Сафари кории пешвои миллат ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

№102 - 103 (4208 - 4209) 22.08.2020

(Идома аз шумораи гузашта)

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Дуробаи ноҳияи Дарвоз Парки инноватсионии саноатию технологиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

50245228882_7ea0c1308b_oДар он ду гармхона бо технологияи муо­сир, 6 коргоҳи нави истеҳсолӣ, аз ҷумла, коргоҳи истеҳсоли маҳлулҳои антисептикӣ, ниқоб, либос ва айнакҳои муҳофизатӣ, коргоҳи истеҳсоли обҳои ташнагишикан, коргоҳи коркард ва бандубас­ти асал ва коргоҳи истеҳсоли картон ба фаъолият оғоз намуданд, ки дар маҷмӯъ, дар онҳо беш аз 100 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор гардиданд, 70 фоизи коргарони корхонаро занону духтарон ташкил медиҳанд.

Парки инноватсионии саноатию технологӣ, ки дар доираи иқдомҳои созандаи роҳбарияти олии Давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат, ба роҳ мондани усули нави парвариши ниҳолҳои дарахтони ситрусӣ ва сабзавот дар заминҳои сангзор, истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ташкили ҷойҳои нави кор бо саҳми соҳибкорони ватанӣ ва ҷалби шарикони рушд бунёд ёфтааст, дорои шароити хуби кору хизмат­расонӣ мебошад.

Тавре иттилоъ дода шуд, барои таъмини доимии сокинони шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ дар масоҳати беш аз 30 садяк ду гармхонаи замонавӣ бунёд ёфтааст, ки бо технологияи муосири истеҳоли Ҷумҳурии Мардумии Чин, Туркия ва Голландия муҷаҳҳаз мебошанд.

Дар гармхонаҳо аслан қувваи корӣ кам истифода мегардад ва сабзавот дар нурии махсус шинонида мешавад. Муътадил нигоҳ доштани ҳарорати ҳавои дохили гармхонаҳо, обмонӣ бо усули қатрагӣ, нуридиҳии зироат ва ғизодиҳӣ ба воситаи технологияи муосир ба таври автоматӣ анҷом дода мешавад, ки ин нахустин таҷриба дар ноҳияи Дарвоз мебошад.

Зимни суҳбат Президенти мамлакат ба олимону мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ҷиҳати самаранок истифода бурдани замин, баланд бардоштани ҳосилнокии маҳсулот ва зиёд намудани номгӯи зироатҳо маслиҳатҳои муфид доданд.

Дар навбати аввал, дар он ҷо 3 ҳазору 600 кӯчати 3 намуди сабзавоти барвақтӣ — помидор, бодиринг ва булғорӣ бо усули нав парвариш ёфта истодааст, ки айни ҳол нашъунамои хуб доранд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкори ватаниро дар бунёди иншооти замонавӣ, ҷалби шарикони рушд ва ба роҳ мондани омӯзиши таҷрибаи якдигар дар соҳаи кишоварзӣ намунаи ибрат хонда, барои идомаи тадбирҳо ҷиҳати боз ҳам беҳтар шудани шароити зисту зиндагонии мардум дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Баландии гармхонаҳо 9 метрро ташкил медиҳад. Болои он ба таври автоматӣ кушода ва маҳкам мешавад. Қабати болоии гармхонаҳо бо системаи махсуси худидоракунӣ пайваст мебошад, ки дохили иншоотро дар фасли зимистон бо гармӣ ва дар фасли тобистон бо сардӣ таъмин менамояд. Ҳамчунин, гармхонаҳо дорои қабати махсуси муҳофизатӣ мебошанд, ки обҳои бухоршударо дар ҳарорати баланди гармӣ нигоҳ медоранд.

Мутахассисон барои таҷриба дар як қисми гармхона ниҳолҳои ситрусӣ, аз ҷумла, лимӯ, афлесун, мандарин ва 4 ниҳоли кивиро аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон дастрас карда, парвариш менамоянд, ки ҳосилнокиашон хуб аст. Дар қисми дигари гармхонаи шишагин бо усули чиноӣ 1 ҳазору 232 кӯчати помидору бодиринг ва булғориро парвариш менамоянд, ки аз рӯи хулосаи мутахассисон, ояндаи наздик ҳосили хуб ба бор меоранд.

Иншооти мазкур дар муҳлати кӯтоҳ бо ҷалби беш аз 200 нафар коргари маҳаллӣ дар масоҳати умумии 2 гектар сохта, гирду атрофи он мумфарш ва гулкорӣ шудааст.

Солҳои охир бо дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон барои табобату пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсоли маҳлулҳои антисептикӣ, ниқоб, айнак ва либосҳои муҳофизатӣ мавриди истифода қарор гирифтанд ва сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ бо ин восита беҳтару хубтар гардид.

Ба кор андохтани коргоҳи нави маҳлулҳои антисептикӣ, ниқоб, айнак ва либосҳои муҳофизатӣ дар ноҳияи Дарвоз шаҳодати гуфтаҳои боло мебошад. Минбаъд низ дар доираи иқдомҳои созанда тадбирҳои ободонӣ дар ин самт идома хоҳанд ёфт.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки дастгоҳу таҷҳизоти коргоҳи мазкур истеҳсоли Ҷумҳурии Туркия аст ва дар он ду намуди маҳлули антисептикӣ бо андозаҳои гуногун истеҳсол мегардад. Дар ду хати истеҳсолии коргоҳ сокинони маҳаллӣ баъди омӯзишу аз бар кардани технология соҳиби ҷойи кор гардида, бо маоши хуб таъмин шуданд. Иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар як шабонарӯз 10 тонна маҳлули антисептикӣ мебошад. Дар ояндаи наздик бо ворид гардидани дастгоҳҳои муосир истеҳсоли боз 12 намуд маводи доруворӣ ва маҳлулҳои безараргардонӣ ба роҳ монда хоҳад шуд. Зарфҳои махсуси маҳлулҳои антисептикии 50 — грамма то 5 — литра аз хориҷи мамлакат дастрас карда, бо истифода аз технологияи пешрафта ва тарҳи хело зебо бандубаст мешавад.

Дар коргоҳи истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ ва либосҳои муҳофизатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон дастур доданд, ки бо дарназардошти вазъияти баамаломадаи минтақа ва ҷаҳон, иқтидори истеҳсолии ин намуди маҳсулотро барои таъмини доимии беморхонаю сокинони шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёд намоянд. Ниқобҳои тиббӣ дар коргоҳи мазкур аз 3 қабат матои махсус иборат буда, ба стандарти ҷаҳонӣ ҷавобгӯй мебошад. Дар як шабонарӯз дар ин хати истеҳсолӣ 24 ҳазор ниқоби тиббӣ истеҳсол мегардад. Дар сурати пеш омадани зарурат, корхона имкон дорад, ки иқтидори истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ ва либосҳои муҳофизатиро зиёд ва талаботи аҳолии шаҳру ноҳияҳои вилоятро қонеъ кунад. Дастгоҳу технологияи коргоҳи истеҳсоли ниқоб ва либоси муҳофизатӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас гардидааст. Маҳсулот баъди аз санҷиши лабораторӣ гузаштан барои истифода иҷозат дода мешавад.

Дар Парки инноватсионӣ истеҳсоли 3 намуди маҳсулоти тиббӣ — маҳлулҳои антисептикӣ, ниқоб ва айнакҳои тиббӣ ба роҳ монда шудааст. Маҳсулоти корхона дар баробари таъмини бозори дохилӣ, ҳамчунин, ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, содирот мешавад.

Тавре маълум аст, қабул ва мавриди амал қарор гирифтани барномаҳои муҳими соҳавӣ ва муқаррар гардидани имтиёзҳои мусоиди давлатӣ ҷиҳати пешбурди фаъолияти бахши хусусӣ имконият фароҳам сохт, ки соҳибкорони ватанӣ бо истифода аз сабукиҳои пешбинишуда дар амалишавии ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат саҳми назаррас гузоранд.

Бояд гуфт, ки айнакҳои тиббӣ ва муҳофизатӣ аз хориҷи мамлакат ворид мешуданд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани коргоҳҳои муосири истеҳсолӣ дар Тоҷикистон мушкилоти мавҷуда бартараф гардид. Акнун талаботи аҳолӣ аз ҳисоби корхонаҳои истеҳсолии ватанӣ қонеъ карда мешавад. Дар он ҷо, бо дарназардошти талабот, ду намуди айнак — тиббӣ барои табибон ва муҳофизатӣ барои пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ истеҳсол ва ба беморхонаҳо ва сокинон пешниҳод мегардад.

Айни ҳол дар ин хати истеҳсолӣ сокинони маҳаллӣ, хоса занону духтарони хонашин, ба кор ҷалб шудаанд. Иқтидори истеҳсоли корхона дар як шабонарӯз наздик ба 50 ҳазор дона айнаки тиббӣ ва муҳофизатӣ мебошад.

Барои ҷавобгӯй будани маҳсулот ба стандартҳои байналмилалӣ дар назди коргоҳҳои нави истеҳсолӣ лабораторияҳои озмоишӣ таъсис ёфтаанд. Маҳсулот қабл аз ба муомилот баровардан аз санҷиш мегузарад ва баъдан барои истифода пешниҳод мегардад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Парки инноватсионии саноатию технологӣ, ҳамчунин, аз коргоҳи истеҳсоли обҳои ташнагишикан, ки бо технологияи пешқадами Ҷумҳурии Туркия муҷаҳҳаз гардидааст, шинос шуданд. Он дар доираи татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028» бунёд ёфтааст. Дар заминаи ин иқдом захираҳои бузурги обӣ ба таври самаранок истифода мегардад.

Оби чашма ба корхона аз масофаи 1 километр бо қубурҳои қутрашон гуногун оварда, дар зарфҳои аз 0,5 то 5-литра ҷой карда мешавад. Маҳсулоти корхона, ки пурра ивазкунандаи воридот мебошад, оянда, дар баробари таъмини аҳолӣ, ба хориҷи мамлакат низ содирот карда мешавад.

Коргоҳи мазкур талаботи аҳолиро пурра қонеъ карда метавонад ва бо дарназардошти афзун гардидани талабот, имкон аст, ки иқтидори он зиёд карда, ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шавад. Дар он ҷо, ҳамчунин, корхонаи коркард ва банду­басти асали аз лиҳози экологӣ тозаи ватанӣ ба роҳ монда шудааст. Соҳибкор бо мақсади таъмини рақобатпазирӣ ва мутобиқ ба талаботи бозори байналмилалӣ истеҳсол кардани маҳсулот, коркарди асалро бо омехтаҳои гуногуни тароватбахш ба роҳ мондааст.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки ашёи хом — асали табиӣ аз асалпарварони маҳаллӣ, тибқи шартнома, харидорӣ мегардад.

Баъд аз тоза кардани асал аз омехтаҳо, маҳсулоти коркардшуда ба зарфҳои шишагии ҳаҷмашон гуногун ҷой дода мешавад.

Масъулон нақша доранд, ки дар доираи шартнома ҷиҳати рушди соҳа барои асалпарварони шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қуттиҳои занбӯри асалро харидорӣ ва дастрас намоянд, ки ин иқдом воситаи асосии худтаъминкунӣ бо маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи ватанӣ мегардад.

Айни ҳол коргоҳи мазкур бо иқтидори 650 килограмм дар як соат маҳсулотро коркард ва бандубаст менамояд. Дар хати истеҳсолӣ, баробари коркарди босифати асали ватанӣ, боз имкон аст, ки намудҳои гуногуни маҳсулоти консерва ба роҳ монда шавад.

Барои бандубаст ва тибқи стандартҳои байналмилалӣ пешниҳод намудани маҳсулоти корхона, дар қисмати дигари бино хати истеҳсоли картон фаъолият мекунад. Баъд аз истеҳсол дар Парки инноватсионии саноатию технологии ноҳияи Дарвоз маҳсулот ба нуқтаи ниҳоӣ расида, бо истифода аз технологияи муосир бандубаст ва ба харидорон ба воситаи мошинҳои махсус пешниҳод карда мешавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, бо шароити утоқҳои кории кормандони Парки инноватсионии саноатию технологӣ, ки дар ошёнаи дуюми бино ҷойгир мебошанд, шинос шуданд.

Барои кормандони корхона шароити мусоиди корӣ муҳайё гардидааст. Ҳуҷраҳо бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мебошанд. Ба Сарвари давлат  технологияи муо­сир, ки барои гузаронидани видеоконфронсҳои мустақим муҳиму саривақтӣ аст, муаррифӣ гардид.

Нимаи дуюми 19 август дар ноҳияи Дарвоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳия мулоқот карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қабл аз ҳама, барои пазироии гарм ва самимияти хоса ба мардуми заҳматпешаву меҳмондӯсти ин диёри зебо изҳори сипос намуданд.

Зимни суханронӣ Президенти мамлакат дар бораи ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим ва оғози корҳои сохтмонӣ дар дигар иншоот суханронӣ карда, мавриди баҳрабардорӣ қарор додани онҳоро аз вусъати бомароми корҳои ободониву бунёдкорӣ ба хотири истиқболи шоистаи ҷашни муқаддасу бузурги сисолагии Истиқлолияти давлатӣ маънидод намуданд.

Тавре таъкид гардид, дар ноҳияи Дарвоз барои истиқболи санаи мубораки сисолагии Истиқлолияти давлатӣ бунёду азнавсозии 38 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки 20 адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.

Сарвари давлат бо итминон изҳор доштанд, ки то ҷашни таърихии Ватани маҳбубамон иншооту биноҳои боқимонда низ бо сатҳу сифати баланд ва бо дарназардошти анъанаҳои меъмории миллӣ бунёд ва ба истифода супорида мешаванд.

Зикр шуд, барои рушди ноҳияи Дарвоз дар давраи соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби буҷети давлат зиёда аз як миллиард сомонӣ маблағ равона гардидааст. Дар ин давра аз ҳисоби 10 лоиҳаи давлатии сармоягузории татбиқшуда қариб 900 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст. Дар зарфи 29 соли Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳия 230 иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ ба маблағи беш аз 420 миллион сомонӣ бунёду азнавсозӣ гардидааст.

Танҳо соли 2019 дар ноҳия аз ҳисоби ҳама сарчашма 19 иншооти гуногун, аз ҷумла, 5 муассисаи таълимӣ, ба маблағи умумии беш аз 17 миллион сомонӣ сохта, ба истифода супорида шудааст.

Дар 10 соли охир аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент дар ноҳия ба маблағи 41 миллион сомонӣ 16 иншоот, аз ҷумла, 11 муассисаи таълимӣ, бунёду таҷдид гардидааст.

Зимни таҳлили вазъи воқеии иқтисодию иҷтимоии ноҳия, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарону масъулон ва соҳибкоронро вазифадор карданд, ки бо истифода аз имконияти мавҷуда ҷиҳати афзун намудани иқтидори истеҳсолӣ, беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ, бун­ёди корхонаҳои истеҳсолӣ ва таъсис додани ҷойҳои кории нав тадбирҳои мушаххасро амалӣ намоянд.

Дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва ҷалби соҳибкорону сармоягузорон ва аҳолӣ доир ба иҷрои пурраи барнома тадбирҳои иловагӣ ва фаврӣ андешанд.

Имрӯзҳо бо мақсади расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат дар ҳама шаҳру ноҳияи кишвар бунёди коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бомаром идома дорад.

Ҳоло дар ноҳия 7 корхонаи саноатӣ фаъолият мекунад, ки дар онҳо соли гузашта нисбат ба соли 2018 ду баробар ва дар 6 моҳи соли ҷорӣ назар ба ҳамин давраи соли гузашта қариб ду баробар зиёд маҳсулот истеҳсол шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотирнишон карданд, ки агарчӣ солҳои охир дар соҳаи саноат пешравиҳои назаррас ба мушоҳида расанд, вале имкониятҳои ноҳия дар рушди соҳа ҳанӯз хеле зиёданд.

Дар иртибот ба ин, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия, соҳибкорону роҳбарони корхонаҳои истеҳсолӣ вазифадор шуданд, ки бо истифода аз захираҳои ашёи хоми маҳаллӣ ҷиҳати таъсиси корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсолӣ ва ба роҳ мондани фаъолияти муназзами иқтидори истеҳсолӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Саридораи геология ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояту ноҳия супориш дода шуд, ки ҷиҳати ба кор андохтани кони ангишти Равнов, ба роҳ мондани корҳои иктишофӣ ва истихроҷи маъданҳо чораҷӯӣ намоянд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми ҳимматбаланд ва бонангу номуси ноҳияи Дарвоз дар оянда низ бо шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва заҳмати созанда барои ободу зебо гардонидани Тоҷикистони маҳбуб ва мустаҳкам намудани пояҳои давлати миллиамон саҳми ватандӯстона мегузоранд.

Дар охир сокинони шукргузори ноҳияи Дарвоз ба Президент ва Ҳукумати кишвар барои таъмини зиндагии шоиста изҳори сипос карданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як мавзеи зебои ноҳияи Дарвоз боғи нави фарҳангӣ-фароғатиро мавриди истифода қарор доданд.

50244191502_9510f0af3f_oБоғи фарҳангию фароғатии муосир аз ҷониби 11 нафар соҳибкори ватандӯсти ноҳияи Дарвоз дар доираи омодагӣ ба истиқболи сазовори ҷашни умумимиллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Сарвари давлат бунёд шудааст.

Тибқи лоиҳа, ин маркази зебо ҳамчун боғи кӯдакона барои истироҳату фароғат ва омӯзиши таърихи иншооти муҳими тамаддуни башарӣ, инчунин, тарбияи эстетикии кӯдакону ҷавонон бунёд ёфтааст.

Дар даромадгоҳи боғи марказии фарҳангӣ — фароғатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷавонону наврасони саодатманди кишвар бо самимияти хоса ва садоқати бепоён истиқбол гирифтанд.

Дар боғ майдончаҳои бозии кӯдакона, атраксионҳо, қатора, муҷассамаи иншооти таърихии ба рӯйхати муъҷизаҳои олам воридгардида ва дигар марказҳои фароғатӣ бунёд шудааст.

Майдони боғ сабзазор карда, барои хуррамгардонӣ дарахтони ороишии ҳамешасабз ва гулу буттаҳои зебои мавсимӣ шинонида шудааст.

Намои шабонаи боғ низ аз ҳисоби чароғҳои ранга хеле дилкашу зебо ба назар мерасад.

Роҳравҳои боғ сафолакпӯш карда, барои истироҳаткунандагон курсиҳо гузошта шудааст.

Ба хотири сайругашт ва фароғати кӯдакону наврасон 10 намуд атраксион насб гардидааст. Ҳудуди боғро фаввораҳои хурду бузург зебу зинат бахшидаанд.

Бо бунёди боғи фарҳангӣ — фароғатӣ барои сокинону меҳмонон имкони мусоиди истироҳату фароғат муҳайё гардидааст.

 

Баъди гузоштани санги асос барои бунёди Мактаби президентӣ дар  ноҳияи Дарвоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳ, ҳангоми ҳаракат ба сӯи истироҳатгоҳи «Чорчаман», бо як гурӯҳ шаҳрвандони кишвари дӯсту ҳамсоя — Афғонис­тон, ки барои истиқбол ва мулоқот бо Пешвои тоҷикони ҷаҳон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди соҳили дарёи Панҷ ҷамъ омада буданд, суҳбати самимӣ доир намуданд.

Сокинони минтақаи наздисарҳадии кишвари ҳамсоя Пешвои миллатро ба ноҳияи Дарвоз самимона хайра мақдам гуфта, барои имкони дидору мулоқот изҳори сипос карданд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо талошу ташаббусҳо ва ­масъалагузорию иқдомҳои созанда бар нафъи аҳли башар дар арсаи олам шинохта шудаанд ва шаҳрвандони кишвари ҳамсоя зимни суҳбат ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои тоҷикони ҷаҳон барои ҳалли мушкилоти рӯзгорашон, аз ҷумла, норасоии оби ошомиданӣ, неруи барқ, алоқа, набудани роҳи мошингард ва дигар камбудиҳои ҷойдошта муроҷиат карданд.

Мавриди зикр аст, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сиёсати бобарори хориҷии Ҳукумати мамлакат ва дар чаҳорчӯби робитаҳои гуногунҷанба дар болои дарёи Панҷ, байни Тоҷикистону Афғонистон, пулҳои дӯстӣ бунёд кардаанд. Бо сохтмони ин пулҳо рафтуомади бемамониати шаҳрвандони ҳар ду кишвар оғоз ва бозорҳои наздисарҳадӣ ташкил гардид, ки сокинони ду тарафи соҳил аз он барои таъмини эҳтиёҷи зиндагӣ самаранок истифода мебаранд.

Зимни суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба сатҳи кунунии ҳамкории судманди ҳар ду кишвари дӯст, ҳамҷавор, ҳамзабон ва ҳамфарҳанги Тоҷикистону Афғонистон ибрози андеша ва таъкид карданд, ки мушкили мавҷуда дар доираи муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ ҳал хоҳад шуд.

Шаҳрвандони Афғонистон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон барои имкони мулоқот ва нақшаву ниятҳои нек баҳри истиқрори сулҳ дар Афғонистон, дарёфти роҳҳои рушди иқтисоди миллии давлати дӯсту ҳамсоя ва дигар иқдомҳои башардӯстона бори дигар изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.

Сипас, дар ноҳияи Дарвоз Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар истироҳатгоҳи «Чорчаман» меҳмонхонаи наву замонавии «Чорчаман Хилс»-ро, ки аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ ба хотири ободии як гӯшаи диёр, ҷалби сайёҳон ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ бунёд шудааст, ифтитоҳ бахшиданд.

Дар меҳмонхонаи сеошёна, ки аз 25 ҳуҷра иборат аст, 20 сокини ноҳия бо кори доимӣ таъмин гардидаанд.

Тамоми таҷҳизот, мебел ва дигар лавозимоти меҳмонхона, инчунин, хизматрасонӣ, ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мебошанд.

Меҳмонхонаи «Чорчаман Хилс» дар як гӯшаи зебои истироҳатгоҳ бо тарҳи замонавии меъморӣ бунёд шудааст.

Мақсади асосӣ аз сохтмони меҳмонхона ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» мебошад.

20 августи соли 2020 сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ноҳияи Ванҷ идома ёфт.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти ноҳияи Ванҷ самимона истиқбол гирифтанд.

Сарвари давлат нахуст намоишгоҳи дастовардҳои кишоварзон ва ҳунарҳои дастии сокинони ноҳияро аз назар гузаронданд.

Дар он маҳсулоти кишоварзӣ, ки бо заҳмату талошҳои деҳқонон аз заминҳои зархези ноҳия ба даст омадааст, муаррифӣ гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати умумии заминҳои корами ноҳияи Ванҷ 2 ҳазору 601 гектар: боғу себзор — 1013, ғалладона — 520, картошка — 472, сабзавот 188 гектарро дар бар мегирад. Боқимонда аз майдонҳои чарогоҳ ва алафзор иборатанд.

Қобили тазаккур аст, ки кишоварзони ноҳия ҳар сол дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдони боғҳои меваҳои содиротиро афзун намуда, аз ин ҳисоб ҳосили фаровон ба даст меоранд.

Дар ноҳия ба парвариши себу нок, зардолу, тут, чормағз, картошка ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ таваҷҷуҳ бештар аст. Заҳматкашон ҷиҳати амалӣ гардидани яке аз ҳадафҳои Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — таъмини амнияти озуқаворӣ пайваста саъю талош менамоянд.

Дар намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ 10 навъи себ, 5 навъи зардолу, 5 намуди тут, 3 навъи картошка, пиёз ва булғорӣ, 3 навъи карам, помидор, боимҷону бодиринг ва ғайра ба намоиш гузошта шуд.

Шарбату афшӯраҳое, ки бо истифода аз маҳсулоти тару тоза аз ҷониби сокинон дар шароити хона омода карда шудааст, як гӯшаи дигари намоишгоҳро зебу зинат медоданд.

Зимни суҳбат бо кишоварзон Пешвои миллат ба онҳо ҷиҳати истифодаи мақсадноки ҳар як порча замин ва гирифтани якчанд ҳосил дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Кишоварзон ваъда доданд, ки бо заҳмати аҳлона фаъолият намуда, ҷиҳати ба даст овардани ҳосили фаровони дилхоҳ маҳсулот ва таъмини сабади истеъмолии сокинон бо маҳсулоти тару тозаи аз лиҳози экологӣ тоза таҷрибаро равона месозанд.

Ҳамчунин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи дастранҷи онҳо, ки дар доираи эълони «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» омода гардида буд, боздид намуданд.

Бонувони чирадасти ноҳияи Ванҷ дар намоишгоҳ ҳунари ҷӯроббофӣ ва шерозбофиро муаррифӣ намуданд.

Бояд таъкид намуд, ки сиёсати фарҳангпарваронаи роҳбарияти олии Давлат ва Ҳукумати мамлакатро ҳунармандону дигар сокинони ноҳияи Ванҷ ҳамаҷониба дастгирӣ карда истодаанд ва аз ин ҷост, ки ба рушд ва эҳёи ҳунару анъанаҳои қадимаи миллӣ таваҷҷуҳи хоса доранд. Ҳамин аст, ки сол то сол таваҷҷуҳи ҷавонону дигар сокинони ноҳия ба омӯзиши ҳунарҳои мардумии дастӣ афзоиш меёбад ва истеҳсоли навъҳои гуногуни чунин маҳсулот зиёд мегардад.

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар гӯшаи дигари намоишгоҳ ҳунари омода намудани таомҳои миллӣ, аз ҷумла, оши палав, оши боқилогӣ, тайёр намудани далда, кадуи дампухт, таоми аз гӯшти бузу гӯсфанд омодашуда, қурутоб, оши бурида ва ғайра муаррифӣ карда шуд.

Ҳунарҳои халқӣ, аз қабили гаҳворатарошӣ, табақтарошӣ, ғалтак ва чӯбҳои ороишӣ, сохтани кат ва оҳангарӣ дар миёни сокинони ин гӯшаи Ватан ривоҷу равнақ ёфтааст.

Ҳамчунин, ба Пешвои миллат нон ва дигар маҳсулоти нониву ширӣ, ки бо ҳунари баланди кадбонугӣ омода карда шудаанд, муаррифӣ гардид. Дар ин қисмати намоишгоҳ бонувони ҳунарманд намунаҳои гуногуни нон, аз ҷумла, нони калон ва хурд, чапотӣ, фатир, кулчаи гирдак, орзуқ ва дигар маҳсулоти нониву шириро манзур намуданд.

Манзараҳои зебову дилфиреби сайёҳии ноҳияи Ванҷ, ки дигар гӯшаи намоишгоҳро дар шакли аксу мусаввараҳо зеб медод, ҷолиби диққат буд.

Мутобиқи маълумот, бо фароҳам гардидани инфрасохтори соҳа сол то сол шумораи сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба ин гӯшаи зебоманзари мамлакат афзоиш меёбад.

Намоишгоҳи мазкур гувоҳи равшани он буд, ки сокинони шарафманди ­ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзанда дар ҳама соҳаи хоҷагии халқ сазовор пешвоз хоҳанд гирифт.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди боздид аз намоишгоҳи дастовардҳои ҳунармандон ва кишоварзон бинои Маркази савдои «Ванҷ сити»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Он аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Орзу Лашкаров дар доираи эълон гардидани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ҷиҳати таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва бартараф намудани мушкилоти мардум дар самти хизматрасонии маишӣ бо сатҳу сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои сохтмонӣ ба итмом расидааст.

Масоҳати умумии иншоот 700 ва масоҳати зери сохтмон 264 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар шафати он фаввора бо шаклу усули замонавӣ сохта шудааст. Ошёнаи якуми бино ҳамчун мағозаи фурӯши маҳсулоти гӯштӣ, қаннодӣ, меваву саб­завот, молҳои конселярӣ фаъолият дорад. Фурӯши молҳои ниёзи мардум дар ошёнаи дуюми бино ба роҳ монда шудааст.

Бо дарназардошти зиёд будани мавзеъҳои сайёҳӣ ва таваҷҷуҳи зиёди сайёҳон ба ҷойҳои тамошобоби ноҳия, ошёнаи сеюми бино ҳамчун меҳмонхона ба нақша гирифта шудааст.

Дар рафти корҳои сохтмонии иншоот беш аз 20 нафар ба кор ҷалб гардидаанд. Пас аз пурра мавриди истифода қарор гирифтани он бошад, 17 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб шудаанд.

Зимни шиносоӣ бо шароити Маркази савдои «Ванҷ сити» Сарвари давлат ба кори сохтмончиён баҳои баланд дода, иншоотро барои бартараф гардидани эҳтиёҷоти аҳолӣ дар самти хизматрасонӣ муҳиму саривақтӣ донистанд. Бо мақсади зебову назаррабо гардидани атрофи бино масоҳати 400 метри мураббаъ сафолакпӯш карда, гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шудааст. Чароғакҳое, ки дар атрофи бино насб шудаанд, шабона ба ҳусни атроф зебоӣ зам менамоянд.

Хурсандиовар аст, ки соҳибкорони ватандӯсти ноҳияи Ванҷ дар партави дастуру ҳидоятҳои бунёдкоронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои соҳибистиқлолии мамлакат иншооти гуногуни ҳаётан муҳим сохта, ба истифода додаанд, ки дар натиҷа сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ беҳтар ва ҳусни диёр зеботар гардидааст.

Пешвои миллат ба иқдоми соҳибкорони ноҳияи Ванҷ, ки дар шароити кӯҳистон бинои наву замонавӣ сохтаанд, изҳори қаноатмандӣ намуда, иқдоми онҳоро намунаи ибрат хонданд.  

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ бинои нави сеошёнаи шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ванҷро ба истифода доданд.

Он дар доираи дастуру супоришҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фароҳам сохтани шароити мусоиди корӣ барои кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст.

Масоҳати умумии бино 0,29  гектарро дар бар мегирад. Он, ки бо тарҳи муосир ва намои хеле зебо сохта шудааст, дорои 32 утоқи корӣ бо тамоми шароит мебошад.

Дар бинои нав дар заминаи дас­туру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ташкили китобхонаҳо дар назди муассисаву идораҳо барои кормандони шуъба китобхона бо адабиёти гуногуни ҳуқуқиву соҳавӣ  ташкил гардидааст.

Маҷлисгоҳи бино дорои 40 ҷойи нишаст ва барои баргузории ҷамъомаду чорабиниҳои гуногун мувофиқ мебошад.

Дар бинои нав меҳмонхона ва хобгоҳ низ мавҷуд аст. Хулоса, барои фаъолияту истироҳати кормандон шароити хуби корӣ муҳайё карда шудааст.

Дар ҳавлии бинои нав барои 150 нафар ҳайати шахсии шуъбаи корҳои дохилӣ ошхонаи замонавӣ ва дар шафати он майдонча бо масоҳати умумии 600 метри мураббаъ сохта шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо шароити кору фаъолият дар бинои нав кормандонро барои  хизмати содиқона ба халқу Ватан, саҳмгузории бештар дар таҳкими волоияти қонун, ҳимояи даст­овардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, пешгирӣ аз ҷинояту ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ҳидоят намуда, иншооти навро туҳфаи арзишманди Давлату Ҳукумати мамлакат дар рӯзҳои таҷлил аз 29 — умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандони соҳа маънидод карданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар ноҳияи Ванҷ бинои нави Комиссариати ҳарбиро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Он, ки дар доираи тадбирҳои созандагиву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта ба истифода дода шудааст, дорои шароити кору фаъолият барои кормандон мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар он ҷо бо шароити кору фаъолияти ҳайати кормандон аз наздик шинос шуданд.

Иншоот аз ду ошёна, 14 утоқи кории афсарону ҳайати шахсӣ, толори маҷлис, нуқтаи навбатдории фаврӣ ва ғайра иборат мебошад.

Утоқҳои корӣ ва дигар иншооти ёрирасони комиссариати ҳарбӣ бо мебел, таҷҳизоти зарурӣ ва системаи алоқаи муосир муҷаҳҳаз гардонида шуда, барои баргузории ҷамъомаду чорабиниҳои гуногуни таълимӣ, аз қабили мудофиаи ҳудудӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ, даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ва гузаронидани дигар фаъолиятҳои хизмативу нақшавӣ имконоти ҳамаҷониба мавҷуд аст.

Масоҳати умумии қитъаи замини Комиссариати ҳарбӣ аз 1400 метри мураббаъ ва масоҳати иншоот аз 230 метри мураббаъ иборат мебошад.

Роҳравҳои атрофи бино сафолакпӯш гардидааст. Ҳудуди иншоот бо гулу буттаҳо ва дигар рустаниҳои ороишӣ зинат ёфтааст. Барои нишаст ва қабули шаҳрвандон ду суҳбаткада бо фаввора бунёд гардидааст.

Лозим ба ёдоварист, ки тайи солҳои охир дар натиҷаи беҳтар гардидани вазъи иқтисодии мамлакат ва сиёсати дурандешонаи роҳбарияти олии Давлату Ҳукумат дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ қисми зиёди бинои комиссариатҳои ҳарбии кишвар азнавсозӣ ва ё аз сифр бунёд карда шуданд. Амалисозии ин тадбири созанда дар асоси ҳидоятҳои бевоситаи Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дигар манотиқи кишвар идома дорад.

Дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ бо дастгирии роҳбарияти олии мамлакат, дар маҷмӯъ, бинои 25 комиссариати ҳарбии шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ сохта,  ба истифода дода шуд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ  Раҳмон зимни суҳбат бо масъулон ва ҳайати кормандони Комиссариати ҳарбии ноҳияи Ванҷ ифтитоҳи бинои нави кориро дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун туҳфаи арзишманди Давлату Ҳукумати мамлакат арзёбӣ намуда, барои боз ҳам беҳтар намудани сифати кору фаъолият дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.

Дар охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар китоби хотиравии меҳмонони воломақом соядаст гузоштанд.

20 августи соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо  роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Ванҷ мулоқот карданд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон барои пазироии самимӣ, дар амал татбиқ кардани ҳадафҳои созандаи Ҳукумати кишвар ва ноил гардидан ба дастовардҳои назаррас тавассути заҳмати софдилона изҳори сипос карданд.

50248279111_1e8d61b75c_oЗикр гардид, ки дар маркази ­ноҳия як қатор иншооти муҳим ба истифода супорида шуд, ки барои рушду пешрафт заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Таъкид гардид, ки Ҳукумати мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ барои таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Ванҷ ва пешрафту ободии он аз ҳисоби буҷети давлатӣ зиёда аз 680 миллион сомонӣ равона намудааст, ки аз ин ҳисоб қариб 100 иншооту бинои нав ба маблағи беш аз 170 миллион сомонӣ бунёд карда шудаанд.

Дар ин давра аз ҳисоби дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ 150 иншоот ба маблағи 70 миллион сомонӣ бунёду азнавсозӣ гардидааст.

Ҳамзамон бо ин, аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент дар ноҳия ба маблағи умумии 54 миллион сомонӣ 14 иншоот, аз ҷумла, 7 муассисаи таълимӣ, бунёду таъмир карда шудааст.

Илова бар ин, аз ҳисоби татбиқи 7 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар 29 соли охир 182 миллион сомонӣ аз худ гардидааст.

То ҳол дар асоси нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ 55 иншооту бинои иҷтимоиву истеҳсолӣ бунёду азнавсозӣ гардидааст ва то баргузории ҷашн сохтмон ва ба истифода додани 17 иншооти дигар пешбинӣ шудааст.

Ғайр аз ин, бо ташаббуси соҳибкорон ва сокинони бонангу номуси ноҳия, ба истиқболи ин санаи мубораки таърихӣ, бунёди даҳҳо иншооти иҷтимоиву хизматрасонӣ дар назар аст, ки дар онҳо барои сокинон садҳо ҷойи нави корӣ таъсис дода мешавад.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ноҳия аз ҳисоби сарчашмаҳои маблағгузорӣ 245 иншоот ба маблағи 196 миллион сомонӣ сохта шудаанд ва сохтмони даҳҳо иншооти дигар то ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода мешаванд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Ҳукумати мамлакат барои таҷдиду навсозии шоҳроҳи Қалъаихумб — Ванҷ ҳоло корро бо шарикони рушд идома дода истодааст ва дар се соли минбаъда лоиҳаи таҷдиди 93 километр роҳи мошингарди зикргардидаро ба маблағи беш аз 2 миллиард сомонӣ амалӣ мегардонад, ки дар доираи он, ҳамчунин, сохтмони 15 пул ва 2 нақб пешбинӣ шудааст.

Дар ноҳияи Ванҷ ҳоло 5 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардида истодааст, ки маблағи  дар доираи онҳо азхудшуда 13 миллион сомониро ташкил медиҳад. Лоиҳаҳо ба соҳаҳои нақлиёт, маориф, таҳсилоти касбиву техникӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ равона гардидаанд.

Имкониятҳои ноҳия дар самти рушди соҳаҳои саноату кишоварзӣ, махсусан, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, рушди намудҳои гуногуни сайёҳӣ ва дигар хизматрасониҳо зиёданд ва зарур аст, ки сармояи ватаниву хориҷӣ ҳар чӣ бештар ҷалб карда шавад.

Сарвари давлат Вазорати саноат ва технологияҳои нав, роҳбарони вилоят, ноҳия ва дигар сохторҳои дахлдорро вазифадор карданд, ки ҷиҳати таъмини фаъолияти мунтазами корхонаҳои истеҳсолӣ, ба кор андохтани иқтидорҳои нав ҷиҳати коркарди ашёи хом ва ба кор даровардани иқтидорҳои азкормонда тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Дар ноҳия, инчунин, имконият барои парвариши меваю сабзавот ва ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш хеле фаровон аст, ки дар ин замина даҳҳо коргоҳи хурду миёнаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ бунёд кардан мумкин аст.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия, Вазорати кишоварзӣ ва Академияи илм­ҳои кишоварзиро вазифадор карданд, ки ҷиҳати афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, рушди боғпарварӣ, чорводорӣ, занбӯриасалпарварӣ ва таъмини бозори истеъмолии кишвар бо маҳсулоти ватанӣ тадбирҳои доимӣ андешанд.

Ҳамчунин супориш дода шуд, ки роҳбарону масъулони ноҳия ҷиҳати иҷрои нақшаи дурнамои кишти зироатҳо, махсусан, картошка, зироатҳои ғалладонагӣ, бунёди боғҳои нав ва истифодаи самараноки замин чораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба паҳншавии бемории нави сироятӣ, номуътадил гардидани вазъи бозорҳои ҷаҳонӣ ва боло рафтани нархи маҳсулоти ғизоӣ аз роҳбарон, хоҷагиҳои кишоварзӣ ва умуман, ҳар як сокини ноҳия, ки дар ихтиёр як порча замин дорад, талаб карданд, ки барои самаранок истифода бурдани замин ва захира намудани маҳсулоти ғизоӣ ҳама таҷрибаву малакаро сафарбар намоянд.

Барои рафъи камбудиҳо дар соҳаи маориф Вазорати маориф ва илм ва ҷиҳати беҳдошти вазъи соҳаи тандурустӣ мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия дастуру супоришҳои мушаххас гирифтанд.

Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон сокинони ноҳия ва кормандони касбу кори гуногун баромад карда, оид ба дастовардҳо дар солҳои соҳибистиқлолӣ, талошҳову ташаббусҳои роҳбарияти Давлату Ҳукумати мамлакат андешаронӣ ва ба Пешвои миллат ҷиҳати таъмини зиндагии сазовор барои мардуми кишвар изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

20 августи соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рӯшон ташриф оварданд. 

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯшон нахуст бо рафти парваришу истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар қитъаи замини наздиҳавлигии сокини деҳаи Рӯшон Ҳамдам Давлатмаҳмадов шинос шуданд.

Тавре иттилоъ доданд, ин сокини ноҳияи баландкӯҳи Рӯшон соли чорум аст, ки қариб дар 10 садяк замин 5 адад гарм­хона ташкил намудааст ва аз он ҳосили фаровони бодирингу помидор мерӯёнад.

Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба таҷрибаи ғании ин ҷавони кордон баҳои баланд дода, ташкили гармхонаҳоро дар шароити кӯҳистони Бадахшон намунаи ибрат арзёбӣ намуданд.

Президенти мамлакат бо тарзи истифодаи босамару оқилонаи қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва шароити гармхонаҳои сокини ноҳияи Рӯшон шинос шуда, барои дар оянда боз ҳам васеъ намудани масоҳати гармхонаҳо дастуру ҳидоятҳо доданд.

Обдиҳиву ғизодиҳии маҳсулоти полезӣ дар гармхонаҳо пурра бо тарзи қатрагӣ ба роҳ монда шудааст. Айни замон ҳосили помидору бодиринг фаровон аст. Ин деҳқони соҳибтаҷриба нақша дорад, ки дар се соли оянда масоҳати  гарм­хонаҳоро ба беш аз як гектар расонаду бо ин роҳ бозори марказии ноҳия ва шаҳри Хоруғро бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ таъмин намояд.

Ҳамчунин, аҳли ин оила дар масоҳати 18 садяк замин картошка, қаланфури булғорӣ, карам,  пиёз,  сабзӣ,  лӯбиё, помидор, каду, зағир ва макаи дон кишт кардаанд, ки қисми бештари  ҳосили онҳо пухта расидааст.

Дар ҳамон ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастранҷи кишоварзон ва хӯрокҳои миллии омоданамудаи бонувони ҳунарманди ноҳияи Рӯшон шинос шуданд.

Оилаи Давлатмаҳмадов,  дар баробари  истифодаи мақсадноку оқилонаи қитъаи замини наздиҳавлигӣ, ҳидоятҳои Пешвои миллатро дар самти захираи маҳсулоти ғизоӣ аз ҷониби ҳар як оила барои ду соли минбаъда сармашқи кори худ намуда, аз ҳисоби ҳосили қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҳар сол ба миқдори зарурӣ маҳсулоти гуногун дар шакли консерва, аз ҷумла,  афшӯра, шарбат, мураббои мевагӣ, лӯбиё, меваи хушк барои давраи тирамоҳу зимистон захира менамояд.

Натиҷаи заҳмати шабонарӯзӣ ва истифодаи мақсадноки замини наздиҳавлигӣ аст, ки сатҳи зиндагии оилаи Давлатмаҳмадов сол то сол беҳтар мегардад. Аз ҷониби дигар, ташкили гармхонаҳо дар шароити кӯҳистон имконият фароҳам меорад, ки бозори истеъмолӣ дар чор фасли сол бо маҳсулоти кишоварзии истеҳсоли худӣ таъмин карда шавад.

Дар ноҳияи Рӯшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ майдони Парчами давлатиро, ки дар маркази ноҳия — шаҳраки Вамар қомат афрохтааст, мавриди истифода қарор доданд.

Он дар канори рӯдхонаи Панҷ, дар як мавзеи қаблан бекорхобида сохта шудааст. Баландии Парчам 30 метр, паҳноии матои он 6 ва дарозиаш 13 метрро ташкил медиҳад.

Сутунпояи Парчами давлатии Тоҷикистон ва боғи фароғатӣ дар доираи омодагиҳо ба таҷлили сазовори 30 — солагии ҷашни Истиқлолияти давлатӣ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон аз ҷониби коргарону мутахассисони маҳаллӣ бо сатҳу сифати баланд сохта шудааст.

Роҳравҳои майдони Парчами давлатӣ аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ сафолакпӯш ва дар шафати он ҳавзи оббозӣ барои кӯдакону наврасон бунёд гардидааст.

Ҳамчунин, гулҳои рангоранг, дарахтони ороишию мевадиҳанда майдони Парчами давлатиро оро медиҳанд.

Ҳудуди майдони Парчами давлатӣ ва боғи навбунёд чароғон карда,  барои фароғати сокинон курсиҳо гузошта шудааст. Хулоса, майдони Парчами давлатӣ ва боғи фароғатӣ ба макони дилфиреби сайру тамошои сокинону меҳмонони ­ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  табдил  ёфтааст.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба иҷрои корҳои сохтмонӣ баҳои баланд ва барои боз ҳам ободу зебо намудани атрофи иншоот ба масъулон дастуру ҳидоят доданд.

Мавриди зикр аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар маркази шаҳру ноҳияҳои мамлакат гузоштани Нишони давлатӣ ва барафрохтани Парчами давлатӣ ба ҳукми анъана даромадааст, зеро муқаддасоти миллӣ ба шумор мераванд.

Дар маҷмӯъ, ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯшон сохтмони 142 иншоот ба нақша гирифта шудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Вамари ноҳияи Рӯшон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9 ба номи Отамбек Илчибековро ифтитоҳ бахшиданд.

Муассисаи нави таълимӣ бо дастури бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади фароҳам овардани шароити арзандаи таълим барои насли ояндасози миллат бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ сохта шудааст.

Фармоишгари иншоот Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мебошад.

Бинои мактаб, ки аз таҳхона ва се ошёна иборат аст, барои 640 ҷойи нишаст дар як баст бунёд гардидааст. Он дорои 34 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла, кабинетҳои фаннии химия, физика, математика, биология, табиатшиносӣ, география, озмоишгоҳҳои таълимии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурӣ, синфхонаи компютерӣ , тахтаҳои электронӣ бо видеопроекторҳо, китобхона, 10 утоқи корӣ ва ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад.

Илова бар ин, дар мактаби навсохт китобхонаи электронӣ фаъолият мекунад, ки дорои 10 адад компютер мебошад ва дар махзани он номгӯи зиёди китобҳои дарсӣ ва адабиёти бадеӣ ҷойгир аст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳу сифати корҳои сохтмонии бинои таълимӣ баҳои баланд дода, бо истифода аз шароити мусоид ба масъулон ва омӯзгорон ҷиҳати тарбияи дурусти насли наврасу ҷавон ва дар рӯҳияи баланди ифтихори миллӣ ба воя расидани онҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дар ошёнаи якуми бинои муассиса ошхона бунёд шудааст, ки барои зиёда аз 50 ҷойи нишаст пешбинӣ гардида, ба хонандагон ғизоҳои гарм пешниҳод мегардад.

Барои тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва ба варзиш ҷалб намудани наврасону ҷавонон дар муассисаи таълимӣ толори муосири варзишӣ сохта шудааст, ки 70 ҷойи нишаст дорад. Он асосан барои баргузор намудани бозиҳои футболи хурд, волейбол, баскетбол ва намудҳои гуногуни варзиш пешбинӣ гардидааст.

Бо мақсади дар шароити зарурӣ баргузор намудани ҷамъомаду чорабиниҳои гуногуни оммавию фарҳангӣ дар ошёнаи дуюми бино толори барҳавои маҷлисгоҳ бо 230 ҷойи нишаст мавҷуд аст, ки бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз мебошад.

Зикр шуд, ки соли таҳсили 2018 — 2019 аз шумораи умумии хатмкунандагони ин муассисаи таълимӣ, ки 36 нафарро дар бар мегирифт, 28 нафар аз тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, 5 нафар тибқи Квотаи президентӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва ду нафар ба омӯзишгоҳҳои касбии ҷумҳурӣ дохил шудаанд, ки ин натиҷаи ҳамкории зичи волидон бо мактаб арзёбӣ мегардад.

Бо мақсади таъмини гармӣ дар фасли сармо синфхонаҳо, ҳуҷраҳои ёрирасон ва утоқҳои кории муассисаи таълимӣ бо шабакаи мутамаркази гармидиҳӣ, ки бо ангиштсанг фаъолият мекунад, пайваст гардидааст.

Зимни суҳбат бо омӯзгорон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои наву замонавии муассисаи таълимиро туҳфаи арзишманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи ҷашни муқаддаси миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ барои сокинони шарафманди ин гӯшаи диёри биҳиштосо арзёбӣ намуданд.

Барои таъмини бехатарӣ ва мушоҳидаи пайвастаи раванди таълим дар дохил ва беруни бинои навбунёд камераҳои назоратӣ насб гардидааст.

Пешвои миллат омӯзгорону хонандагонро таъкид карданд, ки аз шароити муҳайёгардида самаранок истифода бурда, барои аз бар кардани барномаҳои таълимӣ, кор бо техникаю технологияи муосир ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар доираи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф солҳои 2020 — 2040» ҷидду ҷаҳд намоянд.

Саҳни бинои таълимиро Парчами давлатӣ бо сутунпояи 11-метра оро медиҳад. Ҳамчунин, гирду атрофи муассисаи таълимиро, ки майсазор гардонда, шудааст, гулҳои мавсимии рангоранг ва дарахтони ҳамешасабзи ороишӣ зеб медиҳанд.

20 августи соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Рӯшон бинои нави филиали рақами 71-и Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»-ро мавриди истифода қарор доданд.

50248371501_a13868e168_oБинои нави филиали «Амонатбонк» дар ноҳияи Рӯшон, ки аз таҳхона ва ду ошёна иборат мебошад, дар доираи вусъати корҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст.

Зимни шиносоӣ аз шароити фароҳамшудаи кору хизматрасонӣ Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон ҷиҳати бунёди иншооти муосири соҳаи бонкӣ изҳори сипос намуданд ва дастур доданд, ки ба мизоҷон бо сатҳу сифати баланди касбӣ хизматрасониҳои бонкиро анҷом диҳанд.

Дар таҳхонаи иншоот толори бойгонӣ ва утоқи техникӣ ҷойгир аст. Дар ошёнаи аввали он қисми амалиётӣ, хазина ва ҳуҷраҳои ёрирасон сохта шудааст. Дар ошёнаи дуюм утоқи кории мудир, кормандон ва китобхона ҷойгир мебошад.

Дар маҷмӯъ, бинои филиали «Амонатбонк» дар ноҳияи Рӯшон аз 10 утоқи кории бо мизу курсӣ ва технологияи муосир муҷаҳҳаз иборат аст.

Фармоишгари бинои нав Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» мебошад. Масоҳати умумии иншоот 419 мерти мураббаъро дар бар мегирад.

Тавре ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, айни замон дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» бо 9 филиал ва 40 маркази хизматрасонии бонкӣ фаъолияти пурсамар дорад, ки дар онҳо 231 корманд, ки аксари онҳо бонувони ботаҷрибаю кордон дар соҳаи бонкдорӣ мебошанд, ба сокинон ва меҳмонону сайёҳон хизматрасониҳои гуногунро ба роҳ мондаанд.

Ба фаъолият оғоз бахшидани бинои нави филиали «Амонатбонк» дар ноҳияи Рӯшон боз як қадами устувор дар рушди низоми бонкӣ дар ҷумҳурӣ мебошад. Дар он ҷо қабули амонатҳо, пешниҳоди қарзҳои муфид бо фоизҳои дастрас, интиқоли маблағҳо, хизматрасонӣ бо сис­темаи онлайн, кортҳои бонкӣ, ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва қабули маблағҳо барои хизматрасониҳои коммуналӣ амалӣ карда мешаванд.

Иттилоъ дода шуд, ки филиали «Амонатбонк» дар ноҳияи Рӯшон бо шаш маркази хизматрасонии бонкӣ ба 3 ҳазору 565 нафақахӯр, 820 пасандозгузор, 470 қарзгиранда, 4 ҳазору 105 нафар дорандаи корти миллӣ барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ хизмат мерасонад.

Дар филиали мазкур 27 нафар аз сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд, ки 22 нафар ё 80 дарсади онҳоро занону бонувони ихтисосманд ташкил медиҳанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ва дигар шахсони масъул бо мақсади беҳтар намудани хизматрасониҳои бонкӣ дар ноҳияи Рӯшон ва ҷалби мутахассисони варзидаи соҳа ба кор дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Таъкид гардид, ки кормандони бонк, дар навбати аввал, бояд бо мизоҷон муомилаю муоширати хуб дошта бошанд ва дар фурсати кӯтоҳ хизматрасониҳои бонкиро бо сифати баланд анҷом диҳанд, то эътимоди мардум ба низоми бонкӣ боз ҳам бештар гардад, зеро «Амонатбонк» ҳамчун бонки давлатӣ, дар низоми бонкии кишвар мақоми хоса дошта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати иҷтимоиро тавассути он амалӣ менамояд.

20 августи соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Маркази логистикии Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯшонро мавриди истифода қарор доданд.

Он дар масоҳати 1,5 гектар бунёд гардида, дорои 5 анбори бузургҳаҷм, аз ҷумла, 3 анбори маҳсулоти ғизоӣ, анбори маводи сӯхт, анбори масолеҳи сохтмонӣ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад. Дар маҷмӯъ, анборҳо иқтидори ғунҷоиши як ҳазору 500 тонна маҳсулоти зарурии рӯзгорро доранд.

Маврид ба таъкид аст, ки Маркази логистикии Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар ноҳияи Рӯшон, бевосита бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ба танзим даровардани нарх ва таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоӣ, сӯзишворӣ ва масолеҳи сохтмонӣ дар мавсимҳои гуногуни сол бунёд карда шудааст.

Корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти муҳим соли 2017 оғоз гардид ва бо ҷалби беш аз 150 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо сатҳу сифати баланд ва мутобиқ ба меъёрҳои замони муосир анҷом дода шуд. Дар маркази логистикӣ бинои дуошёнаи маъмурӣ сохта шудааст, ки 10 утоқи кории муҷаҳҳаз бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ ва ҳуҷраҳои хоб барои кормандон дорад. Ҳамчунин, дар ин бино ошхона бо 40 ҷойи нишаст мавҷуд аст. Барои дастрасии мардум бо маҳсулоти аввалияи ғизоӣ мағозаи доимоамалкунандаи фурӯши маҳсулот низ таъсис ёфтааст.

Бо ифтитоҳи Маркази логистикӣ беш аз 30 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Аснои шиносоӣ аз шароити фароҳамшуда Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти захира намудани маҳсулоти ғизоӣ ва дигар намуди маҳсулоти зарурии рӯзгор, таъмини сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо озуқаворӣ дар ҳамаи фаслҳои сол ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Анбори дигари иншоот барои захира кардани 250 тонна маводи сӯзишворӣ пешбинӣ шудааст. Барои дастрасии бемамониати сокинону меҳмонон ба маводи сӯзишворӣ дар шафати базаи муосири нав­бунёд нуқтаи фурӯш ташкил гардидааст, ки бо нархҳои нисбатан арзон пешниҳоди харидорон мегардад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулони Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бунёд ва мавриди истифода қарор додани иншооти муҳташами замонавӣ изҳори сипос намуда, дастур доданд, ки базаҳои захиравии маҳсулоти ғизоӣ ва маҳсулоти заруриро дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ марҳила ба марҳила таъсис диҳанд.

Иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 8 анбори бузурги нигаҳдории маҳсулоти аввалияи ғизоӣ бо иқтидори ғунҷоиши 15 ҳазор тонна мавҷуд аст. Дар баробари ин, 33 нуқтаи фурӯш, ки доимо амал мекунанд, таъсис дода шудааст. Танҳо дар ноҳияи Рӯшон 8 нуқтаи доимоамалкунандаи фурӯши маҳсулоти озуқаворӣ фаъолият мекунад.

Ба таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар шароити кунунӣ бунёди чунин иншооти муҳим, ки асосан барои захираи маҳсулоти ғизоию сӯзишворӣ ва масолеҳи сохтмонӣ ва таъмини аҳолӣ бо он пешбинӣ шудааст, муҳиму саривақтӣ мебошад.

Мавриди зикр аст, ки дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз тарафи Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаи ордбарорӣ таъсис ёфтааст, ки бо иқтидори 50 тонна дар як шабонарӯз фаъолият менамояд ва дар анбори корхона имкон аст то 6 ҳазор тонна ғалла захира гардад.

Акнун, бо бунёд гардидани маркази логистикии дорои анборҳои барҳавову бузургҳаҷм дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, пеш аз ҳама, имкони васеи захира кардани намудҳои зиёди маҳсулот, аз ҷумла, орд ва дигар номгӯи маҳсулоти аввалияи ғизоӣ фароҳам гардид. Ин тадбирҳои созанда дар заминаи татбиқи ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — таъмини амнияти озуқаворӣ амалӣ шуда истодаанд.

Дар атроф ва дохили иншоот, ки майсазор ва гулкорӣ гардидааст, дарахтони ороишии ҳамешасабз шинонида шудааст.

20 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Барзуди ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон майдончаи муосири варзиширо мавриди истифода қарор доданд.

50248395701_600ec2282b_oОн аз тарафи соҳибкори саховатпешаи маҳаллӣ Ризвонзода Сафар сохта шудааст.

Оилаи Ризвоновҳо дар пайравӣ аз ташаббусҳои беназири Пешвои миллат иқдом гирифтанд, ки барои ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш дар фурсати кӯтоҳ иншооти варзишии муосирро бунёд намоянд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иқдом ба соҳибкори маҳаллӣ изҳори сипос ва амали бунёдкоронаи ӯро намунаи ибрат арзёбӣ карданд.

Масоҳати умумии майдончаи варзишӣ 800 метри мураббаъ мебошад ва дар он бозиҳои футболи хурд, волейбол ва бас­кетбол гузаронида мешавад.

Дар шафати варзишгоҳ майдони васеи футбол мавҷуд аст. Ҳамчунин, майдончаи бозӣ барои кӯдакон низ бунёд шуда истодааст, ки рӯзҳои наздик пурра ба истифода супорида мешавад.

Дар ноҳияи Рӯшон 3 майдончаи муосири варзишӣ мутобиқ ба талаботи замон бунёд гардидааст ва боз сохтмони 3 майдони варзишии дигар бо ҷалби ҷавонмардони саховатманд идома дорад.

Дар маҷмӯъ, дар ноҳияи Рӯшон беш аз 20 иншооти варзишӣ мавҷуд аст.

Айни замон дар Муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳияи Рӯшон 646 нафар наврасу ҷавон ба намудҳои гуногуни варзиш ҷалб гардидаанд.

Нимаи дуюми 20 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Рӯшон мулоқот карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пазироии самимӣ изҳори сипос ва ба мардуми ноҳия барои амалисозии нақшаҳои созанда ба хотири пешрафти Тоҷикистон барору комёбиҳо орзу намуданд.

Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии Давлату Ҳукумат ва ташаббуси шахсони саховатпеша дар самти анҷоми корҳои ободониву бунёдкорӣ дар ноҳия андешаронӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки дар баробари анҷоми корҳои созандагӣ, дар ноҳия бунёду таҷдиди боз даҳҳо иншооти дигари таъиноти иқтисодиву иҷтимоӣ идома дорад.

Ҳукумати мамлакат дар муддати 29 соли Истиқлолияти давлатӣ ба рушду тараққиёти ноҳияи Рӯшон ва беҳтар гардидани ҳаёти сокинони он аҳамияти доимӣ зоҳир намуда, барои ноил шудан ба ҳадафи олии давлат — баланд бардош­тани сатҳу сифати зиндагии мардум аз тамоми захираву имкониятҳо истифода карда истодааст.

Дар ин давра барои рушди ноҳия ва дастгирии буҷети он аз ҳисоби буҷети давлат зиёда аз 510 миллион сомонӣ, аз ҷумла, дар ҳаҷми 190 миллион сомонӣ, кумаки молиявӣ равона гардидааст.

Инчунин, тайи ин солҳо дар ноҳия 7 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 80 миллион сомонӣ татбиқ гардидааст. Ҳоло амалишавии ду лоиҳаи дигар дар самти мустаҳкам намудани инфрасохтори зидди офатҳои табиӣ ва лоиҳаи фавқулодаи муқовимат бо вируси COVID-19 дар Тоҷикистон идома дорад. То ба имрӯз ҷиҳати татбиқи он 11 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Рӯшон, дар маҷмӯъ, 314 иншооти таъиноти иқтисодиву иҷтимоӣ ба маблағи 183 миллион сомонӣ мавриди истифода қарор гирифтааст.

Аз ин шумора 77 иншоот аз ҳисоби Ҳукумати кишвар ба маблағи 92 миллион сомонӣ бунёду таҷдид гардидааст ва ин раванд бомаром идома дорад.

Аз шумораи умумии иншооти бунёдшуда ба соҳаҳои маориф 45 адад ба маблағи 35 миллион сомонӣ, тандурустӣ 44 адад ба маблағи 6 миллион сомонӣ ва роҳу нақлиёт 19 адад ба маблағи 66 миллион сомонӣ рост меояд.

Дар доираи «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Рӯшон барои солҳои 2016- 2020» аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ татбиқи 127 лоиҳа бо маблағи беш аз 138 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки то ба имрӯз иҷрои он 62 фоиз таъмин шудааст.

Соҳаи кишоварзӣ манбаи асосии ба шуғл таъмин гардидани сокинони ноҳия ва беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии онҳо мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони ноҳия, хоҷагиҳои кишоварзӣ ва масъулони соҳа супориш доданд, ки якҷо бо Вазорати кишоварзӣ ва дигар мақомоти дахлдор дар самти беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, дар муҳлатҳои мувофиқ ва бо истифода аз тухмии хушсифат гузаронидани кишт, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, маҳсулнокии чорво ва дар маҷмӯъ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, тадбирҳои мушаххас андешанд.

Ҳамчунин, роҳбарияти вилоят ва ноҳия вазифадор гардиданд, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзӣ, Иттифоқи «Тоҷикматлубот», соҳибкорон ва хоҷагиҳои деҳқонӣ бо мақсади таъмини бозори истеъмолӣ дар фасли зимистон ва захираву нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ доир ба бунёди сардхонаву анборҳо чораҷӯӣ намоянд.

Супоришҳои дигар ба мақомоти иҷро­ияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояту ноҳия ва Вазорати саноат ва технологияҳои нав барои бартарафсозии монеаҳои рушди соҳибкорӣ, истифодаи пурраи иқтидорҳои истеҳсолӣ, таъсиси корхонаҳои нав ва муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ дода шуд.

Ба Вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияи Рӯшон супориш дода шуд, ки ба масъалаи бартараф намудани мушкилоти соҳаи маориф ва таълиму тарбияи ҷавонон диққати ҷиддӣ дода, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди донишомӯзӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд.

Дар охир Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми ноҳия барои амалӣ гардидани ҳадафу ормонҳои нек саломатӣ ва барору муваффақият орзу карданд.

Баъд сокинони ноҳия, намояндагони касбу кори гуногун баромад карда, барои талошҳову ташаббусҳо ба роҳбарияти Давлату Ҳукумати мамлакат изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Пас аз анҷоми сафари корӣ дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ ва Рӯшон, рӯзи дуюми сафар ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маркази вилоят — шаҳри Хоруғ ташриф оварданд.

Дар Фурудгоҳи шаҳри Хоруғ меҳмони олимақомро роҳбарият ва фаъолони вилоят гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Бояд зикр намуд, ки ҳар ташрифи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гарму самимӣ истиқбол меёбад, зеро боздидҳои кории Пешвои миллат ва ҳидоятҳои созандаашон боиси ободиву пешрафти беназири ин гӯшаи дурдасти Ватан гардидааст.

Ин навбат низ дар шаҳри Хоруғ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд иншооти муҳими хоҷагии халқро мавриди истифода қарор дода, ҳамчунин, барои бунёди як зумра иншооти дигар санги асос гузоштанд.

21 августи соли 2020 сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ аз ифтитоҳи қисми якуми бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8 оғоз гардид.

DCIM100MEDIADJI_0003.JPGОн, ки барои 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст, аз 13 синфхона ва 7 кабинети фаннӣ, аз ҷумла, кабинетҳои компютерӣ, химияву физика, биология, дифои ҳарбӣ ва утоқҳои таълими меҳнат барои писарону духтарон иборат аст. Дар утоқҳои таълими меҳнат духтарон ба омӯзиши касбҳои дӯзандагиву пазандагӣ ва писарон ба ҳунарҳои кандакориву харротӣ фаро гирифта мешаванд.

Бинои нави муассиса, воқеан ҳам, намои бисёр зебо дорад, зеро дар бунёди он, дар баробари истифодаи масолеҳи коркардшудаи сохтмонӣ, аз ҷумла, қуму шағал ва сементу арматура, ҳамчунин, аз сангҳои ороишии маҳаллӣ истифода шудааст.

Дар рафти корҳои сохтмонӣ, ки қариб як сол идома ёфт, 220 нафар сохтмончии маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин гардидаанд.

Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ба коргарону сохтмончиён барои анҷоми корҳо дар муҳлатҳои муайяншуда изҳори сипос карданд.

Фармоишгари иншоот Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон маҳсуб меёбад. Корҳои сохтмониро коргарони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ШС-Шариф» анҷом додааст.

Бинои пешинаи мактаби рақами 8-и шаҳри Хоруғ соли 1958 бунёд шуда, ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ набуд. Аз ин хотир, бо дастури бевоситаи Пешвои миллат дар заминаи мактаби пешина бунёди мактаби нав ба нақша гирифт. Дар бинои нав барои омӯзгорону хонандагон беҳтарин ва муосиртарин шароити кор ва илмомӯзӣ фароҳам оварда шудааст.

Мактаб1Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки мактаби нав пурра бо аёниятҳои дарсӣ ва технологияи муосири таълимӣ таъмин аст. Дар синфхонаи компютерии муассиса, ки дар як вақт имконияти ғунҷоиши 24 хонандаро дорад, 24 адад компютери насли нав насб гардидааст. Дар мактаб ба ҳар як хонанда 1 адад компютер рост меояд, ки ин нишондиҳандаи беҳтарин на танҳо дар вилоят, балки дар ҷумҳурӣ ҳам ба ҳисоб меравад. Вобаста ба ин, зикр шуд, ки шароиту имкониятҳои илмомӯзӣ дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ ба таълимгоҳҳои махсус, аз ҷумла литсей ва мактабҳои президентӣ, баробар аст. Ҳайати омӯзгорону хонандагон барои фароҳам овардани шароити созгори таълимӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуданд.

Зимни суҳбат Сарвари давлат хонандагонро ба истифодаи босамари имкониятҳои фароҳамшуда ва омӯзиши амиқи илму донишҳои замонавӣ ҳидоят карданд.

Дар мактаби нав 28 нафар омӯзгор, ки дорои маълумоти олии касбӣ мебошанд, ба таълиму тарбияи насли наврас машғуланд.

Бо таваҷҷуҳ ба эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» таълими фанҳои дақиқ дар мактаб махсус ба роҳ монда шудааст.

Ба иттилои омӯзгорон, то ҳол чанд нафар хонандаи онҳо дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалии фанҳои дақиқ иштирок карда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Тибқи нақша, ду қисми боқимондаи муассисаи таълимии мазкур то ҷашни сисолагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода мешавад.

Пас аз пурра ба истифода додани муассиса, имкон пайдо мегардад, ки кӯдакону наврасони маҳаллаҳои Хоруғи Боло, Андарситез, Эмомобод ва Дашти Боло дар як баст ба таълиму тарбия фаро гирифта шаванд.

 

Дар майдони ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон  иншооти муҳими дигар — Нишони давлатиро ба истифода доданд.

Бояд зикр намуд, ки соли 2016, ҳангоми ба истифода додани Парчами давлатӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони вилоят ва шаҳри Хоруғ дастур дода буданд, ки дар ҳамин мавзеъ рамзи дигари давлатдорӣ — Нишони давлатиро ҳам бунёд намоянд.

Корҳои сохтмонӣ дар иншоот бештар аз як моҳ идома ёфтанд. Шонздаҳ нафар сохтмончии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Бунёд» дар ин муддат тавонис­танд бо истифода аз масолеҳи сохтмонии баландсифат рамзи давлатдории навини тоҷиконро бунёд намоянд.

Дар бунёди таҳкурсӣ ва пояи Нишон маҳсулоти ватанӣ — санги мармар ва гранит истифода гардидааст. Нишони давлатӣ бо баландии 16,5 метр аз сатҳи замин дар майдони 800 метри мураббаъ сохта шудааст. Гирду атрофи он бо гулу буттаҳои нодири ороишӣ зинат ёфта, роҳравҳои атрофи иншоот сафолакпӯш шудааст.

Дар маҷмӯъ, майдони ба номи Исмоили Сомонӣ 3200 метри мураббаъ масоҳат дорад.

Гузоштани нимпайкараҳои фарзандони фарзонаи миллат, воқеан ҳам, ин мавзеъро ба макони тамошобоб табдил додааст.

Лозим ба таъкид аст, ки солҳои охир дар доираи дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон, дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат рамзҳои давлатдории муосири тоҷикон, аз ҷумла, Нишон ва Парчами давлатӣ, қомат афрохтаанд.

Ин ташаббус эҳсоси ватандӯстию меҳанпарастии мардум, аз ҷумла, наслҳои наврасро дучанд намуда, дар замири онҳо ҳисси ифтихор аз миллату давлат ва гузаштаи бою рангини халқи тамаддунофари тоҷикро қавитар месозад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ, ҳамчунин, бинои нави Филиали рақами 66-и Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк»-ро ифтитоҳ бахшиданд.

Он дар хиёбони Шириншоҳ Шоҳтемури шаҳри Хоруғ дар муҳлати як сол бо иштироки 100 нафар меъмору сохтмончии маҳаллӣ сохта шудааст.

Дар ошёнаи якуми бино Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандон суҳбати озоду ошкоро доир намуда, ифтитоҳи онро дар арафаи таҷлили ҷашни муқаддаси кишвар — 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои кормандон  туҳфаи арзишманд маънидод карданд.

Бинои филиали мазкур, тибқи лоиҳа, аз таҳхона ва чор ошёна иборат мебошад. Масоҳати умумии бино 2076 метри мураббаъро дар бар мегирад. Дар таҳхона махзан, утоқи бойгонӣ, ошхона ва ҳуҷраҳои техникӣ ҷойгир шудааст.

Дар ошёнаи якум, ки қисми амалиётӣ ба ҳисоб меравад, утоқҳои кории кормандон, хазинадорон ва ҳуҷраи бехатарӣ ҷой гирифтааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бонкдорон ҷиҳати дар сатҳи баланд ба роҳ мондани хизматрасонии бонкӣ ба муштариён дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бинои нави филиали номбурда 20 навъи хизматрасонии  молиявиро ба муштариён пешниҳод менамояд ва ҳамаи амалиётҳо бо таҷҳизоти муосири  соҳавӣ  анҷом дода мешавад.

Роҳбари давлат аз шароити фароҳамоварда изҳори қаноатмандӣ карда, ба сохт­мончиён барои бо сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ изҳори сипосу миннатдорӣ  намуданд.

Дар ошёнаҳои дуюм ва сеюми бино қабулгоҳ, ҳуҷраҳои кории кормандон,  маҷлисгоҳи хурд бо 60 ҷой, утоқи муҳосибот ва сармуҳосиб, толори хурди китобхона ҷой дода шудааст.

Дар маҷмӯъ, бинои филиали мазкур аз 27 ҳуҷраи кории барҳаво, маҷлисгоҳ, толори  хурд ва ду бойгонӣ иборат аст.

Занону бонувоне, ки дар Филиали рақами 66-и «Амонатбонк» дар шаҳри Хоруғ фаъолият мекунанд, ба Пешвои миллат барои муҳайё сохтани шароити арзандаи корӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Аз шумораи умумии кормандони бонк дар вилоят 106 нафараш занону бонувон мебошанд, ки 46 фоизи умумиро дар бар мегирад.

Ҳудуди иншоот гулпӯш, роҳравҳо аз ҳар ду ҷониб сафолакпӯшу чароғон карда шудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи «Селхозтехника»-и шаҳри Хоруғ бо гузоштани санги асос ба сохтмони пули калони мошингузар дар болои дарёи Ғунд оғози расмӣ бахшиданд.

Пули нав бо паҳноии 15 метр, дарозии 200 метр ва иқтидори борбардории 100 тонна  сохта хоҳад шуд.

Баъди пайваст гардидани ду тарафи соҳил, роҳҳои ба пул пайвастшаванда низ дар масофаи 100 метр таҷдиду навсозӣ ва чароғон карда мешаванд.

Пули мошингузар дар болои дарёи Ғунд бо тарҳи байналмилалӣ сохта, аз ҳафт сутунпояи зербино ва ду самти ҳаракати нақлиёт иборат мешавад. Аз ҳар ду ҷониби пул бунёди роҳи пиёдагард ҳамчун эстакада ба нақша гирифта шудааст.

Дар рафти сохтмони пули мошингузар мутахассисону сокинони шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ҷойи кор таъмин ва соҳиби маоши хуб мегарданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо лоиҳаи иншоот ба масъулон ҷиҳати анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ дар муҳлати муайянгардида дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.

Лоиҳаи пули мошингузар, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Бонки умумиҷаҳонӣ татбиқ мегардад, аз ҷониби Ширкати лоиҳакашию кӯпруксозии «Темелсу интернэшнл сервис пинк»-и давлати Туркия таҳия гардидааст.

Сохта, ба истифода додани пули мошингузар дар маҳаллаи Селхозтехникаи шаҳри Хоруғ, ки орзуи деринаи сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буд, танбашавии ҳаракати нақлиёт дар хиёбони Шириншоҳ Шоҳтемурро пурра аз миён мебарад.

Мавриди зикр аст, ки тайи солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар заминаи дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳҳои мошингарди маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон-шаҳри Хоруғ таъмиру тармим ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ карда шудааст.

Бо дарназардошти он ки роҳи маркази маъмурии вилоят — шаҳри Хоруғ аҳамияти байналмилалӣ дорад, дар нақша аст, ки ояндаи наздик қисми боқимондаи шоҳроҳ низ марҳила ба марҳила таъмиру навсозӣ карда шавад.

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Хоруғ коргоҳи дӯзандагии «Баҳори ишқ»-ро ифтитоҳ намуданд.

Иншооти нав, ки аз 4 ошёна иборат мебошад, бо саҳми соҳибкори ватандӯс­ти шаҳри Хоруғ Мукаррабшо Ноибшоев бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба талаботи замон сохта шудааст.

Соҳибкори ватанӣ аз сиёсати бунёдкорона ва ҳидоятҳои раҳнамунсози ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯҳу илҳоми тоза гирифта, барои соҳибкасб гардондани ҷавондухтарон ва бо ҷойи кор таъмин кардани бонувони хонашин тасмим гирифта буд, ки як коргоҳи дӯзандагӣ сохта ба истифода диҳад.

Бинои коргоҳи дӯзандагии «Баҳори ишқ» аз утоқҳои маъмурию ёрирасон иборат буда, бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир таъмин карда шудааст.

Дар коргоҳи мазкур, ки 45 мошинаи нави дӯзандагӣ мавҷуд аст, дар марҳилаи аввал қариб 50 нафар соҳиби ҷойи кор хоҳанд шуд.

Мошинаҳои дардӯзӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд аз ҳисоби Фонди зиндагии беҳтар ворид карда шудаанд. Дар коргоҳи дӯзандагӣ асосан либосҳои мактабӣ дӯхта мешаванд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо кормандон ба сифати либосҳои дар корхона дӯхташаванда таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо дастгирии Ҳукумати мамлакат бо бунёд кардани коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ сол то сол сатҳи бекорӣ  коҳиш дода шуда истодааст.

Дар дохили бозори «20-солагии Истиқлол»-и шаҳри Хоруғ бо саҳми соҳибкорони ташаббускор сохтмони марказҳои савдову хизматрасонӣ ва дигар иншоот идома дорад. Бо қомат афрохтани биноҳои навсохт симои шаҳри Хоруғ ободу назаррабо ва сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ боз ҳам беҳтар  хоҳад гашт.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоишгоҳи ҳунарҳои мардумиро, ки дар назди бинои навбунёди коргоҳи дӯзандагии «Баҳори ишқ» ташкил карда шуд, аз назар гузарониданд.

Бояд гуфт, ки дар 6 моҳи соли 2020 қариб 500 нафар аз ҷумлаи занону духтарони ҳунарманд ба қайд гирифта шудааст, ки дар рушд ва эҳёи дубораи ҳунарҳои халқӣ саҳм мегузоранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суҳбат бонувону ҷавондухтаронро ба ривоҷу равнақ додани ҳунарҳои халқӣ ва эҳёи дубораи онҳо ҳидоят намуданд.

Бояд гуфт, ки дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» тӯли 6 моҳи соли равон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон беш аз 800 нафар зану духтари хонашин ба ҳунаромӯзӣ ҷалб гардиданд. Онҳо бо истифода аз имкониятҳои фароҳамнамудаи давлат ба дӯзандагӣ, муҳрабофӣ, тоқидӯзӣ, майдадӯзию ҷӯроббофӣ, сабадбофӣ ва ғайра машғул шуда, аз ҳисоби маҳсули дастон зиндагиашонро пеш мебаранд.

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои маркази савдои «Нигини Хоруғ»-ро ифтитоҳ бахшиданд.

Он бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Айдибек Бекмуродӣ бунёд гардидааст.

Бинои маркази савдо, ки аз се ошёна иборат мебошад, бо тарҳи муосир ва унсурҳои миллӣ дар дохили бозори «20-солагии Истиқлол»-и шаҳри Хоруғ сохта шудааст.

Дар маркази савдои «Нигини Хоруғ» барои 70 нафар ҷойи кор таъсис ёфтааст.

Дар ошёнаи якуми бино нуқтаҳои савдо, дорухона, кошонаи ҳусн, ду мағозаи фурӯши хӯроки умумӣ ва дигар иншооти ёрирасон ҷойгир аст. Дар ошёнаҳои дуюм ва сеюми иншоот мағозаи фурӯши либосу пойафзол, олами қолинҳо ва дар як гӯшаи он намоиш ва фурӯши ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шудааст.

Тибқи иттилои масъулон, дар рафти корҳои сохтмонӣ дар он ҷо қариб 100 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардидаанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонии анҷомёфта баҳои баланд дода, ба соҳибкори ватанӣ барои иқдоми шоиста изҳори сипос карданд.

Мавриди зикр аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушди соҳибкории хурд ва дастгирии бахши хусусӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Ҳукумати мамлакат ҳамеша ташаббусҳои бунёдкоронаи соҳибкорони маҳаллиро дастгирӣ ва барои пешбурди фаъолияти онҳо тадбирҳои муҳиму саривақтиро амалӣ менамояд.

Соҳибкорони бонангу номуси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, дар корҳои ободонӣ ва сохтмони иншооти таъиноти гуногун саҳм гузошта истодаанд.

Пас аз ифтитоҳи бинои маркази савдои «Нигини Хоруғ» Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ятимон ва шахсони имконияташон маҳдуди шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Мурғоб, Ишкошим, Роштқалъа ва Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот ва суҳбати самимӣ доир намуданд.

Пешвои миллат ба беш аз 100 нафар ятими кул, маъюбон ва шахсони имконияташон маҳдуд туҳфаи молӣ ва пулӣ тақдим карданд, ки нишонаи олии ғамхории доимии Сардори давлат ба табақаи ниёзманди ҷомеа мебошад.

Маъюбон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгириҳои пайваста ва ғамхории падаронаашон аз самими қалб миннатдорӣ намуданд.

Дар ҳамон ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро аз назар гузарониданд.

Дар намоишгоҳ аз ҷониби кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилоят номгӯйи зиёди маҳсулоти кишоварзӣ, меваю сабзавот, асали тозаи кӯҳистон ва гулу гиёҳҳои шифобахш ба намоиш гузошта шуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он ҷо бо деҳқонон суҳбат карда, ба онҳо барои самараноку оқилона истифода бурдани ҳар қитъа замини корам, махсусан, заминҳои наздиҳавлигӣ, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва захираи кофии маҳсулот дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар доираи «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 — 2020» соли равон дар ҳама шакли хоҷагидорӣ дар майдони 16,5 гектар боғи нав бунёд ва қариб 9 гектар боғи куҳна барқарор карда шудааст.

Истифодаи мақсадноки замин ба кишоварзони вилоят имкон фароҳам овардааст, ки соли ҷорӣ майдони кишти ҳама гуна зироат зиёд ва ҳаҷми истеҳсол афзоиш дода шавад.

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо бардош­тани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ, дар вазъияти тантанавӣ бинои нави Театри мусиқию мазҳавкавии ба номи Меҳрубон Назаровро барои 1000  ҷойи нишаст ифтитоҳ бахшиданд.

Санги асоси бунёди бинои 3-ошёнаи театри вилоятӣ соли 2015-ум аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон гузошта шуда, корҳои сохтмонӣ дар он аз соли 2016 шурӯъ гардид.

Президенти мамлакат бунёди кохи муҳташами фарҳангиро дар маркази вилоят  дар арафаи таҷлили 29-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аҳли санъату фарҳанги «Боми ҷаҳон» армуғони арзишманд номиданд.

Фармоишгари бинои театри вилоятӣ Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва паймонкор Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Бунёд» мебошанд.

Дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар он ҷо 150 нафар сохтмончию меъмори касбии маҳаллӣ ба кор ҷалб шуда, биноро бо риояи талаботи ҳозиразамон бунёд кардаанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба санъати баланди меъмории миллии бинои театр, ки аз ҷониби устоҳои чирадасти мамлакат бо усули ҳозиразамон зебу зинат ёфтааст, баҳои баланд доданд.

Бинои театри вилоятӣ, ки аз 3 ошёна ва таҳхона иборат мебошад, дар масоҳати 0,54 садяк замин қомат афрохтааст. Дар таҳхонаи бино толорҳои машқу тамрини ҳунармандон ва гузаронидани дарсҳо пешбинӣ гардидааст, ки барои фаъолияти  назарраси ҳунармандон заминаи воқеӣ мегузорад.

Дар ошёнаи якум миёнсарой, толори асосӣ барои саҳна, хонаҳои маданият бо утоқҳои либосивазкунӣ ва ҳуҷраҳои санитарӣ ҷойгир шудаанд. Дар толори асосии театр барои тамошобинон 1000 ҷойи нишаст фароҳам оварда шудааст.

Саҳнаи театри мазкур, ки бо нақшу нигори миллӣ гаҷкорӣ шудааст, барои гузаронидани чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ мусоид мебошад. Дар ошёнаҳои 2-юм ва 3-юми бино ҳуҷраҳои маъмурияти театр, утоқҳои корӣ, фароғатӣ ва устохонаҳои дӯзандагӣ ҷойгир шудааст.

Ҳудуди бино бо тахтасангҳои мармарини истеҳсоли коргоҳҳои вилоят ороиш ёфтааст. Роҳравҳои бино бо маҳсулоти коргоҳҳои ватанӣ бо усули ҳозиразамони сохтмонӣ зинат дода шудааст.

Атрофи театрро пурра гулкорӣ ва бо сутунпояҳои равшанидиҳанда чароғон  намудаанд. Шабонгоҳ ин макон ба сайругашти ҳақиқии сокинони шаҳри Хоруғ табдил ёфтааст.

Пас аз боздид ва шиносоӣ бо шароиту имкониятҳои бинои нав, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори бузурги театр бо аҳли фарҳанг мулоқоти самимӣ доир намуда, барномаи таҳиякардаи санъаткорони вилоятро тамошо карданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунари волои санъаткорону ҳаваскорони вилоят, ки бори аввал дар саҳнаи театри навбунёд барномаи  тамошобобро таҳия намуданд, баҳои баланд доданд.

Ҳангоми суханронӣ Пешвои миллат фарҳангро оинаи рӯзгори ҳар як халқу миллат маънидод намуда, зикр карданд, ки рушди соҳаи фарҳанг дар меҳвари сиёсати роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Аҳли фарҳанги вилоят ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди иншооти бузург, ки василаи хуби ҳифзи фарҳанги бузурги халқи тоҷик аст,  изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Тирчиди шаҳри Хоруғ майдончаи муосири варзиширо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Майдончаи варзишӣ, ки дар доираи ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ бунёд гардидааст, яке аз иншооти муосир дар маркази вилоят маҳсуб меёбад.

Дар маҳаллаи Тирчид 225 оила ва наздик ба ҳазор нафар, ки синни то 35 доранд, истиқомат мекунанд. Кӯдакону наврасон ва ҷавонони маҳалла солҳои зиёд ба иншооти замонавии варзишӣ эҳтиёҷ доштанд.

Тавре ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, майдончаи варзишӣ, ки дар масоҳати умумии 1170 метри мураббаъ, дар доираи татбиқи лоиҳаи «Мусоидат ба сулҳу субот тавассути инфрасохтори муҳим дар шаҳри Хоруғ» бунёд ёфтааст, дорои 320 ҷойи нишаст мебошад.

Он бо беҳтарин шароити инфрасохторӣ бунёд ва тамоми талаботи муосир ба инобат гирифта шудааст. Аз ҷумла, гирду атрофи иншоот пурра чароғон гардидааст. Пешайвон ва ҷойи нишасти тамошобинон тавассути соябонҳо аз боду борон муҳофизат мешавад. Дар иншоот, ҳамчунин, майдончаҳои хурди дигар барои бозии футбол, баскетбол ва волейбол сохта шудааст.

Фарши майдонча бо рӯйпӯши махсуси резинӣ сохта шудааст, ки дар мамлакат усули нав ба шумор меравад. Бартарии рӯйпӯши резинии бедарз дар он аст, ки ба ҳама гуна боду ҳаво тобовар мебошад.

Корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмони  майдончаи варзишӣ аз моҳи майи соли равон оғоз ёфта, бо ҷалби чор ширкати сохтмонии ватанӣ — ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди «Адис», «Саховати Комрон», «Помирэнергосервис» ва «Муросо-эко» дар муҳлати камтар аз 3 моҳ ба итмом расидааст.

Айни замон дар маҳаллаҳои Андарситез, Фурудгоҳ, Султони Валӣ, Гулобод ва кӯчаи Насиллобекови шаҳри Хоруғ бунёди боз панҷ майдончаи варзишӣ идома дорад.

Бояд гуфт, ки танҳо соли 2019 дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қариб 400 иншооти варзишӣ сохта, ба истифода дода шудааст.  Бунёди  садҳо маҷмааву толор ва майдончаи варзишии дигар идома дорад.

Дар як қисми майдончаи варзишӣ гӯшаи алоҳида барои бозии кӯдакон пешбинӣ гардидааст. Дар он ҷо барои дилхушии кӯдакон тамоми шароит муҳайё ва бо таҷҳизоти муосир ҷиҳозонида шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мураббиён ва варзишгарони наврас — аъзои тимҳои футболи хурд, ки шогирдони Мактаби махсуси бозиҳои варзишии шаҳри Хоруғ мебошанд, суҳбати самимӣ доир намуда, онҳоро ба донишандӯзӣ, дӯст доштани варзиш, интихоби тарзи ҳаёти солим ва роҳи дурусти ҳаёт талқин намуданд.

Дар ҳамон ҷо Сарвари давлат ба варзишгарони навраси шаҳри Хоруғ туҳфаҳои гуногун, аз ҷумла, сарулибоси варзишӣ, тақдим намуда, ба бозии футбол дар майдончаи нав оғоз бахшиданд.

Сокинони маҳаллаи Тирчид, махсусан, ҷавонону наврасон, барои дастгириҳои ҳамешагӣ ва иқдомҳои шоиста баҳри вусъати созандагиву бунёдкорӣ, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон изҳори сипосу миннатдорӣ ­намуданд. 

www.president.tj