Сафари кории Пешвои миллат ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

№111 (3905) 13.09.2018

44612071111_668058514e_oСубҳи 11 сентябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангии мардум, ифтитоҳи як зумра иншооти нав ва мулоқот бо сокинон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар карданд.

Шиносоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Ванҷ оғоз гардид. Сокинони саодатманди ноҳия Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти беандоза истиқбол гирифтанд.

Фазои шукӯҳу шодӣ, фараҳмандӣ ва истиқболи гарм аз садоқат ва меҳру муҳаббати самимии мардум нисбат ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медод.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷ бинои наву замонавии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 4-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Он дар маркази ноҳияи Ванҷ барои 1280 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, дорои муосиртарин шароити таълиму тарбия барои насли наврас мебошад ва аз се бинои ду ва сеошёна иборат аст.

Бинои нав дорои 28 синфхонаи таълимӣ, аз ҷумла физикаю химия, технологияи компютерӣ, лингафонӣ барои забонҳои русию англисӣ ва озмоишгоҳи фанҳои физикаю химия буда, бо ашёи хониш ва аёнияти таълимӣ таъмин аст.

Корҳои сохтмонӣ дар бинои нав соли 2016 бо дас­туру ҳидоятҳои бевоситаи Сарвари маорифпарвари мамлакат дар масоҳати 4254 метри мураббаъ оғоз гардида, як сол қабл аз муҳлат бо сифати баланди меъморӣ ва муҷаҳҳаз бо лавозимоти хониш сохта, мавриди истифода қарор дода шуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо синфхонаҳои таълимӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд ва таваҷҷуҳи омӯзгоронро ба истифодаи мақсаднок аз шароити муҳайё­гардида барои таълими босифати насли наврас ва ҷалби бештари онҳо ба забономӯзию аз худ намудани нозукиҳои технологияи муосир ҷалб намуданд.

Синфхонаҳои муассисаи таълимӣ бо системаи махсуси замонавӣ гарм карда мешаванд ва барои ҳолатҳои зарурӣ дар он анбори махсуси нигаҳдории ангишт ҳам сохта шудааст.

Толори маҷлисгоҳи муассиса дорои 220 ҷойи нишаст буда, барои баргузории ҳамоишу чорабиниҳои гуногун хеле мувофиқ аст. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити маҷлисгоҳи муассисаи таълимии мазкур ошно шуда, ҷиҳати ҷалби хонандагон ба маҳфилҳои гуногун ва ташкили ҳар гуна чорабиниҳои судманд дар самти боло бурдани савияи дониши насли наврас ба омӯзгорон дастуру ҳидоятҳои муфид доданд.

Дар толори кушоду барҳавои варзишии муассиса, ки дорои 85 ҷойи нишаст мебошад, барои хонандагон шароити хуби баргузории бозиҳои гуногун муҳайё гардидааст.

Атрофи бинои муассиса дар масоҳати 1200 метри мураббаъ кабудизор карда шуда, барои равшаннамоӣ 6 адад сутунпоя бо баландии 3,5 метр ва 6 адад бо баландии 9 метр насб гардидааст. Иншоот бо камераҳои назоратии дохилию берунӣ ва системаи аз сӯхтор огоҳкунанда таъмин мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо хонандагону омӯзгорон ифтитоҳи бинои нави таълимиро дар рӯзҳои таҷлил аз 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо табрик намуданд.

11-уми сентябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти бинои нави маъмурии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ оғози расмӣ бахшиданд.

Он аз 3 ошёна иборат буда, бо тарҳи зебою замонавӣ дар масоҳати 2033 метри мураббаъ қомат афрохтааст ва дорои 52 ҳуҷраи корӣ мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд ва барои боз ҳам беҳтар намудани фаъолияту хизматрасонӣ ба масъулон дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, корҳои сохтмонӣ дар бинои нави маъмурии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ соли 2016 оғоз гардид ва бинокорону муҳандисони маҳаллӣ тавонистанд дар ду сол онро бо сифати баланди меъморӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи муосир ­сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.

Дар ошёнаи 1-уми бино маҷлисгоҳ бо 240 ҷойи нишаст, утоқҳои кории бахши занон ва оила, бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ, шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандон, ҳуҷраҳои техникӣ ва бойгонӣ ҷойгир шудааст. Дар ошёнаи 2-юм ва 3-юм утоқҳои кории бахши сармоягузорӣ, муҳосиб, хазинадор ва толори хурди маҷлисӣ бо 48 ҷойи нишаст бунёд гардидааст.

Бино, ки бо дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон сохта шудааст, дорои имконоти муосири кору фаъолият мебошад ва дар он барои таъмини гармӣ ду деги иқтидораш 100 кВт ва анбори нигоҳдории ангишт низ бунёд шудааст. Ҳамчунин, барои нигаҳдории воситаҳои нақлиёти хизматӣ мошинсарой ва истгоҳ бунёд гардидааст.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон пас аз ­шиносоии пурра бо шароити бинои нав бори дигар кулли кормандонро ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, аз онҳо иҷрои масъулиятҳои бардӯшдош­та, ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ва садоқат ба давлату миллатро тақозо карданд.

Дар ноҳияи Ванҷ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин бинои Қасри фарҳангро мавриди истифода қарор доданд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохт­монӣ ва тарҳи меъмории бино баҳои баланд дода, онро туҳфаи арзишманд барои аҳли ҳунар ва сокинони ноҳияи Ванҷ маънидод намуданд.

Корҳои сохтмонӣ дар бинои Қасри фарҳанг соли 2016 оғоз гардида, аз тарафи коргарону мутахассисони маҳаллӣ ба анҷом расонида шудааст. Он аз ду ошёна иборат буда, толори барҳавояш дорои 350 ҷойи нишаст мебошад. Дар ошёнаи дуюм пешайвон бо 76 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳо барои рақсҳои миллӣ, дӯзандагӣ ва утоқҳои корӣ барои ҳайати кормандон ҷойгир шудааст.

Бинои Қасри фарҳанг, ки дар масоҳати зиёда аз 909 метри мураббаъ бунёд ёфтааст, дорои шароити муосир барои фаъолияти аҳли ҳунар мебошад.

Дар толори барҳавои иншооти замонавӣ аз тарафи аҳли ҳунар барномаи рангин пешниҳод гардид ва сипас, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли ҳунар суҳбати озоду самимӣ доир намуданд.

Бояд таъкид дошт, ки ифтитоҳи бинои хуштарҳу замонавии Қасри фарҳанг барои баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, қонеъ сохтани талаботи маънавии сокинон ва баланд бардоштани малакаи касбии кадрҳои ҷавон имконоти васеъро фароҳам меоварад.

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷ бинои маъмурии шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро, ки бо тарҳи хоса ­бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи сентябри соли 2015 оғоз гардид ва дар се сол он бо ҷалби бинокорони маҳаллӣ бо сифати баланд сохта, ба истифода дода шуд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи бинои навро дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони соҳа табрик намуданд.

Дар ошёнаи якуми бино ҳафт утоқи корӣ барои кормандон ва дар қабатҳои болоӣ шароити истиқомат барои кормандон фароҳам оварда шудааст.

Ҳамчунин, ба хотири таъмини шароити хуби зисти кормандон бо оилаҳо, манзилҳои он бо ашёи зарурии рӯзгор таъмин ва бо шабакаи гармидиҳӣ пайваст аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи як зумра иншооти гуногун бо сокинон ва фаъолони ноҳияи Ванҷ мулоқоти озоду самимӣ доир карданд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар оғоз иштирокчиёнро ба ифтихори 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ифтитоҳи иншооти навро ба таваҷҷуҳи Давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар самти рушди ноҳияҳои дурдасти мамлакат марбут донистанд.

Таъкид шуд, ки ноҳияи Ванҷ дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат ҳамаҷиҳата рушд намуда, ба дастовардҳои назаррас дар ҳама бахш ноил гардидааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз пешрафти соҳаҳои гуногун иштирокчиёни мулоқотро ба ҳифзи арзишҳои миллӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ватан ва саҳмгузорӣ дар ободонию созандагӣ ҳидоят намуданд.

www.president.tj