Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон

№78 (4340), 79-80 (4341-4342) 19.06.2021

51249061815_918446e454_o15 июни соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади боздид аз ҷараёни корҳои сохт­монии манзилҳои истиқоматии сокинони аз офати табиӣ зарардида, ба истифода додани иншооти гуногун, шиносоӣ бо рафти амалишавии дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат ва мулоқот бо сокинон ба вилояти Хатлон сафари корӣ намуданд.

Дар деҳаи Навободи деҳоти «Ифтихор»-и ­ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Сарвари давлат бо ҷараёни сохтмони манзилҳои истиқоматӣ ва шароити зисти сокинони аз офати табиӣ зарардида шинос шуда, бо онҳо суҳбат карданд.

Дар мавзеи нав, ки барои бунёди хонаҳои истиқоматии сокинони аз офати табиӣ зарардида ҷудо гардидааст, айни замон корҳои сохтмонӣ бомаром идома дошта, барои 20 оила хонаи истиқоматӣ, бо шароити зарурӣ, бунёд шуда истодааст. Қисме аз манзилҳо болопӯш карда шуда, сохтмончиён ба рангубор ва ороиши дохили ҳуҷраҳо машғуланд.

Ба ҳар як оила барои бунёди манзилҳои нави истиқоматӣ 10 садяк замин ҷудо гардида, барои анҷоми корҳои сохтмонӣ 10 тоннагӣ семент, 100 дона бомпӯш, 10 куб тахта, 2 тонна арматур ва дигар масолеҳи зарурии сохтмонӣ дастрас карда шудааст. Ҳамчунин, бо дастури Пешвои миллат дохили хонаҳои истиқоматӣ пурра таъмир шуда, оилаҳои зарардида бо ҷиҳози зарурии рӯзгор таъмин хоҳанд гашт.

Дар мавзеи навбунёд, ҳамчунин, ­бунёди дигар инфрасохтори зарурӣ барои зисту зиндагонӣ дар назар дошта шуда, хатти алоҳидаи барқ кашида шудааст. Расонидани оби нӯшокӣ, бунёди бунгоҳи тиббӣ, сохтмону мумфаршкунии роҳҳои нақлиёту пиёдагард низ бомаром идома доранд.

 Зимни боздид ва суҳбатҳои самимӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз аҳволи зарардидагон пурсон шуда, иброз доштанд, ки Ҳукумати мамлакат тадбирҳоро ҷиҳати фароҳам сохтани шароити мусоиди зиндагонӣ, пурра барқарор намудани хисороти расида ва бунёди хонаҳои замонавӣ бо ҳама ҷиҳоз амалӣ хоҳад кард.

Сокинон ба Пешвои миллат барои расонидани ёрии саривақтӣ, фароҳам сохтани шароити мусоид дар шаҳраки муваққатии истиқоматӣ, таъмин намудан бо хӯрок ва дигар ашёи рӯзгор миннатдорӣ баён намуданд.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки 15 оилаи дигар аз гирду атрофи мавзеи зарардида, ки мувофиқи омӯзиш зери хавф қарор доштанд, кӯчонида шуда, барои онҳо низ қитъаи замин ҷудо гардида, бо масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди манзилҳои нави истиқоматӣ таъмин шуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи боришоти зиёди борон, болоравии сатҳи обҳои зеризаминиву рӯизаминӣ ва аз меъёр зиёд шудани сатҳи оби сойи селпарто 6 ва 7-уми майи соли ҷорӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ офати табиӣ ба амал омад, ки дар натиҷаи он 20 манзили истиқоматии сокинони деҳоти «Ифтихор»  пурра хароб гардид. Бо амалӣ намудани тадбирҳои саривақтии наҷотдиҳӣ, хушбахтона, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашуд. Хисороти молие, ки ба аҳолӣ расид, бо дастури бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон комилан барқарор карда мешавад. Аз рӯзҳои аввал рафти бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ, таъмини аҳолии зарардида бо хаймаҳои муваққатии истиқоматӣ, масолеҳи рӯзгор ва озуқаворӣ зери назорати шахсии Роҳбари давлат қарор дошта, барои расонидани кумаки саривақтӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи зарардидагон ба роҳбарияти вилояту ноҳия зимни суҳбатҳои телефонӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дас­турҳои қатъӣ дода буданд.

Дар натиҷаи офати табиии рухдода дигар иншооти ёрирасон, роҳу кӯпрукҳои мошингард, хатҳои барқу обрасонӣ ва заминҳои корам низ осеб диданд.

Бо оғоз гардидани корҳои сохтмонӣ аз ҷониби Ҳукумати  мамлакат 300 тонна семент, 300 метри кубӣ тахта, 3000 дона бомпӯш ва 60 тонна арматур ба мавзеи бунёдсозии хонаҳои истиқоматӣ расонида шуд. Аз ин ҷост, ки аллакай корҳои асосии сохтмонӣ дар хонаҳои истиқоматӣ анҷом ёфта, барои фароҳам сохтани шароити мусоид рангубори дохиливу берунӣ дар қисмати бештари иншоот идома дорад.

Ҳамчунин, хоҷагиҳое, ки дар натиҷаи офати табиӣ заминҳои корамро аз даст доданд, бо қитъаи замини барои кишт таъмин хоҳанд гашт.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон калиди нахустин хонаҳои омодагардидаро ба соҳибонашон супорида, дохили ҳуҷраҳоро аз назар гузарониданд.

Ҳоло сохтмон, таъмир ва бо лавозимоти зарурӣ муҳайё сохтани чор хонаи истиқоматӣ пурра анҷом ёфта, дар манзилҳои боқимонда қисми бештари корҳо ба охир расонида шуданд.

 Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин ва сохторҳои дахлдор дастурҳои қатъӣ доданд, то ҳар чӣ зудтар сохтмони манзилҳои боқимондаи истиқоматиро бо сифати баланд анҷом дода, барои аҳолии зарардида баҳри зиндагӣ шароит фароҳам оранд. То анҷоми кор дар хаймаҳои муваққатӣ онҳоро бо имконоти зарурӣ, аз қабили рахти хобу сарулибос ва хӯрокворӣ таъмин созанд, аз аҳволашон пайваста бохабар бошанд.

Пас аз шиносоӣ бо рафти сохтмони манзилҳои истиқоматӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон бо сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мулоқоти самимию судманд баргузор намуданд.

51249757039_562e1d17b3_oСарвари давлат таъкид доштанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали сар задани офати табиӣ дар канори осебдидагон буд ва бо расонидани кумакҳои саривақтӣ имконият даст дод, ки сохтмони манзилҳои нав ҳар чӣ зудтар оғоз ёбанд. Хушбахтона, аллакай қисми бештари корҳои сохтмонии хонаҳое, ки ба сокинони зарардида пешбинӣ гардидааст, сомон ёфтааст.

Зикр шуд, ки зарари расонидаи офати табиӣ пурра барқарор гардида, барои зис­ту зиндагонии сокинон шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад ва хонаҳои истиқоматӣ бо ашёи зарурии рӯзгор таъмин хоҳанд гашт.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот таъкид доштанд, ки дар баробари сохтмони 20 манзили истиқоматӣ дар мавзеи навбунёд инфрасохтори зарурӣ низ бунёд хоҳад гашт. Аз ҷумла, хатти барқу об, роҳи нақлиёт­гарду пиёдароҳ ва бунгоҳи тиббӣ тибқи талаботи муосир сохта, ба истифода дода мешавад.

Ҳамчунин, таъкид гардид, ки рафти корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва бунёди манзилҳои истиқоматӣ дар мавзеи нав зери назорати бевосита ва доимии Президенти кишвар қарор дош­та, чораҳо андешида мешаванд, то ҳар чӣ зудтар оилаҳои боқимонда ба хонаҳои нав гузаранд.

Роҳбари давлат ба масъулини сохторҳои дахлдор дастур доданд, ки ба сифати корҳои сохтмонӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, шароитро барои зиндагонии осебдидагон дар манзилҳои нав фароҳам созанд. Ҳамчунин, корҳои сохтмонии манзилҳои 15 оилаи дигарро, ки дар минтақаи хавфнок қарор доранд, тезонида, онҳоро низ ба мавзеи нав кӯчонанд.

Зимни баромад сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ барои ташриф ба ин мавзеъ ва шахсан бохабар гардидани Сарвари давлат аз ҳолу аҳволи зарардидагон, дастгирии моддию маънавии мардум изҳори миннатдорӣ карданд.

Таъкид доштанд, ки аз рӯзҳои аввали ҳодиса онҳо зери ғамхории Ҳукумати мамлакат қарор гирифта, бо расонидани кумакҳои пай дар пай, бо маҳсулоти ғизоӣ, сарулибос ва дигар лавозимот таъмин гаштанд.

Сокинон ба Роҳбари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷуҳу ғамхории падарона миннатдорӣ баён карда, ваъда доданд, ки оянда мавзеи навбунёдро ба яке аз маконҳои сарсабзу хуррам табдил хоҳанд дод.

51249002881_62ac58ce60_oПешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, ба ноҳияи Вахш ташриф оварда, бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва барқарорсозии оқибатҳои офати табиӣ дар минтақаҳои зарардида шинос шуданд.

Боздиди Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мавзеъҳои осебдидаи деҳаи «Иттифоқ»-и деҳоти «20 — солагии Истиқлоли Тоҷикис­тон» оғоз шуд. Сарвари давлат аз рафти корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва ҷараёни корҳои сохтмонии хонаҳои истиқоматии оилаҳои зарардида шинос шуда, бо сокинон суҳбату мулоқоти озоду самимӣ анҷом доданд.

Зимни суҳбат бо мардуми зарардида Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват намуданд, ки ҳеҷ гоҳ рӯҳафтода набошанд ва онҳоро бовар кунонданд, ки то моҳи сентябри соли равон хонаҳои вайроншуда пурра барқарор карда мешаванд. Ҳамчунин, вазорату идораҳо ва сохторҳои марбута, ки дар барқарорсозии манзилҳои истиқоматии шаҳрвандони осебдида ва бартараф намудани офати табиӣ масъул шудаанд, муваззаф гардиданд, ки ҷараёни корҳои сохтмониро зери назорати қатъӣ қарор дода, ҳар ҳафта ба Роҳбари давлат аз натиҷаи он ҳисобот пешниҳод намоянд.

51248981644_5b232b58e3_oМардуми зарардидаи деҳоти «20 — солагии Истиқлоли Тоҷикистон», «Ваҳдат» ва «Машъал»-и ноҳияи Вахш изҳори хушнудӣ намуда, ба Сарвари давлат барои дастгирӣ ва расонидани кумакҳои инсондӯстона изҳори сипос намуданд.

Ёдовар мешавем, ки субҳи 11 майи соли 2021 бар асари боридани боронҳои бошиддати пай дар пай ва омадани сел ба хоҷагиҳои ноҳияи Вахш, аз ҷумла деҳоти «Машъал», «20 — солагии Истиқлоли Тоҷикистон» ва «Ваҳдат» хисороти калони иқтисодӣ расида, дар натиҷа 41 манзили истиқоматӣ пурра, 33 хона қисман, 130 иншооти ёрирасони хоҷагиҳо, 8 адад пул, 10 километр роҳи автомобилгард ва майдони 1933 гектар зироатҳои кишоварзӣ хароб гардид. Мутаассифона, дар натиҷаи ҳодиса талафоти ҷонӣ низ ба қайд гирифта шуд. Маҷмӯан, зарари умумии расонидаи офати табиӣ 22 миллиону 711 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти «20 — солагии Истиқлоли Тоҷикис­тон» ба бунёди ду муассисаи таълимӣ — муассисаи таҳсилоти ҳамагонӣ ва мактаб — интернати кӯдакони ятим ва бепарастори ба номи Мирзо Сатторов санги асос гузоштанд.

Зимни муаррифии лоиҳаи бинои нави муассисаи таҳсилоти ҳамагонӣ иттилоъ дода шуд, ки он бо риояи талаботи замони муосир бунёд мегардад ва аз як ошёна, аз ҷумла утоқҳои фаннию лабораторӣ, китобхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат буда, барои 480 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Ба иттилои масъулон, баъди ба истифода додани бинои нави таълимӣ, мушкилоти набудани мактаб ва ё дур будани он аз наз­ди хонаҳои шаҳрвандон ҳал хоҳад шуд.

Дар назар аст, ки мактаб-интернати кӯдакони ятим ва бепарастор тибқи талаботи ҷаҳонӣ бунёд шуда, дорои хобгоҳ барои 480 нафар, маркази саломатӣ бо 6 ҳуҷра, ошхона барои 480 кас ва меҳмонхона барои пайвандону наздикони хонандагон хоҳад буд.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон ба сохтмончиёну ­масъулин дастур доданд, ки ҷараёни корҳои сохтмониро ҷиддӣ назорат карда, ба сифат ва риояи талаботи меъморӣ диққат намоянд.

Иншоот аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии хайриявии «Эҳёи Сомониён» бунёд гардида, то соли 2023 пурра сохта ба истифода дода мешавад. Иқдоми сохтмони мактаби таълимӣ ва мактаб — интернати кӯдакони ятим ва бепарастор бо мақсади беҳтар намудани инфрасохтори соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароити хуби таълим роҳандозӣ гардидааст. Ҳамин аст, ки дар ноҳия тайи се соли охир якчанд мактабу синфхонаи иловагӣ сохта ба истифода дода шуд, ки ба ин васила, шароиту имконоти таълим низ беҳтару хубтар гардид.

Аз ин ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат маорифчиёни ноҳияи Вахш илҳоми тоза гирифта, ваъда доданд, ки сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлатро сармашқи кор менамоянд ва дар тарбияи дурусти насли наврас саҳми муносиб мегузоранд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди боздид аз ҷараёни корҳои сохтмонии манзилҳои истиқоматии зарардидагон ва бартарафсозии оқибатҳои офати табиии 11 майи соли равон ба вуқӯъомада дар деҳаи «Иттифоқ»-и деҳоти «20 — солагии Истиқлоли Тоҷикистон» бо сокинони зарардидаи деҳаҳои ноҳияи Вахш мулоқоти озоду самимӣ доир карданд.

Зимни суҳбат Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бартарафсозии оқибатҳои фалокат ҳамеша даст ба кор буда, пайваста аз ҳоли оилаҳои зарардида огоҳ аст ва рафти корҳои ободонию созандагӣ ва барқароркунии хонаҳои истиқоматии сокинон зери назорати доимии Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба масъулини вазорату идораҳои дахлдор ва сохторҳои марбутаи ҷумҳуриявию вилоятӣ дастур доданд, ки барои ҳар чӣ зудтар барқарор намудани манзилҳои истиқоматӣ, роҳу пулҳо, ҷӯйҳо, сарбанд­ҳои рахнашуда ва дигар иншооти инфрасох­торӣ қувва ва техникаю таҷҳизоти мавҷударо сафарбар намоянд ва дар муҳлати муқарраргардида корҳои сохтмонии боқимондаро ба итмом расонанд.

Инчунин, Сарвари давлат ба баъзе аз сокинони деҳаи «Иттифоқ», ки манзилҳои истиқоматиашон пурра омода гардидааст, калиди хонаҳоро тақдим намуданд. Манзилҳои бунёдгардида 3 ва 4 — ҳуҷрагӣ буда, бо шароити будубоши зиндагӣ таъмин мебошанд.

Таъкид бояд кард, ки рафти бартарафсозии оқибатҳои табиӣ таҳти назорат ва роҳбарии бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар ин самт комиссияи махсуси давлатӣ фаъолият мебарад.

Баъди мулоқоти самимӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоиши маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Вахшро аз назар гузаронида, бо фаъолият ва дастовардҳои кишоварзон шинос шуданд.

Ба Президенти мамлакат иттилоъ дода шуд, ки новобаста ба зиёни офати табиии 11 май, заҳматкашони ноҳия бо масъулияти баланд ва иродаи қавӣ нисбат ба замину заминдорӣ камари ҳиммат баста, дар майдони 16 ҳазору 740 гектар, аз ҷумла 930 гектар сабзавот, 286 гектар картошка, 1000 гектар полезӣ ва 950 гектар пахта кишт намуданд. Аллакай дар қисме ҳосили якум бардошта шуда, дар майдони 1800 гектар кишти такрорӣ, аз ҷумла 100 гектар кишти такрории пахта гузаронида шудааст, ки ҳоло нашъунамои хуб дорад.

Кишоварзони ноҳияи Вахш ҳар сол бо ба даст овардани ҳосили хуби маҳсулоти ватании кишоварзӣ дар таъмини бозори дохилӣ нақши арзанда доранд. Имсол хоҷагидорон аз гузашта дида, майдони кишти зироатҳоро васеъ намуда, меваю сабзавотро, дар баробари таъмини бозори дохилӣ, ба хориҷи кишвар низ содирот карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаи бадастовардаи заҳматкашони ноҳия ва дастгирии муроҷиати Президенти мамлакат доир ба истифодаи оқилонаи замин изҳори сипос намуда, ба хоҷагидорон ҷиҳати боз ҳам васеъ намудани майдони зироатҳо ва барқарор намудани боғу токзор аз ҳисоби боғоти куҳна дастуру супоришҳо доданд.

Аҳли заҳмати ноҳияи Вахш ваъда доданд, ки дастурҳои Сарвари давлатро сармашқи кор намуда, бо меҳнати софдилона дар таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳм мегузоранд.

15 июни соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо мақсади шиносоӣ бо корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва боздид аз ҷараёни барқарорсозии хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварданд.

Сарвари давлат бо нишони эҳтирому қадршиносӣ ба гузаштагон нахуст оромгоҳи олим ва мутафаккири машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуда, бо қироати оятҳо аз «Қуръон»-и маҷид баҳри суботу оромии Тоҷикистони соҳибистиқлол, осудагии мардуми кишвар ва пешрафту шукуфоии Ватан дуову фотеҳа карданд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб мавзеъҳои бар асари сел зарардидаро аз назар гузарониданд.

Хусусан, аз роҳи автомобилгарди зарардидаи назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 53 боздид ба амал оварда, бо корҳои бартарафсозии офати табиӣ дар канали Девонасой шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки оби каналҳои Шӯраксой бо дарозии 6251 метр, Девонасой бо дарозии 6700 метр ва Тебалай бо дарозии 18 700 метр аз ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Муъминобод ва қисми болоии шаҳри Кӯлоб ҷорӣ гардида, аз дохили маҳаллаҳои аҳолинишини шаҳр мегузарад. Оби каналҳои зикргардида ба дарёчаи Кӯлоб ворид шуда, дар ноҳияи Восеъ бо дарёи Ёхсу якҷоя мешавад. Манбаи асосии оби каналҳои зикршуда барф ва боронҳои мавсимии пуршиддати баҳорон мебошад.

То ба ҳол бо ҷалби техникаҳои зарурӣ дар маҳаллаҳои Хатти роҳ, Даминзода ва маҳаллаи Нонбойи Поён, ки аз офатҳои табиӣ бештар зарар дида буданд, корҳои барқарорсозӣ, тоза кардани селобаҳо ва дар умум, ба миқдори 5 ҳазор метри мукааб гилу селобаҳо бароварда шуд.

Дар маҳаллаи Фирдавсӣ қубур бо дарозии 14 метр барқарор шуда, дар 182 километрии роҳи Душанбе — Кӯлоб корҳои сохтмонӣ идома дорад. Айни ҳол дар маҳалли якҷояшавии каналҳои Девонасой ва Шӯраксой бо дарозии 1350 метр корҳои заминӣ, оҳану бетонӣ ва барқарорсозии иншооти пасткунандаи суръати об ҷараён дорад.

Дар ҳамон ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рафти корҳои сохтмонӣ ба коргарон дастуру супоришҳо доданд.

Ёдовар мешавем, ки 11 майи соли равон, бинобар сабаби боридани борону жолаи зиёд, сел ба вуҷуд омада, дар кӯча, маҳалла ва деҳоти шаҳр, ба 145 хона, аз ин шумора 43 хона пурра, 102 хона қисман ва 606 иншооти ёрирасон хисороти ҷиддӣ расид. Инчунин, 10 адад пул, 4 адад муассисаи таълимӣ ва томактабӣ, 6 километр роҳи автомобилгарди кӯчаву маҳаллаҳо, хатҳои интиқоли барқ, 7 зеристгоҳи барқӣ, зиёда аз 13 километр хатҳои обёрии каналҳо, 5 агрегати барқӣ, 128 садяк замини кишти зироат, 128 сар ҳайвони калону майда зарар дид. Маблағи умумии хисороти расида 45,5 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни корҳои барқарорсозии хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон, воқеъ дар маҳаллаи Даминзодаи шаҳри Кӯлоб низ ­боздид ба амал оварданд.

Тибқи дастурҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон аз ҷониби ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ идома дошта, то ба ҳол 7 хона мавриди истифода қарор дода шудааст.

Дар ҳамон ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сардорони ду оилаи зарардида Назаров Исмоил ва Азизова Малика калиди хонаҳои истиқоматии навбунёдро, ки аз тарафи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сатҳу сифати баланд ва шароити зарурӣ сохта шудааст, туҳфа намуданд.

Биноҳои истиқоматӣ дар майдони 104 метри муррабаъ ҷойгир буда, аз се ҳуҷраи истиқоматӣ, ошхона, ҳаммом ва пешдолон иборат мебошанд. Сокинон аз кумакҳои пайваста ва ғамхориҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Президенти мамлакат таъкид дош­танд, ки оилаҳои зарардида дар кӯтоҳтарин муҳлат бо ҳама шароити зист таъмин мегарданд. Корҳои бартарафсозии оқибати офати табиӣ ва корҳои сохтмонии дигар хонаҳои истиқоматии шаҳрвандони аз офати табиӣ харобгардида идома дорад.

Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то ба ҳол ба 1725 хоҷагии зарардида кумаки яквақтаинаи маҳсулоти хӯрока, аз қабили орд, равған, шакар, биринҷ, пиёз, картошка расонида шуда, барои барқарорсозии хонаҳои зарардида, ҳамчунин масолеҳи сохтмонӣ ба монанди семент, арматура ва тахта, дастрас карда шудаст.

Бо таассуф бояд гуфт, ки дар натиҷаи боришоти зиёд ва омадани сел 11 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Кӯлоб 3 шаҳрванд ба ҳалокат расид.

Пешвои  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони оилаҳои зарардидаи шаҳри Кӯлоб мулоқот карданд.

Ҳадафи асосии сафар ба шаҳри Кӯлоб боздид аз ҷараёни корҳои барқарорсозии иншооту манзилҳои бар асари офатҳои табиии моҳи майи соли ҷорӣ зарардида ва шиносоӣ бо вазъи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба муносибати 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ гардид.

Таъкид шуд, ки табиати имсола кишварро бо офатҳои зиёд рӯ ба рӯ сохт, ки боиси хисороти зиёди молӣ ва мутаассифона, талафоти ҷонӣ низ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки аз рӯзҳои аввали рух додани офати табиӣ Ҳукумати мамлакат аҳолии зарардидаи шаҳри Кӯлобро бо ёриву ғамхорӣ фаро гирифта, доир ба рафъи оқибатҳои он андешидани чораҳои заруриро амалӣ кард. Аз ҷумла, ба оилаҳои осебдида -  1725 хоҷагӣ ба таври фаврӣ ёрии моддӣ, аз қабили маҳсулоти хӯрокворӣ, ҷиҳози хона, сарулибос, масолеҳи сохтмон ва сӯзишворӣ дастрас шуд.

Сохтмони 43 хонаи истиқоматии бар асари офати табиӣ пурра зарардидаи шаҳрвандон аз ҷониби мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, инчунин, бо саҳми ташкилоту муассисаҳо оғоз гардид, ки то 20-уми августи соли ҷорӣ ба анҷом расонида шуда, бо ашёву лавозимоти зарурии рӯзгор таъмин гардида, ба аҳолии осебдида супорида мешавад. Ҳоло ҳашт хонаи навбунёд ба оилаҳои зарардида супорида шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба вазорату идораҳо, роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб супориш доданд, ки хонаҳои навро барои оилаҳои пурра зарардида дар муҳлати муқарраргардида ва бо сифати баланд ба истифода супорида, минбаъд корро дар самти пешгирӣ кардани оқибати офатҳои табиӣ, аз ҷумла, омода намудани инфрасохтори дахлдор, сари вақт огоҳ кардани аҳолӣ ва дигар чорабиниҳои заруриро ба таври васеъ ба роҳ монанд.

Таъкид гардид, ки Ҳукумати мамлакат бо дарназардошти саҳми бисёр арзишманди сокинони шаҳри Кӯлоб дар рушди кишвар, ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва махсусан, барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ ба ҳалли мушкилоту масъала­ҳои иҷтимоии онҳо ҳамеша эътибори аввалиндараҷа медиҳад.

Мавриди зикр аст, ки мардуми шарифи шаҳри Кӯлоб, дар баробари корҳои барқарорсозии иншооти бар асари офати табиӣ зарардида, ба хотири сазовор ҷашн гирифтани 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ корҳои ободониву бунёдкориро вусъат бахшида истодаанд.

То 1 июни соли ҷорӣ аз 873 иншооту биноҳои ба ифтихори ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ пешбинигардида 800 иншоот сохта, ба истифода супорида шудааст, ки 92 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Сарвари давлат бо итминон изҳор дош­танд, ки дар муҳлати то ҷашн боқимонда роҳбарону масъулон, ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорон ва ҳар як сокини шаҳр корҳои бунёдкориву ободониро ­вусъат бахшида, иншооти банақшагирифтаро бо сифати баланд ба истифода месупоранд.

Ҳукумати мамлакат ба пешрафту ободии шаҳри Кӯлоб ва беҳтар намудани шароити зиндагии сокинони он ҳамеша эътибори хосса зоҳир карда, дар замони соҳибистиқлолӣ барои таъмин кардани рушди иҷтимоиву иқтисодии он аз ҳисоби ҳамаи сарчашма беш аз 3,5 миллиард сомонӣ равона намудааст. Бо мақсади рушди минбаъдаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Кӯлоб ва беҳтар гардонидани сатҳи зиндагии сокинони он Ҳукумати мамлакат «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2020 – 2025»-ро қабул намудааст, ки дар доираи он амалисозии 221 лоиҳа ба маблағи қариб 7 миллиард сомонӣ пешбинӣ ва татбиқ шуда истодааст.

Дар ин робита, роҳбарони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати сари вақт ва босифат амалӣ кардани барнома ва бартараф намудани мушкилиҳои ҷойдошта ҳамкориро бо вазорату идораҳо, соҳибкорон ва шахсони саховатпеша густариш бахшида, иҷрои ҳадафу вазифаҳои дар барнома пешбинишударо дар муҳлати муайянгардида таъмин намоянд.

Роҳбарони шаҳр, хоҷагиҳои кишоварзӣ ва масъулони соҳа супориш гирифтанд, ки якҷо бо Вазорати кишоварзӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва Академияи илмҳои кишоварзӣ дар самти самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин, хусусан, заминҳои президентӣ ва наздиҳавлигӣ, инчунин, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, маҳсулнокии чорво ва дар маҷмӯъ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, захира намудану боз ҳам беҳтар таъмин кардани талаботи бозори истеъмолӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эътимоди комил иброз дош­танд, ки дар ин раванд мардуми сарбаланд ва далеру ғаюри шаҳри бостонии Кӯлоб мисли ҳарвақта ватандӯстона саҳм мегузоранд.

Зимни мулоқот раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, раиси шаҳри Кӯлоб Абдуқодир Вализода, директори Агентии захираҳои моддии давлатӣ Нурмаҳмад Аҳмадзода ва раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Рустам Назарзода оид ба рафти иҷрои корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ, бунёди манзилҳои истиқоматии сокинони аз офат зарардида, таъмини маҳсулоти озуқа ва масолеҳи сохтмонӣ ҳисобот доданд.

Супоришҳо ба роҳбарияти вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб оид ба бунёду таҷдиди роҳҳо, чароғонкунии хиёбонҳо, корҳои ободонию созандагӣ ва вусъати корҳои кишоварзӣ дода шуд.

Баъд аз суханронии Президенти мамлакат чанд тан сокинони шаҳри Кӯлоб баромад карда, ба Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷуҳу ғамхорӣ ва талошу ташаббусҳои созанда баҳри беҳдошти шароити зисти мардум изҳори сипос намуданд. Онҳо Сарвари давлатро бовар кунонданд, ки минбаъд низ дар рушду пешрафт ва ободию шукуфоии сарзамини аҷдодӣ бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Ҳукумати мамлакат талош хоҳанд кард.

16 июни соли 2021 Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Хатлон бо мақсади оғоз бахшидан ба фаъолияти бархе аз иншооти нав, шиносоӣ бо рафти ҷамъоварии ҳосилу гузаронидани кишти такрорӣ ва мулоқот бо фаъолон ба ноҳияи Данғара ташриф оварданд.

51250990594_fae3515d61_oСарвари давлат дар ноҳияи Данғара нахуст бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №59 — ро ифтитоҳ намуданд, ки аз ду қисм ва 4 ошёна иборат буда, масоҳати умумии қитъаи замини он наздики 2 гектарро дар бар мегирад. Он барои 1240 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.

Муассисаи нави таълимӣ дорои утоқҳои фаннии физика, кимиё, биология ва компютерӣ мебошад, ки бо 25 компютер, 24 ҷуфти мизу курсӣ ва таҷҳизоти лабораторӣ барои гузаронидани озмоишҳо таъмин гардидааст.

Дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» синфхонаҳои таълими меҳнат барои духтарон бо дастгоҳҳои адрасбофӣ, қолинбофӣ, мошинҳои дӯзандагӣ ва синфхонаҳои таълими меҳнат барои писарон бо асбобҳои дуредгарӣ, тахтабурӣ ва коркарди оҳан муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави муассисаи таълимиро дар доираи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат барои рушди соҳаи маориф муҳим арзёбӣ намуда, насли наврасро барои омӯзиши илмҳои замонавӣ ҳидоят карданд.

Барои баланд бардоштани қобилияти зеҳнии хонандагон муассиса дорои синф­хонаҳои шоҳмот, толори варзишии замонавӣ бо 100 ҷойи нишаст, ошхона барои 60 нафар, маҷлисгоҳ бо 150 ҷойи нишаст ва китобхона бо 20 ҷойи нишаст мебошад.

Дар бинои қаблии муассиса норасоии ҷойи нишаст барои хонандагон ва набудани шароити мусоид барои таълиму тарбияи насли наврас аз мушкилоти асосӣ ба ҳисоб мерафт. Мактаби куҳна ҳамагӣ 6 синфхона дошт. Сол ба сол зиёдшавии шумораи хонандагон дар маҳаллаи 11 деҳоти «Корез»-и ноҳияи Данғара ва бештар шудани талабот ба омӯзиш заруратро барои бунёди муассисаи таълимӣ тадриҷан дучанд менамуд. Ҳаминро ба назар гирифта, соли 2019 бунёди бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 59 бо ҷалби сармоя оғоз гардид.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарҳи бунёди бино баҳои баланд дода, омӯзгоронро барои истифодаи пурра аз имконият ва масъулиятшиносӣ ҷиҳати таълиму тарбияи наврасон вазифадор намуданд. Ҳамчунин, дар шафати бино майдончаи зебову замонавии варзишӣ ба истифода дода шудааст.

Бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 59 бо сохти меъмории замонавӣ бунёд ва дар саҳнаш гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шудааст.

Ҳамчунин, бо мақсади арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ дар саҳни муассиса дар баландии 17,5 метр парчам барафрохта шуда, гирду атрофи он бо сохти меъмории замонавӣ оро дода шудааст.

Бартарӣ додан ба истифодаи масолеҳи сохтмонӣ аз истеҳсолкунандагони ватанӣ, агар аз як ҷониб сифати беҳтари корро таъмин намуда бошад, аз ҷониби дигар дастгирии Ҳукумати мамлакат нисбат ба фаъолияти бахши хусусӣ дониста мешавад.

Ифтитоҳи бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 59 дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, имкон медиҳад, ки хонандагон дар шароити муосир донишҳои замонавиро аз бар намоянд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бинои нави шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Данғараро мавриди истифода қарор доданд.

Он бо тарҳи муосир ва нақшу нигори миллӣ сохта шуда, туҳфаи арзандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба истиқболи ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ барои кормандону мутахассисони ин ниҳод ба ҳисоб меравад.

Ба Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бинои маъмурӣ аз 5 ошёна, таҳхона, 25 утоқи корӣ, маҷлисгоҳ бо 68 ҷои нишаст, осорхона, ташхисгоҳ, китобхона, меҳмонхона, мавзеи зебо барои истироҳат ва машғулиятҳои варзиши сабук, инчунин, дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.

Корҳои сохтмонӣ дар он моҳи октябри соли 2018 оғоз шуда, фармоишгар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар рафти корҳои сохтмонӣ 70 коргару мутахассиси маҳаллӣ иштирок карда, он дар муҳлати пешбинишуда бо сифати баланд ба истифода дода шуд.

Аз рӯи тарҳ дар бинои замонавии шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Данғара утоқҳои барҳавои корӣ бо мизу курсиҳои замонавӣ ва таҷҳизоту дастгоҳҳои лозимаи соҳавӣ таъмин мебошад. Дар шуъба ташхисгоҳ, маҷлисгоҳ, гӯшаи олами ҳайвоноти нодир ва набототи Тоҷикистон, китобхона барои мутолиаи ашъору асарҳои илмию бадеӣ ва соҳавӣ бо шароити зарурӣ ва мутобиқ ба талаботи замони муосир мавҷуд аст.

Президенти мамлакат зимни шиносоӣ ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ҷиҳати роҳандозии тадбирҳои тарғиботӣ дар байни аҳолӣ барои тозагии муҳити атроф ва ҳифзи олами набототу ҳайвоноти нодири Тоҷикистон ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дар ҳамон ҷо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гӯшаи олами ҳайвоноту наботот ва имкониятҳои экологии Тоҷикистон, ки дар он  ҳайвоноти нодир ва парандаҳои зебо ба таври сунъӣ сохта шудааст, муаррифӣ гардид.

Дар китобхонаи шуъба гӯшаи Президент таъсис дода шуда, дар он асарҳои мондагори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, китобҳои тозанашри илмию бадеӣ, ки беш аз 2 ҳазор ададро дар бар мегиранд, ҷамъоварӣ гардидааст.

Дар ошёнаи 5-уми бинои шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Данғара бо мақсади истироҳату фароғати кормандон меҳмонхонаи замонавӣ ва толори васеъ барои гузаронидани чорабиниҳои байниидоравӣ бунёд ёфт, ки он шароити муосири хизматрасонӣ дорад. Утоқҳои меҳмонхона барҳаво ва бо тарҳи хеле зебо сохта шуда, бо шароити мусоид, аз ҷумла, рахти хоб, ҷевон, яхдон, телевизор ва мебелҳои замонавӣ таъмин мебошанд.

Қисми болои бино макони зебои тамошобоб ва истироҳат барои кормандону меҳмонон мебошад. Дар он ҷиҳати ташаккули тарзи ҳаёти солим ва машғулияти кормандон ба варзиши сабук шароити арзанда муҳайё карда шудааст, ки метавонанд дар вақтҳои фориғ аз кор ба намудҳои гуногуни варзиш машғул шаванд.

Дар доираи корҳои ободонӣ гирду атрофи бинои мазкур сафолакпӯш гардида, гулҳои рангоранги мавсимӣ ва зиёда аз 100 бех ниҳоли дарахтони ороишӣ шинонида шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти «Корез»-и ноҳияи Данғара муассисаи таълимии «Коллеҷи тиббӣҷтимоӣ»-ро ифтитоҳ намуда, бо шароити корию хизматрасонии он шинос шуданд.

Муассиса дар партави дастуру супоришҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи тантанаҳо ба истиқболи ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Фаррух Самизода бунёд гардида, дорои шароити мусоиди таълимӣ мебошад.

Масоҳати умумии замини муассиса 0,10 гектарро ташкил дода, бино аз 7 ошёна, таҳхона, 25 синфхонаи барҳавои таълимӣ, утоқҳои корӣ, китобхона, синфхонаи компютерӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад. Синфхона ва ҳуҷраҳои корӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ ва мизу курсиҳои наву замонавӣ таъмин мебошанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ аз шароити муосири муассисаи нави таълимӣ ва суҳбати самимӣ бо омӯзгорон таъкид намуданд, ки дар шароити пешрафти илму техника беҳтар намудани шароити хуби таълимӣ ва дар ин замина омода намудани мутахассисони касбӣ дар соҳаи тандурустии мамлакат муҳим мебошад ва дар ин самт аз ҷониби Ҳукумати мамлакат тадбирҳои зарурӣ марҳила ба марҳила амалӣ мегарданд.

Муассиса имкони қабули 720 донишҷӯро дар як баст дошта, дар он донишҷӯён аз рӯи 4 ихтисос, аз ҷумла, кори ҳамширагӣ, фармасевтӣ, момодоягӣ ва кори дандонсозӣ, омода карда мешаванд.

Аз рӯи тарҳ дар таҳхонаи Коллеҷи тиббӣ — иҷтимоии ноҳияи Данғара утоқҳои корӣ барои омӯзгорон, мудирони кафедраҳо ва дигар кормандон бо шароити мусоиди кор муҳайё гардидааст.

Дар ошёнаҳои якум ва дуюми бино синф­хонаҳои барҳавои дандонсозӣ, анатомия, ҳамширагӣ, фарматсевтӣ, синфхонаҳои компютерӣ, кимиё, китобхона ва дар ошёнаҳои дигар ҷиҳати дар шароити хуб таҳсил намудани донишҷӯён синфхонаҳои таълимӣ бо имкониятҳои муосири илмомӯзӣ бунёд гардидааст.

Дар ҳуҷраи дандонсозӣ  дастгоҳи муосир мавҷуд аст, ки тавассути он таҷрибаи илмию назариявӣ амалан иҷро мегардад.

Ҳуҷраҳои корӣ ва синфхонаҳои таълимии муассиса бо системаи гармидиҳӣ пайваст шуда, бино дар фасли зимистон бо гармӣ пурра таъмин мешавад.

Дар ҳамон ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои оғози корҳои сохтмонии бинои нави хобгоҳ барои 320 донишҷӯ санги асос гузош­танд. Аз рӯи тарҳ бинои хобгоҳ 9 ошёна сохта шуда, бо таҷҳизоти зарурӣ, аз ҷумла ҳуҷраҳои барҳаво, рахти хоб, ҷевон ва дигар дастгоҳу таҷҳизоти муҳим, таъмин карда мешавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкори ватанӣ Фаррух Самизодаро барои саҳм гузоштан дар тадбирҳои ободонӣ шоистаи таҳсин хонданд.

Гирду атрофи бино дар доираи тадбирҳои ободонӣ бо дарахтони сояафкан ва гулҳои рангоранги мавсимию ҳамешасабз оро дода шуда, намои шабонаи иншоот бо насби чароғакҳои равшанидиҳанда ба симои ноҳия зебоии дигар зам менамояд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғарғараи деҳоти «Корез»-и ноҳияи Данғара коргоҳи истеҳсоли макарон ва коркарди меваю сабзавоти Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Дар иншооти навбунёд 20 мутахассиси ватанӣ фаъолият намуда, нӯшоба, шарбат, мураббо, дар маҷмӯъ беш аз 14 намуд маҳсулот аз зардолу, шафтолу, олуча, себ, хурмо ва помидор истеҳсол мекунанд.

Инчунин, хатҳои технологӣ имконият медиҳад, ки аз ҳисоби захираҳои консентрати меваҳои ватанӣ ва бо ворид намудани консентрати мевагиҳои тропикӣ аз қабили апелсин, мандарин, манго ва дигар меваҳои ситрусӣ дар ҳама фасли сол истеҳсоли шарбатҳои гуногун ба роҳ монда шавад.

Ба хотири захираи маҳсулоти истеҳсолии корхона анборҳо бунёд шудааст, ки имкон медиҳад дар ҳама фасли сол маҳсулоти ҷавобгӯ ба талабот ва дорои сифати баланд пешниҳоди сокинон шавад.

Биноҳои истеҳсолӣ ва инфрасохтори он мутобиқ ба талаботи замони муосир бунёд карда шуда, дорои имконияти мусоиди кору фаъолият мебошад.

Зимнан, намоишгоҳи маҳсулоти истеҳсолшудаи коргоҳу корхонаҳои истеҳсолии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардид, ки дар он 14 намуд макарон, орд, консерваҳо, шарбату афшура, мураббо, маҳсулоти ширӣ, гандум, лӯбиёгиҳо, картошка, макка, мурғ, тухм ва сарулибоси низомӣ барои сарбозон пешниҳод шуд.

Ташкилу ба роҳ мондани фаъолияти коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ дар назди Агентӣ имкон медиҳад, ки солона беш аз 20 дарсади маблағи буҷет сарфа гардида, дар баробари бештар дастрас намудани маҳсулоти ғизоӣ, инчунин, сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ таъмин карда шаванд.

Мавриди зикр аст, ки айни замон дар Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 корхонаю хоҷагии ёрирасон, ки самти фаъолияташонро кишоварзию саноатӣ дар бар мегирад, амал менамояд.

Корхонаҳои назди Агентӣ дорои 97 ҳазору 195 гектар замин, аз ҷумла, 2280 гектар заминҳои корами обӣ, 984 гектар лалмӣ, 536 гектар боғу токзор, 58 919 гектар чарогоҳ, 5 гектар гармхонаи доимоамалкунанда мебошад.

Сарвари давлат зимни ифтитоҳи иншоот ва шиносоӣ бо маҳсулоти истеҳсолӣ масъулонро вазифадор намуданд, ки ба сифати коркарди маҳсулот таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, бо истифода аз имконоти мавҷуда ва дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди соҳаро таъмин созанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғарғараи деҳоти «Корез»-и ноҳияи Данғара бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ корхонаи истеҳсоли равғани Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Файзи Алӣ»-ро ба истифода доданд.

defaultИншоот аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Файзализода Сайфиддин дар доираи ­татбиқи ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати кишвар — саноатикунонии босуръати мамлакат бунёд шуда, иқтидори лоиҳавии он дар як шабонарӯз коркарди 25 тонна ашёи хом ва омода намудани 3,5 тонна равған мебошад.

Пас аз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаи зикршуда 30 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин шуданд.

Хати истеҳсоли равған аз дегҳои бухорӣ, сехи равғантозакунӣ, омода намудани қуттиҳои пластикӣ ва бастубанд иборат буда, равғани рустанӣ дар зарфҳои пластикии 1, 2, 3 ва 5 — литра ҷой карда мешавад.

Корхона бо мақсади таъмини талаботи сокинон бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва дорои сифати баланд таъсис ёфта, дар он аз зағир, рапс, офтобпараст, сиёҳдона ва чигит равған истеҳсол мешавад. Мувофиқи нақшаи пешбинишуда, ашёи хом барои истеҳсоли равғани ҷавобгӯи талабот дар асоси шартномаҳои ҳамкорӣ аз хоҷагиҳои кишоварзӣ дастрас мегардад.

Дастгоҳу таҷҳизоти корхона аз ширкатҳои бонуфузи Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Халқии Хитой ворид шудааст.

Баъд аз ифтитоҳи корхона Сарвари давлат дар намоишгоҳ бо маҳсулоти истеҳсолии корхона шинос гардид. Иттилоъ дода шуд, ки равғани дар корхона истеҳсолшуда сифати баланд дошта, бо маҳсулоти истеҳсоли корхонаҳои ватанию хориҷӣ рақобатпазир мебошад.

Таъкид кардан бамаврид аст, ки талаботи сокинони ҷумҳурӣ ба равғани рустанӣ дар як сол 126 ҳазор тонна буда, айни замон дар ҷумҳурӣ 41 корхонаи истеҳсоли равғани рустанӣ бо иқтидори 160 ҳазор тонна ­фаъолият менамояд.

Соҳибкори маҳаллӣ Файзализода Сайфиддин бо ҷонибдорӣ аз ташаббусу роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати саҳм гузоштан дар ободии гӯшаи Ватан иқдом гирифт, ки аз ҳисоби даромадҳои софи корхона иншооти муосири саноатӣ бунёд намуда, дар пешрафти соҳа ва таъмини сокинон бо ҷойи кор саҳм гузорад.

Дар ҳамон ҷо ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи бунёди корхонаи истеҳсоли маводи шустушӯӣ, хишти пухта, мебел, дару тирезаҳои плас­тикӣ, бетон, бинои коллеҷи тиббӣ, маркази саломатӣ, муассисаи таълимӣ, боғчаи кӯдакона ва биноҳои истиқоматии баланд­ошёна низ муаррифӣ карда шуд. Сарвари давлат бо гузоштани санги асос ба корҳои сохтмонӣ оғоз бахшиданд.

Корхонаи маводи шустушӯӣ дар назди корхонаи равғанбарорӣ сохта шуда, беш аз 12 намуд маҳсулот истеҳсол мекунад. Он бо иқтидори истеҳсоли 1,5 тонна маводи шустушӯӣ дар як шабонарӯз сохта мешавад.

Корхонаи истеҳсоли хишти пухта дар масоҳати 15 гектар бунёд гардида, иқтидори солонаи он ба 2 миллиону 500 ҳазор дона хишт баробар мебошад.

Дар корхонаи мебел ва дару тирезаҳои пластикӣ, тибқи лоиҳа, истеҳсоли миз, курсӣ, ҷевон, рахти хоб, дару тирезаҳои пластикӣ ва дигар ашёи зарурӣ ба роҳ монда мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки бунёди он имкон медиҳад, дар баробари таъмини бозори истеъмолӣ, 100 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шаванд.

Мувофиқи лоиҳа коллеҷи тиббӣ дуошёна буда, барои ба таълим фаро гирифтани 100 донишҷӯ ва маркази саломатӣ бо 20 кати хоб пешбинӣ шудааст.

Муассисаи таълимӣ барои дар ду баст ба таҳсил фаро гирифтани 1280 хонанда ва боғчаи кӯдакона барои 120 нафар бунёд карда мешавад.

Мавриди зикр аст, ки иншооти мазкур бе ҷалби маблағҳои буҷетӣ аз ҷониби соҳибкорон ва шахсони бонангу номуси ноҳия дар доираи ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат сохта мешавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи корхонаҳо ва шиносоӣ аз лоиҳаҳои нав иқдоми созандаи соҳибкорони ватаниро шоистаи таҳсин хонда, таъкид доштанд, ки бунёди чунин  иншоот имкон медиҳад, ки инфрасохтори ноҳия беҳтар гашта, сатҳи некуаҳволии мардум бо таъсиси ҷойҳои нави кор баланд бардошта шавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғиҷоваки деҳоти «Пушинг»-и ноҳияи Данғара муассисаи касбию иҷтимоии хусусии тиббӣ ва маркази барқарорсозии «Нури тиб»-ро ба истифода супориданд. Он аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Маҳмадова Бахтиниссо ба истиқболи ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бунёд карда шуда, аз таҳхона ва 6 ошёна иборат аст ва дар майдони 1,7 гектар замин бунёд шудааст.

Дар ошёнаи якуми бино нуқтаи қабули беморон, 3 ҳуҷраи озмоишгоҳ, ҳуҷраҳои ултрасадо, амрози даруна, ҷарроҳӣ, дандондармонӣ, доругузаронӣ, ҳуҷраи хатна, бемориҳои қалб, ҳуҷраи занона ва ҳуҷраҳои кории ҳамшираи калони тиб ҷойгир мебошад.

Ошёнаи дуюми бино аз ҳуҷраи таваллуд ва бемориҳои занона, ҳуҷраи навзодон, 2 ҳуҷраи баъди таваллуд, 7 кати хоб, ҳуҷраи ташхиси беморон ва ҳуҷраи доругузаронӣ иборат мебошад.

Дар ошёнаи сеюм ҳуҷраи ҷарроҳӣ, 2 ҳуҷраи баъд аз ҷарроҳӣ, ҳуҷраи доругузаронӣ, ҳуҷраи захмбандӣ, 6 ҳуҷра бо 12 кати хоб мавҷуд аст.

Ошёнаи чоруми бино барои беморони амрози даруна пешбинӣ шуда, аз ҳуҷраи табибон, ҳуҷраҳои доругузаронӣ, физиотерапевтӣ, 9 ҳуҷраи барои беморон бо 18 кати хоб ва ҷой барои истироҳати беморон иборат аст.

Ошёнаи панҷуми бино барои барқарорнамоии саломатӣ — физиотерапевтӣ махсус гардонида шудааст.

Дар ошёнаи шашум дар синфхонаҳои илмомӯзӣ, компютерӣ бо 15 компютер ва ҳуҷраи омӯзгорон бо фарогирии зиёда аз 150 донишҷӯ шароит фароҳам аст.

Дар таҳхонаи бино 3 ҳуҷраи бахшҳои ронандагӣ бо 40 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳои лойдармонӣ дар масоҳати 200 метри мураббаъ ҷойгир мебошад.

Илова бар ин, дар паҳлуи бинои асосӣ бинои 4 — ошёна сохта шудааст, ки дар ошёнаи якум ошхона, дорухона, ҳуҷраи гиёҳдармонӣ ва ҳуҷраи нозири минтақавӣ ҷойгир мебошад. Дар иншоот 60 ҷойи хоб барои омӯзгорон ва донишҷӯён мавҷуд аст.

Барои ба талаботи замон ҷавобгӯ гардонидани иншоот дастгоҳу таҷҳизоти муосири соҳавӣ дастрас шудааст.

Муассисаи касбию иҷтимоии хусусии тиббӣ ва маркази барқарорсозии «Нури тиб» дар доираи тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бе ҷалби маблағҳои буҷетӣ аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд ёфтааст.

Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он имкон медиҳад, ки ҷавонони деҳот ба таълиму тарбия ва касбомӯзӣ ҷалб карда шаванду сокинон бе харҷи зиёдатӣ дар маҳали зист ба табобат ва муолиҷа фаро гирифта шаванд.

Зимни ба истифода супоридани иншоот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми бунёдкоронаи соҳибкори ватаниро шоистаи таҳсин хонда, ба сифати корҳои сохтмонӣ, шаклу услуб ва дигар тадбирҳои анҷомёфта баҳои баланд доданд. Президенти мамлакат мутахассисони соҳаи тандурустиро барои дар сатҳи баланд ба аҳолӣ хизмати тиббӣ  расонидан дастур доданд.

16 июни соли 2021 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Данғара майдони Парчами давлатиро мавриди истифода қарор доданд, ки дар он барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Масоҳати умумии майдони Парчам 3 гектар буда, аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст бо ҷалби мутахассисони ватанӣ ва бо тарҳи муосир бунёд ёфтааст. Баландии сутунпояи он 70 метр, дарозии матоаш — 18 ва паҳноиаш 9 метрро ташкил медиҳад.

Роҳравҳои атрофи майдони Парчам дар масофаи беш аз 6 ҳазору 500 метри мураббаъ сафолакпӯш гардида, дар он 86 чароғи равшанидиҳанда насб шуда, барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон ва сайёҳон курсиҳои нишаст муҳайёст. Дар он ҷо як фаввораи чоркунҷашакли аз тариқи мусиқӣ фаъолияткунанда низ бунёд ёфтааст, ки дарозии он 12 ва паҳноияш 8 метр буда, дорои 96 нуқтаи обпошӣ мебошад. Инчунин, атрофи боғи Парчам бо 8 ҳазору 900 адад ниҳоли ҳамешасабзи арчаи навъи туя девор гирифта шуда, дар ҳудуди он зиёда аз 615 адад дигар намуди дарахтони ороишии нодир шинонида шудааст. Масоҳати сабзкоришудаи боғи Парчам 190 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Бо мақсади ҷалби ҳар чӣ бештари ҷавонону наврасон ба варзиш ва солимгардонӣ майдончаи бозии футбол ва бозии кӯдакон низ сохта шудааст. Масоҳати майдончаи варзишӣ 800 ва бозии кӯдакон 500 метри мураббаъро дар бар гирифта, дар он таҷҳизоти дилхушӣ насб гардидааст, ки барои истироҳату фароғати дӯстрӯякон мусоидат менамояд.

Ба хотири мунтазам об мондани ниҳолҳо ва гулу буттаҳои ороишӣ хатҳои об, обанбори захиравӣ дар ҳаҷми 50 метри мукааб ва се адад насоси обкашӣ низ насб гардидааст.

Майдони Парчами давлатӣ дар маркази ноҳияи Данғара барои сайругашти рӯзонаю шабонаи сокинону меҳмонон ва баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ — фароғатӣ бисёр мувофиқ мебошад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баробари ифтитоҳи иншоот, таъкид намуданд, ки дар маркази ноҳия қомат афрохтани Парчами давлатӣ нишони олии гиромидошт ва арҷгузорӣ ба арзишҳои волои давлатдорӣ буда, барои боз ҳам баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва ҳисси ватандӯстию ватанпарастии насли ҷавон ва дар маҷмӯъ, сокинони ноҳия, нақши муҳим мебозад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи маркази ноҳияи Данғара бинои Беморхонаи вилоятии бемориҳои сироятиро, ки бо тарҳи муосир бунёд шудааст, ба истифода доданд.

Он бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, аз 5 ошёна иборат аст.

Корҳои сохтмонӣ дар муддати кӯтоҳ бо заҳмати софдилонаи мутахассисону сохтмончиёни ватанӣ бо сифати баланд ва тибқи стандартҳои меъмории муосир анҷом ёфта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Тибқи лоиҳа, Беморхонаи вилоятии бемориҳои сироятӣ дорои 200 кат буда, барои ташхису табобат ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ шароиту имкониятҳои васеъ фароҳам аст.

Ошёнаи якуми беморхона 18 ҳуҷраи корӣ дошта, дар он шуъбаи қабул, ҳуҷраҳои функсионалӣ, шуъбаҳои эҳёгарӣ, ҷарроҳӣ ва паразитологӣ ҷойгир мебошанд. Дар ошёнаи дуюм 19 ҳуҷраи корию ташхисӣ, шуъбаҳои табобатӣ, кӯдакона, ки бо дастгоҳу таҷҳизоти пешрафтаи тиббӣ муҷаҳҳаз шудаанд, бунёд ёфтааст.

Бинои беморхонаи вилоятии бемориҳои сироятӣ дар ноҳияи Данғара бо дастуру супоришҳои бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи пандемияи COVID-19 бунёд гардида, барои сари вақт табобат кардани маризоне, ки ба бемориҳои гуногуни сироятӣ гирифтор мешаванд, шароит фароҳам омад.

Ошёнаи чоруми беморхона аз 29 ҳуҷра иборат буда, дар он бемориҳои зардпарвин ва касалиҳои сироятии махсусан хавфнок табобат карда мешаванд. Дар маҷмӯъ, беморхонаи вилоятии бемориҳои сироятӣ дорои қариб 120 ҳуҷра барои беморон мебошад.

Дар асоси лоиҳа дар ошёнаи панҷум кафедраи бемориҳои сироятии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҷойгир буда, бо дастгоҳу лавозимоти таҳсил таъмин мебошад. Дар беморхона табибони соҳибтаҷриба ба кор ҷалб шуда, донишу таҷрибаи андӯхтаро самаранок истифода мебаранд ва беморонро сари вақт табобат мекунанд. Оянда дар ин беморхона табибони ҷавони лаёқатманд аз ҳисоби хатмкунандагони Донишгоҳи давлатии Хатлон ба кор ҷалб карда мешаванд.

Ҳангоми боздиди Пешвои миллат аз беморхона, табибон ба ­Роҳбари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхориҳои ҳамешагиашон нисбат ба кормандони соҳаи тиб, махсусан дар шароити пандемияи ҷаҳонӣ, изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз табибон даъват ба амал оварданд, ки ҳангоми фаъолият бо беморон, пеш аз ҳама, хушмуомила бошанд, зеро бемор бештар аз дигарон ба муомила ва сухани хуб муҳтоҷ аст, яъне, табиб ҳам бо дорую дармон ва ҳам бо рафтору гуфтор беморро муолиҷа ва табобат мекунад.

Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани беморхонаи махсусгардонидашудаи сироятӣ дар оянда кори табибонро ҷиҳати пешгирӣ, муоина ва муолиҷаи маризиҳои хавфноки сироятӣ боз ҳам босамар хоҳанд кард.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Файзбахши деҳоти «Оқсу»-и ноҳияи Данғара бинои Маркази таъминот ва ташхиси бехатарии Кумитаи озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд.

Он аз 4 шуъба — бактериологӣ, серология, фитосанитарӣ, карантинӣ ва тухмӣ иборат мебошад. Утоқҳои корӣ ва ҳуҷраҳои ёрирасон бо компютер ва дигар лавозимоти зарурӣ таъмин гардидаанд, ки барои беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти мутахассисони марказ мусоидат менамояд.

Бунёди иншоот моҳи марти соли 2019 оғоз ёфта, барои иҷрои корҳои сохтмонӣ қариб 40 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори мавсимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд. Фармоишгари бинои Маркази таъминот ва ташхиси бехатарӣ Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, он бо тарҳи муосир ва сифати баланд сохта шудааст.

Мувофиқи лоиҳа бинои нав аз таҳхона ва 5 ошёна иборат буда, бо тарҳи нав ва унсурҳои миллии шаҳрсозӣ бунёд гардидааст.

Бинои нав ва озмоишгоҳҳои замонавии он бо технологияи пешрафтаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла дастгоҳу таҷҳизоти муосири ташхисӣ муҷаҳҳаз гардонда шудааст. Мутахассисон ҳама гуна маҳсулоти хӯроквориро сари вақт аз ташхис гузаронида, дар бораи таркиб ва бехатарии он хулоса пешниҳод менамоянд.

Дар ошёнаи якуми бино маркази ташхиси бехатарии озуқаворӣ ва озмоишгоҳҳо, утоқҳои корӣ ва маъмурият, дар ошёнаҳои дуюму сеюм ва дар ошёнаи панҷум меҳмонхона барои қабули қариб 10 нафар ҷойгир мебошад. Бинои марказ дорои ду толори замонавии маҷлисгоҳ бо 100 ҷойи нишаст мебошад. Ошхона дар таҳхонаи бинои навбунёд ҷойгир буда, 50 ҷойи нишаст дорад.

Дар Маркази таъминот ва ташхиси бехатарии ноҳияи Данғара беш аз 50 мутахассиси соҳибмаълумот фаъолият менамоянд ва бо мақсади таъмини бехатарии маҳсулоти истеъмолӣ ва ҳифзи солимии шаҳрвандон ҳар рӯз таркиби маҳсулоти гӯштӣ, ширӣ, меваю сабзавот ва хӯрокаро месанҷанд. Дар озмоишгоҳҳои Маркази таъминот ва ташхиси бехатарии озуқаворӣ, ҳамчунин, тухмиҳои зироати кишоварзӣ ва рустаниҳо санҷида мешаванд.

Бинои Маркази таъминот ва ташхиси бехатарии Кумитаи озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ ба шароити муҳайёгардида дар бинои нав ва сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ҳангоми суҳбат бо кормандон таваҷҷуҳи онҳоро ба таъмини амнияти озуқаворӣ, назорати доимӣ ва бехатарии маҳсулоти истеъмолӣ, ки шарти муҳими солимии мардум ба ҳисоб меравад, ҷалб намуда, барои беҳтару хубтар ба роҳ мондани фаъолият дар оянда дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Тибқи лоиҳа, роҳравҳои атрофи бино дар доираи тадбирҳои созандагию бунёдкорӣ пурра сафолакпӯш гардида, ҳамчунин, дар саҳни он зиёда аз 3000 адад гулу буттаҳо ва бештар аз 100 бех дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонда шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи аввали лоиҳаи хатти оби нӯшокии деҳаи Боғпарвари деҳоти «Оқсу» — и ноҳияи Данғараро мавриди истифода қарор доданд.

Дар деҳаи Боғпарвар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тоб додани ҷумак ба фаъолияти марҳилаи аввали шабакаи обрасонӣ оғоз бахшиданд.

Дар марҳилаи аввали иншоот, ки дар доираи татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028» бо дастури Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» амалӣ шуд, 7 ҳазору 240 нафар аҳолии деҳаҳои Боғпарвар, Чаманистон ва Баҳори ноҳияи Данғара бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин гардиданд.

Об аз канали калони дуюми Данғара тариқи насосҳои махсус аввал ба ду ҳавзи ғунҷоишашон 250 метри мукааб ворид гардида, пас аз безараргардонӣ ба ҳавзи ғунҷоиши 500 метри мукааб интиқол ёфта, баъдан ба аҳолӣ тақсим мегардад.

Масофаи хатти оби нӯшокӣ 1 километру 400 метр буда, тариқи ду қубури обгузари қутрашон 160 миллиметр оварда шуд.

Дар марҳилаи аввал барои анҷоми корҳои сохтмонӣ, аз қабили бунёди чоҳҳои амудӣ, ҳавзҳои захираи об, васлу насби таҷҳизот ва қубурҳои қутрашон гуногун 3 миллиону 600 ҳазор сомонӣ харҷ шудааст. Инчунин, барои фаъолияти муназзами ин шабакаи муосири обрасонӣ трансформатори тавоноиаш 250 киловолт-ампер насб карда шуд.

Корҳои сохтмонии лоиҳа моҳи феврали соли равон дар доираи эълон гардидани солҳои 2019 — 2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» оғоз гардида, дар муҳлати муайяншуда бо сатҳу сифати баланд анҷом ёфт.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳу сифати корҳои анҷомёфта изҳори қаноатмандӣ намуда, ба масъулон дар хусуси сифатнок анҷом додани корҳои сохтмонӣ дар марҳилаи дуюм ва кашидани хатти оби нӯшокӣ дастуру маслиҳатҳо доданд.

Аз рӯйи маълумоти масъулини КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», дар марҳилаи дуюми лоиҳа тибқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат бо насби 2 насоси обкаш зиёда аз 9 ҳазору 300 нафар сокини деҳоти «Оқсу»-и ноҳияи Данғара бо оби ошомидании босифат таъмин хоҳанд гашт.

Барои татбиқи лоиҳаи хатти оби нӯшокии деҳаи Боғпарвари деҳоти «Оқсу» — и ноҳияи Данғара, ки дар маҷмӯъ, ду марҳиларо дар бар мегирад, зиёда аз 555 миллион сомонӣ сарф шуда ва солҳои наздик мушкилоти норасоии оби нӯшокӣ дар деҳот бартараф мегардад.

Бо татбиқи пурраи лоиҳа маҷмӯан ду ҳавзи калони захираи об ва дигар иншооти зарурӣ бунёд гардида, наздики 20 ҳазор сокинони маҳаллаҳои Оқсу бо оби тозаи нӯшокии аз лиҳози экологӣ тоза таъмин карда мешаванд.

Инчунин, аз ҷониби КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ба масофаи 1 километр роҳи деҳаи Боғпарвар мумфарш карда шуд. Сокинони деҳоти «Оқсу»- и ноҳияи Данғара иқдоми мазкурро туҳфаи арзишманди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи таҷлили ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ маънидод карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Баҳори деҳоти «Оқсу»-и ­ноҳияи Данғара боғи фарҳангӣ — фароғатии «Симурғ»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Салимов Ромиш дар масоҳати 7 гектар бунёд шудааст.

Дар он ду майдончаи варзишӣ барои футбол, волейбол, теннис, майдончаи бозии кӯдакон ва наврасон, маркази ҷавонон, қаҳвахона, ошхона бо 60 ҷойи нишаст, ҳавзҳои шиноварӣ барои наврасону калонсолон, ҳавзи моҳипарварӣ ва барои доир намудани барномаҳои фарҳангӣ нуқтаи махсус сохта шуда, баҳри истироҳату фароғати кӯдакон 12 атраксиони замонавӣ насб гардидааст.

Иншооти мазкур аз ҷониби мутахассисони ватанӣ бунёд гардида,  дохили боғи фарҳангӣ — фароғатӣ пурра сабзазор ва барои хуррамгардонӣ 11 ҳазор бех ниҳоли нодири сояафкану ороишӣ ва гулу буттаҳо шинонида шудааст. Нигоҳубини ниҳол ва гулу буттаҳо ба таври муосир обрасонӣ гардида, роҳравҳои боғи нав бо санъати баланди меъморӣ низ сафолакпӯш гардидааст.

Боғро 18 фаввораи хурду бузург, ки бо шаклу услуби хоси меъморӣ бунёд шудааст, зинат мебахшанд.

Ҳамчунин, дар дохили боғ композитсияҳои бадеӣ-ҳайкалҳои палангу уштур, гавазну оҳу, санҷоб, кабк, товус ва дигар ҳайвоноту парандагон насб карда шудааст. Муҷассамаи қаҳрамонони филмҳои тасвирӣ, кӯзаву хумҳои сафолини бо гулу буттаҳои нодир ороёфта ҳусни боғро дучанд зебо намудааст. Гирду атрофи иншооти нав пурра панҷарапӯш гардида, даромадгоҳи он низ бо санъати баланди меъморӣ оро дода шудааст.

Иншооти нави замонавӣ бе ҷалби маблағҳои буҷетӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ дар доираи ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бунёд шуда, баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он 60 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гаштанд.

Баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор додани иншооти фарҳангӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ятимони кулл аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон мулоқот намуда, ба онҳо сарулибоси мактабӣ, мукофоти пулӣ ва ширинӣ тақдим намуданд.

Даҳҳо нафар ятим аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз сиёсати ғамхорона ва падаронаи Пешвои миллат баҳравар гаштанд.

Зимни мулоқот Сарвари давлат таъкид доштанд, ки қишри ниёзманди ҷомеа ҳамеша зери таваҷҷуҳи Давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дошта, барои дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ба воя расидани онҳо ҳама шароит муҳайё мебошад.

Ҷавобан ба ғамхориҳои роҳбарияти Давлат ва Ҳукумати мамлакат аз онҳо талаб карда шуд, ки илмҳои замони муосирро аз бар намуда, номбардори Ватану диёр бошанд.

17 июни соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии деҳқонии «Ҳусайнӣ»-и деҳоти ­«Лолазор»-и ноҳияи Данғара намоишгоҳи хоҷагидорону кишоварзони вилояти Хатлонро аз назар гузарониданд.

Мавриди зикр аст, ки то 1 июни соли равон дар вилоят 58195 тонна ғалладонагӣ, 294844 тонна сабзавот, 34954 тонна картошка, 3111 тонна полезӣ, 10746 тонна меваҷот ва 1998 ҳазор бех ниҳолу кӯчат ва парварда истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан истеҳсоли ғалладонагиҳо 102,9 фоиз, сабзавот — 116,4, картошка — 109,2, полезӣ — 137,5 ва меваҷот 114,4 фоизро ташкил медиҳад.

Ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар соҳаи чорвопарварӣ дар панҷ моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли гӯшт 30,5 ҳазор тонна, шир — 114,5 ҳазор, пашм — 2502, пилла — 201,2, асал — 23,2, моҳӣ 483,1 тонна ва тухм 38 миллион донаро ташкил дода, афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз 1,2 то 6 фоизро дар бар мегирад.

Бо мақсади таъмини бозори истеъмолии вилоят ва дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат то 1 июни соли равон дар майдони зиёда аз 314,5 ҳазор гектар кишти зироати кишоварзӣ, аз ҷумла 128,2 ҳазор гектар ғалладонагӣ, 132 ҳазор гектар зироати техникӣ, аз ҷумла 123 ҳазор гектар пахта, 20,7 ҳазор гектар сабзавот, аз он 10,4 гектар пиёз, 12,3 ҳазор гектар полезӣ, 6160 гектар картошка ва 10,7 ҳазор гектар зироати хӯроки чорво гузаронида шудааст, ки дар маҷмӯъ, нисбат ба дурнамо 101 фоиз ва нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 1149 гектар зиёд мебошад.

Ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷамъоварии ғалладонагиҳо идома дошта, то 1 июни соли ҷорӣ аз 128 150 гектар ғалладонагиҳо 15 397 гектар дарав гардида, 4959 тонна ҳосил ҷамъоварӣ шудааст.

Новобаста ба натиҷаҳои бадастомада Сарвари давлат хоҷагидорон ва масъулони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлонро барои афзоиш додани ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини фаровонҳосилӣ, зиёд намудани содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар, гирифтани ду — се ҳосил аз як қитъа, зиёд намудани майдони кишт ва кишти такрорӣ дастурҳои махсус доданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара, инчунин, бо роҳбарону фаъолон ва сокинони вилояти Хатлон мулоқот карданд.

Ҳадафи мулоқотро Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳлили вазъи корҳо дар вилоят, аз ҷумла рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати кишвар ва раванди ободкориву созандагӣ, яъне омодагӣ ба ҷашни бузурги 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, маънидод карданд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аз вусъати корҳои бузурги ободониву созандагии мардуми заҳматкаши вилояти Хатлон ба ифтихори ҷашни муқаддаси миллӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки тибқи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба муносибати ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ дар вилоят то ҳол 6960 иншооту бино сохта, ба истифода дода шудааст, ки дар заминаи онҳо 8900 ҷойи нави доимии кор ва 21000 ҷойи кори мавсимӣ таъсис гардидааст. Иҷрои нақшаи зикршуда дар вилоят беш аз 91 фоиз таъмин гардида, дар иншооти боқимонда корҳо бомаром идома доранд.

Барои таъмини пурраи нақша роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор шуданд, ки якҷо бо вазорату идораҳо, соҳибкорон ва аҳолӣ иҷрои корҳои ободониву бунёдкориро тибқи нақшаи тасдиқшуда ва бо сифати баланд таъмин намоянд.

Мавриди зикр аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ барои таъмин намудани рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти вилоят ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ аз ҳисоби ҳама сарчашма беш аз 51 миллиард сомонӣ равона карда шудааст. Ҳоло татбиқи «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2021 — 2025» идома дорад, ки дар доираи он амалисозии 345 лоиҳа ба маблағи умумии 7,4 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

То ба ҳол дар вилоят 80 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи қариб 15 миллиард сомонӣ  амалӣ шудааст. Ҳоло дар вилоят татбиқи боз 36 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ идома дошта, дар доираи онҳо зиёда аз 5,2 миллиард сомонӣ аз худ гардидааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои онро вазифадор карданд, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои марбута ва сармоягузорони ватаниву хориҷӣ татбиқи сифатноки барномаву лоиҳаҳои пешбинишударо дар муҳлатҳои муайянгардида таъмин намоянд.

Роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва масъулини соҳаҳо вазифадор шуданд, ки камбудиҳои ҷойдоштаро дар самти иҷрои буҷет сари вақт бартараф намуда, барои рушди бомароми соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, иҷрои нақшаи андоз, афзоиши даромади буҷет ва баланд бардоштани шаффофияту самаранокии хароҷоти он тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Дастурҳо, ҳамчунин, ҷиҳати кам кардани хароҷоти дуюмдараҷа, коҳиш додани ҳаҷми бақияпулиҳои андоз ва қарзи корхонаҳо, идораи босамари амволи давлатӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармояи мустақим, бунёди корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ, афзоиш додани ҳаҷми содирот ва ба ин васила зиёд намудани ҳаҷми воридоти маблағ ба буҷет, инчунин, пардохти саривақтии музди меҳнат ва нафақа дода шуд.

Тайи чор моҳи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби низоми бонкӣ дар вилоят 849 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 236 миллион сомонӣ ё қариб 37 фоиз зиёд мебошад.

Сарвари давлат вобаста ба нокифоя будани ҳаҷми корҳо дар ин самт Бонки миллӣ ва дигар ташкилотҳои қарзиро вазифадор карданд, ки барои зиёд намудани ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳаҳои иқтисодиёти вилоят, алалхусус, ба бахши истеҳсолӣ, тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Вобаста ба нишондиҳандаҳои воқеии соҳаи саноати вилоят ва барои таъмин намудани ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар Сарвари давлат аз роҳбарону масъу­лини соҳа, раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо андешидани чораҳои қатъӣ ва фавриро талаб карданд.

Ба роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳои он, Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бори дигар супориш дода шуд, ки ҷиҳати барқарор намудани фаъолияти корхонаҳои азкорбозмонда, таъсиси корхонаҳои нав, то маҳсулоти ниҳоӣ коркард намудани ашёи хоми маҳаллӣ, барои татбиқи ин ҳадаф боз ҳам бештар ҷалб кардани соҳибкорон ва сармояи мустақими ватаниву хориҷӣ, дар ин замина бамаротиб афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва таъсис додани ҷойҳои нави кор чораҳои фаврӣ андешанд.

Инчунин, Вазорати энергетика ва захираҳои об, дигар сохторҳои марбутаи соҳа, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор шуданд, ки барои истеҳсоли неруи барқ, кам кардани талафот ва истифодаи самараноку сарфакоронаи он, инчунин, пурра ҷамъоварӣ намудани маблағи барқи истифодашуда чораҷӯӣ намоянд.

Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бо мақсади фароҳам сохтани шароити мусоид барои рушди соҳибкориву сармоягузорӣ, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, воридоти техникаву технологияҳои нав ва ташкили ҷойҳои нави кор дар вилоят се минтақаи озоди иқтисодӣ – «Панҷ», «Данғара» ва «Кӯлоб» таъсис дода шудааст, ки метавонанд барои баланд бардоштани иқтидори саноатии вилоят саҳми арзанда гузоранд. Вале имкониятҳои онҳо то ҳанӯз пурра истифода нашуда истодаанд, ки ташвишовар мебошад.

Вобаста ба ин, Вазорати рушди иқтисод ва савдо якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон вазифадор гардиданд, ки бунёди инфрасохтори зарурии минтақаҳои озоди иқтисодиро ба анҷом расонида, ҷалби сармояи дохиливу хориҷиро барои ташкили фаъолияти истеҳсолӣ дар онҳо, аз ҷумла таъсиси корхонаҳои саноатии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоту технологияҳои муосир ва фароҳам овардани ҷойҳои нави кор, вусъат бахшанд.

Сарвари давлат ба роҳбарону мутахассисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он доир ба истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, аз заминҳои обӣ рӯёнидани се — чор ҳосил, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, коркарди он ва содирот ба хориҷи кишвар, супориш доданд, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва бо истифодаи захираву имкониятҳо корро дар ин самт ҷоннок намоянд.

Роҳбарону масъулини вилоят вазифадор шуданд, ки барои ташкили фермаҳои чорводорию парандапарварӣ, хоҷагиҳои моҳипарварӣ, хушзоткунии чорво, истеҳсол ва захира намудани хӯроки чорво ва таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати соҳа тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

Роҳбарони вилоят, Вазорати кишоварзӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш гирифтанд, ки барои беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳо ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда тадбирҳои фаврӣ андешида, истифодабарии самараноки заминҳо ва шабакаҳои обёриро ҳар чӣ зудтар таъмин намоянд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон баъди таҳлили вазъи соҳаҳои иҷтимоӣ, роҳбарону масъулини соҳаро вазифадор карданд, ки барои татбиқи босифати барномаҳои қабулшуда, тадбирҳои зарурӣ андешида, доир ба ҳолати воқеии корҳо то охири соли 2021 ба Дастгоҳи иҷроияи Президент гузориш пешниҳод намоянд.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки ҳадафи асосиву ягонаи Давлат ва Ҳукумати мамлакат таъмин намудани рушду тараққиёти кишвар, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, зина ба зина беҳтар кардани шароити зиндагии аҳолӣ ва дар ояндаи наздик боз ҳам ободу зебо гардонидани ҳар як гӯшаву канори он мебошад.

Бинобар ин, Сарвари давлат бо итминон иброз доштанд, ки мардуми ватандӯст, бонангу номус ва матиниродаи вилояти Хатлон, хусусан, бо дарназардошти вазъи бисёр мураккабу ҳассоси ҷаҳони ҳозира минбаъд низ дар ҳифзи даст­овардҳои таърихии халқ, ҳимояи манфиатҳои давлату миллат бо ҳисси баланди милливу хештаншиносӣ ҳушёру омода хоҳанд буд ва бо заҳмати содиқонаву софдилона, махсусан, дар арафаи сисолагии Истиқлолияти давлатӣ Ватанро боз ҳам ободу пешрафта хоҳанд гардонид.

Сипас, раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ва раисони як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо то 1 июни соли 2021 ба Сарвари давлат ҳисобот доданд.

Президенти кишвар муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти «Лолазор»-и ноҳияи Данғара «Обанбори оби нӯшокии Офтобрӯя»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо гардиш додани мурвати шоҳқубури асосӣ ба таъминоти аҳолии деҳаҳои Остона, Осмондара ва Оламафрӯз бо оби нӯшокӣ оғоз бахшиданд.

Оби нӯшокӣ худҷорӣ буда, аз масофаи 1300 метр тавассути қубури полиэтилении қутраш 200 — миллиметра ба обанбор интиқол меёбад.  Бояд гуфт, ки лоиҳаи таъминоти оби нӯшокӣ дар ду марҳила амалӣ мешавад.

Марҳилаи аввал деҳаи Остонаро дар бар гирифта, аллакай пурра татбиқ гардид. Марҳилаи баъдӣ деҳаҳои Осмондара ва Оламафрӯзи ноҳияи Данғараро фаро мегирад, ки бо татбиқ шудани он сокинони деҳот бо оби тоза таъмин хоҳанд шуд. Дар маҷмӯъ, дар деҳаҳои Остона, Осмондара ва Оламафрӯз 8 ҳазору 470 нафар зиндагӣ мекунанд. Дар доираи амалишавии марҳилаи аввали лоиҳаи таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ аз «Обанбори оби нӯшокии Офтобрӯя» то деҳаи Остона 7 километр хати асосии оби худҷорӣ ва дар шафати кӯчаҳо, дохили бинову иншооти соҳаи маорифу тандурустӣ ва варзишу хизматрасонии деҳа 3,5 километр хати оби тоза кашида шуда, дар умум масофаи хати оби нӯшокӣ 10,5 километрро ташкил медиҳад.

Маврид ба ёдоварист, ки иқдоми беназири Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи татбиқи барномаҳои Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии 911 хоҷагӣ дар деҳоти кӯҳсори ноҳияи Данғара амалӣ карда шуд. Обанбор дорои биноҳои безараргардонӣ ва такшинкунонии оби нӯшокӣ буда, бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири соҳавӣ ва масолеҳи зарурӣ таъмин мебошад. Иншоот дар масоҳати 0,8 гектар дар мавзеи хушбоду ҳаво бунёд гардидааст. Иқтидори ғунҷоиши об дар обанбор 500 мукааб буда, таъминоти об бо усули худҷорӣ ба минтақаи аҳолинишин интиқол меёбад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулони соҳаро вазифадор карданд, ки пайваста дар беҳтар гардонидани сатҳи обрасонӣ ба аҳолии деҳот тадбирҳои бетаъхир андешанд ва дар ин радиф корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба истифодаи сарфакоронаи об дар байни сокинон низ тақвият дода шавад.

Бояд тазаккур дод, ки «Обанбори оби нӯшокии Офтобрӯя» дар доираи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара ба истиқболи сазовори 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз ҷониби КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии Сарраёсати «Тоҷикобдеҳот» бунёд шуда, ба ин восита мушкилии чандинсолаи сокинони маҳаллаи Остонаи деҳоти «Лолазор»-и ноҳияи Данғара дар самти таъминоти оби нӯшокӣ ҳал гардид.

Марҳила ба марҳила ҳаллу фасли масъалаҳои марбут ба таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ дар мамлакат зери таваҷҷуҳи бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, тайи солҳои охир дар ин самт бо татбиқи барнома ва нақшаҳои ҳадафманд тадбирҳои муҳим бомаром амалӣ гардида истодааст. Дар баробари таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, ҳамчунин, то обанбор ба масофаи 1200 метр роҳ мумфарш гардида, барои сокинони маҳаллаҳои атроф шароити арзандаи рафтуомад фароҳам оварда шуд. Бо мақсади сабзу хуррамгардонӣ дар дохил ва беруни иншоот гулу буттаҳои рангоранги мавсимӣ ва дарахтони ҳамешасабзу сояафкан шинонда шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба деҳаи Нурбахши деҳоти ­«Лолазор»-и ноҳияи Данғара ташриф оварда, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 25-ро ифтитоҳ намуданд.

51252063977_9e14547315_oДар саҳни муассисаи навбунёди таълимӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро хонандагону омӯзгорони боргоҳи илму маърифат гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Мавриди зикр аст, ки муассисаи нави таълимӣ дар партави сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати фароҳам овардани шароити арзандаи таълим барои насли наврас бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ сохта шудааст.

Бинои мактаб аз ду ошёна иборат буда, барои 1240 ҷойи нишаст дар ду баст бунёд гардид. Он аз 27 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла кабинетҳои фаннии химия, физика, математика, биология, астраномия, табиатшиносӣ, синфхонаҳои таълими меҳнат, омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ, синфхонаи компютерӣ, китобхона, утоқҳои корӣ барои омӯзгорон ва кормандон, инчунин ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ ва шароити фароҳамшуда дар мактаб баҳои баланд  доданд. Бояд тазаккур дод, ки сохтмони муассисаи таълимӣ моҳи марти соли 2019 оғоз гардида, корҳои бунёдӣ бо ҷалби мутахассисони маҳаллӣ дар фурсати муқарраршуда бо сифати баланд ба анҷом расидааст. Дар ошёнаи якуми бинои муассиса ошхона мавҷуд аст, ки барои 50 ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст. Ҳамчунин, барои ба варзиш ҷалб намудани наврасон толори барҳавову муосири варзишӣ бо 100 ҷойи нишаст сохта шудааст, ки дар он асосан, бозиҳои волейбол, баскетбол ва дигар намудҳои варзиш гузаронда мешаванд. Бо мақсади баргузор намудани ҷамъомаду чорабиниҳои гуногуни оммавию фарҳангӣ дар ошёнаи дуюми муассисаи таълимӣ толори барҳавои маҷлис бо 150 ҷойи нишаст мавҷуд аст, ки он бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо омӯзгорону хонандагон суҳбати самимӣ орос­та, ба истифода додани муассисаи таълимии замонавиро туҳфаи арзишманди Ҳукумати мамлакат ба истиқболи сазовори ҷашни пуршукӯҳи таърихӣ — 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, барои сокинони шарафманду меҳнатқарини деҳоти «Лолазор» арзёбӣ намуданд.

Президенти мамлакат таъкид карданд, ки аз шароити муҳайёгардида омӯзгорону хонандагон босамар истифода намуда, ба омӯзиши барномаҳои таълимӣ, хусусан фанҳои дақиқ, кор бо техникаю ­технологияи муосир ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар доираи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар солҳои 2020 — 2040 диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Омӯзгорону хонандагон бунёди муассисаи нави таълимиро ташаб­буси ибратомӯз ва ғамхориҳои пайвастаи Президенти кишвар нисбат ба соҳаи илму маориф арзёбӣ намуданд. Дар шафати бинои асосии мактаб бинои алоҳидаи дуошёна бо 7 синфхона бунёд гардидааст, ки асосан барои гурӯҳҳои ибтидоӣ пешбинӣ шудааст. Дар он имкон аст, ки дар ду баст 336 нафар хонандаи синфҳои 1 — 4 ба таҳсил фаро гирифта шаванд. Синфхонаҳо бо мизу курсӣ ва дигар аёнияти таълимӣ муҷаҳҳаз мебошанд. Синфхонаҳо, ҳуҷраҳои корӣ ва долонҳои муассисаи нави таълимӣ ба шабакаи гармидиҳӣ, ки тариқи ангиштсанг фаъолият мекунанд, пайваст гардидаанд.

Масоҳати умумии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 25-ум 3,2 гектар буда, дар он майдони варзишӣ ва дигар иншооти ёрирасон низ мавҷуд аст. Ҳудуди иншоот сабзкорӣ ва чароғон шуда, зебою назаррабо мебошад.

Бо мақсади таъмини шароити арзандаи таҳсил барои хонандагон ва ба ин восита рушди соҳаи илму маориф  дар ноҳияи Данғара чун дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чораҳои саривақтӣ амалӣ карда мешаванд.

Танҳо дар деҳоти «Лолазор» 13 муассисаи таълимӣ мавҷуд буда, дар онҳо 5 ҳазору 320 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ба иттилои масъулон, дар маҷмӯъ, дар ноҳияи Данғара 80 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 4 муассисаи таълимии томактабӣ амал мекунад. Литсейи тамоюли техникӣ ба номи Афлотун, Мактаби президентӣ  барои кӯдакони болаёқат ва Гимназияи ҷумҳуриявӣ аз зумраи муассисаҳои таълимие мебошанд, ки раванди таълим дар мактабҳои типи нав ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ карда шудааст. Шумораи умумии хонандагон дар муассисаҳои таълимии ноҳия 40 ҳазору 816 нафар буда, ба онҳо 2 ҳазору 123 нафар омӯзгор дарс мегӯянд, ки 960 нафарашонро занону бонувон ташкил медиҳанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи таълимгоҳи нави замонавиро ба омӯзгорону хонандагон табрику  таҳният гуфта, аз фароҳам шудани шароити арзандаи илмомӯзӣ  масъулонро барои тарбияи насли ояндаи миллат дар рӯҳияи баланди ифтихори миллӣ ҳидоят карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо агротехникаи парвариши зироат ва рафти ҷамъоварии ҳосил дар Кооперативи истеҳсолии «Сомонҷон» шинос шуданд.

defaultБоғдорӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти кишоварзони хоҷагиро ташкил намуда, меҳнаткашон баъди омӯзишу мукаммалсозии таҷрибаи илмию амалӣ асосан майдони навъҳои ниҳоли дарахтони меваҳояш содиротиро васеъ мекунанд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти хоҷагидорон дар самти риояи агротехникаи парвариши дарахтон баҳои баланд дода, меҳнаткашонро барои беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосил вазифадор карданд.

Кооперативи истеҳсолии «Сомонҷон», дар баробари пешниҳод ба бозорҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат, имсол зиёда аз 15 тонна гелос ва олу ба хориҷи кишвар содирот намуд. Инчунин, бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда майдони боғҳои типи нав васеъ гардида, аз ҳисоби ниҳоли дарахтони себ, нок, чормағз, бодом ва нок дар майдони 50 гектар боғи интенсивӣ бунёд карда шуд.

Таҷрибаи хоҷагидорон нишон дод, ки истифодаи байни қаторҳои боғ беҳтарин имконият барои афзун гардонидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, таъмин кардани бозор бо маҳсулоти ғизоӣ ва гирифтани самараи бештар аз замин ба ҳисоб меравад.

Бо истифода аз иқлими мусоид соли равон меҳнаткашони кооператив, ҳамчунин,  дар майдони 300 гектар кишти полезӣ гузарониданд, ки айни замон ҳосили ҷамъоваришуда ба бозорҳои шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ пешниҳод шуда истодааст.

Ҳоло ҷамъоварии хӯроки дурушти чорво идома дошта, талош ба он равона карда шудааст, ки он ҳар чӣ бештар захира карда шавад.

Дар майдонҳои холишуда бошад, сари вақт кишти такрорӣ гузаронида мешавад. Зеро таъмини истифодаи самараноки замин, аз як қитъа гирифтани 3 — 4 ҳосил ва якдилона меҳнат кардан барои расидан ба таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҳадафҳои асосии меҳнаткашони Кооперативи истеҳсолии «Сомонҷон» ба ҳисоб меравад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар хоҷагии деҳқонии «Абдулло»-и ноҳияи Данғара ба маъракаи ҷамъоварии ҳосили ғалла оғоз бахшиданд.

Хоҷагӣ дар деҳоти «Сафобахш» ҷойгир буда, соли 2005 таъсис ёфтааст ва дар ихтиёр 88 гектар замини обӣ ва 46 саҳмдор дорад. Онҳо ҳар қитъа заминро босамар истифода бурда, ҳосили хуби маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ, аз ҷумла ғалла ба даст меоранд.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар мавсими кишти тирамоҳӣ кишоварзони хоҷагӣ дар масоҳати 40 гектар гандуми навъи «Алекс» ва «Краснодар-99» кишт карданд ва акнун, умед доранд, ки аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна 35-40 — сентнерӣ гандум рӯёнанд. Ба гуфти хоҷагидорон, боду ҳавои мусоиди имсола ба ҳосилнокии ғалла ва дигар ­навъи маҳсулот таъсири мусбат расондааст. Дар хоҷагӣ баробари ғаллакорӣ, дар 5 гектар ҷав, 30 гектар пахта, 2 гектар полезӣ, 1 гектар картошка, 2 гектар зироати равғандеҳи маъсар ва дар 2 гектар юнучқа барои хӯроки чорво кишт карда шудааст.

Дар 8 гектар боғ бунёд шудааст, ки дар он дарахтони ҳосилдеҳ, аз ҷумла себу нок, нашпотӣ, гелосу олу ва бодом мавҷуд аст. Кишоварзон нақша доранд, ки баъд аз ҷамъоварии ҳосили гандум ҷуворимакка коранд. Айни замон пахтаи хоҷагӣ нашъунамои хуб дошта, кишоварзон ният доранд ҳосили фаровон ба даст оранд.

Ба иттилои масъулон, дар деҳоти «Сафобахш»-и ноҳияи Данғара 315 хоҷагии деҳқонӣ, аз ҷумла 8 кооперативи тиҷоратӣ мавҷуд аст. Заминҳои умумии деҳот 3 ҳазору 5 95 гектарро дар бар гирифта, 1 ҳазору 870 гектари онро замини корами обӣ ташкил медиҳад. Аз ин шумора 182 гектар, аз ҷумла 70 гектар замини обӣ ба хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ шомил аст. Аҳли заҳмати деҳот бештар ба ғаллакорӣ машғул буда, имсол дар масоҳати 1 ҳазору 506 гектар замин гандум кишт карданд. Ҳоло маъракаи ҷамъоварии ҳосил бомаром идома дорад. Деҳқонон ҳосили дигар навъи маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавоту полезиро низ ҷамъоварӣ доранд, то дар ғанӣ гардондани сабади истеъмолии сокинони ҷумҳурӣ ҳиссагузор бошанд.

Бояд гуфт, ки сокинони мамлакат дастурҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вобаста ба истифодаи босамари замин, аз ҷумла қитъаҳои наздиҳавлигӣ, ба хушнудӣ пазируфта, ҳар сол аз ҳар як қитъа замин то 3 ҳосил бо даст оварда, маҳсулоти ғалладонагӣ, ба монанди гандум, наску нахӯд, мошу лӯбиё ва дигар навъи зироат, захира менамоянд.

Ин таҷриба дар ноҳияи Данғара низ ба назар мерасад. Таҷрибаи зиёди заминдорӣ ва риояи қоидаҳои агротехникӣ дар вақти кишту парвариши маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ имкон медиҳад, ки ҳосили дилхоҳ рӯёнида шуда, фаровонии бозори истеъмолии дохилӣ таъмин карда шавад.

www.president.tj