Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон

№65 (4171) 02.06.2020

(Идома аз шумораи гузашта)

49951726416_223fd02e30_o30-юми майи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон аз нашъунамои гандумзори Кооперативи истеҳсолии тухмипарварии «Муҳсинҷон» дидан намуданд.

Самти асосии фаъолияти кооператив парвариши тухмии навъҳои маҳаллии ҳосилдеҳи гандум буда, хоҷагидорон дар ин самт таҷрибаи бой доранд. Замини Кооперативи истеҳсолии тухмипарварии «Муҳсинҷон» қариб 230 гектарро ташкил дода, дар он асосан ғалла кишт мекунанд.

Соли ҷорӣ деҳқонон дар майдони зиёда аз 100 гектар гандум кишт карданд, ки нашъунамои хуб дорад. Дар 80 гектар пахта ва боқимонда заминҳо дигар намуди зироати кишоварзӣ, аз қабили картошка, пиёз ва полезиҳо кишт шудааст.

Қариб 200 гектар замини кооператив обӣ буда, ҳосилхез мебошад. Дар он асосан навъҳои гандуми маҳаллии серҳосили ба иқлими ноҳия мутобиқ кишт шуда, ҳар сол ҳосили баланди ғалла ба даст оварда мешавад. Мувофиқи иттилои масъулон, соли равон дар 50 гектар тухми гандуми ҳосилдеҳи «Фарҳодӣ», ки офаридаи олимони соҳаи кишоварзии мамлакат мебошад, кишт шудааст. Ҳосили имсолаи ғаллазори замини Кооперативи истеҳсолии тухмипарварии «Муҳсинҷон» 60 сентнерро ташкил хоҳад дод.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон ҷиҳати гирифтани ҳосили фаровон, таъмини хоҷагиҳои ғаллакори ҷумҳурӣ бо тухмии ба иқлим мутобиқи ҳосилдеҳ маслиҳатҳои муфид доданд.

Бояд зикр сохт, ки хоҷагидорони Кооперативи истеҳсолии тухмипарварии «Муҳсинҷон» дар доираи ҳидоятҳои раҳнамунсози Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати зиёд намудани ҳосилнокии ғалла ва офаридани навъҳои гандуми ба иқлими ноҳия мусоид бо олимони соҳаи кишоварзии мамлакат ҳамкории судмандро ба роҳ мондаанд.

Ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон дар ҷумҳурӣ яке аз калонтарин ноҳияҳои ғаллакор маҳсуб ёфта, кишоварзон бо гирифтани ҳосили фаровони гандум дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзанда доранд. Дар ноҳия ҷиҳати зиёд намудани майдони кишти ғалла ва ба даст овардани ҳосили баланд тадбирҳои муҳим андешида, заминҳои лалмӣ, ки дар бештари онҳо гандум кишт карда мешавад, самаранок истифода мегарданд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади оқилонаву самаранок истифода бурдани ҳар қитъа замини корам, бо истифода аз техникаи муосир беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили замини ғаллазор ва гузаронидани кишти такрорӣ ба хоҷагидорон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

default30 майи соли 2020 дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони вилояти Хатлон ­мулоқот карданд.

Сарвари давлат натиҷаи сафари серӯзаашонро дар шаҳри Бохтар, ноҳияҳои Ҷайҳун ва Данғара натиҷагирӣ карда, ба меҳнаткашони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон барои истифодаи самараноки замини наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини бозорҳои истеъмолӣ, содирот ба кишварҳои хориҷӣ, мусоидат ба рушди иқтисоди миллӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ изҳори сипос намуданд.

Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии вилояти Хатлон ҳамчун яке аз минтақаҳои калонтарини саноатию кишоварзӣ ҳамеша таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои расидан ба ҳадафи стратегии давлат — таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва бо ҳамин роҳ баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум захираву имкониятҳоро сафарбар кардааст.

Ҳоло дар вилоят ҷиҳати амалӣ намудани афзалияти муайяннамудаи Ҳукумати мамлакат дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, обёрӣ, муҳити зист, обтаъминкунӣ ва дигар бахшҳо татбиқи 31 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ идома дошта, дар доираи онҳо беш аз 4 миллиард сомонӣ аз худ карда шудааст.

Дар даҳ соли охир аз ҳама сарчашмаи маблағгузорӣ барои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят қариб 20 миллиард сомонӣ равона шудааст, ки 80 фоизи он аз ҳисоби буҷети давлатӣ мебошад. Татбиқи чорабиниҳои пешбинишуда имконият дод, ки сатҳи камбизоатӣ дар вилоят аз 50,2 фоизи соли 2009 ба 32,7 фоиз дар соли 2019 расад.

Бо дарназардошти он ки иқтидорҳои мавҷуда дар вилояти Хатлон ҳанӯз ба таври кофӣ истифода нашудааст, Роҳбари мамлакат роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои онро вазифадор намуданд, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор дар асоси таҳлили ҳамаҷониба ва бо дарназардошти ҳадафҳои стратегии кишвар дар самти таҳияи барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ барои солҳои минбаъда тадбирҳои зарурӣ андешида, бо ҷалби сармояи мустақим сарчашмаҳои маблағгузории лоиҳаҳоро дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва сармоягузорону соҳибкорони ватаниву хориҷӣ дарёфт намоянд.

Вобаста ба тамоюли пастравии нишондиҳандаҳои андозӣ ва таъсири манфии он ба сатҳи иҷтимоии вилоят ба роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳо, Вазорати молия ва Кумитаи андоз супориш дода шуд, ки камбудиҳои дар самти иҷрои уҳдадориҳои андозсупорандагон ҷойдоштаро сари вақт бартараф карда, рушди соҳаҳо, афзоиши даромади буҷет, такмили низоми андозбандӣ, таъмини шаффофият, баланд бардоштани самаранокии хароҷоти буҷет ва нигоҳ доштани вазъи мутавозини маблағгузории буҷетро таъмин намоянд.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ дар вилоят 531 корхонаи нави саноатӣ бунёд гардида, аз 75 корхонаи саноатии соли 1991 ба 606 корхона дар соли 2020 расонида шуд. Танҳо тайи шаш соли охир дар вилоят 291 корхонаву коргоҳҳои саноатии нав бо 6900 ҷойи нави корӣ таъсис ёфтанд.

Ҳоло шумораи кормандон дар корхонаҳои саноатии вилоят нисбат ба соли 1991 ду баробар зиёд мебошад, аммо ин нишондиҳанда 2,8 фоизи шумораи умумии аҳолии дар иқтисодиёт машғулбудаи вилоятро ташкил медиҳад.

Дар корхонаҳои саноатии вилоят 90 намуди маҳсулот истеҳсол мешавад, ки ҳанӯз қонеъкунанда нест.

Роҳбарону мутахассисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор гаштанд, ки якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва дигар вазорату идораҳои дахлдор дар самти таъмини диверсификатсияи истеҳсолоти саноатӣ, ҷиҳати рӯёнидани қарзҳои андозии корхонаҳои аз фаъолият бозмондаи саноатӣ, барҳам додан ё азнавташкилдиҳии онҳо, ба роҳ мондани коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ, махсусан, маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи кишоварзӣ ва бо истифода аз технологияҳои муосир баланд бардоштани рақобатнокии он тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он дар самти ташкили корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ, ба кор андохтани иқтидорҳои мавҷуда, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди соҳибкориву сармоягузорӣ масъул мебошанд.

Таъкид гардид, ки 92 фоизи неруи барқи дар кишвар тавлидшаванда ба вилояти Хатлон рост меояд ва ба ҳамин далел имкониятҳо дар самти ташкили корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ хеле зиёданд. Дар вилояти Хатлон маҳз ҳамин афзалият ба рушди саноати нассоҷӣ, хӯрокворӣ, металлургия, кимиё, мошинсозӣ ва дигар бахшҳои саноати коркард мусоидат карда метавонанд.

Соли 2019 дар ҳама шакли хоҷагидории вилоят дар 122 ҳазор гектар пахта кишт шудааст, ки 68 фоизи кишти умумии кишварро ташкил медиҳад. Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор шуданд, ки дар самти риояи агротехникаи парвариши маҳсулоти кишоварзӣ, махсусан пахта, бо тухмии хушсифат таъмин намудани хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамъиятӣ чораҷӯӣ намоянд.

Ҳарчанд дар чор моҳи соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар вилоят 11 фоиз, аз ҷумла, сабзавот 34 фоиз шудааст, вале он ҳанӯз қонеъкунанда нест.

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки иқтидори содиротии вилоят то ҳол ба таври кофӣ истифода нашуда, чунин вазъ аз масъулин тақозо менамояд, ки дар самти ислоҳи камбудиҳо чораҳои таъхирнопазир андешанд. Вобаста ба ин, ба роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳои он ва Агентии содирот бори дигар ба таври қатъӣ супориш дода шуд, ки дар самти дарёфти бозорҳои фурӯши маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ, махсусан, меваю сабзавоти тару тоза, ташкили инфрасохтори зарурии нигоҳдорӣ, бастабандӣ ва ҳамлу нақли маҳсулоти содиротӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд ва афзоиши содироти сабзавоту меваи барвақтиро аз вилоят таъмин намоянд.

Дастуру супоришҳои дигар ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он барои рушди чорводориву парандапарварӣ, моҳипарварӣ, ташкили маҷмааҳои агросаноатӣ бо мақсади ба роҳ мондани силсилаи пурраи истеҳсол ва коркарди маҳсулоти соҳаҳои растанипарварӣ ва чорводорӣ, маҷмааҳои парандапарварӣ ва ба ин васила ҳар чӣ беҳтар таъмин намудани бозори истеъмолӣ дода шуд.

Тибқи нақшаи тасдиқшуда, ба ифтихори ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ дар вилояти Хатлон 7645 ва дар ноҳияи Данғара бунёду азнавсозии 371 иншооту биноҳои таъиноти гуногун пешбинӣ гардидааст. То 1 майи соли 2020 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 4083 иншоот ва дар ноҳияи Данғара дар 171 иншоот корҳои сохтмонӣ ба анҷом расида, то охири соли 2020 ба истифода супоридани 1560 иншоот ва дар ноҳия 103 иншоот ба нақша гирифта шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми заҳматкаши вилоят ва ноҳия якҷо бо соҳибкорону шахсони саховатпеша ҷиҳати бунёди иншооти банақшагирифташуда, аз ҷумла, иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ ва ободу зебо гардонидани диёр саҳми арзанда мегузоранд.

Барои рушди соҳаи маориф Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Вазорати маориф ва илм вазифадор гардиданд, ки иҷрои саривақтӣ ва босифати барномаи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маорифро таъмин намоянд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ таъкид доштанд, ки паҳншавии пандемияи коронавирус дар ҷаҳон ва зиёд шудани шумораи бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла илтиҳоби шуш, тақозо менамояд, ки шумораи муассисаҳои тандурустӣ дар вилоят зиёд ва сатҳи таъмини онҳо бо таҷҳизоти зарурии муолиҷавӣ баланд бардошта шавад.

Дар охири суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар супориш доданд, ки ба масъалаҳои фаровонии бозорҳо, зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва майдони кишти такрорӣ, гирифтани се — чор ҳосил, захираи дусолаи маҳсулоти ғизоӣ дар ҳар як оилаи кишвар, сафарбар намудани мардум ба истифодаи мақсадноки замини хоҷагиҳои деҳқонӣ, бахусус, заминҳои наздиҳавлигӣ, заминҳои президентӣ ва афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот эътибори аввалиндараҷа ва доимӣ диҳанд.

Баъди суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар чор моҳи соли 2020 ва иҷрои дигар дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва роҳбарони як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳисобот доданд.

Зимни суханронӣ раиси вилояти Хатлон аз номи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва сокинони он ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгириҳо, ташаббусҳои созанда, ғамхориҳои шабонарӯзӣ ва тадбирандешиҳои арзанда баҳри беҳдошти шароити зиндагии мардум изҳори сипос кард.

49951287923_23745061ea_o30 майи соли 2020 дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Дӯстии деҳоти «Лолазор» бо рафти корҳои саҳроӣ ва истифодаи мақсадноки замин дар хоҷагии деҳқонии «Хуросон» шинос шуданд.

Дар парваришгоҳи ниҳоли хоҷагӣ, ки дар масоҳати 13 гектар бунёд шудааст, хоҷагидорон ба парвариши қаламча, ниҳол ва гулу буттаҳои ороишию сояафкан машғуланд.

Дар он ҷо 32 намуди ниҳол, аз ҷумла, маржавиники зарафшонӣ, тус, булут, шоҳбулут, серенаи ҳиндуӣ, олуи зинатӣ, корнус, соснаи қримӣ, магнолияи ҳамешасабз, лавлариш, ёс, филгӯш, зилол, олучаи мичуринӣ, хурмо, себи семаренка, себи хубонӣ, кипариси аризонӣ, арчаи элдарӣ, акатсияи маҳин, сафора, такпайванди себ, такпайванди нок, такпайванди олуча ва гули садбарг мавҷуд аст.

Мавриди зикр аст, ки қаблан дар ­ноҳияи Данғара парваришгоҳи ниҳол мавҷуд набуд ва барои ободонию бунёдкорӣ ва сабзу хуррамгардонӣ сокинон аз хоҷагиҳои ниҳолпарвари дигар минтақаҳои мамлакат эҳтиёҷот қонеъ месохтанд.

Хоҷагидорон дар ҳамкорӣ бо олимони соҳа аз тухм, қаламча ва дигар роҳу усулҳои муосир ба парвариш ва мутобиқсозии ниҳол ва гуллу буттаҳо машғуланд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ ба фаъолияти хоҷагидорон барои рушди соҳаи ниҳолпарварӣ ва таъмини дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ бо ниҳол ва гулу буттаҳои ороишию сояафкан дастуру супоришҳои мушаххас  доданд.

Дар идомаи боздид Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии деҳқонии «Хуросон»  бо фаъолияти  гармхона ва ҷараёни бунёди боғу токзор шинос шуданд. Масоҳати гармхона ду гектарро ташкил намуда, дар он 1600 бех лимӯ, 150 ҳазор гулҳои мавсимӣ, 10 ҳазор гулу ниҳолҳои хонагӣ мавҷуд буда, ҳамчунин 80 ҳазор бех ниҳоли гул дар ҳолати омодашавӣ қарор дорад.

Дар гармхонаи мазкур гулҳои гуногуни машҳур, аз ҷумла намудҳои салвия, тагетис, тселозия, бегония, колеус, гипоестес, тсиния, пиларгония, алисиум, традескансия, хлорофитум, партулак, хедера хеликс, папоротник, аспарагус, шефлера, фикус, филодендрон, юка, гибискус, питуния ва сукулентӣ мавҷуд аст.

Хоҷагии деҳқонии «Хуросон» соли 2017 таъсис ёфта, дорои 142 гектар замин мебошад, ки 88 гектари онро боғ ташкил медиҳад. Аз ҷумла 33 гектар гелос, 18 гектар олу, 8 гектар зардолу, 4 гектар бодом, 11 гектар писта, 7 гектар нок, 0,60 гектар анор, 0,20 гектар анҷир, 0,80 гектар хурмо, 1,5 гектар олуча, 1,5 гектар чормағз, 0,50 биҳӣ ва 2 гектар токзор мавҷуд мебошад.

Ҳамчунин кишоварзони хоҷагӣ дар масоҳати 12 гектар гандум, чор гектар ҷав, дар миёни қаторҳо 6 гектар полезӣ, як гектар сабзавот ва 0,50 гектар пиёзи барвақтӣ кишт кардаанд.

Дар хоҷагӣ 70 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин буда, хоҷагидорон вобаста ба пайдо гардидани корҳои мавсимӣ ҳар сол шумораи кормандонро ба таври кироя зиёд менамоянд.

Яке аз тадбирҳое, ки ба рушди соҳаи кишоварзӣ дар ноҳияи Данғара замина гузошт, обёрӣ кардани заминҳо мебошад. Дар марҳилаи якум соли 2006-ум 2500 гектар, дар марҳилаи дуюм соли 2016-ум 1750 гектар ва дар марҳилаи сеюм аз соли 2016 то ҳол 1750 гектар замин  обёрӣ шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо хоҷагидорону кишоварзони хоҷагии деҳқонии «Хуросон» оид ба рушди соҳаи боғдорӣ, васеъ кардани майдони боғу токзор, ба муҳити минтақа мутобиқ кардани навъҳои гуногуни ниҳолҳои мевадиҳанда, афзоиши содироти маҳсулоти истеҳсоли аз ҷиҳати экологӣ тоза ва татбиқ намудани дигар ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсияҳои  муфид доданд.

Заҳмати шабонарӯзӣ, таҷрибаи бой, истифодаи роҳу усулҳои муосири парвариш ва тавсияи мутахассисони соҳа аст, ки ҳоло нашъунамои ҳама гуна маҳсулот ва ниҳолҳо дар хоҷагии деҳқонии «Хуросон» дар ҳолати хуб қарор дорад. Аз солҳои пеш то ба ҳол сокинони ноҳияи Данғара бо заҳмату талошҳои шабонарӯзӣ дар саҳро ва ба даст овардани натиҷаи дилхоҳ ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи мамлакат шуҳратёр буда, дар таъмини сокинон бо маҳсулоти ғизоӣ ва содироти меваю сабзавот нақши бориз доранд.

Дар идомаи сафари корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии деҳқонии «Хуросон» Корхонаи саноатии «Био Тех»-ро  мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корхонаи истеҳсолӣ ҳамчун маркази илмию амалӣ ҷиҳати пешбурди парвариш ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва рустаниҳои шифобахш таъсис дода шудааст. Дар он коркарди мевагиҳо, аз ҷумла тут, ангур, зардолу, олуча, дӯлона, хуч, растаниҳои фенхел, кавар, бобуна, кокутӣ, ки мардуми тоҷик аз давраҳои қадим коркардашонро дар шароити хона анҷом медоданд, бо истифодаи технологияи муосир коркард мешавад.

Хатҳои технологии «Био Тех» имкон медиҳад, ки аз ҳисоби захираҳои консентрати меваҳои худӣ ва ворид намудани консентрати меваҳои тропикӣ, аз ҷумла апелсин, мандарин ва манго истеҳсоли шарбат ба роҳ монда шавад.

Корхона аз ҷониби шахсони ватандӯст дар ҳамкорӣ бо Фонди дастгирии рушди соҳибкорӣ бунёд шуд. Дар сурати ба иқтидори пурра фаъолият намудан дар он то 120 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мешавад. Мутахассисоне, ки ба кор ҷалб шудаанд, сокинони маҳаллӣ буда, истифодаи дастгоҳҳо ва коркарди маҳсулотро омӯхтаанд. Маҳсулоти ба корхона воридшаванда қабл аз коркард дар озмоишгоҳ санҷида мешавад.

Ба хотири таъмини корхона бо маҳсулот саҳмдорони хоҷагии деҳқонии «Хуросон» дар 5 гектар помидор, 3 гектар маккаи ширин, 3 гектар лӯбиё, 1,8 гектар календула, 1,6 гектар ромашка, 1,5 гектар фенхел, 0,50 гектар укроб, 2 гектар лӯбиё, 0,7 гектар лаблабуи сурх, 0,3 гектар мармарак, 0,25 гектар кокутӣ, 0,50 гектар анҷибарҷ кишт карда, 3 ҳазор дона кавар ва 3 ҳазор дона хуч шинонидаанд.

Таҷриба ва натиҷаи бадастовардаи саҳмдорони хоҷагӣ собит сохт, ки дар дилхоҳ мавзеъ бунёди боғу токзор, кишту парвариши маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ ва гирифтани ҳосили дилхоҳ имконпазир аст, дар сурате, ки ҳангоми шинонидану кишт ва нигоҳубин талаботи соҳаи кишоварзӣ риоя шавад.

Алҳол аҳли заҳмати ноҳияи Данғара сертараддуд буда, барои истифодаи оқилонаи замин ҳамаҷониба тадбирандешӣ мекунанд ва мақсади ниҳоиашон мусоидат барои ноил шудан ба яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад.

Таҷриба собит намуд, ки солҳои охир аз худ кардани замини бекорхобида ва бо ҷойи кор фаро гирифтани шаҳрвандон ба беҳтаршавии сатҳи зиндагӣ ва рушди иқтисоди ноҳия такон бахшидааст.

Иҷрои саривақтии дастуру супориш ва роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафарҳои корӣ ва татбиқи нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумурии Тоҷикистон барои зиёд шудани боғҳои намунавӣ ва барқарор намудани замини аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар ноҳияи Данғара имконият фароҳам овард.

Ба хотири нигоҳ доштани маҳсулоти кишоварзӣ ва гулу буттаҳои шифобахш дар тобеияти хоҷагӣ сардхона сохта шудааст, ки ғунҷоишаш аз се то чор ҳазор тонна маҳсулотро дар бар мегирад.

Мавриди зикр аст, ки дар ноҳияи Данғара ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти саноатию кишоварзӣ ба 598 миллиону 837,4 ҳазор сомонӣ расида, нисбат ба соли 2019-ум 47 миллиону 693 ҳазор сомонӣ афзоиш ёфт.

Дар чор моҳи соли ҷорӣ 437 ҷойи корӣ аз ҳисоби ҳама манбаъ таъсис дода шуд, ки дар қиёс ба соли гузашта 176 ҷойи корӣ зиёд мебошад.

Дар доираи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат ва «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» бунёду ба истифода додани корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, гузаштан аз кишвари агро – саноатӣ ба кишвари индустриалӣ – аграрӣ, афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти саноатию қонеъсозии талаботи бозори истеъмолӣ марҳила ба марҳила татбиқ мегардад.

Таваҷҷуҳ ва дастгириҳои рӯзафзуни Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи саноат ва фароҳамсозии имконоти васеъ барои молистеҳсолкунандагону соҳибкорони ватанӣ ба пешрафти ин соҳа дар ноҳияи Данғара заминаи устувор фароҳам овардааст.

Инчунин, сохтмони якчанд корхонаи саноатии дигар низ идома дорад, ки баробари суръат бахшидан ба тавлиди маҳсулоти ватанӣ, дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ низ мусоидат хоҳад кард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаи фаъолияти саҳмдорони хоҷагӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, барои рушди минбаъдаи соҳаи кишоварзӣ ва татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

www.president.tj