20 марти соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, фаъолон ва сокинони касбу кори гуногун дар фазои идона гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
20 марти соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии шаҳри Левакант Корхонаи истеҳсоли оби ҷави Маҷмааи истеҳсолии корпоратсияи «Салтанат»-ро мавриди истифода қарор доданд, ки дар заминаи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар, дар доираи «Солҳои рушди саноат» 2022 — 2026 аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Сироҷиддинзода Баҳриддин сохта шудааст.
Бо таъсиси он дар шаҳри Левакант дар ду баст 250 сокини маҳаллӣ, аз ҷумла ҷавонони соҳибтахассуси тоҷик ва бонувони маҳаллӣ, бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз 20 ҳазор литр оби ҷав буда, 14 навъи маҳсулот, аз ҷумла оби ҷави равшан, торик, шаффофшуда, ношаффоф ва оби ҷави ғайриспиртӣ бо тамъи меваҷот, истеҳсол мегардад. Истеҳсоли квас низ ба роҳ монда шудааст, ки дорои сифати баланд мебошад.
Корхонаи нави саноатӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд бунёд гардида, барои пешбурди фаъолияти босамар чор мутахассиси баландихтисоси хориҷӣ, аз ҷумла технолог, сардори озмоишгоҳ ва муҳандис низ, ба кор ҷалб гардидаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми созандаи соҳибкори ватандӯстро ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат арзёбӣ карда, ба муассисон барои таъсиси корхонаи нави саноатӣ ва таъмини сокинон бо ҷойи кори доимӣ изҳори сипос намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии шаҳри Левакант, ҳамчунин, Корхонаи истеҳсоли афшураи меваю сабзавот ва нӯшобаҳои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Паймонаи заррин» — ро ба истифода супориданд.
Он дар доираи эълони гардидани солҳои 2022 — 2026 «Солҳои рушди саноат» аз ҷониби Маҷмааи истеҳсолии корпоратсияи «Салтанат» таъсис ёфта, дар ду баст 280 сокини маҳаллиро бо ҷойи кор фаро гирифтааст.
Дар корхонаи нави саноатӣ асосан ду хати технологӣ барои коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураву шарбат ва обҳои ташнагишикан аз кишварҳои пешрафтаи олам, аз ҷумла аз ширкатҳои маъруфи Олмон, дастрас гардида, онро мутахассиони тоҷик дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Федератсияи Россия васлу насб намуда, идора менамоянд.
Иқтидори истеҳсолии корхона 50 ҳазор тонна меваи тару тозаи табиӣ дар як мавсим буда, ҳамчунин, имкон дорад, ки дар як шабонарӯз то 10 ҳазор литр афшураи меваю сабзавот ва нӯшобаву обҳои ташнагишикан истеҳсол намояд. Дар хати муосири технологӣ меваю сабзавот нахуст коркард шуда, ба таври механикӣ ба ҷараёни истеҳсолот интиқол дода мешавад. Истеҳсоли афшураю нӯшобаҳо аз меваҳои шаҳдбори диёр, аз ҷумла себу нок, зардолу, шафтолу, олуву олуча, лимӯ, анор ва гулчини меваҳо, дар қуттии гуногунҳаҷм анҷом дода мешавад.
Маҳсулоти истеҳсолшуда дар навбати аввал ба бозорҳои истеъмолии мамлакат пешниҳод мегардад ва дар сурати таъмини талаботи аҳолӣ ба хориҷи кишвар низ содирот хоҳад шуд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Левакант калонтарин корхонаи истеҳсоли хишт дар миқёси вилояти Хатлонро, ки фаъолияташ пурра аз тариқи хатҳои нави технологӣ ба роҳ монда шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Он аз ҷониби муассисони Маҷмааи истеҳсолии корпоратсияи «Салтанат» ба хотири саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат бунёд шуда, бо дарназардошти фаъолияти мунтазам дар бахши истеҳсолӣ, истихроҷи ашёи хом, фурӯши маҳсулоти тайёр ва дигар самтҳои ёрирасон зиёда аз 650 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Технологияи корхона асосан истеҳсоли ширкати бонуфузи «БРИКТЕК» (BRICTEC)- и Италия буда, ҷавобгӯи меъёру стандартҳои ҷаҳонӣ мебошад. Бартарӣ дар он аст, ки маҷмӯи таҷҳизот дар асоси дастовардҳои муосири техникии соҳа, аз ҷумла бо истифода аз технологияи Италия ва Ҷопон, интихоб шудааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми муассисон баҳои баланд дода, таъкид доштанд, ки дар раванди истеҳсолот бояд ба сифати маҳсулот таваҷҷуҳи бештар зоҳир шавад, зеро ин омил ба фаъолияти мунтазами корхона таъсири мусбат расонида, дастрасии ширкатҳои сохтмонӣ ва аҳолиро ба ин навъи масолеҳ осон мегардонад.
Дар маҷмӯъ, дар се корхонаи Маҷмааи истеҳсолии корпоратсияи «Салтанат», ки бо иштироки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд, 1200 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Левакант ба Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» ташриф оварда, агрегати рақами 3-юми онро ба кор дароварданд.
Он, ки баъди таҷдиду навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, 49 мегаватт тавоноӣ дорад. Дақиқияти кораш муайян шуда, ҷавобгӯи талабот арзёбӣ гардид. Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» бо иқтидори лоиҳавии 240 мегаватт аз ҷумлаи шашумин неругоҳҳои амалкунандаи маҷрои дарёи Вахш ба ҳисоб меравад.
Лозим ба ёдоварист, ки сохтмони неругоҳи барқи обии мазкур соли 1956 оғоз гардида, аввалин агрегати он соли 1962 ба кор дароварда шудааст.
Бинобар сабаби истифодабарии тӯлонӣ қисми зиёди таҷҳизоти электромеханикӣ ва гидромеханикии неругоҳ ва дастгоҳҳои тақсимкунандаи кушодаи он фарсуда гардидааст. Дар он тӯли қариб шаст сол ба ҷуз аз таҷдиди як агрегат дигар ҳеҷ гуна корҳои таҷдиду навсозӣ анҷом дода нашуда буд.
Бинобар ин, соли 2011 байни Ҳукумати мамлакат ва Бонки осиёии рушд оид ба амалӣ намудани лоиҳаи «Таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» Созишномаи грантӣ ба маблағи зиёда аз як миллиард сомонӣ ба имзо расонида шуда, татбиқи он расман соли 2016 оғоз гардид.
Дар асоси созишнома лоиҳа аз ду қисмат иборат буда, даври якуми он пурра иваз кардани 5 агрегат, 2 автотрансформатор, бунёди бинои нави идоракунӣ ва дигар корҳои ба он алоқаманд ва қисмати дуюми лоиҳа таҷдиди дастгоҳҳои тақсимкунандаи кушодаи 220/110 киловолтаро дар бар мегирад.
Айни замон дар қисмати якуми лоиҳа барқарорсозии таҷҳизоти истеҳсоли неруи барқ ҷараён дорад.
Татбиқи марҳилаи якуми лоиҳаро корхонаи муштараки «Синоҳайдро — Ҳайдрочайна» ба уҳда дошта, пас аз таҷдиду навсозӣ соли 2018 агрегати рақами 5 бо тавоноии 49 мегаватт, соли 2019 агрегати рақами 6 бо иқтидори 49 мегаватт ва соли 2020 агрегати рақами 2 бо тавоноии 45 мегаватт ба кор дароварда шуд. Ҳамчунин, дар асоси лоиҳа то ин муддат иваз намудани ду автотрансформатор, барқарорсозии чор крани борбардор, таъмири бинои толори мошинҳои неругоҳ, навсозии бинои идоракунӣ, дарвозаҳои обгузари сатҳи поёнӣ ва болоӣ, бинои об ва равғанҷудокунандаи садамавӣ, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар соҳили чапи дарё ва соҳили чапи канали пайвасткунанда, насби дастгоҳи кушодаи тақсимоти барқ ба анҷом расидааст. Дар ҳоли ҳозир таҷдиду навсозии гидроагрегати рақами 1 идома дорад. Ҳаҷми корҳои иҷрошуда дар агрегат зиёда аз 60 фоизро ташкил медиҳад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, масъулонро вазифадор сохтанд, ки қисмҳои дигари иншооти муҳими стратегии мамлакат сифатан хуб ва бо риояи меъёрҳои пазируфташудаи ҷаҳонӣ ба охир расонида шаванд.
Дар қисми дуюми лоиҳа, Консорсиуми «Генсер GЕ»-и Туркия, тибқи шартнома, бо ШСХК «Барқи Тоҷик» барқарорсозии зеристгоҳҳои барқии 220 ва 110-киловолтро пурра ба анҷом расонид.
Барқарорсозии дастгоҳҳои тақсимкунандаи кушодаи 220 киловолт ва 110/35/6 киловолт бо дарназардошти пурра иваз намудани таҷҳизоти асосию ёрирасони онҳо, аз ҷумла иваз намудани трансформаторҳои қудратӣ, трансформаторҳои шиддат, трансформаторҳои ҷараён, дастгоҳҳои тақсимкунандаи комплектии 6 киловолт, васлакҳои равғанӣ, ҷудокунакҳо, хатҳои интиқоли барқи мавҷуда дар неругоҳ, хати нави интиқоли барқи 220 киловолт ва биноҳои идоракунӣ дар доираи қисмати дуюми лоиҳа амалӣ карда шуд.
Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар доираи лоиҳаи мазкур агрегатҳо, трансформаторҳо ва дигар таҷҳизоти барқӣ аз ҷумҳуриҳои Олмон, Италия, Ҳиндустон, Чин ва Қазоқистон ворид карда шуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Кооперативи тиҷоратии «Боҳтуробод» — и шаҳри Левакант ба маъракаи кишти пахта оғоз бахшиданд.
Дар он, ки аз хоҷагиҳои калонтарин ва серсоҳаи деҳоти «Гулистон» маҳсуб меёбад, ҳар сол дар майдони умумии 244 гектар пахта, картошкаву пиёз, ҷуворимакка ва ғалладона, кишт карда мешавад.
Қабл аз оғози мавсими кишти баҳории пунбадона Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба намоишгоҳи тухмии зироатҳо, кӯчати помидору бодиринг, сабзавоти тару тоза, гулҳои гуногун ва ғалладонагӣ шинос шуда, доир ба вусъат бахшидани мавсими кишти имсола дастуру супоришҳо ва оид ба истифодаи навъҳои серҳосили ғалладона, картошка, сабзавот, рушди боғу токпарварӣ ва афзун намудани иқтидори содиротӣ ба деҳқонон тавсияҳо доданд.
Соли дуюм аст, ки дар Кооперативи тиҷоратии тухмипарварии «Боҳтуробод»- и шаҳри Левакант бо техникаҳои замонавӣ ва бо усулҳои ҷадид, яъне масофа гузоштан дар байни қаторҳо, то 90 см пахта парвариш мекунанд. Ин навъи кишти пунбадона чигитро сарфа карда, дар як гектар 190 ҳазор ниҳоли пахта нашъунамо меёбад.
Тавре маълум гардид, айни замон дар хоҷагии мазкур 50 тонна чигити аълосифати навъи «австралиягӣ» захира шуда, дар хоҷагиҳои ҳамшафат низ аз ҳамин навъ парвариш хоҳанд кард.
20 марти соли 2022 дар ноҳияи Кӯшониён Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Хоҷагии деҳқонии «Хурсандӣ-2»-ро аз назар гузаронида, барои бунёди тутзор дарахт шинонданд.
Боғи тут бо мақсади дар амал татбиқ кардани дастур ва ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирӣ намудани соҳаи кирмакпарварӣ таъсис ёфта, бо ин мақсад дар масоҳати 2,5 гектар замин бо технологияи наву муосир 3700 адад ниҳоли тут шинонида шуд. Дар он асосан навъи тути «Марҳамат» шинонида шуд.
Хоҷагии деҳқонии «Хурсандӣ-2», дар маҷмӯъ, дорои 5 гектар замин мебошад. Дар қитъаи боқимондаи замини хоҷагӣ гандум кишт гардида, ҳамчунин, он барои кишти пахта омода карда шудааст.
Ниҳолҳои тут аз ҳисоби Барномаи рушди соҳаи кирмакпарварӣ таъмин гардид.
Қаблан дар он мавзеъ ҳар сол бо мақсади таъмини амнияти озуқавории мамлакат кишти сабзавот ва пахта ба роҳ монда шуда, хоҷагидорон аз ҳамин ҳисоб то 50 ҳазор сомонӣ даромади соф ба даст меоварданд. Ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар замин 40 — 50 сентнерро ташкил менамуд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Кӯшониён Маркази таълимӣ — фароғатии «Зарринтоҷ»-ро барои кӯдакон мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд, ки дар ноҳия калонтарин ба ҳисоб рафта, дар як вақт имкон дорад, ки то 200 кӯдакро ба таълиму тарбия фаро гирад.
Он аз тарафи соҳибкор Сафар Ҳалимов дар муддати се сол бо риояи талаботи сохтмонӣ ва шакли зебову замонавӣ бунёд ёфта, 15 сокини маҳаллиро бо ҷойи кор таъмин намудааст.
Зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар маркази таълимӣ, Пешвои миллат ба иқдоми соҳибкори ватандӯст ҷиҳати саҳм гузоштан дар бунёдкорӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.
Иншоот сеошёна буда, дар ошёнаи якум ҷойи бозиҳои шавқовари кӯдакона бо ҳама шароит ва дар ошёнаи дуюм чор синфхонаи таълимӣ, маркази омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забонҳои русиву англисӣ ва синфхонаи рассомӣ, мавҷуд мебошад.
Баробари фароҳам овардани беҳтарин шароит дар Маркази таълимӣ — фароғатии «Зарринтоҷ» дар саҳни ҳавлии он чор айвонча, нуқтаҳои бозии кӯдакон, ҳайкалчаҳои қаҳрамонҳои афсонавии халқи тоҷик ва ҳайвоноти гуногун низ сохта шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Кӯшониён бинои истиқоматиро, ки аз 7 ошёна иборат мебошад, ба истифода доданд.
Ҳангоми сохтмони он, ки аз 40 хона иборат аст, 12 сокини маҳаллӣ бо кори муваққатӣ таъмин гардид. Масоҳати умумии майдони иншоот 900 метри мураббаъро ташкил намуда, хонаҳои истиқоматии он як ва дуҳуҷрагӣ мебошанд.
Мутобиқи маълумот, ошёнаи якуми бино ҳамчун марказҳои хизматрасонӣ пешбинӣ гардидааст ва ба фаъолият шурӯъ намудани онҳо чандин нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор хоҳанд гашт.
Баҳри самаранок истифода бурдани иншоот ва ҷиҳати таъмини сокинон бо ҷойи кор дар таҳхонаи бино коргоҳи хурди истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ ба роҳ монда шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ ба ду оилаи эҳтиёҷманд калиди хонаҳои навро тақдим карданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, иқдоми пешгирифтаи соҳибкорро дар рӯзҳои таҷлили пуршукӯҳи ҷашни байналмилалии Наврӯз муҳиму саривақтӣ маънидод намуданд.
Дар ошёнаи якуми бинои истиқоматӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 150 ятим аз панҷ шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон мулоқоти самимӣ анҷом дода, баҳрашон дастархони идонаи наврӯзӣ оростанд. Пешвои миллат кӯдаконро бо ҷашни байналмилалии Наврӯз табрику таҳният гуфта, ба онҳо туҳфаҳои арзанда тақдим намуданд.
Дар ҳамон ҷо ба Сарвари давлат лоиҳаи сохтмони бинои нави нуҳошёнаи истиқоматӣ бо ҷойгиршавии марказҳои савдову хизматрасонӣ дар ошёнаи аввал, ки аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Дилшод Давлатов сохта мешавад, муаррифӣ гардид.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо лоиҳаи иншооти сохташаванда, ба соҳибкор ҷиҳати бо сифати баланд анҷом додани корҳои бунёдӣ дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
21 марти соли 2022 дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ Маҷмааи варзишӣ ва иншооти таъиноти гуногунро, ки дар майдони 25 гектар замин бунёд шудааст, ба истифода супориданд.
Сипас, дар ҳамон ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Баландии сутунпояи Парчами давлатӣ 64 метрро ташкил намуда, андозаи матои он 10 ба 20 метр мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз корҳои анҷомдодашуда изҳори қаноатмандӣ намуда, ба ҳиммати фарзандони бонангу номуси миллат, ки дар ободӣ ва пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳм мегузоранд, баҳои баланд доданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи иншоот таъкид намуданд, ки дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ қомат афрохтани Парчами давлатӣ баробари таъмини зебоии мавзеъ, ҳамчунин собитгари гиромидошт ва ҳифзи арзишҳои миллати тоҷик буда, дар бедор намудани ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстию ватанпарастии сокинон саҳми ниҳоят бориз дорад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо нишонаи арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ дар пояи Нишони давлатӣ гулчанбар гузоштанд.
Майдони Нишони давлатӣ дар шаҳраки Балх бо санъати баланди меъморӣ ва истифодаи сангҳои ороишӣ бунёд ёфта, баландии пояи он 26 метрро дар бар мегирад.
Гирду атрофи иншоот сабзкорӣ гардида, гулу буттаҳои ороишӣ шинонидаанд, ки муҳити атрофро зебу зинат медиҳанд.
Ҳамчунин, роҳрав ва ҳудуди иншоот сафолакпӯш гардида, бо шаклу услуби хос чароғон гардонида шудааст.
Майдони Нишони давлатӣ бо мақсади ҳифз ва арҷ гузоштан ба муқаддасоту асолати миллӣ бунёд шуда, барои доир намудани иду ҷашнҳо, сайругашт ва тамошои сокинону меҳмонони ноҳия имконияти мусоид фароҳам гардидааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ба истифода супоридани майдони Нишони давлатӣ ба сифати корҳои анҷомёфта ва иқдоми наҷибонаи соҳибкорон баҳои баланд дода, масъулинро вазифадор карданд, ки ба хотири ободу зебо ва сабзпӯш нигоҳ доштани атрофи иншоот пайваста чораҳои зарурӣ андешанд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ гулгашт, муҷассама ва мақбараи яке аз бузургтарин суханварони Машриқзамин — Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро мавриди истифода қарор доданд. Муҷассамаи шоир 17 метр баландӣ дорад.
Зимни боздид Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, қомат афрохтани пайкараи олим ва файласуфи оламшумули тоҷик Мавлоно Балхиро дар самти эҳтиром гузоштан ба хизматҳои шоён ва қадрдонии шахсиятҳои таърихии миллати тоҷик нек арзёбӣ намуданд.
Маҷмааи варзишӣ ва гулгашти Ҷалолиддини Балхӣ дар масоҳати умумии 3,75 гектар кабудизору гулкорӣ шуда, ба макони зебои истироҳату фароғати сокинони ноҳияи Балхӣ табдил ёфтааст. Дар он ҷо беш аз 200 ҳазор гули лола, 60 ҳазор гули садбарг, зиёда аз 600 дарахти гуногуни ҳамешасабз ва ороишӣ, аз ҷумла каштану навъҳои гуногуни арча, шинонида шудааст, ки намои гулгаштро хеле зебо мегардонад.
Аз он ки иншоот дар шафати шоҳроҳи Душанбе — Бохтар — Балх — сарҳади Афғонистон ҷойгир аст, барои сайёҳону меҳмонони дохиливу хориҷӣ макони тамошобоб гардидааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз шароити фароҳамовардаи истироҳату фароғат ба масъулин ҷиҳати дастгирии сиёсати созандаву бунёдкоронаи Ҳукумати ҷумҳурӣ изҳори сипос карда, анҷом додани корҳои созандагиро аз хислатҳои ҳамидаи инсонӣ хонданд.
Мардуми сарбаланди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллатро сармашқи кор намуда, ваъда доданд, ки минбаъд низ бо густариши корҳои ободонию созандагӣ дар пешрафти Ватани азизамон — Тоҷикистон саҳм хоҳанд гузошт.
Пас аз маросими пардабардорӣ аз рӯи муҷассамаи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оромгоҳи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ташриф оварда, онро зиёрат карданд.
Мавриди ёдоварист, ки бо дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оромгоҳи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ як каф хок ба марқади Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оварда шуд ва тибқи муқаррароти дини мубини ислом, бо риояи аркони суннатии мо ба оромгоҳи ӯ гузошта шуд, ки минбаъд ихлосмандон ва ҳаводорони ашъори пурғановати Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ метавонанд онро зиёрат намоянд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назди оромгоҳи рамзӣ, ки хоки он аз дахмаи асосии шоир аз шаҳри Қунияи Туркия ба кишвар оварда шудааст, ба хотири суботи сартосарии Ватан ва эҳтиром ба гузаштагон дасти дуо бардоштанд.
Мақбараи олим ва донишманди тоҷик дар асоси ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат дар ҳудуди «Гулгашти Балхӣ» ҷойгир мебошад.
Он тибқи суннати меъмории ниёгон сохта шуда, даромадгоҳи асосиаш аз қисмати ҷанубӣ, дар рӯ ба рӯи муҷассама қарор дорад. Дар пештоқи он катибаи «Мақбараи рамзии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ» навишта шудааст.
Дар дохили мақбара, дар чаҳор тарафи он чаҳор байт аз ашъори Мавлоно бо забони тоҷикӣ, хати ниёгон ва тарҷумаи англисӣ бо зарҳал ҳаккокӣ шудааст, ки андозаи ҳар як катиба 160 ба 22 см мебошад.
Мақбара дар масоҳати 50 метри мураббаъ бунёд гардида, деворҳои он бо нақшу нигори қадима, ки ба давраи зиндагии шоир хос аст, оро ёфтааст. Баландии бино панҷ метр буда, корҳои бунёдӣ аз ҷониби сохтмончиёни ватанӣ анҷом дода шудааст. Роҳрав ва саҳни оромгоҳ бо тахтасангҳо зебо гардонида шуда, гулу буттаҳои ороишию сояафкан аз қисматҳои сабзкории оромгоҳ ба ҳисоб меравад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат дар мавриди вусъати корҳои ободонӣ, арҷгузорӣ ба таърихи ниёгон, ба масъулину сохтмончиён изҳори сипос карда, истифодаи маҷмааро дар арафаи таҷлил аз ҷашни байнамилалии Наврӯз туҳфаи арзандаи Ҳукумати мамлакат ба сокинони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ арзёбӣ намуданд.
Сокинони ноҳия низ барои талошҳову ғамхориҳои Сарвари давлат ва шароити фароҳамовардаи Ҳукумати мамлакат изҳори миннатдорӣ карда, ваъда доданд, ки ҷиҳати боз ҳам ободу пешрафта кардани кишвар камари ҳиммат хоҳанд баст.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Хона — музейи Ҷалолиддини Балхӣ» — ро низ мавриди истифода қарор доданд, ки он 1000 метри мураббаъ ва баландиаш 3,5 метр мебошад.
Он дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳифзи арзишҳои фарҳангию таърихии миллати куҳанбунёди тоҷик, гиромидошти фарзандони фарзонаи миллат бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ сохта шуда, дар замони ҷаҳонишваии фарҳангҳо ҷиҳати ҳифзи арзишҳои миллию таърихии халқи тоҷик, аз бар кардани таърих ва омӯхтани гузаштаи пурифтихори миллати тоҷик барои ҷавонон муҳиму саривақтӣ арзёбӣ гардид.
Инчунин, таъкид шуд, ки бояд насли наврас осори пурҳикмати Ҷалолиддини Балхиро, ки аҳамияти бузурги маънавӣ дорад, бахусус асари безаволи «Маснавии маънавӣ» — и ӯро мутолиа намуда, ҷаҳонбинӣ ва тафаккурашонро тақвият бахшанд.
Умуман, «Хона-музейи Ҷалолиддини Балхӣ» намои қадимаро ба худ бар, он тарзу усули зиндагонии аслии давраи гузаштаи адиби халқи тоҷикро муаррифӣ мекунад.
Дар сиёсати пешгирифтаи Давлат ва Ҳукумати мамлакат ҳифзи арзишҳои миллӣ, эҳёи расму оин ва ҳунарҳои мардумӣ ҷойгоҳи махсус дошта, дар ин самт тадбирҳои муҳим амалӣ карда мешаванд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат ба масъулону фаъолони вилоят ҷиҳати ҳифзи арзишҳои миллӣ, гиромӣ доштани фарзандони фарзонаи миллат, омӯзиши васеи ашъори баландпояи Ҷалолиддини Балхӣ, ташвиқу тарғиби арзишҳои миллӣ ва дар рӯҳияи худшиносӣ тарбия намудани насли наврас дастуру супоришҳои судманд доданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар Маҷмааи навбунёди фарҳангӣ, варзишӣ ва таълимии шаҳраки Балх бинои хуштарҳу муосири Мактаби байналмилалии президентиро ба истифода дода, бо хонандагону омӯзгорон суҳбати озоду самимӣ доир намуданд.
Муассисаи таълимӣ барои 720 хонандаи болаёқат дар як баст пешбинӣ гардида, дар асоси дастуру роҳнамоии бевоситаи Сарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо саҳми соҳибкори ватанӣ Раҳматулло Саъдуллоев ҷавобгӯ ба талаботи муосир сохта шудааст. Барои таълиму тарбияи насли ояндасоз 75 омӯзгор ҷалб шуданд.
Таълимгоҳ нахустин Мактаби байналмилалии президентӣ дар вилояти Хатлон буда, аз се ошёна бо таҳхона ва 36 синфхонаи муҷаҳҳази фаннӣ, аз ҷумла, химия, биология, технологияи иттилоотӣ, лингафонӣ, таълими меҳнати писаронаю духтарона, китобхона, кабинетҳои омӯзгорону роҳбарият, ҳуҷраҳо барои баргузории маҳфилҳои гуногун ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.
Дар он бо мақсади расидан ба ҳадафҳои асосии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», дар асоси ҳидоятҳои Сарвари давлат ба омӯзиши илмҳои дақиқ таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардида, синфхонаҳо бо навтарин дастгоҳу аёнияти таълимии соҳа, аз ҷумла компютеру тахтаҳои электронӣ ва дастгоҳҳои ҳунаромӯзӣ, таъмин шудааст. Мактаб, ҳамчунин, дорои озмоишгоҳҳои муосири фаннӣ мебошад.
Маҷлисгоҳи муассисаи таълимӣ бо 240 ҷойи нишаст барои баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ ва вохӯриҳо хеле мувофиқ аст.
Инчунин, ошхона барои 300 нафар дар як вақт пешбинӣ гардида, толору майдончаи варзишӣ бо шароити замонавӣ муҳайёст. Бино бо нуқтаи алоҳидаи гармидиҳӣ пайваст буда, дар фасли зимистон гармии синфхонаҳо таъмин карда мешавад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия дар бинои муосири Мактаби байналмилалии президентӣ, ду бинои хобгоҳ — писарона ва духтаронаро барои хонандагони он мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Биноҳои хобгоҳ барои 360 хонанда бо иқдоми соҳибкори ватанӣ, роҳбарияти Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ширкати холдингии Исмоили Сомонӣ» сохта шуда, бо шароити муосири будубош барои хонандагони шаҳру ноҳияҳои дурдаст пешбинӣ гардидааст.
Ҳар ду иншооти навбунёд аз чор ошёна ва таҳхона иборат буда, дар алоҳидагӣ барои писарону духтарон сохта шудааст.
Масоҳати умумии замини биноҳо 10 ҳазору 620 метри мураббаъро ташкил дода, хобгоҳҳо дар майдони 1472 метри мураббаъ қомат афрохтаанд ва аз ҳуҷраи хоб, ҳуҷраҳо барои мураббиён, посбон ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо имконоти муҳайёшуда дар хобгоҳҳо, ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, иқдоми соҳибкори ватаниро намунаи ибрат арзёбӣ карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, дар маркази ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бинои хуштарҳу замонавии Кӯдакистони президентиро ифтитоҳ карданд, ки он сеошёна буда, бо унсури миллӣ ва шаҳрсозии муосир бунёд гардидааст.
Он дар доираи сиёсати бунёдкоронаи роҳбарияти Давлат ва Ҳукумати мамлакат бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ сохта шудааст.
Дар кӯдакистон 330 кӯдак бо ду забон, тоҷикӣ ва русӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.
Мувофиқи лоиҳа, муассисаи томактабӣ аз синфхонаҳои муҷаҳҳази дарсӣ, фароғатӣ ва дигар ҳуҷраҳо барои гузарондани машғулиятҳо, ҳуҷраҳои шустушӯй, инчунин, толори варзишӣ ва дигар иншооти ёрирасон, иборат мебошад.
Бо дарназардошти шароити таълим дар муассиса 14 гурӯҳи кӯдакон ба тарбия фаро ва 40 нафар бо ҷойи кор таъмин шуданд, ки 20 нафари онҳо мураббияҳои соҳибкасбу ботаҷриба мебошанд.
30 нафар сокини маҳаллӣ низ дар рафти корҳои сохтмонӣ барои бунёди бинои Кӯдакистони президентӣ бо ҷойи кори муваққатӣ таъмин гардиданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоишгоҳи бошукӯҳи Наврӯзи Хатлонро, ки ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ташкил шуд, аз назар гузарониданд.
Дар он сокинони шарафманду меҳнатқарини 25 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон ширкат варзида, маҳсули заҳмат ва дастовардҳои меҳнатиашонро ба намоиш гузоштанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳунармандону кадбонувони чирадаст суҳбати самимӣ ороста, онҳоро ба ҷашни байналмилалии Наврӯз самимона таҳният гуфтанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки яке аз рамзҳҳои наврӯзӣ — тозаву озода кардани хонаву манзили зист, кӯчаву хиёбон ва шинонидани ниҳолу коштани донаи умед мебошад.
Ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз хони идонаи ҳафтсину ҳафтшин, ки бозгӯи фарҳанги қадимаи дастархондории миллати куҳанбунёди тоҷик аст, ороста шуд. Инчунин, кадбонувони соҳибзавқу хушсалиқа дар гӯшаҳои алоҳида маҳсулоти нонию қаннодӣ, аз ҷумла кулчаю қалама, чаппотию фатир ва дигар навъи шириниҳо омода ва пешниҳод карданд.
Дар намоишгоҳи наврӯзӣ ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили зардӯзӣ, гулдӯзию кашидадӯзӣ, чакандӯзӣ, атласу адрасбофӣ ва тоқидӯзию шерозбофӣ ба таври шоиста аз тарафи бонувони ҳунарманди вилоят муаррифӣ гардид. Бояд гуфт, ки ҳунарҳои қадимаи кандакорӣ, табақтарошӣ, гаҳворасозӣ, сабадбофӣ ва оҳангарию дуредгарӣ низ дар байни сокинони шарафманди вилояти Хатлон солҳои охир эҳё шуда, аз насл ба насл гузашта, рушду нумӯъ меёбанд.
Гӯшаи дигари базмгоҳи наврӯзиро таомҳои миллӣ, аз қабили қурутобу шакароб, таҳмолу фатирмаска, оши бурида, дангича, суманаку самбӯса ва дигар ғизоҳои бо гиёҳҳои шифобахши баҳорӣ омодашуда, зебу зинат мебахшид. Дар дегҳои алоҳида кадбонувон суманак омода мекарданд, ки он аз рамзҳои асосии ҷашни Наврӯз аст.
Маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла картошкаю сабзӣ, пиёзу гулкарам, сирпиёзу шалғам ва гандуму биринҷ, ки маҳсули аҳли заҳмати кишоварзони вилояти Хатлон буданд, ба намоиш гузошта шуд. Дар баробари ин, маҳсулоти зиёди саноатӣ низ муаррифӣ гардид, ки бозгӯи рушди босуръати соҳаи саноати хӯрокворӣ дар вилоят аст.
Ҳамчунин, хоҷагиҳои ниҳолпарвари шаҳру ноҳияҳои вилоят ниҳоли дарахтони гуногуни мевадиҳанда, сояафкан ва ороиширо пешкаш карданд. Хоҷагиҳои ҷангали вилоят низ беш аз 20 навъ хушкмеваи худрӯйро муаррифӣ намуданд, ки унсурҳои бои табиӣ ва хусусиятҳои шифобахшӣ доштанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки таҷлили ҷашни бостонии Наврӯз дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ басо рамзӣ мебошад, зеро мардуми куҳанбунёди ин гӯшаи диёр дар пойдории асолат, пояҳои таърихиву фарҳангии Наврӯз ва ҳифзу идомаи накутарин анъанаҳои миллӣ саҳми басо арзишманд доранд.
Бо қаноатмандӣ изҳор шуд, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ба сифати ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврӯз гувоҳи он аст, ки сокинони сайёра ба ин оини моҳиятан фарҳангиву инсонпарваронаи тоҷикон ва кишварҳои ҳавзаи Наврӯз эҳтиром доранд ва онро ҳамчун воситаи баҳамоӣ, таҳкими сулҳу субот, покиву садоқат ва зебоиву бедорӣ эътироф менамоянд.
Хусусиятҳои дигари ҷашни Наврӯз инсонпарварӣ, некиву накукорӣ, бахшишу меҳрубонӣ ва созандагиву бунёдкорӣ мебошад.
Сокинони заҳматпешаи вилояти Хатлон бо барпо кардани намоиши дастовардҳо, анъанаҳои накуи наврӯзӣ, расму оини миллӣ, маҳсули дасти кадбонуҳо, ҳунари устоҳои чирадаст, ташкили бозиҳои варзишӣ ин маконро ба базмгоҳи ҳақиқии идона табдил доданд.
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Варзишгоҳи марказии ноҳияро мавриди истифода қарор доданд.
Бинои варзишгоҳ сеошёна буда, дар он барои варзишгарон ҳуҷраҳои либосивазкунӣ, ҳаммом, ҳуҷраҳои духтурон ва маъмурият, инчунин, дигар иншооти ёрирасон, мавҷуд аст.
Дар маҷмааи варзишӣ барои духтарону писарон толорҳои алоҳидаи машқу тамрин бунёд шудааст.
Дар рафти бунёди варзишгоҳ 100 нафар сохтмончӣ бо кори муваққатӣ ва баъди мавриди истифода қарор додан 20 нафар сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин шуданд.
Маҷмааи варзишӣ аз даромадгоҳи марказӣ ва панҷ даромадгоҳи иловагӣ иборат мебошад. Масоҳати майдони футбол 118 бар 72 метрро ташкил дода, ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонида шудааст.
Дар ин маҷмааи муосири варзишӣ, ҳамчунин, имкон аст, ки дилхоҳ чорабинии сатҳи баланди фарҳангӣ гузаронида шавад. Аввалин чорабинии идона – таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз бо иштироки Пешвои миллат ва роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон баргузор гардид.
Дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавии ҷумҳуриявӣ ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз иштирок ва суханронӣ карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирокчиёни ҷамъомади идона ва дар шахси онҳо мардуми шарифи кишвар, ҳамватанони бурунмарзӣ ва мардуми ҳавзаи Наврӯзро самимона табрик гуфтанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки Наврӯз бо ҳама таърихи ғанӣ ва рангинаш дар кишвар маҳз ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ бо тамоми ғановату рангорангии он ҳамчун рамзи рӯзи нав, саршавии соли нав ва иқдому ташаббусҳои нав эҳё гардида, ба беҳтарин василаи худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардум табдил ёфтааст.
Зикр гардид, ки вилояти Хатлон, аз ҷумла ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, бо табиати зебову нотакрор, заминҳои ҳосилхез ва мардуми заҳматқаринаш, ҳамчунин, бо зироаткориву боғпарварӣ дар кишвар шуҳрат дошта, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ бо меваи тару тоза ва сабзавоти барвақтӣ саҳми намоён дорад.
Сарвари давлат зимни суханронӣ оид ба дастовардҳои сокинони ноҳия ва ташаббусҳои созандашон андешаронӣ карда, зикр намуданд, ки дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар арафаи таҷлили ҷашни Наврӯз сохтмони як қатор иншооти наву замонавӣ ба анҷом расонида шуд, ки далели возеҳи заҳматдӯстӣ, ватанпарварӣ, меҳру муҳаббат ва эҳтироми мардуми зодгоҳи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ба анъанаҳои миллӣ, ҷашни Наврӯз ва хотираи фарзанди фарзонаи миллати тоҷик мебошад.
Таъкид гардид, ки ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ минбаъд метавонад ба шарофати номи ин мутафаккири бузург ҷойи бисёр мувофиқи истироҳату фароғати сокинони мамлакат ва меҳмонону сайёҳони хориҷӣ гардад.
Вобаста ба суннатҳои неки Наврӯз Сарвари давлат таъкид намуданд, ки ҳадафу ниятҳои созандаи халқ бо расму оин ва анъанаҳои бунёдкорона ҳамоҳангии комил доранд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳрвандонро ба корҳои ободониву бунёдкорӣ барои истиқболи арзандаи ҷашни муқаддаси 35 — солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳидоят намуда, бо итминон изҳор доштанд, ки сокинони бонангу номуси вилояти Хатлон ва ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар радифи мардуми сарбаланди Тоҷикистон дар ин раванд саҳми арзанда мегузоранд.
Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як хонадони мардуми кишвар бахту иқболи баланд, файзу баракати наврӯзӣ ва ба Тоҷикистони маҳбубамон сулҳу оромӣ ва ваҳдати ҷовидонаи миллӣ орзу намуданд.
Тантанаҳои идонаи наврӯзиро барномаи бошукӯҳи консертии ҳунармандон идома дод, ки хотирнишин ва хоси ҷашни Наврӯз буд.
www.president.tj