Сафари кории Пешвои миллат ба Ҷумҳурии Беларус

№143 (3780) 02.12.2017

26967017209_8b65aef54d_o30 ноябри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ба шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус сафар карданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии ­Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ, вазири мудофиа, котиби Шӯрои амният, вазири кишоварзӣ, раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ карданд.

30 ноябри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар ҷаласа, ҳамчунин, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Президенти Арманистон Серж Саргсян, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев иштирок намуданд.

Нахуст дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо, баъди баррасии вазъияти кунунии минтақа ва ҷаҳон, самтҳои асосии фаъолият ва ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталифи таъмини амнияти мамлакатҳои аъзои созмон, инчунин дигар масъалаҳои рӯзномаи маҷлис муайян карда шуданд.

Зимни суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба мушкилоти сайёра, таҳдидҳои глобалӣ ва минтақавӣ ба амнияти кишварҳои аъзо ва зарурати андешидани тадбирҳои муштарак ҷалб карда, иброз доштанд, ки афзоиши терроризм ва экстремизм, гардиши ғайриқонунии силоҳ, маводи мухаддир ва шаклҳои дигари ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ вазифаҳои навро ба миён мегузоранд.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бори дигар диққати шариконро ба таҳкимбахшӣ ва ҳимояи сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон ҳамчун марзи ҷанубии кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ҷалб намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки Нақшаи амалигардонии «Стратегияи амнияти дастаҷамъӣ то соли 2025» ва қарорҳои қабулшуда дар ҳалли масъалаҳои хеле душвор барои таъмини амнияти дастаҷамъии давлатҳои аъзои созмон ҳиссагузор хоҳад буд.

Дар охир Баёнияи муштараки сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ доир ба 25-солагии Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва 15 — солагии таъсисёбии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ қабул гардид.

www.president.tj