Субҳи 16 июни соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Дар маркази ноҳия Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва дигар шахсони расмӣ самимона истиқбол гирифтанд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Ҷайҳун нахуст Парчами давлатиро дар вазъияти тантанавӣ бо садо додани Суруди Миллӣ ва иштироки зиёди ҷавонон ва сокинон партавафшон карданд.
Мувофиқи лоиҳа дарозии сутунпояи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун 50 метрро ташкил дода, матои он 7 метр паҳноӣ ва 14 метр дарозӣ дорад. Иншоот дар масоҳати 50 садяк замин дар шафати бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бунёд ёфта, атрофи он бо дарахтони ҳамешасабз, гулҳои рангоранг ва чароғҳои равшанидиҳанда оро дода шудааст.
Ҳамчунин, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ дар назди Нишони давлатӣ гулчанбар гузоштанд.
Дар асоси лоиҳа, сутунпояи Нишони давлатӣ бо баландии 21 метр ва унсури муосири меъморӣ қомат афрохтааст. Бо барафрохтани Парчам ва Нишони давлатӣ дар маркази ноҳияи Ҷайҳун, ки ба истиқболи ҷашни 35 — солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёд гардидааст, барои сокинон макони сайругашт ва истироҳату фароғатии дигар фароҳам омад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо фаъолону ҷавонон партавафшон гардидани Парчам ва Нишони давлатиро дар маркази ноҳия нишона аз арҷу эҳтиром гузоштан ба рамзҳои давлатӣ арзёбӣ карда, изҳор доштанд, ки ин омил ба бедор сохтани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстию меҳанпарастӣ дар қалби насли ҷавон боис мегардад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо «Лоиҳаи таъмиру навсозӣ ва мумфаршнамоии роҳҳои марказии ноҳияи Ҷайҳун» шинос шуданд.
Ба Президенти мамлакат иттилоъ дода шуд, ки дар доираи «Лоиҳаи таъмиру навсозӣ ва мумфаршнамоии роҳҳои марказии ноҳияи Ҷайҳун» зиёда аз 4 километри он пурра асфалтпӯш карда мешавад. Ҳоло корҳои таъмиру навсозӣ бо истифодаи техникаҳои соҳавӣ ҷараён дошта, то ба ҳол беш аз як километр роҳ асфалтпӯш гардида, кормандон барои иҷрои корҳои роҳсозӣ бо масъулияти ҷиддӣ фаъолият доранд.
Азбаски роҳҳои мошингарди марказии ноҳия таъмирталаб буда, ба талаботи замони ҳозира ҷавобгӯ нестанд, аз ҷониби фармоишгар — Муассисаи давлатии «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмиру навсозӣ ва асфалтпӯш карда мешаванд, то ҷашни 35 — солагии Истиқлолияти давлатӣ дар сатҳи баланд доир гардад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо «Лоиҳаи таъмиру навсозӣ ва мумфаршнамоии роҳҳои марказии ноҳияи Ҷайҳун» ба масъулони соҳа ҷиҳати дар сатҳи баланд асфалтпӯш кардани роҳҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода, изҳор доштанд, ки бояд корҳои роҳсозӣ мутобиқ ба стандарти ҳозира ба иҷро расонда шаванд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, дар ноҳияи Ҷайҳун ба хоҷагии деҳқонии фермерии «Иқбол»-и деҳоти «Қумсангир» ташриф оварда, бо рафти истифодаи босамари замин ва парваришу истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ шинос шуданд.
«Иқбол» соли 1997 таъсис ёфта, 5,4 гектар заминро дар ихтиёр дорад, ки дар он 10 саҳмдор фаъолият дошта, ба кишту парвариши маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла ғалладона ва сабзавоту полезӣ, машғул мебошанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ аз нашъунамо ва ҳосилбандии зироати кишоварзӣ дар кишти такрорӣ, хусусан ҷуворимакка барои дон ва маҳсулоти полезӣ, аз таҷрибаи заминдории кишоварзони ноҳияи Ҷайҳун изҳори қаноатмандӣ ва самараи меҳнати аҳлонаи онҳоро намуна арзёбӣ карданд.
Иттилоъ дода шуд, ки саҳмдорон дар заминҳои хоҷагӣ ғалладона, аз ҷумла гандум, ҷав, ҷуворимакка барои дон, наску нахӯд, мошу лӯбиё ва сабзавоту полезӣ, аз қабили картошка, пиёз, сабзӣ, сирпиёз, тарбузу харбуза, пиёзи тухмӣ, лаблабу, каду ва турбу шалғам, кишт менамоянд.
Имсол аз ҳар гектар гандум 50 — 60 сентнерӣ ҳосил ба даст овардаанд. Ва баъд аз дарав кардани ҷаву гандум саҳмдорон дар кишти такрорӣ асосан ҷуворимаккаи дон, сабзавоту полезӣ кишт гузаронданд. Айни замон зироати кишоварзӣ нашъунамои хуб дошта, сари вақт бо оби полезӣ ва нуриҳои минералӣ таъмин карда мешавад.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки аз ду гектар пиёзи киштшуда дар хоҷагии мазкур зиёда аз 130 тонна ҳосил ҷамъ оварданд. Инчунин, кишти юнучқа барои хӯроки чорво низ ба роҳ монда шудааст.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷайҳун аз рафти кишти такрорӣ дар хоҷагии деҳқонии фермерии «Ҳоҷӣ Юсуф»-и деҳоти «Қумсангир» боздид намуданд.
Он се гектар замин ва шаш саҳмдор дорад, ки онҳо деҳқонони ботаҷриба мебошанд. Хоҷагӣ соли 2009 таъсис ёфтааст ва саҳмдорон ҳар қитъа заминро босамар истифода бурда, маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ кишту парвариш ва истеҳсол менамоянд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо саҳмдорони хоҷагӣ суҳбати самимӣ ороста, ба заҳмати самаровари онҳо баҳои баланд доданд. Хоҷагидорон аз ҳисоби кишти тирамоҳии гандум ба ҳисоби миёна 50 сентнерӣ ғалла рӯёнида, дар заминҳои холишуда кишти ҷуворимакка барои дон ва дигар навъи зироат мегузаронанд.
Бо мақсади оқилона истифода бурдани замин баъд аз ҷамъоварии ҳосили кишти асосӣ, сабзавоту полезӣ кишт карда мешавад. Парвариши ҳама навъи маҳсулоти кишоварзӣ бо риояи меъёрҳои агротехникӣ ба роҳ монда шуда, дар мавсими ҷамъоварии самараи меҳнат ҳосили дилхоҳ ба даст оварда мешавад.
Саҳмдорони хоҷагӣ ҳосилро ҳам барои эҳтиёҷоти хонавода ва ҳам ба бозорҳои истеъмолии мамлакат пешниҳод менамоянд. Истифодаи оқилонаи замин боис ба он гардид, ки сатҳу сифати зиндагии саҳмдорон сол то сол хубтару беҳтар гардад. Онҳо барои таъмин кардани чорво бо хӯроки дурушту серғизо дар қиъаҳои алоҳидаи хоҷагӣ юнучқа кишт намудаанд. Пас аз ҷамъоварии ҳосили ҷуворимаккаи дон, баргу пояи он низ барои беталаф баровардани чорво аз мавсими зимистон захира карда мешавад.
Дар ҳамон ҷо Савари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоиши маҳсулоти кишоварзии аҳли заҳмати шаш деҳоту шаҳраки ноҳияро аз назар гузарониданд. Дар он маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ, аз ҷумла ғалладона, сабзавоту полезӣ, меваҷот, хушкмеваҳо ва маҳсулоти консервашуда, муаррифӣ гардид, ки бозгӯи самараи меҳнати садоқатмандонаи сокинони ноҳияи Ҷайҳун мебошад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ аз вазъи зиндагии мардум, рафти корҳои ободонию созандагӣ, татбиқи амалии дастуру супоришҳо оид ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, кишти такрорӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, захираи маҳсулоти ғизоӣ ва таъсиси ҷойҳои нави кор ба ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Дар ноҳия, ки самти асосии фаъолияти сокинонаш кишоварзист, нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти «Нури Вахш» аз ҳолати нашъунамои пахтазори Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ҷунтай-Хатлон Син Силу» боздид ба амал оварда, оид ба истифодаи самараноку оқилонаи замин ва риояи қоидаҳои агротехникӣ, аз ҷумла коркарди саривақтии байни қаторҳо ва таъмин бо нуриҳои минералӣ, ба хоҷагидорон маслиҳатҳои муфид доданд.
«Ҷунтай-Хатлон Син Силу» дар ноҳияи Дӯстӣ аз соли 2015 фаъолият дошта, бо истифода аз таҷрибаи пешқадам бо обёрӣ намудани заминҳои бекорхобида дар самти парваришу истеҳсоли пахта ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.
Имсол саҳмдорони ҷамъият дар масоҳати 3 ҳазору 365 гектар замин пахтаи навъи «Дӯстӣ» кишт карданд, ки ба иқлим ва обу ҳавои минтақа мутобиқ мебошад.
Дар заминҳои ҷамъият кишти пахта аввали моҳи март бо усули зери плёнка сурат гирифта, то ҳол ба хотири рӯёнидани ҳосили дилхоҳ ду маротиба озуқа, яъне нуриҳои минералӣ, дода шудааст. Ҳамчунин, бо истифода аз техникаю механизми зарурӣ байни қаторҳо пурра коркард шуда, хоҷагидорон ният доранд, ки имсол то 14 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд. Соли гузашта кишоварзони ҷамъият аз ҳамин масоҳат қариб 12 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ карданд.
Дар асоси дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷониби ҶСП «Ҷунтай-Хатлон Син Силу» дар ноҳияи Дӯстӣ оянда боз 500 гектар замини бекорхобида ба гардиши кишоварзӣ ворид карда мешавад.
Ҳар сол, тибқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат, майдони кишти пахта зиёд карда мешавад, зеро он ҳамчун ашёи хом дар рушди соҳаи саноати мамлакат нақши бузург дорад.
Аз нашъунамои хуби ниҳоли пахта маълум аст, ки роҳбарият ва аҳли кормандони ҷамъият бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ҷиҳати самараноку оқилона истифода бурдани қитъаҳои замини дар ихтиёрдошта кӯшиши ҳамаҷониба ба харҷ медиҳанд. Аз ҷумла, бо иқдоми роҳбарияти ҷамъият 10 мошини муосири пахтағундорӣ ва зиёда аз 100 навъи таҷҳизоту техникаи кишоварзӣ ворид карда шудааст. Ҳамчунин, бо маблағгузории ҷамъият дар ноҳияи Дӯстӣ корхонаи коркарди пахта бо иқтидори солонаи 30 ҳазор тонна ашёи хом сохта, ба истифода дода шудааст, ки дорои хатҳои муосири технологӣ мебошад. Баъди коркард нахи пахта дар шакли бастаҳои махсус ба Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ҷунтай-Хатлон Син Силу» интиқол дода мешавад.
Тибқи маълумоти масъулон, тайи солҳои охир дар минтақаи Гароутӣ бо васлу насби 34 дастгоҳи муосири обкашӣ 10 ҳазор гектар замин шодоб гардидааст.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми роҳбарияти ҷамъиятро дар самти азхудкунии заминҳои бекорхобида муассир арзёбӣ карда, ҷиҳати тақвияти бештари ин раванд ба масъулони сохторҳои ҷумҳуриявию вилоятӣ дастуру супоришҳои судманд доданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон бо фаъолияти саҳмдорони хоҷагии деҳқонии ба номи Муҳаммад Осимӣ шинос шуда, ба ҷамъоварии ангури пешпазак оғоз бахшиданд.
Хоҷагии деҳқонии ба номи Муҳаммад Осимӣ соли 2009 таъсис ёфта, дорои зиёда аз 12 гектар замин аст. Аз майдони умумии заминҳои хоҷагӣ 9 гектарашро ангурбоғ ташкил медиҳад, ки 5 гектари он ҳосилдиҳанда мебошад. Хоҷагидорон 9 навъи ангурро парвариш мекунанд. Соли гузашта аз 2 гектар токзори ҳосилдиҳанда 50 тонна ангур ба даст оварданд ва имсол нишондод бештар хоҳад шуд.
Се гектар ангурбоғе, ки алҳол ҷамъоварии қисме аз он оғоз ёфт, соли якум аст, ки бор овардааст ва боқимонда 4 гектари токзор навбунёд мебошад. Тибқи дурнамо, соли равон хоҷагидорон аз масоҳати 5 гектар токзор беш аз 100 тонна ҳосил интизоранд. Ангурбоғ дар асоси барномаҳои давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ бунёд ёфта, саҳмдорон мақсад доранд, ки ҳаҷми истеҳсоли ангур ва содироти онро ба хориҷи мамлакат афзоиш бахшанд.
Саҳмдорони хоҷагӣ ҳар ваҷаб заминро самараноку оқилона истифода бурда, дар байни қатори токзори нав анвои гуногуни сабзавот, лӯбиёдонагӣ, полезӣ ва чормағзи заминӣ кишт кардаанд. Маврид ба зикр аст, ки ин кишти такрорӣ мебошад ва қаблан дар қитъаи мазкур карам, лаблабу ва полезӣ кишт намуда, ҳосили хуб ба даст овардаанд. Соли равон роҳбари хоҷагӣ Иномҷон Мамадҷонов дар намоиши байналмилалии «Бохтар-фуд» ва дигар чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонии маҳсулоти озуқаворӣ ширкат варзида, имкон пайдо намуд, ки 20 тонна лаблабу ва 10 тонна ҳандалакро ба хориҷи кишвар содир кунад.
Хоҷагидорон ҳар сол ба кишту парвариши пахта низ машғул мешаванд ва имсол майдони ин навъи зироати техникӣ дар хоҷагии деҳқонии ба номи Муҳаммад Осимӣ 3 гектарро ташкил медиҳад. Навъи пахтаи киштшуда «Флеш» ва «Флора» мебошад, ки ба иқлими минтақа мутобиқ аст ва ҳосилнокии баланд дорад. Парвариши пахта дар хоҷагӣ дар асоси тавсияи мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ба роҳ монда мешавад.
Сипас, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии сокинони ноҳияи Дӯстиро аз назар гузарониданд. Кишоварзону дигар сокинони меҳнатдӯсти ноҳия маҳсули меҳнаташон, аз ҷумла ҳосили зироати ғалладонагӣ, сабзавот, полезиҳо, зироати техникӣ, картошка ва меваҳои шаҳдрезро ба маъраз гузоштанд. Дар умум, беш аз 30 навъ маҳсулоти кишоварзӣ муаррифӣ гардид.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин ба рафти кор дар хоҷагии деҳқонии «Ашӯрбек-2012»-и ноҳияи Дӯстӣ шинос шуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагӣ ба кишти такрории шолӣ оғоз бахшида, бо саҳмдорон ва дигар шолипарварон суҳбати самимӣ анҷом доданд. Хоҷагии деҳқонии «Ашӯрбек-2012» дар деҳоти «Деҳқонобод» дорои 2,5 гектар замини корами обӣ мебошад ва дар як гектари он ҷуворимакка барои дон кишт карда, дар боқимонда кишти шолӣ мегузаронанд. Масоҳати зикргардида барои кишти шолӣ пурра омода шудааст.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки қаблан хоҷагидорон дар ин масоҳат гандум кишт карда, аз ҳар гектар 50 сентнер ҳосил ба даст оварданд. Ҳосили ҷамъоваришуда пурра барои давраи зимистон захира шудааст. Навъи тухмии интихобгардидаи шолӣ барои кишт «Юбилей» мебошад ва он сифати хуб дошта, ба иқлими ноҳия мувофиқ аст. Кишти шолӣ аз рӯи тартиби муайян ва ҷавобгӯ ба талабот дар 200 пал гузаронида шуда, нигоҳубини зироат бо риояи пурраи агротехникаи кишт ба роҳ монда мешавад.
Кишоварзони ноҳияи Дӯстӣ шолиро бештар баъди ҷамъоварии ҳосили якум кишт мекунанд. Агар масоҳати умумии кишти он дар кишти асосӣ 230 гектарро ташкил диҳад, дар кишти такрорӣ 800 гектар ба нақша гирифта шудааст. Шолӣ аз зироати кишоварзии зарурӣ барои аҳолӣ ба ҳисоб рафта, талабот ба маҳсулоти он — биринҷ зиёд мебошад.
Соли гузашта кишоварзон дар ноҳияи Дӯстӣ аз майдони 800 гектар зироати шолӣ 46 сентнерӣ ҳосил ба даст оварда, дар ин замина, 1900 тонна биринҷ истеҳсол намуданд. Имсол мутахассисони соҳа, бо дарназардошти истифодаи тухмии сифаташ беҳтар ва коркарди зарурии замин, нишондоди ҳосилнокии ин навъи зироати техникиро дар муқоиса ба соли гузашта қариб 10 сентнер зиёд пешгӯӣ мекунанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти саҳмдорони хоҷагии деҳқонии «Ашӯрбек-2012» баҳои баланд дода, барои истифодаи самараноку оқилонаи замин ба онҳо изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.
Ҳамчунин, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дӯстӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ганҷи деҳа»-ро мавриди истифода қарор доданд, ки фаъолияти он ба истеҳсоли равғани рустанӣ ва қуттиҳои пластикӣ равона гардида, дар заминаи татбиқи ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати мамлакат — саноатикунонии босуръати кишвар ва «Солҳои рушди саноат», солҳои 2022-2026 бо саҳми соҳибкори ватанӣ Зиёдалӣ Ашӯрматов дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд сохта, ба истифода дода шудааст.
Биноҳои истеҳсолӣ ва дигар иншооти ёрирасони «Ганҷи деҳа» дар масоҳати 0,77 гектар қомат афрохта, бо ифтитоҳи он 20 нафар сокини маҳаллӣ, аз ҷумла занону духтарони хонашин, соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб гардиданд. Ҷамъият имкони коркарди 3,5 тонна чигитро дар як шабонарӯз ва аз он истеҳсоли то 400 литр равғани хушсифати рустаниро доро мебошад. Дар маҷмӯъ, иқтидори истеҳсолии корхонаи нави саноатӣ дар ноҳияи Дӯстӣ дар як сол 144 тонна маҳсулоти босифати ғизоии ивазкунандаи воридотро дар заминаи коркарди 800 тонна чигит дар бар мегирад.
Истеҳсоли зарфҳои пластикӣ барои гирифтани маҳсулоти ватанӣ низ дар корхона ба роҳ монда шуда, имкон аст, дар як сол то 400 ҳазор қуттӣ пешниҳод карда шавад.
Равғани истеҳсолии «Ганҷи деҳа» дар марҳилаи аввал барои таъмини бозори дохилӣ пешбинӣ гардида, оянда бо васеъсозии фаъолият содироти он ба бозори кишварҳои ҳамсоя низ дар назар аст.
Чигит ва дигар ашё барои истеҳсоли равған ба корхонаи нави саноатӣ аз хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия ва атрофи он дастрас карда шуда, дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ мавриди коркард қарор дода мешавад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкори ватанӣ барои саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳои созандаи роҳбарияти олии сиёсии Ҳукумати мамлакат ва фароҳамсозии шароити мусоид ҷиҳати коркарди ашёи хоми ватанӣ то ба ҳадди ниҳоӣ дар дохили кишвар изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, ба масъулон барои дастгирии ҳамаҷониба аз чунин ташаббусҳои бунёдкорона ва муҳайёсозии шароити боз ҳам хубтару беҳтар ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои нав ба нав дар самти рушди ноҳияҳои дурдасти кишвар дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи таъмиру навсозӣ ва мумфаршкунии роҳҳои марказии ноҳияи Дӯстӣ шинос шуданд.
Корҳои таъмиру навсозии роҳҳои марказии ноҳия соли 2019 дар асоси дастуру роҳнамоии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи меъёрҳои муосир оғоз гардида, дар асоси лоиҳа, дар маҷмӯъ, 5 километр роҳро дар ду марҳила дар бар мегирад.
Дар ҳамин замина соли 2019 аз тарафи Муассисаи давлатии «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2,3 километр роҳҳои кӯчаҳои Лоиқ Шералӣ, Шириншоҳ Шоҳтемур, Ваҳдат ва Каримов бо сатҳу сифати баланд таъмиру навсозӣ ва мумфарш гардида, кӯчаи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо дарозии 1,8 километр чароғон карда шуд.
Соли 2022 бошад, роҳҳои шаш кӯча бо дарозии 2,7 километр таъмиру мумфарш карда мешавад, ки дар ин замина, нақшаи пешбинишуда пурра татбиқ мегардад.
Бо мақсади таъмини ҳаракати муназзами воситаҳои нақлиёт ва рафтуомади озоди сокинону меҳмонон дар кӯчаҳои марказии ноҳия ҳангоми шабона чароғонкунии онҳо низ ба нақша гирифта шудааст.
17 июни соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бинои хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро ифтитоҳ намуданд.
Бинои нуҳошёнаи хобгоҳ аз 133 ҳуҷра барои истиқомат, инчунин ошхона, ҳуҷраҳои маъмурият, нуқтаи тиббӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат буда, дар он барои донишҷӯён беҳтарин шароит фароҳам оварда шудааст. Он дар асоси лоиҳа, бо сохти меъмории замонавӣ бунёд гардида, барои 800 нафар пешбинӣ шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти зиёд будани ниёз ба кадрҳои баландихтисоси соҳаи тандурустӣ донишҷӯёнро бо истифода аз шароити замонавӣ ба омӯзиши илм ва пайваста такмил додани малакаи касбию оянда ҳамчун кадрҳои лаёқатманд хизмат намудан ба нафъи ҷомеа ҳидоят карданд.
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҷавонон аз ҳама шаҳру ноҳияи мамлакат таҳсил доранд ва ба истифода додани хобгоҳи донишҷӯён барои ба талаботи замон мутобиқ шудани шароит ҷиҳати истиқомату таҳсил замина фароҳам намуд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин ҷиҳати дар оянда бунёд кардани шаҳраки замонавии тиббӣ, иншооти ёрирасон барои таълиму таҷрибаомӯзии донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Оянда, дар баробари бунёди бинои асосии таълимии донишгоҳ, тибқи нақшаи генералӣ, сохтани дармонгоҳи вилоятӣ, хонаи истиқоматӣ барои омӯзгорон ва ду хобгоҳ барои донишҷӯён дар назар аст.
Ёдовар бояд шуд, ки таъсиси Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар доираи таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ба соҳаҳои иҷтимоӣ сурат гирифта, аллакай нахустин таълимгирандагони он иборат аз 336 нафар соли 2022 донишгоҳро хатм намуданд ва мутобиқи тақсимот аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зинаҳои интернатура ва ординатураи клиникӣ ба муассисаҳои тандурустӣ сафарбар шуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон дар хоҷагии деҳқонии «Сангалӣ Гулмурод» бо ҷараёни ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо ва гузаронидани кишти такрорӣ шинос шуданд.
Хоҷагии мазкур дорои 32 гектар замин буда, соли равон меҳнаткашон ғалла, пахта, сабзавот, полезӣ ва дигар анвои зироатро кишт карданд.
Асоси муваффақияти кишоварзони хоҷагӣ аз ҷорӣ намудани таҷрибаи муосир, коркарди босифати хок бо истифода аз техникаи тибқи таъинот пешбинишуда, интихоби тухмиҳои ба иқлими парвариш мутобиқ, ғизодиҳӣ ва риояи дигар чорабиниҳои дар доираи агротехникаи кишту парвариши зироат пешбинишуда маншаъ мегирад.
Майдони зироати ғалладонагии хоҷагӣ зиёда аз 10 гектарро дар бар мегирад. Майдони умумии ғалладонагиҳо дар бахши хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамъиятии ноҳияи Данғара бошад, зиёда аз 19 ҳазор гектарро ташкил дода, ҳоло ҷамъоварии ҳосил тавассути 43 комбайни ғалладарав ба таври шабонарӯзӣ идома дорад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз ҳолати дигаргуншавии иқлиму дучанд гаштани талабот ба маҳсулоти ғизоӣ дар ҷаҳон кишоварзонро барои таъмини истифодаи самараноки замин ва захираи маҳсулоти ғизоӣ барои ду соли оянда вазифадор карданд.
Баъди ҷамъоварии ғалла дар заминҳои холишудаи хоҷагии деҳқонии «Сангалӣ Гулмурод» дар майдони 12 гектар кишти ҷуворимакка барои дон ва кӯчати қулфинай гузаронида мешавад.
Соли 2022 кишоварзони ноҳияи Данғара, тибқи дурнамо, дар майдони 5 557 гектар кишти такрории зироати кишоварзӣ мегузаронанд. То 16-уми июни соли равон аллакай меҳнаткашон дар майдони зиёда аз 1 300 гектар кишти такрорӣ гузарониданд ва кор дар ин самт ҷараён дорад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рафти ҷамъоварии ҳосили меваю сабзавот ва полезиҳо дар Кооперативи истеҳсолии «Сомонҷон» шинос шуданд.
Дар он дар 800 гектар гандум, 200 гектар ҷав, 170 гектар пахта, 200 гектар сабзавоту полезӣ, 40 гектар ҷуворимакка барои дон, 7 гектар сабзӣ, 20 гектар картошкаи навъи «Тоҷикистон» ва 1 гектар пиёзи тухмӣ кишт шудааст.
Ҳамчунин, дар масоҳати беш аз 600 гектар боғ бунёд гардида, аз он 230 гектар себ, 142 гектар бодом, 73 гектар олу, 15 гектар чормағз, 8 гектар ангур, 7 гектар шафтолу, 3 гектар нок ва 2 гектарро гелос ташкил медиҳад.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти Давлату Ҳукумати мамлакат ҷиҳати гирифтани аз 3 то 4 ҳосил аз як қитъа ва бо ин роҳ саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқаворӣ, дар байни қаторҳои боғ сабзавоту полезӣ, аз ҷумла тарбузу харбуза, помидору бодиринг ва лӯбиёдонагиҳо кишт карда шудааст, ки нашъунамои хуб доранд. Ҳоло дар заминҳои хоҷагӣ ҳосили тарбуз фаровон буда, маҳсулоти тайёр тариқи мошинҳои махсус ба бозорҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат интиқол дода мешавад.
Дар Кооперативи истеҳсолии «Сомонҷон» таҷрибаи муосири истифодаи самараноки замин ба чашм мерасад. Ҳамин шабу рӯзҳо заҳматкашон бо истифода аз техникаҳои соҳавӣ ба ҷамъоварии ҳосили фаровони ғалла, ҷав, навъҳои гуногуни себ ва олуи сиёҳ машғул буда, дар заминҳои аз ҳосили гандум холишуда кишти такрории ҷувримакка барои дон ва кунҷитро ба роҳ мондаанд.
Дар ҳамон ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва дастовардҳои меҳнатии кишоварзони Кооперативи истеҳсолии «Сомонҷон»-ро, ки аз сабзавоту полезии тару тоза, ғалладона, мевагӣ ва гиёҳҳои шифобахш иборат буд, аз назар гузаронида, меҳнаткашонро барои истифодаи ҳар чӣ бештари имкониятҳои табиию истеҳсоли маҳсулоти ватании аз лиҳози экологӣ тоза ҳидоят намуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара Корхонаи воҳиди давлатии «Чарми Данғара»-ро, ки аз ҷониби Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст, ифтитоҳ карданд.
Он дар доираи татбиқи амалии ҳадафҳои асосии стратегии кишвар — саноатикунонии босуръати мамлакат ва дар асоси супоришҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ташкили корхонаҳои ватанӣ ва таъсиси ҷойҳои нави кор, хусусан дар деҳоти кишвар, дар масоҳати 5 гектар замин сохта шуда, аз коргоҳҳои дӯзандагӣ, коркарди пашм, пӯст, истеҳсоли пашм, пойафзол, тагчарм ва дегхона иборат мебошад. Дар коргоҳи дӯзандагӣ 48 мошинаи дарздӯзӣ ва дигар дастгоҳу таҷҳизот насб шуда, 45 нафар зани хонанишин ба кори доимӣ таъмин мебошанд ва дар як рӯз 150 — 200 дона кулоҳ ва то 80 дона камуфляжи тобистона истеҳсол мекунанд.
Дар корхона истеҳсоли пойафзол низ ба роҳ монда шудааст. Таҷҳизоти истеҳсоли он аз Ҷумҳурии Туркия ворид гардидааст, ки дар як гардиш 36 ҷуфт истеҳсол карда мешавад. Иқтидори истеҳсолии он дар як сол 25 ҳазор ҷуфтро ташкил медиҳад.
Дар сехи коркарди ашёи хоми чарм дастгоҳи истеҳсоли тагчарм насб гардида, дар 4 дақиқа 36 адад ва дар 8 соати корӣ 4320 тагчарм истеҳсол мекунад.
Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор додани Корхонаи воҳиди давлатии «Чарми Данғара» 150 сокини маҳаллӣ соҳиби кори доимӣ шуда, масъалаи таъминот бо сарулибос, рахти хоб ва пойафзол низ беҳтар мегардад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғарғараи ноҳияи Данғара марҳилаи дуюми коргоҳҳои рангуборкунии матоъ, дӯзандагӣ ва бинои маъмурии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Файзи Карим»-ро ифтитоҳ карданд.
Он аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Файзализода Сайфиддин бунёд ёфта, бо технологияи муосири коркарди пахта ва тавлиди маҳсулот муҷаҳҳаз гардида, истеҳсолот дар доираи стандартҳои байналмилалӣ роҳандозӣ мегардад.
Иншоот аз ду ошёна ва аз се қисми асосии истеҳсолот иборат мебошад. Дар сехи бофандагӣ 10 дастгоҳи калони даврашакл насб шуда, асосан барои бофтани газвор, аз қабили матоъҳои яктарафа ва дутарафаи риштадор, истифода мешаванд. Иқтидори солонаи истеҳсолии коргоҳ зиёда аз 36 тоннаро ташкил дода, талаботи истеҳсолотро бо матои газвор таъмин мекунад.
Ришта ҳамчун ашёи хом аз корхонаҳои истеҳсоли ватанӣ — Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил» ва «Ваҳдаттекстил»-и ноҳияи Ёвон дастрас мегардад.
Сехи дуюми корхона — коргоҳи рангубори матоъ буда, он аз дастгоҳи рангкунии аз ҷиҳати экологӣ тоза ва аз ҷиҳати истифодаи қувваи барқ каммасраф, таҷҳизоти рангубори ришта иборат мебошад. Ҳаҷми истеҳсоли солонаи рангубори матоъҳои газвор бо рангҳои гуногун зиёда аз 36 тоннаро ташкил медиҳад. Давраи ниҳоии хати истеҳсолии корхона дӯзандагӣ мебошад, ки дар он 80 адад мошинаи дарздӯзӣ ва таҷҳизоти ба он вобаста насб шудааст. Иқтидори истеҳсоли коргоҳи дӯзандагӣ вобаста ба фармоиш дар як шабонарӯз ҳазор дона либосро ташкил медиҳад. Айни замон дар марҳилаи якум ва дуюми лоиҳа 250 сокини маҳаллӣ ба кор ҷалб шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки марҳилаи якуми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Файзи Карим» оид ба истеҳсоли навъҳои гуногуни либосҳои ҳарбӣ ва корӣ барои кормандони соҳаҳои гуногун, инчунин сарулибоси кӯдакона аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 майи соли 2019 ифтитоҳ гардид.
Бояд гуфт, ки дар доираи сафари кории Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба бунёди ду корхона — Корхонаи воҳиди давлатии «Чарми Данғара»-и Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва коргоҳҳои рангуборкунии матоъ, дӯзандагии ҶДММ «Файзи Карим», дар маҷмӯъ 400 ҷойи нави кор таъсис ёфт, ки яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати иҷтимоии Ҳукумат мебошад.
www.president.tj