16 августи соли 2017 дар деҳоти ба номи Рӯдакии ноҳияи Вахш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ба сохтмони бинои Коллеҷи аграрии вилояти Хатлон оғози расмӣ бахшиданд.
Зимни муаррифии иншоот ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки арзиши лоиҳаи он 38 миллион сомониро ташкил медиҳад ва коллеҷ барои 3000 нафар хонанда пешбинӣ шудааст. Бинои 3 — ошёнаи он ба ғайр аз таҳхона, дорои синфхонаҳои барҳавои таълимӣ, маҷлисгоҳ, майдони варзишӣ ва дигар иншооти ёрирасон хоҳад буд.
Ҳамчунин, дар шафати бинои коллеҷ барои 400 нафар хобгоҳ сохта мешавад, ки аз 4 ошёна иборат хоҳад буд. Масоҳати умумии бино 8 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини дахлдор барои сари вақт ва босифат анҷом додани корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти таълимӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Фармоишгари иншоот Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Лоиҳаи он аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии лоиҳакашии шаҳри Душанбе тарҳрезӣ шудааст.
Баъди бунёди Коллеҷи аграрии вилояти Хатлон имкон фароҳам мегардад, ки барои ин минтақаи аграрии кишвар мутахассисони варзидаи соҳа омода карда шаванд.
Дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳраки Вахш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Маркази таълимӣ — истеҳсолии атласу адрасбофӣ ва Маркази савдо расман оғоз бахшиданд. Пешвои миллат бо шароити марказ ошно гардида, бо масъулину ҳунаромӯзон суҳбат карданд.
Маркази мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Зоҳир Давлатов дар зарфи як соли охир бунёд ёфта, дорои шароити арзанда барои ҳунаромӯзиву истеҳсоли атласу адрас аст. Тибқи иттилои масъулин, феълан 25 нафар зану духтари маҳаллӣ дар ин коргоҳ соҳиби ҷойи кор гардидаанд. Ҳамчунин, дар ин ҷо як гурӯҳ ҷавонон ба омӯзиши курсҳои кӯтоҳмуддати касбӣ ҷалб шудаанд. Тибқи нақша, дар баробари истеҳсолот, ҳар се моҳ гурӯҳи хоҳишмандон аз ҳисоби занону духтарони бекор дар марказ ба касбомӯзӣ фаро гирифта мешаванд.
Тавре ба Роҳбари давлат иттилоъ доданд, дар ошёнаи дуюми коргоҳ фурӯши маҳсулоти марказ ва қолинҳои гуногунҳаҷм ба роҳ монда шудааст.
Зикр гардид, ки барои сохтмон ва муҷаҳҳазсозии Маркази таълимӣ — истеҳсолии атласу адрасбофӣ 1 миллиону 260 ҳазор сомонӣ харҷ гардидааст.
Ҳамчунин, аз ҷониби соҳибкор Зоҳир Давлатов дар шафати Маркази таълимӣ — истеҳсолӣ бо харҷи 1 миллиону 890 ҳазор сомонӣ Маркази савдо мавриди истифода қарор дода шуд. Он бо таҷҳизот ва рафҳои муосири савдо муҷаҳҳаз буда, анвои гуногуни озуқа ва дигар маҳсулоти ниёзи мардумро бо нархҳои дастрас пешниҳод менамояд.
Зимни шиносоӣ Пешвои миллат иқдомҳои ободкоронаи соҳибкорони ватаниро намунаи ибрату қобили дастгирӣ хонда, ҳайати омӯзгорони марказро вазифадор карданд, ки маҳорати худро ба харҷ диҳанд, то занону духтарони бешуғли ноҳия тавонанд пурра аз нозукиҳои касби атласу адрасбофӣ бохабар гарданд.
Дар идомаи сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Вахш бо шароити таълим дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 56 барои кӯдакони лаёқатманд, ки аз таъмири асосӣ бароварда шудааст, шинос гардиданд.
Барои пурра аз таъмир баровардани ин муассисаи таълимӣ наздик ба 4 миллион сомонӣ маблағ сарф шудааст. Ин иқдом аз ҷониби як гурӯҳ шахсони саховатпешаи ноҳия, аъзои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Пешвои миллат амалӣ шудааст. Корҳои сохтмониро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Оби ҳаёт» анҷом додааст.
Дар муассисаи таълимӣ 1100 хонанда дар ду баст таҳсил мекунанд.
Ба муассиса аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҳунаромӯзии духтарон 10 мошинаи дарздӯзӣ тақдим шуд.
Пас аз шиносоӣ бо корҳои таъмиру таҷдид Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шахсони хайрхоҳ, ки ба хотири дар амал татбиқ кардани сиёсати башардӯстонаву бунёдкоронаи роҳбарияти Давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ин амали некро анҷом додаанд, изҳори сипос карданд. Сипас, ба 330 нафар кӯдаки маъюб ва ятими кулл аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 500 ҳазор сомонӣ кумаки моддию молиявӣ, аз қабили аробачаҳо барои маъюбон, дучархаҳо, сарулибос, маҳсулоти ғизоӣ, шириниҳо расониданд.
17 августи соли 2017 дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани зеристгоҳи нави 220/110/10 киловаттаи «Геран-2» иштирок намуданд.
Он дар доираи лоиҳаи «Минтақавии интиқоли неруи барқ» дар асоси созишномаи грантӣ, ки 16 сентябри соли 2010 миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки рушди Осиё ба имзо расидааст, бунёд гардид.
Дар зеристгоҳи нави «Геран-2» бинои идоракунии назоратӣ бунёд гардидааст, ки бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дастгоҳҳои он тавассути технологияи компютерӣ идора ва назорат мешаванд.
Зикр гардид, ки мақсади асосии сохтмони зеристгоҳи нави «Геран-2» васеъ ва таҷдид намудани системаи интиқоли барқи қисмати ҷануби Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки ба савдои минтақавии неруи барқ мусоидат менамояд.
Аз тарафи дигар, иншоот барои паст кардани талафоти қувваи барқ ва беҳтар намудани эътимоднокии таъминоти барқ дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон нақши муҳим хоҳад дошт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо зеристгоҳ, ки бо технологияи пешрафтаи ширкатҳои ҷаҳонӣ муҷаҳҳаз гардидааст, баҳои баланд доданд.
«Геран-2» дар майдони 7 гектар доман густурда, барои бунёди он дар маҷмӯъ беш аз 21 миллиону 500 ҳазор доллар сарф шудааст. Корҳои сохтмонӣ ва васлу насби таҷҳизоти барқӣ дар он аз ҷониби Консорсиуми «Алстом-Генсер» ва зерпудратчиёни лоиҳа-ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди «Интеграл», «Тоҷиккурортстрой» ва «Барқсоз»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ бо сифати баланд амалӣ гардид. Тибқи шартнома таҷҳизот аз давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Франсия, Италия, Туркия, Чин ва Ҷумҳурии Қазоқистон ворид гардида, дар корхонаҳои истеҳсолкунанда аз санҷиши техникӣ бомуваффақият гузаронида шудаанд.
Ду хатти интиқоли барқи 220 (кВ) киловолтаи зеристгоҳи нави «Геран-2» бо Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» ва як хатти интиқоли барқи 220 (кВ) киловолта бо зеристгоҳи «Колхозобод» пайваст мебошанд. Хатти интиқоли барқи дузанҷираи 220 кВ ва як хатти интиқоли барқи 110 кВ аз зеристгоҳи нави «Геран-2» ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон неруи барқи истеҳсоли Тоҷикистонро содирот мекунанд.
Таъкид шуд, ки баъди мавриди истифода қарор гирифтани иншооти мазкур эътимоднокии таъминоти барқ ба аҳолӣ ва хоҷагии халқи ноҳияҳои Ҷайҳун, Панҷ, Дӯстӣ ва Ҷалолиддини Румӣ бештар хоҳад гардид.
Дар ҳамон ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони собиқадору ҷавони шабакаҳои барқи ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон суҳбати озоду созанда доир намуданд ва онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона, истифодаи дурусти технологияи муосир ҳидоят карданд.
Дар идомаи сафар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани дидбонгоҳи нави сарҳадии «Сомон», ки зертобеи Отряди сарҳадии «Панҷ» ба ҳисоб меравад, иштирок намуданд.
Иншооти нави дидбонгоҳи сарҳадии «Сомон» бо маблағгузории Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Сементи тоҷик» дар масоҳати 2 гектар бунёд гардидааст, ки дар он барои афсарону сарбозони Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити муосири хизматӣ ва будубош фароҳам оварда шудааст.
Дар рафти боздид аз иншооти навбунёд, аз ҷумла хобгоҳи сарбозон, ки мутобиқ ба меъёрҳои хизмати ҳарбӣ сохта шудааст, Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, вобаста ба имкониятҳои мавҷуда барои таълиму тарбияи сарбозон, бахусус наваскарон, баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ ва рӯҳану ҷисман омода намудани онҳо ҷиҳати ҳифзи марзу буми Ватан ба масъулони дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар бинои асосии дидбонгоҳи сарҳадии «Сомон» ҳамчунин утоқҳои корӣ барои афсарон, хонаи хизмати сарҳадӣ, синфхонаҳои таълимӣ ва компютерӣ, китобхона, ҷой барои истироҳату фароғат, хизмати маишӣ ва ғайра бунёд шудааст. Дар ин ҷо, пеш аз ҳама, барои назорат ва ҳифзи сарҳади давлатӣ аз техникаву технологияи пешрафта васеъ истифода мебаранд.
Ҳамчунин, дар дидбонгоҳ ошхонаи кушоду барҳаво, майдони сафороӣ, ду майдончаи варзишӣ, марказҳои таълимӣ, ҳаммом, ҷойи шустушӯйи либос, анборҳо барои захираи маҳсулоти кишоварзӣ, сӯзишворӣ, сарулибос, мошинсарой, ҷойи нигоҳдории сагҳои хизматӣ, аспхона, ҷойи нишасти чархбол ва дигар иншооти хидмати ҳайати шахсӣ дар сатҳи баланд ва бо меъёрҳои ҳозиразамони ҳарбӣ сохта шудаанд.
Дар ҳудуди дидбонгоҳ як бинои истиқоматии дорои хонаҳои як ва дуҳуҷрагӣ низ бо тамоми шароити зарурӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки дар он афсарон бо оилаҳои худ истиқомат менамоянд. Дар ҳавлии бинои мазкур барои фарзандони хизматчиёни ҳарбӣ як майдончаи бозии кӯдакона бунёд гардидааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» шинос шуданд.
Мавриди зикр аст, ки Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» дар мавзеи Сари Пули ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон соли 2008 дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодии «Панҷ» ва «Суғд»» ба муҳлати 25 сол ташкил гардидааст. Шакли фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» комплексӣ ва тиҷоратӣ буда, масоҳати умумии он 401,6 гектарро дар бар мегирад. То ин вақт аз масоҳати умумии заминҳои минтақа 18,7 гектар аз худ карда шудааст.
Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» барои бунёди боз се корхона, аз ҷумла ҶСШП «Бурок», ҶДММ «Танус» ва ҶДММ «Глобал» санги асос гузошта шуд.
Тавре маълум гардид, дар оянда ҶСШП «Бурок» дар масоҳати 0,5 гектар бунёд мешавад ва самти фаъолияти он тиҷорату истеҳсоли равғани растанӣ мебошад. Ҳаҷми самоягузорӣ дар он 2 млн. долларро дар бар мегирад. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол 2 ҳазор литр равғани офтобпараст хоҳад буд. Маҳсулоти тайёр асосан содирот мегардад ва дар бозори дохилӣ низ ба фурӯш гузошта мешавад. Дар асоси нақша маҳсулоти он ба ҷумҳуриҳои Исломии Афғонистон ва Покистон интиқол дода мешавад. Ашёи хом ба ин корхона асосан аз хоҷагиҳои кишоварзии мамлакат ва хориҷи кишвар дастрас мегардад.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани корхонаи истеҳсолӣ 30 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мешаванд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки қитъаи ҷудогардида барои ҶДММ «Танус» 1 гектарро ташкил медиҳад. Самти фаъолияти он ба истеҳсоли пойафзол нигаронида шудааст. Ҳаҷми сармояе, ки барои бунёди корхонаи истеҳсоли пойафзоли ҶДММ «Танус» равона гардидааст, 700 ҳазор доллар мебошад. Иқтидори истеҳсолии корхонаи мазкур дар як сол ба 500 ҳазор ҷуфт пойафзол баробар аст. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаи истеҳсолӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» боз 50 ҷойи нави корӣ таъсис меёбад. Тибқи нақша, пойафзоли дар ин корхона истеҳсолшуда ба ҷумҳуриҳои Ҳиндустон, Шриланка, Афғонистон, Покистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон содирот ва дар бозорҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фурӯш гузошта мешавад.
Корхонаи дигаре, ки барои бунёди он аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санги асос гузошта шуд, ҶДММ «Глобал» мебошад. Дар он асосан дандоншӯяк (зубная щётка) истеҳсол карда мешавад ва масъулон нақша доранд, ки оянда истеҳсоли хамираи дандоншӯиро низ ба роҳ монанд.
Корхонаи истеҳсолии ҶДММ «Глобал» дар масоҳати як гектар сохта мешавад ва ҳаҷми сармояи нигаронидашуда барои бунёди он 500 ҳазор доллар мебошад. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол ба 1 млн. дона дандоншӯяк баробар аст. Маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхона ба ҷумҳуриҳои Исломии Афғонистону Покистон, Федератсияи Россия, Қазоқистону Ӯзбекистон содирот ва дар бозори дохилӣ пешниҳоди сокинон мегардад.
Дастгоҳу таҷҳизоти корхонаҳои мазкур қисман дастрас гардидаанд ва муҳлати бунёди ҳар се корхона як сол муайян шудааст.
Пешвои миллат, ҳамчунин дар Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» хатти оби нӯшокиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Тавре иттилоъ дода шуд, об ба ин минтақа аз дарёи Панҷ ба масофаи 4700 метр бо қубури қутраш 315 оварда шудааст. Об аз дарё ба воситаи се пойгоҳи обкашӣ гирифта, дар се обанбори ғунҷоишашон 1000 метри мукааб захира карда мешавад. Дар назди обанборҳо дастгоҳҳои муосири обсофкунӣ низ насб карда шудааст. Барои обтаъминкунии субъектҳо дар минтақа 4 нуқтаи обтақсимкунӣ бунёд гардидааст. Акнун, дар баробари корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» аҳолии гирду атроф, ки 100 хоҷагиро ташкил медиҳанд, бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин шуданд. Маблағи умумии барои хатти оби нӯшокӣ масрафшуда 2 млн. 256 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷо, ҳамчунин ба сохтмони корхонаи истеҳсоли ғулачаҳои ҷуворимакка оғози расмӣ бахшиданд. Он дар масоҳати 0,2 гектар бунёд карда мешавад ва иқтидори истеҳсолияш дар як сол ба коркарди 100 тонна ҷуворӣ баробар аст. Дар ин ҷо 20 нафар бо ҷойи кор таъмин шудаанд. Барои бунёди корхонаи мазкур аз тарафи ҶСП «Ансор групп» 100 ҳазор доллар равона гардидааст. Маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхона баробари ба фурӯш гузоштан ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон содирот карда мешавад.
Сипас, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити кори кормандон шинос шуда, ба масъулон ҷиҳати сифатнок истеҳсол кардани маҳсулот дастуру ҳидоят доданд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар ин минтақа 14 субъект ба қайд гирифта шудааст ва имрӯз ду корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва як корхонаи хизматрасонии логистикӣ фаъолият доранд. Дар корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонии Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» дар як сол имкон аст ба маблағи 180 ҳазор сомонӣ истеҳсолот ба роҳ монда шавад. Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар ин ҷо ба маблағи 82,6 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардидааст. Ҳаҷми ҷалби сармоя дар ин давра ба 1,7 млн. сомонӣ баробар мебошад. Аз аввали фаъолият бошад дар ин минтақа ба маблағи 501,5 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуда, бештар аз 6 млн. сомонӣ сармоя ҷалб гардидааст. Имрӯз дар корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» 300 ҷойи кори доимӣ ва муваққатӣ таъсис ёфтааст.
Аз аввали таъсисёбӣ барои нигоҳдорӣ ва бунёди инфрасохтори аввалиндараҷа дар Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» аз ҳисоби Буҷети давлатӣ 5 млн. 800 ҳазор ва ҳисоби даромади худи минтақа 870 ҳазор сомонӣ маблағ равона гардидааст. То имрӯз сохтмони деворбандии ҳудуди минтақа, бинои назорати гумрукӣ, роҳи дохилӣ ва пайвастшавии он ба шоҳроҳи Душанбе-Панҷи Поён ба анҷом расонида шудааст. Минтақа бо барқ пурра таъмин мебошад.
Ҳамчунин, дар Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» ҶДММ «Фон-Дарё» фаъолият дорад, ки дар рӯзҳои наздик корхонаи он ба кор андохта мешавад. Самти фаъолияти ҶДММ «Фон-Дарё» коркарди нафт, маҳсулоти нафтӣ ва биоэтанол мебошад. Корхона бо харҷи 600 ҳазор доллар бунёд ёфтааст ва қитъаи замини ҷудогардида барои он 0,7 гектарро дар бар мегирад. Ҳаҷми солонаи истеҳсолот дар корхонаи мазкур ба коркарди 20 ҳазор тонна нафт баробар аст. Бо мавриди истифода қарор гирифтани ин корхонаи саноатӣ 28 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мешаванд. Корхона аз тарафи соҳибкори ватанӣ Шоҳназар Абдуллоев бунёд шудааст.
Инчунин, дар масоҳати 0,20 гектар сохтмони сардхона бо ғунҷоиши 300 тонна маҳсулоти кишоварзӣ идома дорад. Сардхона, ки аз тарафи соҳибкори ватанӣ бунёд мегардад, дар рӯзҳои наздик ба истифода дода мешавад. Ҳаҷми сармояи муайянгардида 50 ҳазор доллар мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз корхонаҳо ва рафти сохтмонҳо дар Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» ба масъулон ҷиҳати босифат анҷом додани корҳои бунёдгарӣ ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир дар бозори ҷаҳонӣ супоришу дастурҳои муфид доданд.
Худи ҳамон рӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти самарабахши Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Иттиҳоди аграрии «Водии заррин» шинос шуда, бо коргарону мутахассисон суҳбати самимӣ доир карданд.
Иттиҳоди аграрии «Водии заррин» бо ҳидояти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи соҳибкори ватанӣ Фирдавс Валиев таъсис ёфта, баҳри татбиқи яке аз ҳадафҳои асосию стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ — таъмини амнияти озуқаворӣ, истифодаи самараноки замин ба хотири беҳдошти зиндагии аҳолӣ, равона гардидааст.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Иттиҳоди аграрии «Водии заррин» ноябри соли 2016 таъсис ёфта, ҳамчун субъекти хоҷагидорӣ дар соҳаи истеҳсолу коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пахта, шолӣ ва гандум, фаъолият дорад.
Дар заминҳои Иттиҳоди аграрии «Водии заррин» Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо парвариши шолӣ ва пахта шинос шуда, ба фаъолияти самараноки меҳнаткашони он баҳои баланд доданд.
Масоҳати умумии заминҳои хоҷагӣ 12 ҳазор гектарро ташкил медиҳад, ки аз он 6 ҳазору 700 гектараш ба гардиши кишоварзӣ дароварда шудааст. Дар заминҳои азхудкардашуда аз ҳисоби кишти ғалладонагиҳо ва пахта ҳосили дилхоҳ ба даст оварда мешавад. Дар Иттиҳоди аграрии «Водии заррин» беш аз 2 ҳазор нафар бо кор таъмин мебошанд.
Соли 2015 Президенти мамлакат дар доираи амалӣ кардани «Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» ба роҳбарияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Иттиҳоди аграрии «Водии заррин» дастур доданд, ки майдони 8 ҳазору 874 гектар заминро ба гардиши кишоварзӣ дароранд. Дар натиҷаи истифодабарии техникаи муосир ва ҷалби мутахассисони баландихтисоси соҳавӣ дар солҳои 2015-2016 марҳила ба марҳила майдони зиёда аз 6 ҳазору 700 гектар заминҳои бекорхобида барқарор гардид.
Баҳри амалӣ шудани маҷмӯи корҳои барқарорсозӣ дар заминҳои ҷудогардида аз тарафи ҷамъият 220 адад техникаи гуногунтамғаи кишоварзӣ, сохтмонию гидромелиоративӣ ва ғайра ворид карда шуд. Дар Иттиҳоди аграрии «Водии заррин» се намуди маҳсулот — ғалла, шолӣ ва пахта бо усули муосир кишт ва обмонӣ мешавад.
Президенти мамлакат истифодаи усули нави обмонӣ ва ҷорӣ намудани онро дар дигар хоҷагиҳо манфиатовар арзёбӣ намуданд. Бино ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо ин усул об дуруст истифода гардида, замин аз шусташавӣ нигоҳ дошта мешавад.
Соли ҷорӣ ҷамъияти мазкур дар майдони 2 ҳазору 21 гектар кишти маҳсулоти ғалладонагӣ, 1 ҳазору ҳаштсаду се гектар пахта, 2 ҳазору 870 гектар кишти шолӣ гузаронида, беш аз 2 ҳазор нафар сокини маҳалиро бо кор таъмин кард.
Баъди шиносоӣ бо фаъолияти пурсамару ибратбахши Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Иттиҳоди аграрии «Водии заррин» Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоишгоҳи дастовардҳои меҳнатии коргоҳҳои пахтатозакунӣ, коркарди шолӣ истеҳсоли биринҷ, маҳсулоти кишоварзиву саноатиро тамошо карданд.
Дастовардҳои меҳнатии коргарони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Иттиҳоди аграрии «Водии заррин» ва нақшаҳои дурнамои корхона дар намоишгоҳ ҷойи махсусро гирифта буд, ки аз тарафи роҳбарияти хоҷагӣ муаррифӣ гардид.
Дар интиҳо фаъолияти бахшҳои хоҷагии халқи ноҳияи Ҷайҳун дар 25 соли соҳибистиқлолӣ дар мулоқот бо фаъолону сокинони ноҳия ва коргарони корхона натиҷагирӣ карда шуд.
17 августи соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Дӯстӣ ташриф оварданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарият, фаъолон ва ҷавонони ноҳия бо самимияти хоса истиқбол гирифтанд.
Дар он ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи «Роҳи нав» ба фаъолияти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 барои 1200 нафар хонанда дар ду баст оғоз бахшиданд.
Сохтмони ин муассисаи таълимӣ соли 2015 оғоз ёфта, фармоишгари он Муассисаи давлатии Маркази татбиқи лоиҳаи «Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо» мебошад. Сохтмони мактаб аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд маблағгузорӣ гардидааст.
Қобили зикр аст, ки санги асоси ин муассисаи таълимӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2014 гузошта шуда буд.
Иншооти мазкур аз чор бино иборат буда, дар масоҳати умумии 2 гектар замин сохта шудааст. Тибқи нақшаи тарҳрезигардида, муассисаи таълимӣ аз 25 синфхона иборат аст. Барои фанҳои физика, химия, биология ва таълими меҳнат синфхонаҳои фаннии муҷаҳҳаз бо аёниятҳои хониш бунёд ёфтааст. Ҳамчунин, толибилмон фанни тайёрии ҳарбӣ ва компютерро низ дар синфхонаҳои барҳаво ва муҷаҳҳазонидашуда меомӯзанд. Илова бар ин, муассисаи таълимӣ дорои ҳуҷраи инкишофи кӯдак, кабинетҳои директор ва муаллимон, муҳосибот, ҳамшираи шафқат, се адад кабинет барои муаллимони тарбияи ҷисмонӣ, синфхонаҳои алоҳида барои гузаронидани дарсҳои иловагӣ буда, дар онҳо шароити мусоид барои омӯзгорону толибилмон фароҳам оварда шудааст.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16, ҳамчунин дорои толори барҳавои варзишӣ буда, он имконияти ғунҷоиши 200 нафарро дорад. Маҷлисгоҳи муассиса низ бо дарназардошти талаботи замони муосир бунёд ёфта, дорои 220 ҷойи нишаст мебошад.
Дар муассисаи тозабунёд барои толибилмон майдончаҳои варзишӣ барои бозиҳои футбол, волейбол, баскетбол ва сафороӣ сохта шудааст.
Дар фасли зимистон муассисаи таълимӣ тавассути системаи буғӣ гарм карда мешавад. Буғхонаи муассиса бо ангишт фаъолият намуда, ба тамоми ҳуҷра ва синфхонаҳо гармиро баробар интиқол медиҳад.
Сипас Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни муассисаи таълимӣ бо сокинони ноҳияи Дӯстӣ мулоқоти самимиву судманд анҷом доданд.
Дар ноҳияи Дӯстӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти «Ҷиликӯл» ба фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Баҳор-1» ошно шуданд.
Шуғли асосии хоҷагии мазкур боғдорист ва саҳмдорони он бештар меваҳои ситрусӣ парвариш мекунанд. Хоҷагии номбурда дар ихтиёри худ ду гектар замин дорад, ки дар як гектари он боғ бунёд намудаанд. Феълан дар ноҳияи Дӯстӣ беш аз 1000 гектар боғҳои ситрусӣ мавҷуд аст, ки ҳар сол аз ин ҳисоб ҳосили баланд ба даст меоранд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли заҳмат ҷиҳати рушди соҳаи боғдорӣ, нигоҳубини дурусти дарахтони мева, барқарор кардани боғҳои кӯҳна, васеъ намудани майдони боғот ва гирифтани ҳосили баланду содироти он ба хориҷи кишвар маслиҳатҳои муфид доданд.
Дар ҳамон ҷо намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии меҳнаткашони ноҳия доир карда шуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо намоишгоҳ ба кори ибратбахши аҳли заҳмат баҳои баланд доданд.
Соли ҷорӣ кишоварзони ноҳияи Дӯстӣ дар майдони қариб 15 ҳазор гектар замин кишт гузаронида, ҳосили баланди сабзавот, аз қабили пиёз, картошка, ғалладонагиҳо, полезӣ ва ғайра ба даст оварданд. Хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия дар майдони беш аз 2 ҳазор гектар кишти ғалладонагиҳо гузаронида, 13 ҳазору 287 тонна ҳосил гирифтанд.
Занбӯриасалпарвариву моҳидорӣ низ дар ноҳия рушд кардааст. Ҳоло истеҳсоли асал 8,1 тонна, моҳӣ то 20 тоннаро ташкил медиҳад.
Бо мақсади саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат, ки яке аз ҳадафҳои асосии роҳбарияти олии кишвар ба ҳисоб меравад, кишоварзони ноҳия кӯшиш менамоянд, ки аз як қитъа замин ду-се ҳосил ба даст оранд. Айни замон дар ноҳияи Дӯстӣ зиёда аз ду ҳазор хоҷагии деҳқонӣ амал менамоянд. Аз ин хотир, истеҳсоли мева, полезӣ, сабзавот ва зироати ғалладонагӣ нисбат ба чанд соли қаблӣ ба маротиб афзудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин дар ноҳияи Дӯстӣ дар вазъи мутантан бинои нави Маркази ҷавононро расман мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Сарвари давлатро дар саҳни бинои хуштарҳу замонавии Маркази ҷавонон насли хуштолеи замони истиқлол, ҷавонони ноҳия бо самимият ва муҳаббати хоса истиқбол намуданд.
Бинои нави Маркази ҷавонони ноҳияи Дӯстӣ аз ду ошёна иборат буда, фармоишгари он Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Иншооти мазкур дар зарфи ду сол бо маблағи 4, 5 миллион сомонӣ сохта шудааст. Дар ин бино ҳуҷраҳои таълимӣ, ки дар онҳо ба ҷавонон дарсҳои информатика, санъати мусиқӣ, рассомӣ ва дигар касбу ҳунарҳо омӯзонида мешавад, ҷойгиранд.
Дар Маркази ҷавонон, инчунин шароит барои машқи бадан, омӯхтани дигар намудҳои варзиш, аз қабили шашкаю шоҳмот, фароҳам оварда шудааст. Дар маҷлисгоҳи бино, ки 200 ҷойи нишаст дорад, гузаронидани ҳама гуна чорабиниҳои фарҳангӣ ва семинару курсҳои омӯзишӣ имконпазир аст.
Сарвари давлат ин бинои зеборо туҳфаи арзанда дар Соли ҷавонон барои ҷавонони сарбаланди ноҳияи Дӯстӣ номида, иброз доштанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии насли ояндасози миллат корҳои назаррасро анҷом медиҳад. Дар зарфи 26 соли соҳибистиқлолии кишвар дастгириҳои давлатӣ дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва варзиш назаррас буда, ҷиҳати таъмини некуаҳволии ояндасозони миллат пайваста тадбирҳо андешида мешаванд. Соли 2017 эълон гаштани Соли ҷавонон ва дар доираи он бунёд шудани марказҳо барои ҷавонон, сохтмони иншооти варзишӣ ва ба омӯзиши касбҳои муосир фаро гирифтани онҳо аз таваҷҷуҳи доимии Сарвари давлат нисбат ба ин қишри ҷомеа гувоҳӣ медиҳад.
Иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол дар маркази ноҳияи Дӯстӣ сохтмони варзишгоҳи замонавӣ барои 3000 ҷойи нишаст идома дорад, ки соли оянда дар ихтиёри ҷавонони ноҳия қарор хоҳад гирифт.
Пешвои миллат ҷавононро ба касбомӯзӣ, аз худ намудани илмҳои муосир ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ даъват намуда, иброз доштанд, ки айни ҳол дар бозори меҳнат талабот ба он мутахассисоне зиёд аст, ки дорои малакаи баланди касбӣ ва донишҳои муосир мебошанд. Таъкид гардид, ки Маркази ҷавонон барои баланд бардоштани малакаи касбӣ, забономӯзӣ ва воқиф гаштан аз технологияи муосир ба ҷавонони ноҳияи Дӯстӣ хизмат хоҳад кард.
www.president.tj