфрасохторӣ, аз ҷумла сохтмони роҳи оҳан, созмондиҳии намоишгоҳҳо ва сафарҳои мутақобилаи тоҷирону сармоягузорон ба кишварҳои ҳамдигар, зарур шуморида шуд.
Дар мулоқот ҳамчунин масоили дигари минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла ҳамгироии байнидавлатӣ дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони ҳамкории Шанхай, муҳокима гардид.
Дар доираи баргузории Иҷлосияи навбатии Сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай 9 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Остона Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин мулоқот намуданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистону Чин дар асоси дуҷониба ва дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай баррасӣ гардид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкории гуногунҷанбаи ду давлат ва муколамаи созандаи сиёсии дуҷониба дар давоми 25 соли барқарории муносибатҳои дипломатӣ изҳори қаноатмандӣ карда, таҳкими муносибатҳои стратегию шарикиро бо Ҷумҳурии Мардумии Чин аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд.
Ба рушду тавсеи бештари ҳамкории сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ бештар мароқ зоҳир карда, ҷонибҳо таъкид бар он доштанд, ки ҳар ду давлат ҷиҳати таҳкими муносибатҳо дар соҳаҳои мазкур тадбирҳои зиёду муассир андешидаанд.
Барои тақвияти ҳамгироӣ дар соҳаҳои бонкдориву молия ва саҳмгузорӣ дар бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон, мусоидат ба татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохторию нақлиётӣ, аз ҷумла таъсиси камарбанди иқтисодӣ дар атрофи Роҳи бузурги абрешим, оғози сохтмони қисмати тоҷикистонии лӯлаи гази минтақавии Чин-Осиёи Марказӣ ва роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон, таклифу пешниҳодҳои судманд баён шуд.
Дар мулоқот ҳамчунин мубориза бар зидди терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва саҳмгузорӣ дар таъмини амнияту субот дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон баррасӣ гардид.
Дар анҷоми мулоқот Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин аз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват ба амал овард, ки дар наздиктарин фурсат ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ташриф оваранд.
www.president.tj