(Идома аз шумораҳои гузашта)
22 август дар шаҳри Хоруғ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон ва Хоруғ натиҷагирӣ карда, таъкид доштанд, ки аз рӯи мушоҳидаҳо вилоят дар натиҷаи таваҷҷуҳи доимии Давлату Ҳукумати мамлакат ва заҳмату талошҳои ватандӯстонаи мардуми сарбаланди он ба таври назаррас обод ва сатҳи зиндагии мардум тадриҷан беҳтар шуда истодааст.
Пешвои миллат изҳор доштанд, ки маҳз бо мақсади таъмини рушду тараққиёти вилоят асри XXI-ро — асри рушди Бадахшон ва ин минтақаи биҳиштосои кишварро — дарвозаи тиллоии Тоҷикистон эълон ва бо ҳамин мақсад садҳо нақшаву барномаи созандаро амалӣ карда истодаем.
Сарвари давлат ба мардуми вилоят барои истиқболи самимӣ изҳори сипос ва барои расидан ба ҳадафҳои созанда баҳри таъмини зиндагии шоистаи аҳолӣ барору комёбӣ орзу карданд.
Таъкид шуд, ки барои таъмин намудани рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби сарчашмаҳои маблағгузорӣ зиёда аз 18 миллиард сомонӣ равона гардидааст.
Дар замони соҳибистиқлолӣ дар вилоят 31 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи беш аз се миллиард сомонӣ ба анҷом расидааст. Ҳоло татбиқи 11 лоиҳаи дигар ба маблағи умумии се миллиарду 300 миллион сомонӣ идома дорад.
Дар доираи барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он солҳои 2016-2020 татбиқи 1345 лоиҳа дар соҳаҳои гуногун ба маблағи умумии беш аз 6,5 миллиард сомонӣ пешбинӣ ва дар чор соли сипаришуда 447 лоиҳа ба маблағи зиёда аз 2 миллиард сомонӣ пурра татбиқ гардидааст.
Ҳоло дар вилоят 259 лоиҳа ба маблағи 400 миллион сомонӣ амалӣ шуда истодааст. Татбиқи лоиҳаҳои гуногун дар вилоят минбаъд низ идома дода мешавад.
Сарвари давлат барои расидан ба ҳадафҳои рушди миллӣ ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он дастуру супоришҳо доданд.
Зикр гардид, ки Ҳукумати мамлакат бо вуҷуди таъсири омилҳои манфии берунӣ ва хавфҳо дар шароити паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ҷиҳати коҳиш додани пайомади онҳо ба иқтисоди миллӣ тамоми тадбирро андешида истодааст.
Дар ин раванд, доир ба дарёфти сарчашмаҳои маблағгузории соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар, аз ҷумла, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, корҳои назаррас амалӣ шуда истодаанд.
Дар солҳои 1992 — 2020 аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ танҳо барои дастгирии буҷети вилоят дар ҳаҷми 1,7 миллиард сомонӣ кумаки молиявӣ ҷудо гардидааст.
Даврони соҳибистиқлолӣ дар вилоят 2030 иншоот ба маблағи 3,1 миллиард сомонӣ бунёд ва азнавсозӣ гардидааст.
Танҳо соли 2019-ум 202 иншооти таъиноти иҷтимоиву иқтисодӣ ба маблағи 380 миллион сомонӣ сохта, ба истифода супорида шудааст. Ҳоло корҳои сохтмону азнавсозӣ дар 506 иншоот ба маблағи беш аз якуним миллиард сомонӣ идома доранд.
Президенти мамлакат роҳбарони вилоят, вазорату идораҳои марбута, Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ ва дигар сохторҳои дахлдорро вазифадор карданд, ки иншооти банақшагирифташударо босифат бунёд карда, дар муҳлатҳои пешбинишуда ба истифода супоранд.
Қайд шуд, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, хусусан, дар самти истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва коркарди ашёи хом, имкониятҳои калон дорад ва истифодаи самараноки онҳо масъулият, касбият ва қобилияти баланди ташкилотчигиро талаб мекунад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳои он ва вазорату идораҳои дахлдорро вазифадор карданд, ки ҷалби сармояи дохиливу хориҷиро барои таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ, бахусус, дар самти коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ва истеҳсоли масолеҳи сохтмон, аз ҷумла, коркарди мармар, мева, гиёҳҳои шифобахш ва истеҳсоли маҳсулоти ниёзи аввал вусъат бахшанд.
Зимни таҳлили вазъи воқеии соҳаҳои иқтисодиёти вилоят Сарвари давлат доир ба азму талошҳои Давлату Ҳукумати кишвар ҷиҳати пурра бо неруи барқ таъмин намудани аҳолӣ ва корхонаву муассисаҳои вилоят, бунёди иншооти гидроэнергетикӣ, рушди соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, сохтмони роҳҳо, пулҳо, бунёду ба истифода додани иншооти соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва сайёҳӣ андешаронӣ карданд.
Пешвои миллат барои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва таъмини иҷрои супоришҳо, амру фармонҳои Президенти мамлакат ба Ҳукумати кишвар, роҳбарияти вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ супоришҳои мушаххас доданд.
Иҷрои ҳадафҳо дар самти истифодаи самараноки заминҳои корам, қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва иҷрои дурнамои тасдиқшудаи кишти зироатҳои кишоварзӣ, ободонӣ ва бунёди иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ аз тадбирҳои минбаъда дар роҳи рушду пешрафти вилоят номида шуд.
Ҳоло барои истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои ободониву созандагӣ бомаром идома доранд.
Тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда, дар вилоят сохтмони 613 иншооти ҷашнӣ пешбинӣ гардида, то кунун 38 фоизи он пурра иҷро ва 145 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст.
Сарвари давлат таъкид карданд, ки суръати иҷрои корҳо то ҳанӯз қонеъкунанда нест ва аз роҳбарону мутасаддиён тақозо мегардад, ки корро дар ин самт ҷоннок намоянд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳру ноҳияҳои он ва вазорату идораҳои дахлдор вазифадор карда шуданд, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони ватанӣ ва шахсони саховатпеша ҷиҳати дар муҳлатҳои муқарраршуда, бо сифати баланд ва бо риояи санъати баланди меъморӣ бунёд намудани иншооти банақшагирифташуда чораҳои зарурӣ андешанд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он якҷо бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор шуданд, ки дар баробари таъмиру таҷдиди муассисаҳои тиббии вилоят, ба муҷаҳҳазгардонӣ ва бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани онҳо диққати аввалиндараҷа диҳанд.
Бо дарназардошти мавҷудияти табиати нотакрор, кӯҳу қуллаҳои баланду барфпӯш ва мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодиёти вилоят ба ҳисоб меравад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳои он ва Кумитаи рушди сайёҳиро ҷиҳати дар мавзеъҳои таърихиву сайёҳӣ ташкил кардани инфрасохтори замонавӣ, назорати ҳолати санитарии онҳо, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва омода намудани кадрҳо дар ин самт, инчунин, ҷалби аҳолӣ ба рушди ҳунарҳои мардумӣ вазифадор карданд.
Президенти мамлакат зимни таҳлили вазъи ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ва сохтору мақомоти давлатии вилоятро вазифадор намуданд, ки робитаро бо аҳолӣ мустаҳкам карда, барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқиву шаҳрвандии сокинон корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни ҳама қишри ҷомеа тақвият бахшанд.
Вазорату идораҳо ва сохтору мақомоти марбута вазифадор шуданд, ки иҷрои талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи забони давлатӣ» — ро таҳти баррасии ҳамаҷониба ва назорати ҷиддӣ қарор диҳанд.
Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба сокинони меҳмоннавоз ва заҳматкашу матиниродаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои пазироии самимӣ арзи сипос ва ба хонадони ҳар яки онҳо саломатӣ, хушбахтӣ ва файзу баракат орзу карданд.
Баъди суханронии Пешвои миллат намояндагони касбу кори гуногун Муборакшо Амонбеков — табиб, Саъдӣ Хушвахтов — роҳбари ширкати хусусии «Ҷуръат» ва Давлатсултон Раҳматхудоева — собиқадор баромад карда, ба Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои талошу ташаббусҳои созандаашон ҷиҳати рушду пешрафти вилоят, дастгирии соҳибкории хурду миёна ва таъмини зиндагии шоиста барои аҳли ҷомеа, изҳори миннатдорӣ намуданд.
Сипас, аз номи сокинони меҳнатқарин ва меҳмоннавози вилоят раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов баромад карда, ба роҳбарияти Давлату Ҳукумат баҳри дастгирии ҳамаҷониба ва таваҷҷуҳ ба рушди ҳаматарафаи ин минтақаи мамлакат изҳори сипос карданд.
22 август, пас аз анҷоми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Душанбе баргаштанд.
Дар Фурудгоҳи шаҳри Хоруғ меҳмони олимақом — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарият ва фаъолони вилоят бо самимияти хоса гусел карданд.
Ин сафар, чун сафарҳои қаблии Роҳбари давлат аз ин минтақаи дурдасти мамлакат, бобарор буд, зеро дар давоми 4 рӯз бо иштироки Пешвои миллат дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон ва шаҳри Хоруғ даҳҳо адад иншооти наву муосир мавриди истифода қарор дода, ҷиҳати бунёди як зумра иншооти муҳими дигар санги асос гузошта шуд.
Аксари иншооти нави сохтмонашон банақшагирифта, то ҷашни фархундаи умумимиллӣ — 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.
Маҳз таваҷҷуҳи зиёд ва дастуру ҳидоятҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гардидааст, ки новобаста ба дурии роҳ, иқлиму релефи номусоид, шаҳру ноҳияҳои ин минтақаи дурдасти мамлакат рушду инкишоф ва тадриҷан ба дарвозаи тиллоии Тоҷикистон табдил меёбад.
www.president.tj