Сафари кории Пешвои миллат ба Ҷумҳурии Халқии Хитой

№16 (4436) 05.02.2022

Сеюми феврали соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ ба Ҷумҳурии Халқии Хитой сафар карданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар сафар Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

www.president.tj