28 апрели соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ташриф оварданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва роҳбарияти ноҳияи Данғара самимона истиқбол гирифтанд.
Дар ноҳияи Данғара Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст марҳилаҳои 3 ва 4-уми Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ҷунтай — Данғара Син Силу Текстил» — ро мавриди истифода қарор доданд.
Марҳилаи аввали он бо иқтидори коркарди 10 ҳазор тонна нахи пахта ва истеҳсоли 7600 тонна риштаи баландсифат моҳи августи соли 2016 бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд. Сехи ресандагии № 1 дорои дастгоҳи «Ритер»-и швейтсарӣ буда, асосан раванди пурраи ресандагии риштаҳои навъи 30-60, ки матои бофандагӣ ва кешбофии аълосифат аз он омода мегардад, истеҳсол карда мешавад.
Марҳилаи дуюм соли 2018 бо иқтидори истеҳсолии наздик ба 15 ҳазор тонна коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли 7600 тонна ришта дар як сол мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст. Сехи ресандагии № 2 дорои дастгоҳи «Телв Чеслер»-и олмонӣ буда, асосан барои истеҳсоли риштаҳои пневмомеханикии навъи 10-32 истифода мешавад.
Марҳалаҳои сеюму чорум дорои се даври пурраи коркарди ришта буда, дар он истеҳсолоти бофандагӣ, рангуборкунӣ ва дӯзандагӣ пешбинӣ гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки соли 2018 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди се коргоҳи нав, аз қабили корхонаи истеҳсоли ришта бо иқтидори коркарди 25 ҳазор тонна нахи пахта дар як сол, рангубор ва истеҳсоли матоъ оғоз бахшиданд.
То ҳол таҷҳизоти истеҳсолоти бофандагӣ, рангуборкунӣ ва дӯзандагӣ пайваст карда шуда, 190 адад дастгоҳи дӯзандагӣ барои дӯхти либос ва мошини худкори буранда, ду ҷуфт мошини тарроҳӣ, дастгоҳи гулдӯзӣ ва се ҷуфт дастгоҳи дарзмолкунӣ насб гардидааст.
Дар сехи бофандагӣ, айни замон 70 дастгоҳи калони даврашакл мавҷуд буда, асосан барои бофтани газвор, аз қабили матоъҳои яктарафа ва дутарафаи риштадор истифода карда мешаванд, ки иқтидори солонаи истеҳсолоти он зиёда аз 7 ҳазор тоннаро ташкил намуда, талаботи истеҳсолотро бо матои газвор таъмин мекунад.
Дар сехи матоъҳои кешбофӣ 216 дастгоҳи бофандагии матои бараш 2 метру 80 сантиметр насб гардида, асосан матоъҳои аълосифат барои либос ва рахти хоб истеҳсол мешавад. Иқтидори солонаи истеҳсолот ба 20 миллион метри мураббаъ баробар буда, талаботи корхонаро бо матоъҳои барои либосдӯзӣ ва рахти хоб нигаронидашуда қонеъ мегардонад.
Дар марҳилаи сеюми корхона коргоҳи рангубори матоъ дорои 11 дастгоҳи рангкунии аз ҷиҳати экологӣ тоза ва аз ҷиҳати истифодаи қувваи барқ каммасраф, ду дастгоҳи рангубори ришта ва дастгоҳи андозагирӣ, ду ҷуфт дастгоҳ барои андозагирӣ ва тарҳи курпа мавҷуд аст. Ҳаҷми истеҳсоли солонаи рангубори матоъҳои газвор бо рангҳои гуногун зиёда аз 3000 тоннаро ташкил медиҳад. Дар коргоҳи дӯзандагӣ имкон аст, ки дар як сол зиёда аз 1 миллион адад либосҳои гуногун истеҳсол карда шавад.
Тибқи маълумоти оморӣ, дар корхона то ҳол 183 ҳазор дона либоси гуногун, 37,22 тонна матои рангуборшуда, 50,14 тонна газвор ва 5 миллиону 35 ҳазор метри мураббаъ матои кешбофӣ истеҳсол шудааст. Маҳсулоти тайёри корхона, аз қабили сарулибос, ришта ва матои кешбофӣ, ба кишварҳои Россия, Туркия, Беларус, Полша, Озарбойҷон, Хитой ва Покистон содирот мешавад. Аз ҳисоби даромади корхона ба буҷети Тоҷикистон аз соли 2016 то ба ҳол зиёда аз 150 миллион сомонӣ маблағ ворид шудааст.
Айни замон дар марҳилаи якуми лоиҳа 269 нафар, марҳилаи дуюм — 138, марҳилаи сеюм — 262 ва дар марҳилаи чорум 260 нафар ва дар маҷмӯъ, дар корхона 1250 нафар коргар ба кор ҷалб шудаанд.
Бояд гуфт, ки Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ҷунтай — Данғара Син Силу Текстил» аз лиҳози иқтидори истеҳсолию технологӣ дар Осиёи Марказӣ беназир буда, дар ҳамкорӣ бо сармоягузорону мутахассисони Ҷумҳурии Халқии Хитой бунёд шудааст ва бо технологияи пешрафтаи коркарди пахта ва тавлиди маҳсулот аз ширкатҳои бонуфузи Хитой, Швейтсария ва Олмон муҷаҳҳаз мебошад.
Дар корхона асосан 32 номгӯи маҳсулоти ресандагӣ истеҳсол карда мешавад. Дар маҷмӯъ, иқтидори истеҳсолоти ресандагии маҷмааи нассоҷӣ коркарди қариб 25 ҳазор тонна нахи пахта дар як сол буда, дар он барои 530 нафар мутахассису коргари маҳаллӣ ҷойи кори доимӣ муҳайё гардид.
Бо мақсади таъмини корхона бо ашёи хоми маҳаллӣ, аз ҷумла пахтаи аълосифат, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар асоси нақшаи бунёди маҷмаа беш аз 14,5 ҳазор гектар замин ҷудо гардида буд, ки дар он барои таъмини корхона кишти пахта ба роҳ монда мешавад.
Ширкати «Ҷунтай — Хатлон Син Силу» дар ноҳияҳои Дӯстӣ, Ёвон, Ҷалолиддини Балхӣ ва Данғара дорои 6000 гектар замин барои кишти пахта ва ду корхонаи пахтатозакунӣ мебошад. Ашёи хом, яъне пахтаи дар ин ноҳияҳо аз ҷониби Ширкати «Ҷунтай-Хатлон Син Силу» истеҳсолшуда барои коркард дар Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ҷунтай — Данғара Син Силу Текстил» равона мегардад.
Анҷом ва ба истифода додани марҳилаҳои сеюм ва чоруми лоиҳаи нассоҷии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ҷунтай — Данғара Син Силу Тестил» «Парки кишоварзию саноатии нассоҷии Ҷунтай Син Силу Тоҷикистон» — ро ҳамчун яке аз бузургтарин ва мукаммалтарин маҷмааи кишт ва коркарди пахта, ресандагӣ ва бофандагӣ дар Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон муаррифӣ мекунад. Корхона тамоми силсилаи саноати ресандагӣ, бофандагӣ, рангуборкунӣ ва дӯзандагиро дар бар мегирад.
Ифтитоҳи марҳилаҳои 3 ва 4 — уми он дар панҷсолаи «Солҳои рушди саноат» ва дар доираи татбиқи ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар дастоварди арзанда маҳсуб меёбад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Данғараи ноҳияи Данғара Боғи фарҳангию фароғатиро ифтитоҳ намуда, бо шароити он шинос шуданд.
Иншоот дар масоҳати умумии 0,60 гектар замин бунёд гардида, аз комплекси маҷмӯавии истироҳатию варзишӣ ва биноҳои муосири савдою хизматрасонӣ иборат мебошад ва барои саёҳату истироҳати сокинон, машғулияти ҷавонону наврасон ба навъҳои гуногуни варзиш макони мусоиди фароғат маҳсуб меёбад.
Боғи фарғангию фароғатӣ ва гулгашти зебо бо дастгирӣ ва ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сазовор истиқбол намудани ҷашни 35 — солагии Истиқлолияти давлатӣ ва дар ин замина, таъмини шароити беҳтари истироҳат ба сокинон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Фариддуни Абдусалом сохта шудааст. Дар маҷмааи нав бинои тарабхонаи дуошёнаи замонавӣ барои гузаронидани маҳфилу чорабиниҳо бо 132 ҷойи нишаст, майдончаи варзишӣ барои футболи хурд ва бозӣ барои кӯдакон, ду мағозаи фурӯши обҳои ташнагишикан, яхмос ва маҳсулоти тезтайёр низ ҷойгир мебошад.
Бо мавриди истифода қарор гирифани Боғи фарҳангию фароғатӣ ва бунёди якчанд иншоот дар он беш аз 20 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин шуданд.
Сарвари давлат иқдоми соҳибкори ватаниро ҷиҳати бунёди боғу гулгашти замонавӣ, ки бо шароити муосир таъмин аст, шоистаи таҳсин хонда, ба масъулон ҷиҳати тозаю озода нигоҳ доштани он ва анҷоми босифати сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз боздид аз шароити боғи навбунёд дар ҳамон ҷо бо 50 нафар ятим суҳбати самимӣ доир намуда, онҳоро бо туҳфаҳо, аз қабили сарулибоси мактабӣ, пойафзол, либосҳои зимистона, китобҳои бадеӣ ва шириниҳо қадрдонӣ карданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бинои филиали Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» — ро ифтитоҳ намуданд.
Он аз 10 ошёна иборат буда, дар се қабати аввал бонк, дар панҷ ошёна манзилҳои истиқоматӣ ва дар ошёнаи даҳум меҳмонхона ҷойгир аст. Дар таҳхона ҳуҷраи бойгонӣ, ошхона ва ҳуҷраҳои техникии бонк мавҷуд мебошад. Масоҳати умумии бино 6 748 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Намои берунии бинои филиали Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» бо санъати баланди меъморӣ ва унсурҳои муосири шаҳрсозӣ бунёд ёфтааст.
Дар назди бино иншооти ёрирасон, аз қабили обанбор, таваққуфгоҳи нақлиёт ва ҷой барои истироҳату фароғат низ мавҷуд мебошад.
Баъди шиносоӣ бо шароити кор дар бинои нав Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» — ро барои мутобиқ ба талаботи замони кунунӣ бо истифода аз технологияи рақамӣ ба роҳ мондани хизматрасониҳо ба мизоҷон вазифадор карданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Офтобрӯяи деҳоти «Лолазор»-и ноҳияи Данғара муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №80 — ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Он аз ду ошёна иборат буда, дорои 8 синфхонаи таълимӣ, аз ҷумла, синфхонаи компютерӣ, китобхона ва дигар ҳуҷраҳои зарурӣ мебошад ва нуҳ омӯзгор ба таълиму тарбияи 159 хонанда машғуланд.
Иншоот бо мизу курсӣ, таҷҳизоти муосири омӯзишӣ ва дигар аёниятҳои хониш муҷаҳҳаз гардонида шуда, дар доираи ҷашни 35 — солагии Истиқлолияти давлатӣ бо саҳми соҳибкорону шахсони бонангу номуси ноҳия бе ҷалби маблағҳои буҷетӣ мутобиқ ба талаботи замон ва бо сифати баланд бунёд ёфтааст.
Барои дар мавсими сармо таъмин намудани синфхонаҳо бо гармӣ системаи гармидиҳандаи буғӣ сохта шуда, атрофи иншоот сафолакпӯш ва бо шинонидани гулу бутта ва ниҳолҳои сояафкану ороишӣ ободу зебо гардонида шудааст.
Ҳамчунин, дар назди муассисаи таълимӣ майдончаи варзишӣ барои бозии футбол, волейбол ва баскетбол бунёд гардидааст.
Дар ноҳияи Данғара Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рафти парвариш ва нашъунамои зироатҳои кишоварзӣ дар Кооперативи истеҳсолии «Сомонҷон» шинос шуданд.
Дар он хоҷагидорон бо истифода аз оби фаровону замини ҳосилхез ва риояи меъёрҳои агротехникӣ ба кишту парвариши сабзавоту полезӣ, ғалладона, зироати техникӣ ва боғу токзор машғул мебошанд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар Кооперативи истеҳсолии «Сомонҷон» дар 500 гектар гандум, 100 гектар ҷав, 150 гектар пахта, 150 гектар сабзавоту полезӣ ва дар 120 гектар ҷуворимаккаи дон кишт карда шудааст, ки ҳоло маҳсулоти кишоварзӣ нашъунамои хуб дошта, аҳли заҳмат нақша доранд ҳосили фаровон рӯёнанд.
Дар 1,5 гектар замин сабзӣ, дар 20 гектар картошкаи навъи «Тоҷикистон», дар 18 гектар пиёзи тухмии навъи «Субҳи Вахш» ва пиёзи навъи «пешпазак» кишт шудааст, ки рӯзҳои наздик ҳосили он ҷамъоварӣ мегардад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боғҳои хоҷагӣ аз парвариши ниҳоли дарахтони мевадиҳанда, аз ҷумла бодом, шафтолу ва олуи сиёҳ шиносоӣ пайдо карданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар Кооперативи истеҳсолии «Сомонҷон» дар масоҳати беш аз 480 гектар боғ бунёд карда шудааст, ки аз он себ — 230 гектар, бодом — 142, олу — 73, чормағз — 15, ангур — 8, шафтолу — 7, нок — 3 ва гелос 2 гектарро ташкил медиҳад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти назарраси хоҷагидоронро, ки бозгӯи ҷонибдории амиқ аз сиёсати аграрии Ҳукумати мамлакат аст, намуна арзёбӣ карда, ба меҳнати садоқатмандонаи аҳли заҳмат баҳои баланд доданд.
Дар ҳамон ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва дастовардҳои меҳнатии хоҷагии ҷангали ноҳияро аз назар гузарониданд. Дар он маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавоту полезии тару тоза, ғалладона ва дигар неъматҳои табиӣ, муаррифӣ гардид.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба Кооперативи тиҷоратии «Раҳмонҷон» низ ташриф оварда, Маҷмааи парвариши чорвои хушзотро ба истифода доданд.
Он соли 2002 дар деҳоти «Корез»-и ноҳия дар масоҳати зиёда аз 3 ҳазору 749 гектар замин таъсис дода шуда, айни замон дар хоҷагӣ 1 ҳазору 143 сар чорвои калони шохдор, аз ҷумла 80 сар зоти «сементал», 90 сар зоти «шведӣ», 110 сар «сиёҳалои тоҷикӣ» ва 863 сар чорвои маҳаллӣ парвариш меёбад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти хоҷагӣ дар самти васеъ намудани имкониятҳои истеҳсолӣ ва таъмини талаботи бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ғизоӣ баҳои баланд дода, меҳнаткашонро барои истифодаи ҳар чӣ бештари имкониятҳои табиӣ ҳидоят намуданд.
Чорвои ширдеҳ дар хоҷагӣ 450 сарро ташкил менамояд ва зиёд намудани саршумори он яке аз ҳадафҳои асосии роҳбарияти хоҷагӣ ба шумор меравад. Бо ин мақсад имсол дар хоҷагӣ 360 сар насл гирифта шуд, ки назар ба солҳои гузашта зиёд аст. Бо мавриди истифода қарор додани Маҷмааи парвариши чорвои хушзот дар хоҷагӣ зиёда аз 40 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Парвариши чорвои майда самти дигари Кооперативи тиҷоратии «Раҳмонҷон» ба шумор рафта, бо ин мақсад ҳоло 6 ҳазор сар гӯсфанд, аз ҷумла мешҳо 4 ҳазор ва барра 3 ҳазору 680 сарро ташкил менамояд. Шумораи бузҳо 1 ҳазору 186 сарро ташкил дода, то ба ҳол аз 500 сар насл гирифта шудааст. Ҳамчунин, дар хоҷагӣ 60 сар асп парвариш меёбад.
Барои таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти парҳезӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 сар мурғ, ҳазор сар бедона ва ҳазор сар кабк низ парвариш карда мешавад. Аз ин танҳо дар як рӯз қариб 8 ҳазор дона тухм истеҳсол мегардад.
Бо мақсади рушди соҳаи моҳипарварӣ дар заминҳои хоҷагӣ 4 ҳавзи парвариши моҳӣ ташкил шудааст.
Сардхонае, ки дар дохили хоҷагӣ мавҷуд аст, ғунҷоишаш 40 тонна маҳсулот буда, ба талаботи қоидаҳои санитарию гигиенӣ ҷавобгӯ мебошад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми пешгирифтаи роҳбарияти хоҷагиро ҷиҳати таъмини аҳолии ноҳия бо гӯшту шир муҳим арзёбӣ намуда, таъкид доштанд, ки ин амал метавонад ба фаровонии бозори истеъмолӣ мусоидат намояд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара дар яке аз мавзеъҳои зебо ва хушбоду ҳаво беш аз 4000 сар навъҳои гуногуни парандагони нодир, аз ҷумла кабки дарӣ, мурғи даштӣ, мурғҳои фиръавн ва ҳилолро, ки ба Тоҷикистон мутобиқ ҳастанд, ба табиат сар доданд.
Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати мамлакат дар бораи зиёд намудани ҳайвоноти нодир, бахусус парандагон, қарори махсус қабул намуда, дар доираи татбиқи он барои рушди соҳа, парвариши бештари парандагони нодир, ки ба «Китоби сурхи Тоҷикистон» ворид карда шудаанд, тадбирҳои мушаххас амалӣ мегардад.
Баъди эълон шудани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва беҳтар кардани вазъи фаъолияти мамнӯъгоҳҳои кишвар таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷӣ, аз ҷумла шикорчиён, ба имкониятҳои рушди туризми байналмилалии Тоҷикистон бештар мегардад.
Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оянда, бо дарназардошти имкониятҳои фаррох, боду ҳавои мусоид ва замини зархез барои парвариши парандагону ҳайвоноти нодир, дар ноҳияи Данғара мамнӯъгоҳҳо бунёд мегардад.
Дар ноҳияи Данғара барқарорсозии муҳити экологӣ, набототу ҳайвонот ва парандагони он хуб ба роҳ монда шудааст. Сарвари давлат ба роҳбарияти ноҳия ба масъалаи вусъати парвариши парандаҳо, зиёд намудани саршумори онҳо, инчунин, оид ба ҷоннок намудани корҳои ободонӣ, ба тартиб даровардани мамнӯъгоҳҳо ва тавассути ин тадбирҳо муҳайё намудани заминаи рушди туризм, дастуру супоришҳо доданд.
www.president.tj