Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон

№38 (4300), 39-40 (4301-4302) 30.03.2021

50998996140_396d512cc4_o24 марти соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ ба ҷараёни омодагиҳо ба истиқболи пуршукӯҳи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалишавии барномаҳои давлатӣ, корҳои ободонии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, мулоқоту дидор бо намояндагону фаъолон, қишрҳои гуногуни аҳолӣ, ошноӣ бо вазъи рӯзгори мардум, рафти корҳои саҳроӣ ва ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ ба вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва дигар масъулин гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бинои Коллеҷи тиббӣ — инноватсионии шаҳри Бохтарро ифтитоҳ намуданд, ки дар заминаи бинои куҳнаи хонаи маишии «Саодат» таҷдиду навсозӣ шуда, ба иншооти таълимии тиббӣ табдил ёфт. Он наздики 30 сол дар ҳолати ногувор қарор дошт ва акнун бо саҳми фарзандони бонангу номуси оилаи Соҳибовҳо ҳамчун Коллеҷи тиббии инноватсионӣ ба сокинони вилояти Хатлон хизмат хоҳад кард.

Бинои коллеҷ аз рӯи тарҳи муосир барқарор шуда, барои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар бахши тандурустӣ пешбинӣ гардидааст. Он аз шаш ошёна иборат буда, корҳои барқароркунӣ, ободонӣ аз ҷониби бинокорони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ориёносохтмон»-и шаҳри Бохтар дар муҳлати бештар аз ду моҳ ба сомон расонида шуд. Дар рӯзҳои таҷлил аз Наврӯзи байналмилалӣ коллеҷ аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон ҳамчун армуғони идонаи наврӯзӣ ба ҷавонони вилояти Хатлон тақдим карда шуд.

Зимни шиносоӣ аз шароити таълимии муассиса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раванди корҳои ободонӣ ва сифати амалҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, масъулинро ба тайёр намудани мутахассисони варзида ва дорои тахассуси баланд вазифадор намуданд.

Президенти мамлакат барои чунин ҳиссагузорӣ дар беҳдошти сиҳатии омма ва татбиқи амалии нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба оилаи Соҳибовҳо изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Коллеҷи тиббӣ — инноватсионӣ дар шаҳри Бохтар дорои маҷлисгоҳ, 65 синфхона, 10 ҳуҷраи маъмурӣ, утоқҳои алоҳида барои кафедраҳои стоматологӣ, момодоягӣ, технологияи информатсионӣ, китобхонаи электронӣ барои 1700 нафар донишҷӯ дар як баст пешбинӣ шуда, аз рӯи шаш ихтисоси миёнаи тиббӣ, аз ҷумла кори ҳамширагӣ, табобати дандон, фармасевтӣ, момодоягӣ, табобати умумӣ ва тиббию ташхисӣ, мутахассисони сатҳи баландро омода мекунад. Қабули дов­талабон ва кори мунтазами коллеҷ аз моҳи июни соли 2021 оғоз гардида, таҳсилот аз тариқи шартномавӣ сурат мегирад.

Барои омода кардани мутахассисони ҷавобгӯ ба меъёрҳои муосир фазои илмомӯзӣ, озмоишгоҳҳои амалӣ, синф­хонаи анатомия, маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ фароҳам ва муҷаҳҳаз шудааст. Толори маҷлиси коллеҷ зебову барҳаво буда, барои 140 ҷойи нишаст пешбинӣ гардида, бо тахтаи электронӣ ва дигар васоити таълимӣ муҳайё мебошад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамон ҷо ба гӯшаи гиёҳдармонӣ, ки беш аз 20 намуд маҳсулоти доруворӣ ва гиёҳҳои шифобахши кӯҳистон ба маъраз гузошта шуданд, шинос шуда, дастур доданд, ки аз гулу гиёҳҳои шифобахши ватанӣ  истеҳсоли маҳсулоти дорувориро ба донишҷӯён таълим диҳанд.

Муассисони коллеҷ, дар баробари бунёди муассисаи таълимӣ, саҳни онро бо дарахтони ороишӣ ва гулҳои рангоранги мавсимӣ зебу зинат дода, наздики 100 адад дарахти нодири ороишии хориҷӣ шинонида, парвариши беш аз 15 ҳазор гули рангорангро ба роҳ мондаанд.

Барои донишҷӯён нишастгоҳҳои замонавӣ ва дигар иншооти иловагиро фароҳам сохтаанд, ки дар лаҳзаҳои фориғ аз дарс табибони оянда имкон доранд, аз онҳо истифода намоянд.

Дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, корхонаи истеҳсоли шифери Ҷамъияти дорои ­масъулияти маҳдуди «Бохтар шифер»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Он дар минтақаи саноатии шаҳри Бохтар аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Дӯстмурод Маҷидов дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат ба истиқболи сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар масоҳати як гектар бунёд гардида, дар се баст фаъолият мекунад ва 60 нафар сокини маҳаллиро бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин намудааст. Дар корхона ду хати муосири технологӣ аз Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Халқии Хитой дастрас ва насб карда шудааст.

50998906465_396ebff65a_oМаҳсулоти истеҳсолӣ аз лиҳози намуд ва сифат ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, дар як шабонарӯз 1500 — 2000 дона шифер истеҳсол мегардад. Иқтидори солонаи корхона як миллиону 100 ҳазор дона шифер буда, бо дарназардошти талаботи бозор имконияти аз ин ҳам бештар истеҳсол кардани маҳсулот мавҷуд аст.

Барои истеҳсоли шифер сементи аълосифати корхонаҳои Тоҷикистон истифода гардида, ашёи хом аз Ҷумҳурии Қазоқистон ворид мегардад.

Ёдовар мешавем, ки ин аввалин корхонаи нави саноатӣ дар шаҳри Бохтар аст, ки ба истеҳсоли шифер шурӯъ намуд. Ба таъкиди мутахассисони соҳа шиферҳои истеҳсолшуда дар гармию сардӣ тобовар буда, муҳлати истифодаи тӯлонии он кафолат дода мешавад.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони корхона дастур доданд, ки дар раванди истеҳсолот ба сифати маҳсулот диққати ҷиддӣ дода, илова ба таъмини бозорҳои дохилӣ, содироти шиферро ба хориҷи кишвар низ ба роҳ монанд.

Пас аз шиносоӣ бо фаъолияти корхонаи истеҳсоли шифер Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди корхонаи нави истеҳсоли қубурҳои асбестӣ санги асос гузоштанд. Тибқи нақша, дар он истеҳсоли пайвандак ва қубурҳои қутрашон 100 — 500 бо дарозии 4 метр пешбинӣ шудааст ва дар як шабонарӯз 500 — 800 адад қубурҳои асбестӣ истеҳсол хоҳад шуд. Бо ­бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаи нав 15 нафар сокини маҳаллӣ ба шуғли доимӣ ҷалб карда мешаванд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  намоиши маҳсулоти истеҳсолкардаи саноатчиёни вилояти Хатлонро, ки дар саҳни корхонаи нав ташкил гардид, аз назар гузарониданд, ки зимни он масолеҳи гуногуни саноатию сохтмонӣ муаррифӣ карда шуд.

Бояд тазаккур дод, ки дар минтақаи саноатии шаҳри Бохтар барои бунёди корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ инфрасохтори зарурӣ, аз қабили роҳҳои мумфарш, хатҳои интиқоли қувваи барқ, шабакаи обу корез ва дигар шароити лозима фароҳам мебошад.

24 марти соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии шаҳри Бохтар корхонаи истеҳсоли ҷӯроби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сомони Расул» — ро ифтитоҳ намуда, бо фаъолияти сехи истеҳсоли дучарха шинос шуданд.

51070517896_ba3079fbcf_oОн аз тарафи соҳибкори ватанӣ Расул Соҳибназаров ба истиқболи сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёд гардида, 40 нафар мутахассиси маҳаллӣ ба кор таъмин шуданд.

Дар коргоҳи зикршуда 20 адад дастгоҳи бофандагии истеҳсоли Чехия ва Кореяи Ҷанубӣ насб гардидааст. Иқтидори истеҳсолии коргоҳ то 100 ҳазор ҷуфт ҷӯроб дар як моҳ буда, айни замон дар он 10 нафар сокини маҳаллӣ, ки аз ҷумла занону бонувон мебошанд, ба кор ҷалб гардидаанд.

Маҳсулоти хом ба коргоҳ аз корхонаҳои ресандагии мамлакат дастрас шуда, риштаи ранга то марҳилаи ниҳоӣ коркард мегардад, ки дар натиҷа ҷӯробҳои пахтагини босифат истеҳсол мешавад. Ҳоло ҷӯробҳои истеҳсолнамудаи корхона ба бозору марказҳои савдои вилояти Хатлон ва дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пешниҳод шуда, харидор дорад.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сомони Расул» нақша дорад, ки иқтидори истеҳсолии ҷӯробро афзоиш дода, дар баробари таъмини талаботи сокинони мамлакат, содироти маҳсулоти ватаниро ба хориҷи кишвар низ ба роҳ монад.

Дар он дар сехи алоҳида истеҳсоли дучарха низ ба роҳ монда шудааст. Барои истеҳсоли дучарха аввалан қисмҳои эҳтиётӣ, ки асосан аз маҳсулоти оҳанӣ иборат аст, омода карда мешавад.

Ҷараёни истеҳсоли аксар қисми дучарха бо истифода аз кафшер анҷом ёфта, мутахассисони касбӣ онро бо сифати баланд иҷро менамоянд ва аксари амалиёт дар ҷараёни истеҳсолот дастӣ сурат мегирад. Дар корхона барои сохтани қисмҳои дучарха дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ насб гардидааст.

Ба гуфтаи мутахассисон, баъзе аз қисмҳои эҳтиётии дучархаҳо аз хориҷи кишвар ворид карда мешаванд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни истеҳсоли дучархаҳои ҳаҷму андозаашон гуногун дар корхонаи навбунёд шинос шуда, ба сифати кор ва заҳмати кормандон баҳои баланд доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар корхона истеҳсоли беш аз 10 намуд дучарха бо шаклу андозаҳои гуногун ба роҳ монда шудааст ва имкон аст, ки ҳар моҳ 1000 адад дучарха истеҳсол гардад. Дучархаҳои истеҳсолкардаи корхона ҳамчун маҳсулоти ивазкунандаи воридот ба шумор рафта, бо нархҳои дастрас пешниҳоди харидорон мегардад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тарабхонаи «Малика»-и шаҳри Бохтар ба 200 нафар ятим аз шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Левакант, Норак, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ёвон, Хуросон, Кӯшониён ва Вахши вилояти Хатлон туҳфаҳои наврӯзӣ тақдим намуданд. Туҳфаҳои Сарвари давлат аз сарулибос, шириниҳо, панҷ китоби бадеӣ ва кумакҳои пулӣ иборат буд.

50998992265_10039671a8_oЗимни суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба талошҳову тадбирҳои Ҳукумати кишвар баҳри таъмини зиндагии шоистаи кӯдаконе, ки бо амри тақдир аз падару модар ятим мондаанд, инчунин, дар бораи дастгириҳои дигар табақаҳои ниёзманди ҷомеа андешаронӣ карданд.

Дар вилояти Хатлон 29 ташкилоту муассисаи иҷтимоии хизматрасонӣ ба шахсони маъюб ва кӯдакони имконияташон маҳдуд фаъолият доранд, ки дар онҳо садҳо нафар ба ғамхории роҳбарияти Давлату Ҳукумат фаро гирифта шудаанд.

Айни ҳол дар ҷумҳурӣ 63 мактаб-интернат фаъолият менамояд, ки дар онҳо соли таҳсили 2020-2021- ум 8146 нафар, аз ин 2526 нафараш духтар, таълимгиранда, аз ҷумла 1653 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд, 176 нафар ятими кулл, 1384 нафар  бепадар, 343 нафар бемодар ба таълиму тарбия ва ғамхории Пешвои миллат фаро гирифта шудаанд.

Аз шумораи умумии мактаб-интернатҳо 14 мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ тобеи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 9 мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим, 4 мактаб-интернат барои кӯдакони имконияташон маҳдуд ва мактаби махсуси ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе буда, дар онҳо соли таҳсили 2020-2021 дар маҷмӯъ, 2585 нафар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки аз онҳо 564 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд, 53 нафар ятими кулл, 440 нафар бепадар ва 140 нафар бемодар мебошанд.

Мавриди зикр аст, ки ҳамаи ин кӯдакон зери ғамхории падаронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд ва ҳамеша Сарвари давлат аз ҳолу аҳвол, шароити зисту таҳсилашон бохабар ҳастанд.

24 марти соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Кӯшониён боғи навбунёди суперинтенсивии Хоҷагии деҳқонии «Умари Қурбонализода» — ро аз назар гузарониданд.

Майдони умумии замин, ки барои бунёди боғи нав пешбинӣ гардидааст, зиёда аз 10 гектарро ташкил дода, дар майдони бештар аз се гектари он дарахти шафтолу ва се гектари дигар ниҳоли себ шинонида шудааст, ки ҳоло нашъунамои хуб доранд.

Ниҳоли дарахтон, тибқи тавсияи олимон, бо дарназардошти риояи агротехникӣ шинонида шудааст ва ин омил дар оянда барои таъмини сабзиш ва хуб нашъунамо ёфтани ниҳолҳо мусоидат менамояд.

Боғи суперинтенсивӣ бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Зайнулло Қаҳҳоров бунёд шуда, ҳосили он асосан барои содирот пешбинӣ гардидааст. Обёрӣ ва ғизодиҳии ниҳолҳои боғ бо усули қатрагӣ ба роҳ монда шудааст, ки бо чунин тарз бунёд намудани боғ дар шароити ҳозира аз бисёр ҷиҳат манфиатовар буда, масрафи беҳудаи оби полезӣ пешгирӣ, хароҷоти нуриҳои минералӣ коҳиш меёбад.

Дар рафти амалисозии лоиҳа ва бунёди боғ 60 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори мавсимӣ ва ­­15 нафар бо кори доимӣ таъмин шуданд.

Ниҳолҳои дар боғи суперинтенсивӣ шинонидашуда дар соли дуюм ба ҳосил даромада, меваи себ дар моҳи сентябр пухта мерасад, ки ин аз бартариятҳои асосӣ дониста мешавад.

Дар боғи навбунёд се навъи дарахти шафтолу ва се намуди ниҳоли себ шинонида шудааст. Тибқи таҳлил ва баҳодиҳии олимони соҳаи кишоварзӣ, бо дарназардошти риояи дурусту саривақтии агротехникаи парвариш аз як гектар ниҳоли дарахтони боғи суперинтенсивӣ гирифтани 80 — 120 сентнер ҳосили мева дар назар аст. Дар навбати аввал ин омил ба манфаити боғдорон буда, дар таъмини бозори истеъмолӣ бо меваҳои лазизу хуштаъм ва аз ҷиҳати экологӣ тозаи ватанӣ замина фароҳам меорад.

Айни ҳол дар боғи суперинтенсивӣ шинонидани дарахтон идома дошта, то ҳол се ҳазор ниҳоли шафтолу, ду ҳазор ниҳоли себ шинонида шудааст. Барои эмин нигоҳ доштани боғ гирду атрофи он бо симтӯрҳо маҳкам карда шуда, дар қисмати поён ва болои боғи суперинтенсивӣ 450 адад дарахти ороишии сӯзанбарг шинонида шудааст. Тибқи нақша, дар оянда дар майдони як гектар замин дарахти сиёҳолу шинонида мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ аз боғи суперинтенсивӣ иқдоми соҳибкори маҳаллиро барои бунёд кардани боғ бо тарҳи инноватсионӣ барои рушди соҳа манфиатовар арзёбӣ карда, ба роҳбарияти хоҷагӣ барои дар оянда самараноку оқилона истифода кардани ҳар қитъа замин ва рӯёнидани ҳосили хушсифату фаровони меваи тару тозаи ватанӣ дастуру супоришҳои муфид доданд.

Дар оянда дар доираи маслиҳату нишондодҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти хоҷагӣ ният доранд, ки дар шафати боғи суперинтенсивӣ, ҳамчунин, дар ду гектар бунёди гармхонаи доимоамалкунанда барои парвариши сабзавоти барвақтӣ, аз қабили помидор, бодиринг, боимҷон ва қаламфури булғорӣ, қаламфури сурх, тибқи талаботи замони муосир ва усули пешрафтаи парвариши саб­завот бунёд намоянд.

51001333035_c925d6a40d_o24 марти соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  идомаи сафари корӣ дар маҳаллаи Ғайрати шаҳри Бохтар ба рафти парваришу истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар гармхонаҳои қитъаи замини наздиҳавлигии шаҳрванд Фурқат Қосимов шинос шуданд.

Фурқат Қосимов дар маҳаллаи Ғайрати шаҳри Бохтар ҳамчун шахси меҳнатдӯст шинохта шуда, таҷрибаи бойи деҳқонӣ дорад. Оилаи ӯ таъкидҳои пайвастаи раҳнамунсози Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати оқилона истифода бурдани ҳар қитъа замини корам сармашқи кор қарор дода, дар замини назди хонаааш гармхона ташкил намудааст. Дар 14 сотих се гармхонаи доимоамалкунанда бунёд карда, дар як сол ду — се маротиба ҳосил мегирад. Дар гармхонаҳо помидор, бодиринг, қаламфури булғорӣ ва дигар зироати кишоварзӣ парвариш меёбанд.

Истифодаи самараноки замин ва заҳмати шабонарӯзӣ имкон фароҳам меорад, ки ин оила ҳосили фаровони барвақтии сабзавоту полезӣ, аз қабили бодирингу помидор ва қаламфури булғорӣ, ба даст оварда, сатҳи зиндагиашро баланд намуда, дар таъмини бозори истеъмолӣ саҳм гузорад. Дар назди ҳавлӣ бунёд кардани гармхонаҳо манфиатовар буда, шароит фароҳам меоварад, ки талаботи харидорон дар чор фасли сол бо бодирингу помидори истеҳсоли худӣ қонеъ гардонида шавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарзи истифодаи оқилонаи қитъаи замини наздиҳавлигӣ  ва бунёди гармхонаҳои доимоамалкунанда, ки самараи хуб медиҳанд, баҳои баланд дода,  таҷрибаи ӯро дар рӯёнидани ҳосили барвақтии помидору бодиринг ва ғайра дар шароити ҳозира  манфиатовар арзёбӣ карданд.

Тибқи иттилоъ, дар шаҳри Бохтар, дар маҷмӯъ, аз ҷониби сокинон дар замини наздиҳавлигӣ дар майдони қариб 70 гектар гармхонаҳо таъсис дода шудааст. Баъд аз ҷамъоварии ҳосили   фаровон  бозори дохилӣ бо сабзавоти тару тозаи кишоварзӣ таъмин ва нарху навои он муътадил нигоҳ дошта мешавад.

Зимни суҳбати самимӣ бо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон  Фурқат Қосимов иброз дошт, ки аз гармхонаҳои назди ҳавлиаш ду — се маротиба  ҳосили сабзавот мерӯёнад ва  аз ҳисоби ин  замин ҳар сол ба 90 — 100 ҳазор сомонӣ фоида ба даст меорад.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо рафти парвариши сабзавот дар гармхонаҳо дар сари дастархон бо аҳли хонаводаи  Фурқат Қосимов суҳбати озоду самимӣ анҷом доданд.

Ба андешаи Сарвари давлат, дар шароити ҳозира бояд ҳар як оилаи мамлакат ҳар порча замини корам, бахусус, замини наздиҳавлигиро  ба манфиат истифода бурда, дар нав­бати аввал талаботи оилаи худро бо маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар маҳсулот қонеъ сохта, ба ин васила баҳри расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии давлат — таъмини амнияти озуқаворӣ саҳм гузоранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  барои оқилона истифода кардани қитъаи замини наздиҳавлигӣ  ба аҳли оилаи Фурқат Қосимов туҳфаҳои арзишманд, аз ҷумла, 200 номгӯйи асар ва китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуровро ҳадя карданд.

25 марти соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Маҷмааи тиҷоратии «Наврӯз»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

51067530948_c145626890_oОн дар доираи истиқболи сазовор аз ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, масоҳаташ ду ҳазору 112 метри мураббаъ аст. Бино аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, сохтмонаш соли 2019 оғоз ёфта буд.

Онро сокинони ватандӯсти ноҳия — оилаи Абдуллозодаҳо бунёд карда, дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ 70 сохтмончии маҳаллӣ ҷалб гардиданд. Дар бунёди маҷмаа асосан маҳсулоти ватанӣ истифода шудааст.

Дар ошёнаи як маҷмааи тиҷоратӣ асосан маҳсулоти хӯрокворӣ ба фурӯш бароварда шудааст. Толори намоиш ва фурӯши сарулибос ва маҳсулоти ҳунарҳои миллӣ дар ошёнаи дуюми бино ҷойгир аст.

Дар қабати сеюми иншоот корхонаи дӯзандагӣ бунёд ёфтааст. Корхона бо беш аз 200 мошинаи дарздӯзӣ ва дигар дастгоҳҳои зарурӣ барои дӯхти сарулибос муҷаҳҳаз буда, дар он беш аз 200 зану ҷавондухтарони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Аксари кормандони он қаблан хонашин буда, бо мавриди истифода қарор гирифтани корхонаи нав ба кор ҷалб шуданд. Дар он ҷо, ҳамчунин, нафароне, ки соҳибкасб нестанд, ба курсҳои омӯзишии дӯзандагӣ фаро гирифта шуда, баъдан бо ҷойи кор таъмин мегарданд.

Баъд аз шиносоӣ бо шароити кор дар Маҷмааи тиҷоратии «Наврӯз» дар деҳоти «Навобод»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, иқдоми соҳибкорро ҷиҳати ободии гӯшаи диёр шоистаи таҳсин хонданд.

Бино дар шафати роҳи мошингарди дорои аҳамияти маҳаллӣ ҷойгир буда, дар доираи корҳои ободонӣ дар атрофи он гулҳои рангоранг ва дарахту буттаҳои ороишӣ шинонида шудааст. Иншооти нав ба симои ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ки замони соҳибистиқлолии мамлакат ба куллӣ тағйир ёфтааст, ҳусни дигар зам кардааст.

25 марти соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Наврӯзи деҳоти «Навобод»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бинои наву муосири Маркази ташхисию табобатии «Исмоил»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Он аз чор ошёна иборат буда, аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ғолибҷон Холов» бунёд шудааст.

Дар ошёнаи якуми бинои марказ дорухона ҷойгир мебошад. Дар он ҷо намудҳои гуногуни маҳсулоти дорувории истеҳсоли ватанӣ ба фурӯш гузошта шудааст. Дар як қисми дорухона гӯшаи гиёҳдармонӣ таъсис ёфтааст. Тибқи маълумоти мутахассисон, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз се ҳазору 500 намуд рустаниҳои шифобахш мерӯянд ва барои коркарди онҳо дар мамлакат чораҳои зарурӣ андешида мешавад. Барги зуф, испанд, қоқу, дӯлона, меваи хуч, зирк, зира, кокутӣ, чойкаҳак ва ғайра номгӯйи нопурраи гиёҳҳои худрӯи шифобахши кишварро ташкил медиҳанд.

Се ошёнаи болоии Маркази ташхисию табобатии «Исмоил» утоқҳои корӣ, ҳуҷраҳои табобати дандон, ташхиси амрози занона, озмоишгоҳҳои таҳлили хун, ҳуҷраҳои бистарикунонӣ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасонро дар бар мегирад.

Иншооти нави соҳаи тандурустӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба таври муосир бунёд ёфта, дар он барои фаъолияти кормандон ҳама шароит фароҳам мебошад.

Лозим ба зикр аст, ки то мавриди истифода қарор гирифтани ин марказ, сокинони деҳоти «Навобод» барои ташхиси баъзе бемориҳо ба маркази ноҳия ва вилоят сафар мекарданд. Акнун дар он ҷо на танҳо ба сокинони деҳот, балки ба ҳама аҳолии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ хизматрасонии хубу босифати тиббӣ пешниҳод мешавад.

Бо корҳои сохтмонӣ сокинони ноҳия ҷалб гардида, бо маоши хуб таъмин буданд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани марказ занони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардиданд.

Инчунин, дар бинои марказ корхонаи истеҳсоли докаҳои тиббӣ ба фаъолият шурӯъ намуд. Он низ аз ҷониби Ҷамъияти дорои ­масъулияти маҳдуди «Ғолибҷон Холов» сохта шуда, иқтидори истеҳсолаш солона зиёда аз як миллион баста докаи тиббӣ мебошад. Маҳсулоти истеҳсолшуда ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ аст.

Корхонаи истеҳсоли докаҳои тиббии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ғолибҷон Холов» бо дастгоҳҳои истеҳсолии замонавӣ муҷаҳҳаз аст. Маҳсулоти истеҳсолшуда дар дорухона ва дигар нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти дорувории ҷумҳурӣ ба фурӯш бароварда мешавад. Роҳбарияти ҷамъият нақша доранд, ки дар оянда фаъолияти коргоҳро васеъ карда, истеҳсоли дигар намуди маҳсулоти тиббиву дорувориро низ ба роҳ монанд.

Зимни шиносоӣ бо иншооти тозабунёд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси соҳибкорони деҳаи Наврӯзи ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро шоистаи таҳсин хонда, зикр намуданд, ки чунин иқдомҳои сокинони ватандӯсти ҷумҳурӣ имкон медиҳанд, ки ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯҳияи баланди меҳанпарастӣ ва бо дастовардҳои бузург таҷлил гардад.

Ҳамчунин, дар шафати маркази саломатӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдончаи варзишии болопӯшидаро мавриди истифода қарор доданд, ки мутобиқ ба талаботи муосир бунёд ёфтааст. Он ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Бегмурод Холов сохта шуда, ҳазор метри мураббаъ масоҳат дорад.

Майдончаи варзишӣ дорои нишастгоҳҳо ва дигар иншооти ёрирасон буда, дар заминаи нақшаи чорабиниҳо баҳри ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим бунёд гардидааст.

Роҳбари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аз насли ояндасози кишвар ва варзишгарони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ даъват ба амал оварданд, ки аз чунин имкониятҳои мусоид васеъ истифода намоянд ва дар рушди ҳама намуди варзиш, аз ҷумла футбол, дар ҷумҳурӣ саҳм гузоранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар вилояти Хатлон, дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, инчунин, ба фаъолияти Маркази хизматрасонӣ бо тарабхонаи «Замира» ва меҳмонхона оғози расмӣ бахшиданд.

Корҳои сохтмонӣ дар он соли 2018 оғоз гардида, бо талаботи меъморию шаҳрсозии муосир аз ҷониби соҳибкори ҷавон Нурулло Ҳакимзода бунёд гардидааст.

Қобили зикр аст, ки иншоот дар масоҳати умумии 900 метри мураб­баъ доман густурда, аз ду ошёна иборат мебошад. Дар қабати якум мағозаҳои хӯрокворӣ, гулфурӯшӣ, масолеҳи сохтмон, толори арӯсӣ, қаҳвахона, нуқтаи таъмиру шустушӯи нақлиёт ҷойгир буда, ошёнаи дуюм тарабхона ва меҳмонхонаро дар бар мегирад.

Тарабхонаи «Замира» аз 150 ҷойи нишаст иборат буда, меҳмонхона барои 25 нафар пешбинӣ гардидааст. Бо бунёди маркази бисёрсамтаи «Замира», дар маҷмӯъ, 50 нафар бо кори доимӣ таъмин гардида, кормандони марказ пеш аз оғози кор аз курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ гузаштаанд.

Аснои шиносоӣ Пешвои миллат ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, масъулинро барои хизмати содиқонаю софдилона ба нафъи давлату миллат ҳидоят намуданд.

Бунёдкорӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ идома дошта, дар назар аст, ки то истиқболи ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ боз садҳо иншооти дигар мавриди баҳрабардорӣ қарор гиранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ҳамчунин, аз фаъолияти гармхонаи навтаъсиси Хоҷагии тиҷоратии ба номи Сафар Ҷумъаев дидан карданд.

Ташкили гармхона соли 2020 оғоз гардида, дар муддати кӯтоҳ ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бунёд ёфтааст. Иншоот дар 30 садяк замин доман густурда, аз се гармхона иборат мебошад ва дар доираи супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат ташкил гардида, дар он анвои гуногуни зироат парвариш мешавад. Айни замон дар гармхона парвариши помидору бодиринг ва қаламфури булғорӣ бо риояи талаботу қоидаҳои агротехникӣ ба роҳ монда шуда, нашъунамои хуб доранд. Парвариши сабзавоту тухмиҳо аз тариқи органикӣ, яъне, ба таври маъмулӣ ҷараён гирифта, 20 нафар барои нигоҳубини доимии онҳо ҷалб гардидаанд. Ба иттилои мутахассисон, марҳилаи пурра пухта расидани маҳсулот 36 — 45 рӯзро ташкил медиҳад. Бо истифода аз чунин имконот ва қоидаҳои муосири агротехникӣ, дар назар аст, ки аз ҳар гармхона дар як сол бештар аз 50 тонна маҳсулот рӯёнида шавад.

Мавриди зикр аст, ки Хоҷагии тиҷоратии ба номи Сафар Ҷумъаев аз соли 1961 инҷониб фаъолият дошта, калонтарин хоҷагӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба ҳисоб меравад ва самти фаъолияти он ба чорводорӣ, тухмипарварӣ, боғдорӣ ва зироаткорӣ равона гардидааст.

Дар тавозуни хоҷагии мазкур 1974 гектар замини корами обӣ мавҷуд буда, ҳар сол дар 1200 гектари он пахта, 150 — боғ, 245 — зироатҳои хӯроки чорво, 200 — ғалладонагиҳо, 26 — картошка ва дар 40 гектар полезӣ кишт мешавад ва ҳар сол ҳосили фаровон ба даст меояд.

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти хоҷагӣ чорводорӣ ба ҳисоб рафта, дар ин самт низ натиҷаҳо назаррасанд. Зотпарварони хоҷагӣ дар таъмини бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти гӯштию ширӣ ҳиссаи муносиб дошта, ҳар сол то 25 тонна гӯшт ва 30 тонна шир истеҳсол менамоянд.

Аснои шиносоӣ бо фаъолияти гармхона ва Хоҷагии тиҷоратии ба номи Сафар Ҷумъаев Пешвои миллат ба деҳқонон барои дастгирии сиёсати Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, масъулинро ҷиҳати боз ҳам зиёд кардани масоҳати замини корами обӣ аз ҳисоби заминҳои бекорхобида вазифадор намуданд.

Дар ҳамон ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва техникаю таҷҳизоти кории кишоварзони ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро аз назар гузарониданд.

Танҳо дар ду моҳи соли 2021 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳия 19 миллиону 114,7 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб як миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ҳамчунин, кишоварзони ноҳия дар ин давра дар 3273 гектар кишти зироатҳои гуногун гузарониданд, ки нисбат ба моҳҳои аввали соли 2020-ум 480 гектар зиёд мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон баъд аз боздид аз намоишгоҳи маҳсулоти деҳқонӣ ва техникаю таҷҳизоти кишоварзӣ ба заҳматкашони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷиҳати дастгирии ҳамешагии муроҷиатномаи Президенти кишвар оид ба истифодаи оқилонаи замин, изҳори сипос карда, ба масъулин ҷиҳати боз ҳам рушд додани соҳа ва ташкили гармхонаҳои наву муосири доимоамалкунанда дастуру супориш доданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Корхонаи сементбарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Моҳир семент»-ро, низ, ки иқтидори солонааш 600 ҳазор тонна сементи хушсифат мебошад, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

defaultКорҳои сохтмонии иншоот соли 2018 оғоз ёфта, бо истифода аз техникаву таҷҳизоти муосир ва хатҳои истеҳсолӣ дар масоҳати 6,7 гектар бунёд гардида, 120 сокини маҳаллӣ бо ҷои кор таъмин шуданд. Дар коргоҳ айни замон ду навъи семент — М400 ва М500 бо назардошти талаботи стандартҳои байналмилалӣ истеҳсол шуда, ба сифати маҳсулоти ниҳоӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир шуда, санҷиши он дар чор марҳила анҷом дода мешавад. Барои муайянсозии таркиб ва сифати сементи истеҳсолгардида таҷҳизоти муосири лабораторӣ харидориву насб шудааст.

Корхона аз лиҳози логистикӣ низ дар мавзеи мувофиқ ҷойгир буда, аз он ҷо то ба сарҳад роҳ хеле наздик аст. Хати роҳи оҳан низ то ба дохили корхонаи «Моҳир семент» бунёд гардидааст. Қисми бештари сементи истеҳсолшуда ба Ҷумҳуриии Исломии Афғонис­тон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон содирот мешавад.

Барои шиносоӣ бо маҳсулоти ниҳоӣ ва харидории он корхона дорои толори фурӯш буда, дар он барои мизоҷон шароити мусоид, аз ҷумла, хизматрасонӣ аз тариқи корт, роҳандозӣ гардидааст.

Ба иттилои масъулин дастгоҳҳои насбшуда насли нави техникаи соҳавии корӣ буда, аз Ҷумҳурии Халқии Хитой харидорӣ ва васлу насб гардидааст. Онҳо сифати баланди маҳсулоти ниҳоиро таъмин намуда, ҳамчунин, ҳаворо аз олудашавӣ нигоҳ медоранд ва имконият медиҳанд, ки чангу ғуборе, ки ҳангоми истеҳсолот ба вуҷуд меояд, дубора коркард  шавад.

Ифтитоҳи Корхонаи сементбарории «Моҳир семент» идомаи тадбирҳо дар роҳи расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат буда,  феълан он аз азимтарин корхонаи саноатӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон ба шумор меравад. «Моҳир семент» дар доираи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, дар маҷмӯъ то таҷлили ин санаи фархунда дар ноҳия бунёду ба истифода додани 14 иншооти саноатӣ дар назар аст.

Ҳамчунин, ба ободонии гирду атрофи корхона таваҷҷуҳ зоҳир гардида, саҳни он бо гулу буттаҳои ороишӣ зебу зинат ёфтааст.

Зимни боздид Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур доданд, ки барои рақобатпазирии маҳсулот назорати сифатро ҳамаҷониба роҳандозӣ намуда, истеҳсолу содиротро марҳила ба марҳила афзоиш диҳанд.

25 марти соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Санавбар»-ро  мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Сарвари давлат бо шароит ва имконоти боғчаи нав шинос шуда, бо кӯдакону мураббиён суҳбати самимӣ доир намуданд. Муассиса дар партави дастурҳои Пешвои миллат аз ҷониби оилаи Саид­зодаҳо бунёд гардида, дар он таълиму тарбияи кӯдакон мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст. Сохтмони он бо ҷалби ҳунармандони соҳибзавқ анҷом ёфта, дохили боғча бо санъати баланди меъмории миллӣ, мутобиқ ба завқу салиқаи кӯдакон оро ёфтааст.

51070599601_b021c17e43_o — копияБоғчаи «Санавбар» аз ду ошёна иборат буда, имконият дорад, ки бештар аз 200 кӯдакро ба тарбия фаро гирад. Тавре маълум гашт, омӯзиш дар муассисаи нав бо чор забон — тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва ӯзбекӣ ба роҳ монда шуда,  мураббиён дар асоси озмун ба кор қабул карда шуданд. Ҳоло 32 сокини маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гаштанд.

Муассисаи томактабӣ, ҳамчунин, дорои утоқи алоҳидаи тиббӣ, китобхона, ошхона ва толори фарҳангӣ буда, дар маҷмӯъ, дорои 22 утоқ мебошад. Айни замон дар боғча 8 гурӯҳ  таъсис ёфта, ифтитоҳи иншооти нав дар доираи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҷое мушкилоти сокинони маркази ноҳияро дар самти дастрасӣ ба муассисаи томактабӣ ҳаллу фасл намуд.

Зимни боздид мураббиёну кӯдакон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои туҳфаи арзишманд ва фароҳам намудани шароиту имконоти замонавӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, инчунин, бинои чойхона ва тарабхонаи миллии «Шамсулло»-ро, ки аз тарафи сокини ватандӯсти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Кароматулло Абдуллозода ­сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд, ки бо бунёди он 50 нафар бо кори доимӣ таъмин шуданд.

Бино аз ду ошёна иборат буда, дар чойхона 150 ва дар тарабхона барои 200 нафар ҷойи нишаст муҳайё гардидааст. Чойхона ва тарабхона бо тарҳи зебои меъморӣ дар давоми як сол бунёд шуда, дари даромадгоҳи он бо чӯб кандакорӣ, беруни бино бо сангҳои ороишии истеҳсоли ватанӣ ва дохили он бо истифода аз услуби хоси миллӣ гаҷкорию оинабандӣ шудааст.

Саҳни ҳавлии чойхонаи миллӣ бо сафолакҳои бетонии ороишӣ рӯйпӯш карда шудааст. Инчунин, дар гирду атрофи бино барои сокинон ҷойи сайругашт ва тамошо, бо чароғҳои ранга муҷаҳҳаз ва ду тарафи роҳравҳо бо гулу буттаҳои ороишӣ бунёд гардидааст.

Дар паҳлуи бинои чойхона ва тарабхона, ҳамчунин, ҳуҷраҳои иловагӣ сохта шудааст ва имкон аст дар он ҷо боз ба даҳҳо нафар мизоҷ хизмат расонида шавад.

Иншоот бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва соли таҷлили ҷашни бузурги миллӣ — 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бунёд гардидааст.

Сокини ватандӯст Кароматулло Абдуллозода ният дорад, ки то ҷашни Истиқлолияти давлатӣ меҳмонхонаи боҳашамати «Наврӯз»-ро, ки аз чор ошёна иборат хоҳад буд, бунёд намояд.

Пас аз шиносоӣ бо тарҳи бино ва шароити хизматрасонӣ дар он Пешвои миллат ба иқдоми сокинони ватандӯсти ноҳия баҳои баланд доданд.

Баъди ифтитоҳи иншооти наву муосир ва шиносоӣ ба дастовардҳои меҳнаткашони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ошёнаи дуюми бино Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ятимони кулл аз вилояти Хатлон вохӯрӣ анҷом дода, ба онҳо туҳфаҳои наврӯзии иборат аз сару­либос, ширинӣ ва кумакҳои пулӣ тақдим карданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ҳамчунин, бо истифода аз фурсати мусоид, бо хислатҳои наҷиби инсондӯстӣ ва бо риояи анъана ва суннатҳои хоси наврӯзӣ — аёдати наздикону пайвандон ба дидорбинии фарзанди падар ва пайвандонашон омаданд.

Фарзандону наберагони хонадон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро гарму самимӣ истиқбол гирифта, ҳамчун нишони эҳтиром барои бобояшон шеър қироат карданд.

Сари дастархон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон бо хоҳарбузургашон суҳбати самимӣ доир карда, аз ҳолу аҳволашон пурсон шуданд ва барои шод кардани арвоҳи гузаш­тагон дуову фотеҳа намуданд.

Инсондӯстӣ, эҳтирому қадршиносии фарзандони падар ва пайвандон, огоҳ шудан аз ҳолу аҳвол ва шароити зиндагии онҳо аз хислатҳои бузург ва шоистаи Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Зимни ҳар мулоқот бо сокинони мамлакат Пешвои миллат дар бораи дӯст доштани бародарону хоҳарон, эҳтиром гузоштан ба падару модар ва ба онҳо содиқона хизмат намуданро талқин менамоянд.

26 марти соли 2021 дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз боғи намунавии дарахтони нодир ва намоиши ниҳоли ороишии хоҷагии деҳқонии «Саидон»-и шаҳри Бохтар дидан карданд.

51003670225_a72dc182ec_oБоғи намунавии дарахтони нодир аз ҷониби боғпарвари асилу навовар Саидхӯҷа Азизов соли 2020 дар масоҳати ду гектар бунёд гардида, дарахтонаш аз хориҷи кишвар ворид карда шудаанд. Айни замон дар боғи намунавӣ зиёда аз 10 навъи ниҳоли дарахтони нодири ороишӣ парвариш карда мешаванд.

Иттилоъ дода шуд, ки дарахтони нодир, ки гули сафед доранд, асосан аз Аврупо, хусусан, аз давлатҳои Италия, Олмон ва Сербия оварда шуда, дар боғи намунавӣ парвариш меёбанд. Дарахтони нодири ороишӣ дар хоҷагии деҳқонии намунавии «Саидон»-и шаҳри Бохтар ба иқлим ва шароити хоки Тоҷикистон мутобиқ карда шуда, сипас, дар боғҳои фарҳангию фароғатӣ, гулгаштҳо ва марказҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат шинонида мешаванд.

Дарахтони нодир бо ниҳоли себ пайванд карда шуда, гули сафеди диққатҷалбкунанда доранд, ки дар ҳолати хуб нашъунамо ёфтан ба боғҳои истироҳатӣ ва кӯчаву хиёбонҳо зебоию таровати нотакрор зам менамоянд.

Дар хоҷагӣ усули муосири инноватсионӣ, ба монанди системаи обёрии қатрагӣ ба роҳ монда шудааст, ки ба ин восита оби полезӣ сарфа мешавад. Истифодаи чунин таҷрибаи босамар дар оянда ҷиҳати таъмини сабзиши ниҳолҳо заминаи мусоид фароҳам меорад.

Президенти мамалакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ аз боғи намунавӣ ба навъҳои дарахтон, ки ҳоло нашъунамои хуб доранд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ба хоҷагидорон ҷиҳати зиёд намудани навъҳои дарахтони нодири ороишӣ, омӯхтани таҷрибаи кишварҳои пешрафта, мутобиқ намудани ниҳолҳо ба шароити Тоҷикистон ва таъмини шаҳру ноҳияҳо бо ин навъи дарахтон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Роҳбарияти хоҷагии ниҳолпарварӣ бо олимони соҳаи кишоварзии хориҷи мамлакат ҳамкории ­судмандро ба роҳ монда, дар самти воридоту парвариши дарахтони нодир ва мутобиқ гардондани ниҳолҳо ба иқлими ҷумҳурӣ тадбирҳои муҳимро амалӣ менамояд. Хоҷагидорон ба масъалаи босамар истифода бурдани ҳар қитъа замини корам эътибори ҷиддӣ зоҳир намуда, дар байни қаторҳои дарахтон қулфинай ва дигар навъи полезӣ кишт кардаанд.

Дар хоҷагӣ, ҳамчунин, дарахтони ҳамешасабзи ороишӣ ба монанди арча, аризон, туя ва ел низ парвариш гардида, ҳоло бештар аз се ҳазор бех шинонида шудааст ва дар оянда ба 20 ҳазор бех расонда хоҳад шуд. Мавриди зикр аст, ки шароит ва обу ҳавои мусоиди вилояти Хатлон барои бунёди боғ ва парвариши дарахтони нодир мувофиқ буда, дар хоҷагӣ ба масъалаи мутобиқсозии ниҳолҳо таваҷҷуҳи бештар равона шудааст.

Дар шафати хоҷагии деҳқонии намунавии «Саидон»-и шаҳри Бохтар барои кишту парвариши маҳсулоти кишоварзӣ низ гармхона сохта шудааст. Бо мақсади истифодаи самараноки замин ва гирифтани зиёда аз се ҳосил аз чанд намуди зироат дар қаторҳои аввал помидору бодиринг ва дар қисмати боло қулфинай шинонида шудааст, ки рӯзҳои наздик пухта мерасанд.

26 марти соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи Кӯшониён бинои нави маркази тандурустии «Ваҳдат»-ро, ки бо тарҳи хеле зебову замонавӣ аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Фақерзода Анвар бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд.

Корҳои сохтмонӣ дар иншоот моҳи марти соли 2019 бо истифода аз масолеҳи сохтмонии истеҳсоли ватанӣ ва ҷалби бинокорони маҳаллӣ оғоз гардида, моҳи марти соли равон бо сифати баланд ба анҷом расид.

Бо бунёди он, ки бо тарҳу усули муосир сохта шуда, аз се ошёна ва таҳхона иборат мебошад, 58 ҷойи нави кор муҳайё гардида, мутахассисони соҳибкасби маҳаллӣ бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.

Дар ошёнаҳои бинои марказ 9 ҳуҷраи корӣ, аз ҷумла утоқи бақайд­гирӣ, гӯшаи гиёҳдармонӣ, ҳуҷраи момодоя, духтури кӯдакона, амрози даруна, ҳуҷраи ултрасадо, табобати дандон, ҳуҷраи хатна, ҳуҷраи табиби чашм, эндоскапия, шуъбаи ҷарроҳӣ ва эҳёгарӣ, шуъбаи амрози даруна ва қалб ҷойгир мебошанд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи бинои нави саломатиро дар рӯзҳои омодагии ҳамаҷониба барои истиқбол аз ҷашни бузурги миллӣ — 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҳифзу нигоҳ­дошти солимии аҳолӣ ба кормандони соҳа табрик намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, дар паҳлуи маркази саломатӣ иншооти хизматрасонии «Ваҳдат»-ро ифтитоҳ намуданд.

Бунёди иншооти хизматрасонӣ дар заминаи дастгириҳои Ҳукумати мамлакат сурат гирифта, дар доираи амалишавии ҳадафҳо ҷиҳати бо шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ, таъмин ва таъсиси ҷойҳои нави кор ва дастгирии соҳибкорон амалӣ гардидааст, ки боз 50 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шуданд.

Иншооти хизматрасонӣ аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Фақерзода Анвар дар муддати як сол бунёд гардида, аз се ошёна ва таҳхона иборат мебошад.

Дар марказ мағозаи хӯрокворӣ, дорухона, сартарошхона ва тарабхона барои 300 нафар, толори маҷлисгоҳ бо мизу курсиҳо муҷаҳҳаз ҷойгир мебошанд.

Саҳни бинои меҳмонхона ва Маркази саломатии «Ваҳдат» дар масоҳати 700 метри мураббаъ сафолакпӯш карда шуда, гирду атрофи иншоот бо шинонидани гулҳои мавсимӣ ва дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ сабзу хуррам гардонида шудааст.

Дар ин маркази муосир, ки аз меҳмонхона, маркази тиббӣ ва мағозаву нуқтаҳои хизматрасонии маишӣ иборат мебошад, дар ­маҷмӯъ, зиёда аз 100 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷои кор шуданд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми шоистаи сокинони ватандӯст баҳои баланд доданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон дар деҳоти «Нав­баҳор»-и ноҳияи Кӯшониён бо фаъолияти аҳли заҳмати Кооперативи тиҷоратии «Имоми Аъзам» низ шинос шуданд.

Нахуст Пешвои миллат намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии хоҷагидорони деҳоти «Навбаҳор»-ро аз назар гузарониданд.

Дар деҳоти «Навбаҳор» майдони умумии заминҳои корам 2146 гектарро ташкил дода, дурнамои кишт соли 2021-ум 1864 гектар, аз ҷумла, ғалладонагӣ — 151, зироатҳои техникӣ — 1137, картошка — 60 ва сабзавот 196 гектар муайян гардидааст.

Инчунин, дар деҳоти «Нав­баҳор» 261 хоҷагии деҳқонӣ барои афзун намудани ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ заминҳои деҳотро мақсаднок истифода менамоянд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, гармхонаҳои таъсиснамудаи аҳли заҳмати Кооперативи тиҷоратии «Имоми Аъзам»-ро аз назар гузарониданд, ки дар майдони 16,3 гектар таъсис ёфта, самти асосии фаъолияти онро парвариши маҳсулоти барвақтӣ ташкил медиҳад. Дар он 27 нафар саҳмдор буда, дар майдони 1,2 гектар гармхонаи доимоамалкунанда ташкил карда шудааст. Дар 20 гармхонаи таъсисдодашуда аҳли заҳмат ба кишт ва парвариши помидор, бодиринг, боимҷон, қаламфур ва қаламфури булғорӣ машғуланд.

Дар гармхонаҳо 20 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин буда, бо фаро расидани корҳои мавсимӣ ин шумора ба 40-50 нафар расонида мешавад.

Ҳамчунин, аҳли заҳмат дар ду гармхонаи дигар барои омода кардани кӯчат қаланфури булғорӣ, боимҷон ва қаламфур кишт кардаанд. Айни ҳол кӯчатҳо барои гузаронидан ба гармхонаҳо омода шудааст.

Коргарони Кооперативи тиҷоратии «Имоми Аъзам» дар мавсими кишт дар майдони 0,5 гектар картошка, 0,8 — карам, 2 — лаблабу ва 2 гектар боимҷон шинонидаанд.

Дастрас намудани тухмии дорои сифати баланд ва ба муҳит мувофиқ, истифодаи роҳу усули муосири парвариш ва заҳмати пайваста ба ҳолати сабзиш ва нашъунамои хуби ниҳолон замина гузоштааст.

Ҳамчунин, дар кооперативи тиҷоратӣ хӯрокҳои миллӣ, ки аз ҷониби кадбонувони деҳоти «Нав­баҳор» омода карда шуда буд, муаррифӣ гардид.

Дар ҳамон ҷо Пешвои миллат ба кишти пунбадона оғоз бахшиданд. Мувофиқи нақшаи тасдиқшуда хоҷагидорон дар мавсими ҷорӣ дар майдони 10,4 гектар кишти пунбадона мегузаронанд.

Сарвари давлат ба хоҷагидорони Кооперативи тиҷоратии «Имоми Аъзам» барои боз ҳам афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бо мақсади таъмини бозори истеъмолӣ ва содироти он ба хориҷи кишвар, зиёд намудани шумораи кормандон, истифодаи тавсияи олимони соҳа ва дигар тадбирҳои зарурӣ дастуру супоришҳои муфид доданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, дар ­ноҳияи Кӯшониён бо ҷараёни корҳои саҳроӣ, истифодаи мақсадноки замин ва самараи дастранҷи сокинони ноҳия дар Хоҷагии тухмипарварии «Ҳосилот» шинос шуданд.

Пешвои миллат нахуст намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзиро аз назар гузарониданд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба натиҷаҳои фаъолияти аҳли заҳмат ва дастовардҳои бузурги меҳнатии онҳо баҳои баланд дода, рушди соҳаи кишоварзиро омили муҳими таъминкунандаи амнияти озуқаворӣ ва корхонаҳои саноатӣ бо маҳсулот арзёбӣ карданд.

Хоҷагии тухмипарварии «Ҳосилот» соли 2005 дар майдони 336 гектар таъсис дода шуда, 331 гектараш обӣ мебошад.

Меҳнаткашон дар масоҳати 0,14 гектар барои парвариши бодиринг ва қаламфури булғорӣ гармхона, дар як гектар парваришгоҳи лимӯ, дар майдони 27,4 гектар ғалладонагӣ, 10,8 гектар картошка, 4 гектар полезӣ, 28 гектар сабзавот ва дар 13,8 гектари дигар хӯроки чорво кишт намуданд.

Ҳамчунин, аҳли заҳмат дар майдони 5,59 гектар боғ бунёд кардаанд, ки дар он парвариши ниҳоли зардолу, шафтолу ва олу ба роҳ монда шудааст.

Дар маҷмӯъ, дар Хоҷагии тухмипарварии «Ҳосилот» дар мавсими кишт ва ҳосилғундорӣ беш аз 800 нафар ба кор ҷалб карда мешаванд.

Аҳли заҳмати Хоҷагии тухмипарварии «Ҳосилот» зимни суҳбати самимӣ бо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки истифодаи дастуру супоришҳои раҳнамунсози Сарвари давлат ҷиҳати мақсаднок истифода бурдани қитъаҳои замини наздиҳавлигию саҳроӣ ба захираи маҳсулоту фаровонии бозори истеъмолӣ ва баланд гардидани сатҳи зиндагии сокинон замина гузоштааст.

Пешвои миллат таъкид намуданд, ки танҳо бо меҳнати ҳалолу заҳматҳои пайваста ва иҷрои саривақтии иқдому ташаббусҳои ҳадафмандонаи Ҳукумати ҷумҳурӣ метавон ба татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат — таъмини амнияти озуқаворӣ ноил шуд.

Дар ҳамон ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон растаи намоиши таомҳои миллӣ ва хони идонаи ҳафт сину ҳафт шинро, ки бо риояи хоси унсурҳои Ҷашни байналмилалии ­Наврӯз ороста шуда буд, тамошо карданд.

Ошпазҳои моҳир ва кадбонувони ноҳияи Кӯшониён ҳунару истеъдодашонро муаррифӣ намуда, дар баробари дигар таомҳои миллӣ, ҳамчунин, дар як деги калон як тонна оши палав омода ва пешниҳод намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунари кадбонувон ва ошпазҳои ноҳияи Кӯшониён баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки барои ба мерос гузош­тани расму оин ва ҳунари баланди ниёгон зарур аст, ки насли ҷавонро бештар ба ҳунару ҳунармандӣ ҷалб намуда, онҳоро дар рӯҳияи худшиносию худогоҳӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ тарбия намуд.

Дар идомаи сафари корӣ Сарвари давлат намоишгоҳи чорводорон ва парандапарварони ноҳияи Кӯшониёнро низ диданд. Дар он 16 намуди паранда ва зотҳои нодиру сифатноки чорво ба маъраз гузошта шуд.

Ҳамчунин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Хоҷагии тухмипарварии «Ҳосилот» ба кишти пунбадона оғоз бахшида, хоҷагидорону деҳқононро вазифадор намуданд, ки пеш аз ҳама, тухмии зироатҳои ба маҳал мутобиқ ва дорои сифати баландро кишт намоянд, зеро риояи қоидаҳои илман асосноки парвариш, заҳмати шабонарӯзӣ ва кишти тухмиҳои баландсифат заминагузори асосии фаровонҳосилӣ мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Кӯшониён, инчунин, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро мавриди истифода қарор доданд. Он аз ду қисми чорошёна ва 23 синфхонаи таълимӣ барои 1240 хонанда дар ду баст иборат аст.

defaultМавриди зикр аст, ки солҳои зиёд фарзандони сокинони деҳаҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Обшорон ва қисман Заргар барои таҳсил ба муассисаҳои таълимии рақами 9 ва рақами 10, ки аз ин деҳаҳо дар масофаи зиёда аз 4-5 км дур ҷойгир мебошанд, мерафтанд ва ин ҳолат бо сабаби дер мондан ба дарс барои гирифтани таҳсилоти босифат монеа эҷод мекард. Ҳамчунин, дурии мактаб барои кӯдакони ин деҳаҳо хавфи калон дошт.

Мактаб дорои синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ, лабораторияи фаннҳои физика ва химия, синф­хонаи омодагии ибтидоии ҳарбӣ, синф­хонаҳои технологияи иттилоотии коммуникатсионӣ, китобхона, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ, ошхона, утоқҳои кории омӯзгорон буда, ҳамчунин дар саҳни он майдончаҳои футбол, волейбол ва баскетбол, боғи дарахтони мевадиҳанда бунёд шудааст.

Бо мақсади фароҳам овардани шароити муносиб барои омӯзиши касбу ҳунар ба хонандагон ва амалисозии «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар муассиса синфхонаҳои таълими меҳнат барои писарон ва духтарон дар алоҳидагӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Он бо таҷҳизоти барқии зарурӣ барои пухтупази анвои ғизоӣ, дастгоҳҳои дӯзандагӣ ва барои писарон дастгоҳу асбобҳои махсуси ҳунарҳои мардумии қадима ва муосир таъмин аст.

Ҳавлии муассисаи таълимӣ дар масоҳати 1,5 ҳазор метри мураббаъ сафолакпӯш гардида, бо майса, гулҳо, дарахтони ороишиву сояафкан оро дода шудааст.

Равшаннамоии бинои таълимӣ пурра таъмин гардида, масъалаи таъмин бо оби нӯшокӣ пурра ҳал шудааст.

Дар муассиса 800 нафар хонанда аз ҳисоби муассисаи таълимии рақами 10 ва 140 нафар аз ҳисоби муассисаи таълимии рақами 9 ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд. Барои дар сатҳи баланд роҳандозӣ намудани раванди таълиму тарбия аз ҳисоби буҷаи ноҳия 64 воҳиди корӣ ҷудо карда шудааст, ки аз ин 30 воҳиди корӣ барои омӯзгорони фаннӣ ва 4 воҳиди кории маъмурият мебошад.

Пас аз шиносоӣ бо шароити таълим дар мактаби нав Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, таваҷҷуҳи омӯзгоронро ба сатҳу сифати таълим ҷалб карда, иштирокчиёни вохӯриро бо Наврӯзи байналмилалӣ ва ифтитоҳи мактаби наву замонавӣ барои фарзандони сокинони ноҳияи Кӯшониён табрику таҳният гуфтанд.

Баъдан, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон мулоқот карданд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон нахуст иштирокчиёни вохӯриро бо Наврӯзи байналмилалӣ ва ифтитоҳи мактаби наву замонавӣ барои фарзандони сокинони ноҳияи Кӯшониён таб­рику таҳният гуфтанд. Сипас, ҳадафи сафари кориро дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Балхӣ, Кӯшониён ва Ёвони вилояти Хатлон шиносоӣ бо шароити зиндагии мардум, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, оғози киштукори баҳорӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҳидояти мардум барои сарфаю сариштакорӣ ва истеҳсолу захираи зарурии маҳсулоти хӯрок­ворӣ маънидод карданд.

Зимни суханронӣ Пешвои миллат доир ба омодагии шаҳру ноҳияҳои вилоят ба ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ андешаронӣ карда, таъкид намуданд, ки тибқи нақшаи чорабиниҳои ободониву бунёдкорӣ, то ҳол дар вилоят 6290 иншоот сохта, ба истифода дода, дар ин замина беш аз 21 ҳазор ҷойи нави кор ташкил карда шудааст.

Вобаста ба иҷрои пурраи нақшаҳои созанда Президенти мамлакат роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои онро вазифадор карданд, ки ҳамкориро бо сокинони вилоят, хусусан, соҳибкорон ва шахсони саховатманд, тақвият бахшида, вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни умумимиллиро таъмин намоянд.

Сарвари давлат таъкид карданд, ки аз хонаҳои истиқоматӣ сар карда, ба тозаву озода намудани ҳудуди шаҳру деҳаҳо, аз ҷумла маҳалҳои аҳолинишин, кӯчаву хиёбонҳо ва таҷдиду бунёди роҳу пулҳо, иншооти иҷтимоиву истеҳсолӣ, хусусан, коргоҳҳои истеҳсолӣ ва корхонаҳои саноатӣ, таваҷҷуҳи хоса дода шавад.

Вобаста ба ҳалли мушкилоти соҳаи кишоварзӣ роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор супориш гирифтанд, ки ҷиҳати беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ, барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда, сари вақт гузаронидани кишти баҳории зироатҳо, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, коркард ва содироти он, инчунин, ташкили инфрасохтори содиротӣ тадбирҳои мушаххас андешида, бо дарназардошти имкониятҳои фаровони вилоят рушди соҳаҳои пахтакорӣ, чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва дар ин замина ба роҳ мондани коркарди саноатии маҳсулоти соҳаҳои зикршуда, афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ ва муҳайё кардани ҷойҳои нави кориро таъмин намоянд.

Инчунин, Сарвари давлат таъкид намуданд, ки барои ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ва бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандон роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ, кишоварзон ва ҳар як оиларо зарур аст, ки истифодаи самараноки замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ, заминҳои байни боғҳо ва бо ҳамин роҳ гирифтани се — чор ҳосил ва захира намудани озуқавориро таъмин созанд.

Дар охир Сарвари давлат бо итминон иброз доштанд, ки мардуми бонангу номус ва матиниродаи вилояти Хатлон, хусусан, бо дарназардошти вазъи ҷаҳони ҳозира, минбаъд низ дар ҳифзи дастовардҳои таърихии халқамон, ҳимояи манфиатҳои давлату миллати куҳанбунёдамон омода хоҳанд буд ва бо заҳмати содиқонаву софдилона Ватани маҳбубамонро боз ҳам ободу пешрафта хоҳанд гардонид.

Пас аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, раисони шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Балхӣ, Кӯшониён ва Ёвони вилояти Хатлон оид ба рафти бунёдкориҳо, рушди соҳаи саноат, коҳиш додани ҳаҷми бақияпулиҳои андоз, пардохти ҳаққи истифодаи барқ, таъсиси ҷойҳои нав кор, истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, истифодаи самараноки замин, танзими анъана ва ҷашну маросим, таъмини соҳаҳои маорифу тандурустӣ бо кадрҳои баландихтисос, аз байн бурдани қонунвайронкуниҳо дар самти истифодаи замин, ба Сарвари давлат ҳисобот доданд.

Нимаи дуюми 26 марти соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба ноҳияи Ёвон ташриф оварданд.

defaultРоҳбарият ва фаъолони ноҳия Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмонро бо шукргузорӣ аз сиёсати ваҳдатофарӣ ва бунёдкорию ободонӣ самимона истиқбол гирифтанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвон нахуст Комплекси чорводории Ҷамъияти дорои ­масъулияти маҳдуди «Мармарӣ»-ро мавриди истифода қарор доданд. Он дар деҳоти «Обшорон» дар масоҳати 16 гектар мутобиқ ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ сохта шуда, дар миқёси мамлакат калонтарин ба ҳисоб меравад ва барои нигоҳубини 3500 сар чорвои калони зоти гӯштӣ пешбинӣ шуда, дар марҳилаи аввал аллакай ба он 1500 сар чорво ворид гардидааст.

Ширкат дорои бинои маъмурӣ, 4 оғилхона барои нигоҳдории чорво, 7 чоҳ барои захираи хӯроки ширадор, 7 анбор барои захираи хӯроки дурушт буда, ҷиҳати фаровонии бозори истеъмолии пойтахти мамлакат бо гӯшти аълосифат, ки таҳти назорати бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ қарор дорад, фаъолиятро ба роҳ мондааст.

Бо мавриди истифода қарор додани ширкати «Мармарӣ» зиёда аз 300 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Дар ширкати «Мармарӣ» 8 зоти гуногуни чорво, аз ҷумла «Абердин-ангусси сиёҳ ва сурх», «Лимузин», «Симменталӣ», «Шароле», «Герофордӣ», «Кабуди белгиягӣ», «Обрак», «Қаҳваранги швитсӣ» ва зотҳои омехта парвариш карда мешаванд.

Ҳама зоти чорвои калон ба ҷамъият воридгардида ба шароит ва иқлими ҷумҳурӣ мутобиқ буда, маҳсулнокиашон хеле зиёд мебошад ва дар як шабонарӯз ба ҳисоби миёна 1,5 килограмм вазн мегиранд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо фаъолияти чорвопарварон барои афзун намудани саршумор бо истифода аз захираву имконоти мавҷуда ва таъмини аҳолӣ бо гӯшти хушсифат дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Нигоҳубини чорво дар маҷмаа бо истифода аз техникаву таҷҳизоти муосир ба роҳ монда шуда, барои муайян намудани самараи парвариш ҳар моҳ ба таври мунтазам вазнкашии чорво тавассути воситаҳои рақамӣ гузаронида мешавад.

Дар асоси шартномаҳои ҳамкорӣ бо ширкатҳои аврупоӣ усули нигоҳубини чорво тибқи меъёрҳои ветеринарию беҳдоштии макони баромади зотҳои чорво амалӣ гардида, ин раванд ба таври онлайн таҳти назорати доимӣ қарор дорад.

Ба маҷмаа аз масофаи се километр тавассути қубурҳои пластикӣ об оварда шуда, бо истифода аз таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ обнӯшакҳои муосир дар ҳар оғилхона бо дарназардошти ҳаҷми зарурӣ ва таъминоти саривақтии чорво бо он васлу насб гардидааст.

Ҳамчунин, дар Комплекси чорводории «Мармарӣ» ба хотири таъмини бехатарӣ 64 камераи назоратӣ насб шудааст. Маҷмааи чорводорӣ дорои 752 гектар замин буда, соли 2020 дар майдони 187 гектар юнучқа, 112 гектар ҷавдор барои хӯроки ширадор, 339 гектар ҷуворимакка кишт ва дар маҷмӯъ 11,3 ҳазор тонна хӯроки чорво захира гардидааст.

Роҳбарияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мармарӣ» барои пешрафти кор беш аз 20 техникаву таҷҳизоти муосири соҳавиро аз давлати Олмон ворид намудаанд, ки барои киштукори саривақтӣ ва ҷамъоварии ҳосил, инчунин, таъмини чорво бо хӯрок дар муҳлати муайянгардида басо мувофиқ мебошанд.

Дар баробари ин, Комплекси чорводории «Мармарӣ» дорои коргоҳи истеҳсоли хӯроки омехта буда, иқтидори он дар як соат як тонна мебошад. Коргоҳ бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонида шуда, тарзи омода кардани хӯроки омехтаи чорво пурра ба таври автоматӣ сурат мегирад.

Чорвои воридшуда аз шаш моҳ то як сол дар маҷмааи чорводорӣ парвариш карда шуда, пас аз расидан ба вазни муайян тавассути воситаи нақлиёти махсус ба забҳхона таҳвил дода мешавад. ­Забҳхонаи ширкат дар қисми ҷанубии шаҳри Душанбе дар майдони зиёда аз 4 гектар замин бунёд шуда, дар мавзеи мувофиқ ҷойгир аст ва ба талаботи ветеринарию беҳдоштӣ ҷавобгӯ буда, дорои шароити забҳи аз 25 то 30 сар чорво дар як баст мебошад.

Пас аз забҳ маҳсулоти гӯштӣ дар озмоишгоҳи коргоҳ санҷида шуда, сипас ба марказҳои савдо дастрас карда мешавад. Дар коргоҳи забҳи чорвои Комплекси чорводории «Мармарӣ» мутахассисони маҳаллӣ ба кор ҷалб гардида, бо маоши хуб таъмин мебошанд.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи марҳилаи дуюми ширкати «Мармарӣ» оид ба таъсиси Комплекси парвариши модаговҳо дар ноҳияҳои Балҷувону Ховалинг муаррифӣ карда шуд. Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи марҳилаи дуюм 8 ферма бунёд шуда, 1600 сар модагови зотии наслдиҳанда аз давлатҳои Аврупо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда мешаванд.

Тибқи нақша, ҳар як ферма дар масоҳати сегектарӣ барои 200 сар чорво, аз ҷумла, барои нигоҳдории буққаҳои зотӣ барои гирифтани насл, оғилхона барои 120 сар чорво, оғилхона ва таваллудгоҳ барои 80 сар чорво ва анборхона сохта мешавад.

Майдони умумии заминҳои хоҷагии зотпарварӣ дар ноҳияи Балҷувон беш аз 11 ҳазор гектарро ташкил дода, давраи нигоҳубини мавсимии чорвои зотӣ дар чарогоҳи тобистонаи ноҳияи Ховалинг гузаронида мешавад.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон иқдоми пешгирифтаи роҳбарияти ширкатро дар роҳи расидан ба ҳадафи муҳиму стратегии Давлату Ҳукумати мамлакат — таъмини амнияти озуқаворӣ шоёни дастгирӣ арзёбӣ намуда, таъкид доштанд, ки ин тадбир бешак дар паст намудани арзиши аслӣ, таъсиси ҷойҳои нави кор ва таъмини аҳолии кишвар, хусусан, сокинону меҳмонони пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе бо гӯшти хушсифат ёрӣ мерасонад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар ноҳияи Ёвон, ҳамчунин, марҳилаи аввали навсозии роҳҳои ҳудуди шаҳраки ­Ёвонро аз назар гузаронида, ба марҳилаи дуюми таҷдиди он оғоз бахшиданд.

51004429000_d8abdc4936_oРоҳҳои маркази ноҳияи Ёвон дар доираи вусъати корҳои ободонию созандагӣ бо иқдоми соҳибкорони ватанӣ пурра таҷдиду навсозӣ ва як қатор инфрасохтори муҳим фароҳам мегардад.

Навсозии ҷодаҳои мошингард дар шаҳраки Ёвон мувофиқ ба меъёрҳои муосир сурат гирифта, дар асоси лоиҳа беш аз 11 километр роҳ аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рӯҳия ва ҳисси баланди миллӣ амалӣ карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки марҳилаи аввали навсозии роҳҳои маркази ноҳияи Ёвон шашуми сентябри соли 2018 бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардид. Дар марҳилаи аввал аз ҷониби соҳибкорон Баҳриддин Ҷӯрахонов 2,4 километр ва Акбар Асадулло 2,1 километр роҳҳои шаҳраки Ёвон навсозӣ гардидааст.

Зимни муаррифии лоиҳаи дуюми таҷдиду навсозии роҳҳо иттилоъ дода шуд, ки роҳҳои мошингарди ноҳияи Ёвон солҳои 70-ум ва 80-уми асри гузашта сохта шудаанд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо лоиҳаи навсозии роҳҳои шаҳраки Ёвон ва суҳбат бо мутахассисон ҷиҳати бо сифати баланд татбиқ намудани лоиҳаи навсозии роҳҳо, таваҷҷуҳ намудан ба нозукиҳои роҳсозӣ, хоса инфрасохтори зарурии он дастур доданд.

Роҳҳои мошингарди ноҳияи Ёвон, дар маҷмӯъ, 453,6 километрро дар бар гирифта, 79,5 километри он дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ мебошад ва соли 2020 барои таъмиру нигоҳдории роҳҳои мошингард танҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ зиёда аз 1 миллиону 643 ҳазор сомонӣ равона гардидааст.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорони ватаниро барои дастгирӣ аз сиёсати созандаи Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шоёни таҳсин хонда, ба онҳо барои бо сифати баланд татбиқ намудани марҳилаи дуюми таҷдиду навсозии роҳҳои шаҳраки Ёвон то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ёвон пули мошингузари байни кӯчаҳои Расул Раҷабов ва Абдураҳмони Ҷомиро мавриди истифода қарор доданд, ки дар болои дарёчаи Ёвонрӯд сохта шуда, дарозиаш 64 метр, паҳноиаш 20 метр ва иқтидори борбардориаш 80 тоннаро ташкил медиҳад.

Дар асоси лоиҳа дар ду паҳлуи пули мошингузар роҳҳои пиёдагард бо паҳноии 1,7 метр сохта шуда, барои истифода дар муддати тӯлонӣ кафолат дода мешавад. Ҳамчунин, дар ду соҳили дарёча 34 адад мехсутуни пул бунёд гардида, болои пул бо истифода аз масолеҳи оҳану бетонӣ рӯйпӯш ва мумфарш карда шудааст.

Иншоот аз 4 хати ҳаракат барои мошинҳо иборат буда, дар ду паҳлуи роҳҳои пиёдагарди он панҷараҳои оҳанини ҳимоявӣ васл шудааст. Пули сохташуда аҳамияти зиёд дошта, аз он баробари зиёда аз 30 ҳазор нафар сокинони ноҳия меҳмонону сайёҳон низ истифода мебаранд.

Ёдовар мешавем, ки 25-уми апрели соли 2014 бар асари боришоти бошиддат ва омадани сел дар ноҳияи Ёвон ба чанд иншооти ҳаётан муҳим хисорот ворид гардида, ин пули мошингузар низ хароб шуда буд.

Барқарорсозии иншоот соли 2018 дар доираи дастуру супоришҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ва соҳибкорони ватанӣ роҳандозӣ шуда, дар рӯзҳои таҷлил аз Ҷашни байналмилалии Наврӯз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Бо мақсади таъмини бемамониати ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва рафтуомади сокинон ҳангоми шабона дар болои пул 8 сутунпоя ва чароғҳои равшанидиҳанда насб карда шудааст. Дар доираи тадбирҳои ободонию кабудизоркунӣ дар ду шафати пули мошингузар ниҳолҳои ҳамешасабз шинонида шуда, дигар иқдомҳои созандагӣ низ амалӣ гардидаанд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифтани пули мошингузарро дар болои дарёчаи Ёвонрӯд дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сокинон ноҳияи Ёвон туҳфаи арзишманд арзёбӣ намуда, барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани он ва андешидани дигар тадбирҳои муҳим дар самти фароҳам овардани шароити беҳтари кору фаъолият ва зиндагии шоиста барои сокинони ноҳия ба масъулон дастурҳои мушаххас доданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Ёвон, ҳамчунин, ба корҳои сохтмонӣ дар бинои нави маъмурии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия оғози расмӣ бахшида, бо лоиҳаи як қатор иншоот шинос шуданд.

Бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон бо тарҳи муосир ва санъати хоси меъмории миллӣ дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта мешавад. Масоҳати замини барои иншоот пешбинигардида, дар маҷмӯъ 7113 метри мураб­баъро дар бар мегирад. Он аз таҳхона ва се ошёна иборат шуда, барои кормандон ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сифати кору фаъолият дар самти хизматрасонӣ ба шаҳрвандон ва саҳмгузорӣ дар пешрафти Тоҷикистони азиз имконоту шароити мусоид фароҳам меорад.

Бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон дар асоси лоиҳа аз 22 утоқи корӣ, маҷлисгоҳҳо ва дигар иншооти ёрирасон иборат буда, дар он, ҳамчунин, китобхона ва толори хониш ҷой дода мешавад.

Сарвари давлат дар ҷараёни шиносоӣ бо лоиҳаи иншоот ба ­масъулон ҷиҳати назорати ҷиддии сифати корҳои сохтмонӣ ва истифода аз маҳсулоти аълосифат дастурҳои судманд доданд.

Инчунин, дар ҳузури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон лоиҳаи Корхонаи истеҳсоли гаҷкартони «Моҳир», «Майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ», лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии ноҳияи Ёвон» ва лоиҳаи «Таъминоти оби ошомиданӣ барои аҳолии шаҳраки Ёвон» муаррифӣ гардиданд.

Майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон дар масоҳати 9375 бунёд гашта, баландии парчам 55 метр мешавад. Ҳамчунин, бо мақсади арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ дар ин майдон муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ бо баландии 10 метр гузошта хоҳад шуд.

Корхонаи истеҳсоли гаҷкартони «Моҳир» дар ноҳияи Ёвон дар асоси дастурҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истифодаи пурра аз имконоту иқтидори мавҷуда дар роҳи расидан ба саноатикунонии босуръати кишвар дар масоҳати 6,33 гектар замин бо иқдоми соҳибкори ватанӣ, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Моҳирсемент» бунёд мегардад. Дар асоси лоиҳа иқтидори истеҳсолии корхона 200 ҳазор тонна гаҷ, 30 миллион метри мураббаъ гаҷкартон ва гаҷкартон барои сақф дар як сол хоҳад буд.

Ҳамчунин, дар корхона дар як сол 70 ҳазор тонна ғурагаҷ (шпаклевка) истеҳсол хоҳад шуд. Муҳлати бунёди корхонаи муосири саноатӣ дар ноҳияи Ёвон то соли 2022 пешбинӣ гардида, дар он 150 ҷойи кор фароҳам карда мешавад.

Дар ноҳияи Ёвон, ҳамчунин, дар асоси ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони рушд татбиқи лоиҳаи «Таъминоти оби ошомиданӣ барои аҳолии шаҳраки Ёвон» бо ҷалби 5,8 миллион доллари амрикоӣ идома дорад. Хобонидани 7,5 километр шоҳқубури баландфишори марказӣ, 2,2 километр шоҳқубури худҷоришаванда ва 5,8 километр қубурҳои қутрашон гуногун барои васеъ намудани шабакаҳои дохилии шаҳраки Ёвон пешбинӣ гардидааст.

Дар ин замина аллакай сохтмони пойгоҳи муосири обкашӣ бо ду ҳавзи таҳшинкунанда бо ғунҷоиши 15 ҳазор метри мукааб об, коргоҳи обполоӣ, обанбори оби тоза бо ғунҷоиши 1000 метри мукааб ва дастгоҳи безараргардонӣ ба анҷом расидааст.

Дар доираи лоиҳа бо мақсади истифодаи сарфакоронаи оби ошомиданӣ ва пешгирӣ аз талафоти он 3000 ҳисобкунаки обӣ дар манзилҳои истиқоматии сокинони маркази ноҳия насб карда шудааст.

Соли равон, ҳамчунин, сохтмони обанбор дар деҳаи Қамбарии ноҳия бо ғунҷоиши 4000 ҳазор метри мукааб ва хобонидани 3,6 километр шабакаҳои обтаъминкунии шаҳракаи Ёвон ба нақша гирифта шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ бо рафти иҷрои лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии ноҳияи Ёвон», ки аз моҳи марти соли 2017 идома дорад, масъулонро барои мақсаднок истифода намудани маблағҳои ҷалбгардида муваззаф намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки аз оғози татбиқи ин лоиҳа аллакай беш аз 52 дарсади маблағҳои пешбинигардида аз худ карда шудааст ва корҳо дар ин самт дар асоси нақшаи мукаммали корӣ босуръат идома дорад.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо рафти татбиқи лоиҳаҳо дар шаҳраки Ёвон ҷиҳати истифодаи мақсадноки маблағҳои пешбинигардида, иҷрои босифати корҳои сохтмонию васлгарӣ ва дар вақти муайяншуда ба истифода додани тарҳҳои банақшагирифташуда ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

26 марти соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ёвон Муассисаи таҳсилоти томактабии «Ориёна»-ро мавриди истифода қарор доданд, ки дар маркази ноҳия дар заминаи дастурҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ, роҳбари гурӯҳи корхонаҳои «Ғаюр» — Акбар Асадулло дар давоми 1,5 сол бо тарҳи зебову замонавӣ сохта шудааст. Кӯдакистон аз ду бинои 2 ва 3 ошёна иборат буда, дар он раванди таълиму тарбия бо 3 забон — тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад.

51004524680_537a3ffb8e_oКорҳои сохтмонӣ дар иншоот соли 2020 оғоз гардида, бо сатҳу сифати баланд анҷом пазируфт. Дар давраи сохтмон беш аз 20 нафар мутахассисони маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин буданд. Кӯдакистони хусусии «Ориёна» дар доираи эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» сохта шуда, дар он 315 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта мешавад.

Айни замон беш аз 10 нафар омӯзгор ва мураббияҳои ботаҷриба бо кӯдакон машғулият мегузаронанд ва дар оянда шумораи онҳо то ба 20 нафар расонида хоҳад шуд. Кӯдакон дар муассиса ба 15 гурӯҳ тақсим шудаанд.

Ҳамчунин, дар назди ҳар як синфи машғулият ҳуҷраҳои алоҳида барои хобу истироҳати кӯдакон фароҳам оварда шудааст.

Ошхона ба бинои асосии муассиса пайваст буда, барои хӯрокхӯрии беш аз 100 кӯдак дар як вақт пешбинӣ гардидааст. 4 утоқи корӣ, ҳуҷраи ҷомашӯӣ, анбор барои нигаҳдории маҳсулот, ҳуҷраи тиббӣ аз шароити дигари кӯдакистон маҳсуб мешаванд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аз утоқҳои машғулиятҳо ва ҷойи хобу истироҳати кӯдакон дидан намуда, ба масъулони боғчаи бачагона ҷиҳати тарбияи дурусти кӯдакон дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Масоҳати умумии кӯдакистон 7 ҳазору 477 метри мураббаъро дар бар гирифта, аз он 1 ҳазору 632 метри мураббаъро биноҳо ташкил менамоянд.

Утоқҳои машғулиятгузаронӣ бо шиору овезаҳои ифодагари муҳаб­бату самимият нисбат ба Ватан ва қаҳрамонҳои афсонавӣ зебу оро дода шудааст, ки хоси дунёи кӯдакон мебошад.

Дар саҳни Муассисаи таҳсилоти томактабии «Ориёна» чор айвонча, як фаввора, ҳавзи шиноварӣ мавҷуд мебошад, ки барои солимии кӯдакон ва гузаронидани машғулиятҳо мусоид аст.

Саҳни кӯдакистонро 275 бех дарахтони сояафкану ороишии нодир, мевадиҳанда, гулу буттаҳои рангоранг ва сабзазор зеб медиҳад. 18 адад чароғаки равшанидиҳанда ва роҳравҳои асфалту сафолакпӯш аз корҳои дигари ободонӣ дар муассисаи томактабӣ ба шумор мераванд. Инчунин, барои бозӣ ва дилхушии дӯстрӯякон таҷҳизоти наву замонавӣ насб гардидааст.

Сокинони ноҳия ва омӯзгорон кӯдакистони мазкурро беҳтарин туҳфаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз арзёбӣ намуда, ваъда доданд, ки бо истифода аз шароити мавҷуда, фарзандонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба таърихи пурғановати миллати тоҷик, ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва саҳм гузоштан дар ободии мамлакат тарбия менамоянд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвон, инчунин, шуъбаҳои қабул, қалб ва шикастабандии Беморхонаи марказии ноҳияро пас аз таъмиру навсозӣ мавриди истифода қарор дода, бо шароити муосири хизматрасонии тиббӣ дар он шинос шуданд.

51004558720_acf2011d0d_oСохтмони комплекси бинои дуош­ёнаи нотамоми беморхона соли 1978 оғоз шуда, соли 1990 қатъ гардид. Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ дар доираи амалишавии сиёсати иҷтимоии Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат соли 2014 дар 33 фисади бино корҳои сохтмонӣ анҷом ёфта, шуъбаҳои таваллуд, навзодон, занона, эҳёи таваллуд ва ҷарроҳӣ пурра сохта ва бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз карда шуд.

Ҳамчунин, дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо ҷалби маблағҳои буҷетӣ шуъбаи ҷарроҳии тозаи калонсолон бо 40 кати хоб, шуъбаи ҷарроҳии фасоди калонсолон бо 25 кати хоб ва ҷарроҳихона бо дастгоҳҳои муосир сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Корҳои таҷдиду навсозӣ дар он соли 2020-ум оғоз гардида, дар муҳлати кӯтоҳ бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расид.

Зимни шиносоии Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки шуъбаи қабули беморхона дорои 21 ҳуҷра буда, дар он 31 нафар, аз ҷумла 7 табиб, 14 ҳамшираи тиб, 10 корманди хурди тиб фаъолият менамояд.

Дар шуъбаҳои беморхона дастгоҳҳои муосири табобатии истеҳсоли давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Япония, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Олмон ва Федератсияи Россия насб шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми боздид аз шароити фароҳамгардида дар Беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон ба роҳбарият ва дигар кормандони соҳа ҷиҳати таваҷҷуҳи хоса додан ба сифати хизматрасонӣ барои сокинон, муошират бо беморон, риояи қоидаю талаботи беҳдоштию гигиенӣ бо истифода аз шароити муосири фароҳамгардида дастуру супориш дода, ҳамчунин, бо лоиҳаи навсозии бинои шуъбаи бемориҳои сироятӣ шинос шуданд.

Бо таҷдиду навсозии он 50 кати хоб, 4 кати эҳёгарӣ барои калонсолон ва дигар шароити хизматрасонӣ ба табибон фароҳам мегардад. Лоиҳа дар доираи «Барномаи рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон, барои солҳои 2021 — 2025» амалӣ мешавад.

Масоҳати умумии Беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон 4,4 гектар буда, замини иншооти мавриди таҷдиду навсозӣ қароргирифтаи он се ҳазору 673 метри мураббаъро дар бар мегирад.

Кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Ёвон ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ғамхориҳои пайваста ва дастгириҳои ҳамешагиашон барои рушди соҳа изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, ваъда доданд, ки бо истифода аз шароити фароҳамгардида, сатҳу сифати хизматрасонии тиббиро ба аҳолӣ боз ҳам беҳтар менамоянд.

www.president.tj