Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон

№123 (4385), 124-125 (4386-4387), 126 (4388) 07.10.2021

51538166322_82f6c37a1c_o1 октябри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун ва суҳбату мулоқот бо сокинон ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмонро дар даромадгоҳи ноҳия сокинон бо самимияти хоса истиқбол гирифтанд. Президенти мамлакат нахуст аз болои лавҳаи рамзии Маҷмааи даромадгоҳи ноҳия парда бардошта, онро ифтитоҳ карданд.

Маҷмааи нави даромадгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар шафати шоҳроҳи ноҳияи Ҳамадонӣ ва Фархор дар масоҳати 500 метри мураббаъ бо қитъаи сабзкорӣ ва корҳои чароғонкунӣ бунёд гардида, баландии он 10 метрро ташкил медиҳад. Он бо навиштаҷоти ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 12 сутунпоя ва акси аллома Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ороиш ёфтааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16,1 километр роҳи дорои аҳамияти ҷумҳуриявиро баъди навсозӣ мавриди истифода қарор доданд.

Он дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба истиқболи ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ бо маблағи буҷет ва саҳми соҳибкорони маҳаллӣ бо харҷи беш аз 15 миллион сомонӣ пурра навсозӣ гардид.

Таҷдиди роҳ аз охири соли 2020-ум оғоз шуда, бо истифода аз техникаи муосир ва ҷалби мутахассисони соҳа дар муҳлати муқарраргардида бо сифати баланд ба анҷом расонида шуд.

Роҳ дар масофаи 13,1 километр то даромадгоҳи шаҳраки «Москва» бо паҳноии 7,5 метр асфалтпӯш ва дар доираи навсозии он дар деҳоти «Меҳнатобод»-у «Қаҳрамон» 4 пул низ таъмиру нав­созӣ гардидааст.

Дар доираи вусъати тадбирҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва нақшаи чорабинии солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, дар деҳоти «Меҳнатобод», «Қаҳрамон», «Панҷоб» ва «Чубек»-и ноҳия бо дастгирии соҳибкорон ва шахсони ватандӯст роҳҳои маҳаллӣ ҳам асфалтпӯш шудаанд.

Дар маҷмӯъ, дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ дар масофаи беш 30 километр роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ таъмир гардиданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси соҳибкоронро дар самти навсозии роҳу пулҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллии ноҳия намунаи олии ватандӯстӣ ва саҳмгузорӣ дар ободию пешрафти кишвар арзёбӣ карданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои муас­сисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 42-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадониро мавриди истифода қарор доданд.

Он дар деҳаи Навободи деҳоти «Меҳнатобод» бо дастгирии Ҳукумати мамлакат аз тарафи Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаи «Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо» бунёд ёфта, аз 2 ошёна, 13 синфхона, 2 ҳуҷраи корӣ ва китобхона иборат мебошад ва 528 хонандаро дар ду баст ба таҳсил фаро гирифтааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бинои нави муассиса бо шароити синфхонаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, омӯзиши технологияи компютерӣ, китобхона ва кабинетҳои фаннӣ шинос шуданд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ ва шароити замонавии донишандӯзӣ баҳои баланд дода, хонандагонро ба омӯзиши ҳар чӣ бештари барномаи таълимӣ, аз ҷумла, фанҳои дақиқ, ширкат дар озмунҳои фаннӣ, мутолиаи китобу асарҳои бадеӣ, иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм — фурӯғи маърифат» ҳидоят намуданд.

Умуман, дар ноҳия барои рушди соҳаи маориф ва беҳдошти сатҳи таълим, таъмини ҷойҳои нишасти хонандагон солҳои соҳиб­истиқлолӣ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат беш аз 20 муассисаи нави таълимӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шудааст.

Президенти кишвар муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон омӯзгорон ва аҳли маорифи ноҳияро вазифадор намуданд, ки ба кори таълиму тарбия таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда, хонандагонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ ба камол расонанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти «Қаҳрамон»-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропилении Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мирзо Раҷаб»-ро ифтитоҳ намуданд, ки дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар аз тарафи соҳибкори ватанӣ Ҷиёнхон Мирзоев бо харҷи 1,7 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст.

51538599228_65bff25ce7_oДар он даҳ намуд халтаи полипропиленӣ бо андозаҳои гуногун истеҳсол гардида, номгӯи маҳсулоти истеҳсолшаванда, аз лиҳози намуд ва сифат ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад. Бо таъсиси корхона 26 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шуданд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкор барои  ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ба шуғли доимӣ ҷалб кардани сокинон ва ба ин восита баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум изҳори сипос намуданд.

Иқтидори истеҳсолии корхона шабонарӯз 1500 — 2000 дона халтаи полипропиленӣ буда, солона зиёда аз 600 ҳазор ададро ташкил медиҳад.

Дар корхона ашёи хом аз Федератсияи Россия ва ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Қазоқис­тон дар асоси шартномаи ҳамкорӣ ­дастрас гардида, то марҳилаи ниҳоӣ коркард мешавад.

Пас аз шиносоӣ бо ҷараёни истеҳсолот Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон намоиши маҳсулоти саноатӣ, хӯрок­ворӣ ва сохтмониро, ки саноатчиёни ноҳия ташкил карданд, аз назар гузарониданд. Дар он намаки ошии ёддор, равғанӣ рустанӣ, меваю сабзавоти консервашуда ва масолеҳи гуногуни сохтмонӣ муаррифӣ шуд.

Зикр гардид, ки дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зиёда аз 68 корхонаи саноатӣ амал мекунад, ки ба истеҳсоли маҳсулоти гуногун, аз қабили орду равған, намак, коркарди меваю сабзавот ва дигар навъи маҳсулоти зарурӣ машғул мебошанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Мос­кваи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз Филармонияи мардумии ба номи Одина Ҳошим, ки таъмиру нав­созӣ гардидааст, боздид намуданд.

Он дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба муносибати таҷлили бошукӯҳи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо саҳми соҳибкорони ватанӣ ва шахсони саховатпеша, бо санъати баланди меъмории миллӣ навсозӣ гардид.

Бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои арзишманди Ҳофизи халқии Тоҷикистон шодравон Одина Ҳошим дар рушду нумӯи санъату фарҳанги миллӣ ва эҳтирому қадршиносӣ аз он бо дастури бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон Филармонияи мардумӣ ба номи ӯ гузошта шуд.

Дар гӯшае аз бинои Филармонияи мардумӣ осорхона таъсис ёфта, маҳсули офаридаҳои ҳунарманди зиндаёд Одина Ҳошим, созҳои мусиқӣ, аксҳо аз сафарҳои ҳунарӣ ва либосҳои ӯ ҷамъоварӣ ва ба намоиш гузошта шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои анҷомёфта ва шароити муосири фароҳамгардида дар Филармонияи мардумӣ баҳои баланд дода, саҳм ва нақши фарҳангро дар рушди маънавиёт ва ахлоқи ҷомеа, хусусан, наврасону ҷавонон, бузург арзёбӣ намуданд.

Толори бино 210 ҷойи нишаст дошта, барои  баргузор кардани барномаҳои гуногуни консертӣ ва маҳфилҳои бошукӯҳи фарҳангӣ шароити арзанда фароҳам оварда шудааст.

Ҳоло дар Филармонияи мардумии ба номи Одина Ҳошим 26 нафар фаъолият доранд. Онҳо аз эҷодиёти устоди санъати тоҷик Одина Ҳошим барномаи рангини консертӣ пешниҳод намуданд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Маҷмааи варзишии замонавиро, ки бо саҳми соҳибкор Амрохон Саидов бунёд гардидааст, мавриди истифода қарор доданд.

Он дорои 5 толори хурди варзишӣ, аз ҷумла толор барои таэквандо, гӯштин, бозии шашкаю шоҳмот, тамрин ва тенниси рӯи миз буда, бо сифати баланд ва мутобиқ ба стандарти байналмилалӣ сохта шудааст. Маҷмааи варзишӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир таъмин буда, дар як вақт зиёда аз 100 кас метавонанд аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш тамрин намоянд.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо варзишгарон ва шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида ба масъулон дастур доданд, ки барои ҷалби ҳар чӣ бештари ҷавонону наврасон ба варзиш тадбирҳои саривақтиро амалӣ намояд.

Тайи се соли охир дар ноҳия бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ 14 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 10 майдонча, се толор ва як маҷмааи варзишӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Ҳамчунин, мактаби варзишӣ низ фаъолият дорад, ки дар он бештар аз 1000 нафар ҷавону наврас аз рӯи 11 намуди варзиш ба машқу тамрин фаро гирифта шудаанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон филиали Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нонпаз»-ро дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Дар он баробари омода ва ба фурӯш гузоштани маҳсулоти гуногуни нонӣ, аз ҷумла кулчаю қалама, чаппотию фатир, самбӯса ва кулчақанду шириниҳо, инчунин, ҷавонон ба касбомӯзӣ ҷалб мешаванд.

Маркази хизматрасонӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нонпаз» бунёд ёфтааст. Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон барои таъсиси он ва ба касбомӯзӣ ҷалб кардани духтарон изҳори сипос карданд. Дар марказ 20 нафар кадбонуи моҳир беш аз 20 намуд маҳсулоти нонӣ ва кулчақанду ширинӣ омода карда, ба мардум пешниҳод менамоянд.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон барои бештар ҷалб кардани ҷавонони соҳибзавқ ба касбомӯзӣ, хусусан омода кардани кулчақанду шириниҳо масъулонро вазифадор намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо кадбонуҳои ноҳия суҳбати самимӣ ороста, барои омода кардани маҳсулоти болаззату серғизои нонӣ ба онҳо изҳори сипос карданд.

Дар саҳни филиали Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нонпаз» ҳунармандони чирадасти ноҳия аз 8 шаҳраку деҳот намуна аз офаридаҳояшон, аз қабили қолинбофӣ, чӯбтарошӣ, бофандагӣ, муҳрабофӣ, заргарӣ, чакандӯзӣ, шерозбофӣ ва гулдӯзиро ба намоиш гузоштанд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ аз маҳсули офаридаҳои ҳунармандон ба заҳмати онҳо баҳои баланд дода, барои боз ҳам рушду равнақи ҳунарҳои қадимаи халқи тоҷик ва омӯзондани онҳо ба насли оянда маслиҳату тавсияҳои судманд доданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи ба номи Бобоҷон Ғафурови шаҳраки Москваи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Боғи фарҳангӣ — фароғатиро, ки он солҳои 50-уми асри гузашта бунёд ёфтааст, баъди навсозӣ мавриди истифода қарор доданд.

Масоҳати он 6 гектарро ташкил дода, дар доираи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ навсозӣ гардидааст. Корҳои сохт­монӣ нимаи дуюми соли 2020 бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ оғоз гардида, дар муҳлати кӯтоҳ ба анҷом расонида шуд.

Роҳравҳои дохили боғ, ки зиёда аз 2 километрро ташкил медиҳанд, бо паҳноии аз 5 — 7 метр пурра навсозӣ гардида, дар маркази боғ аз даромадгоҳи он то бинои «Амфитеатр» дар масофаи 150 метр фаввораҳои ранга сохта шудааст.

Дар дохили боғ майдончаи истироҳатию фароғатӣ барои кӯдакон, бинои «Амфитеатр», ду майдончаи варзишӣ ҷойгир буда, бо насби чароғакҳои рангаи равшанидиҳанда дар роҳравҳо ва назди биноҳо ин мавзеъ ҷолибу диданӣ шудааст. Дар майдонча атраксионҳои замонавӣ насб гардида, дар як вақт имкон аст, ки зиёда аз 80 нафар кӯдак ба бозӣ машғул шавад. Майдончаи бозии кӯдакон бо маблағгузории соҳибкорони маҳаллӣ бунёд шудааст.

Бинои «Амфитеатр» дар дохили Боғи фарҳангӣ — фароғатӣ бо саҳми соҳибкор Амирҳамза Бекназаров навсозӣ шуда, дорои 1500 ҷойи нишаст мебошад. Дар масоҳати 0,24 гектар майдончаҳои варзишӣ барои футболи хурд ва бозии волейбол низ бунёд шудааст.

Ҳамчунин, бинои Осорхонаи таърихии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ки дар шафати Боғи фарҳангӣ — фароғатӣ ҷойгир аст, баъди навсозӣ бо шароити мусоиди нигоҳдории ёдгориҳои таърихӣ фароҳам гардид. Осорхона дорои се толор буда, дар онҳо зиёда аз 550 бозёфти таърихи куҳандошта, аз ҷумла намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, нигораҳо ва расму мусаввараҳо ҳифзу нигоҳдорӣ мешаванд.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони ватандӯст ҷиҳати саҳмгузорӣ дар раванди корҳои ободонию созандагӣ ва бунёди иншооти гуногуни хизматрасонӣ изҳори миннатдорӣ намуданд. Дар шафати боғ маркази хизматрасонии «Дилпазир» низ бо тарҳу намои муосир аз ҷониби соҳибкорон бунёд шудааст, ки дар он шароити мусоид муҳайё мебошад.

Маврид ба таъкид аст, ки ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зиёда аз 300 иншооти таъиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст, ки соҳибкорон дар ин самт саҳми фаъолу назаррас доранд.

Зимнан, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи фарҳангӣ — фароғатӣ бо 50 нафар ятим аз ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Восеъ мулоқот намуда, онҳоро бо туҳфаҳо сарфароз гардонданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар маркази ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо роҳбарону фаъолони ноҳия мулоқот намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони меҳнатдӯсти ноҳияро бо ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ табрику таҳният гуфта, ёдовар шуданд, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба таври назаррас ободу зебо гардида, мардуми шарафманди он бо пуштибонӣ аз сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар ҷиҳати таҷлили сазовори ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ 290 иншооти иҷтимоиву иқтисодиро бунёду навсозӣ карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони ноҳия, шахсони саховатпеша, хусусан, соҳибкорону сармоягузорон, ки барои ободу зебо гардонидани диёр ва таъсиси ҷойҳои нави кор саҳм гузоштаанд, миннатдорӣ баён карданд.

Бояд гуфт, ки Ҳукумати мамлакат дар сӣ соли соҳибистиқлолӣ барои таъмин намудани рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия беш аз 1,9 миллиард сомонӣ равона намудааст. Инчунин, дар ноҳия 23 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 752 миллион сомонӣ амалӣ гардида, алҳол татбиқи боз 8 лоиҳаи дигар идома дорад, ки дар доираи он 130 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст.

Илова бар ин, дар «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ барои солҳои 2021 — 2025» амалисозии боз 175 лоиҳа ба маблағи умумии 517 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки барои беҳтар намудани инфрасохтор ва таъсиси ҷойҳои кор равона шудаанд.

Тибқи маълумоти оморӣ, ҳоло дар ноҳия 66 корхонаи саноатӣ, аз ҷумла 37 корхонаи саноати коркард ва 25 корхонаи саноати истихроҷ фаъолият дорад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва шахсони масъулро вазифадор карданд, ки аз захираву имконоти истифоданашуда ҷиҳати пешрафти соҳа баҳрабардорӣ намоянд.

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ бо мақсади муҳайё кардани шароити замонавии таълиму тарбия дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 34 бинои нави таълимӣ барои зиёда аз 14 ҳазор хонанда ба маблағи беш аз 73 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст. Дар зарфи сӣ соли охир аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи тандурустии ноҳия низ аҳамияти хоса дода, ҳоло 58 муассисаи тиббӣ ба мардум хизмат расонида истодаанд.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми ватандӯсту ватанпарвар, бонангу номус ва матин­иродаи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, хусусан, бо дарназардошти вазъи минтақа ва ҷаҳон бо заҳмати содиқонаву софдилона ин гӯшаи Ватани маҳбубро боз ҳам ободу пешрафта хоҳанд гардонид.

Сипас, сокинони ноҳия – хонандаи мактаб, ғолиби даври ҷумҳуриявии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Муҳиба Шарифова ва шоир Алимуҳаммад Муродӣ баромад карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти «Панҷоб»-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо гармхонаи навтаъсис, ки дар масоҳати умумии 1 гектар замин ташкил гардидааст, шинос шуданд.

Онро соҳибкорони ватанӣ бо мақсади таъмини фаровонию арзонии бозор ва пешниҳоди маҳсулоти тозаву безарари экологӣ бунёд карда, беш аз 30 сокинро бо шуғл фаро гирифтанд.

Гармхона бо истифода аз таҷрибаи кишоварзони туркӣ бунёд гардида, обу ғизодиҳӣ тавассути таҷҳизоти муосир таъмин мешавад. Таҷҳизоту дастгоҳҳои он аз хориҷи кишвар ворид гашта, айни ҳол барои парвариши помидор нигаронида шудааст. Технологияи нигоҳубини маҳсулот дар гармхонаҳо худкор буда, ҳосилнокиро хеле баланд мебардорад ва тамоми сол фаъолият карда, ҳарорати дохили онҳо бо усули ҷадиди гармидиҳӣ роҳандозӣ мешаванд.

Гармхонаҳои мавсимӣ дар ноҳия 5,5 гектарро ташкил дода, ҳар сол кишоварзон аз онҳо ҳазорҳо тонна помидору бодиринги тару тоза истеҳсол мекунанд. Майдони гармхонаҳои доимӣ бошад, ба ду гектар расид.

Соҳибкорони ватанӣ боз дар масоҳати қариб ду гектари дигар гармхонаҳои замонавии лимӯпарвариро низ бунёд карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон таъсиси гармхонаҳои муосирро омили муҳими тавлиди маҳсулоти босифати хӯрокворӣ арзёбӣ намуда, ба масъулин дастур доданд, ки минбаъд низ бо истифода аз усули ҷадиди рушди кишоварзӣ корро ба роҳ монанд.

Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзиро аз назар гузарониданд, ки дар он беш аз 50 намуд меваю сабзавот, полезиҳо, ғалладонагӣ ва дигар анвои хӯрока ба маъраз гузошта шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба меҳнати содиқонаи аҳли заҳмат баҳои баланд дода, саҳми онҳоро дар амалисозии ҳадафи стратегии Ҳукумати мамлакат – таъмини амнияти озуқаворӣ назаррас маънидод намуданд.

Инчунин, онҳоро ба ҳамкории пурсамар бо олимону мутахассисони соҳа ҷиҳати дарёфти тухмӣ, истифодаи нуриҳои манфиатбахш, мубориза бар зидди ҳама гуна ҳашарот, башаклдарории боғу токзор ва ҳимояи боғҳо аз сармозанӣ дар давраи зимистон, ҳидоят карданд.

Супоришҳо ба деҳқонон вобаста ба афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулот ба хориҷи мамлакат, истифодаи самараноки заминҳои обӣ ва рӯёнидани ҳосили фаровон низ дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ, маданияти заминдорӣ, истифодаи заминҳои бекорхобида, ҷорӣ намудани технологияи пешрафта ва баланд бардоштани ҳавасмандии саҳмдорон, дастуру тавсияҳо доданд.

Дар ҳамон ҷо намоиши чорвои зотӣ, аз қабили говҳои ­сиё­ҳ­­ало, сементалӣ, моли майдаи зоти тоҷикӣ, ҳисорӣ, қароқулии маҳинпашм, бузҳои тоҷикии серпашм низ ташкил гардид.

Сарвари давлат ҷиҳати боз ҳам беҳтар кардани зоти чорво ба масъулин дастур доданд, ки аз усули муосири бордоркунии сунъӣ истифода карда, зотҳои беҳтарину серҳосили чорворо аз хориҷи кишвар ворид намоянд.

2 октябри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи иншооти нав ба ноҳияи Фархор ташриф оварданд. Дар фурудгоҳи муваққатии ноҳия меҳмони олимақомро роҳбарияти вилояти Хатлон ва сокинону фаъолон истиқбол намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Рӯдакии шаҳраки Фархор бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 ба номи Садриддин Айниро, ки аз ҷониби соҳибкор Хуршед Нозимов бунёд гардидааст, мавриди истифода қарор доданд. Он дар масоҳати 1,75 гектар замин доман густурда, аз се ошёна ва таҳхона, инчунин, 34 синфхона иборат буда, барои ду ҳазор хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

Таълимгоҳ, ҳамчунин, аз толори маҷлис бо 260 ҷойи нишаст, ошхона барои 160 нафар ва китобхона иборат буда, ҷиҳати омода намудани хонандагон ба озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла «Фӯруғи субҳи доноӣ китоб аст», толори хониш бунёд ёфтааст.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорро шоистаи таҳсин хонда, ба масъулин доир ба беҳтар намудани сатҳу сифати дониши хонандагон ва иштироки фаъолонаи муҳассилин дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявию ҷаҳонӣ дастур доданд. Дар таълимгоҳ бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш ва дар сатҳи баланд гузаронидани машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ толор ва ду майдончаи варзишӣ низ бунёд гардида, бо лавозимот таъмин шудаанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фархор бинои нави Муассисаи ғайридавлатии таълимии Коллеҷи тиббиро мавриди истифода қарор доданд, ки барои 440 нафар дар ду баст пешбинӣ шуда, аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Насим Додиев бунёд гардид.

Муассиса хусусӣ буда, аз рӯи се ихтисос — кори ҳамширагӣ, умумитиббӣ ва фармасевтӣ мутахассис омода мекунад. Он аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 12 синфхонаи таълимӣ, аз ҷумла утоқҳои химия, биология ва фанни морфологӣ буда, озмоишгоҳ барои гузаронидани машғулиятҳои лабораторӣ низ фаъолият менамояд.

Пешвои миллат ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, иқдоми башардӯстонаи соҳибкорро шоистаи таҳсин хонданд. Инчунин, зикр карданд, ки ба фаъолият пардохтани муассисаи таълимии тиббӣ барои бартараф намудани мушкилоти норасоии кадрҳои соҳавӣ мусоидат мекунад ва ба масъулин ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Соҳибкори ватандӯст аз дастгириҳои Президенти мамлакат изҳори миннатдорӣ намуда, уҳдадор шуд, ки ҳамчунин, дар назди муассисаи таълимӣ барои 400 донишҷӯ хобгоҳи замонавӣ ва толору майдончаи варзишӣ бунёд намояд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Фархор дар Боғи фарҳангӣ — фароғатии ноҳия яке аз рамзҳои давлатдорӣ — Парчами давлатиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Он дар масоҳати 20 садяк бо баландии 33 метр аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ЕврАзия» бунёд гардида, андозаи матоаш 8 ба 14 метрро ташкил медиҳад.

Зимни боздид Президенти мамлакат аз сифати корҳои бунёдӣ ва ташаббуси соҳибкорон изҳори қаноатмандӣ карда, қомат афрохтани Парчами давлатиро дар маркази ноҳия барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонону наврасон нек маънидод намуданд.

Қобили зикр аст, ки баробари бунёди Парчами давлатӣ, ҳамчунин, бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ Боғи фарҳангӣ — фароғатии ноҳия, ки дар майдони як гектар замин доман паҳн кардааст, навсозӣ гардида, дар он барои истироҳати сокинон шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Мардуми бофарҳангу шукргузори ноҳия аз дастгирии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Аловуддини деҳоти «Фархор» бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4-ро мавриди истифода қарор доданд.

Он аз тарафи Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаи «Сохт­мон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо» бо маблағгузории Фонди саудии рушд бунёд шуда, аз ду қисм иборат мебошад. Масоҳати қитъаи замини муассисаи таълимӣ 1,4 гектар заминро ташкил дода, барои 1240 ҷойи нишаст дар ду баст сохта шудааст.

Дар муассиса ҳама шароит фароҳам буда, хусусан, барои инкишоф додани зеҳни хонандагон синфхонаи шоҳмот ташкил гардидааст, ки бо тахтаи электронӣ ва компютер, инчунин, 16 ҷойи нишаст таъмин мебошад.

Синфхонаи компютерии мактаби нав­бунёд дорои таҷҳизоти муосир, аз ҷумла компютеру тахтаи электронӣ ва дастгоҳҳои чоп мебошад. Синфхонаҳои фаннии таълими меҳнат барои духтарон ва писарон бо асбобҳои дуредгарӣ, тахтабурӣ ва коркарди оҳан, дастгоҳҳои адрасбофӣ, қолинбофӣ ва мошинаҳои дӯзандагӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Синфхонаҳои фаннӣ, ба монанди физика, химия ва биология бо тахтаи электронӣ, компютер ва таҷҳизоти лабораторӣ барои гузаронидани озмоишҳо таъмин мебошанд. Китобхонаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 дорои 13 ҳазор адабиёти гуногун, аз ҷумла 2 ҳазору 500 адабиёти бадеӣ, мебошад. Бо мақсади баргузор намудани ҷамъомаду чорабиниҳои фарҳангию оммавӣ дар бинои нави мактаб толори маҷлисгоҳ бо 150 ҷойи нишаст сохта шудааст.

Бо дарназардошти ҳифзи саломатии хонандагону омӯзгорон, дар таълимгоҳ ҳуҷраи алоҳидаи тиббӣ низ ҷой дода шудааст, ки бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурии кумаки аввалияи тиббӣ муҷаҳҳаз аст. Дар ошёнаи якуми бино ошхона ҷойгир буда, дорои 48 ҷойи нишаст мебошад.

Барои тарғиби тарзи ҳаёти ­солим дар муассиса толори варзишӣ барои 100 ҷойи нишаст ­сохта шудааст, ки таҷҳизоти варзишии ҳозиразамон, аз ҷумла тенниси рӯйи миз, бозии волейбол ва баскетбол, лавозимоти варзишӣ барои обутоби бадан дорад. Ҳамчунин, барои гузаронидани бозиҳои футболи хурд, волейбол, баскетбол ва омодагии дифои ҳарбӣ ду майдончаи варзишӣ бунёд шудааст.

Бо мақсади гиромӣ доштани арзишҳои миллӣ дар саҳни муассиса бо тарҳи замонавӣ парчам барафрохта шудааст, ки баландии он ба 13,5 метр баробар мебошад. Гирду атрофи мактаб бо санъати меъморӣ тасвир ёфта, сафолакпӯш ва гулкорӣ шудааст.

51545075317_6cff948d08_oРоҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ориёни деҳоти «Фархор» коргоҳи истеҳсолиро ба истифода доданд, ки он дар доираи нақша-чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёд шудааст.

Дар ошёнаи якуми бино ошхона, мағозаи фурӯши либос ва дар ду ошёнаи болоӣ коргоҳи дӯзандагӣ бунёд шуда, бо беш аз 80 мошинаи дарздӯзӣ муҷаҳҳаз мебошад. Дар он асосан сарулибоси низомӣ, рахти хоби сарбозон ва либоси ягонаи мактабӣ дӯхта мешавад. Масъулин нақша доранд, ки оянда дар коргоҳ истеҳсоли кулоҳ барои сарбозон ва сарулибоси табибонро низ ба роҳ монанд.

Иншоот аз ҷониби Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маб­лағгузорӣ шуда, аз ҷониби ташкилоти лоиҳакашии Корхонаи фаръии давлатии «Лоиҳакаш»-и ноҳия бо усули муосири меъморӣ иборат аз се ошёна бо таҳхона таҳия шудааст.

Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани коргоҳи истеҳсолӣ 150 нафар сокини маҳаллӣ, аз ҷумла занону духтарони хонанишин, бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд. Дар таҳхонаи коргоҳи истеҳсолӣ сардхона бунёд гардидааст, ки масоҳаташ беш аз 500 метри мураббаъро ташкил дода, дар он имкони нигоҳ доштани 300 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ва 50 тонна маҳсулоти гӯштӣ вуҷуд дорад. Тибқи иттилои масъулин, маҳсулоти сардхона барои таъминоти сохторҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия нигоҳ дошта мешавад.

Дар ҳамон ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 43 нафар ятим аз ноҳияҳои Фархор ва Шамсиддини Шоҳин мулоқот намуда, ба онҳо туҳфаҳо тақдим карданд. Туҳфаҳои Сарвари давлат аз кумакпулӣ, сарулибос ва ғайра иборат буд. Ҳамчунин, ба хотири шодию нишоти ятимон хони пурнозу неъмати идона ороста шуд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат кӯдакону наврасонро ба муносибати ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба онҳо сиҳативу саодатмандӣ ва хониши хубу аъло таманно карданд.

Зикр шуд, ки дар натиҷаи таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат ин табақаи аҳолӣ аз имтиёз бархӯрдор гашта, тибқи квотаҳои президентӣ дар муассисаҳои олии таълимии кишвар таҳсилро идома медиҳанд. Наврасон дар ҷавоб ба ғамхориҳои Давлату Ҳукумати кишвар, ваъда доданд, ки таҳсилро бо баҳои хубу аъло идома медиҳанд ва дар оянда дар рушду пешрафти Ватани маҳбуб саҳм мегузоранд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фархор бинои шуъбаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлонро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо шароиту имконияти кории он шинос шуданд.

Он дар деҳоти «Фархор» ҷойгир буда, бо дарназардошти талаботи кории мақомот дар зарфи як сол бунёд гардид. Барои кору фаъолияти кормандони шуъба утоқҳои барҳавою замонавӣ сохта шуда, ҳамчунин, дар дохили бино ҳама имконоти зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Ҳудуди иншооти нав пурра сафолакпӯш гардида, саҳни он бо гулҳои ороишиву дарахтони мевадиҳанда оро ёфтааст. Барои машқу тамрини кормандони шуъба имконияти зарурӣ фароҳам аст. Зимни боздид Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони шуъбаро вазифадор намуданд, ки бо донишу малакаи касбӣ ҳамеша дар сафи пеши мубориза ба қонуншиканиву ҷинояткорӣ бошанд.

Дар деҳоти «Фархор»-и ноҳияи Фархор Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бинои Беморхонаи минтақавии «Ориён» ва шуъбаи таваллудро мавриди истифода қарор доданд, ки он дорои 20 кат буда, аз шуъбаҳои бемориҳои даруна, бемориҳои кӯдакона ва таваллудхона иборат мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки бо истифода аз лабораторияи замонавӣ ташхиси беморон роҳандозӣ шуда, ҳамчунин, муолиҷаи маризон бо ҷалби табибони соҳибмалака амалӣ мегардад.

Дар иншооти нав 16 ҳуҷраи табобатӣ ва кабинети корӣ ҷой дода шуда, ҳамчунин, ҳуҷраҳои табобатӣ бо дастгоҳҳои муосир таъмин гардидаанд. Аз ҷумла, беморхона дорои шуъбаи ташхиси ултрасадоӣ, дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ, кардиомонитор ва оксигенераторҳо буда, омодааст ба беморон сари вақт ва бо сифати баланд хизмат расонад.

Дар шуъбаи таваллуди беморхона шароити мусоиду замонавӣ барои нигоҳдории модару кӯдак фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, 10 кати хоб бо имкониятҳои зарурӣ ташкил гардида, барои солим ба дунё омадани тифл мутахассисони соҳибтаҷриба ба кор ҷалб гардиданд. Дар ҳолатҳои ғайричашмдошт низ шуъба бо истифода аз дастгоҳҳои нав метавонад сари вақт ба модар ва ё кӯдак кумаки тиббӣ расонад. Ҳамчунин, ҳуҷраҳои алоҳидаи машваратӣ барои модарони ҷавон ва ташхиси кӯдакон дар шуъба ташкил шудааст.

Дар маҷмӯъ, дар Беморхонаи минтақавии «Ориён» ва шуъбаи таваллуд бештар аз 20 нафар аз сокинони маҳаллӣ, ки дорои маълумоти тахассусианд, соҳиби ҷойи кор гардида, бо маоши хуб таъмин мебошанд. Саҳни иншоот низ мувофиқ ба талабот бунёд гардида, барои сайругашти табобатгирандагон ва ташрифи аёдаткунандагон имконияти зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Беморхонаи нав, бо дарназардошти талаботи муосири тиббӣ бунёд гардида, имконият медиҳад, ки сокинони деҳоти «Фархор» ба ташхису табобат фаро гирифта шаванд ва ин иқдом мушкилоти иҷтимоии аҳолии минтақаро дар самти дастрасӣ ба хизматрасонии муосири тиббӣ ҳал намуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти «Фархор» бинои қасри фарҳангро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Аҳли фарҳанг Пешвои мил­латро самимона истиқбол гирифта, барои ин ҳадяи бебаҳо изҳори миннатдорӣ намуданд. Бинои хуштарҳу замонавии қасри фарҳанг бо истифода аз санъати баланди меъморӣ бунёд гардида, дар он барои кору фаъолияти дастаҳои ҳунарӣ, кормандони бахши фарҳанги ноҳия, баргузории ҳамоишу барномаҳои фарҳангӣ шароити зарурии замонавӣ фароҳам оварда шудааст.

Толори асосии бино дорои 400 ҷойи нишаст буда, имконият фароҳам меорад, ки ҳамоишу чорабиниҳои гуногун ва барномаҳои консертӣ минбаъд дар он гузаронида шаванд. Толор бо истифода аз санъати баланди меъморӣ ва усули хоси гаҷкорӣ оро ёфта, бо қандилҳои калонҳаҷми зебо ва дигар ороишот зинат ёфтааст.

Иншоот, ҳамчунин, дорои 14 адад утоқи барҳавою замонавии корӣ буда, дар дохили он толорҳои хурди тамринӣ низ ташкил гардидааст. Инчунин, дар он, барои гузаронидани маҳфилу омӯзишҳои касбӣ ва густариш додани малакаи наврасони соҳибиcтеъдод имконият фароҳам мебошад.

Намои берунаи қаср бо санъати баланди меъморӣ бунёд гардида, саҳни ҳавлиаш пурра сафолакпӯш карда шудааст. Ҳамчунин, ҳудуди қасрро фаввораҳои зебо зинат медиҳанд ва барои истироҳату дилхушии кӯдакон дар назди иншоот боғи кӯдакона ташкил гардидааст.

Қасри фарҳанг дар доираи тантанаҳои идона бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта, ба истифода дода шуд ва ба ҳамин васила барои аҳли фарҳанг шароити мусоиди кор фароҳам гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Фархор бо роҳбарону фаъолони ноҳия мулоқоти самимӣ доир карданд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон сокинони ноҳияро бо ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ табрик намуда, аз иқдому ташаббус ва корҳои созандаи сокинон изҳори қаноатмандӣ карданд. Зикр шуд, ки соҳибкорони ватандӯст ба хотири истиқболи сазовори ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ, тибқи нақшаи корҳои ободониву созандагӣ, 470 иншооти иҷтимоиву истеҳсолӣ ва хизматрасониро бунёд карда, ба истифода доданд.

Ҳукумати мамлакат барои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ва таъмини рушд дар даврони Истиқлолияти давлатӣ барои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия аз ҳама манбаи маблағгузорӣ 1,4 миллиард сомонӣ равона кардааст.

Инчунин, солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳия 24 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи зиёда аз 320 миллион сомонӣ амалӣ шуда, ҳоло татбиқи боз 9 лоиҳаи дигар идома дорад ва маблағи дар доираи онҳо азхудшуда беш аз 110 миллион сомониро ташкил медиҳад. Дар «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Фархор барои солҳои 2021 — 2025» иҷрои 198 лоиҳа ба маблағи беш аз 570 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияро вазифадор карданд, ки ҳамкориро бо вазорату идораҳо ва бахши хусусӣ, ҷиҳати самараноку босифат татбиқ гардидани барнома, беҳтар ба роҳ монад. Зеро иҷрои саривақтӣ ва босифати он, пеш аз ҳама, ба таъсиси ҷойҳои нави кор ва беҳтар гардидани некуаҳволии мардум мусоидат мекунад.

Қайд карда шуд, ки дар натиҷаи дастгириву ғамхориҳои давлат шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар ноҳия сол ба сол афзоиш ёфта, ҳоло ба 2335 расидааст. Соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 170 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба соли 2000-ум 3,6 баробар афзудааст. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳия 39 муассисаи нави таълимӣ ва биноҳои иловагӣ барои қариб 18 ҳазор нафар хонанда сохта, ба истифода дода шудааст.

Президенти мамлакат бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми сарбаланду заҳматқарини Фархор бо фаъолияти созанда барои боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани маҳбуб, ҳифзи сулҳу субот  ва таҳкими ваҳдати миллӣ минбаъд низ саҳми арзанда мегузоранд.

Баъди суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони ноҳия Ширинмоҳ Абдураҳмонзода – донишҷӯ, Ҷамшед Муродзода – донишҷӯ, Гулнигор Наҷмиддинова – хонанда ва Ширинмоҳ Назирмадова — табиб баромад намуданд.

2 октябри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба деҳоти «Сари Хосор»-и ноҳияи Балҷувон ташриф оварданд.

Роҳбарият ва сокинони ноҳия Пешвои миллатро бо самимияти хоса истиқбол гирифтанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Шайдони деҳоти «Сари Хосор» корхонаи «Асали Сари Хосор»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд, ки он дар асоси ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби соҳибкор Иброҳимзода Маҳадӯсти Азим сохта, ба истифода дода шуд.

Он дар як сол иқтидори коркарди 200 тонна асалро дошта, бо таҷҳизот ва технологияи муосир муҳайё мебошад. Сарвари давлат зимни шиносоӣ бо зарфиятҳои коргоҳи нав, иқдоми соҳибкорро шоистаи дастгирӣ хонда, бо дарназардошти иқтидори мавҷуда ҷиҳати тавсеаи фаъолияти корхона супоришҳои мушаххас доданд.

Самти асосии фаъолияти корхонаи нав коркард ва бандубасти асал буда, таъиноти содиротӣ ­дошта, маҳсулот дар зарфҳои ғунҷоишашон гуногуни шаффоф, ки аз Туркия ворид мегарданд, ҷой дода мешавад. Ҳамчунин, дар дохили корхона намоиши дастовардҳои занбӯриасалпарварони 22 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон ба роҳ монда шуд.

Ноҳияи Балҷувон минтақаи кӯҳсор буда, дар он ҳама рустание, ки дар мамлакат мерӯянд, мавҷуд аст. Ҳоло дар ноҳия зиёда аз 4 ҳазор оилаи занбӯри асал парвариш меёбад, ки нисбат ба соли  2015-ум 750 оила зиёд мебошад. Соли 2020 занбӯриасалпарварони Балҷувон 46,5 тонна асал истеҳсол намуданд. Ҳоло дар корхонаи нав бандубасти қуттиҳои асал дар шаклҳои гуногун ба роҳ монда шуда, масъулин талош доранд, ки бо пешниҳоди тарзу усулҳои муосири бандубаст ва рақобатпазир намудани маҳсулоти истеҳсолӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ роҳ пайдо кунанд. Дар корхона 20 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо фаъолияти корхонаи «Асали Сари Хосор» масъулонро вазифадор карданд, ки дар масъалаи бандубасти асал ва содироти он беш аз пештара таваҷҷуҳ зоҳир кунанд. Зеро дар баробари сифати баланди асал, бояд бандубаст ва ороиши зоҳирии он низ бозоргузар бошад. Дар саҳни корхонаи нави коркарди асал, инчунин, намоиши маҳсулоти кишоварзиву саноатии корхонаҳои вилоят ташкил шуд, ки дар он намудҳои зиёди гиёҳҳои шифобахши кӯҳистони Сари Хосор, дастовардҳои барзгарони минтақа, ҳунарҳои мардумӣ ва тавлидоти саноатӣ ба тамошо гузошта шуд.

Зимни боздид Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъо­лияти кишоварзону саноатчиён баҳои баланд дода, ҷиҳати азхудкуниии бештари зарфиятҳои табиии минтақа ба онҳо дастур доданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Шайдони деҳоти «Сари Хосор» Парчами давлатиро парафшон намуданд, ки бо гулгашти замонавӣ аз тарафи соҳибкор Фирдавс Муродов бунёд гардид.

Ташаббуси бунёди он дар доираи нақша — чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ амалӣ шуда, корҳои пудратиро мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Аслиддин-13» бо сифати баланд анҷом доданд.

Сутунпояи Парчами давлатӣ 25 метр буда, паҳноии матои он 7 ва дарозиаш 14 метр аст. Арзиши умумии иншоот қариб 300 ҳазор сомониро ташкил дода, масоҳати қитъаи замини ҷудошуда 10 садяк мебошад.

Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Майдони Парчами давлатӣ дар деҳаи Шайдон барои сокинон макони ҷолиби дигар барои фароғату истироҳат ва гузаронидани ҳамоишҳои гуногуни оммавӣ пайдо шуд.

3 октябри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун ва суҳбату мулоқот бо сокинону фаъолон ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти «Ҷомбахт» намоиш — фурӯши доимии гулу гиёҳҳои шифобахш ва маҳсулоти дорувориро аз назар гузарониданд.

Сокинон гулу гиёҳҳои шифобахши аз лиҳози экологӣ тозаро аз кӯҳ ва талу теппаҳои ноҳия ҷамъоварӣ ва дар шароити хона бандубаст менамоянд, ки онҳо дар натиҷаи коркард барои муолиҷаи бемориҳои зиёд истифода бурда мешаванд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон, бо дарназардошти сайёҳӣ будани минтақа, ба сокинон ҷиҳати истифодаи оқилонаи неъматҳои табиӣ ва ба ин роҳ боз ҳам беҳтару хубтар намудани сатҳу сифати зиндагӣ дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Ҳамон ҷо суҳбати самимии сарироҳии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони касбу кори гуногун доир гардид. Сарвари давлат аз ҳолу аҳволи сокинони деҳоти «Ҷомбахт» пурсон шуда, онҳоро ба меҳнатдӯстӣ ва дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани фарзандон ҳидоят карданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оромгоҳи ҳазрати Султон Увайси Қараниро зиёрат намуда, барои суботу оромии Ватан ва саодатмандию сарбаландии мардуми шарифи он дуою фотиҳаи нек карданд.

Оромгоҳ дар як мавзеи дилфиребу дорои табиати нотакрор ҷойгир буда, ҳар рӯз онро ба ҳисоби миёна 400 — 500 сайёҳи дохилию хориҷӣ зиёрат мекунанд. Тавре таъкид гардид, ҳудуди мамнуъгоҳ бо таваҷҷуҳ ва дастгирии Президенти мамлакат дар солҳои соҳибистиқлолӣ ободу зебо гардонида шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ва шиносоӣ бо шароити мавҷуда дар он ба масъулин ҷиҳати боз ҳам ободу зебо гардонидани атрофи оромгоҳ ва риояи суннату анъанаҳои хоси миллӣ ҳангоми ташрифу боздиди сайёҳону меҳмонон дастурҳо доданд.

Ҳоло дар ноҳияи Ховалинг барои қабули сайёҳон 6 меҳмонхонаи замонавӣ, 10 хостел, 4 мавзеи сайёҳӣ, 2 тарабхона, 2 осорхона, 2 ширкати сайёҳӣ, 60 ёдгории таърихӣ, 2 мағозаи фурӯши армуғон, 3 зиёратгоҳ, боғи фарҳангӣ — фароғатӣ мавҷуд буда, 9 хатсайри сайёҳӣ дар мавзеъҳои муайян кушода шудаанд. Дар меҳмонхона ва хостелҳои ноҳия имкони қабули то 500 нафар меҳмон мавҷуд аст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи навбунёди Тутаки ноҳияи Ховалинг муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 48-ро мавриди истифода қарор доданд.

Он аз 11 синфхона ва 2 ҳуҷраи корӣ барои омӯзгорон иборат буда, барои 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Масоҳати умумии бинои муассиса беш аз 2 гектар заминро дар бар мегирад. Бинои таълимии дуошёна иборат аз синф­хонаҳои биология, математика, физика, химия ва дигар иншооти ёрирасон, дар масоҳати як гектару 27 садяк замин бунёд гардидааст.

Раванди таълим дар мактаб бо се забон, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шуда, 28 омӯзгори ботаҷриба ба хонандагон дарс мегӯянд. Шароити ҷалби хонандагон ба намудҳои гуногуни варзиш низ муҳайё мебошад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, бо лоиҳаи бинои нави иловагии дуошёнаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 48 шинос гардиданд, ки дар масоҳати як гектару 27 садяк замин дуошёна сохта шуда, барои як ҳазору 500 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Тибқи лоиҳа, оянда дар он 12 синфхона, маҷлисгоҳ бо 200 ҷойи нишаст, толорҳои варзишӣ, китобхона ва ошхона барои 60 нафар сохта мешавад.

Пешвои миллат ба масъулон ҷиҳати анҷоми босифати корҳои бунёдӣ ва фароҳам овардани беҳтарин шароити донишомӯзӣ ба насли ояндасози миллат дастуру маслиҳатҳои мушаххас доданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг ба фаъолияти коргоҳи коркард ва бандубасти асал, ки аз ҷониби роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Оби Ховалинг» Файзалии Рустам бунёд шудааст, оғози расмӣ бахшиданд.

Он дар асоси ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар сохта шуда, фаъолияташ ба истеҳсол, ҷамъоварии асали табиии кӯҳӣ аз шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, коркарду бандубасти асали аз лиҳози экологӣ тоза ва содироти он ба хориҷи кишвар нигаронида шудааст.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани коргоҳи нав 20 нафар сокини маҳаллӣ, ки аксарашон духтарону занони хонашин мебошанд, бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.

Асали табиӣ барои коркард ва бандубаст ба коргоҳ аз занбӯрҳои ҷамъият ва занбӯрпарварони минтақа дастрас мешавад. Коргоҳи муосир имкон дорад, ки ҳар шабонарӯз 6 ва ҳар моҳ 180 тонна асали табииро коркард ва бо сифати баланд бандубаст намояд.

Хати истеҳсолии коргоҳ аз гарм кардани асал дар ҳарорати 30 — 35 дараҷа оғоз гардида, аз тоза кардани он аз мум ва дигар олудагиҳо то бандубасти маҳсулоти тоза дар зарфҳои алоҳида тавассути дастгоҳҳои муосир дар 8 марҳила мавриди коркард қарор мегирад. Ҳамчунин, тавассути дастгоҳҳои коргоҳ раванди хушбӯйкунии асал ва пастеризатсияи он амалӣ гардида, шахшавии асал аз байн бурда мешавад.

Асали коргоҳ табиии кӯҳӣ буда, аз 5 намуд, аз ҷумла моҳи майӣ, тобистона, асал бо мум, бо бодому чормағзи Ховалинг ва асали махсуси табобатӣ, иборат мебошад.

Маҳсулоти коркардшудаи коргоҳ дар зарфҳои шишагӣ ва чӯбин аз дарахти шоҳбулут аз 250 грамм то 55 килограмм бандубаст ва ба бозори дохилӣ ва хориҷи кишвар пешниҳод мегардад. Борҷомаҳо барои бандубасти маҳсулот аз корхонаҳои ватанӣ харидорӣ мегарданд. Асали бо мум истеҳсолшудаи коргоҳ дар бозори истеъмолии дохил ва хориҷи кишвар талабгори зиёд дошта, хусусияти шифобахшии он барои муҳлати тӯлонӣ кафолат дода мешавад. Маҳсулоти корхона баробари содирот барои тарабхонаҳо, қаҳвахона ва марказҳои табобатии мамлакат пешниҳод мегардад.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо раванди коркард ва бандубасти асал дар коргоҳ, бо дарназар­дошти имкониятҳои фарохи ноҳияи Ховалинг, дар самти афзун намудани иқтидори истеҳсолӣ, бунёди коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва бо ин роҳ таъсиси ҷойҳои нави кор ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамон ҷо намоиши маҳсулоти истеҳсолии коргоҳи нав, дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва саноатчиёни ноҳияро аз назар гузарониданд. Дар он намудҳои гуногуни асали истеҳсолии коргоҳи навтаъсис дар 14 навъ зарфҳои шишагӣ ва чӯбин аз дарахти шоҳбулут, маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла меваю сабзавот, полезиҳо, навъҳои гуногуни картошка, ғалладонагиҳо ва маҳсулоти коргоҳу корхонаҳои саноатии ноҳия ба маъраз гузошта шуд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо дастовардҳои хоҷагидорону кишоварзон ва саноатчиён ба масъулон, бо дарназардошти авзои кунунии ҷомеаи ҷаҳон ҷиҳати истифодаи боз ҳам мақсаднок аз имконоти фарохи ноҳия дар самти рушди соҳаи кишоварзӣ, таъсиси коргоҳу корхонаҳои нави саноатӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ, таъсиси ҷойҳои нави кор ва боло бардоштани иқтидори содиротии мамлакат дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг бинои нави маъмурии деҳоти ба номи Ғаффор Мирзоро мавриди истифода қарор доданд, ки дар доираи нақша — чорабиниҳо ба хотири истиқболи сазовор аз 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо сатҳу сифати баланд сохта шудааст.

Он дар масоҳати 1600 метри мураббаъ қомат афрохта, аз ду ошёна ва 11 ҳуҷраи корӣ иборат буда, барои кормандони ҷамоат шароити кору фаъолият ва хизматрасонӣ ба 9750 нафар аҳолии деҳот муҳайё гардидааст.

Маҷлисгоҳи бинои нави маъмурӣ бо 80 ҷойи нишаст дар ошёнаи дуюм ҷойгир буда, дар он барои баргузории чорабиниҳои гуногун шароити зарурӣ муҳайёст.

Бинои маъмурии деҳоти ба номи Ғаффор Мирзо дар асоси дастуру роҳнамоиҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини шароити муосири кору фаъолият барои кормандони мақомоти маҳал ва беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ба сокинони деҳоти дурдаст бунёд гардидааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Ховалинг бинои замонавии чойхонаи «Чилчанор»-ро ба истифода доданд.

Он дар доираи дастурҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Исмоил Садиров бо риояи унсурҳои хоси санъати меъмории миллӣ сохта шуда, аз ду ошёна ва таҳхона иборат мебошад.

Дар чойхона шароити хуби хизматрасонӣ ба сайёҳону меҳмонони хориҷӣ ва муаррифии таомҳои миллии тоҷикона муҳайё гардида, дар як вақт имкони хизматрасонӣ ба 280 нафар мавҷуд аст. Бо мавриди истифода қарор гирифтани чойхонаи муосир 10 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.

Ғайр аз бинои асосӣ дар атрофи он низ барои қабули мизоҷон, хусусан меҳмонону сайёҳони хориҷӣ, шароит фароҳам шуда, 4 айвончаи кандакоришуда бо санъати хоси миллӣ бунёд ёфтааст.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо шароити хизматрасонӣ дар чойхонаи «Чилчанор» дар ҳамон ҷо бо 30 нафар ятим аз ноҳияҳои Ховалинг ва Балҷувон суҳбати самимӣ доир намуда, ба онҳо туҳфаҳо, аз ҷумла сарулибос ва шириниҳо, тақдим карданд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг аз боғи мевадиҳандаи хоҷагии деҳқонии «Парвиз Т» боздид намуда, бо фаъолияти боғпарварон, сабзишу нашъунамои боғ, ҷамъоварии себ ва намунаи маҳсули даст­ранҷи кишоварзон шинос шуданд.

Он дар доираи татбиқи барномаҳои давлатии соҳавӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Тоҷиддин Тешаев ва оилааш Салимамо Саидова бунёд шуда, ҳосилаш барои содирот пешбинӣ гардидааст. Боғи мазкур даҳ сол қабл бунёд ёфта, дар он ниҳолҳои ба шароиту иқлими минтақа тобовар, аз қабили себи сурхи америкоӣ, голден ва сабзранги самаренко, се намуд нок ва нашпотӣ, олуча, инчунин, хуч шинонида шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон ва боғпарварон маслиҳат доданд, ки бо мақсади боло бурдани иқтидори содиротӣ майдони боғро боз ҳам васеъ намоянд.

Бо дарназардошти хусусияти хуби биологию истеҳсолӣ ва сари вақт анҷом додани корҳои агротехникӣ дар он мавзеъ барои таъмини рушди соҳа ташкили ҷойҳои нави кор ва истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ дар майдони 1,4 гектар боғи мевадиҳанда бунёд шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки боғи мевадиҳанда дар асоси тавсияи олимону мутахассисони соҳа ташкил гардида, дар баробари себ то имрӯз 200 килограмм олуча ва 100 килограмм хуч ҷамъоварӣ шудааст. Ба андешаи хоҷагидорон, имсол ҳосилнокӣ хуб буда, дар назар аст, ки аз ҳар як ниҳоли себ 80 — 100 килограмм мева ба даст оварда шавад. Анҷом додани корҳои саривақтии агротехникӣ ба сабзишу ҳосилбандии ниҳолҳо мусоидат намуда, солҳои наздик ҳосилнокӣ аз ҳар ниҳоли себ ба 100-120 килограммӣ расонида мешавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг корхонаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Оби Ховалинг»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Он дар заминаи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат ва истиқболи сазовор аз 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ барои парвариши мурғи марҷон пешбинӣ гардида, дар он 5 ҳазор сар мурғ парвариш карда мешавад. Дар оянда корхона имконият дорад, ки вобаста ба истеҳсоли тухми навъи мурғи марҷон саршумори парандаро зиёд намуда, ҳамчун гӯшти серғизо ба фурӯш барорад.

Дар корхона технологияи муосири хитойӣ насб гардида, таъмини хӯроки паранда, обу дон ва ҷамъоварии тухм низ ба таври автоматӣ сурат мегирад.  Барои таъмини ҳарорати муътадили дохили фермаҳо дар асоси меъёрҳои зарурӣ дастгоҳҳои муосир насб гардидааст, ки барои беталаф нигоҳ доштани чунин навъи мурғ мусоидат мекунад.

Корхонаи парандапарварии мурғи марҷон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Раҳимзода Фарҳод Рамазон дар масоҳати 4 гектар замин бунёд шуда, аз панҷ фермаи парвариши паранда иборат аст, ки қитъаи зери сохтмон 6 ҳазору 314 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Инчунин, барои чарогоҳи чунин навъи паранда ва ҷамъоварӣ намудани хошок ба монанди юнучқа, ҷуворимакка ва дигар намуди ғалладонагиҳо 100 гектар замин дар ихтиёри корхона вогузор шудааст.

Дар фабрикаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Оби Ховалинг», инчунин, парвариши чӯҷаҳои зоти маҳаллӣ, ки танҳо барои истеҳсоли гӯшти парҳезӣ мебошад, ба роҳ монда шудааст.

Ҳоло дар корхонаи нав 120 сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардида, маҳсулоти ниҳоии он ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба харидорон пешниҳод мегардад.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон барои рушди фаъолияти корхона дастуру маслиҳатҳои муфид дода, иқдоми бунёдкоронаи соҳибкори маҳаллиро намунаи ибрат ва қобили дастгирӣ арзёбӣ карданд.

51550065255_a5345effea_oСарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти ба номи Лоҳутии ноҳияи Ховалинг Амфитеатрро, ки барои ду ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст, мавриди истифода қарор доданд.

Он дар доираи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Раҳимзода Фарҳод дар масоҳати 2440 метри мураббаъ бунёд шуда, бо тарҳу намои зебову муосир қомат афрохта, барои гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ дар деҳоти ба номи Лоҳутӣ, ки аз маркази ноҳия дар масофаи 10 километр ҷойгир аст, имкони мусоидро фароҳам меорад. Иншоот дорои ҳуҷраҳои зарурӣ барои ҳунармандон, майдони марказӣ, саҳнаи намоиш, ҷойи нишасти тамошобинон ва макони болопӯшида мебошад.

Зимни ифтитоҳи он Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ифтитоҳи Амфитеатрро дар доираи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ туҳфаи арзанда ба сокинони деҳоти ба номи Лоҳутӣ арзёбӣ карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Ховалинг мулоқот доир карданд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон сокинони ноҳияи Ховалингро бо ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ табрику таҳният гуфта, зикр карданд, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ бо талош­ҳои мардуми ноҳия ва пуштибонии онҳо аз сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар симои ноҳияи Ховалинг тағйир ёфта, ҳоло ба шаҳрчаи зебое мубаддал гаштааст.

Зимни таҳлили соҳаҳои иҷтимоии ноҳия, аз ҷумла маорифу тандурустӣ, таъкид шуд, ки барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва солимии аҳолӣ корҳои назаррас ба анҷом расида, шумораи муассисаҳои таълимӣ алҳол ба 52 адад расидааст. Дар сӣ соли охир бо ҷалби ҳама сарчашмаи маблағгузорӣ 35 муассисаи таълимии нав бо 5425 ҷойи нишаст бунёду навсозӣ гардида, ба истифода дода шудааст. Илова бар ин, гимназияи давлатӣ, литсей-интернат дар деҳоти «Шугнов», ду кӯдакистон ва дар назди шуъбаи маориф якчанд маркази рушди истеъдодҳо, омӯзиши технологияҳои иттилоотӣ ва таҳсилоти иловагӣ фаъолият доранд.

Дар аксар маҳаллаҳои аҳолинишин марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ бунёд гардида, қисме аз онҳо, ки дар хонаҳои шахсӣ ва биноҳои дар ҳолати садамавӣ қарордошта фаъолият мекарданд, пурра ба биноҳои нав кӯчонида шуданд. Дар ноҳия, инчунин, 26 муассисаи фарҳангӣ, клубу китобхонаҳо ва қасри фарҳанг, ки соли 2013 ба истифода дода шуд, ба мардум хизмат мерасонад.

Кишоварзӣ дар ноҳия ҳамчун соҳаи асосии пешбарандаи ҳаёти сокинон ба туфайли истифодаи самараноку оқилонаи замин, бунёди боғҳои нав, афзоиши ҳосили меваю сабзавот, рушди чорводорӣ ва занбӯриасалпарварӣ сол ба сол тараққӣ дода мешавад. Тибқи маълумот, содироти мева ба хориҷи кишвар мунтазам афзуда, кишоварзон аз ин ҳисоб даромади хуб ба даст оварда истодаанд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори қаноатмандӣ ба соҳибкорони бонангу номус ва дигар шахсони саховатпеша барои иқдоми ватандӯстонаву ободгарона изҳори сипосу миннатдорӣ карданд. Инчунин, бо итминон таъкид доштанд, ки мардуми ноҳия ва соҳибкорони ватандӯст ба шукронаи давлати соҳибистиқлол ва фазои орому осудаи Ватан ҷиҳати боз ҳам ободу пешрафта гардонидани диёр ва беҳтар намудани шароити зиндагии мардум бештар саъю талош хоҳанд кард.

Баъди суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони ноҳия Моҳзода Мирзоева – табиб, Эркамо Каримова – собиқадор, хонандагон Зуҳро Иброҳимова ва Мунисаи Ҳамзалӣ баромад карда, ба роҳбарияти Давлату Ҳукумати мамлакат ҷиҳати дастгирӣ ва таваҷҷуҳи рӯзафзун изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

4 октябри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи иншооти нав мулоқоту дидорбинӣ бо мардум ва шиносоӣ бо вазъи зиндагии онҳо ба ноҳияи Восеъ ташриф оварданд.

Дар маркази ноҳия сокинони касбу кори гуногун Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Нахуст Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Ҳулбуки ноҳия Боғи марказиро, ки ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» пурра таҷдиду навсозӣ шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Боғ дорои ду дарвозаи мунаққаши бо унсурҳои миллӣ ороёфта мебошад. Масоҳати умумии он 3,5 гектар заминро ташкил дода, дар он шароити хуби истироҳат фароҳам оварда шудааст. Иншоотро сохтмончиёни ватанӣ бо маблағгузории мақомоти маҳаллӣ ва саҳми соҳибкорон навсозӣ намудаанд. Дар тарафи чапи иншоот амфитеатр бунёд шуда, дорои ҳазор ҷойи нишаст мебошад ва ба стандарти байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, барои гузаронидани маҳфилу чорабиниҳои оммавӣ мусоид аст.

Ҳудуди боғро 1250 ниҳолу дарахти ороишии ҳамешасабз, аз қабили туя, можевелник, каштан, сӯзанбарг, санҷид ва ғайра зеб медиҳад, ки аз он теъдод 600 бех нав шинонида шудааст. Майдони гулкоришуда ва майсазор 2,5 гектар заминро ташкил медиҳад. Дар гӯшаи боғ обанбор бо ғунҷоиши 160 метри мукааб сохтаанд. Гулу дарахтони мавҷуда ба таври муосир ва бо истифода аз ҳазор обпошаки худкор обёрӣ мешаванд.

Дар дохили боғ майдони рамзи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёд шудааст, ки 625 метри мураб­баъ масоҳат дорад. Рамзи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар сутунпояи зебо ороёфтаи баландиаш 14,5 метр насб шудааст. Дар як тарафи майдон харитаи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва дар тарафи дигар ба таври рамзӣ китоб гузошта шудааст. Дар ҳудуди иншоот гӯшаи қаҳрамонон ва 5 суҳбаткада мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ҳамкории соҳибкоронро бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ шоис­таи таҳсин хонда, аз масъулин истифодаи самараноки имконоти мавҷударо талаб намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аз беморхонаи марказии ноҳияи Восеъ дидан намуданд, ки бо ташаб­буси Ҳукумати мамлакат дар ҳамкорӣ бо Бонки олмонии рушд ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҷдиду навсозӣ шудааст.

Масоҳати умумии иншоот беш аз 3 гектар заминро ташкил дода, бинои асосии он сеошёна мебошад. Корҳои сохтмониро ширкатҳои ватанӣ бо ҷалби сокинони маҳаллӣ сифатнок ва ҷавобгӯ ба талаботи соҳа анҷом додаанд. Долонҳо, ҳуҷраҳои корӣ, бистаригардонӣ ва дигар иншооти ёрирасони беморхона пурра навсозӣ шуда, ҳуҷраҳои корӣ бо мизу курсӣ, компютер ва дигар ҷиҳози зарурӣ муҷаҳҳаз гардиданд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки беморхонаи марказии ноҳия аз 10 шуъба, аз ҷумла шуъбаҳои қабул, ташхис, кӯдакона, ёрии таъҷилӣ, амалиёти ҷарроҳӣ, ҷарроҳии кӯдакона, ҷарроҳии калонсолон ва таваллудхона иборат аст. Беморхона дорои 194 кат буда, дар он шароити зарурӣ барои ташхису табобат мавҷуд мебошад.

Таҷҳизоти нав васлу насбшуда, аз ҷумла рентген, ултрасадо, дастгоҳи сабти барқии дил, асбобҳои ҷарроҳӣ, дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, оксигенератор ва ғайра истеҳсоли ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ мебошад ва бо истифода аз ин гузаронидани ҳама гуна ташхису табобат имконпазир аст.

Дар доираи лоиҳаи «Ҳифзи саломатии модару кӯдак ва беҳтар намудани самти ёрии таъҷилии тиббӣ дар ноҳияҳои вилояти Хатлон» ба беморхона 120 номгӯи дастгоҳу таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ ворид шудааст.

Барои таъмиру таҷдиди бинои беморхона ва ҷиҳозонидани он бо дастгоҳу таҷҳизоти соҳа Ҳукумати ҷумҳурӣ якҷо бо шарикони рушд, аз ҷумла Бонки олмонии рушд, беш аз 53 млн. сомонӣ сарф намудааст.

Дар беморхона беш аз 450 нафар, хоса табибон, кормандони миёна ва хурди тиб фаъолият доранд, ки дорои таҷрибаи ғании корӣ буда, бо истифода аз технологияи навтарини соҳа ба аҳолӣ хизмат марасонанд.

Об бо истифода аз таҷҳизоти барқии офтобӣ гарм ва ба беморхона таъмин мешавад. Ҷиҳати таъмини доимии қувваи барқ дар беморхона ду трансформатори нав бо иқтидори 1000 кВт насб шуда, ҳамчунин, ду дастгоҳи дизелии истеҳсолкунандаи барқ бо иқтидори 150 кВт мавҷуд мебошад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмиру таҷдиди пурра ва муҷаҳҳаз намудани Беморхонаи марказии ноҳияи Восеъро бо таҷҳизоти замонавии соҳа туҳфаи арзишманд дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ барои сокинон ҳисобида, кормандони соҳаро ба эҳсоси баланди масъулият ва истифодаи самараноки имконоти мавҷуда дар самти ҳифзи солимии аҳолӣ ҳидоят намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Восеъ мавзеи таърихии «Ҳавзи Қайнар»-ро ифтитоҳ карданд.

Он дар доираи таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо усули меъмории замонавӣ аз тарафи хоҷагии деҳқонии «Файзи Саид» бо сифати баланд бунёд шудааст. Дар ҳудуди мавзеъ дарахтони ороишии маҳаллӣ ва аз хориҷ воридшуда, аз қабили арча, магнолия, клён, каштан, сирен ва дигар навъу намуди дарахтони сояафкан шинонида шуда, замини он майсазор шудааст.

Бо дарназардошти он ки оби нӯшокӣ қаблан дар ҳолати ғайрисанитарӣ қарор дошт, нахуст аз тарафи хоҷагии деҳқонии «Файзи Саид» барои сокинони деҳаи Қайнар оби тозаи нӯшокӣ бароварда шуд. Сипас, аз соли 2017 корҳои созандагӣ оғоз гардид ва иқдоми ватандӯстонаи коргарони хоҷагӣ аз ҷониби сокинони маҳаллӣ дастгирӣ ёфт.

Дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи роҳбарияти хоҷагии деҳқонии «Файзи Саид» имкон фароҳам оварда шуд, ки ин ҷо ба макони зебову дилнишин табдил ёбад.

Баъди мавриди истифода қарор гирифтани мавзеи таърихии «Ҳавзи Қайнар» 20 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардид. Ҳамчунин, ба таври таҷрибавӣ парвариши моҳӣ ба роҳ монда шуда, парандаҳои нодир рангорангии табиати ин мавзеъро таъмин ва хотири сайёҳонро болида мегардонад.

Аз рӯи маълумоти таърихӣ ва ҳафриёти бостоншиносӣ, таҳқиқу пажӯҳиш дар ин мавзеъ аз соли 1960 оғоз гардида буд ва нишонаҳои таърихии он тавассути тасвирҳо пешниҳод шудааст. Нигораҳои аз чуқурии 1,5 — 6 метр ёфтшуда ба давраи Сомониён, Кӯшониён ва Юнону Бохтариён тааллуқ доштани ин мавзеъро собит мекунад.

«Ҳавзи Қайнар» манбаи асосии таъмини оби нӯшокии шаҳри Ҳулбук ба ҳисоб мерафт. Тавре аз сарчашмаҳо бармеояд, оби нӯшокӣ аз ин ҷо то шаҳри Ҳулбук тавассути қубурҳои сафолин бурда шуда буд. Мавқеи ҷуғрофӣ ва санъати волои шаҳрсозии ниёгон дар мисоли Қайнар бори дигар миллати тамаддунофар будани тоҷиконро собит мекунад.

Дар амал татбиқ намудани сиёсати созандаи Ҳукумати мамлакат ба эҳёи ин мавзеи таърихӣ ва муаррифии санъати баланди шаҳрсозии ниёгон сабаб гардид. Роҳравҳои ҳудуди мавзеи таърихӣ ба андозаи 4580 метри мураббаъ сафолакпӯш гардида, дар ду шафати роҳ гулҳои мавсимӣ ва доимӣ шинонида шудааст. Барои равшаннамоӣ 53 сутунпоя насб гардидааст.

Инчунин, дар шафати мавзеи таърихии «Ҳавзи Қайнар» чойхонаи замонавӣ бунёд гардидааст ва сокинони деҳа пайваста метавонанд аз он истифода баранд. Мавзеи таърихии «Ҳавзи Қайнар» аз маркази ноҳия дар масофаи 13 километр ва аз маркази деҳоти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар масофаи 4 километр дур воқеъ мебошад. Амалӣ намудани таҷрибаи намунавии ободкорӣ имкон фароҳам овард, ки ин ҷо ба макони фароғатии дилнишин табдил ёбад.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Меҳнатободи деҳоти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Восеъ майдони Парчами давлатӣ ва гулгаштро ифтитоҳ карданд.

Масоҳати умумии майдони Парчами давлатӣ ва гулгашт 40 ҳазор метри мураббаъро дар бар гирифта, дар шафати роҳи мошингарди Восеъ-Ховалинг воқеъ шудааст. Баландии пояи Парчами давлатӣ 40 метр, дарозии матои он 14 метр ва паҳноиаш 7 метрро ташкил медиҳад.

Маконе, ки майдони Парчами давлатӣ бунёд шудааст, аз офати табиӣ зарар дида, қаблан бекорхобида буд. Бо амалӣ намудани корҳои тахту ҳамворкунӣ ва кашондани хок дар он ҷо имконият барои сохтани мавзеи дилнишин фароҳам шуд.

Роҳравҳои гулгашт ба андозаи 11245 метри мураббаъ сафолакпӯш гардида, равшан­намоии он пурра таъмин мебошад. Дар ҳудуд ва атрофи майдони Парчами давлатӣ гулу буттаҳо ва ниҳоли дарахтони ороишӣ шинонида шудааст. Иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти Давлату Ҳукумати мамлакат ҷиҳати саҳмгузорӣ дар ободии Ватан имкон фароҳам овард, ки сокинон аз шароити фароғат дар деҳаи Меҳнатободи деҳоти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Восеъ баҳравар шаванд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Меҳнатободи деҳоти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Восеъ корхонаи дӯзандагӣ ва адрасбофиро ифтитоҳ карданд, ки дар доираи амалисозии ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат бо мақсади таъсиси ҷойҳои нави кор ва рушди иқтисодиёти мамлакат аз тарафи соҳибкор Дилшод Асроров сохта шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси соҳибкорони маҳаллиро барои ҳар чӣ бештар ба шуғли доимӣ фаро гирифтани коргарону мутахассисон ва дар ин замина беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карданд. Бино аз 4 ошёна иборат буда, дар он маркази савдо, корхонаи дӯзандагию бофандагӣ, ошхона ва меҳмонхона ҷойгир мебошад.

Барои истеҳсоли адрас таҷҳизоти муосир насб гардида, сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин шуданд. Маҳсулоти корхона дорои сифати баланд буда, сокинони деҳоти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Восеъ метавонанд аз хизматрасонии он истифода намоянд. Дар иншооти бунёдшуда 150 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин шуданд.

Бунёди иншооти замонавӣ дар доираи дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат аз соҳибкории хурду миёна сурат гирифта, афзоши истеҳсоли маҳсулот ва рушди иқтисодро таъмин мекунад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Меҳнатободи деҳоти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Восеъ муассисаи томактабии хусусии «Оиша»-ро ифтитоҳ намуданд, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Махтумбӣ Абдулҳаева бо ҷалби сохтмончиёни маҳаллӣ дар масоҳати 0,73 гектар бунёд шудааст.

Он дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо тарҳи муосиру миллӣ сохта шуда, дар он барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани 210 кӯдак шароит фароҳам гардидааст. Ҳамчунин, 20 кӯдаки ятим аз оилаҳои ниёзманд ройгон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Дар кӯдакистони «Оиша» 12 мураббӣ ба кор ҷалб гардида, таълим дар он бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад. Инчунин, дар заминаи бунёд гардидани кӯдакистони нав 40 нафар сокини деҳоти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.

Муассиса дорои ҳуҷраи қабули кӯдакон, синфхонаи компютерӣ, ҳуҷраҳои васеи таълимӣ, мусиқӣ, толор барои баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангӣ, ҳуҷраҳои барҳавои хоб, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон буда, ҳар кадоми он бо мизу ҷевон ва дигар лавозимот таъмин шудааст.

Дар саҳни кӯдакистон дар масоҳати 1200 метри мураббаъ ҷой барои бозии кӯдакон ташкил гардида, фаввора ва 6 айвонча бунёд ёфтааст, ки макони асосии истироҳату фароғати кӯдакон мебошад. Бинои нав бо системаи гармидиҳандаи алоҳида бо истифода аз барқу ангишт пайваст мебошад.

Сокинони деҳаи Меҳнатободи деҳоти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Восеъ аз иқдомҳои ободонию созандагӣ ва фароҳам овардани шароити муосири таълиму тарбия барои кӯдакон бо хушнудӣ истиқбол намуда, ин иқдомро натиҷаи таваҷҷуҳу дастгирӣ ва ғамхориҳои доимии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф арзёбӣ менамоянд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар кӯдакистон бо мураббиёну масъулин суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, дастур доданд, ки насли наврасро дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ба воя расонанд. Сипас, аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба кӯдакони хуштолеъ туҳфаҳо тақдим шуд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Меҳнатободи деҳоти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Восеъ маҷмааи бузурги хизмат­расонии сайёҳӣ ва меҳмонхонаи «Сайёҳон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Он дар масоҳати 1,8 гектар аз тарафи соҳибкори ватанӣ Авазхон Кабиров ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёд шуда, дорои имконоти васеи сайру саёҳат мебошад.

Дар ҳудуди маҷмаа фаввора, ду ҳавзи шиноварӣ ва шаршара бунёд намудаанд. Фаввора дар масоҳати 150 метри мураббаъ сохта шуда, баландиаш 7 метрро ташкил медиҳад ва бо санъати баланди ҳайкалтарошӣ оро ёфтааст. Дар ҳар қабати фаввора бо маҳорати нотакрори ҳунармандӣ ҳайкалчаи парандаҳои нодир ва пайкараи одамон дар даст созҳои мусиқӣ, инчунин, ашёи рӯзгор гузоштаанд, ки бозгӯи давраҳои гуногуни таърих мебошад.

Баландии шаршара дар тарафи чапи маҷмаа 18 метр ва паҳноиаш 7 метрро ташкил медиҳад. Дар қисми болоии он барои қабули меҳмонони воломақом суҳбаткада бо 15 ҷойи нишаст ташкил гардида, дар он имконияти хуби тамошои манзараҳои зебои мавзеъ фароҳам мебошад.

Меҳмонхонаи «Сайёҳон» дар ин маҷмааи замонавии хизматрасонӣ аз 4 ошёна ва 42 ҳуҷра иборат буда, имкон аст дар як вақт ба 150 нафар хизмат расонида шавад. Ҳуҷраҳои меҳмонхона бо ҷиҳози зарурӣ, аз қабили рахти хоб, ҷевон, телевизорҳои замонавӣ ва ғайра таъмин мебошад.

Меҳмонхона дорои ду тарабхонаи тобистона бо 350 ва зимистона бо 200 ҷойи нишаст, қаҳвахона барои 60 нафар, ду ҳамоми замонавӣ — занона ва мардона барои 40 нафар, ҳавзи шиноварӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад.

Дар наздикии меҳмонхона ҳавзи моҳӣ бо дарозии 170 ва паҳноии 20 метр ва гармхонаи намоишӣ дар масоҳати 22 садяк замин бунёд гардида, дар ҳавз 10 тонна моҳӣ парвариш меёбад.

Дар атрофи ҳавз 5 суҳбаткада сохта шуда, барои сайёҳон шароити мусоиди гирифтан ва пухтани моҳӣ ташкил гардидааст. Дар маҷмӯъ, шумораи суҳбаткадаҳои ҳудуди маҷмааи замонавии хизматрасонӣ 25 адад мебошад. Дар шафати ҳавзи моҳӣ гӯшаи парандаҳои нодири кӯҳистони Тоҷикистон ва хонагӣ, инчунин, заргӯш бо 14 қафас сохта шудааст. Дарозии гӯшаи мазкур 170 метр ва паҳноиаш 25 метрро ташкил медиҳад. Дар он 14 намуд паранда ба миқдори умумии 500 сар ва ду намуд заргӯш ба миқдори 60 сар парвариш меёбад.

Дар гармхонаи махсусгардонидашуда ҳам имконияти хуби гаштугузор барои сайёҳони дохилию хориҷӣ мавҷуд мебошад. Дар дохили он дарахтони субтропикӣ, аз қабили лимӯ, афлесун, мандарин, кивӣ, меваҳои юнонӣ ва ҳамчунин, ангур шинонида шудааст. Ҳавзи моҳӣ, гармхона, инчунин, гӯшаи парандаҳо ва заргӯшро дар дохили маҷмаа махсус барои фароғати сайёҳон бунёд намудаанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки бунёд гардидани чунин иншооти муосир ва дар он ҷорӣ намудани сатҳи баланди хизматрасонӣ рушди соҳаи сайёҳиро таъмин менамояд ва дар заминаи таъсис ёфтани ҷойҳои нави кор сатҳи зиндагии аҳолӣ боло меравад.

Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани маҷмааи хизматрасонӣ 150 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд. Дар вақти сохтмон, ки се сол идома ёфт, аз 100 то 200 нафар ба корҳои муваққатӣ ҷалб шуданд.

Соҳибкори ватанӣ дар пайравӣ аз сиёсати созандаи Ҳукумати мамлакат дар масофаи ду километр роҳи деҳаро то маркази деҳот мумфарш ва пурра чароғон намудааст.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон иқдоми созандаи соҳибкорро ба хотири истиқболи сазовор аз ҷашни муқаддаси миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва саҳм гузоштан дар татбиқи ҳадафи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» шоистаи таҳсин ва намунаи ибрат ҳисобида, масъулини ноҳияро ба истифодаи самараноки имконоти мавҷуда ҳидоят намуданд.

4 октябри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун, мулоқот бо сокинону фаъолон ва иштирок дар чорабиниҳо бахшида ба 30 —  солагии Истиқлолияти давлатӣ ба ноҳияи Муъмин­обод ташриф оварданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сокинони меҳмоннавози ноҳия самимона истиқбол гирифтанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни барқарорсозии токзор дар мавзеи Зартеппаи деҳоти «Деҳибаланд» шинос шуданд.

Дар он нахуст бинои нави бошишгоҳи саҳроиро мавриди истифода қарор доданд, ки дорои чор толор ва ошхона буда, барои истироҳату фароғати коргарону мутахассисон пешбинӣ шудааст.

Сарвари давлат дар бошишгоҳи саҳроӣ бо зиёда аз 40 нафар ятиму бепарастор мулоқот намуда, онҳоро ба хониши хубу аъло, забономӯзӣ ва аз бар намудани донишҳои муосир ҳидоят намуданд.

Таъкид гардид, ки Ҳукумати мамлакат барои беҳдошти вазъи ятимону бепарасторон тадбирҳои муассирро амалӣ менамояд.

Зимнан, дар майдони токзори мавзеи Зартеппа, ки зиёда аз 140 гектар заминро ташкил медиҳад, хоҷагидорон навъҳои серҳосили ангури ба иқлими минтақа мутобиқро парвариш менамоянд. Дар гузашта он ба хоҷагии «Мичурин» мансуб буд, ки аз ҳисоби истеҳсоли ангури хушсифат дар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ шуҳрати зиёд дошта, бинобар таъсири баъзе аз омилҳо майдони токзор рӯ ба нестӣ овард.

Бо соҳибистиқлол гаштани мамлакат аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷвайн» зиёда аз 50 гектар майдони токзор барқарор гардида, мутахассисон корҳои агротехникии қаторҳо, насб намудани сутунпояҳо, кашидани ноқилҳои байни қаторҳо барои бастани ниҳолҳои токи ангур ва дигар тадбирҳои вобаста ба фаровонҳосилиро анҷом дода, сокинони маҳаллӣ, аз ҷумла занону духтарон, бо ҷойи кор таъмин гардиданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон корхонаи муштараки шарбатбарориро, ки дар деҳаи Шаҳринави деҳоти «Деҳибаланд»-и ноҳия ҷойгир мебошад, мавриди истифода қарор доданд.

Он аз ҷониби коргарону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷвайн» дар масоҳати 3,5 гектар замин бунёд гардида, бо технологияи муосири истеҳсолӣ муҷаҳҳаз мебошад. Дар корхона бинои истеҳсолӣ, биноҳои маъмурӣ ва анборҳои нигоҳдории ашёи хом бунёд гардида, роҳҳои дохили он мумфарш шудааст ва дар рафти корҳои сохтмонӣ зиёда аз 150 нафар сохтмончӣ ба кор ҷалб гардиданд.

Иқтидори истеҳсолии корхона дар як соат коркарди зиёда аз 10 тонна ангур буда, аз се коргоҳи асосӣ — коркарди ангур, шӯстушӯи зарфҳо ва рехтани шарбат ба зарфҳо иборат аст. Дар он 40 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, бо кори мавсимӣ зиёда аз 100 нафар ҷалб мешаванд ва панҷ номгӯи шарбат истеҳсол мекунанд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ аз фаъолияти хатти нави технологӣ дар корхона ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири содиротӣ ба соҳибкорон ҷиҳати саҳмгузорӣ дар рушди иқтисоди миллӣ изҳори миннатдорӣ карданд. Зикр шуд, ки бо бунёду барқарорсозии токзори нав, ки майдони парвариши он тад­риҷан васеъ мегардад, иқтидори истеҳсолӣ бештар хоҳад шуд.

Дар саҳн ва атрофи корхона бо истифода аз шароити мусоид дар майдони 0,40 гектар замин боғи гелос ва дар 1 гектар замин боғи сиёҳолу низ бунёд шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парчами давлатӣ ва гулгашти зебои ноҳияи Муъминободро ба истифода доданд.

Баландии сутунпояи Парчами давлатӣ 45 метрро ташкил дода, аз тарафи коргарону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ҳасанбегӣ» бунёд гардидааст. Майдони Парчами давлатӣ дар масоҳати 0,60 гектар замин бунёд ёфта, дар саҳн ва атрофи он 320 бех ниҳоли дарахтони гуногуни ҳамешасабзу ороишӣ ва гулу буттаҳои зебою нодир шинонида шудааст.

Бунёди майдони Парчами давлатӣ дар қатори дигар иншооти таъиноти гуногун дар ноҳияи Муъминобод дар доираи корҳои ободонӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ сурат гирифта, дар баробари шукӯҳу зебоӣ бахшидани симои ноҳия, инчунин, дар самти баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ифтихори миллӣ ва арҷгузории насли ҳозираву ояндаи мамлакат ба ин муқаддасоти миллӣ мусоидат хоҳад кард.

Саҳни майдони Парчами давлатиро бунёди гулгашти зебою назаррабо дилфиребу ҷолиб сохта, ба мавзеи мусоиди истироҳатию фароғат ва сайругашти сокинон табдил ёфтааст.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Осорхонаи ноҳияи Муъмин­ободро мавриди истифода қарор доданд, ки дар доираи амалӣ намудани тадбирҳои созандагию ободонӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо санъати баланди меъмории миллӣ бунёд ёфтааст.

Он бо харҷи зиёда аз 4 миллион сомонӣ бунёд гардида, аз ду ошёна иборат аст. Дар ошёнаи якум се толори нигоҳдории нигораҳои таърихӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мавҷуд аст, ки давраҳои гуногуни таърихро бозгӯ мекунанд.

Ошёнаи дуюми осорхона аз толори намоишӣ дар масоҳати 256 метри мураббаъ иборат буда, дар он барои нигоҳдории нигораҳо, утоқҳои корӣ, ҳуҷраи карантинӣ, ҳуҷраи нигоҳдории либос, ташхисгоҳ ва дигар иншооти хизмат­расонӣ мавҷуд аст. Нигораҳо ва тасвирҳо дар осорхона аз гузаштаи таърихи куҳани ноҳия шаҳодат дода, дар муаррифии ёдгориҳои он нақши муҳим дорад.

Мавриди зикр аст, ки дар ноҳияи Муъминобод 50 ёдгории таърихӣ мавҷуд аст, ки дар натиҷаи кофтуковҳои археологии олимон қадимтарин бозёфтҳо пайдо гардида, дар осорхона ҳифзу нигоҳдорӣ мешаванд. Ҳамчунин, дар намоиши дастовардҳои хоҷагии халқи ноҳия, ки ба таври густурда ороста шуд, аҳли заҳмат маҳсули меҳнаташонро муаррифӣ намуданд.

Аз фаровонии меваҳои шаҳдбору аз ҷиҳати экологӣ тоза ва сабзавоту зироати кишоварзӣ аён аст, ки дастовардҳои меҳнаткашон дар самтҳои хоҷагидорӣ афзун гардида, фаъолияти кишоварзон босамару натиҷабахш аст. Намоиши намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ низ ҷолиби диққат буд. Атласу адрас ва чакану зардӯзиҳо, ки маҳсули ҳунари нотак­рори занону бонувон ба шумор меравад, дар сатҳи шоиста ба маъраз гузошта шуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 8 километр роҳи навсозишудаи ноҳияи Муъминободро ба истифода доданд.

Бо мақсади фароҳам овардани имконоти зарурии рафтуомади сокинону меҳмонон роҳҳои дохилии ноҳияи Муъминобод дар қитъаҳои алоҳида асфалтпӯш гардидааст. Аз ҷумла, роҳи автомабилгард дар деҳаи Гулистон ба масофаи 2 километр, бо гузоштани 3 адад қубури обгузар ба маблағи 1,92 миллион сомонӣ бо саҳми соҳибкорони ватандӯсти ноҳия сохта шуда, мавриди истифода қарор гирифт.

Дар кӯчаи марказии ноҳия ба масофаи 0,6 километр роҳ пурра мумфарш гардида, корҳои таъмиру барқарорсозӣ дар қитъаҳои дигар бо сатҳу сифати баланд ба иҷро расонда шуд. Мавриди зикр аст, ки дар раванди созандагию бунёдкорӣ роҳи мошингарди деҳаи Тутқавул-Ҷалоқ ба масофаи 4 километр бо иқдоми соҳибкорони маҳаллӣ таъмиру нав­созӣ гардид. Илова бар ин, роҳи автомабилгарди корхонаи коркарди ангур низ ба масофаи 1,5 километр пурра асфалтпӯш гардидааст.

Дар маҷмӯъ, роҳҳои дохилии ноҳияи Муъминобод 514 километрро ташкил медиҳанд ва роҳҳои марказии ноҳия бошанд, 28 километр буда, ҳар сол марҳила ба марҳила таъмиру навсозӣ мегарданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Гулистони ноҳияи Муъминобод Комплекси агросаноатии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Заркорон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Он ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо мақсади татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бунёд шуда, самти фаъолияташ чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ, боғдорӣ, истеҳсоли маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ ва коркарди он мебошад. Ҳадаф аз бунёди иншооти замонавӣ — татбиқи амалии илм дар истеҳсолот буда, барои рушди соҳаҳои кишоварзию саноат дар мамлакат қадами устувори дигар гузошта шуд.

Мавриди зикр аст, ки он мавзеъ қаблан санглоху бекорхобида буда, бо роҳнамоиҳои Сарвари давлат ва иқдоми соҳибкори маҳаллӣ ба гӯшаи ободу зебои саноатию аграрӣ табдил дода шуд. Масоҳати умумии комплекс 23 гектар замин буда, дар он 30 нафар ба кор ҷалб шудаанд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ аз кӯли моҳипарварӣ, ки дар масоҳати 0,30 гектар замин бунёд гардида, дар он беш аз 10 ҳазор дона гулмоҳии гуногунвазн парвариш мешавад, ба усули муосири парвариши гулмоҳӣ баҳои баланд доданд. Кӯли моҳипарварӣ бо технологияи махсуси парвариш ва истеҳсоли гулмоҳӣ бунёд шуда, ҳарорати оби он пайваста муътадил нигоҳ дошта мешавад, ки барои афзоиш ва вазнгирии моҳӣ басо мувофиқ аст.

Бо мақсади таъмини гулмоҳӣ бо ғизои консентратӣ дар назди ҳавзи моҳипарварӣ анбори захира ва нигаҳдории хӯроки моҳӣ сохта шудааст. Бо истифода аз таҷрибаи ғании моҳипарварӣ дар хоҷагӣ парвариши моҳиҳои наслдеҳ низ ба роҳ монда шудааст, ки дар асоси шартнома хоҷагиҳои моҳипарвари ҷумҳурӣ метавонанд, аз он моҳичаҳо дастрас намоянд.

Боғпарварӣ низ аз самтҳои асосии фаъолияти комплекси агросаноатӣ буда, масоҳати умумии боғоти хоҷагӣ 8,74 гектар заминро дар бар мегирад, ки дар онҳо асосан ниҳоли дарахтони себ, олу, гелос, бодом ва дигар навъи меваҳои шаҳдбор парвариш меёбад. Бо дарназардош­ти боду ҳавои мусоиди ноҳия дар масоҳати 2,14 гектар замин боғи интенсивӣ бунёд шудааст. Ҳамин тариқ, дар як гектар замин 1500 — 2700 ниҳол шинонда шуда, ба ҳисоби миёна аз ҳар гектар 30 — 40 тонна ҳосил рӯёнида мешавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таҷрибаи боғпарварӣ ва истифодаи босамари замин дар Комплекси агросаноатии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Заркорон» изҳори қаноатмандӣ намуда, барои боз ҳам васеъ кардани замини боғҳои дарахтони мевадиҳанда ба хоҷагидорон маслиҳату тавсияҳои судманд доданд.

Таъкид шуд, ки бо истифода аз оби фаровон, замини ҳосилхез ва шароити мусоиди иқлим истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, ки аз лиҳози экологӣ тозаи табиӣ мебошад, зиёд гардида, ба хориҷи кишвар бештар содирот карда шавад. Аз ҳисоби афзоиши истеҳсолот ва ба бозори истеъмолӣ пешниҳод кардани маҳсулот даромади иқтисодии хоҷагӣ бештар мегардад.

Дар комплекси мазкур бинои муҳташами меҳмонхона бо санъати баланди миллии меъморӣ сохта шудааст, ки дорои даҳ ҳуҷраи барҳаво мебошанд. Ҳуҷраҳои меҳмонхона бо мебелу таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз буда, барои истироҳату фароғати кормандон, меҳмонон ва таҷрибаомӯзон шароити арзанда фароҳам оварда шудааст. Дар долони бинои меҳмонхона мизи мудаввар бо курсиҳои бароҳат гузошта шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аз фермаи ширию молии Комплекси агросаноатии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Заркорон», ки аз чор бино иборат буда, дар он 100 сар чорвои ширдеҳи зотҳои шведӣ, голштинӣ, сиёҳало, симменталӣ парвариш мешаванд ва ба шароити иқлими ноҳия мутобиқ мебошанд, дидан карданд.

Ба иттилои масъулон, шабонарӯз аз ҳар сар чорво 16-18 литр шир бо равғаннокии 3,8 фоиз ва умуман, дар як рӯз 350 — 400 литр шир истеҳсол мешавад. Барои нигаҳдории сифат ва хусусиятҳои табиии шир ҳама амалиёти коркарди аввалия дар зарфи калонҳаҷм ба роҳ монда шуда, баъдан ба корхонаи коркард ва истеҳсоли маҳсулоти босифати ширии назди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Заркорон» интиқол дода мешавад.

Барои гузарондани корҳои зотпарварӣ ва баланд бардоштани маҳсулнокии чорво дар ин ҷо парвариши буқаҳои зотӣ низ ба роҳ монда шудааст. Ба ҳисоби миёна аз 100 сар чорвои калон 85-90 сар гӯсола гирифта мешавад. Хӯроки дурушту ширадори чорво, аз қабили юнучқа, ҷуворимакка ва дигар намуди зироати хӯроки чорво дар заминҳои назди хоҷагӣ кишту ҷамъоварӣ ва захира карда мешавад. Барои таъмини чорво бо хӯроки ширадор аз қабили тарбеда ва силос ду чоҳи амудӣ сохта шудааст.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки барои рушди соҳаи парандапарварӣ ва истеҳсоли тухму гӯшти парҳезӣ дар комплекси агросаноатӣ 8 ҳазор сар мурғи тухмдеҳи зоти «Лома» парвариш карда мешавад. Барои парвариши мурғи сермаҳсул шароити зарурӣ фароҳам буда, санҷиши ҳарорати бино, намнокӣ ва равшании он ба таври автоматӣ идора карда мешавад. Ҳар рӯз 7000 — 7200 дона тухм истеҳсол шуда, ба бозори истеъмолии ноҳия ва шаҳри Кӯлоб пешниҳод менамоянд. Барои эъмин нигоҳ доштани паранда аз ҳар гуна касалиҳо қоидаҳои санитарию гигиенӣ дар фабрика ба таври қатъӣ риоя карда мешавад.

Дар шафати фермаи чорводорӣ ва парандапарварӣ дар майдони кушоду барҳаво парвариши шутурмурғ, мурғи марҷон, сасарка ва харгӯш ба роҳ монда шудааст. Истифодаи ин таҷрибаи самаровар имкон медиҳад, ки саршумори ҳайвоноти хонагӣ бамаротиб зиёд шуда, истеҳсоли гӯшти парҳезӣ бештар гардад.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкори ватандӯсту ташаббускор барои бунёди иншооти азими аграрию саноатӣ изҳори сипос карда, барои рушди фаъолияти меҳнатӣ ба онҳо барори кор орзу намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи мошингарди дорои аҳамияти ҷумҳуриявии Кӯлоб — Муъминобод­ро ба истифода супориданд, ки он 41 километрро дар бар гирифта, 35 километри он бо харҷи 195,4 миллион сомонӣ дар доираи марҳилаи сеюми «Таъмиру таҷдиди роҳҳои автомобилгард дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар зарфи ду сол таъмиру навсозӣ шуд.

Фармоишгари Лоиҳаи «Таъмиру таҷдиди роҳҳои автомобилгард дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Роҳи мазкур, ки солҳои зиёд ба таъмиру таҷдид ниёз дошт, бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пурра асфалтпӯш гардида, ба категорияи сеюм мансуб аст. Бо бунёди роҳи автомобилгард барои рафтуомади сокинон ва меҳмонон шароити арзанда фароҳам оварда шуд.

Ёдовар мешавем, ки барои татбиқи Лоиҳаи «Таъмиру таҷдиди роҳҳои автомобилгард дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10 сентябри соли 2019 оғоз бахшида буданд. Ба иттилои масъулон, дар марҳилаи навсозии он, ҳамчунин, таъмиру навсозии 35 километр роҳ, сохтмон ва таҷдиди 6 пул низ ба анҷом расидааст.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои татбиқи босамари Лоиҳаи «Таҷдиди роҳи мошингарди Кӯлоб — Муъмин­обод» ва бо сифати баланд ба анҷом расондани корҳои бунёдӣ ба роҳсозони тоҷик изҳори сипос намуда, таъкид карданд, ки он солҳои тӯлонӣ ба мардум хизмат хоҳад кард.

Сокинони заҳматпешаи Муъминобод барои талошҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рафъи мушкилоти иҷтимоӣ ва таъмини зиндагии шоиста сипосу миннатдорӣ баён карданд.

Дар ҷараёни корҳои роҳсозӣ аксар коргарон аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб карда шуданд. Зимни ифтитоҳи роҳи мошингарди «Кӯлоб — Муъминобод» Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ ба роҳсозон изҳори сипос карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Муъминобод бо роҳбарону фаъолони ноҳия мулоқоти самимӣ анҷом дода, натиҷаҳои фаъолияти бахшҳои ноҳияро давоми сӣ соли соҳибис­тиқлолӣ таҳлил намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон сокинони ватандӯсти ноҳияро бо ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ табрику таҳният гуфта, ба онҳо хушиҳои зиндагӣ ва комёбиҳои навро орзу намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мавҷудияти ёдгориҳои бузурги таърихӣ, ҳифзу гиромидошти онҳо аз ҷониби сокинони маърифатпарвару фарҳангдӯсти ноҳия ёдовар шуда, зикр карданд, ки бо шарофати дастгирии Ҳукумати кишвар дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ин диёри куҳан хеле ободу зебо гардид ва соли 1992 номи таърихии он аз нав барқарор шуд.Ҳукумати мамлакат тайи сӣ соли охир барои пешрафти ин диёри баландкӯҳ, ки дорои захираҳои бузурги табиӣ мебошад, тадбири зиёдеро амалӣ намуд.

Дар доираи «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Муъминобод барои солҳои 2016 — 2020» барои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия аз ҳисоби сарчашмаҳои маб­лағгузорӣ 33 лоиҳа ба маблағи 114 миллион сомонӣ ва дар асоси «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Муъминобод барои солҳои 2021 – 2025» 123 лоиҳа ба маблағи умумии беш аз 275 миллион сомонӣ равона гардид.

Ин диёри зебоманзар ҳоло макони сайру саёҳати на танҳо сокинони ҷумҳурӣ, балки меҳмонону сайёҳон аз кишварҳои дуру наздики хориҷӣ гардидааст. Дар он инфрасох­тори сайёҳӣ ва хизматрасонӣ сол ба сол рушд карда, аз ояндаи неки ин диёри биҳиштосо дарак медиҳад.

Дар муддати чанд соли охир панҷ меҳмонхонаи замонавӣ бо шароити зарурии фароғату истироҳат дар мавзеи Чилдухтарон ба фаъолият оғоз кард ва имрӯз дар доираи сафари кории Сарвари давлат дар деҳаи Паҳндара меҳмонхонаи панҷошёнаи дигар барои 50 нафар ифтитоҳ гардид.

Бо мақсади таъмини ҳаракати мунтазами нақлиёт дар тамоми фасли сол соли 2015 аз деҳаи Саркорон то Паҳндара ба масофаи 17 километр ва соли 2020 то ноҳияи Ховалинг роҳи ҳамвор кушода шуд. Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат соли 2019 дар ноҳия Маркази ҷумҳуриявии табобати бемориҳои дил, ки бо таҷҳизоти беҳтарини тиббӣ таъмин мебошад, ба истифода дода шуд. Барои оммавигардонии варзиш бисёр корҳои назаррас амалӣ гардид. Айни ҳол дар ноҳияи Муъминобод 2 ҳавзи шиноварӣ, 14 толори варзиш, мактаби варзиш, ки дар онҳо 383 нафар варзишгар бо 20 нафар мураббӣ, аз ҷумла 13 нафар номзад ба устоди варзиш, машқу тамрин мекунанд, варзишгоҳ бо зиёда аз 7000 ҷойи нишаст ва 123 майдон барои намудҳои гуногуни варзиш фаъолият дорад.

Ба муносибати ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ дар 340 иншооти банақшагирифта корҳои ободониву бунёдкорӣ ба анҷом расонида шуданд. Кишоварзон анъанаи неки гузаштагонро дар самти истифодаи оқилонаи замин, аз ҷумла боғу токзор идома дода, дар ин бахш ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд.

Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми заҳматпешаи ноҳияи Муъминобод бо фаъолияти пурсамар барои боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани маҳбуб, таҳкими дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи сулҳу суботи кишвар ва таҳкими ваҳдати миллӣ дар оянда низ ҳисса мегузоранд.

Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ баргузор гардид, ки он таҷассумгари дастовардҳои даврони соҳибис­тиқлолии кишвар буд.

5 октябри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар тантанаҳои ҷашнӣ ба ифтихори солгарди 30-юми Истиқлолияти давлатӣ ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварданд.

51555117515_fb8048b851_oДар Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти вилояти Хатлон, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва сокинони шарафманди  он бо шаҳомати хоса истиқбол гирифтанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому қадршиносӣ ва арҷгузорӣ ба орифону фарзандони барӯманди халқи тоҷик оромгоҳи олим ва файласуфи шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат карда, барои бақои давлату миллат, осудагии мардуми кишвар, ободии Ватан ва пойдории сулҳу суботи сарзамин дуову фотеҳаи нек намуданд.

Бояд гуфт, ки бо дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақбараи ин шахсияти шинохтаи илму маърифат, ки дар кишварҳои ҷаҳон пайравону ­эътиқодманди зиёд дорад, таъмиру таҷдид шуда, ба макони зиёрат ва тамошои сокинону меҳмонони хориҷӣ табдил ёфтааст.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо вазъи оромгоҳ ба кормандони Осорхонаи шаҳри Кӯлоб барои дар сатҳи зарурӣ истиқбол гирифтани меҳмонон ва сайёҳони хориҷӣ дас­туру ҳидоят доданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб бинои Дастаи таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Он бо дарназардошти талаботи кории мақомот бунёд гардида, аз се ошёна ва ҳуҷраҳои барҳавои корӣ, нуқтаҳои алоҳидаи алоқа, анборҳои нигоҳдории маводу лавозимоти махсус иборат мебошад.

Дохили бинои Дастаи таъиноти махсус бо сифати баланд бунёд гардида, дар ду ошёнаи он хобгоҳ барои гурӯҳҳои зудамал бунёд ёфтааст. Хобгоҳ бо катҳои хоби бароҳат, мизу курсӣ ва ҷевон муҷаҳҳаз буда, барои истироҳати кормандон имконияти мусоид фароҳам оварда шудааст. Ҳамчунин, дар он толори варзишӣ ҷойгир мебошад, ки бо асбобҳои зарурӣ муҷаҳҳаз буда, барои кормандон шароити хуби обутоби бадан муҳайё шудааст. Бино бо ошхонаи замонавӣ низ таъмин мебошад.

Иншоот бо ибтикори Ҳукумати мамлакат ҷиҳати беҳсозии шароити хизматии кормандони мақомоти қудратӣ бунёд ёфтааст. Сохтмони он дар як сол анҷом ёфта, гирду атрофи бино бо гулҳои ороишӣ ва дарахтони сояафкан оро дода шудааст.

Зимни боздид ва шиносоӣ Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба имконоту шароити фароҳамшуда баҳои баланд дода, масъулинро вазифадор намуданд, ки ба обутоби ҷисмонии ҳайати шахсӣ ва тамринҳои пайвас­таи даста таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоянд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Борбади шаҳри Кӯлоб Маркази савдо ва хизматрасонии «Шукрона»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд, ки он дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби оилаи Исмоилзодаҳо бунёд гардид ва бо тарҳи замонавӣ дар чор ошёна сохта шудааст.

Дар таҳхонаи он ҳамоми замонавӣ барои мардон ва занон ба таври алоҳида бо ҳама шароит бунёд гардидааст. Ба хотири сарфакории неруи барқ, дастандаркорон гармидиҳиро тариқи ангишт ба роҳ монда, ҷиҳати ҳифзи ҳавои атмосфера тадбирандешӣ кардаанд.

Дар ошёнаи якум нуқтаи фурӯши маҳсулоти рӯзгор ва асбобҳои маишӣ ҷойгир шудааст.

Лозим ба зикр аст, ки дар заминаи таҳкими муносиботи мутақобилан судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон, роҳбарияти маркази хизматрасонӣ бо ширкати «Артел» (Artel)-и кишвари ҳамсоя шартномаи ҳамкорӣ дошта, маҳсулотро бо нархи дастрас ба аҳолӣ пешниҳод менамоянд.

Дар ошёнаи дуюм дастгоҳҳои зарурии либосшӯӣ фурӯхта мешаванд.

Дар ошёнаи сеюм коргоҳи дӯзандагӣ бо 30 дастгоҳи замонавии дӯзандагӣ ва поракунию дигар таҷҳизоти зарурӣ таъсис дода шудааст ва дар он асосан занҳо ба кор ҷалб шудаанд. Бунёди маҷмаа аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ бо мақсади бештар саҳм гузоштан дар ободонии маҳал, рафъи мушкилоти иҷтимоии аҳолӣ ва мусоидат ҷиҳати бо шуғл таъмин кардани шаҳрвандон сурат гирифт.

Дар ошёнаи чоруми бино меҳмонхона бо шаш ҳуҷра ва бо шароити зарурӣ бунёд шуда, барои қабули 12 нафар дар як вақт омода мебошад.

Бунёди Маркази савдо ва хизматрасонии «Шукрона» соли 2018 оғоз гардида, масоҳати умумии он 1260 метри мураббаъ мебошад. Баъди ба истифода додани он зиёда аз 50 нафар ба ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд, ки бештар аз 30 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. Дар маҷмӯъ, оилаи Исмоилзодаҳо тасмим доранд, ки ҷиҳати иштирок дар ҳалли мушкилоти иҷтимоии аҳолии шаҳри Кӯлоб аз тариқи бунёдкории бештар ҳиссаи сазовор гузошта, дар татбиқи ҳадафҳои созандаи роҳбарияти олии мамлакат саҳмгузор бошанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташаббуси соҳибкорон баҳои баланд дода, ҷиҳати анҷом додани хизматрасониҳои дастрас ба аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи хадамоти маишӣ нисбат ба сокинони шаҳр дастур доданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ роҳи автомобилгарди «Кӯлоб-Шамсиддин Шоҳин»-ро ифтитоҳ карданд, ки дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ буда, пойтахти кишварро бо шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Муъминобод ва Шамсиддин Шоҳин васл мекунад ва яке аз дарвозаҳои асосӣ барои пайваст намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Халқии Хитой тавассути Вилояти Мухтори Кӯҳис­тони Бадахшон мебошад.

51553795899_8d4252c1ba_oҚитъаи роҳи мошингарди «Кӯлоб — Шамсиддин Шоҳин» дар идомаи роҳи мошингарди «Кӯлоб — Қалъаи Хумб» дар асоси роҳнамоиҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баровардани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ бунёд гардида, дар доираи татбиқи марҳилаи навбатии лоиҳавӣ навсозӣ шуд.

Дар маросими оғози корҳои сохтмонӣ моҳи сентябри соли 2019 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок варзида, мутахассисону роҳсозонро бобати анҷоми босифати тадбирҳои сохтмонӣ вазифадор карданд.

Ҳадафи асосии сохтмони иншоот таъмин намудани бехатарӣ ва ҳаракати мунтазами воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани ҳолат ва андозаи геометрии роҳ, инчунин, сарфа намудани вақт ва сӯзишворӣ барои кашондани молҳои ниёзи мардум дар ҳама фасли сол ва таъмини ҷойҳои кор дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.

Фармоишгари лоиҳа Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамоҳангсози он Маркази татбиқи «Лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ» буда, пудратчии асосӣ Ширкати чинии «Хинҷиян Констракшн» ва «Энер­жиан Групп ЛТД» ва «Консалтинг компани ЛТД» мебошанд.

Дарозии умумии роҳ 32 километрро дар бар мегирад. Он ба категорияи сеюми роҳсозӣ мутобиқ гардонида шуда, дар шаҳри Кӯлоб паҳноии умумии роҳ аз 21 — 23 метр ва дар дигар мавзеъҳо то 17 метрро ташкил медиҳад. Ин қитъаи роҳи мошингард аз ду хати ҳаракат иборат буда, паҳноии стандартии роҳ ба 12 метр баробар мебошад ва паҳноии қисмати роҳи мошингард 7 метрро ташкил медиҳад. Канораҳои роҳ ба 2,5 метр баробар буда, мувофиқи меъёрҳои сохтмонӣ, аз километри 6,6 то километри 21-ум бо дарназардошти нишебии тӯлонӣ ва таъмини ҳаракати бехатар се хати ҳаракат бунёд шудааст. Дар роҳ мувофиқи лоиҳа се пул бо дарозии умумии 220 метри тӯлонӣ бунёд ёфт.

Дар рафти корҳои сохтмонӣ 490 коргар, аз ҷумла, 400 корманди маҳаллӣ бо ҷалби 76 техникаи махсус тадбирҳои роҳсозиро ба поён расониданд.

Қобили зикр аст, ки танҳо солҳои охир бо талошҳои хастанопазири Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 6 марҳила таҷдиди роҳи мошингарди «Кӯлоб — Қалъаи Хумб» бо сифати баланд анҷом дода шуд. Дар натиҷа, зиёда аз 170 километр масири мошингард дар ин самти ҳаракат ба стандарҳои ҷаҳонии роҳсозӣ мутобиқ гардонида шудааст. Дар умум, навсозии бештар аз 58 километри ҳамин қитъа тавассути Маркази татбиқи «Лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ» бо ҷалби шарикони рушд сомон дода шуд.

Дар ҳошияи татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Шамсиддин Шоҳин, инчунин, мутобиқи дастури роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ду дидбонгоҳ барои сарҳадчиён ва кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ, хонаи модару кӯдак, иншооти ёрирасон, се таваққуфгоҳ барои мошинҳои боркаш ва истгоҳҳои замонавӣ бунёд гардиданд. Ҳамчунин, дар километрҳои 182-250-уми шоҳроҳи Душанбе — Хоруғ, воқеъ дар назди Терминали мусофиркашонии шаҳри Кӯлоб, ки бар асари офати табиӣ осеби ҷиддӣ дид, қубурҳои обгузари оҳану бетонӣ бо дарозии 140 метр ва деворҳои оҳану бетонӣ бо дарозии 80 метр бунёд ва ба истифода дода шуд.

Воқеан, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани роҳи автомобилгарди Кӯлоб — Шамсиддин Шоҳин дар самти татбиқи стратегияи аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар дастоварди бузург ба ҳисоб меравад. Маълум аст, ки бо ин мақсад таҳти ҳидояту дастурҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати мамлакат кори зиёдро ба анҷом расонида, даҳҳо лоиҳаи сармоягузориро татбиқ намуд, ки дар доираи онҳо беш аз 2200 километр роҳи байналмилалии мошингард, 220 километр роҳи оҳан, 237 пул ва 5 нақби мошингузар бунёд гардид.

Ҳукумати мамлакат ҷиҳати баланд бардоштани сифати хизмат­расониҳои нақлиётӣ ва аз бунбасти коммуникатсионӣ пурра раҳо намудану ба кишвари транзитӣ табдил додани ҷумҳурӣ дар солҳои минбаъда 1500 километр роҳи мошингарди сатҳи байналмилалӣ бунёд менамояд. Маҷмӯан, дар соҳаи нақлиёт зиёда аз 60 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии беш аз 20,5 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст.

Ҳамин тавр, бо шарофати дастгирии ҳамаҷонибаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар доираи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати кишвар дар самти баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ дар доираи амалисозиии Лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди «Кӯлоб — Қалъаи Хумб», аз ҷумла роҳи автомобилгарди «Кӯлоб-Шамсиддин Шоҳин», дар шаҳри Кӯлоб беш аз 100 километр роҳи дорои аҳамияти байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ бунёд шуд. Ин тадбир барои ҳаракати бемамониати нақлиёт дар ҳама фасли сол, интиқоли саривақтии молу маҳсулот ва сафари бехатари шаҳрвандон мусоидат мекунад.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 46 оғози расмӣ бахшиданд.

Он дар ду баст барои 600 хонанда пешбинӣ гардида, бо дарназардошти талаботи муосир бунёд ёфтааст ва аз синфхонаҳои барҳавову замонавӣ иборат мебошад. Аз ҷумла, барои таълиму тарбияи толибилмон лабораторияҳои фаннӣ, синфхонаҳои алоҳидаи химия, биология ва физика ташкил гардидааст. Ба хотири омӯзиши касбу ҳанар дар муассиса синфхонаҳои алоҳидаи таълими меҳнати писаронаву духтарона ташкил ёфта, бо айёниятҳои зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Зимни боздид ба Роҳбари давлат иттилоъ доданд, ки бунёди муассиса мушкилоти аҳолии маҳаллаи Чаманзорро дар самти надоштани таълимгоҳ ҳал намуд, зеро то ин дам хонандагон роҳи дурударозро тай намуда, барои дарс омӯхтан ба маркази шаҳри Кӯлоб мерафтанд.

Бояд ёдовар шуд, ки имсол аз маҳалли зарардида 35 нафар хатм­кунандагони муассисаҳои таълимӣ бо мусоидати Вазорати маориф ва илм дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои дохилӣ барои таҳсил ба коллеҷҳо ва мактабҳои олии Тоҷикистон ба таври имтиёзнок дохил гардиданд.

Муассиса дар доираи дастуру супоришҳои Раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Далер» бунёд ёфт. Он аз ду ошёна иборат буда, дорои 10 синфхонаву дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад ва  дар дохилаш, ҳамчунин, ошхона бо имкониятҳои муосир ва толори варзишӣ ҷой дода шудааст. Барои фарогирии толибилмон ба китобхонӣ дар дохили иншоот китобхонаи замонавӣ низ сохта шудааст.

Роҳрав ва дохили муассисаи таълимӣ бо санъати баланд бунёд ёфта, барои омӯзгорон ҳуҷраҳои корӣ ташкил гардидааст. Иншоот дар масоҳати як гектар замин бо тарҳи зебову замонавӣ қомат афрохта, ҳудудаш сафолакпӯш шудааст. Ҳамчунин, дохили муассиса бо гулҳои ороишӣ ва дарахтони сояафкан зинат дода шудааст. Дар наз­даш майдончаи муосири замонавӣ бунёд ёфта, барои гузаронидани машғулиятҳои варзишӣ имконияти зарурӣ фароҳам мебошад.

Иншоот дар доираи таҷлили 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, туҳфаи арзанда барои сокинони маҳаллаи Чаманзори шаҳри Кӯлоб маҳсуб меёбад.

Зимни боздид Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, иқдоми бунёдкоронаро боис ба таҳсину дастгирӣ арзёбӣ намуданд.

Ҳамчунин, ба хонандагон тавсия доданд, ки имконоти фароҳамшударо самаранок истифода бурда, илмҳои замонавиро ҳамаҷониба аз бар намоянд, то дар оянда мутахассиси соҳибтаҷриба гарданд.

Дар маҳаллаи 15-уми шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бинои истиқоматии нуҳошёнаро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд, ки барои хизматчиёни давлатӣ пешбинӣ гардида, бо маблағгузории Ҳукумати мамлакат аз ҷониби Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳо оид ба таҷдид ва рушди иншооти инфрасохтори иҷтимоӣ бунёд гардидааст.

Он дорои 36 ҳуҷра, аз ҷумла, 18 манзили ду ва 18 хонаи сеҳуҷрадор мебошад. Дар маҷмӯъ, масоҳати умумии ҳуҷраҳо 3 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Бо дастури Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хонаҳои истиқоматӣ бо ҷиҳози рӯзгор, аз қабили яхдон, телевизор, қолин ва дигар лавозимот таъмин буда, ҳама имкони зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Хусусан, ҳуҷраҳо бо оби гарму хунук таъмин буда, ҳамчунин, иншоот бо хати мустақили гармидиҳӣ таъмин мебошад.

Бинои истиқоматӣ дар шаҳри Кӯлоб дар доираи тантанаҳои 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, туҳфаи арзандаи Ҳукумати мамлакат ба хизматчиёни давлатӣ маҳсуб меёбад.

Зимни боздид хизматчиёни давлатӣ ба Сарвари давлат барои таваҷҷуҳи дои­миашон нисбат ба ҳаёту зиндагии онҳо изҳори миннатдорӣ карда, иброз доштанд, ки ин ташаббус масъулияти онҳоро дар самти иҷрои вазифаҳояшон боз ҳам зиёд менамояд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нафаронеро, ки соҳиби манзилҳои истиқоматӣ гаштанд, таҳният гуфта, онҳоро ба хизмати софдилона ва тарбияи дурусти фарзандон ҳидоят карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар шаҳри Кӯлоб бинои нави баландошёнаи истиқоматиро бо марказҳои хизматрасонӣ ва тиҷоратӣ мавриди истифода қарор дода, бо ятимон мулоқот карданд.

Нахуст баъди ифтитоҳи бино Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хислатҳои накуи инсондӯстӣ ба се нафар, аз ҷумла як сарбози дар марзи Тоҷикистон ҷароҳатбардошта, як нафар корманди содиқи Вазорати корҳои дохилӣ ва ба шахси камбизоат калиди манзилҳои истиқоматиро тақдим намуданд.

Дар ошёнаи якуми бино Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъанаи наку бо ятимон мулоқоти самимӣ доир карданд. Ин навбат 43 нафар ятим аз шаҳри Кӯлоб аз ҳадяҳои арзишманди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳравар шуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ҷашни солгарди соҳибис­тиқлолии Ватанро ба ин насли сазовори кишвар таҳният гуфта, ба онҳо хушрӯзгорӣ, хониши аъло ва садоқат ба давлату миллатро орзу карданд.

Таъкид шуд, ки Ҳукумати кишвар ҳамеша тарбияи насли наврас ва ниёзмандонро дар мадди назар қарор дода, барои зисту таҳсили онҳо, илму касбомӯзиашон шароити мусоидро фароҳам меорад.

Таваҷҷуҳ ба беҳдошти сатҳи зиндагии хизматчиёни ҳарбӣ ва таъмини шароити хизмати онҳо ҳамеша дар мадди назари Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ҳамин аст, ки Сарвари давлат барои хизматчиён ва оилаҳои онҳо манзилҳои истиқоматӣ тақдим карда, барои фарзандони содиқ ва муҳофизони шуҷоъ беҳтарин имкониятҳоро муҳайё месозанд.

Дар маҳаллаи Чармгарони поёни шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Парки нассоҷии шаҳри Кӯлоб»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода,  бо сифати маҳсулоти корхонаи нассоҷӣ ва имкониятҳои кории он шинос шуданд.

Корхонаи нав дар як сол то 34 миллион ҷуфт ҷӯроб истеҳсол намуда, ҳамчун маҳсулоти рақобатпазир ба хориҷи кишвар низ содирот мешавад. Алҳол ҷӯробҳои истеҳсолнамудаи «Парки нассоҷии шаҳри Кӯлоб» ҳамчун маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда ба Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон ба фурӯш бароварда мешавад.

Бояд қайд кард, ки замони Иттиҳоди Шӯравӣ, маҷмӯан, дар ҷумҳурӣ 49 миллион ҷуфт ҷӯроб истеҳсол мегардид. Ҳоло танҳо дар 3 корхонаи саноатии кишвар — Корхонаи «Ваҳдат текстайл»-и шаҳри Душанбе, Корхонаи нассоҷии ноҳияи Вахш ва Парки нассоҷии шаҳри Кӯлоб бештар аз 100 миллион ҷуфт ҷӯроб истеҳсол мегардад, ки ҳам бозори дохилиро таъмин менамояд ва ҳам ба дигар кишварҳои ИДМ содирот мешавад.

Тибқи дастуру роҳнамоиҳои Пешвои миллат, дар муҳлати наздик боз 5 корхонаи истеҳсоли ҷӯроб дар минтақаҳои гуногуни кишвар бунёд мегардад.

Корхона дар доираи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо саҳми Ҳукумати мамлакат ва соҳибкорони ватанӣ Илҳом Мирзоев ва Акбар Асадулло бунёд гардида, барои коркарди пурраи ашёи хоми маҳаллӣ ва тавлиди маҳсулоти ниҳоӣ мусоидат хоҳад кард.

Корхона ҳоло бо 250 дастгоҳи худкори бофандагӣ, 15 дастгоҳи истеҳсоли нӯги ҷӯроб, 6 дарзмол ва 110 дастгоҳи бофандаи ҷӯробҳо мувофиқи талаботи харидорон, беш аз 500 навъи ҷӯроб истеҳсол менамояд.

Инчунин, 430 сокини маҳаллӣ, ки асосан бонувон мебошанд, соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб гардида, ҳамаи онҳо аз курсҳои бозомӯзӣ гузаштаанд.

Корхона дар асоси ашёи хоми маҳаллӣ фаъолият намуда, ришта барои истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз коргоҳҳои мамлакат дастрас мешавад.

Ба фаъолият оғоз намудани Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Парки нассоҷии шаҳри Кӯлоб» идомаи тадбирҳо дар роҳи амалишавии ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат буда, ин иқдом ба афзоиш ёфтани иқтидори истеҳсоливу содиротии мамлакат мусоидат хоҳад кард. Дар баробари ин, бозорҳои кишвар бо маҳсулоти хушсифати истеҳсоли ватанӣ таъмин мегарданд.

Зимни боздид Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи масъулинро ба риояи талаботи байналмилалӣ ҳангоми истеҳсолот ва густариши бозори фурӯш аз хориҷи кишвар ҷалб намуда, ба онҳо дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб зимни чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон нахуст сокинони ватандӯсту ватанпарвар, намояндагони мардуми сарбаланд ва ғаюри шаҳри бостонии Кӯлобро ба ифтихори ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ, инчунин, Рӯзи забони давлатӣ самимона табрик намуданд.

Сарвари давлат бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки мардуми бонангу номуси Хатлон ба қадри Ватани соҳибихтиёр ва давлати соҳибистиқлол мерасанд ва барои шукуфоии он тадбирҳои созандаро амалӣ месозанд.

Зикр гардид, ки дар даврони соҳибис­тиқлолӣ бо дастгирии пайвастаи Ҳукумати мамлакат барои таъмин намудани рушди устувори иқтисодиёти вилояти Хатлон ва беҳтар сохтани шароити зиндагии сокинони он аз ҳисоби ҳама сарчашмаи маблағгузорӣ беш аз 62 миллиард сомонӣ равона гардидааст. Дар солҳои соҳибис­тиқлолӣ дар вилояти Хатлон беш аз 80 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 15 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло татбиқи боз 39 лоиҳаи дигар идома дорад, ки дар доираи онҳо то ба ҳол 5,8 миллиард сомонӣ аз худ карда шудааст. Инчунин, ба вилоят зиёда аз 18,9 миллиард сомонӣ сармояи мустақим ҷалб шудааст, ки 11,1 миллиард сомонии он сармояи мустақими хориҷӣ ва 7,8 миллиард сомонӣ сармояи мустақими дохилӣ мебошад.

Илова бар ин, дар «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2021 – 2025» амалисозии боз 345 лоиҳаи дигар ба маблағи умумии 7,4 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Соли ҷорӣ татбиқи лоиҳаи барқарорсозии Шабакаи оби нӯшокӣ ва корези шаҳри Кӯлоб ба маблағи беш аз 101 миллион сомонӣ оғоз гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ зикр карданд, ки мардуми заҳматкаши вилояти Хатлон ҷиҳати таҷлили сазовори ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ корҳои бузурги созандагиро ба роҳ монда, дар се соли охир беш аз 7600 иншооту бинои таъиноти гуногунро сохта, ба истифода додаанд, ки дар онҳо 32 ҳазор нафар сокини вилоят бо ҷойи кор таъмин шудаанд.

Тайи даврони соҳибистиқлолӣ дар соҳаи роҳу нақлиёти вилояти Хатлон 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи зиёда аз 5,1 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, 439 километр роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ, 2 нақб ва 34 пул сохта, ба истифода дода шудааст. Ҳоло дар ин самт боз 5 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз 4,7 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст, ки дар доираи онҳо 219 километр роҳҳои аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявидошта, 3 нақб ва 25 пул сохта, ба истифода дода мешаванд.

Илова бар ин, лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои дохилии шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб, навсозии роҳҳои мошингарди Кӯлоб — Муъминобод ва Кӯлоб — Шамсиддин Шоҳин ба маблағи умумии қариб 1 миллиарду 400 миллион сомонӣ татбиқ гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Дар замони Истиқлолияти давлатӣ роҳи оҳани Бохтар — Кӯлоб ба масофаи 132 километр сохта, ба истифода дода шуд ва дар доираи он 5 пули калон низ бунёд гардид.

Бо дастгирии пайвастаи Ҳукумати мамлакат дар солҳои соҳибис­тиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба маблағи 1,8 миллиард сомонӣ 1161 бинои муассисаи нави таълимӣ ва бинои иловагӣ барои 468 ҳазор хонанда сохта, мавриди истифода қарор гирифт.

Бо мақсади ҳалли масъалаҳои соҳаи тандурустии вилоят ҳамчун минтақаи аз ҳама сераҳолии мамлакат, дар солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи муассисаҳои тиббӣ аз 892 то ба 1703 расонида шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки истифодаи самараноки захираву имкониятҳои мавҷуда ва таъмин намудани пешрафти минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии вилоят, пеш аз ҳама, ба заҳмати содиқона ва азму талоши созанда, инчунин, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастии ҳар як роҳбар, шахси масъул, мутахассис ва ҳар як сокини вилоят вобаста мебошад.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми ватандӯст, бонангу номус ва матиниродаи вилояти Хатлон, хусусан, бо дарназардошти вазъи ҷаҳони имрӯза, минбаъд низ дар ҳифзи дастовардҳои таърихии халқамон ва ҳимояи манфиатҳои давлату миллати куҳанбунёд бо ҳисси баланди миллӣ ҳушёру омода хоҳанд буд ва бо заҳмати содиқонаву софдилона ин гӯшаи Ватани маҳбубро боз ҳам ободу пешрафта хоҳанд гардонид. Барои расидан ба рӯзҳои осудаву босаодат, яъне ҳифзи истиқлолияту озодӣ, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мардуми ватандӯсти вилояти Хатлон ва хусусан, сокинони боғайрати шаҳри бостонии Кӯлоб фидокориву ҷоннисории зиёд кардаанд, ки Давлату Ҳукумат ва мардуми қадршиноси кишвар хизмати таърихии онҳоро ҳамеша арҷ мегузоранд.

Баъди суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ баргузор шуд, ки тараннумгари комёбиҳои беназири даврони соҳибистиқлолии кишвар буд.

www.president.tj