Сафари кории Пешвои миллат ба Ҷумҳурии Халқии Хитой

№17-18 (4437-4438) 08.02.2022

3 феврали соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Пекини Ҷумҳурии Халқии Хитой ташриф оварданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Пекин меҳмони олиқадр — Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндаи воломақоми Ҳукумати Хитой самимона истиқбол гирифт.

4 феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Халқии Хитой маросими бошукӯҳи ифтитоҳи Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ баргузор гардид, ки дар он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуданд.

Дар ин маросим, инчунин роҳбарони давлатҳо ва намояндагони воломақоми зиёда аз 20 кишвар ва созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ иштирок доштанд.

Дар таҳияи ин барнома 4 ҳазор мутахассисони гуногун ва дар паради варзишгарон аз 91 давлати ҷаҳон иштирок намуданд.

5 феврали соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пекин дар ҳошияи маросими ифтитоҳи Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ бо Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой муҳтарам Си Ҷинпин мулоқот карданд.

Дар мулоқот маҷмӯи васеи масоили ҳамкории ҳар ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба Роҳбари кишвари мизбон барои пазироии самимӣ ва даъват ҷиҳати иштирок дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ изҳори сипос намуданд.

Сарвари давлат Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитойро ба ифтихори баргузории чорабинии бошукӯҳи варзишӣ, ҳамчунин, фарорасии иди Баҳор ва Соли нави анъанавии мардуми Хитой шодбош гуфтанд.

Бо ёдоварӣ аз таърихи 30 — солаи муносибатҳои дипломатии кишварҳо Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аз робитаҳои ҳасанаи ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва боварию эътимоди мутақобилаи шарикии стратегӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.

Зимни мулоқот масоили рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, бахусус саноат, низ баррасӣ гардид.

Барои воридоти технологияи нав ва дар Тоҷикистон таъсис додани заминаҳои истеҳсоли «технологияи сабз», бахусус мошинҳои электрикӣ, панелҳои офтобӣ, сохтмон ва бо технологияи пешрафта муҷаҳҳаз кардани иншоотҳои энергетикии Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.

Ҷонибҳо, ҳамчунин, масъалаҳои гус­тариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, афзоиши ҳаҷми содирот, пеш аз ҳама, маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон ба Хитой, рушди минбаъдаи робитаҳо дар бахши нақлиёт ва логистикаро баррасӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки мулоқоти гурӯҳи кории Тоҷикистону Хитой оид ба ҷалби сармоя, робитаҳо дар чаҳорчубаи иқдоми «Як камарбанд — як роҳ» ва таҳияи лоиҳаҳои нави саноатӣ, энергетикӣ, нақлиётӣ ва кишоварзӣ метавонанд аз омилҳои муҳими пешбарандаи муносибатҳои судманди ҳар ду кишвар бошанд.

Густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳангӣ — гуманитарӣ, маориф, тандурустӣ аз самтҳои дигару муҳими муносибатҳои шарикии ҳар ду кишвар маънидод гардид.

Ба ҷониби Хитой барои расонидани кумаки моддӣ дар шакли вояҳои зидди коронавирус дар давраи пандемия изҳори сипос карда шуд.

Зимни баррасии мавзӯи амниятӣ ба масъалаҳои мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, ҷудоихоҳӣ, ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва ҷиноятҳои киберӣ, инчунин, вазъи иҷтимоию иқтисодии кишвари ҳамсояи Афғонистон, таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

Ҷонибҳо ба ҳамгироӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар созмонҳои байналмилалию минтақавӣ аҳамияти махсус доданд.

Дар охири мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аз Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой муҳтарам Си Ҷинпин даъват ба амал оварданд, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оранд. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.

5 феврали соли 2022 дар ҳошияи иштирок дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ дар шаҳри Пекин дидору суҳбатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо сарони як қатор давлатҳо ва роҳбарони созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим — Жомарт Токаев, Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон, Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш, Раиси Маҷмаи умумии СММ Абдулло Шаҳид доир гардиданд.

www.president.tj