23 марти соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф овард.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд сокинони вилоят бо шукӯҳу шаҳомати хоса ва самимияти беандоза истиқбол гирифтанд.
Сафари корӣ аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз гардид.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти «Чашмасор»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо буридани лентаи рамзӣ корхонаи сементбарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хуаксин Ғаюр — Суғдсемент»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Сохтмони корхона аз ҷониби ширкати ватании «Ғаюрсемент» дар якҷоягӣ бо шарикони чинӣ — Ширкати «Хуаксин семент» соли 2014 оғоз ёфт ва дар масоҳати 48 гектар замини бекорхобида бо харҷи зиёда аз як миллиард сомонӣ бунёд гардидааст.
Иқтидори лоиҳавии корхона дар як шабонарӯз 3300 тонна ва дар як сол беш аз як миллион тонна семент буда, дар он беш аз 1300 нафар бо кори доимӣ таъмин шудаанд. Беш аз 90 фоизи коргарон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, ки маоши онҳо аз 1500 то 12000 сомониро ташкил медиҳад. Дар корҳои сохтмонӣ ва васлгарии корхона 1400 нафар бинокор ва корманди муҳандисию техникӣ иштирок намудаанд, ки аксари онҳо сокинони маҳаллӣ буданд.
Бо мақсади таъмини муътадили фаъолияти корхонаи сементбарорӣ неругоҳи барқи ҳароратӣ бо иқтидори 25 мегаватт дар як соат ва баҳри муҳайё сохтани шароити мусоиди кору зисти коргарон дар назди корхона хобгоҳи муосир ва ошхона бунёд гардидааст.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти корхона шинос шуда, ба кори соҳибкорон баҳои баланд дод ва арзи сипос намуд.
Корхонаи «Хуаксин Ғаюр — Суғдсемент» бо технологияи муосири ҷаҳонӣ сохта шуда, маҳсулоташ бепартов ва аз ҷиҳати экологӣ безарар мебошад. Навъи сементи корхона 400, 500 ва 600 буда, ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ ва дар бозори аврупоӣ маъмулу рақобатпазир мебошад. Корхона ҳар сол ба давлат беш аз 145 миллион сомонӣ андоз хоҳад супорид.
Ба гуфти соҳибкори ватанӣ Акбар Ғуломов, бо фаъол гардидани корхонаи мазкур ва афзоиши маҳсулот арзиши семент дар Тоҷикистон, аз ҷумла вилояти Суғд то 35 дарсад коҳиш меёбад ва он боз воридотивазкунанда низ ҳаст.
Баъди ифтитоҳи корхона Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва коргарони ин коргоҳи истеҳсолӣ мулоқоти судманд анҷом дод.
23 марти соли 2016 дар деҳоти «Чашмасор»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди сад гектар боғи сиёҳолу оғоз бахшид.
Сарвари давлат бо кушодани қубури обгузар заминҳои ташналабро шодоб гардонида, якҷоя бо хоҷагидорону боғпарварон ниҳол шинонд.
Дар замини аз ҳисоби беобӣ бекорхобидаи деҳот, ки тӯли солҳо ҳамчун чарогоҳ истифода мешуд, соҳибкорон дар масоҳати 120 гектар боғ бунёд кардаанд. Дар ин ҷо 100 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудааст. Мақсад аст, ки боз дар майдони 600 гектар боғи сиёҳолу бунёд шавад ва ин имкон медиҳад, ки ҷойҳои иловагии корӣ ташкил гардад.
Дар 100 гектар нуҳ навъи ниҳоли сиёҳолу, дар масоҳати 20 гектари дигар навъҳои гуногуни шафтолу шинонида шудааст. Соҳибкорон Нодирҷон Қодиров ва Хуршед Шодиев барои обёрии 600 гектар замин аз дурии 13 километр ба воситаи қубурҳо об овардаанд.
То якуми марти соли ҷорӣ хоҷагидорон дар масоҳати 100 гектар боғи сиёҳолуи «Тобистон», «Испалинӣ», «Султонӣ», «Комета», «Самарқандии барвақтӣ» ва «Японӣ» бунёд кардаанд. Дар масоҳати 20 гектар ниҳоли шафтолуи навъҳои «Лола», «Фарҳод», «Чилагӣ» ва «Элберта» шинонида шудааст.
Дар оянда тибқи нақша дар ҳамин ҷо як корхона бо 200 ҷойи корӣ барои коркарди мева бунёд карда мешавад.
Сиёҳолу дар бозори ҷаҳонӣ серхаридор буда, асосан ба Федератсияи Россия, Қирғизистон ва Аврупо содирот мешавад. Барои самаранок истифода бурдани замин ва даромади иловагӣ аҳли меҳнат миёни ниҳолҳо пиёзи тирамоҳӣ кишт кардаанд. Сиёҳолу баъд аз се сол ба ҳосил даромада, дар соли аввал то 12 килограмм аз ҳар як ниҳол ҳосил медиҳад.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои вусъати бунёди боғҳои нав ва дар амал татбиқ кардани «Барномаи давлатии рушди соҳаи боғутокпарварӣ барои солҳои 2016-2020» ба сокинони ноҳия дастуру тавсияҳои муфид дод.
23 марти соли 2016 дар ноҳияи Мастчоҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ дар вазъияти тантанавӣ ба фаъолияти муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумии № 36-и деҳаи Андарвашти деҳоти «Оббурдон» оғози расмӣ бахшид.
Сарвари давлат бо шароити муосири синфхонаҳои барҳаво, ки дар ин муассисаи таълимӣ фароҳам оварда шудааст шинос шуда, бо хонандагон суҳбати озоду самимӣ намуд.
Муассисаи таълимии мазкур аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 240 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст. Бино дорои 15 синфхона, аз ҷумла синфхонаи компютерӣ бо тахтаи электронӣ ва синфхонаи физикаю биология бо навтарин воситаҳои аёнии таълимӣ муҷаҳҳаз мебошад.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои ифтитоҳи боз як синфхонаи компютерӣ ба хонандагон компютерҳои муосир ва барои дастаи ҳаваскорон як миқдор асбобҳои миллии мусиқӣ тақдим кард.
Ин муассисаи тозабунёд, ҳамчунин дорои толори замонавии варзишӣ бо 200 ҷойи нишаст, ошхона, майдончаҳои варзишӣ ва синфхонаи дарси хӯрокпазӣ буда, аз тарафи Идораи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд маблағгузорӣ шуда, корҳои сохтмониро коргарони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Бинокор-Иқбол»-и ноҳияи Мастчоҳ анҷом додаанд. Арзиши умумии ин иншоот беш аз 5 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Қаблан фарзандони сокинони деҳоти мазкур ба дигар муассисаҳои таълимӣ, ки дар масофаи то 6 километр буд, барои таҳсил мерафтанд ва дар фасли сармо ба мушкилӣ рӯ ба рӯ буданд.
Муассисаи нав бо воситаҳои аёни муосири таълимӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, бо маркази гармидиҳӣ пайваст мебошад.
Хонандагону сокинони деҳаи Андарвашти деҳоти «Оббурдон» бунёди муассисаи таълимии наву замонавиро туҳфаи арзандаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ маънидод намуда, барои ин ғамхорӣ ба Пешвои миллат изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.
Баъди ифтитоҳи бинои муассиса дар саҳни ҳавлӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони ноҳия ва устодону хонандагон мулоқоти самимӣ доир кард.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ барои бунёди шаҳраки наву замонавии «Меҳробод» санги асос гузошт.
Он дар масоҳати 330 гектар, дар ҳудуди деҳоти «Суғдиён» бунёд меёбад.
Нақшаи генералии «Меҳробод» аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Суғдофар» таҳия гардидааст. Тибқи нақша дар шаҳрак 18 километр дуртар аз маркази ноҳияи Мастчоҳ бояд 220 манзили дуқабата ва 2500 манзили зисти якқабата сохта шавад.
Дар даромадгоҳи шаҳраки «Меҳробод» Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди се иншооти муҳим, аз ҷумла мактаб, беморхона ва боғчаи кӯдакона асос гузошт.
Зимни шиносоӣ бо лоиҳа Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмончиён дастур дод, ки шаҳр мутобиқи тамоми қоидаҳои шаҳрсозӣ босифат бунёд гардад ва он бояд садсолаҳо ба мардум хизмат расонад.
Дар ин мавзеъ аллакай 1,5 километр роҳ мумфарш гардида, хатҳои интиқоли барқ ва лӯлаҳои об кашида шудааст.
Маълум гардид, ки дар ин ҷо сокинони шаҳраки Сомониён, деҳоти «Палдорак», «Бӯстон» ва «Оббурдон» бо замин таъмин карда шудаанд.
Ин тадбири хеле олиҳимматонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба хотири беҳдошти сатҳи зиндагии мардум амалӣ гардид.
Сокинони ноҳия барои чунин ғамхориҳо ба Сарвару Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.
23 марти соли 2016 дар маркази шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ бо бардоштани парда муҷассамаи барқади аввалин асосгузори давлати тоҷикон шоҳ Исмоили Сомониро ифтитоҳ намуд.
Он дар хиёбони марказӣ дар шафати боғи фарҳангӣ — фароғатии шаҳрак бунёд шуда, баландиаш бо таҳкурсӣ 12 метрро ташкил медиҳад ва аз ҷониби Арбоби ҳунари Тоҷикистон Ғафурҷон Ҷӯраев сохта шудааст.
Бинои Қасри фарҳанги ноҳия ҳам дар даруни боғ аз нав таъмир гардидааст. Аз тарафи соҳибкор Мирзораҳим Шарифов низ чойхонаи нави миллӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шудааст.
Арзиши умумии корҳои азнавсозӣ ва сохтмони иншоот дар маҷмӯъ 17 миллиону 900 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо баъди ифтитоҳи иншооти нав ва шиносоӣ бо шароити истироҳату фароғати сокинон бо фаъолони ноҳияи Мастчоҳ суҳбату мулоқоти самимӣ доир кард.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ҳамаи ҳозиринро бо фарорасии фасли зебои баҳор, Наврӯзи ҷаҳонии тоҷикон, ҷашнҳои бузурги дарпешистода ва ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим табрику таҳният гуфт.
Сарвари давлат ба соҳибкорони ватанӣ, ки барои ободонии диёри хеш саҳми муносиб гузоштаанд, изҳори сипос намуд.
Зимни суханронӣ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба талошҳои созандаи роҳбарияти Давлату Ҳукумати кишвар баҳри рушди ҷомеа ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардум андешаронӣ кард.
Сокинони ноҳия дар навбати худ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхориашон миннатдорӣ намуданд.
Баъди суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҳунармандони ноҳия барномаи рангини консертӣ пешкаш гардид.
24 марти соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри бостонии Исфара ташриф овард.
Дар ин ҷо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар вазъияти тантанавӣ бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти бинои маъмурии Прокуратураи шаҳри Исфара оғози расмӣ бахшид, ки дар доираи лоиҳаи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Исфара барои солҳои 2013-2017» амалӣ гардид.
Бинои маъмурии Прокуратураи шаҳри Исфара дар масоҳати умумии 240 метри мураббаъ сохта шуда, аз се ошёна иборат мебошад. Барои анҷоми корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот 3,4 миллион сомонӣ сарф карда шудааст. Корҳои сохтмониро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Созанда» бо сифати ҷавобгӯ ба меъёрҳои сохтмонӣ иҷро кардааст.
Бинои мазкур аз таҳхона, 11 ҳуҷраи кории бо тамоми лавозимот муҷаҳҳаз иборат мебошад. Иншоот ҳамзамон ба шабакаи марказии гармидиҳӣ пайваст карда шудааст.
Дар атрофи иншоот дарахтони мевадиҳанда ва гулу гулбуттаҳо бо таҷҳизоти гуногуни равшанидиҳӣ ороиш дода шудааст, ки ба ҳусни шаҳри Исфара ҳусни тозае зам намудааст.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи ин бинои муосирро бо тамоми таҷҳизот ба кормандон муборакбод гуфта, онҳоро барои иҷрои садоқатмандонаи вазифаҳояшон ва таъмини волоияти қонун ҳидоят кард.
24 марти соли 2016 дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Исфара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҷмааи корхона ва муассисаҳои хизматрасонӣ ташриф овард. Сокинони шукргузори шаҳри Исфара Пешвои миллатро бо самимияти баланд истиқбол гирифтанд.
Арзиши умумии сохтмони Маҷмааи хизматрасонӣ наздики 7 миллион сомонӣ буда, фармоишгарони он сокинони ватандӯсти ноҳия мебошанд.
Соҳибкори маҳаллӣ Файзулло Нурилоев дар шаҳр биноеро бо маркази «Бизнес инкубатор» бунёд намудааст, ки он ҳамчун нуқтаи бозомӯзӣ барои соҳибкорони ҷавони шаҳр хизмат мерасонад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо намояндагони соҳибкорони шаҳр дастур дод, ки бештар ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва технологияи компюетрӣ таваҷҷуҳ зоҳир намоянд. Инчунин, ба соҳибкории истеҳсолӣ ру оварда, тавлиди маҳсулоти ватаниро афзоиш диҳанд.
Дар қисми дигари бино соҳибкор Маркази хизматрасонии равзанаи ягонаро бунёд кардааст. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз ин иқдоми Ф. Нурилоев низ изҳори хушӣ карда, дастур дод, ки тарзҳои муосиртари усули равзанаи ягонаро, ки бидуни дахолати инсон сурат мегирад, ба роҳ монанд. То ин дам дар шаҳри Исфара Маркази равзанаи ягона вуҷуд надошт ва соҳибкорон барои ба расмиятдарории санадҳои ҳуқуқӣ ба маркази вилоят мерафтанд.
Арзиши лоиҳавии иншоот зиёда аз 1,5 миллион сомонӣ мебошад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси соҳибкорони ватандӯстро ибратбахш хонда, ибтикори онҳоро шоёни дастгирӣ арзёбӣ намуд.
Дар ошёнаҳои дуюм то чорум 18 манзили истиқоматӣ ҷойгир шудааст, ки он бо нархҳои дастрас ба сокинони шаҳри Исфара фурӯхта мешавад Дар ҳамин бинои муҳташами хизматрасонӣ мағозаи фурӯши либос ва таҷҳизоти маишӣ — техникии «Ориёно» — ро соҳибкор Нарзулло Улмасов бунёд намудааст, ки аз панҷ ошёна иборат мебошад. Дар ошёнаи якум Маркази савдои «Ориёно» ҷойгир шудааст. Дар як қисми мағоза таҷҳизоти маишӣ — техникӣ ва дар дигараш мағозаи фурӯши сарулибос фаъолият мекунад. Дар ошёнаҳои боқимондаи бинои панҷқабата хонаҳои истиқоматӣ бо тарҳу шакли нав бунёд гардидааст, ки барои фурӯш пешбинӣ мешавад.
Арзиши лоиҳавии он зиёда аз 3,3 миллион сомонӣ мебошад.
Бо таваҷҷуҳ ба дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҷалби занону бонувон ба касбомӯзӣ дар маҷмааи корхона ва муассисаҳои хизматрасонӣ соҳибкорони шаҳри Исфара коргоҳи таълимӣ — дӯзандагии «Саховат»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Он дар бинои бисёрошёна ҷойгир буда, аз ду толор — яке барои омӯзонидани ҳунарҳои дастӣ ва дӯзандагӣ ва дуюмӣ нуқтаи намоиш ва фурӯши ҳунарҳои мардумӣ иборат мебошад.
Ҳангоми шиносоӣ аз ин марказ Президенти мамлакат ба соҳибкорон барои дастгирӣ аз сиёсати неки иҷтимоии роҳбарияти Давлату Ҳукумат изҳори сипос кард. Дар маркази омӯзишӣ имкон аст, ки дар як сол то 300 нафар занону боонувон ба касбомӯзӣ фаро гирифта шаванд.
Дар ошёнаҳои дуюм то чоруми ҳамин қисмати бино низ даҳ хонаи истиқоматӣ ҷойгир аст. Соҳибкорони бунёдкор талош намуданд, ки ҳамзамон, бо фаъол намудани марказҳои хизматрасонӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ, инчунин хонаҳои истиқоматӣ сохта, ба истифода диҳанд. Арзиши лоиҳавии иншоот зиёда аз 1,5 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Соҳибкори дигари шаҳр Зиёваддин Ҳамдидинов ташхисгоҳи тибби оилавӣ ва гиёҳдармониро дар ҳамин иншоот фаъол кард.
Ташхисгоҳ дар ошёнаи якуми бинои бисёрошёна ҷойгир буда, ба мардум хизмат мерасонад.
Дар ошёнаҳои болои бино чор ҳуҷра ҷойгир карда шудааст. Арзиши лоиҳавии иншоот зиёда аз 1,5 миллион сомонӣ мебошад.
Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба хотири беҳдошти сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ба чор ҷамоати шаҳраку деҳоти шаҳр – Исфара, Ворух, Чилгазӣ ва Чоркӯҳ мошини ёрии таъҷилӣ тақдим намуд.
Бунёди маҷмааи корхонаҳо ва марказҳои хизматрасонӣ имкон фароҳам овард, ки даҳҳо нафар сокини шаҳр бо ҷойи кори доимӣ таъмин гарданд.
Баъди шиносоӣ бо шароити маҷмааи калони хизматрасонӣ дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо сокинон мулоқоти самимӣ доир кард.
24 марти соли 2016 дар шаҳри Конибодом сокинон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти хоса истиқбол гирифтанд.
Дар ин рӯз Пешвои миллат ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нафтрасон», ки нахустин корхонаи коркарди ниҳоии нафт мебошад, расман оғоз бахшид.
Арзиши лоиҳавии корхона 3,5 миллион доллари ИМА буда, он дар ҳамкории соҳибкорони ватанӣ бо сармоягузорони хориҷӣ бунёд шудааст.
Пешбурди кори истеҳсолӣ дар ин нуқтаи пуриқтидори тавлиди маҳсулоти нафтӣ аз ҷониби мутахассисони маҳаллӣ бо кордонии соҳибкори ватанӣ Носир Усмонов роҳандозӣ мегардад.
Зимни шиносоӣ бо иқтидор ва имконоти кори корхона Президенти мамлакат нахуст ба низоми фаъолият ва сифатнокии тавлиди маҳсулоти ниҳоӣ аз нафт мароқ зоҳир намуда, барои ҷорӣ кардани технологияи ҳозиразамони тавлиди маҳсулот маслиҳатҳои муфид дод.
Айни ҳол иқтидори истеҳсолии коркарди солонаи корхона 70 ҳазор тонна нафти хом буда, ҳар сол ба маблағи 70 миллион сомонӣ маҳсулоти тайёр истеҳсол хоҳад кард.
Бо фаъол шудани ин корхонаи наву пуриқтидори истеҳсолӣ наздики 80 ҷойи корӣ муҳайё мегардад. Сокинони маҳаллӣ бо омӯзиш ва азхудкунии нозукии кор ба шуғл фаро гирифта шудаанд, ки ҳар моҳ ба ҳисоби миёна ду ҳазор сомонӣ маош мегиранд.
«Нафтрасон» ба истеҳсоли сӯзишворӣ — бензин, маҳсулоти дизелӣ, гази моеъ ва мазут машғул мегардад.
Таъминоти ашёи хоми корхона асосан аз хориҷа, махсусан аз Ҷумҳурии Қазоқистон сурат мегирад ва дар марҳилаи аввал 3 марти соли 2016 500 тонна нафти хом барои коркарди таҷрибавӣ ворид гардид.
24 марти соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти корхонаи коркарди меваи хушки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Меваи Канд»-и шаҳри Конибодом, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Ҳомид Ёқубов бунёд гардидааст, аз наздик шинос шуд.
Корхона бо арзиши лоиҳавии наздики се миллион сомонӣ бунёд шуда, дар он анвои мухталифи меваи хушк, ба монанди зардолу, хушкмева, чормағзи заминӣ ва ғайра коркард мешавад.
Танҳо дар коргоҳи бандубасти меваи хушк 40 нафар сокини маҳаллӣ, ки асосан занону бонувони хонашин мебошанд, бо ҷойи кор ва маош таъмин гардидаанд. Дар сурати ба кор андохтани навбати дуюми коргоҳ боз 30 нафари дигар бо кор таъмин карда мешаванд.
Фаъолияти ин коргоҳ аз марҳилаҳои шустушӯй то ба навъҳо ҷудо намудану хушконидан ва бастабандии маҳсулот бо истифода аз технологияи муосир ба роҳ монда шудааст. Иқтидори корхона дар як шабонарӯз коркарди то панҷ тонна меваи хушк мебошад.
Коргарон талаботи ин намуди маҳсулотро дар бозорҳои кишварҳои хориҷӣ санҷида, дар оянда баробари таъминоти бозорҳои дохила ҳамзамон содироти онро ба Федератсияи Россия ба роҳ мемонанд.
Соҳибкорони ватанӣ мақсад доранд, ҷиҳати таъминоти бемайлони корхона бо маҳсулоти мевагӣ ва васеътар ба роҳ мондани фаъолияти он дар майдони 30 гектар боғи интенсивӣ бунёд намоянд.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои таъсиси корхона ва нақшаҳои нав баҳри бунёди коргоҳҳои дигар, инчунин таъмини сокинон бо кор ба соҳибкорон барору муваффақият орзу намуд.
Бисту чоруми марти соли ҷорӣ дар шаҳри Конибодом Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мавзеи сохтмони роҳи мошингарди Исфара — Конибодом — Ҷаббор Расулов ташриф оварда, ба таҷдиду азнавсозии он оғоз бахшид.
Маблағи умумии корҳои таъмиру сохтмон дар марҳилаи аввали «Лоиҳаи таҷдиди қитъаҳои роҳи автомобилгарди Хуҷанд — Исфара» 45 миллион доллари ИМА-ро ташкил мекунад.
Аз ин маблағ 38 миллиону 250 ҳазор доллари ИМА-ро қарз ва 6 миллиону 70 ҳазор доллари ИМА-и дигарро бошад, гранти Бонки Умумиҷаҳонӣ ташкил медиҳад.
Фармоишгари лоиҳа Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчӣ ширкати чинии «Чайна рейлвей групп корпорейшн» мебошад.
Роҳ аз шаш қитъа иборат буда, дарозии умумии он 68 километр ва паҳноиаш 12, дар баъзе ҷойҳо то ба 22 метр мерасад.
Муҳлати анҷоми корҳои таҷдиду барқарорсозии роҳ ду сол муайян шудааст.
Дар баробари таъмиру барқарорсозӣ, ҳамзамон роҳ дар қитъаҳои аҳолинишин чароғон карда мешавад. Дар рафти корҳо 80 дарсади кормандон аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ интихоб мегарданд, ки ин дар беҳтар шудани сатҳи зиндагии онҳо мусоидат менамояд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон сохтмончиёнро ба корҳои босифат ҳидоят карда, таъкид намуд, ки дар рафти таҷдиду барқарорсозии роҳ ва дигар тадбирҳо диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Бисту чоруми марти соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Конибодом бо роҳбарону фаъолон суҳбати самимӣ доир кард.
Мулоқот дар зардолубоғи хоҷагии деҳқонии «Ғалаба» — и Ҷамоати деҳоти Раҷаб Ҳамробоев баргузор шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони шаҳр баҳри мусоидат дар ободии диёри хеш изҳори сипос намуда, диққати ҳозиринро ба вусъати корҳои ободонию созандагӣ, рушди соҳаи боғдорӣ, содироти ҳар чӣ бештари маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷ, инчунин дигар корҳои хайр ҷалб кард.
Ба андешаи Пешвои миллат мардуми шаҳри Конибодом бо такя ба анъанаҳои неки гузаштагони худ ба корҳои ободонӣ бо азми қавӣ муносибат карда, бо меҳмоннавозӣ, заҳматдӯстӣ ва ватанпарвариву фарҳангдӯстии хеш дар ҷодаи таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва рушди минбаъдаи кишвари азизамон саҳми назаррас мегузоранд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми меҳнатқарину қавииродаи Конибодом барои пуштибонӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати кишвар изҳори сипос карда, онҳоро ба идомаи корҳои созандагӣ, тарбияи фарзандон дар роҳи ватандорию хештаншиносӣ ҳидоят намуд.
Баъди суханронии Сарвари давлат аз номи сокинони шаҳр Аҳрор Бобоҷонзода — омӯзгор, Шаҳноза Аҳмадова – донишҷӯ, Нозими Нуъмонӣ — кишоварз ва Зарнигор Баротова – омӯзгор суханронӣ карда, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини зиндагии сазовор изҳори миннатдорӣ карданд.
Рӯзи сеюми сафари корӣ ба вилояти Суғд дар деҳаи Хиштхона, Ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 13 ба номи Камоли Хуҷандиро ҳамчун армуғони наврӯзӣ расман ифтитоҳ бахшид.
Арзиши умумии корҳои сохтмонӣ ва таҷҳизонидани муассиса қариб 6 миллион сомониро ташкил медиҳад. Бинои асосии мактаб аз се ошёна, 18 синфхона, се ҳуҷраи корӣ ва китобхона иборат аст. Дар бинои асосӣ, ки бо лавозимоту таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз аст, барои таҳсили 540 хонанда шароити арзанда фароҳам омадааст. Дар мактаб ошхона бо 60 ҷойи нишаст ва синфхонаҳои таълимию омӯзишии анъанаҳои рӯзгордорӣ, аз ҷумла пухтани нону таомҳои миллӣ бунёд ёфтааст. Дар паҳлуи бинои асосӣ толори варзишӣ бо масоҳати меъёрӣ, бо беш аз 220 ҷойи нишаст сохта, бо ашёи замонавӣ муҷаҳҳаз карда шудааст, ки аз имкониятхои хуб барои рушди варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ мебошад.
Корҳои сохтмонӣ моҳи апрели соли 2014 аз рӯи лоиҳаи Ҷамъияти «Суғдшаҳрофар» бо фармоиши Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд оғоз ёфта, аз ҷониби ширкати сохтмонии «Парвина»-и ноҳияи Ашт дар муҳлати пешбинишуда сохта шудааст.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба дастаи ҳаваскорони мактаб як адад пианино, асбобҳои дигари мусиқӣ, се мошинаи дарздӯзӣ, ду тахтаи электронии синфӣ ва барои таъсиси боз як синфхонаи компютерӣ компютерҳои муосир тақдим намуд.
Баъди шиносоӣ бо шароити таълим дар саҳни ҳавлии мактаб Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони ноҳия, омӯзгорону хонандагон мулоқот доир кард.
Зимни суханронӣ Пешвои миллат ин бинои замонавиро туҳфаи арзанда ба ифтихори ҷашни Наврӯзи фархунда номида, таъкид дошт, ки бунёди чунин бинои замонавӣ идомаи босуръати сохтмону навсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии иншооти соҳаи маориф барои дар шароити муосиру арзанда таҳсил намудани насли ояндасози Ватан ва кору фаъолияти босамари кормандони соҳа мебошад.
Намояндагони аҳли деҳаи Хиштхона, собиқадорони соҳа, муаллимону хонандагон ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама, барои дар кишвар барқарору поянда намудани сулҳу ваҳдат, ки асоси чунин пешрафту ҳаёти орому осоишта аст, барои ин туҳфаи арзанда арзи сипоси бепоён намуданд.
Дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов бинои нави Кохи фарҳангро ба истифода дод.
Зикр шуд, ки сохтмони Кохи фарҳанг моҳи марти соли 2014 аз ҷониби Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд оғоз гардида, маблағи умумии сохтмони бино ба 22 миллион сомонӣ баробар мебошад.
Кохи фарҳанг дуошёна буда, аз толори асосӣ бо 800 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳои корӣ, толорҳои хурд барои машқ, толори маҷлис ва таҳхона иборат мебошад. Бино бо истифода аз санъати меъмории миллӣ ороиш дода шуда, намои асосии он аз 18 сутун ва дарҳои кандакорӣ иборат аст. Пештоқи болои бино бо мусаввараҳои гуногун ва шифту деворҳои толори асосӣ бо истифода аз гаҷкорию кандакорӣ хеле зебою назаррабо сохта шудааст.
Дар саҳни ҳавлии Кохи фарҳанг ду фаввора бо чароғҳои ранга ҷойгир шуда, гирду атрофи майдон ва ҳудуди Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов бо дарахтон, гулу гулбуттаҳо ва таҷҳизоти муосири равшанидиҳӣ ороиш дода шудааст.
Зимни шиносоӣ бо шароити Кохи фарҳанг Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмончиён ва устоҳои гулкор барои бунёди бинои наву замонавӣ изҳори сипос кард.
Дар саҳни ҳавлии Кохи фарҳанг Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли фарҳанг ва дигар сокинони ноҳия, ки барои истиқболи Пешвои миллат ва суҳбат бо Сарвари хеш ҷамъ омада буданд, мулоқоти самимӣ орост.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли ҷамоатчигии ноҳия барои истиқболи гарм ва ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи роҳбарияти Давлату Ҳукумати мамлакат изҳори сипос кард ва бунёду баистифодадиҳии иншооти таъиноти гуногун, муҳайё кардани шароити мусоиди кору зиндагӣ ва истироҳатро қадршиносии Ҳукумати кишвар нисбат ба мардуми бофарҳанг ва меҳнатқарини ноҳия маънидод намуд.
Зимни баромади худ сокинони ноҳия ба Пешвои ғамхори хеш Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамаи талошҳову ташаббусҳои созанда сипосгузорӣ карданд.
25 марти соли 2016 дар шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чойхонаи замонавӣ бо 200 ҷойи нишастро ба истифода дод.
Бинои чойхона аз ҷониби Раёсати ҷамъияти матлуботи ноҳияи Ашт дар Боғи марказии фарҳангу фароғатии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов сохта шудааст. Он аз толори калон бо 140 ҷойи нишаст, толори иловагӣ барои 20 ҷойи нишаст, чор ҳуҷраи алоҳида, ки ҳар яки он барои даҳ ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст, инчунин аз таҳхонаю ҳуҷраҳои омодасозии хӯрок иборат мебошад.
Қаблан дар ҳудуди боғи ба номи Маҳмудҷон Воҳидов варзишгоҳ ва дигар марказҳои дилхушӣ вуҷуд дошт. Сохтмони Кохи фарҳанг ва чойхонаи нави ҳозиразамон маҷмӯи иншооти фароғатии онро боз ҳам пурратар сохт.
Чойхона дар масоҳати 21 садяк сохта шуда, ба ғайр аз бинои асосӣ дар атрофи он барои қабули мизоҷон шароит муҳайё гардидааст.
Баҳри табъи болидаи мизоҷон дар саҳни бинои чойхона ва атрофи он дарахтони ороишии ҳамешасабз ва сояафкан шинонда шудааст. Сохтмони бино як сол давом кард ва барои бунёди он 40 нафар сохтмончии маҳаллӣ ҷалб гардид.
Дар чойхонаи нав барои гузаронидани тӯй ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмончиён барои бунёди бинои зебо баҳои арзанда дода, ба масъулини Раёсати ҷамъияти матлуботи ноҳия дастур дод, ки бо истифода аз ин иншооти муосир сатҳи хизматрасониро ба аҳолӣ беҳтар намоянд.
26 марти соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи ба номи Абдураҳим Ҷумъаеви деҳоти «Исфисор»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба кишти пунбадона оғоз бахшид.
Хоҷагӣ дар ихтиёри худ 15 гектар замини обӣ дорад ва аҳли меҳнат дар он парвариши зироат ва сабзавоти гуногун, аз ҷумла пахта, сабзӣ, помидор, бодиринг, қаланфур ва карамро ба роҳ мондаанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таҷрибаи деҳқонон, ки дар вақти кишт пунбадонаи лучшударо истифода мебаранд, баҳои арзанда дода, ба масъулини соҳаи кишоварзӣ дастур дод, ки дар дигар хоҷагиҳои пахтакори кишвар аз ҳамин усул пурра истифода баранд. Қаблан дар як гектар беш аз 100 килограмм пунбадона кишт карда мешуд, акнун баъди луч кардани тухмӣ имкон аст 30 килограмм тухмӣ истифода шавад. Ин, пеш аз ҳама, сарфаи маблағ ва як роҳи даромади иқтисодии хоҷагиҳо мегардад.
Инчунин, дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи ба номи Абдураҳим Ҷумъаев дар масоҳати беш аз 13 ҳазор гектар ба боғу токпарварӣ, сабзавоткорӣ, зотпарварӣ ва тухмипарварӣ машғуланд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба коргарони хоҷагӣ барои рушди соҳаи боғу токпарварӣ, истифодаи мақсадноки замину ҳавои мусоид, обёрии саривақтӣ, парвариши зироат дар гармхонаҳо, таъмини бозорҳои ноҳияву вилоят бо сабзавоти барвақтӣ дастуру ҳидоятҳо дод.
26 марти соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин дар деҳоти «Зарзамин»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо фаъолияти фермаи чорводории инноватсионии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Афзали Зарзамин» шинос шуд.
Бинову иншооти ферма пурра навсозӣ гардида, дар он муосиртарин дастгоҳу таҷҳизот васлу насб шудааст.
Дар ин ҷо 18 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидааст, ки музди миёнаи меҳнати онҳо 1200 сомониро ташкил медиҳад. Аксари коргарон дар Олмон таҷриба омӯхтаанд.
Иқтидори дастгоҳу таҷҳизоти ширдӯшии корхона барои 324 сар моли калони шохдор пешбинӣ шудааст. Дар як шабонарӯз аз ҳар сар модагов 26 литр ва дар маҷмӯъ 1700 литр шир дӯшида мешавад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки давоми панҷ соли оянда саршумори модаговҳои дӯшоиро ба 1000 сар расонанд. Дар ин ҷо, аз ҳар сар модагов дар як сол 6 ҳазор литр шир дӯшида мешавад.
Феълан дар ферма 320 сар моли калони шохдор, аз ҷумла 130 сар чорвои зотии ширдеҳи Симменталии олмонӣ нигоҳубин карда мешавад. Дар давраи наслгирӣ аз 122 сар модагови зотӣ 100 сар насл гирифта шудааст.
Дар фермаи мазкур таваллудхона барои нигоҳдории гӯсолаҳои навзод, гӯсолаҳои аз дусола калон ва дигар шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Дар баробари зоти олмонӣ хоҷагӣ дорои 50 сар чорвои калони шохдори сиёҳало мебошад. Маҳсулоти фермаи ширию молии «Афзали Зарзамин» -и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар корхонаҳои саноатии вилоят коркард шуда, ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат фурӯхта мешавад.
Фаъолияти чунин хоҷагиҳо имкон медиҳад, ки саршумори зоти ширдеҳ афзоиш дода шавад ва даҳҳо ҷойи нав корӣ таъсис ёбад.
26 марти соли 2016 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ ба фаъолияти Воҳиди таъиноти махсуси зиддитеррористии «Алфа»-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳусни ифтитоҳ бахшид.
Таъкид гардид, ки Давлату Ҳукумати Тоҷикистон барои фароҳам овардани шароити меъёрии хизматии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол тадбирҳои муҳимро амалӣ менамояд.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ ҳайати шахсии ҷузъу томҳои мудофиа ва амнияти миллӣ аз лиҳози маҳорату малакаи касбӣ ба як ҳайати обутобёфта табдил ёфт.
Иншооти тозабунёди Маркази таълимии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тайёр кардани сарбозон (афсарон) ба воҳиди таъиноти махсуси зиддитеррористии «Алфа» дар масоҳати 1,5 гектар бо зиёда аз даҳ иншооти таъиноти оинномавӣ бунёд ёфтааст.
Дар бинои маъмурию таълимии дуошёна таҳхона, синфхонаҳои таълимӣ, ду толори машқҳои ҳарбӣ – варзишӣ ва маҷлисгоҳ ҷой гирифтааст.
Ду майдончаи машқҳои амалиёти ҷангӣ барои таҳкиму татбиқи донишҳои назариявӣ, обутоби ҷисмонӣ, омӯзиши роҳу усулҳои ҷангӣ пешбинӣ гардидааст.
Маркази таълимӣ дорои хобгоҳ барои 200 нафар афсар, ошхона бо 100 ҷойи нишаст, ҳаммом барои 20 нафар дар як баст, шароит барои будубошу истироҳати афсарону сарбозон, инфрасохтори мустақил — буғхона, хатти барқу зеристгоҳи барқӣ мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо ҳайати шахсӣ иброз намуд, ки ин иншооти меъёрии оинномавӣ имконият медиҳад, ки дар Воҳиди таъиноти махсуси зиддитеррористии «Алфа»-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбозону афсарони аз ҳар ҷиҳат обутобёфта тайёр карда шаванд.
Воҳиди таъиноти махсуси зиддитеррористии «Алфа» дар давраю лаҳзаҳои муҳими ҳифзи соҳибистиқлолӣ, тамомияти арзии кишвар баҳри пешгирӣ аз ҳадафҳои нопоки душман ва безарару несту нобуд кардани гурӯҳҳои ҷиноятпешаи террористӣ дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва ҳокимияти қонунӣ, мубориза бар зидди дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор нақши муҳим дошта, аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт гузаштааст.
Ҳайати Воҳиди таъиноти махсуси зиддитеррористии «Алфа»-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба он ҷавонони далеру ҷасур, чусту чолок ва рӯҳану ҷисман солим шомиланд, бо тақвияти донишу малака ва маҳорати касбӣ бо садоқату масъулият баҳри ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзӣ, амнияти миллӣ сипари боэътимоди Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд.
26 марти соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони «Авесто»-и шаҳри Хуҷанд дар чорабиниҳои идонаи «Корвони наврӯзӣ» ва «Сайри гули лола» иштирок ва суханронӣ кард.
Барои истиқболу мулоқот бо Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар макони баргузории ин чорабинии бошукӯҳ, ки ба таври идона оро ёфта буд, зиёда аз даҳ ҳазор нафар ҷамъ омада буданд.
Нахуст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди иштирокчиёни базми бошукӯҳи наврӯзӣ суханронӣ карда, ҳозирин ва дар шахси онҳо тамоми сокинони вилоятро бо фарорасии баҳори фархундапай ва Наврӯзи ҷаҳонӣ табрику таҳният намуд.
Сарвари давлат бо ёдоварӣ аз сарчашмаҳои муътамади таърихӣ гуфт, ки «Дар рӯзи шашуми Наврӯз, ки онро гузаштагони мо «Наврӯзи бузург» унвон намудаанд, мардум маросими муҳташаме ороста, бо ҳамдигар шодиву хурсандӣ мекарданд. Зеро ба эътиқоди ниёгони мо рӯзи шашуми таҷлили Наврӯз рӯзи тақсими саодат ва хушбахтӣ будааст ва ба ин хотир одамон ҳама якҷо ба наврӯзгоҳҳо баромада, бо номи «Корвони наврӯзӣ» ҷашне меоростаанд, то тамоми сол ба кишвар хуррамиву хушрӯзӣ ва ба хонадони мардум бахту иқбол ҳамроҳ бошад».
Ба таъкиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон «эҳёи ин суннати арзишманд аз ҷониби сокинони вилояти Суғд баёнгари ҷаҳонӣ шудани ин ҷашни миллии мо буда, дар рӯзи Наврӯз иқдоми воқеан нек ба шумор меравад».
Баъди анҷоми суханронии пурмуҳтавои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барномаи рангини фарҳангӣ оғоз гардид.
Таҳиягарони барномаи идонаи наврӯзӣ маҳали баргузории тадбири фарҳангиро бо рамзҳои хоси ҷашн, расму анъана ва суннатҳои наврӯзӣ оро дода буданд.
Барномаи фарҳангии «Корвони наврӯзӣ» бо садои карнаю сурнай, бо намоиши театришудаи «Наврӯз муборак» оғоз гардид.
Аз рафти чорабинӣ маълум гардид, ки таҳиягарон бо дарназардошти тамоми анъанаҳои ин ҷашн ва риояи дигар хусусиятҳои хос барномаро таҳия кардаанд, зеро ҳар як баромади устодони санъат ва ҳаваскорон таҷассумгари шукӯҳу шаҳомати Наврӯзи аҷдодӣ буд.
Суннатҳои неки наврӯзӣ, ки дар ҳама минтақаи кишвар ба онҳо арҷ гузошта мешавад, дар ин чорабинӣ таҷассуми худро ёфт. Ин чорабинӣ бори дигар собит кард, ки мардуми Тоҷикистон расму оинҳои бостониро гиромӣ медорад ва онро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад.
Наврӯзи Хатлону Бадахшон, Рашту Зарафшон ва Ҳисор бо хусусиятҳои хосаш ба иштирокдорони ин чорабинии бузурги фарҳангӣ намоиш дода шуд.
Рақсу бозӣ, иҷрои сурудҳои халқӣ, намоиши омода кардани таомҳои миллии хоси Наврӯз ва ғайра ба ҳозирин хеле писанд омад.
Ҳамчунин, бо шакли нав ва муҳтавои дигар баргузор кардани «Корвони наврӯзӣ» дар маркази вилояти Суғд — шаҳри Хуҷанд ба меҳмонон шодиву нишоти нав бахшид, ки сарчашмаи асосии он сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ дар кишвар мебошад. Чунин иқдом, бешубҳа, ба афзун гардидани файзу баракат мусоидат хоҳад кард.
Намоиши асбобҳои миллии мусиқӣ, карнаю сурнайнавозӣ, баромади дорбозчиён ва дигар бозиҳои анъанавӣ дар барномаи идонаи «Корвони наврӯзӣ» ҷой дода шуда буд.
Дар охир, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таҳиягарону ҳунармандон барои ташкили ин чорабинии сатҳи баланд арзи сипос намуда, иброз дошт, ки дар таърихи нави Тоҷикистон ин аввалин «Корвони наврӯзӣ» аст, ки бо шукӯҳу шаҳомати хоса сурат гирифт.
Нимаи дуюми 26 марти соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуд.
Зимни машварат, ки бо иштироки роҳбарони як қатор вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ ҷараён гирифт, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои онро дар давоми ду моҳи аввали соли 2016 таҳлил намуда, пешрафти соҳаҳо ва рафти татбиқи дастуру супоришҳои қаблан додашударо мавриди баррасӣ қарор дод.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ зикр кард, ки солҳои охир дар вилояти Суғд садҳо иншооту корхонаи саноатӣ ба кор даромада, ҳазорҳо гектар боғу токзори нав бунёд шуд, инчунин, шаҳру ноҳияҳо тадриҷан ободу зебо мешаванд. Дар ду моҳи соли ҷорӣ 11 корхонаи нави саноатӣ бо 1200 ҷойи нави корӣ ба истифода дода шудааст, ки ин боиси беҳдошти сатҳи зиндагии мардум мегардад.
Сарвари давлат изҳор дошт, ки тибқи натиҷаҳои ҷамъбасти ду моҳи соли равон нақшаи даромади Буҷети давлатӣ бе дарназардошти андози иҷтимоӣ 101,6 фоиз таъмин ва ба буҷет беш аз 218 миллион сомонӣ маблағ ворид гардидааст.
Дар ду моҳи соли ҷорӣ дар соҳаи кишоварзии вилоят ба маблағи 240 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз ҳашт фоиз зиёд мебошад.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ, инчунин диққати ҳозиринро ба афзоиши амалҳои коррупсионӣ дар сохторҳои гуногун ва ворид шудани зиёни иқтисодӣ ба буҷет ҷалб карда, супориш дод, ки дастаҷамъона бар зидди ин мушкилот мубориза баранд.
Ба масъулини ҷумҳуриявӣ ва маҳаллии соҳаи андоз дастур дода шуд, ки ба фаъолияти озоди соҳибкорон монеа эҷод накарда, танҳо дар доираи талаботи қонунгузорӣ амал намоянд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳон, таъсири омилҳои беруна ба амнияти давлату миллат андешаронӣ карда, аз болоравии сатҳи ҷинояткорӣ дар баъзе аз минтақаҳои кишвар, гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, бахусус дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, изҳори нигаронӣ кард. Президенти мамлакат бо қатъият аз фаъолони вилоят ва аҳли ҷомеа даъват намуд, ки «бетарафӣ накарда, муборизаро бар зидди ин зуҳуроти пурхатар ҷоннок намоянд».
Президенти мамлакат дастур дод, ки кормандони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва амният дар самти пешгирӣ ва аз байн бурдани гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ва дигар хатарҳо тадбирҳои саривақтӣ андешанд.
Оид ба вазъи ҷинояткорӣ, пешгирии гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав ва ҳизбу ҳаракатҳои динии террористӣ — экстремистӣ, мубориза бо коррупсия ва дигар амалҳои номатлуб ахбори раиси Кумитаи давлатии амнияти милии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов, вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, прокурори генералӣ Раҳмон Юсуф шунида шуд. Аз фирефта шудани ҷавонон ва гаравидани онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ, зиёд шудани шумораи ҷавонони гумроҳшудаи тоҷик дар миёни ҷангиёни террорист дар Сурияву Ироқ изҳори нигаронӣ карда шуд. Таъкид гардид, ки фаъолияти кормандони соҳаи маориф, ходимони дин, сархатибону имомхатибони масҷидҳо ва фаъолони ҷомеа дар самти пешгирӣ аз дода шудани ҷавонони ноогоҳ ба тарғиботи дурӯғини таблиғгарони ғояҳои ифротию террористӣ нокифоя аст. Дар робита ба ин, изҳор гардид, ки фаъолияти радио ва телевизионҳои хусусии вилояти Суғд ба татбиқи чунин ҳадафҳо комилан мусоидат намекунанд.
Супориш дода шуд, ки дар назди Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази бозомӯзии ходимони дин таъсис дода шавад.
Дар машварат, инчунин, ҳисоботи раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ оид ба иҷрои супоришҳои Ҳукумати мамлакат дар самти рушди бахшҳои хоҷагии халқ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд.
Дар охир, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз дошт, ки сокинони вилоят анъанаҳои неки бунёдкориву созандагиро идома дода, бо сарҷамъиву муттаҳидӣ барои пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол минбаъд низ саҳми арзишманди худро мегузоранд ва ба ифтихори ҷашни фархундаи миллӣ — 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ иқдому ташаббусҳои тозаро амалӣ менамоянд.
Субҳи 27 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои ободонӣ дар осоишгоҳи «Баҳористон» шинос шуд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти он баҳри ҷалби ҳар чӣ бештари истироҳаткунандагон аз дохил ва хориҷи мамлакат дастур дод, ки минбаъд низ корҳои ободониро вусъат бахшанд ва бо завқи баланди зебоипарастию шинонидани гулҳои зебову хушбӯй, дарахтони ба саломатии инсон фоидаовар ин маконро ба як мавзеи дилнишин табдил диҳанд. Инчунин, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва сифати хӯрокҳо беҳтар карда шавад.
Мавриди зикр аст, ки осоишгоҳи «Баҳористон» соли 2011 бо дастури бевоситаи Сарвари давлат бунёд шуда, имрӯз ба як макони сайру саёҳат ва истироҳату табобати мардум табдил ёфтааст.
Дар осоишгоҳ, ки аз шаш бино иборат аст ва барои қабули 800 нафар мизоҷ пешбинӣ шудааст, 365 нафар бо маоши миёнаи 1000 сомонӣ ба мардум хизмат мерасонанд.
Тибқи иттилои роҳбарияти осоишгоҳ дар шафати роҳравҳо 118 ҳазор гули гуногун, аз ҷумла 17 ҳазор садбарги ҳолландӣ, каштан, ел, можевелник, серенаи ҳиндӣ ва берёза шинонида шудааст. Дар се моҳи аввали соли ҷорӣ аксари биноҳои таъмирталаби осоишгоҳ азнавсозӣ гардидааст.
Баъди шиносоӣ Сарвари давлат ба роҳбарияти осоишгоҳ барои иҷрои корҳои ободонӣ баҳои арзанда дода, онҳоро барои идомаи ин тадбирҳои нек ҳидоят кард ва бо як гурӯҳ истироҳаткунандагон суҳбати самимӣ ороста, аз шароити табобату истироҳати онҳо пурсон шуд.
Мардум ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхориҳояш изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.
27 март сафари кории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд анҷом ёфт.
www.president.tj