Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон

№120-121 (4226-4227) 29.09.2020

(Идома аз шумораи гузашта)

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ бинои Комиссариати ҳарбиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Он аз ду ошёна иборат буда, дар масоҳати 460 метри мураббаъ, бо тарҳи меъмории миллӣ сохта шудааст ва аз 36 утоқи кориву хизматрасонӣ — ҳуҷраҳои навбатдор, қабули даъватшавандагон, гузаронидани муоинаю ташхиси тиббӣ, толор барои баргузории ҷамъомаду ҷаласаҳои гуногун, ҳуҷраи Ситоди мудофиаи ҳудудӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ иборат мебошад.

Ҷиҳати ба талаботи замон мутобиқ намудани шароити корӣ бино бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири соҳавӣ, аз ҷумла, видеокамераҳои мушоҳидавӣ ва системаи алоқаи муосир, муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Пешвои миллат баъди шиносоӣ бо шароити иншоот ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети солҳои 2019-2020 банақшагирифтаи Вазорати мудофиа сохта шудааст.

Атрофи бино дар масоҳати 230 мет­ри мураббаъ бо деворҳои ба талаботи оинномаҳои ҳарбӣ ҷавобгӯ маҳкам карда шуда, дар қисмати дохили он майдони сафороӣ бо минбар, шаҳраки варзишӣ, фаввораи замонавӣ, барои нишаст ва қабули шаҳрвандон се суҳбаткада низ бунёд ёфтааст.

Ҳамчунин, дар масоҳати 1700 метри мураббаъ ҳудуди иншоот бо гулу буттаҳо, растаниҳои гуногун, дарахтони ороишиву сояафкан сабзу хуррам гардонида, майдони сафороӣ, роҳравҳои бино асфалтпӯш шудааст. Дар маҷмӯъ, бинои Комиссариати ҳарбии ноҳияи Восеъ ба талаботи муосири низомӣ мутобиқ гардонида шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон афсарон ва ҳайати шахсии ин ниҳоди низомии мамлакатро барои ба нафъи давлату миллат содиқона хизмат намудан ҳидоят карданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ бинои сеошёнаи истиқоматиро барои кормандони шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо тарҳи хеле зебо бунёд гардидааст, мавриди истифода қарор доданд.

Корҳои сохтмонӣ дар он моҳи июни соли 2019 оғоз гардида, дар тӯли як сол бо ҷалби бинокорони маҳаллӣ ба итмом расидааст. Дар бино, ки дорои хонаҳои ду ва сеҳуҷрагӣ мебошад, шароити арзандаи истиқомату истироҳат фароҳам оварда шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон калиди хонаҳои истиқоматиро ба кормандони шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Восеъ супорида, бо шароити муҳайёгардида дар онҳо шинос гардиданд. Сипас, ифтитоҳи бинои навро ба кормандони соҳа табрик гуфта, онҳоро ба хизмати софдилонаву содиқона ба нафъи халқу Ватан ва ҳифзи сулҳу субот ҳидоят намуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Восеободи калони деҳоти ба номи Абдӣ Авазови ноҳияи Восеъ Коллеҷи хусусии тиббиро, ки бо тарҳи хеле зебо ва дар масоҳати 4 гектар барои 800 нафар донишҷӯ бунёд гардидааст, ифтитоҳ бахшиданд.

50379330431_f6487ba4df_oБунёди он, ки аз се ошёна иборат аст, моҳи сентябри соли 2018 бо ҷалби зиёда аз 200 нафар сохтмончии маҳаллӣ оғоз гардида, дорои 40 синфхона мебошад. Акнун дар он зиёда аз 120 нафар имкон пайдо карданд, ки бо маоши доимӣ таъмин гардида, дар шароити хубу муосир кору фаъолият намоянд.

Дар ошёнаи якуми коллеҷ озмоишгоҳ, ду синфи технологияи информатсионӣ бо 30 компютери пайваст ба шабакаи интернет, ду синфхонаи фанни физиология, ду синфхонаи фанни физиологияи эътидолӣ, синфи анатомия, даҳ проектор, нуқтаи санитарӣ, ҳуҷраи тиббӣ ва ошхона ҷойгир мебошанд.

Дар ошёнаи дуюм 12 синфхона, китобхона, толори маҷлис барои 150 ҷойи нишаст, толори варзишӣ ва дар ошёнаи сеюм синфхонаҳои иловагӣ ҷой гирифтаанд. Дар саҳни ҳавлии коллеҷ майдончаҳои варзишӣ, футболи хурд ва волейболбозӣ сохта шудааст.

Дар гирду атрофи коллеҷ 78 фурӯзонаки равшанидиҳанда насб карда, зиёда аз 80 бех ниҳоли ҳамешасабзу сояафкан ва гулу буттаҳои ороишиву рангоранг шинонида шудааст. Масоҳати 7 ҳазору 600 метри мураббаъ гирду атрофи он сафолакпӯш гардидааст, ки зебогии онро дучанд намудааст. Дар масофаи 100 метр дур, бо чуқурии 130 метр чоҳи амудӣ мавҷуд аст, ки гирду атрофи биноро бо оби нӯшокӣ таъмин менамояд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити бинои навбунёд ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, сокинони шарафманди ноҳияи Восеъ онро туҳфаи арзандаи даврони Истиқлолияти давлатӣ баҳри омода намудани мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва ба талаботи замон ҷавобгӯ арзёбӣ карданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзгорону кормандони коллеҷро барои тайёр намудани мутахассисони ба талаботи замон ҷавобгӯ ҳидоят ва дар ҳамон ҷо барои бунёди бинои хобгоҳи донишҷӯён санги асос гузоштанд.

Дар деҳаи Тосқалъаи деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

50379598011_aede1d9741_oОн аз тарафи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарзи муосир сохта, бо таҷҳизоти таълимӣ муҷаҳҳаз гардонда шудааст. Дар рафти корҳои сохтмонии бино зиёда аз 100 нафар сокини маҳаллӣ ба кор ҷалб гардидаанд.

Ҳудуди муассиса беш аз 2 гектарро ташкил медиҳад ва дуошёна буда, барои 1280 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

Муассисаи нави таълимӣ аз синф­хонаҳои химия, физика, математика, лингафонӣ, омодагии дифои ҳарбӣ, ҳунаромӯзӣ ва утоқҳои корӣ барои омӯзгорон иборат буда, дорои маҷлисгоҳи барҳаво бо 335 ҷойи нишаст, китоб­хонаи муосир бо фарогирии беш аз 20 ҳазор китоби дарсию бадеӣ, ошхона барои 172 нафар, истгоҳи трансфарматорӣ бо ду адад трансформатор мебошад. Синфхонаҳои мактаб бо пешрафтатарин технология ва воситаҳои илмомӯзии муосир, ба монанди тахтаҳои электронӣ ва компютер муҷаҳҳаз гардонда шудааст.

Бо мақсади ҷалби хонандагон ба тарзи ҳаёти солим ва машғул шудан ба варзиш, дар бинои нав толори варзишӣ бунёд шудааст, ки муҳассилин ба обутоби бадан, волейболу баскетбол ва дигар бозиҳои варзишӣ машғул хоҳанд шуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои анҷом­ёфта баҳои баланд дода, хонандагонро ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз бар кардани илмҳои дақиқ ва барномаҳои компютерӣ ҳидоят намуданд.

Дар муассисаи таълимӣ дегхона мавҷуд аст, ки имкон дорад синфхонаҳоро дар давраи сардӣ бо гармӣ таъмин намояд. Роҳравҳои назди бино бо сангҳои ороишӣ ва саҳни бинои таълимӣ бо гулҳои мавсимӣ оро ёфтааст.

Бинои нави таълимӣ дар доираи таҷлил аз 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, туҳфаи арзандаи Пешвои миллат ба хонандагони хуштолеъ мебошад.

Таъкид кардан бамаврид аст, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон 12 муассисаи нави таълимӣ, ҳашт муассисаи томактабӣ ва 40 бинои иловагӣ сохта, ба истифода дода шудааст, ки дар онҳо ба зиёда аз 51 ҳазор хонанда 3280 омӯзгори соҳибтахассус дарс мегӯянд.

24 сентябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Восеъ мулоқоти судманду самимӣ анҷом доданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони ноҳия барои истиқболи самимӣ ва анҷоми тадбирҳои созанда ба хотири рушду пешрафт изҳори сипос намуданд.

Зимни таҳлили вазъи кунунии тараққиёти ноҳия таъкид гардид, ки дар 29 соли замони соҳибистиқлолӣ барои ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди иҷтимоиву иқтисодӣ аз ҳисоби буҷети давлат қариб як миллиард сомонӣ ҷудо гардидааст. Инчунин, 16 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 332 миллион сомонӣ баҳри дастгирии оилаҳои эҳтиёҷманд, таҷдиду муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои таълимӣ, беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, таҷдиди роҳҳои мошингард, рушди соҳаи кишоварзӣ, истифодаи самараноки захираҳои об, инкишофи инфрасохтори деҳот ва самтҳои дигар татбиқ гардидааст.

Ҳоло дар ноҳия 13 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истодааст, ки дар доираи онҳо 300 миллион сомонӣ аз худ гардидааст.

Барои истиқболи сазовори ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия сохтмон ва таъмири 460 иншоот ба нақша гирифта шуд, ки то ба ҳол дар 316 адади он корҳои бунёду азнавсозӣ пурра ба анҷом расиданд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки мардуми меҳнаткаши ноҳияи Восеъ то ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ корҳои бунёду барқарорсозиро дар иншооти боқимонда бо сифати баланд ба анҷом мерасонанд.

Президенти мамлакат таъкид доштанд, ки ноҳияи Восеъ барои рушди соҳаи саноат имкониятҳои ниҳоят фаровон дошта, дар он захираҳои зиёди ашёи хом, махсусан, намак ва маҳсулоти кишоварзӣ мавҷуданд.

Қайд гардид, ки дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ қариб 46 миллион сомониро ташкил додааст. Дар ин давра дар ноҳия ду коргоҳи нави саноатӣ бо 35 ҷойи корӣ таъсис ёфтааст.

Бо вуҷуди он ки солҳои охир нишондиҳандаҳои соҳаи саноати ноҳия мунтазам афзуда истодаанд, вазъи соҳа, хусусан, дар самти таъсиси ҷойҳои нави корӣ ҳоло ҳам қонеъкунанда нест.

Аз ин хотир, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, роҳбарони вилоят, ноҳия ва дигар вазорату идораҳои дахлдор вазифадор шуданд, ки ҷиҳати истифодаи пурраи имконияту иқтидорҳо дар самти саноатикунонии босуръат тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд.

Восеъ ноҳияи аграрист. Ҳиссаи кишоварзӣ дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар он 62 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин соҳа 65 фоизи аҳолии қобили меҳнати ноҳия бо ҷойҳои кории доимиву мавсимӣ таъмин мебошад. Ин аст, ки кишоварзон истеҳсоли зироатҳои ғалладонагӣ, картошка, меваю сабзавот, полезӣ ва маҳсулоти чорводориро афзоиш додаанд.

Роҳбарони вазоратҳои молия, кишоварзӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, вилоят ва ноҳия супориш гирифтанд, ки иқтидори пурраи иншооти обтаъминкуниро барои кишти зироатҳо дар заминҳои обӣ самаранок истифода намоянд.

Бо мақсади таъмини рушди босуботи соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар барои таҷдиду азнавсозии роҳҳои мошингарди ноҳияи Восеъ тадбирҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд. Аз ҷумла, роҳи мошингарди Восеъ – Ховалинг ба масофаи 88 километр, ки 40 километри он аз ҳудуди ноҳия мегузарад, ба маб­лағи 464 миллион сомонӣ пурра азнавсозӣ гардид.

Ҳамчунин, соли ҷорӣ таҷдиди роҳи мошингарди Ҳулбук – Кангурт бо дарозии 59 километр ва арзиши лоиҳавии 370 миллион сомонӣ оғоз меёбад, ки 22 километри он аз ноҳияи Восеъ мегузарад. Ҳоло корҳои омодагӣ барои татбиқи лоиҳа идома доранд.

Даврони соҳибистиқлолӣ дар ноҳия 48 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо тамоми шароити зарурӣ барои 8200 хонанда сохта, ба истифода дода шудааст. Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ сохтмони боз ҳафт муассисаи таълимӣ дар нақша аст.

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳия аз ҳисоби ҳама сарчашма 21 муассисаи тиббиву солимгардонӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. То ҷашни сисолагии Истиқлолияти давлатӣ бунёди боз ду маркази саломатӣ ва як таваллудхона дар назар аст.

Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки истифодаи самараноки захираву имкониятҳои мавҷуда ва таъмин намудани пешрафти устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, дар баробари заҳмати содиқона ва азму талоши созанда, аз ҳисси баланди ватандӯстии ҳар як сокини ноҳия ва қобилияти ташкилотчигии роҳбарон вобаста мебошад.

Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони ноҳияи Восеъ, намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла Файзалӣ Шарифов — собиқадор, Гулбаҳор Атозода — иқтисодчӣ, Камолзода Муборакшо — донишҷӯ ва Гулнора Сафарова — омӯзгор суханронӣ карда, барои амалисозии тадбирҳои созанда баҳри беҳдошти сатҳи зиндагии мардум ба Пешвои миллат изҳори сипос намуданд.

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ боғи интенсивии Ҷамъияти дорои маҳсулияташ маҳдуди «Хушсифат»-и деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиевро аз назар гузаронданд.

50379942152_e79d9bc493_oДар он, ки чанд сол қабл бунёд гардидааст, дарахтони ба шароиту иқлими минтақаи кӯҳдоман мувофиқ шинонида шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин ва боғпарварон дастур доданд, ки дар оянда ҷиҳати бамаротиб зиёд кардани истеҳсолоту содироти меваи хуштаъм ва меваи хушк майдони боғро васеъ намоянд, зеро дар мавзеъҳои кӯҳдоман дар боғҳои интенсивӣ бунёд карда, дар ин замина ҷойҳои кории нав таъсис додан имконпазир аст.

Дар боғи интенсивӣ, ки 40 гектар аст, дар баробари себ зиёда аз ҳафт намуди дарахтони мевадиҳанда, аз қабили олуи сиёҳ, зардолуи мирсанҷалӣ, бодом, хурмо, гелос ва писта парвариш карда мешавад. Бо андешаи мутахассисон, онҳо зуд самаровар мешаванд. Ҳанӯз дар соли сеюм ё чорум аз ҳар як ниҳоли себ 15-20 килограмм мева истеҳсол кардан имконпазир аст.

Бо мақсади зиёд кардани истеҳсоли маҳсулот ва бо оби полезӣ таъмин намудани боғ, бо дарназардошти шароиту имконияти мавҷуда, пойгоҳҳои барқии обкашӣ фаъол гардонида шудаанд. Мутахассисони соҳа ба он назаранд, ки бунёди боғи интенсивӣ ба шароиту иқлими мавзеъҳои кӯҳдоман мувофиқ мебошад. Тибқи нақша, солҳои наздик ҳосилнокии ҳар як ниҳоли себ ба 20-25 килограмм расонида мешавад. Барои парвариши ниҳолҳои мевадиҳандаи ситрусӣ дар ин мавзеъ гармхона мавҷуд аст.

Дар боғ баробари дарахтони мевадиҳанда дарахтони ороишӣ низ парвариш меёбанд. Ҳамчунин, барои боз ҳам зебою дилкаш гардидани ду шафат ва дохили боғ гулу буттаҳои зинатбахш шинонида шудааст. Ҳоло ҷамъоварию хушк намудани мева дар боғ идома дорад.

24 сентябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон ташриф оварда, нахуст бинои Қасри фарҳангро ба истифода доданд.

Бинои дуошёнаи Қасри фарҳанг бо харҷи зиёда аз 8 миллион сомонӣ дар масоҳати 1 ҳазору 248 метри мураббаъ ­сохта шудааст. Дар ошёнаи якуми он миёнсарой, толори барҳаво барои 385 ҷойи нишаст, утоқҳои маҳфил, санъаткорон, техникӣ ва дар қабати дуюм миёнсарой, ҳуҷраҳои корӣ, техникӣ ва утоқҳои санъаткорон ҷойгир мебошанд.

Мавриди зикр аст, ки санги асос барои сохтмони бинои ­Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин соли 2017 бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуда буд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити фароҳамгардида дар бинои қаср шинос шуда, онро дар доираи омодагӣ ба ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи арзишманде барои аҳли фарҳанг арзёбӣ намуданд.

Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 15 номгӯй сози миллии мусиқӣ тақдим гардид.

Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 32 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла, панҷ хонаи фарҳангӣ, ҳафт клуб, китобхонаи марказӣ, 17 китобхона дар деҳот, Боғи фарҳангӣ- истироҳатӣ ва Мактаби санъати бачагона фаъолият доранд, ки солҳои соҳибистиқлолӣ навсозӣ гардиданд.

Дар толори Қасри фарҳанг аз тарафи аҳли фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин барномаи ҷолиби ҳунарӣ пешниҳод гардид.

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Хайркорони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Маҷмааи варзишии «Бахтиёри Шамс»-ро ба истифода супурданд.

Он иншоотест, ки ба истиқболи ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Сулаймон Шамсов ба маблағи 550 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, дорои толори варзишии болопӯшида аст, ки дарозиаш 40 метр ва паҳноиаш 18 метрро ташкил медиҳад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкори маҳаллӣ, ки бо ҳисси баланди ватандӯстӣ дар корҳои созандагӣ саҳми фаъол гузоштааст, изҳори миннатдорӣ намуда, иқдоми бунёдкоронаи ӯро нишонаи олии ватандӯстӣ арзёбӣ карданд ва бо варзишгарон зимни суҳбати озоду самимӣ таъкид карданд, ки аз шароити мусоид ба таври васеъ истифода намуда, бештар ба машқу тамрин машғул шаванд.

Дар шафати толори варзишии болопӯшида майдони футбол бо дарозии 110 метр ва паҳноии 65 метр, ки дорои 800 ҷойи нишаст мебошад, тибқи стандарти байналмилалӣ бунёд гардидааст.

Дар саҳну атрофи толор ва майдони варзишӣ ниҳоли дарахтони ороишӣ ва сояафкани нодир шинонда шудааст.

Мавриди зикр аст, ки дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин замони соҳибистиқлолӣ 73 майдонча ва панҷ толори варзишӣ сохта, ба истифода дода шудааст. Дар мактаби варзишии кӯдакону наврасон аз рӯи ҳашт намуди варзиш 387 нафар ба машқу тамрин ҷалб гардидаанд.

Бунёди майдонча ва толорҳои варзишӣ ва ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба тамрин имкон фароҳам овардааст, ки танҳо дар соли 2020 варзишгарони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин зимни ширкат дар мусобиқаҳои варзишӣ сазовори 18 медал, аз ҷумла, нуҳ медали тилло, чор медали нуқра ва панҷ медали биринҷӣ гарданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бинои маъмурии Бахши ҳифзи муҳити зистро ба истифода супурданд.

Он аз се ошёна иборат буда, дорои даҳ утоқи корӣ, маҷлисгоҳ, осорхона ва меҳмонхона мебошад. Сохтмони иншоот, соли 2020 оғоз гардида, дар муҳлати камтар аз як сол бо харҷи зиёда аз 2 миллион сомонӣ ба итмом расида, аз ҷониби коргарону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сомон – Орзу» – и ноҳия дар доираи омодагӣ ба ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст. Утоқҳои кории бино бо  таҷҳизоти зарурӣ таъмин мебошанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон ва кормандони Бахши ҳифзи муҳити зист дастур доданд, ки дар самти муҳофизати олами набототу ҳайвоноти нодир, ки дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин хеле зиёд аст,  бо  ҳисси масъулияти баланд фаъолият намоянд.

Дар маркази ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикис­тонро ифтитоҳ бахшиданд.

50380025312_007aba0f73_oОн аз ду ошёна иборат буда, атрофи он бо дарахтони ҳамешасабз ва гулу буттаҳои мавсимӣ оро ёфтааст ва бо дастгирии аъзои фаъоли ҳизб ва соҳибкорони маҳаллӣ дар майдони 200 метри мураббаъ бунёд гардидааст.

Бино аз шаш утоқи корӣ, маҷлисгоҳ бо 30 ҷойи нишаст, китобхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад ва барои иҷрои корҳои сохтмонӣ дар он сохтмончиёни маҳаллӣ ҷалб шудаанд.

Иншоот бо таҷҳизоти зарурӣ, аз қабили компютер, дастгоҳҳои тақвияти овоз ва ғайра муҷаҳҳаз аст.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои арзанда дода, ба сохтмончиён барои обод намудан изҳори сипос карданд.

Роҳбари давлат аз кормандони Кумитаи иҷроия ва аъзои фаъоли ҳизб ҳисси баланди масъулияти ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳӣ, саҳм гузоштан дар корҳои ободонию созандагӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатиро талаб намуданд.

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар маросими ифтитоҳи бозори марказии ноҳия иштирок намуданд.

Дар рафти корҳои сохтмонии он, ки моҳи сентябри соли 2019 оғоз ёфт, 30 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардидаанд.

Масоҳати бозор 2 ҳазору 400 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар он 112 ҷойи болопӯшида барои савдо ва 22 дӯкони тиҷоратӣ ҷой гирифтааст. Бозор бо маблағгузории Иттифоқи «Тоҷикматлубот» бунёд ёфтааст.

Мавриди зикр аст, ки дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин то ин дам бозор вуҷуд надошт ва сокинон барои харидории молу маҳсулоти ниёзи аввал ба дигар шаҳру ноҳияҳо сафар мекарданд. Кишоварзон ҳосили ҷамъоварикардаашонро ба шаҳри Кӯлоб ва дигар ноҳияҳо ба савдо мебароварданд, ки дар аксар маврид меваю сабзавоташон ҳангоми интиқол талаф меёфт. Айни замон дар бозор беш аз 100 нафар соҳибкору сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд.

Пешвои миллат зимни суҳбат бо соҳибкорон ва роҳбарияти бозор, дастур доданд, ки барои таъмини аҳолӣ бо меваю сабзавот ва дигар намуди молу маҳсулот бо хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳибкорони дигар шаҳру ноҳияҳо шартнома баста, фаровонии маҳсулотро таъмин намоянд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияро мавриди истифода қарор доданд.

Он аз се ошёна иборат буда, масоҳати умумиаш 1734 метри мураббаъ мебошад. Фармоишгари бино Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳакаш Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «САНИИОСП»-и шаҳри Душанбе ва пудратчӣ Ширкати сохтмонии «Консол»-и шаҳри Душанбе мебошанд.

Дар ошёнаи якуми МИМҲД толори маҷлис барои 240 ҷойи нишаст, миёнсарой, бахши занон ва оила, шуъбаҳои хизматрасонӣ, бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, китобхона, шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандон, ҳуҷраи техникӣ ва бойгонӣ ҷойгир шудааст.

Дар ошёнаҳои дуюм ва сеюм утоқи кории раиси ноҳия, бахши сармоягузорӣ, қабулгоҳ, муҳосибот, хазинадор, толори маҷлис барои 48 ҷойи нишаст, утоқи кории муовинони раиси ноҳия ва дигар утоқҳо ҷой гирифтаанд.

Бино бо шабакаи мустақими гармидиҳӣ таъмин мебошад. Утоқҳои корӣ бо таҷҳизоту лавозимоти муосир муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, хизматчиёни давлатиро ба меҳнати софдилона ва хизмат ба халқу Ватан ҳидоят намуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо рафти парвариш, истеҳсол ва захираи маҳсулоти кишоварзӣ дар қитъаи замини наздиҳавлигии оилаи Одинаевҳо шинос шуданд.

50379192563_d3767e1bb8_oОнҳо бо мақсади қонеъ сохтани талаботи аҳли хонавода бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ ва гӯшту шир ба рушди ҳама бахши соҳа аҳамияти махсус зоҳир карда, қитъаи замини наздиҳавлигии худро, ки 6 садякро ташкил медиҳад, самараноку оқилона истифода мебаранд.

Ҳар сол дар қитъаи замини наздиҳавлигии ин оилаи намунавӣ ­навъҳои гуногуни зироати кишоварзӣ кишт карда мешавад, ки бо анҷоми саривақтии корҳои агротехникӣ ва риояи тавсияҳои олимони соҳа аз он ҳосили хуб мегиранд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон кишти тирамоҳии гулкарам, сабзӣ ва ҳосили фаровони картошка, помидор, карам, каду, сабзавотро аз назар гузаронда, бо ду навъи себи маҳаллӣ, ки дар шароити ноҳия ҳосили хуб медиҳанд, шинос шуданд. Соли 2019 аз қитъаи замини назиҳавлигӣ оила 3 тонна картошка, 300 килограмм помидор, 500 килограмм сабзӣ ва наздик ба 3 тонна себ ҷамъоварӣ намудаанд. Дар мавсими имсола низ ҳосилнокӣ хуб ба назар мерасад.

Оилаи Одинаевҳо барои даст­рас намудани маҳсулоти ғизоӣ аз ҷумла гӯшт, шир ва маҳсулоти ширӣ, инчунин, маҳсулоти ниёзи аввали кишоварзӣ, ниёз ба бозор надоранд. Онҳо худро аз ҳисоби мақсаднок истифода бурдани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва нигоҳубини хуби чорвои хурду калон, ки дар манзили истиқоматӣ парвариш меёбанд, таъмин менамоянд.

Дар ҳамон ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо анбори нигоҳдории маҳсулоти ғизоӣ, ки барои тирамоҳу зимистон пешбинӣ гардидааст, шинос шуданд. Дар он номгӯи зиёди маҳсулоти ғизоӣ, аз қабили гандум, лӯбиёгиҳо, наск, нахӯд, мош ва себи хушконидашуда дар зарфҳои махсус нигоҳ дошта мешавад.

Ҳамчунин, 40 номгӯи маҳсулоти кишоварзӣ ва мевагиҳо, ки бештари онҳо аз ҳосили қитъаи замини наз­диҳавлигӣ мебошанд, дар шакли консерва захира гардидааст.

Дар қитъаи замини наздиҳавлигӣ, ҳамчунин, 40 бех дарахти себи навъи хубонӣ мавҷуд аст, ки аз он соле то 3 тонна ҳосил мегиранд.

Сокинони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ҷиҳати татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегӣ — таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми назаррас гузошта, ҷиҳати зиёд намудани иқтидори истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз шароиту имконоти мавҷуда самаранок истифода мебаранд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо тарзи истифодаи босамари қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба сокини деҳаи Шӯрообод Одина Одинаев баҳои баланд дода, таҷрибаи ӯро дар рӯёнидани ҳосили зиёди сабзавоту полезӣ, захираи маводи ғизоӣ барои гузаронидани мавсими тирамоҳу зимистон дар шароити ҳозира манфиатовар арзёбӣ карданд.

Сипас, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли оилаи Одина Одинаев лавозимоти рӯзгор ва дигар туҳфаҳои арзишманд тақдим намуданд.

Дар деҳоти «Шӯрообод»-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, намоишгоҳи ҳунарҳои мардумиро, ки аз хӯрокҳои миллӣ, маҳсулоти нонӣ ва санъати волои аҳли фарҳанги ноҳия иборат буд, тамошо карданд.

Маврид ба таъкид аст, ки дар марказ ва деҳоти ноҳияи ба номи Шамсиддин Шоҳин ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Барои ҷалби ҷавондухтарон ба омӯзиши ҳунарҳои дастӣ, ки аз қадим то ба ҳол ҳифз шудааст, марказҳои нави омӯзишӣ ташкил гардидаанд.

Бо мақсади татбиқи ҳадафҳои «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва фароҳам намудани шароиту имконоти мусоид, аз ҷумла, имтиёз ва грантҳои президентӣ барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ дар марказ ва деҳот, даҳ маркази нави омӯзишӣ, гӯшаҳои намоиш ва фурӯши ҳунарҳои қадимаи дастӣ таъсис дода шудааст. Айни замон бо ин восита даҳҳо нафар сокини ноҳия бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд.

Дар гӯшаи дигари намоишгоҳ ҳунари кадбонуҳои чирадасти деҳот ва шаҳраки ноҳия — нони чаппотӣ, хӯрокҳои миллӣ ва дигар маҳсулоти аз гандум омодашуда муаррифӣ гардид. Ҳамчунин, дар он ҷо ҷавонони боистеъдод ва ҳунармандон бо ифтихор аз давлати ободу соҳибистиқлол ҳунару маҳорати навозандагӣ ва овозхониро намоиш доданд.

Президенти мамлакат барои эҳё ва рушди бештари ҳунарҳои дастӣ, ки талаботи он дар дохил ва хориҷи мамлакат зиёд аст, ба масъулон ва роҳбарон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифода қарор доданд.

defaultМайдони умумии замини иншоот 1,5 гектар буда, пояи Парчами давлатӣ 40 метр, дарозӣ ва паҳноии матоаш 14 бар 7 метрро ташкил медиҳад.

Бунёди Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат иқдоми муҳими бедор кардани ҳисси баланди ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва гироми доштани муқаддасоти Ватани маҳбубамон дар дили ҷавонон маҳсуб меёбад.

Майдони Парчам бо сангҳои ороишӣ, гулҳои рангоранг ва ниҳолҳои дарахтони сояафкан зебу зинат ёфтааст.

Дар он ҷо, дар доираи корҳои ободонӣ, барои сайругашти сокинон даҳ нишастгоҳи замонавӣ ва 33 чароғпояи хурду бузург насб гардидааст.

24 сентябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин мулоқот доир карданд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори қаноатмандӣ аз кору фаъолияти ватандӯстонаву созандаи мардум ба онҳо барои амалӣ намудани нақшаҳои ободгарона ба хотири пешрафт барори кор орзу намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии ноҳия ва талошу тадбирҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати рушди ин минтақаи дурдасти кишвар андешаронӣ карда, таъкид доштанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри фароҳам овардани шароити беҳтари зиндагӣ барои сокинон аз тамоми захираву имконият истифода карда истодааст.

Қайд гардид, ки дар зарфи 29 соли Истиқлолияти давлатӣ аз ҳисоби буҷети давлат барои рушди соҳаҳои мухталифи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 421 миллион сомонӣ равона гардидааст. То ба ҳол дар ноҳия 13 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 383 миллион сомонӣ барои беҳтар гардидани шароити таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ, таҷдиду азнавсозии роҳу пулҳои мошингард, ворид намудани таҷҳизоту мошинолоти кишоварзӣ, таъмири хатҳои интиқоли барқ ва оби нӯшокӣ татбиқ шудааст.

Танҳо барои таҷдиди се қитъаи роҳ ба масофаи умумии 51 километр дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин – лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Кӯлоб – Қалъаихумби шоҳроҳи Душанбе – Кулма, яъне, қитъаи Кӯлоб – Шамсиддин Шоҳин, қитъаи Шамсиддин Шоҳин — Анҷироби Поён ва қитъаи Анҷироби Поён – Шоҳон, беш аз 1 миллиард сомонӣ равона гардидааст. Ҳоло боз панҷ лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 200 миллион сомонӣ амалӣ шуда истодааст.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аз иҷрои нақшаи ободонии маркази ноҳия ба ифтихори таҷлили сазовори ҷашни умумимиллӣ — 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид доштанд, ки бунёду азнавсозии 192 иншоот ба нақша гирифта шуда, сохтмони 61 адади он ба анҷом расидааст.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба имконоти мусоиди рушди соҳаи саноат роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва дигар вазорату идораҳои марбутаро вазифадор карданд, ки ташаббусҳои соҳибкоронро барои бунёди корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ бо ворид намудани технологияҳои нав ҳамаҷониба дастгирӣ карда, бо истифодаи захираҳои ашёи хоми маҳаллӣ ҷиҳати афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, вазоратҳои нақлиёт, энергетика, Кумитаи андоз ва Бонки миллӣ вазифадор шуданд, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Шамсиддин Шоҳин доир ба рафъи мушкилоти зикршуда ва фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди соҳибкорӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

Сарвари давлат вобаста ба рушди боғдорӣ, чорводорӣ, ғаллакорӣ, картошкапарварӣ ва сабзавоткорӣ андешаронӣ ва мардумро барои истифодаи тамоми имкону захира ҳидоят намуданд.

Ба Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия супориш дода шуд, ки дар оянда зиёд кардани майдони кишти картошка ва истифодаи тухмии хушсифати ба иқлими ноҳия мусоидро таъмин намоянд.

Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ, дар доираи дастгириҳои давлатӣ, дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба маблағи 53 миллион сомонӣ 41 бинои нав ва биноҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои қариб 5400 нафар хонанда сохта, ба истифода дода шудааст.

Дар охир Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки сокинони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин минбаъд низ бо дарки масъулияти баланд дар тарбияи наврасону ҷавонон, ба роҳи дуруст ҳидоят кардани онҳо, риояи талаботи қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим ва умуман, таъмини волоияти қонун, иҷрои амалҳои неки созандаву бунёдгарона, хусусан, ба ифтихори ҷашни бузурги сисолагии Истиқлолияти давлатӣ, дар ободии Ватан саҳми муносиб мегузоранд.

Сипас, сокинони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин — намояндагони касбу кори гуногун бо шукргузорӣ аз фазои ободу осуда ва фаровонии неъматҳои кишвар баромад карда, ба Пешвои миллат барои таъмини зиндагии шоиста изҳори сипос намуданд.

Нимаи дуюми 24 сентябри соли 2020 дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Паҳндараи деҳоти «Чилдухтарон»-и ноҳияи Муъминобод роҳи мошингарди Чилдухтарон — Ховалингро ифтитоҳ карданд.

DCIM100MEDIADJI_0053.JPGРоҳи мошингарди Чилдухтарон — Ховалинг аз иқдомоти шоистаи сокинони бонангу ори ноҳияи Муъминобод мебошад, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бахшида ба 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи октябри соли 2019 бо саҳми оилаи Амировҳо сохтмони роҳи мошингарди Чилдухтарон — Ховалинг оғоз гардида, бо дарозии 12 километр ба анҷом расонда шуд. Бунёди қитъаи роҳ орзуи деринаи сокинони қариб 20 деҳаи ин мавзеъ аст, ки баробари мавриди истифода қарор гирифтани он, рафтуомад аз тариқи ноҳияҳои Данғара, Балҷувон ва Ховалинг қариб 70 километр кӯтоҳ шуд.

Бунёди роҳи мошингард аз мавзеи Чилдухтарон то ноҳияи Ховалинг барои рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ ва дигар самтҳои хоҷагии халқ имкониятҳои фарох фароҳам оварда, сайёҳони дохилию хориҷӣ, дар баробари тамошои манзараҳои нотакрору дилфиреби Сари Хосор, Балҷувон, Кангурт, Хуррамшаҳр, Ҳулбук, мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ҳамчунин, бо урфу одат, суннату оинҳои мардумӣ ва таъриху фарҳанги пурғановати мардум шинос хоҳанд шуд.

Роҳи нав, ки аз минтақаи сайёҳии Чилдухтарон, доманаи кӯҳҳои сарбафалаки сабзпӯш, манзараҳои дилфиребу нотакрор, анбӯҳи дарахтони мева ва гулу гиёҳҳои назаррабо мегузарад, василаи ҷалби сайёҳон гардида, ба инкишофи минбаъдаи ин минтақаи зебои диёр замина хоҳад гузошт.

Роҳи автомобилгард бо дарназардошти мавқеи ҷойгиршавӣ, оянда дар бунёди инфрасохтори зарурии сайёҳӣ ва муаррифии шоистаи имкониятҳои мавҷудаи туристӣ нақши муассир гузошта, барои садҳо сокини кӯҳистон ҷойи нави корӣ муҳайё месозад. Бунёди он имкон фароҳам овард, ки масофаи роҳ то ин мавзеъ кӯтоҳ гардида, рафтуомади сокинону меҳмонон дар ҳама фасли сол имконпазир гардад.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси оилаи Амировҳоро намунаи барҷастаи ватандӯстӣ маънидод карда, ба онҳо арзи сипос намуданд.

Сокинон бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолӣ ва ғамхорию таваҷҷуҳи Пешвои миллат дар самти ободу зебо намудани шаҳру ноҳияҳо ва дурдасттарин деҳоти мамлакат, изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, тадбирҳои муҳими ободониро василаи беҳтар шудани шароити зиндагии мардум маънидод карданд.

Президенти мамлакат дар маконе, ки табиати Чилдухтарон намоён аст, кохи сайёҳиро бо номи «Қадамҷойи Пешвои миллат» ифтитоҳ карданд. Он аз манораи муҳташам иборат буда, аз он ҷо тамошои минтақа имконпазир аст. Дар атрофи кохи сайёҳӣ бунёдгарони иншоот ниҳолҳои мевадиҳандаву сояафкан шинондаанд. Гулу буттаҳои ­ҳамешасабз ба мавзеъ зинати дигар зам кардаанд.

Чилдухтарон номи кӯҳест, ки дар ду қисми шимолии ноҳияи Муъминобод ҷойгир аст.Онҳо аслан муҷассамаҳои одамшаклеанд, ки сирру асрори хоса доранд. Дар асл пайкараҳои сангин барои ҳар як тамошобин муҷассамаи олиҳаи зебоӣ, рамзи покию ватанпарварист. Оид ба кӯҳҳои Чилдухтарон байни аҳолӣ нақлу ривояти зиёд аст. Тибқи яке аз онҳо, чил пайкараи сангии кӯҳи Чилдухтарон нишонаи покдомании занони тоҷик мебошад.

Муъминободро диёри чашмасор ё ҳазорчашма низ мегӯянд. Захираҳои табиии он зиёд буда, 138 навъи рустании шифобахш, 45 навъи рустании асаловар ва 98 навъи рустании ғизоӣ шиносоӣ шудаанд. Олами ҳайвоноти ноҳия гуногун буда, аз водиҳо то минтақаи кӯҳҳои баланд паҳн гардидаанд, ки барои рушди сайёҳии шикорӣ хеле мусоид аст.

Сарвари давлат зимни боздид аз иншоот, ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ташаббуси сокинони меҳанпарастро намунаи ибрат хонданд ва ба масъулони Ҳукумати ҷумҳурӣ дастур доданд, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда, ҷиҳати фароҳам овардани чунин шароит дар дигар мавзеъҳои сайёҳии мамлакат тадбирандешӣ намоянд.

Дар идомаи боздиди корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Чилдухтарони ноҳияи Муъминобод марҳилаи аввали Маҷмааи сайёҳии «Чилдухтарон»-ро ифтитоҳ карданд.

1Он дар асоси дас­туру супоришҳои Пешвои миллат бахшида ба 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ, аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Меҳмонхона ва марказҳои хизматрасонии Чилдухтарон» бо тарҳу намои муосир ва бо риояи меъёрҳои пазируфташудаи сохтмонӣ бунёд гардида, дар он 70 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.

Дар дохили Маҷмааи сайёҳии «Чилдухтарон» меҳмонхонаи панҷошёнаи «Чилдухтарон» бо  шароитҳои муосири хизматрасонӣ, бунёд шудааст, ки дар як вақт имкони қабули сад нафарро дорад. Ҳуҷраҳои меҳмонхона, ки дар қалби кӯҳ сохта шудаанд, дар шакли гуногун бунёд гардида, хизматрасонӣ дар онҳо мувофиқи стандартҳои ҷаҳонӣ роҳандозӣ гардидааст.

Бо дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи масъулони Ширкати «Меҳмонхона ва марказҳои хизматрасонии Чилдухтарон» дар оянда бо истифода аз ҳавои нотакрори мавзеъ марҳилаи дуюми Маҷмааи сайёҳии «Чилдухтарон» бунёд мегардад. Иттилоъ дода шуд, ки рушди инфрасохтори ноҳия ва ба талаботи сайёҳӣ мутобиқ намудани хизматрасониҳо, барои ҷалби бештари сайёҳон ба ин минтақа, заминаи мусоид фароҳам меорад.

Ноҳияи Муъминобод дорои захираҳои бойи сайёҳӣ буда, барои рушди туризми кӯҳӣ, варзишӣ, этнографӣ ва экологӣ мувофиқ мебошад. Минтақаҳои Чилдухтарон ва Чашмаи ҷӯшон барои тамошои сайёҳони дохилию хориҷӣ ҷолиби диққат аст.

Дар ҳамин мавзеъ Ширкати «Меҳмонхона ва марказҳои хизматрасонии Чилдухтарон» ҷиҳати тарғиби суннату анъанаҳои миллӣ, дар шафати меҳмонхона барои қабули сайёҳон бо усули хоси меъмории миллӣ хонаҳои гуногун бунёд кардааст. Дар онҳо, ки барои будубоши сайёҳони дохиливу хориҷӣ пешбинӣ гардидаанд, ҳама шароит фароҳам аст. Дар маҷмӯъ, бо иловаи ба истифода додани хонаҳо, дар мавзеи Чилдухтарон барои қабули 150 сайёҳ имконияти сатҳи баланди пазироӣ имконпазир аст.

Мавзеи Чилдухтарон бо табиати зебою назаррабо, марғзору ҷангалзор ва чашмаҳои мусаффояш қалби сайёҳонро тасхир намудааст. Ин мавзеи зеборо ҳазорҳо нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ орзуи дидан доранд.

Бо пайравӣ аз ташаббусҳои бунёдкоронаи Пешвои миллат, дар мамлакат сохтмони иншооти гуногун вусъат меёбанд, ки ҳадаф фароҳам овардани шароити арзанда дар самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа мебошад.

Мавзеъҳои сайёҳию ёдгориҳои таърихӣ ва деҳоти дурдасти мамлакат, ки дар гузашта чандон шароити мусоид надоштанд, бо таваҷҷуҳ ва ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳмгузории шахсони ватандӯст ободу зебо мегарданд ва дар онҳо инфрасохтори зарурӣ барои қабули сайёҳони дохилию хориҷӣ муҳайё мешавад.

25 сентябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, дар деҳаи Заркамари ноҳияи Муъминобод ба фаъолияти корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Дуоб-Р» оғози расмӣ бахшиданд.

Он аз ду сехи коркарди меваю сабзавот ва маҳсулоти ширӣ иборат буда, аз ҷониби соҳибкорон Файзалӣ ва Ҳасанҷон Забировҳо бунёд шудааст.

Аснои шиносоӣ аз сехи коркарди маҳсулоти ширӣ, ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки техникаю дастгоҳҳои корӣ муосир буда, дар он 12 намуди маҳсулоти ширӣ омода мешавад. Дар як басти корӣ сех имкон дорад, ки то 5 тонна маҳсулоти шириро коркард намояд. Дар ноҳияи Муъминобод ин ягона коргоҳест, ки бозори маҳаллиро бо маҳсулоти ширӣ таъмин мекунад. Шир дар доираи шартномаи дуҷониба аз хоҷагиҳои деҳқонӣ дастрас мешавад.

Дастгоҳу технологияи сехи коркарди меваю сабзавот аз Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид гардидааст.

Барои омода намудани маҳсулоти ниҳоӣ дар сехи коркарди меваю сабзавот, ашёи хоми ватанӣ истифода шуда, барои таъминот бо меваю сабзавоти тару тоза, дар шафати корхона 2 гектар боғ бо шаш номгӯйи мева бунёд шудааст. Ҳосили бадастомада дар сехҳо коркард шуда, дар шакли консерв ба бозорҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат бароварда мешавад. Ҳамчунин, меваю сабзавот аз хоҷагидорони ноҳия низ харид мегардад.

Баъди ба истифода додани корхонаи саноатӣ, 100 нафар бо кор ва маоши хуб таъмин гардид, ки аксарияти онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Масоҳати замини иншоот 6 ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, майдони зери сохтмони корхонаҳо 2 ҳазор метри мураббаъ мебошад. Дар атроф ва дохили корхона корҳои сабзазоркунӣ анҷом дода шуда, дар саҳни он гулу дарахтони сояафкану ороишӣ назаррабоӣ доранд.

Маврид ба зикр аст, ки дар Муъминобод барои рушди соҳаи саноат таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардида, дар ин раванд бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни 30 — юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 19 коргоҳи хурду миёна ба нақша гирифта шудааст, ки 7 — тои он фаъол гардида, дар боқимонда корҳои созандагӣ идома доранд.

25 сентябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Муъминобод бо вазъи соҳаи кишоварзӣ шинос шуда, дар хоҷагии деҳқонии «Муҳаммадҷон» ба ҷамъоварии ҳосили картошка оғоз бахшиданд.

2Хоҷагӣ дар ихтиёр 5 гектар замин дошта, асоси фаъолияти онро кишту парвариши зироатҳои кишварзӣ, аз ҷумла картошкаву пиёз ва дигар намуди сабзавот, ташкил медиҳад. Саҳмдорон соли равон майдони кишти картошкаро ду маротиба зиёд намуда, дар масоҳати 2,5 гектар кишт карданд, ки ҳосили хуб ба бор овардааст.

Ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки хоҷагии деҳқонии «Муҳаммадҷон» яке аз фаъолтарин хоҷагиҳои деҳқонӣ ба ҳисоб рафта, дар самти таъмини бозор бо маҳсулоти кишоварзӣ нақши арзанда дорад.

Сарвари давлат зимни боздид аз ҷамъоварии картошка, ба меҳнати саҳмдорон баҳои баланд дода, ба онҳо ҷиҳати дастгирии ҳадафҳои давлату Ҳукумати кишвар дар самти таъмини амнияти озуқавории мамлакат изҳори сипос намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, аз намоиши дастовардҳои кишоварзони ноҳия дидан карда, аз натиҷаи заҳмати деҳқонон шинос шуданд.

Аҳли заҳмати ноҳияи Муъминобод бо истифода аз имкониятҳои мусоиди табиӣ ва риояи қоидаҳои агротехникӣ кишту парвариши зироатҳои кишоварзиро ба таври матлуб ба роҳ монда, имсол дар майдони 15 ҳазору 176 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронданд, ки нисбати соли гузашта 198 гектар зиёд мебошад.

Бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ва бо дарназардошти вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ, дар ноҳияи Муъминобод соли равон дар майдони 409 гектар кишти такрории зироатҳо гузаронда шуд, ки, аллакай, қисман ҷамъоварӣ гардида, дар боқимонда заминҳо ҳосилғундорӣ идома дорад.

Пешвои миллат зимни шиносоӣ бо вазъи кишоварзии ноҳия, ба меҳнати садоқатмандонаи деҳқонон баҳои баланд дода, ҷиҳати ба гардиши кишоварзӣ ворид кардани заминҳои бекорхобида ва афзун намудани истеҳсоли маҳсулот ба хоҷагидорон тавсияҳои судманд доданд.

Мавриди зикр аст, ки дар ноҳияи Муъминобод соҳаи боғу токпарварӣ рушд карда, майдони онҳо мутаносибан 585 ва 40 гектарро ташкил медиҳад.

Аз рӯи маълумоти Раёсати кишоварзии ноҳия, соли равон дар доираи барномаҳои давлатӣ ҷиҳати рушди боғу токзор, майдони 180 гектар боғ ва 3 гектар токзор таъсис ва барқарор гардида, ба ин васила, афзоиши ҳаҷми номгӯи маҳсулот низ бамаротиб боло рафт.

Дар ҳамон ҷо аҳли заҳмат муосиртарин техникаю таҷҳизоти кишоварзиро, ки ҳангоми киштукор истифода мегардад, ба намоиш гузоштанд.

Меҳнаткашони ноҳияи Муъминобод уҳдадор шуданд, ки дастуру супоришҳои Пешвои миллатро сармашқи кор карда, барои фаровонии бозори истеъмолӣ саҳми арзанда мегузоранд.

25 сентябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Муъминобод роҳи 7 — километраи шаҳраки Муъминободро мавриди истифода қарор доданд. Он, ки маркази ноҳияро бо деҳаҳои Деҳлоло ва Хосабой пайваст мекунад, солҳо таъмирталаб буд ва ба сокинон мушкилӣ эҷод мекард.

3Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки роҳ маркази ноҳияро бо мавзеи Чилдухтарон пайваст менамояд. Вобаста ба ин, бо мақсади таъмини мунтазами ҳаракати нақлиёт ба мавзеи Чилдухтарон ва маркази ноҳия, дар назар дошта шудааст, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ боз 21 километр идомаи роҳи мазкур пурра азнавсозӣ гардида, ба ин васила барои ҳаракати шабонарӯзии нақлиёт имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шавад.

Аснои шиносоӣ Пешвои миллат ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, масъулинро вазифадор карданд, ки бо мақсади боз ҳам равнақ додани корҳои созандагӣ масъулияти баланд ҳис намуда, дар ободии кишвар саҳм гузоранд.

Дар ноҳия корҳои таъмиру барқароркунии роҳҳои маҳаллӣ идома дошта, дар назар аст, ки то истиқболи ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ беш аз 167 километр таъмиру навсозӣ карда шавад. То ҳол беш аз 40 километр роҳҳои ноҳиявӣ таъмир карда шудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Муъминобод бинои истиқоматии панҷошёнаро, ки барои хизматчиёни давлатӣ бунёд ёфтааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо имкониятҳои он шинос шуданд.

Иттилоъ доданд, ки он дорои хонаҳои истиқоматии 1, 2 ва 3-ҳуҷрагӣ буда, дар маҷмӯъ, аз 36 — то иборат мебошад.

Роҳбари давлат калиди хонаҳои навро ба соҳибонашон супурда, онҳоро ба ин муносибат таҳният гуфтанд.

Мавриди зикр аст, ки дар доираи сиёсати бобарори иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷуҳи Роҳбари давлат нисбат ба шахсони яккаву танҳо, ба оилае, ки ятими кулл ба воя расидаанд, дар бинои мазкур хонаи истиқоматӣ ҳадя карда шуд. Таъкид гардид, ки минбаъд ҳам ғамхориву кумакрасонӣ ба чунин нафарон идома ёфта, тамоми тадбирҳо андешида мешаванд, то ин ки нафарони эҳтиёҷманд ба танқисӣ дучор нагарданд.

Бинои истиқоматӣ дар маркази ноҳия ҷойгир буда, бо сифати аъло ва санъати баланди меъморӣ бунёд ва гирду атрофи он бо гулу буттаҳои ороишӣ зинат ёфтааст. Хонаҳои истиқоматӣ ба хизматчиёни давлатӣ, кормандони идораву корхонаҳои давлатие, ки дар ноҳия фаъолият дошта, ниёз ба хонаи истиқоматӣ доштанд, тақдим гардиданд.

Барои дастгирӣ ва таваҷҷуҳи доимӣ хизматчиёни давлатӣ ба Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки кӯшиш мекунанд рисолати бардӯшдоштаашонро дар самти таъмини рушди бахшҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат бо дилу нияти пок ба анҷом расонанд.

Роҳбари давлат таъкид доштанд, ки барои баланд бардоштани сифати зиндагии кормандони касбу кори гуногун ва фароҳам намудани имконияти фаъолият ба онҳо, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша чораҳои заруриро амалӣ намуда, дар мамлакат ҳар сол чунин биноҳои замонавӣ бунёду ба истифода дода мешаванд.

Дар ноҳияи Муъминобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба манзили истиқоматии шаҳрванд Абдуфаёз Одинаев ташриф оварда, бо ҳолати истифодабарии замини наздиҳавлигии ӯ шинос шуданд.

Оилаи Одинаевҳо 37 садяк замини наздиҳавлигӣ дар ихтиёр дошта, онро самаранок истифода мебаранд. Хусусан, пас аз дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати истифодаи оқилонаи заминҳои наздиҳавлигӣ, хоҷагии мазкур низ чун дигар оилаҳои Тоҷикистон корро дар самти парвариши маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ дар замини наздиҳавлӣ ҷоннок карда, имсол ҳам ҳосили хуб ба даст оварданд ва ҳам номгӯйи зироатҳоро афзоиш доданд.

Тавре зимни боздид маълум шуд, ҳоло дар замини наздиҳавлигии Одинаевҳо булғориву помидор, ҷуворимаккаву карам нашъунамои хуб дошта, эҳтиёҷоти оиларо қонеъ месозанд.

Аъзои оила ба Роҳбари давлат иттилоъ доданд, ки ҳар сол то 1 тонна картошка ҷамъоварӣ намуда, аҳли оилаву хешовандонро таъмин менамоянд. Ҳамчунин, бо истифода аз меъёрҳои агротехникӣ, оилаи Одинаевҳо аз замини наздиҳавлигӣ ҳосили хуби помидор низ ба даст меоранд. Тибқи ҳисоби пешакӣ, аз замини наздиҳавлигӣ имсол бештар аз 700 килограмм помидори хушсифат ҷамъоварӣ карданианд. Дар ин баробар, ҳар сол ҳосили хуби булғориву бодиринг ва пиёз ҳам ҷамъоварӣ мекунанд.

Шаҳрванд Абдуфаёз Одинаев дар заминаш гармхонаи хурд низ бунёд намудааст, ки асосан, дар он кӯчати помидору бодиринг парвариш менамояд. Айни ҳол дар он қаламфури булғорӣ хуб нашъунамо дошта, ҳосили дилхоҳ дорад.

Аъзои оила дар самти парвариши дарахтони мевадиҳанда таҷрибаи хуб дошта, бо истифода аз обу хоки ҳосилхез, дар назди ҳавлӣ олучаву гелос, зардолу, тут ва навъҳои гуногуни ноку анҷир шинондаанд, ки пур аз меваҳои шаҳдборанд. Хусусан, навъҳои гуногуни себ пурбор буда, ба иттилои аъзои оила, аз ин ҳисоб низ ҳар сол ҳосили хуб ба даст оварда мешавад. Ҳамчунин, дар замини наздиҳавлигӣ парвариши ангур хуб ба роҳ монда шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истифодаи оқилонаи заминҳои наздиҳавлигиро омили муҳим дар самти таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ номида, зикр карданд, ки ҳолати феълии ҷомеаи ҷаҳонӣ тақозо мекунад, ки дар ин самт кор ҷоннок шавад.

Дар ҳамон ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ки самараи замини наздиҳавлигии шаҳрванд Абдуфаёз Одинаев мебошад, дидан карданд. Таъкид гардид, ки ба воситаи истифодаи самараноки замини наздиҳавлигӣ оила ҳар сол зиёд хӯрокворӣ захира мекунад. Айни замон дар партави дастуру супоришҳои Сарвари давлат ин оила барои ду соли баъдӣ маҳсулоти ғизоӣ захира кардааст.

Одинаевҳо чанд сол боз парвариши занбӯри асалро низ ба роҳ мондаанд. Айни ҳол сад оилаи занбӯри асалро нигоҳубин намуда, ба ин васила ҳам худ ва ҳам наздиконро бо асали хушсифат таъмин менамоянд. 20 оилаи занбӯри асал дар замини наздиҳавлигии онҳо нигоҳубин мешавад.

Ҳамчунин, бонувони оила таъкид доштанд, ки аз ҳисоби ҳосили замини наздиҳавлигӣ консерву мураббо ва афшураи меваҷот омода мекунанду барои давраи тирамоҳу зимистон захира месозанд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли оилаи Одинаевҳо барои истифодаи пурсамари замини наздиҳавлигӣ ашёи рӯзгор ва бастаи китобҳои бадеӣ тақдим намуданд.

Сарвари давлат зимни суҳбати самимӣ дар гирди суфраи пурнозу неъмат, ки аз маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ оро ёфта буд, ба таҷрибаи оила дар самти истифодаи мақсадноку оқилонаи замини наздиҳавлигӣ баҳои баланд дода, бори дигар оид ба аҳамияти захираи маҳсулоти ғизоӣ аз ҷониби ҳар як оила барои ду сол ва саҳм гузоштан дар татбиқи ҳадафи стратегии Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон — таъмини амнияти озуқаворӣ тавсияҳои судманд доданд.

Дар назди хонаи истиқоматии шаҳрванд Абдуфаёз Одинаев бонувони ҳунарманди ноҳияи Муъминобод ба хотири истиқболи Пешвои миллат бо меҳру муҳаббати хоса намоиши ҳунарҳои мардумиро баргузор карданд.

Таъкид гардид, ки бо эълони «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар ноҳия ҳунарҳои мардумӣ, хусусан ҳунарҳои дастии бонувон, рушд карда, ҷавонон ҳам барои омӯзиши он майлу рағбати зиёд доранд.

Бонувон ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои андешидани тадбирҳои саривақтӣ ҷиҳати такмил додани ҳунармандӣ дар мамлакат ва дастгирии шахсони соҳибкасб изҳори миннатдорӣ карда, таъкид доштанд, ки дар ҷавоб ба ин таваҷҷуҳу ғамхорӣ, барои рушду равнақ додани ҳунарҳо кӯшишу талоши бештар мекунанд.

25 сентябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон Боғи муҳташаму зебои фарҳангӣ-фароғатии ноҳияи Муъминободро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти мазкур дар масоҳати 6 гектар бунёд ёфта, бо дарназардошти талаботи муосир ва санъати баланди меъморӣ бунёд шудааст. Аз ҷумла, барои истироҳату фароғати сокинон имконияти зарурӣ фароҳам буда, дохили иншоот бо гулу буттаҳои ороишӣ зебу зинат ёфтааст.

Дар ҳудуди боғ беш аз 800 бех дарахти сояафкану ҳамешасабз шинонда шуда, ҳамчунин, дохили он пурра майсазор аст. Роҳравҳои боғи нав бо санъати баланди меъморӣ сафолакпӯш шудаанд.

Дар ҳудуди боғ ду суҳбаткадаи калон ва ҳашт суҳбаткадаи хурд, ки шаклу намои хеле зебо доранд, бунёд ёфта, барои дилхушии атфол чархофалак ва дигар василаи бозиву фароғати кӯдакона насб шудааст. Аз ҷумла, як майдони алоҳидаи кӯдакона мувофиқ ба меъёрҳои ҷорӣ ташкил гардида, шаҳрвандону меҳмонон метавонанд аз 95 нишастгоҳ, ки дар боғ васл гардидааст, барои истироҳат  истифода баранд.

Барои гузарондани маҳфилу чорабиниҳои гуногун ва барномаҳои консертӣ, дар дохили боғ амфитеатри замонавӣ, ки бо нишастгоҳҳои нав муҷаҳҳаз гардонда шудааст, бунёд ёфтааст.

Дар иншоот барои дӯстдорони варзиш майдончаи муосир ҷойгир мебошад, ки дар он шароитҳои зарурии баргузор кардани машғулияту тамринҳо фароҳам мебошад. Иншоот бо се фаввораи зебову замонавӣ, ки бо шаклу услуби хос бунёд ёфтааст, зинат дода шуда, сокинону меҳмонон метавонанд дар фазои зебо истироҳату фароғат намоянд.

Дар шомгоҳон намои Боғи фарҳангӣ — фароғатӣ хеле зебо мешавад, дастгоҳҳои равшанидиҳанда ва чароғакҳои гуногунранг иншоотро равшан нигоҳ медоранд. Атрофи иншоот панҷарапӯш гардида, даромадгоҳи он низ бо санъати баланди меъморӣ оро дода шудааст.

Боғи фарҳангӣ — фароғатии ноҳияи Муъминобод дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, ҳамчунин, ба истиқболи ин ҷашни фархунда дар ноҳия сохтмони даҳҳо иншооти дигар идома дорад.

Пас аз ифтитоҳи иншооти фарҳангӣ дар ҳамон ҷо мулоқоти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони ноҳия баргузор гардид. Зимни суҳбати самимӣ аз ҷониби сокинон пешниҳод гардид, ки Боғи фарҳангӣ — фароғатӣ ба номи Пешвои миллат номгузорӣ карда шавад.

25 сентябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Муъминобод мулоқоти самимӣ доир карданд.

8585Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон барои истиқболи самимӣ ба мардуми меҳмоннавози Муъминобод изҳори сипос карда, таъкид доштанд, ки аз рӯи мушоҳидаҳо сокинони шукргузори ноҳия барои истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ — 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ, тадбирҳои созандагию ободониро вусъат мебахшанд.

Таъкид гардид, ки бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва заҳмати аҳлонаи сокинони шарафманди ноҳия соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ бомаром рушд карда, ин диёри куҳанбунёд сол ба сол ободу пешрафта ва сатҳу сифати зиндагии сокинони он беҳтар шуда истодааст.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, бунёду барқарорсозии корхонаҳои истеҳсоливу иншооти иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ҳоло «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Муъминобод барои солҳои 2016-2020» амалӣ шуда истодааст, ки дар доираи он татбиқи 182 лоиҳа ба маблағи беш аз 163 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

То ҳол 35 лоиҳа пурра амалӣ шуда, татбиқи 37 лоиҳаи дигар идома дорад ва маблағи умумии дар доираи онҳо азхудкардашуда 114 миллион сомонӣ ё 70 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Дар ноҳия бо мақсади истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёду азнавсозии 330 иншоот пешбинӣ гардида, то ба ҳол сохтмони 94 иншоот ба итмом расида, корҳо дар 118 иншооти дигар идома доранд. Алҳол азнав­созии роҳи Кӯлоб-Муъминобод аз маҳаллаи «Сангпар»-и шаҳри Кӯлоб то даромадгоҳи Муъминобод, ки масофаи 35 километрро ташкил медиҳад, ба маблағи 223 миллион сомонӣ амалӣ шуда истодааст, ки дар доираи он шаш пул таҷдиду азнавсозӣ мегардад.

Дар ноҳияи Муъминобод таҷдиди 25 километр роҳи мошингард, таъмиру азнавсозии чор пул, чароғонкунии қитъаҳои роҳ, ки аз маҳалҳои аҳолинишин мегузаранд ва таъмири истгоҳу пиёдаравҳо ба маблағи 165 миллион сомонӣ анҷом дода мешавад.

Ҳоло дар ноҳия 13 корхонаи саноатӣ доир ба истеҳсоли масолеҳи сохтмон, хӯрокворӣ, коргоҳи дӯзандагӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ фаъолият доранд.

Роҳбарони вилоят ва ноҳия вазифадор гардиданд, ки якҷо бо сохтору мақомоти дахлдор ҷиҳати бартарафсозии камбудиву норасоиҳои мавҷуда ва таъмин намудани рушди босуботи саноат чораҳои мушаххас андешанд.

Соли ҷорӣ дар ноҳия дар майдони 1541 гектар кишти картошка гузаронида шудааст, ки нисбат ба нақша 24 фоиз зиёд мебошад. Вале истеҳсоли картошка дар муқоиса ба соли гузашта ду фоиз зиёд гардидааст.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки  истифодаи мақсадноку самараноки замин, гирифтани ду — се ҳосил аз як замин ва дар ҳар як оила барои ду сол захира кардани озуқаворӣ андешидани тадбирҳои иловагиро тақозо менамояд.

Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар ноҳия 48 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ амал мекард. Дар натиҷаи дастгирии Ҳукумати кишвар ва бо саҳми соҳибкорон ҳоло шумораи муассисаҳои таълимӣ ба 64 расидааст. Инчунин, се беморхона бо 227 кат фаъолият дорад, ки барои пурра қонеъ сохтани эҳтиёҷоти сокинон нокифоя мебошад. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия вазифадор шуданд, ки доир ба ҳалли камбудиҳои зикргардида тадбирҳои бетаъхир андешанд.

Вобаста ба имкониятҳо дар самти рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ роҳбарони ноҳия ва Кумитаи рушди сайёҳӣ вазифадор гардиданд, ки ҳамкориро бо сармоягузорони ватаниву хориҷӣ доир ба ташкили шароити мусоиди инфрасохторӣ дар мавзеъҳои зебову дилнишин ба роҳ монда, баҳри ҷалби бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба мардуми меҳнатқарини ноҳияи Муъминобод дар роҳи расидан ба ҳадафҳ ои олии Давлату Ҳукумати кишвар баҳри таъмини зиндагии сазовор барору комёбӣ орзу карданд.

Баъди суханронии Сарвари давлат сокинони ноҳия, аз ҷумла донишҷӯ Гулафрӯзи Абдусаттор,  хонанда Мадина Нозимова  ва соҳибкор Гулбарг Боқиева баромад карда, шукронаи даврони соҳибистиқлолию сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро намуданд.

25 сентябри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар ноҳияи Муъминобод бо лоиҳаи рушди соҳаи моҳипарварӣ дар обанбори Муъминобод шинос шуданд.

22222Масоҳати умумии он 286 гектар ва ғунҷоиши об 30 миллион мукааб метрро ташкил дода, барои обёрии заминҳои кишоварзии шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Муъминобод ва Восеъ нигаронида шудааст ва ҷойи мусоиду мувофиқ ҷиҳати рушди варзиши шиноварӣ, қаиқронӣ, инчунин соҳаи моҳипарварӣ мебошад.

Лоиҳаи рушди соҳаи моҳипарварӣ аз тарафи директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Меҳвари Душанбе» Комилҷон Ғаниев муаррифӣ карда шуд.

Дар нақша аст, ки ин ҷо оянда барои ҷалби сайёҳон иншооти зарурии соҳа сохта мешавад. Иттилоъ дода шуд, ки иқдоми ба роҳ мондани парвариши моҳӣ дар обанбори Муъминобод дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат амалӣ мегардад.

Моҳи декабри соли 2019 аз ҷониби кормандони Ширкати «Меҳвари Душанбе» дар обанбори Муъминобод 700 ҳазор кирминамоҳии навъҳои карп, зағорамоҳӣ, пешонапаҳни сафеду ало ва амури сафед сар дода шудааст. Дар нақша аст, ки дар як сол аз ин обанбор 500 тонна моҳӣ истеҳсол карда шавад. Моҳии парваришшуда барои таъмини бозорҳои вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе ва содирот ба ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Афғонистон нигаронида мешавад.

Оянда аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Меҳвари Душанбе» дар ноҳияи Муъминобод бунёди корхонаи коркарди гӯшти моҳӣ ва истеҳсоли консерваҳо аз моҳӣ дар назар дошта шудааст. Дар ширкат ҳоло 30 нафар дар самти моҳипарварӣ дар бахшҳои корхона дар шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат фаъолият доранд ва баъди амалисозии лоиҳаи рушди соҳаи моҳипарварӣ дар обанбори Муъминобод шумораи онҳо ба зиёда аз 150 нафар мерасад.

25 сентябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати милллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба ноҳияи Ховалинг ташриф оварданд.

Истиқболи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сӯи роҳбарият ва сокинони сарбаланди ноҳия дар деҳоти ба номи Ғаффор Мирзо бо арҷгузорӣ ба дастоварду муваффақиятҳо дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар сурат гирифт.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст  пули нав дар байни деҳаи Панҷариёни деҳоти ба номи Ғаффор Мирзои ноҳияи Ховалинг ва деҳаи Синҷии деҳоти «Чилдухтарон»-и  ноҳияи Муъминободро мавриди истифода қарор доданд. Он дар болои дарёи Ёхсу сохта шуда, 80 метр дарозӣ ва 6 метр паҳноӣ дорад. Иқтидори борбардории пул 40 тоннаро ташкил медиҳад.

Иншооти нав дар заминаи дас­туру ҳидоятҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст Фатҳулло Қаҳҳоров ва Ҷумахон Қосимов дар муддати кӯтоҳ бо харҷи 1 миллиону 400 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст.

Таъкид кардан бамаврид аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ масъалаи таъмини зиндагии шоистаи мардуми кишварро ҳадафи муҳимтарини фаъолият қарор дода, ҷиҳати татбиқи амалии он пайваста тадбирҳои муҳимро амалӣ месозад.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо бунёди роҳу пулҳо, ки василаи асосиву муассири пешрафти иқтисодии давлат ва таъмини шароити зиндагии сазовори шаҳрвандони мамлакат ба шумор меравад, дастовардҳои назаррас ба миён омадааст.

Ифтитоҳи пули байни деҳаи Панҷариён ва Синҷӣ дар идомаи тадбирҳои созандагӣ бо татбиқи пайгиронаи сиёсати бунёдкоронаи давлату Ҳукумати мамлакат ҷиҳати истиқболи шоиста аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорони ватаниро дар самти дастгирии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат ва саҳмгузорӣ дар рушди деҳот намуна арзёбӣ карданд.

Дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар деҳоти ба номи Ғаффор Мирзои ноҳияи Ховалинг бунёду навсозии иншооти гуногун ба нақша гирифта шуда, дар заминаи дастуру ҳидоятҳои роҳбарияти олии Ҳукумати мамлакат ҷиҳати рушди инфрасохтори маҳал ва таъмини зиндагии шоистаи сокинон то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ тадбирҳои муҳим амалӣ мегардад.

Мавриди истифода қарор гирифтани пули нав аз иқдомҳои муҳим буда, мушкили сокинони ду деҳаи ноҳияҳои Ховалинг ва Муъминободро дар самти рафтуомад рафъ намуда, барои интиқоли молу маҳсулот, рушди иқтисодии хонаводаҳо ва пешрафти соҳаи сайёҳӣ заминаи устуворро фароҳам овард.

Тавассути пул сокинону сайёҳон ва меҳмонон метавонанд дар муддати кӯтоҳ ба мавзеи таърихию сайёҳии Чилдухтарони ноҳияи Муъминобод ва дигар ҷойҳои таърихию сайёҳии ноҳияи Ховалинг дар кӯтоҳтарин муҳлат расанд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи пули навро барои сокинони ноҳияҳои Ховалингу Муъминобод туҳфаи арзандаи Давлату Ҳукумати мамлакат арзёбӣ намуда, ба масъулон ҷиҳати дастгирии иқдомҳои созандаю бунёдкоронаи соҳибкорони бонангу номуси мамлакат дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.

25 сентябри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар ноҳияи Ховалинг роҳи мошингарди Панҷариён – Шугновро дар масофаи 5 километр ба истифода доданд.

Он дар асоси дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ мумфарш карда шудааст.

Таҷдиду навсозии роҳ дар идомаи иқдомҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» амалӣ шуда, барои пурра мумфарш кардани он  наздики 3 миллион сомонӣ харҷ гардидааст.

Сокинони деҳаи Панҷариён солҳо боз барои рафтуомад ба маркази деҳот мушкил доштанд ва бо файзи истиқлол ба дастоварди нав ноил  шуданд. Деҳаи Панҷариён 36 хоҷагӣ дошта, дар он 234 нафар зиндагӣ мекунад ва таъмини зиндагии шоиста барои онҳо зери таваҷҷуҳи доимии Давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани роҳи автомобилгард омили муҳим дар рушди иқтисодии сокинони Панҷариён буда, барои пешрафти соҳаҳои гуногуни сокинони деҳа мусоидат мекунад.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ аз ҳолати роҳи Панҷариён — Шугнов дар идомаи боздид роҳи нақлиёт­гарди Шугнов — Ховалингро дар масофаи 15 километр мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Таҷдиду навсозии ин роҳ низ дар идомаи татбиқи ҳадафҳои созанда дар доираи омодагиҳо барои истиқбол аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»  бо иқдоми соҳибкорони ватанӣ амалӣ шудааст.

Таъмиру асфалтпӯш гардидани роҳи Шугнов  — Ховалинг мушкили сокинону ронандагонро бартараф намуда, имконоти ҳаракат дар ин масирро тамоми фасли сол ба миён овард.  Корҳои таъмирӣ ва асфалтхобонӣ дар роҳ бо ҷалби зиёда аз 80 нафар мутахассисони маҳаллӣ амалӣ гардида, дар рафти корҳо беш аз 50 адад техникаи роҳсозӣ истифода шудааст.

Дар ноҳияи Ховалинг 226,4 километр роҳ мавҷуд аст, ки 110,7 километрро роҳҳои ҷумҳуриявӣ ва 115,7 километри дигарро роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ дар бар мегирад.

Дар асоси нақшаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия зиёда аз 25 километр роҳҳои маҳаллӣ мумфарш гардида,  боз 20 километри дигар навсозӣ карда мешавад.

Соҳибкорони ватанӣ дар ноҳияи Ховалинг бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда дар бунёду азнавсозии роҳҳои маҳаллӣ саҳм гузошта, дар самти беҳтар кардани вазъи роҳҳо ва хизматрасонии нақлиёт бо ҳадафи рушди деҳот корҳои назаррасро амалӣ месозанд.

Таҷдиди роҳи Шугнов – Ховалинг имкон медиҳад, ки интиқоли молу маҳсулоти хоҷагидорону боғдорон ба марказ ва дигар шаҳру ноҳияҳои атроф дар муддати кӯтоҳ амалӣ карда шавад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар деҳоти «Шугнов» 1100 гектар боғҳои гуногуни мевадиҳанда ва мавзеъҳои зиёди таърихию сайёҳӣ мавҷуд аст, ки акнун бо мавриди истифода қарор гирифтани роҳ имкони васеъ барои рушди ин соҳаҳо ба вуҷуд омад.

Дар деҳоти «Шугнов»-и ноҳияи Ховалинг барои истиқбол аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёду навсозӣ ва таъмири 50 иншоот ба нақша гирифта шуда, 28 адади он мавриди истифода қарор гирифтааст ва корҳои сохтмонӣ дар дигар  иншоот босуръат идома дорад. Дар ҳамин замина 63 километр роҳҳои деҳот низ зина ба зина то ҷашни бузурги миллӣ  таҷдиду навсозӣ ва ба талаботи мавҷуда мутобиқ карда мешаванд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорони ватаниро дар самти дастгирӣ аз сиёсати созандаи Давлату Ҳукумати мамлакат шоистаи таҳсин хонда, ба масъулон ҷиҳати дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳ барои истифодаи тӯлонӣ дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи роҳи мошингарди Панҷариён – Шугнов ва Шугнов – Ховалинг аз гӯшаи намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва кадбонувони деҳоти ба номи Ғаффор Мирзо ва Шугнов дидан карданд. Дар он ҳунари нонпазӣ, хӯрокҳои миллӣ, чакандӯзӣ, зардӯзӣ ва дигар ҳунарҳои миллӣ, ки ба эҳёву ҳифзи онҳо дар ин гӯшаи диёр таваҷҷуҳи зиёд дода мешавад, муаррифӣ гардид.

Маҳсули офаридаҳои ҳунармандон ва маҳорати кадбонугии занон дар самти омода намудани таомҳои миллӣ  аз ҷалби бештари ҷавондухтарон ба омӯзиши ҳунарҳои хоси миллӣ ва тарғиби онҳо дар миёни ҷомеа  дар асоси дастуру ҳидоятҳои ҳамешагии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медод.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти «Ҷонбахт»-и ноҳияи Ховалинг ба фаъолияти меҳмонхонаи тозатаъсиси «Манзара», ки ҳамчун хостел фаъолият менамояд, шинос шуданд.

333333Меҳмонхона аз ду ошёна иборат буда, он дар доираи эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо дастури бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фароҳам овардани шароити хуби будубоши сайёҳони дохиливу хориҷӣ, аз тарафи соҳибкори ватанӣ Исмоил Садиров дар муддати қариб як сол бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуд.

Феълан дар ноҳияи Ховалинг барои қабули сайёҳон панҷ меҳмонхонаи замонавӣ, даҳ хостел, чор мавзеи сайёҳӣ, ду тарабхона, ду осорхона, ду ширкати сайёҳӣ, даҳ ёдгории таърихӣ, ду мағозаи фурӯши армуғон, се зиёратгоҳ, як боғи фарҳангӣ – фароғатӣ мавҷуд буда, нуҳ харитаи сайёҳӣ дар мавзеъҳои муайян ва меҳмонхонаҳо овезон карда шудаанд. Шумораи умумии меҳмонхона ва хостелҳо дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон 15 ададро ташкил медиҳанд, ки дар онҳо имкони қабули то 500 нафар меҳмон дар як вақт мавҷуд аст.

Меҳмонхонаи «Манзара», ки дар Мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангии Султон Увайси Қаранӣ ҷойгир аст, дорои 32 ҳуҷра буда, имкони дар як вақт ба 100 нафар хизмат расониданро дорад.

Тарҳу намои бино ба талаботи меъморӣ ҷавобгӯ буда, дар он тамоми унсури миллӣ ба инобат гирифта шудааст.

Ҳамчунин, дар он мусофиргоҳ нуқтаи қабули меҳмонон, ошхона барои 100 нафар ва дар назди бино нуқтаҳои фурӯши армуғон ҷойгир буда, маъмурият ва ҳуҷраҳои техникии иншоот дар қабати якуми бино фаъолият мебаранд. Пухтани таомҳои милливу аврупоӣ бошад, аз хизматрасониҳои дигари мусофиргоҳ маҳсуб меёбад.

Сайёҳоне, ки ба ин мавзеъ сафар менамоянд, метавонанд аз хизматрасониҳои меҳмонхонаи «Манзара» васеъ истифода баранд, зеро дар он ҷо барои тамошои манзараҳои дилфиреби Мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангии Султон Увайси Қаранӣ шароити мусоид фароҳам мебошад.

Бо дарназардошти кӯҳсор будани мавзеъ ва ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба сайёҳону дигар меҳмонон ду воситаи нақлиёт ва ду сар асп пешбинӣ гардидааст.

Бо ба фаъолият шурӯъ намудани меҳмонхонаи «Манзара» беш аз даҳ нафар сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб гардиданд. Исмоил Садиров оянда нақша дорад, ки бо бунёди бинои наву замонавии дигар боз барои 50 нафар шароити будубош омода намуда, шумораи ҷойҳои кориро ба 150 нафар расонад.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити хидматрасонӣ ва дигар имкониятҳои мусофиргоҳи навтаъсиси замонавӣ ба масъулин ҷиҳати муаррифии ҳар чӣ бештари таъриху фарҳанг, урфу одат ва меҳмоннавозии тоҷикона дастуру маслиҳатҳои муфид дода, иншооти мазкурро дар айни замон муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карданд.

25 сентябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҳаллаи «Тутак»-и шаҳраки Ховалинги ноҳияи Ховалинг ташриф оварда, корхонаи хурди истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва бандубасти гиёҳҳои шифобахши ҶДММ «Оби Ховалинг» — ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

44444444Он дар доираи эълон гардидани саноатикунонии босуръати мамлакат ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ аз тарафи соҳибкори ватандӯсти ноҳияи Ховалинг Шамшод Имомов дар муддати қариб як сол сохта шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки самти фаъолияти ҶДММ «Оби Ховалинг» ба истеҳсоли обҳои рангаи ташнагишикан дар зарфҳои полимерии ҷавобгӯи талаботи санитарии қутрашон 0,5, 1,5 ва 5 — литра ба роҳ монда шудааст.

Иқтидори истеҳсолии корхона дар як рӯз 12 ҳазор зарфро ташкил медиҳад, ки ин ба 18 ҳазор литр баробар аст. Об аз чуқурии 130 метр тариқи насосҳои махсус бароварда шуда, пас аз санҷиши лабораторӣ ба истеҳсолот ворид карда мешавад. Маҳсулоти истеҳсолии корхона аз меваҳои анор, шафтолу, зардолу иборат буда, пас аз гузаштани чор марҳила дар шакли газнок ва бе газ омода гардида, бо тамғаи «Оби Ховалинг» ба бозори истеъмолӣ пешкаш мешавад.

Дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолӣ, ки аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид гардидааст, ҳам суръат ва ҳам сифати истеҳсолотро таъмин сохта, аз ҷониби мутахассисони ватанӣ дар корхона васлу насб шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ аз фаъолияти корхона дар шароити кӯҳистон ба масъулин дастур доданд, ки ба сифати маҳсулот таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, ҳаҷми истеҳсолотро афзун намоянд.

Корхонаи истеҳсоли обҳои ташнагишикан дар ноҳияи Ховалинг ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои ташаббуси чоруми Ҷумҳурии Тоҷикистон Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бунёд ёфтааст.

Қобили тазаккур аст, ки ҶДММ «Оби Ховалинг» дар ноҳия якумин корхонае ба шумор меравад, ки ба истеҳсоли обҳои ташнагишикани рангаи газнок ва бе газ машғул аст. Бо ба фаъолият шурӯъ намудани корхона 40 нафар шаҳрвандони маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин гаштанд.

Дар ҳамон ҷо Сарвари давлат ба бунёди хати истеҳсолии коргоҳи бандубасти асал ҳусни оғоз бахшида, бо лоиҳаи хатҳои истеҳсолӣ аз наздик шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки хати истеҳсолии мазкур, бо дарназардошти зиёд будани имкониятҳои рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ, дар ноҳияи Ховалинг таъсис дода шуда, дар таъмини сокинони маҳаллӣ бо ҷойи нави корӣ мусоидат хоҳад намуд. Оянда дар он асали тозаи кӯҳистон дар шакли гуногун бандубаст гардида, баробари таъмин кардани бозорҳои истеъмолии кишвар, содироти он ба кишварҳои хориҷа низ ба роҳ монда мешавад.

Пешвои миллат, ҳамчунин, аз намоиши дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ ва Хоҷагии ҷангали ноҳияи Ховалинг боздид намуданд. Дар он маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ, аз қабили сабзавот, полезиҳо, навъҳои гуногуни картошка, пиёз, ба миқдори беш аз ду тонна каду, мевагӣ ва ғалладонагиҳо ба маъраз гузошта шуд.

Мутобиқи маълумот, дар ҳама шакли хоҷагидории ноҳия 5 ҳазору 898 гектар ғалладонагӣ, аз ҷумла гандум 5 ҳазору 582, лӯбиёгиҳо — 216, картошка — 735, сабзавот — 321, зироати техникӣ — 489 ва полезиҳо 43 гектарро ташкил менамоянд.

Ҳосили имсолаи ғалладонагиҳо 13 ҳазору 555 тоннаро ташкил намуда, аз он 13 ҳазору 30 тонна гандум, 315 тонна лӯбиёгиҳо, 10 ҳазору 27 тонна картошка, 3 ҳазору 19 тонна сабзавот ва 60 тоннаро полезиҳо ташкил намуданд.

Зимни боздид аз намоиши даст­оварди соҳаи кишоварзӣ ва Хоҷагии ҷангали ноҳияи Ховалинг Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин ҷиҳати истифодаи оқилонаи ҳар қитъа замини корами обӣ ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Дар ноҳия дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2015 – 2020» 592 гектар боғҳои нав бунёд гардидааст, ки ин аз барзиёд иҷро гардидани барнома шаҳодат медиҳад.

Майдони боғҳои ҳосилдеҳ дар ноҳия 2 ҳазору 33 гектарро дар бар мегирад ва аз онҳо имсол 6 ҳазору 19 тонна мевагиҳо ҷамъоварӣ карда шудааст.

Дар як гӯшаи дигари ҳамин мавзеъ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи КВД ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг» техникаву дигар мошинолоти соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла 65 трактор ва 8 комбайни ғалладарав нишон дода шуд.

Корхона то ҳол ба хоҷагиҳои деҳқонӣ, шаҳрвандон ва марказҳои хизматрасонии техникӣ, дар маҷмӯъ 2 ҳазору 160 техникаи гуногунтамға, зиёда аз 6 ҳазор таҷҳизот ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба тариқи иҷораи молиявӣ додааст. Аз ҷумла, ба ноҳияи Ховалинг беш аз 40 техникаи гуногунтамға ва 120 адад таҷҳизот.

Ҳамчунин, дар корхона коргоҳи бандубасти гиёҳҳои шифобахш ва истеҳсоли яхмос ба роҳ монда шудааст. Бо дарназардошти дар кӯҳу пушта ва талу теппаҳои ноҳия фаровон будани гулу гиёҳҳои шифобахш, масъулин тасмим гирифтанд, ки коргоҳи хурди бандубасти гиёҳҳои шифобахшро дар қуттиҳои гуногуни коғазин роҳандозӣ намоянд. Танҳо дар коргоҳи бандубасти гиёҳҳои шифобахш ва яхмос шаш нафар фаъолият намуда, ба бандубасти халтачаҳои коғазин машғул мешаванд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, дар маросими хатнасури 40 нафар кӯдакони оилаҳои ниёзманд ширкат варзида, бо онҳо мулоқоти самимона анҷом доданд ва ба ҳар яки онҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карданд.

Шодиву хурсандии тифлаконро ҳадду канор набуд, зеро онҳо шахсан аз дасти Президенти мамлакат туҳфаҳои хотиравӣ гирифтанд. Дастурхони идонае, ки ороста шуда буд, шодиву нишоти дӯстрӯяконро боз ҳам дучанд гардонид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти ба номи Лоҳутии ноҳияи Ховалинг шаҳраки варзиширо мавриди истифодабарӣ қарор доданд.

defaultОн аз ду майдони хурди футбол, толори теннис, шоҳмоту шашка, ду майдони волейбол, ҳавзи шиноварӣ, майдони обутоби бадан ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо шароиту имкониятҳои маҷмааи варзишӣ шинос шуда, ба корҳои сохтмонӣ дар он баҳои баланд дода, ҷавононро барои истифодаи мақсаднок аз имкониятҳои фароҳамшуда ҳидоят намуданд.

Маҷмааи нави солимгардонӣ дар мавзеи хеле мувофиқ бо тарҳи хеле зебо, бо дарназардошти талаботу меъёрҳои муосир дар асоси ҳидоятҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон, аз тарафи соҳибкор Исмоил Садиров дар майдони ду гектар замин бунёд гардидааст.

Бунёду ба истифода додани маҷмааи варзишӣ туҳфаи арзандаи Ҳукумати мамлакат барои ҷавонони ноҳияи Ховалинг ба истиқболи ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар ноҳияи Ховалинг 61 майдончаи варзишӣ мавҷуд аст. Соли 2019 дар ноҳия шаш майдончаи варзишӣ ва соли ҷорӣ 20 майдончаи варзишӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар асоси нақша — чорабиниҳои таҷлили сазовор аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз бунёди 11 майдончаи варзишӣ дар ноҳияи Ховалинг ба нақша гирифта шудааст.

25 сентябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг  бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1-ро  пас  аз навсозӣ  мавриди истифода қарор доданд.

Он соли 1971 сохта шуда, бо гузашти вақт ниёз ба таъмиру таҷдид дошт. Навсозии бино дар асоси нақша — чорабиниҳо ба ифтихори  30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз тарафи соҳибкорони ватанӣ амалӣ карда шуд. Иншооти соҳаи маориф аз ду ошёна ва  се бинои таълимӣ иборат буда, барои 1500 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Масоҳати умумии замини муассисаи таълимӣ зиёда аз 1 гектар буда, биноҳои он дар масоҳати 4 ҳазору 400 метри мураббаъ  қомат афрохтааст. Дар муассисаи таълимӣ барои таълиму тарбияи насли ояндасози кишвар шароити зарурӣ  муҳайё карда шудааст.

Муассисаи таълимӣ дорои 38 синфхона, аз ҷумла синфхонаҳои забони русӣ, англисӣ, забон ва адабиёти тоҷик, физика, биология, математика, химия,  технологияи иттилоотӣ  ва 16  утоқи корӣ  мебошад.

Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он  барои ҳайати 85-нафараи омӯзгорони  муассисаи таълимӣ низ шароити муосир дар самти тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ пурра фароҳам гардид.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, омӯзгоронро  барои равона намудани донишу маҳорати касбӣ ҷиҳати омӯзиши илмҳои муосир ба хонандагон ва ҷалби бештари таваҷҷуҳи онҳо барои аз бар кардани забонҳои хориҷӣ ҳидоят намуданд.

Имрӯзҳо ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ -  30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  сохтмони иншооти соҳаи маориф дар ноҳияи Ховалинг, аз ҷумла дар деҳоти дурдаст  идома дорад.

Дар ноҳияи Ховалинг давоми ду соли  охир бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми соҳибкорони ватанӣ шаш муассисаи  таълимӣ бо зиёда аз 3  ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст. Ҳамчунин, дар 17 иншооти дигари соҳаи маориф корҳои сохтмонӣ бомаром идома дорад.

25 сентябри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг бинои Қисми мустақили 55-уми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти  давлатии оташнишонӣ оид  ба  муҳофизати ноҳияи Ховалинг­ро ифтитоҳ намуданд.

Он аз  ду  ошёна иборат буда, бо тарҳи зебо дар идомаи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, аз 12 утоқи корӣ, синфхонаи таълимӣ, маҷлисгоҳ бо 40 ҷойи  нишаст, ошхона барои кормандон ва хобгоҳ иборат мебошад.

Барои  фаъолияти мунтазам ва фаврии кормандон Хадамоти  давлатии оташнишонӣ дар ноҳияи Ховалинг се адад воситаи нақлиёти муосир ва  махсусгардонидашуда, ки ҳар яки он имкони ғунҷоиши то 6 тонна обро доранд, дастрас карда шудааст. Сад бех ниҳоли  сояафкан  ва 4000 гули рангоранг  ҳудуди  иншоотро зинат мебахшад. Дар доираи созандагиҳо, ҳамчунин, атрофи бино сафолакпӯш карда шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ҳайати шахсии ниҳоди мазкурро  барои  истифодаи  пурсамар  аз  шароити  фароҳамгардида ҷиҳати хизмати содиқона ба нафъи давлату миллат ҳидоят намуданд.

Президенти  мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз  шиносоӣ бо шароити  кору  фаъолият дар Хадамоти  давлатии оташнишонӣ дар ҳамон ҷо аз намоиши  ҳунарҳои  мардумӣ боздид  намуданд.

Дар он навъҳои гуногуни таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла гулдузӣ, овезаҳо, нақшунигор, зарфҳои  аз  чӯбу  кулол, мису оҳан ва  дигар металҳо сохташуда  муаррифӣ карда  шуд.

Тавре мушоҳида гардид, занону  бонувони дар сохтори  Вазорати  корҳои  дохилӣ  фаъолият­кунанда  низ ба  рушди ҳунарҳои миллӣ ва  дар самти эҳёи он таваҷҷуҳи хоса доранд. Сарвари  давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати самимӣ бо иштирокчиёни намоиши ҳунарҳои мардумӣ сокинонро ба ҳифзи арзишҳо ва рушди анъанаҳои миллӣ ҳидоят карданд.

25 сентябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар  ноҳияи Ховалинг бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ ба  фаъолияти  Коргоҳи заргарии «Одина» оғоз бахшиданд.

Он дар мавзеи Чилчанор ҷойгир буда, дар асоси  дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи тадбирҳои созандагӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдуқаюм Каримов бунёд карда шудааст.

Аснои шиносоии Пешвои миллат бо фаъолияти коргоҳ ва раванди истеҳсолот иттилоъ дода шуд, ки  коргоҳи заргарӣ дар назди Кооперативи тиҷоратии «Артели заршӯии Одина» бунёд гардида, дар  он ду утоқи коркарди зар ва ду мағозаи фурӯши ҷавоҳирот фаъолият мекунад.

Дар ноҳияи Ховалинг барои ноил гардидан ба ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат тадбирҳои судманд пеш гирифта шуда, тибқи нақша, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз чанд коргоҳи хурду бузурги саноатӣ сохта, мавриди истифода қарор дода мешавад. Коргоҳи навтаъсис бо дастгоҳҳои махсуси коркарди  маснуоти  заргарӣ, ки истеҳсоли кишварҳои хориҷ мебошанд, таъмин карда шудааст. Он бо тарҳу намои хуб бунёд гардида, корҳои сохтмониро 50 нафар сокинони маҳаллӣ анҷом додаанд.

Дар атрофи бино зиёда аз 20 намуди ниҳолҳои ороишӣ ва гулҳои  рангоранг шинонида  шудааст, ки шаҳомат ва зебоии биноро зиёд  менамояд.

Бо бунёди сехи заргарии «Одина» наздик ба 35 нафар сокини  маҳаллӣ, ки аксар духтарони бешуғл ва хонашин буданд,  пас  аз омӯзиши нозукиҳои ин касб соҳиби кор ва маоши хуб гардиданд.

Нимаи дуюми 25 сентябри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Ховалинг мулоқоти самимӣ доир карданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои истиқболи гарм, дастгирии сиёсати созанда баҳри рушду пешрафти кишвар ва ободии диёр ба сокинони меҳмоннавози ноҳия изҳори сипос карданд.

Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки дастовардҳо дар соҳаҳои гуногун тайи 29 соли соҳибистиқлолӣ нишон медиҳанд, ки Ҳукумати кишвар барои боз ҳам беҳтар гардидани рӯзгори сокинони ноҳия эътибори махсус зоҳир карда, дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум аз захираву имкониятҳо истифода менамояд.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ ба ноҳия аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлат беш аз 304 миллион сомонӣ равона гардидааст, ки 97 миллион сомонии он танҳо ба се соли охир рост меояд.

Инчунин, 16 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 56 миллион сомонӣ амалӣ шуда, ҳоло татбиқи боз шаш  лоиҳаи дигар идома дорад, ки маблағи дар доираи онҳо азхудшуда 206 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Таъкид гардид, ки дар ноҳияи Ховалинг барои истиқболи арзандаи ҷашни сисолагии Истиқлолияти давлатӣ сохтмони 330 иншооти иҷтимоиву хизматрасонӣ, корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла истеҳсолоти бофандагиву дӯзандагӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ба нақша гирифта шудааст.

То ҳол аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёду азнавсозии 110 муассисаву иншооти хизматрасонӣ ба итмом расида, 15 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва ба масофаи 4 километр корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба анҷом расонида шудаанд.

Инчунин, бунёди шаш муассисаи таълимӣ барои 2300 нафар хонанда, 12 синфхонаи иловагӣ бо 240 ҷойи нишаст, панҷ маркази саломатӣ, панҷ меҳмонхона, 18 маркази хизматрасониву савдо, ду беморхонаи дорои 170 кат, боғи фарҳангу фароғат ва гулгашти замонавӣ бо майдони Парчам ва Нишони давлатӣ, амфитеатр бо 1000 ҷойи нишаст, ду бинои маъмурии ҷамоати деҳот, чор коргоҳи дӯзандагӣ, се коргоҳи хиштбарорӣ, даҳ варзишгоҳи хурд, толори варзиш ва майдончаи бозии кӯдакон, якчанд таваллудхонаву дорухона, китобхонаву ошхона ва дигар биноҳои иҷтимоиву хизматрасонӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Танҳо аз ҳисоби соҳибкорони ватанӣ иҷрои корҳои сохтмону ободонӣ ба маблағи 88 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, ба маблағи зиёда аз 53 миллион сомонӣ ба анҷом расонида шудаанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки бо вуҷуди корҳои анҷомдодашуда, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Ховалинг вазифадор аст, ки ташаббусҳои соҳибкорони бонангу номус ва шахсони саховатманду ватандӯстро доир ба амалӣ намудани амалҳои созандаву ободонии диёр ҳамаҷониба дастгирӣ ва барои боз ҳам зебо гардонидани Ватани азизамон тамоми тадбирро роҳандозӣ намоянд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон изҳор доштанд, ки  дар доираи «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Ховалинг барои солҳои 2020-2025» татбиқи 135 лоиҳа ба маблағи беш аз 150 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки ба таъмини рушди устувори соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, беҳгардонии хизматрасонии иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум равона гардидаанд.

Вобаста ба имкони маконҳои таърихию бос­тонӣ, мавзеъҳои зебову нотакрор ва табиати рангин Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг вазифадор гардид, ки якҷо бо Кумитаи рушди сайёҳӣ ба масъалаи обод нигоҳ доштани мавзеъҳои табииву таърихӣ ва ҳар чӣ бештар ҷалб кардани сайёҳони дохиливу хориҷӣ чораандешӣ намоянд.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми меҳнатдӯсти ноҳияи Ховалинг баҳри амалисозии ҳадафҳои созандаи Ҳукумати кишвар барору комёбӣ орзу карданд.

Баъди суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони ноҳияи Ховалинг омӯзгор Муҳаммади Раҳмоналӣ, донишҷӯ Малоҳат Боҳтурова ва бостоншинос Амирхон Саидзода андеша баён ­карданд.

www.president.tj