22 марти соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, мулоқоту суҳбатҳо бо сокинон ва ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ ба вилояти Суғд сафар намуданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарият ва фаъолони вилояти Суғд истиқбол гирифтанд.
Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҶДММ «Сифат пласт»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Сарвари давлат бо хатҳои истеҳсолӣ, имконияти коргоҳи нав ва маҳсулоти ниҳоии он шинос шуда, бо кормандон суҳбати самимӣ доир намуданд.
Тавре маълум шуд, маҳсулоти ниҳоии ҶДММ «Сифат пласт», ки ба истеҳсоли қубурҳои пластикии қутрашон гуногун машғул мебошад, барои кашонидани хати оби нӯшокӣ пешбинӣ гардидааст. Дар корхонаи нав асосан ду навъи қубурҳои пластикӣ барои оби хунук ва оби гарм истеҳсол мегардад, ки талабот ба ин навъи маҳсулот дар бозори дохилию хориҷӣ хеле зиёд аст. Муҳлати кафолати қубурҳои пластикии корхона 50 солро дар бар мегирад.
Ба иттилои масъулин, «Сифат пласт» дар як моҳ имконияти истеҳсоли 30 ҳазор метр навъҳои гуногунқутри қубурҳои пластикиро доро мебошад. Маҳсулоти корхона бо сифати баланд ва бо дарназардошти талаботи байналмилалӣ истеҳсол карда мешавад. Аз рӯи баҳогузории мутахассисон, қубурҳои дар корхона истеҳсолгардида рақобатпазир буда, ҳамчун маҳсулоти ивазкунандаи воридот ба бозорҳо бароварда мешавад. Қаблан қубурҳои пластикӣ аз кишварҳои гуногун ба Тоҷикистон ворид мегардиданд. Акнун, бо ифтитоҳи корхонаи нав, имконият фароҳам омад, ки то ҷое талаботи бозор бо ин навъи маҳсулоти ватанӣ қонеъ карда шавад.
Тавре ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, бо дарназардошти талабот корхона имконият дорад, ки минбаъд содироти қубурҳои пластикиро ба ҷумҳуриҳои Қирғизистону Афғонистон ба роҳ монда, дар бозорҳои дохилу хориҷ чун тавлидкунандаи маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда рақобат намояд.
Иншооти нав дар масоҳати 1 гектар замин бо дарназардошти талаботи замони муосир сохта шудааст. Корхона бо хати муосири истеҳсолӣ, ки аз ширкатҳои маъруф харидориву насб гардидааст, муҷаҳҳаз мебошад. Ба он 50 фоизи ашёи хом аз дохил ва боқӣ аз Россия ва Корея дастрас мегардад. ҶДММ «Сифат пласт» дар доираи дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Илҳомҷон Бобоҷонов бунёд ёфтааст. Дар корхона тақрибан 20 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб гардидаанд.
Қобил ба тазаккур аст, ки дар доираи нақша — чорабиниҳо бахшида ба 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибкор дар шафати коргоҳи нав бунёди корхонаи истеҳсоли зарфҳои пластикиро низ оғоз кардааст. Пас аз амалишавии ин иқдом, боз 30 нафари дигар соҳиби ҷойи кор хоҳанд гардид. Дар баробари ин, истеҳсоли маҳсулоти нави ба содирот нигаронидашуда ба роҳ монда мешавад.
Аснои шиносоӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдомҳои бунёдкоронаи соҳибкорони ватаниро намунаи ибрату боиси дастгирӣ маънидод намуда, барои истеҳсоли маҳсулоти босифату рақобатпазир ба онҳо дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи истеҳсоли шифер ва қубурҳои асбестии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Восидзода» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Корхона, ки дар минтақаи саноатии шаҳри Бӯстон дар майдони қариб як гектар бо харҷи зиёда аз 1 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдувосид Очилов бунёд ёфтааст, дорои ду хати муосири технологӣ — истеҳсоли шифер ва қубурҳои асбестӣ мебошад ва ба гуфти мутахассисони соҳаи саноату сохтмон, маҳсулоташ аз лиҳози намуд ва сифат ба стандартҳои замон ҷавобгӯ аст.
Аснои шиносоӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар корхонаи саноатӣ дар як шабонарӯз зиёда аз 1500 дона шифер ва наздик ба 500 адад қубурҳои асбестии қутрашон гуногун истеҳсол карда мешавад. Назар ба қавли муассиси корхона, дар натиҷаи бештар шудани талаботи бозор ба шифер ва қубурҳои асбестӣ имконияти аз ин ҳам бештар истеҳсол кардани маҳсулот мавҷуд аст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони корхона дастур доданд, ки дар вақти истеҳсоли шифер ва қубурҳои асбестӣ масолеҳи сифаташ баландро истифода баранд.
Барои истеҳсоли шифер ва қубур ашёи хом — асбест аз Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон ворид карда, сементи аълосифати корхонаҳои Тоҷикистон истифода мешавад.
Ба таъкиди мутахассисони соҳа, қубурҳои асбестӣ ба гармию сардӣ тобовар буда, муҳлати истифодабариашон беш аз 50 сол мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар оянда содироти шифер ва қубурҳои асбестии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Восидзода» ба кишварҳои ҳамсоя, аз қабили Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон, ба нақша гирифта шудааст. Ҳамчунин, истеҳсоли дигар намуди масолеҳ, ки асосан аз асбесту семент истеҳсол карда мешаванд, роҳандозӣ хоҳад шуд.
Қобили зикр аст, ки бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаи нави саноатӣ дар шаҳри Бӯстон зиёда аз 50 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб гардидаанд.
Дар корхона навтарин технология насб шудааст, ки истеҳсоли бонуфузтарин ширкатҳои ҷаҳонӣ мебошанд.
Зимни суҳбат бо коргарону мутахассисони корхона Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар раванди татбиқи ҳадафи чорум — саноатикунонии босуръати мамлакат саҳми соҳибкорони ватанӣ зиёд аст ва ин дар афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва ҳам дар таъмини сокинон бо ҷойи кору маоши хуб замина мегузорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон бинои нави маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд.
Он, ки дар доираи таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бунёд шудааст, аз се ошёна иборат мебошад.
Бино бо ташаббуси соҳибкорону шахсони саховатпеша ва аз ҷониби сохтмончиёни маҳаллӣ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замон бунёд гардида, бо таҷҳизоти муосири корӣ таъмин мебошад. Ошёнаи якуми бино аз утоқҳои кормандон, қабати дуюм аз маҷлисгоҳ бо 100 ҷойи нишаст ва толори хурд иборат мебошад. Утоқҳои роҳбарият, китобхона ва дигар иншооти ёрирасон дар қабати сеюм ҷой гирифтаанд.
Гирду атрофи бино бо дарахтони сояафкану гулҳои мавсимӣ оро ёфта, роҳраву гузаргоҳҳои он сафолакпӯш ва чароғон карда шудаанд. Зимни шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори сохтмончиён баҳои баланд дода, масъулинро ба хизмати софдилонаю содиқона ба нафъи давлату миллат ҳидоят намуданд.
Дар арафаи таҷлили Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ аз ҷониби Пешвои миллат ба истифода супурдани бинои навро кормандону масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон туҳфаи арзанда хонда, иброз доштанд, ки минбаъд низ корро дар самти татбиқи самараноки барномаҳои ҳизб ва ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат ҷоннок намуда, дар пешрафти ҷомеа ҳиссаи сазовор хоҳанд гузошт.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мурғи аълосифат» оғози расмӣ бахшиданд.
Он дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистон дар заминаи тадбирҳои вобаста ба амалисозии стратегияи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат бунёд гардидааст. Сохтмони корхонаи парандапарварӣ, ки дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи апрели соли 2019 оғоз ёфт, дар муддати кӯтоҳ ба итмом расидааст.
ҶДММ «Мурғи аълосифат» аз ҷониби соҳибкор Парвиз Бобоев сохта шуда, дорои чор бино мебошад ва дар ҳудуди он барои фаъолияту истироҳати кормандон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Бо мавриди истифода қарор гирифтани иншооти истеҳсолӣ 50 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.
Дар корхона 4 бинои парвариши чӯҷа ба пуррагӣ барои истифодабарӣ омода гардидааст. Айни замон дар онҳо 70 ҳазор чӯҷа парвариш меёбад. Бинои забҳи паранда бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин ва иқтидори истеҳсоли гӯшти мурғ дар ҶДММ «Мурғи аълосифат» 1000 тонна дар як сол мебошад.
Сехи истеҳсоли хӯроки чӯҷаҳо низ ба фаъолият оғоз намуд, ки дар он панҷ намуди хӯроки паранда омода карда мешавад. Иқтидори коргоҳ дар як шабонарӯз коркарди 30 тонна хӯроки парандаро ташкил медиҳад. Ҷиҳати таъмини мунтазами паранда бо хӯрок дар анборҳои корхона ба қадри кофӣ гандуму ҷуворимакка ва дигар маҳсулот захира шудааст.
Тавре иттилоъ ёфтем, дар давоми 40 рӯз чӯҷаҳои зоти бройлерӣ ба ҳисоби миёна 2-2,5 кило вазн мегиранд ва барои пешниҳод ба бозор омода мешаванд. Ҳадафи асосии ташаббускорони бунёди корхона бо гӯшти мурғи хушсифати ватанӣ таъмин намудани ҷумҳурӣ ва муҳайёсозии ҷойи кор барои аҳолии маҳаллӣ мебошад. Чӯҷаҳои гӯштӣ дар инкубатори корхона бароварда мешаванд.
То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо афзун шудани ҳаҷми истеҳсолот, шумораи коргарон ба зиёда аз 120 нафар расонида хоҳад шуд. Зимнан, ба кор андохтани боз 6 мурғхонаи дигар дар нақша аст. Тибқи пешбиниҳо истеҳсоли гӯшти парҳезӣ дар ин давра ба 3 ҳазор тонна расонида мешавад. Соҳибкор тасмим гирифтааст, ки маҷмааи парандапарвариро дар заминаи корхона ташкил ва дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди соҳаи саноати хӯрокворӣ ҳиссагузорӣ кунад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ибтикори соҳибкори ватанӣ баҳои баланд дода, изҳори итминон намуданд, ки корхонаҳои парандапарварӣ дар ояндаи наздик на танҳо бозори Тоҷикистонро комилан ба даст меоранд, балки дар хориҷи кишвар низ харидор пайдо мекунанд.
Пешвои миллат ба соҳибкор дастур доданд, ки бобати афзоиши саршумори паранда ва зиёд кардани ҳаҷми гӯшти парҳезӣ аз имконоти мавҷуда самаранок истифода барад.
Роҳбарияти корхона ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгириҳои ҳамешагиашон аз соҳибкории хурду миёна изҳори миннатдорӣ карданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни ҳавлии ҶДММ «Мурғи аълосифат» бо намоишгоҳи корхонаҳои парандапарварии вилояти Суғд шинос шуданд. Дар он ҷо, дар баробари корхонаҳои парвариши паранда, инчунин, маҳсулоти коргоҳҳои ҳасиббарорӣ низ ба намоиш гузошта шуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон корхонаи коркарди коғазро ифтитоҳ бахшида, бо дастовардҳои корхонаҳои саноатии шаҳр шинос шуданд.
Коргоҳи нав дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистон дар заминаи корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сахо ва компания» аз ҷониби соҳибкорон Қосимовҳо таъсис ёфта, маҳсулоти он барои бандубасти қуттиҳои маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ нигаронида шудааст.
Иқтидори истеҳсолии коргоҳи нав то 20 тонна коркарди коғазпора дар як шабонарӯз мебошад. Айни замон дар он 100 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд.
Дар маҷмӯъ, дар коргоҳҳои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сахо ва компания» наздик ба 400 нафар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардидаанд.
Корхонаи коркарди коғаз ва коргоҳи истеҳсоли зарфҳои шишагӣ, ки аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сахо ва компания» бунёд шудааст, бепартов мебошад.
Мутахассисони коргоҳи коркарди коғаз бо гузаронидани корҳои санҷишӣ кӯшиш доранд, ки сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда ба талабот ҷавобгӯ бошад.
Коғаз ва зарфҳои шишагӣ, ки ба таъмини корҳонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва аҳолии кишвар нигаронида шудаанд, маҳсулоти ивазкунандаи воридот мебошанд.
Коргоҳҳои мазкур дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар саҳми муносиб хоҳанд гузошт.
Соҳибкор Абдураҳмон Қосимов соли 2019, зимни мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо саноатчиёни кишвар, ваъда дода буд, ки дар доираи сиёсати созандаи Ҳукумат ва дастгирии ҳамешагии Президенти мамлакат аз соҳибкории хурду миёна коргоҳи нав бунёд менамояд.
Зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхонаи навтаъсис оид ба коркарди коғаз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкорон баҳои баланд дода, онҳоро ба идомаи корҳои ободонӣ ҳидоят карданд.
Баъди ифтитоҳи корхонаи коркарди коғаз дар саҳни ҳавлии коргоҳ Президенти мамлакат бо дастовардҳои саноатчиёни шаҳри Гулистон ва маҳсулоти гуногуни истеҳсолкардаи онҳо шинос шуданд.
Дар намоишгоҳ, асосан, маҳсулоти саноатии ивазкунандаи воридот ба тамошо гузошта шуда буд, ки сифати онҳо аз ҷониби Пешвои миллат баҳои арзанда гирифт.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон ба 100 кӯдаки ятими вилояти Суғд туҳфаҳои идонаи наврӯзӣ тақдим карданд.
Мавриди зикр аст, ки бо шарофати сиёсати башардӯстонаи роҳбарияти Давлату Ҳукумати кишвар табақаҳои ниёзманд таҳти ғамхории ҳамаҷониба фаро гирифта шудаанд ва аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ меёбанд.
Чун анъанаи накуи наврӯзӣ ва бо хиради азалии раиятпарварӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кӯдакони ятими вилояти Суғд дастурхони идонаи наврӯзӣ ороста, ба онҳо шириниҳои гуногун, сарулибос ва кумакҳои моддӣ расониданд.
Зимни суҳбат бо хонандагону наврасон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи талошу ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саховатмандии мардуми шарифи ҷумҳурӣ дар роҳи расонидани кумакҳо ба ниёзмандон сухан ронда, кӯдакону наврасонро ба аз худ кардани илмҳои замона, забонҳои хориҷӣ ва технологияи муосири компютерӣ ҳидоят карданд.
Шодию нишоти кӯдакону наврасонро ҳадду канор набуд. Онҳо барои ғамхориҳо ба пушту паноҳи хеш ва Роҳбари хирадпешаю саховатманд изҳори сипос карданд.
Қобили зикр аст, ки дар ҷумҳурӣ, дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, вазорату идораҳо ва шахсони саховатпеша ба ниёзмандон, барҷомондагон, ятимон дар арафаи иду ҷашнҳо ва дигар идҳои миллӣ кумаки моддӣ расонида, рӯҳияи онҳоро баланд мебардоранд.
Ҳамчунин, солҳои охир бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат ятимон на танҳо дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, балки дар донишгоҳу донишкадаҳои мамлакат ба таҳсил фаро гирифта шуда истодаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон истироҳатгоҳи нави «Суғдиён»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Он дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ — 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бунёд гардидааст.
Истироҳатгоҳ дар соҳили Баҳри тоҷик ҷойгир буда, масоҳати умумии қитъаи замини он 5,0 гектарро ташкил медиҳад. Бинои он аз 5 ошёна иборат ва дорои 40 ҳуҷра барои қабули меҳмонон, сайёҳон ва истироҳаткунандагон мебошад. Толорҳои гуногун ва иншооти ёрирасон низ дорад.
Дар гирду атрофи бино корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ гузаронида шудааст. Суҳбаткадаҳо, гулҳои рангоранг, дарахтони зиёди ороишӣ, чароғҳои ранга, роҳравҳои бо сангҳои ватанӣ ородода, кӯли махсус ва фаввораҳо аз ороишоти истироҳатгоҳи «Суғдиён» ба шумор мераванд.
Сохтмони иншоот бо дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи ноябри соли 2018 оғоз ёфта буд.
Ёдовар мешавем, ки 21 августи соли 2019, зимни сафари корӣ, Президенти мамлакат бо рафти корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ дар истироҳатгоҳ шинос шуда буданд. Он замон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рафти сохтмони бино ошно шуда, ба коргарону сохтмончиён оид ба татбиқи саривақтии лоиҳаи бунёди иншоот дастур дода, онҳоро ба иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ, истифодаи масолеҳи ватанӣ, риояи қоидаҳои меъмории миллӣ ва дигар қоидаҳои сохтмон ҳидоят намуда буданд.
Барои хеле дилкашу дилрабо гаштани саҳни ҳавлӣ ва атрофи иншоот Сарвари давлат дастур доданд, ки дар маҷмаа дарахтони ороишӣ, чароғҳои ранга шинонида, шаршараҳои сунъӣ бунёд намоянд ва онро ба макони хуби сайру тамошои меҳмонон табдил диҳанд.
Бояд гуфт, ки дар шаҳри Гулистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ даҳҳо иншооти хуштарҳу муосир бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.
Осоишгоҳи замонавии «Баҳористон» аз зумраи иншооти муҳими соҳаи табобату истироҳат мебошад, ки дар соҳили Баҳри тоҷик бунёд гардидааст.
Айни ҳол, бо дастуру ҳидоят ва роҳнамоии Пешвои миллат дар осоишгоҳи «Баҳористон» сохтмони боз як иншооти нав барои 100 ҷойи хоб сохта шуда истодааст, ки аз 5 ошёна ва таҳхона иборат хоҳад буд.
Дар бинои нави осоишгоҳ ҳавзи шиноварӣ барои калонсолон ва кӯдакон бо майдончаҳои бозӣ ва корти теннис ба нақша гирифта шудааст. Инчунин, барои фароғати истироҳаткунандагон гулгашт бо фаввораҳо ва айвончаҳои зебову мунаққаш бунёд мешавад.
Осоишгоҳи «Баҳористон» соли 2011 бо дастури бевоситаи Сарвари давлат бунёд ва ба макони сайру саёҳат ва истироҳату табобати мардум табдил ёфтааст.
22 марти соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои бошукӯҳи Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хуҷанд иштирок ва суханронӣ карданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми вилояти Суғд ва шаҳрвандони мамлакату ҳамватанони бурунмарзию дигар мардуми ҷашнгирандаи Наврӯзи хуҷастапайро бо фаро расидани иди ҷаҳонӣ табрику таҳният гуфта, ба онҳо дар Соли нави аҷдодӣ бахту нишот, сулҳу субот ва ваҳдати ҷовидона орзу карданд.
Сипас, Пешвои миллат доир ба шукӯҳу шаҳомати ҷашни хусравонӣ, эҳё ва риояи анъанаву суннатҳои неки аҷдодон, тадбирҳои созандагӣ, тозагию озодагии муҳит ва хонадон, иҷрои корҳои саховатмандона ва бо мақсади дастгирии табақаи ниёзманд, ки аз рукнҳои хоси наврӯзи ниёгон аст, андешаронӣ ва саҳми мардуми вилоятро дар татбиқи сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар, иҷрои барномаҳои давлатӣ, амалисозии ҳадафҳои стратегӣ неку назаррас арзёбӣ карданд.
Баъди суханронии Президенти мамлакат аҳли ҳунар ва устодони санъати кишвар барномаи рангини консертиро пешкаши иштирокчиёни тантанаҳои наврӯзӣ карданд, ки хеле хотирнишин буд.
23 марти соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти «Ғозиён»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фермаи ширию молии кооперативи тиҷоратии Хоҷагии деҳқонии «Бобоҷон Мақсуд»-ро баъди навсозӣ мавриди истифода қарор доданд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки масоҳати фермаи ширию молӣ 6 гектарро ташкил медиҳад ва дар он зиёда аз 350 сар чорвои калони зоти сиёҳалои навъи тоҷикӣ парвариш меёбад. Аз ин шумора 120 сари он ширдеҳ мебошад. Аз ҳар сар гов солона 3 ҳазору 569 литр шир истеҳсол мегардад. Парвариши зоти сиёҳалои навъи тоҷикӣ ба шароит ва иқлими минтақа мутобиқ ва маҳсулнокии ин зот хеле зиёд мебошад.
Аснои шиносоӣ бо фаъолияти чорвопарварон Пешвои миллат ҷиҳати афзун намудани саршумор ва хушзоткунии чорвои калон бо истифодаи захираву имконоти мавҷуда ба онҳо дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки кооперативи тиҷоратии хоҷагии деҳқонии «Бобоҷон Мақсуд» дорои 2178 гектар замин аст, ки аз он 213 гектарашро замини обӣ ва 136 гектарашро замини корами лалмӣ ташкил медиҳад. Дар хоҷагӣ, баробари захираи кофии хӯроки чорво, дар майдони 1740 гектар чарогоҳ мавҷуд аст, ки барои рушди соҳа заминаи боэътимод мегузорад. Инчунин, «Бобоҷон Мақсуд» дорои техникаи кишоварзӣ мебошад ва аҳли заҳмат барои ҷамъоварии хӯроки чорво аз онҳо васеъ истифода менамоянд. Ҳамкории чорводорон бо олимону мутахассисони соҳа дар сатҳи зарурӣ қарор дорад. Дар заминаи тавсияҳои илмӣ бо роҳи хушзоткунӣ маҳсулнокии чорвои калон сол то сол афзун мегардад. Шири истеҳсолнамудаи фермаи ширию молии кооперативи тиҷоратии хоҷагии деҳқонии «Бобоҷон Мақсуд» дар асоси шартномаҳои ҳамкорӣ ба ду корхона сари вақт дастрас ва аз он якчанд номгӯӣ маҳсулоти ширӣ омода карда мешавад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маҳсулоти ширии истеҳсолнамудаи корхонаҳои ватанӣ, ки дар фермаи ширию молии кооперативи хоҷагии деҳқонии «Бобоҷон Мақсуд» ба намоиш гузошта шуд, шинос шуданд ва барои истеҳсоли маҳсулоти хушсифати аз ҷиҳати экологӣ тоза ва рақобатпазири ивазкунандаи воридот ба масъулон дастуру супориш доданд.
Аҳли заҳмати кооперативи тиҷоратии хоҷагии деҳқонии «Бобоҷон Мақсуд» дар баробари рушди соҳаи чорводорӣ, инчунин, дар самти боғдорӣ, сабзавоткорӣ ва зироаткорӣ таҷрибаи ғанӣ доранд ва ҳар сол ҳосили дилхоҳи меваю сабзавот ба даст меоранд. Дар он зиёда аз 100 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин гардидаанд, ки 26 нафари онҳоро занону духтарон ташкил медиҳанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фабрикаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Дӯсти Азиз», ки дар минтақаи кӯҳии Рухаки деҳоти «Ғозиён»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бунёд шудааст, ташриф оварданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти корхонаи парандапарварӣ оғози расмӣ бахшиданд.
Сипас, дар саҳни ҳавлии корхона маҳсулоти гуногуни истеҳсолкардаи ширкати ҳасиббарории «Азизӣ» ва навъҳои гуногуни хӯроки паранда, ки дар дохил ва хориҷи мамлакат истеҳсол гардидааст, намоиш дода шуд.
Зикр гардид, ки ширкати ҳасиббарории «Азизӣ» ба истеҳсоли ҳасиб дар шаклу андозаи гуногун машғул аст. Фабрикаи парвариши мурғ низ бо мақсади таъмини корхона бо гӯшти паранда ва ба ин васила истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ бунёд гардидааст.
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар фабрикаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Дӯсти Азиз» чӯҷаҳои зоти бройлерии «Ross-308» барои истеҳсоли гӯшти парҳезӣ парвариш меёбанд.
Дар корхонаи парандапарварӣ, ки дар масоҳати 1,20 гектар бунёд гардидааст, ҳоло ду бино барои парвариши мурғ бо 30 ҳазор сар паранда бунёд гардидааст.
Зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхонаи навбунёд Сарвари давлат иқдоми соҳибкори ватандӯстро шоистаи таҳсин арзёбӣ намуда, барои боз ҳам афзун намудани саршумор ва тақвияти иқтидори истеҳсолӣ супориш доданд.
Таъкид гардид, ки дар заминаи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат ва истиқболи сазовор аз ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд корхонаҳои истеҳсолӣ дар ҷумҳурӣ зиёд бунёд гарданд ва дар рушди соҳа, таъсиси ҷойҳои нави кор замина гузоранд.
Баъди ба фаъолият оғоз намудани корхонаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Дӯсти Азиз» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 15 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.
Дар фабрика биноҳои ёрирасон, аз қабили ошхона, хобгоҳ, ҳуҷраҳои иловагӣ ва дигар шароити зарурӣ барои кормандон муҳайё гардидааст.
Ҷиҳати ободу зебо ва хуррам гардонидани саҳни корхона гулу буттаҳои ороишии мавсимӣ, дарахтони ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шудааст, ки барои тозагии муҳити атроф аз манфиат холӣ нахоҳанд буд.
Масъулони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Дӯсти Азиз» нақша доранд, ки бо парвариши паранда ва истеҳсоли гӯшти парҳезӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ, фаровонии маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳо саҳм гузоранд ва ояндаи наздик содироти маҳсулотро ба роҳ монанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти «Ғозиён»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз гӯшаи табиати зинда боздид ба амал оварда, бо усули парвариши навъҳои гуногуни паранда, аз ҷумла, шутурмурғи африқоӣ аз наздик шинос шуданд.
Дар гӯшаи табиати зинда, ки олами воқеии парандагонро бозгӯ менамояд, намудҳои гуногуни оилаи парандаҳо парвариш меёбанд. Он аз тарафи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Юсуф Алимов бунёд гардидааст.
Масоҳати умумии гӯшаи табиати зинда наздик ба як гектарро дар бар мегирад ва дар он наздик ба 20 намуди паранда парвариш меёбад.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки барои парвариш дар шароити Тоҷикистон ҳашт сол қабл аз хориҷи мамлакат се сар шутурмурғ ворид карда шуд. Ҳоло шумора ба 50 сар расидааст, ки натиҷаи дилхоҳ арзёбӣ мегардад.
Дар табиати зинда шутурмурғҳои аз 5 — моҳа то 8 — сола парвариш меёбанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷрибаи Юсуф Алимовро дар самти парвариши навъҳои гуногуни паранда, аз ҷумла, шутурмурғ, намунаи ибрат дониста, ба масъулон ҷиҳати афзун намудани саршумори он дастуру супориш доданд.
Гуфта шуд, ки гӯшти шутурмурғ парҳезӣ мебошад ва тухми он аз 1 то 2 килою 200 грамм вазн дорад.
Хӯроки шутурмурғ асосан беда, баргу поя ва дони ҷуворимакка, гандум ва дигар навъи зироати ғалладона аст.
Вазни умумии аксари шутурмурғҳо то 150 килоро ташкид медиҳад ва аз он имкони то 80 кило гӯшти парҳезӣ гирифтан мавҷуд мебошад.
Пешвои миллат ба шахсони мутасаддӣ дастур доданд, ки таҷрибаи Юсуф Алимовро омӯхта, ҷиҳати ба роҳ мондани парвариши шутурмурғ дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ва афзун намудани саршумори он тадбирҳои саривақтӣ андешанд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки дар гӯшаи табиати зинда ҳамчунин, товус, тазарви сирдарё ва тиллоӣ, мурғи қу, кабӯтари синасафед, се навъи саъба, лочини туркистонӣ, тӯтӣ ва дигар намуди парандаҳои нодир парвариш меёбанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъсиси гӯшаи табиати зинда дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ва ҷалби наврасону ҷавонон ба ин гуна марказҳои табиатшиносӣ масъулонро вазифадор намуданд.
Инчунин, дастур дода шуд, ки дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» хатсайри нави сайёҳӣ таъсис дода шавад, то сокинону сайёҳон аз он дидан намоянд. Гӯшаи табиати зинда дар деҳоти «Ғозиён»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мавзеи зебою назаррабо буда, қалби ҳар бинандаро тасхир менамояд.
Мавзеи навбунёди табиати зинда бо гулу буттаҳои ороишӣ ва дарахтони сояафкану ҳосилдеҳ оро дода шудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Уқобча» — ро мавриди истифода қарор доданд.
Он, ки аз ду ошёна ва маҷмӯи иншооти ёрирасон иборат мебошад, аз тарафи соҳибкорзани ватандӯст Замира Каримова бо сатҳу сифати баланд сохта шудааст.
Дар иншоот, ки барои 120 кӯдак пешбинӣ гардидааст, таълиму тарбия бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ сурат мегирад. Баробари ба фаъолият шурӯъ намудани кӯдакистон 20 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Чор айвончае, ки дар саҳни ҳавлии боғча бо риояи унсурҳои миллӣ зебову замонавӣ сохта шудаанд, барои гузаронидани машғулиятҳо ва бозии кӯдакон бисёр мувофиқ мебошанд.
Он рӯз хурсандии кӯдакон ҳадду канор надошт, чунки онҳо шахсан аз дасти Пешвои маорифпарвар туҳфаҳои идона гирифтанд.
Ҳангоми шиносоӣ бо шароити кӯдакистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори сохтмончиён баҳои баланд дода, иқдоми соҳибкоронро шоистаи таҳсин хонданд.
Баъди мавриди истифода қарор гирифтани муассисаи томактабӣ шумораи боғчаҳои кӯдакона дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба 36 адад расид.
Кормандони соҳаи маорифи ноҳия кӯдакистони хусусии «Уқобча»-ро, ки дар доираи ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ бо мақсади ҳар чӣ бештар ба таълиму тарбияи томактабӣ фаро гирифтани кӯдакон таъмиру навсозӣ шудааст, туҳфаи арзандаи Ҳукумати мамлакат дар рӯзҳои таҷлили Ҷашни байналмилалии «Наврӯз» арзёбӣ намуданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафар дар деҳоти «Ғозиён»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров майдони Парчами давлатии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд.
Дар он, ки дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар масоҳати 0,31 гектар замин сохта шудааст, барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон шароити хуб фароҳам гардидааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз бардоштани парда аз болои лавҳа Парчами миллиро дар вазъияти тантанавӣ парафшон намуданд.
Баландии пояи Парчами давлатии Тоҷикистон бо таҳкурсиаш 41 метрро дар бар мегирад. Матои Парчам 6 метр паҳноӣ ва 12 метр дарозӣ дорад.
Атрофи иншоот бо тарҳу усули хос сабзу гулкорӣ шудааст. Зиёда аз 20 ҳазор гули рангоранги мавсимӣ, 60 адад ниҳоли арча ва палмаҳо майдони Парчами давлатии Тоҷикистонро зинат мебахшанд.
Роҳравҳои майдон дар масофаи зиёда аз 200 метри мураббаъ сафолакпӯш ва ду фаввораи зебо барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон бунёд гардидааст.
Бо мақсади таъмини рӯшноӣ дар майдон зиёда аз 20 адад чароғак насб шуда, шабонгоҳ ба зебоии мавзеъ зинат меафзоянд.
Дар ҳамин замина, роҳи автомобилгарди назди майдон дар масофаи 2,5 километр аз ҷониби роҳсозони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷроуд» асфалтпӯш ва дар ду тарафи роҳ 30 адад сутунпояи равшанидиҳанда насб гардидааст.
Бо мақсади таъмини ҳаракати озоди пиёдагардон, ҳамчунин, роҳравҳои ду тарафи роҳи автомобилгарди назди майдони Парчами давлатии Тоҷикистон дар масоҳати 2500 метри мураббаъ сафолакпӯш карда шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи майдони Парчами давлатии Тоҷикистон бо сокинону фаъолони ноҳия мулоқоти самимӣ доир намуданд.
Пешвои миллат нахуст иштирокчиёни мулоқот ва дар шахси онҳо сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ба Ҷашни байналмилалии Наврӯзи оламафрӯз табрик гуфта, ифтитоҳи иншоотро барои мардуми сарбаланди ин гӯшаи диёр муборакбод намуданд.
Таъкид гардид, ки барои истиқболи сазовор аз ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар деҳоти «Ғозиён»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони 80 иншооти дорои таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки аллакай 20 адади он мавриди истифода қарор гирифтаанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирӣ аз сиёсати созандаи Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони сарбаланди ин гӯшаи диёр изҳори миннатдорӣ намуда, вусъати тадбирҳои созандагиро дар боз ҳам беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми сарбаланди мамлакат муҳим маънидод карданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти «Ғозиён»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маркази нави хизматрасонии «Азизи дил»-ро ифтитоҳ ва дар саҳни ҳавлии он дар чорабинии идонаи наврӯзии сокинони ноҳия иштирок карданд.
Маркази нави хизматрасонии маишӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ, сокини ватандӯст Даврон Азизов бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардид. Он, ки аз ду ошёна иборат мебошад, дар як баст ба 150 — 200 нафар мизоҷ хизмат мерасонад.
Дар назди марказ таваққуфгоҳ барои 20 нақлиёти сабукрав сохта шудааст.
Дар саҳни ҳавлии маркази хизматрасонӣ ба хотири ободу зебо кардани иншоот шаршараи сунъӣ, суҳбаткадаҳо бунёд гардидааст, ки барои фароғати мизоҷон мусоид аст.
Бо бунёди иншооти маишӣ 20 сокини ноҳия бо кори доимӣ таъмин шудаанд.
Баъди ифтитоҳи маркази хизматрасонӣ, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни ҳавлии иншоот намоишгоҳи наврӯзии сокинони ноҳияро тамошо карданд.
Занону бонувон дар чорабинии фарҳангӣ ба ифтихори Наврӯзи байналмилалӣ намоиши ҳунарҳои миллӣ барпо карда, бо риояи суннатҳои хоси ҷашн дастурхони наврӯзӣ оростанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон наврӯзгоҳи сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро аз назар гузаронда, иштирокчиёни маҳфили идонаро бо фарорасии фасли зебои баҳор ва Наврӯзи байналмилалӣ табрику муборакбод намуданд.
Дар деҳоти «Ғозиён»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии деҳқонии «Бобоҷон Мақсуд» бо нашъунамои картошкаи барвақтӣ шинос шуданд.
Тавре маълумот доданд, дар хоҷагӣ 6 феврали соли равон дар майдони як гектар картошкаи барвақтӣ кишт карда шудааст, ки нашъунамои хуб дорад. Интизор меравад, ки аз як гектар то 300 сентнер ҳосил рӯёнида шавад, зеро дар ин майдон картошкаи аълосифати «Аладин», ки дар гузашта таҷриба шудааст, кишт гардидааст. Ба андешаи кишоварзон, дар нимаи дуюми моҳи апрел ин навъи картошка ба ҳосил медарояд.
Аҳли заҳмати хоҷагӣ дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти оқилона истифода намудани замин тасмим гирифтаанд, ки баъди ҷамъоварии ҳосили якум кишти сабзиро ба роҳ монанд ва дар умум, то 4 ҳосил ба даст оранд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулини соҳаи кишоварзӣ таъкид намуданд, ки картошка ҳамчун маҳсулоти ғизоӣ дар сабади истеъмолӣ мақоми махсусро ишғол мекунад. Аз ин ҷост, ки майдони кишт ва ҳосилнокии ин навъи маҳсулот дар натиҷаи тадбирандешиҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар зиёд гардонида шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки минбаъд дар вилояти Суғд ба рушди соҳаи картошкапарварӣ таваҷҷуҳи зарурӣ равона ва аз ҳисоби заминҳои дубора ба кишт воридшаванда майдони кишти он боз ҳам бештар карда шавад. Супориш дода шуд, ки бо истифода аз тухмиҳои навъи серҳосил ва иҷрои саривақтии корҳои агротехникӣ ҳосилнокиро зиёд намоянд.
Бино ба маълумоти мутахассисони соҳа, соли 2020 тибқи дурнамо дар вилояти Суғд дар ҳама шакли хоҷагидорӣ тақрибан 22 ҳазору 600 гектар картошка кишт карда мешавад, ки дар қиёс ба соли 2019-ум 150 гектар зиёд мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар 5 соли охир дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар баробари бештар гардидани майдони кишти картошка, ҳосилнокӣ ва ҳаҷми истеҳсолот зиёд шудааст. Агар соли 2014 ҳаҷми истеҳсоли картошка 325 ҳазору 268 тоннаро ташкил дода бошад, пас ин рақам соли 2019 ба 450 ҳазору 240 тонна баробар гардидааст. Мувофиқи таҳлилҳои оморӣ, 5 соли охир майдони кишти картошка аз 11 ҳазору 943 гектар ба 22 ҳазору 448 гектар расонида шудааст, ки барои расидан ба яке аз ҳадафҳои олии Давлату Ҳукумати Тоҷикистон, яъне, таъмини амнияти озуқаворӣ, мусоидат мекунад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Маҷмааи хизматрасонии «Мақсудҷон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Он, ки аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ бунёд гардидааст, аз ду ошёна иборат буда, дорои тарабхона барои 200 нафар, қаҳвахона ва дигар иншооти ёрирасон мебошад ва 15 нафар сокинони маҳаллӣ cоҳиби ҷойи кори доимӣ гаштаанд.
Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои 100 нафар ятим аз ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Деваштич, Ҷаббор Расулов, Шаҳристон, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Истаравшан туҳфаҳои идона тақдим намуда, зикр карданд, ки онҳо пайваста зери ғамхории хосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.
Сипас, барои ятимон аз ҷониби Сарвари давлат дастурхони пурнозу неъмат ороста шуд.
23 марти соли 2020 дар шаҳри Гулистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони як қатор вазорату идораҳо, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва роҳбарони ширкатҳои истеҳсоли орд, равған ва таҳвилкунандагони маҳсулоти ғаллагӣ машварати корӣ доир карданд.
Дар он масъалаҳои вобаста ба татбиқи босифату саривақтии нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаҳои давлатӣ, «Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои то соли 2030», ноил гардидан ба яке аз ҳадафҳои асосии стратегии кишвар — ҳифзи амнияти озуқаворӣ, истеҳсол, харид, захира, воридоту содироти маҳсулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла, маҳсулоти ниёзи аввал, орд, равған ва сабзавот, таҳлили вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, коҳиш додани таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти мамлакат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Вобаста ба ин ва дигар масъалаҳо ҳисоботи вазирони саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ, раиси вилояти Суғд ва гузориши роҳбарони ширкатҳои истеҳсоли орд ва равған шунида шуд.
Таъкид гардид, ки тайи солҳои охир ба шарофати сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи босамари ислоҳот дар самти истеҳсолу захираи маҳсулоти кишоварзӣ ва таъминоти мардуми кишвар бо маҳсулоти зарурии хӯрокворӣ ва дар навбати аввал, орд, пешравиҳои назаррас мушоҳида мешавад. Аз ҷумла, бо истифодаи самараноки замин, гирифтани ду — се ҳосил аз он, таъсиси корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва истеҳсоли орд Тоҷикистон на танҳо талаботи аҳолиро бо маҳсулоти хӯрокворӣ таъмин менамояд, балки як қисми онро ба содирот равона месозад.
Дар мамлакат тайи солҳои соҳибистиқлолӣ даҳҳо корхонаи истеҳсоли орд ва равған таъсис ёфтааст, ки онҳо самаранок фаъолият доранд ва дар самти таъмини аҳолӣ бо ин навъи маҳсулот саҳми муносиб мегузоранд.
Ҳоло дар кишвар 47 корхонаи коркарди ғалла, аз ҷумла, дар вилояти Суғд — 32, Хатлон — 7, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — 1, шаҳри Душанбе — 3 ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 4 корхона фаъолият менамояд. Иқтидори онҳо ба коркарди 2,5 миллион тонна гандум ё истеҳсоли 1,8 миллион тонна орд дар як сол баробар аст ва имконият доранд, ки дар баробари таъмини пурраи талаботи мамлакат бо орди гандумии истеҳсоли худӣ қисмеро ба хориҷи кишвар содирот намоянд. Танҳо иқтидори корхонаҳои истеҳсоли орд дар вилояти Суғд беш аз як миллион тоннаро ташкил медиҳад, ки талаботи кишварро бо орд таъмин мекунад.
Соли 2019 бо ворид намудани як миллион тонна гандум корхонаҳои соҳа 710 ҳазор тонна орд истеҳсол намуданд, ки нисбат ба соли 2018 — ум 16,2 ҳазор тонна зиёд мебошад.
Тибқи маълумот, талаботи Тоҷикистон ба орди гандумӣ дар соли 2019 дар маҷмӯъ 800 ҳазор тоннаро ташкил додааст.
Ҳиссаи орди ватанӣ дар таъмини бозори истеъмолии кишвар соли 2019 ба 89 фоиз баробар буд, ки 11 фоиз ё 91 ҳазор тоннаи он ба орди воридотӣ рост меояд.
Дар моҳҳои январ — феврали соли 2020 бо ворид намудани 95 ҳазор тонна гандум ҳаҷми истеҳсоли орд 100 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019-ум 323 тонна зиёд мебошад.
Талаботи кишвар дар ду моҳи соли равон беш аз 116 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки 86 фоиз аз ҳисоби орди гандумии ватанӣ ва 14 фоиз ё 16,2 ҳазор тонна аз ҳисоби орди гандуми воридотӣ қонеъ гардонида шуд.
Ҳамчунин, соли 2019 дар ҳаҷми қариб 3 ҳазору 200 тонна орди гандумӣ ба маблағи 802 ҳазор доллари амрикоӣ ба хориҷи кишвар содирот гардидааст.
Дар Тоҷикистон айни ҳол 52 корхонаи хурду бузурги истеҳсоли равғани растанӣ фаъолият дорад.
Иқтидори истеҳсоли корхонаҳои ватанӣ 80 ҳазор тонна равғани растанӣ дар як сол ва талаботи солона ба он 125 ҳазор тонна мебошад. Воридоти равғани растанӣ ба Тоҷикистон соли 2019-ум 100 ҳазор тоннаро ташкил дод.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки масъалаи истеҳсол ва захираи орд зери назорати шахсии роҳбарони дахлдор, аз ҷумла, вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо қарор дода шавад.
Ба роҳбарони корхонаҳои истеҳсоли орд ва равған дастур дода шуд, ки бо истифода аз имконият ва имтиёзҳои муҳайёкардаи Ҳукумати кишвар иқтидори истеҳсолии корхонаҳоро афзун кунанд. Бозори истеъмолии ватаниро бо маҳсулот таъмин ва ба хориҷи мамлакат содирот намоянд.
Бояд гуфт, ки дар баробари орду равған Ҳукумати мамлакат ба масъалаи харид ва захираи дигар маҳсулоти хӯрокворӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
Бо супориши бевоситаи Президенти мамлакат Агентии давлатии захираҳои моддӣ ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот» дар мамлакат ҳаҷми зиёди маҳсулоти ғизоӣ, аз ҷумла, сабзавотро, захира кардаанд.
Мардуми шарифи Тоҷикистон метавонанд дар масъалаи таъминот бо ғалла ва орд осуда бошанд ва ба ҳар гуна овозаҳои бардурӯғ бовар накунанд.
24 марти соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба истифода додани корхонаи коркарди меваю сабзавоти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хуҷанд — Агро», ки дар минтақаи саноатии шимолу шарқии маркази маъмурии вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд бунёд шудааст, иштирок намуданд.
Он бо маблағгузории соҳибкорони ватанӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ, ки зиёда аз 3,5 миллион сомониро ташкил медиҳад, бунёд ва бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанаш 50 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардид.
Дар корхона бо истифода аз технологияи муосири истеҳсоли Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Украина ва Олмон асосан коркарди меваю сабзавот, ба монанди сабзӣ, лаблабу, карам, пиёз, каду, сирпиёз, се намуди кабудӣ, картошка, лимӯ ва себ ба роҳ монда шудааст. Дар як шабонарӯз дар корхона аз 10 то 12 тонна меваю сабзавоти тару тоза мавриди коркард қарор мегирад.
Зимни шиносоӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд, ки корхона маҳсулоти кишоварзиро аз хоҷагиҳои деҳқонии вилоятҳои Суғду Хатлон ба тариқи яклухт дастрас ва дар се марҳила бо технологияи муосир тоза, дар ҳарорати 100 дараҷа пухта, реза ва хушк мекунад. Ҳамчунин, дар корхона маҳсулоти тайёр мувофиқ ба талаботи бозори ҷаҳонӣ бандубаст карда мешавад.
Маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхона, ки аз ҷиҳати экологӣ тоза арзёбӣ мегардад, асосан ба хориҷи кишвар, аз ҷумла, Федератсияи Россия, Қазоқистон, Украина ва Аврупо содирот карда мешавад.
Тибқи иттилои мутахассисон, дар вақти коркард таркиби меваю сабзавот дар озмоишгоҳи корхона, ки бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз мебошад, ҳаматарафа санҷида мешавад. Дар раванди истеҳсолот ягон навъи маводи химиявӣ истифода намешавад ва аз ҳамин лиҳоз дар дохилу хориҷи мамлакат ба маҳсулоти он талабот зиёд аст.
Айни замон дар анборҳои корхонаи «Хуҷанд-Агро» зиёда аз 1,5 ҳазор тонна сабзӣ ва пиёз захира шудааст, ки то ҷамъоварии ҳосили имсола марҳала ба марҳала дар асоси фармоиши ширкатҳои тиҷоратӣ ва талаботи бозори дохилию хориҷӣ мавриди коркард қарор мегирад.
Зикр кардан бамаврид аст, ки роҳбарияти корхона бо хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳамкории судмандро ба роҳ монда, маҳсулоти кишоварзиро қаблан, яъне, пеш аз оғози кишт, ба деҳқонон фармоиш медиҳанд.
Ҳамчунин, бо мақсади таъмин намудан бо маҳсулоти кишоварзӣ, ки заминаи асосӣ барои фаъолияти муназзам ба ҳисоб меравад, дар вилояти Суғд ба корхонаи коркарди меваю сабзавоти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хуҷанд-Агро» заминҳои корам вобаста шудааст.
24 марти соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Навбаҳори шаҳри Хуҷанд маркази ташхисӣ-табобатии «Дармонгоҳи Хуҷанд»-ро расман ифтитоҳ намуданд.
Он бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Хайрӣ Ваҳҳобова, дар асоси лоиҳаи меъёрии соҳаи тандурустӣ, дар масоҳати наздик ба 250 метри мураббаъ, иборат аз 4 ошёна бо таҳхона бунёд гардидааст. Дар марказ шароити замонавии ташхису табобат ва хизматрасонии тиббӣ фароҳам шуда, намудҳои зиёди ташхис, муолиҷа ва хизматрасониҳои тиббӣ-санитарӣ пешбинӣ гардидаанд. Инчунин, ташхису табобати касалиҳои дарунӣ, урологӣ, асаб, гӯшу гулӯю бинӣ, чашм, амрози занона бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ ба роҳ монда шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муассиси марказ ва табибону кормандон дастур доданд, ки ба сифати хизматрасонии тиббӣ, муошират бо беморон диққати ҷиддӣ диҳанд ва ба қоидаю талаботи санитарӣ риоя намоянд, зеро ташхису табобат ва дараҷаи солимӣ, пеш аз ҳама, ба иҷрои талаботу нишондиҳандаҳо вобастагӣ дорад.
Дар муассиса шароити меъёрии тиббӣ-санитарии безараргардонӣ, тамизгардонии дастгоҳу таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ фароҳам аст. Ҳуҷраи безараргардонӣ ва тамизгардонӣ бо автоклав, ҷевонҳои хушкнигоҳдорӣ, катҳои функсионалии махсуси барқӣ ва дигар лавозимот пурра таъминанд.
Дар марказ бо таъсиси блоки ҷарроҳӣ бо ҳуҷраҳои пеш аз ҷарроҳӣ, баъди ҷарроҳӣ ва малҳамбандӣ бо муҷаҳҳаз гардонидани дастгоҳу таҷҳизот ва лавозимоти тиббии мувофиқ ба талаботи тиббӣ-санитарӣ имконияти гузаронидани ҷарроҳии хурд мавҷуд аст. Аз ҷумла, ҷарроҳии узвҳои дарунӣ, урологӣ, узвҳои занона, гӯшу гулӯю бинӣ ва лазерии рагҳои хунгарди пой гузаронида мешавад. Инчунин, ҳуҷраҳои стоматологияи калонсолон ва кӯдакона дар алоҳидагӣ таъсис дода шудаанд.
Ҳуҷраи гинекологӣ бо дастгоҳи муосири тиббӣ-колпаскопӣ муҷаҳҳаз гардидааст, ки тавассути он якчанд намуди амрози занона, хусусан, бемории гарданаки бачадон, бо усули пешрафта, бо истифода аз таҷҳизоти муосири рақамӣ, ташхис ва табобат мешавад.
Муассиса бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ, аз ҷумла, сабти барқии дил, дастгоҳи ултрасадои сохти «Ҷенерол-электрик»-и ИМА, дастгоҳи ҷарроҳии лазерӣ, мизҳои муосири ҷарроҳӣ, дастгоҳҳои офиятбахшӣ ва дигар лавозимот муҷаҳҳаз мебошад.
Дар он се озмоишгоҳ – клиникӣ, биохимиявӣ ва иммуноферментӣ барои таҳлилҳои умумӣ, кори узвҳои дарунӣ ва ҳама намуди нишондиҳандаҳои хун таъсис ёфтаанд. ҳамчунин, барои бистарикунии беморон дар ду ошёна бо 20 кат ҳуҷраҳои замонавӣ бо тамоми шароит ташкил гардидаанд. Ҳар як ҳуҷраи бистаринамоӣ дорои утоқҳои санитарӣ-гигиении алоҳида ва бо мебелу таҷҳизоти истеҳсоли корхонаҳои ватанӣ таъмин мебошанд.
Дар муассиса барои офиятбахшӣ ҳуҷраҳои алоҳида таъсис ва гӯшаи гиёҳдармонӣ ташкил шудааст. Ошхона, толорҳои барҳаво ва долонҳои зебо барои истироҳату фароғати беморон пешбинӣ гардидаанд.
Ба маркази тиббии хусусӣ 25 табиб-мутахассиси дорои донишу таҷриба ва корманди миёнаи тиб ба кор ҷалб шудаанд. Муассиси марказ ва табибон ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии доимӣ, фароҳамсозии имкониятҳои васеъ барои ташкили муассисаҳои тиббӣ-хусусӣ миннатдорӣ намуданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази хизматрасонии «Мавҷ»-ро мавриди истифода қарор доданд.
Дар он, ки аз 5 ошёна иборат мебошад, толори бозии кӯдакон, маркази савдо ва меҳмонхона пешбинӣ гардидааст.
Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як гурӯҳ ятимон ва маъюбони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мулоқот намуда, аз ҳолу аҳволи онҳо пурсон шуданд. Сарвари давлат наврасону ҷавононро, ки бо амри тақдир аз падару модар маҳрум гаштаанд, ба муносибати Наврӯзи байналмилалӣ таҳният гуфта, онҳоро ба дӯст доштани Ватан, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ободу зебо гардонидани сарзамин ҳидоят намуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 100 ятим, ки зери парастории Ҳукумати мамлакат қарор доранд, туҳфаҳои идона — сарулибоси мавсимӣ, шиму костюм, пойафзол, барои духтарон атласу адрас ва либосҳои баҳорӣ тақдим намуданд. Ин иқдоми башардӯстонаи Сарвари ғамхору дилсӯзи миллат боис ба хурсандии наврасон гардид.
Пешвои миллат аз ятимону маъюбон даъват ба амал оварданд, ки бо истифода аз имкониятҳои фароҳамнамудаи Давлату Ҳукумати мамлакат бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, соҳибилм ва фарди ватандӯст гарданд.
Кӯдакон ба Сарвари ғамхору сарпарасти ятимон изҳори сипос намуда, ваъда доданд, ки ҳар гуфтаи Пешвои миллатро сармашқи кор қарор дода, дар ободӣ ва пешрафти мамлакат саҳм мегузаранд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ба фаъолияти корхонаи муштараки ҶДММ «Хантана Канада ИНК» оғози расмӣ бахшиданд.
Дар он коркарди асали аз лиҳози экологӣ тоза ба роҳ монда шудааст. Раванди истеҳсолӣ дар коргоҳи хурди махсус, ки дар он таҷҳизоту дастгоҳҳои муосир васлу насб шудаанд, роҳандозӣ мегардад.
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки баъд аз тоза кардани асал аз омехтаҳо, маҳсулоти коркардшуда ба зарфҳои шишагии ҳаҷмашон аз 80 то 700 — грамма ва зарфҳои махсуси хурди 7-10 — грамма ҷой дода мешавад. Ширкат бо мақсади таъмини рақобатпазирии маҳсулот ва мутобиқ ба талаботи бозори байналмилалӣ истеҳсол кардани он, коркарди асалро бо омехтаҳои гуногуни тароватбахш ба роҳ мондааст.
ҶДММ «Хантана Канада» маҳсулоти тайёрро ба бозорҳои ИМА, Канада, Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб, кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, ки бузургтарин давлатҳои воридкунандаи асал мебошанд, содирот менамояд. Маҳсулоти корхона барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти аҳолӣ, тарабхонаҳо, қаҳвахона ва марказҳои табобатӣ низ нигаронида шудааст.
Ашёи хом — асали табиӣ аз асалпарварони маҳаллӣ, ки бо онҳо шартномаи пешакӣ баста шудааст, харидорӣ мешавад. Зарфҳо ва тамғакоғазҳо барои бастабандӣ аз ширкатҳои чинӣ ва туркӣ харидорӣ мегарданд. Дар сурати зиёд гаштани ҳаҷми содирот, ширкат истеҳсоли зарфҳои шишагиро ба нақша гирифтааст.
Роҳбарияти корхона азм дорад, ки истеҳсоли маҳсулотро дар як сол ба 240 тонна расонад. Дар ҶДММ «Хантана Канада ИНК» зиёда аз 20 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ ба роҳбарияти МОИ «Суғд» ҷиҳати ҷалби субъектҳои нав дастур дода, таъкид карданд, ки аз имтиёз ва афзалиятҳои фароҳамшуда мақсаднок истифода баранд. Ҳоло дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» 29 субъект бо таъсиси 600 ҷойи кор фаъолият доранд. Онҳо соли 2019 ба маблағи 168 миллион сомонӣ молу маҳсулот истеҳсол кардаанд.
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҶДММ Корхонаи муштараки тоҷикӣ-туркии «Афранг пласт»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Коргоҳи нав, ки ба истеҳсоли профил аз поливинхлорид машғул аст, маҳсулотро барои омодасозии дару тирезаҳои пластикӣ ва дигар таҷҳизот тайёр менамояд. Ба иттилои масъулин, дар як сол «Афранг пласт» имконият дорад, ки 1200 тонна профилҳои пластикӣ истеҳсол ва ба бозорҳои дохилу хориҷ пешниҳод намояд. Бояд зикр кард, ки феълан аз хориҷи кишвар ба мамлакат соле аз 6 то 7 ҳазор тонна профили пластикӣ ворид мегардад. Дар оянда коргоҳи нав метавонад ба коҳишёбии воридот мусоидат кунад.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки то 35 фоизи маҳсулоти ниҳоии коргоҳ барои содирот ба хориҷи кишвар пешбинӣ гардидааст. Боқимондаи он ба бозорҳои дохилӣ барои қонеъсозии эҳтиёҷоти худӣ бароварда мешавад.
Корхона дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Олимӣ Тоҳир Олим якҷо бо шарикон аз Ҷумҳурии Туркия бунёд гардидааст. Айни ҳол дар он 28 сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гаштаанд. Ба иттилои масъулин, дар оянда шумораи кормандони корхона то ба 60 нафар расонида мешавад.
Корхона бо ашёи хоми Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Туркия фаъолият менамояд. Хатҳои истеҳсолӣ, ки аз Ҷумҳурии Туркия дастрас гардидаанду муосир ба ҳисоб мераванд, сифати баланди маҳсулотро таъмин месозанд. Иншоот дар масоҳати 1468 метри мураббаъ бунёд ёфта, кормандони он пас аз омӯзиши нозукиҳои касб ба фаъолият шурӯъ кардаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти корхона аз наздик шинос шуда, ба масъулин дастур доданд, ки ба сифати маҳсулоти омодагардида диққати аввалиндараҷа диҳанд, зеро танҳо дар ин сурат истеҳсолоти ватанӣ метавонад бо маҳсулоти воридотӣ рақобат ва харидор дар бозорҳои дохиливу хориҷӣ пайдо намояд.
Соҳибкорон барои дастгирии пайваста ва ғамхориҳои рӯзафзун ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки дар оянда фаъолиятро дар самти рушди истеҳсолоти ватанӣ густариш хоҳанд бахшид. Ҳамчунин, соҳибкор тасмим гирифт, ки дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат, то ҷашни Наврӯзи оянда боғчаи бачагонаро бо 200 ҷой барои кӯдакони ятим ва аз оилаҳои камбизоат, бо дарназардошти тамоми шароит сохта, ба истифода диҳад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун ба Боғи Камоли Хуҷандӣ ташриф оварда, дар иди асал, нон ва картошка иштирок намуданд.
Пешвои миллат бо дастовардҳои сокинони 18 шаҳру ноҳия ва ҳунари намояндагони аҳли фарҳанги вилоят шинос шуданд.
Дар иди асал, нон ва картошка сокинони шарафманди вилояти Суғд маҳсули дастранҷи худро бо ороишоти гуногун ба намоиш гузоштанд, ки хеле дилкаш ва бошукӯҳ буд.
Зимни суҳбат бо иштирокчиён Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунару маҳорати баланди кадбонувон баҳои баланд ва ба онҳо барои эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, тарбияи дурусти фарзандон ва ба омӯзиши ҳунарҳо ҷалб кардани духтарон дастуру ҳидоят доданд.
Мавриди зикр аст, ки иди асал, нон ва картошка ба даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Нон шудам шоистаи ҳар хон шудам» рост омад, ки омили муҳими рушд ва эҳтиром нисбат ба маҳсулоти асосии ғизоӣ — нон ба шумор меравад.
Он дар се давр — ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад.
Дар даври ноҳиявии озмун, ки дар Боғи Камоли Хуҷандӣ сурат гирифт, иштирокчиён дар чор бахш — нони бомаза, нони калонҳаҷм, ороиши беҳтарини нон ва зуволатоби беҳтарин маҳорат нишон доданд.
Дар доираи эълони солҳои 2019 — 2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ҳунармандони вилояти Суғд бо офаридаҳои худ як гӯшаи макони баргузории иди асал, нон ва картошкаро оро доданд.
Дар гӯшаи дигари боғи зебову замонавӣ иди асал баргузор шуд, ки дар он занбӯриасалпарварони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ширкат намуда, асали зиёди тозаи табииро ба намоиш гузоштанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занбӯриасалпарвариро яке аз бахшҳои сердаромад арзёбӣ намуда, ба масъулин ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани он дастуру маслиҳат доданд.
Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои табиати нотакрор ва гулу гиёҳҳои зиёди шифобахш мебошад ва дар он имконияти хуби зиёд намудани оилаҳои занбӯри асал ва афзун кардани ҳаҷми истеҳсоли ин навъи маҳсулоти фоидаовару бозоргир фаровон аст.
Зимни суҳбат иштирокчиёни намоиш ба Сарвари давлат ваъда доданд, ки баҳри рушди соҳа талош меварзанд ва аз имкониятҳои табиати ғании кишвар ва имтиёзҳои фароҳамовардаи Ҳукумати мамлакат самаранок истифода мебаранд.
Соли 2019 дар ҳама шакли хоҷагидории вилоят 1 ҳазору 417 тонна асал истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба соли 2018-ум 35 дарсад зиёд мебошад.
Дар гӯшаи дигари намоишгоҳ картошкапарварон навъҳои гуногуни картошка ва таомҳои аз он омодашударо ба тамошо гузошта буданд.
Ба ақидаи картошкапарварон, обу ҳавои кишвар ба истеҳсоли навъҳои серҳосилу босифати картошка мувофиқ аст ва интихоби тухмии навъи аъло имкон медиҳад, ки ҳосили фаровон ба даст ояд.
Бояд гуфт, ки истеҳсоли картошка то якуми январи соли 2020 — 450 ҳазору 322 тоннаро ташкил додааст, ки дар муқоиса ба соли 2018- ум 34 ҳазору 360 тонна зиёд мебошад.
Дар намоишгоҳ 12 навъи ин маҳсулоти ниёзи аввал, аз қабили Тоҷикистон, Файзобод, Заррина, ред, гала, якка, пикассо, розара, ред фантазия, шукрона, овчӣ ҷой дода шуд.
Тибқи иттилои масъулон, то якуми январи соли 2020 истеҳсол дар ҳама шакли хоҷагидории вилояти Суғд наздик ба 8,1 миллиард сомонӣ расидааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2018-ум 108 дарсадро ташкил мекунад.
Сарвари давлат ба сокинони вилоят оид ба истифодаи самараноки замин, афзоиши истеҳсоли маҳсулот, таъмини бозори дохилӣ ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи мамлакат дастуру супориш ва ба иштирокчиёни иди асал, нон ва картошка, ки дар чорабинӣ бо дастовардҳои арзанда иштирок карданд, баҳои баланд доданд.
25 марти соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар маросими баистифодадиҳии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12 ба деҳоти ба номи Турсун Ӯлҷабоеви ноҳияи Спитамен ташриф оварданд.
Дар саҳни муассисаи таълимӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро хонандагону омӯзгорон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Мавриди зикр аст, ки муассисаи нави таълимӣ дар заминаи таваҷҷуҳи хоса ва ғамхориҳои ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф ҷиҳати фароҳам овардани шароити арзандаи таълим барои насли наврасу ҷавони мамлакат бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ сохта шуд.
Мактаб аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, барои 1280 ҷойи нишаст дар ду баст бунёд гардидааст ва аз 16 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла, кабинетҳои фаннии химия, физика, математика, табиатшиносӣ, биология, география, синфхонаҳои таълими меҳнат ва омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ, компютерӣ, китобхона ва ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ дар муассиса баҳои баланд ва ба масъулону омӯзгорон ҷиҳати тарбияи дурусти насли ояндаи миллат ва дар рӯҳияи баланди ифтихори миллӣ ба воя расидани онҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар ошёнаи якуми бино ошхона мавҷуд аст, ки барои зиёда аз 100 ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст.
Бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва ба варзиш ҷалб намудани наврасону ҷавонон дар муассиса толори барҳавову муосири варзишӣ сохта шудааст, ки 200 ҷойи нишаст барои тамошобинон дорад.
Бо мақсади дар шароити мусоид баргузор намудани ҷамъомаду чорабиниҳои гуногуни оммавию фарҳангӣ дар ошёнаи дуюм толори барҳавои маҷлисгоҳ бо 200 ҷойи нишаст мавҷуд аст, ки бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз мебошад.
Пас аз шиносоӣ бо шароити муассисаи таълимӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо омӯзгорону хонандагон ва фаъолони ноҳия мулоқоти судманду самимӣ анҷом дода, ба истифода супоридани онро туҳфаи арзишманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи ҷашни муқаддаси миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ барои сокинони шарафманди ин гӯшаи диёри биҳиштосо арзёбӣ намуданд.
Пешвои миллат ба омӯзгорону хонандагон ҷиҳати истифодаи босамари имконияти фароҳамшуда, аз бар кардани барномаҳои таълимӣ, кор бо техникаю технологияи муосир ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар доираи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дастурҳои судманд доданд.
Зимни мулоқот бо фаъолон ва сокинони ноҳияи Спитамен Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд супориш доданд, ки дар муддати як сол якҷо бо соҳибкорони ватанӣ мактаби нави инноватсионӣ бо тамоми таҷҳизот сохта, ба истифода диҳанд.
Дар ноҳияи Спитамен Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз боғи суперинтенсивии хоҷагии деҳқонии «Дӯстобод-2»-и Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Маркази тақсимоти яклухти «Витаминҳои Тоҷикистон», ки дар деҳаи Озариёни деҳоти «Тағояк» бунёд шудааст, боздид намуданд.
Он, ки дар масоҳати 5 гектар бунёд гардидааст, таҷрибаи нахустин дар Тоҷикистон мебошад.
Бо мақсади ҳифзи ниҳоли дарахтон аз жола ва дигар офатҳои табиӣ болои дарахтон бо тӯри махсус пӯшонида шудааст. Бартарии дигари боғ он аст, ки дар он системаи обёрии қатрагиро ба роҳ мондаанд. Бо ин васила сарфаи барзиёди об пешгирӣ мешавад ва хароҷоти қувваи корӣ, нуриҳои минералӣ коҳиш меёбад.
Боғи суперинтенсивӣ нисбат ба дигар намуди боғҳо афзалияти зиёд ва дар рушди бештари соҳаи боғдорӣ дар мамлакат, афзоиши иқтидори истеҳсоливу ва содиротӣ нақши муҳим дорад, зеро дар соли сеюм ниҳолҳо ҳосили фаровон медиҳанд.
Барои бунёди боғи суперинтенсивӣ, дар маҷмӯъ, зиёда аз 2 ҳазор сутунпояи бетонӣ истифода гардидааст. Ба таъкиди боғдорон, онҳо дар масофаи ҳашт метр дарозӣ ва чор метр паҳноӣ ҷойгир карда шудаанд.
Айни замон дар боғи навбунёд 20 сокини маҳаллӣ ба кори доимӣ таъмин гардидаанд. Дар мавсими ҷамъоварии ҳосил боз 50 каси дигар ба корҳои саҳроӣ ҷалб мешаванд, ки ин тадбир, аз як ҷониб, ба беталаф ҷамъоварӣ шудани мева аз тарафи дигар, ба афзудани даромади сокинони маҳаллӣ мусоидат мекунад.
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки муҳлати пухта расидани мева дар ин гуна боғҳо дертар фаро мерасад. Новобаста аз ин, метавон содироти маҳсулоти бадастомадаро ба роҳ монд, зеро дар сардхона мева беосеб ва тару тоза нигоҳ дошта мешавад.
Усули шинонидани ниҳолҳои себ дар боғи нав бо риояи қоидаҳои агротехникӣ чунин муайян гардидааст: байни дарахтон як ва қаторҳо чор метр масофа бояд бошад. Дар як гектари ин боғ 2 ҳазору 500 ниҳоли серҳосили себ шинонида шудааст.
Хоҷагидорон дар боғи навбунёд ду навъи ниҳол — «пинк леди», яъне навъи «арғувонӣ» ва «голден делишес» — навъи «зарринтоб»-ро аз хориҷи мамлакат дастрас намуда, шинонидаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо аҳли заҳмат боғпарвариро яке аз соҳаҳои асосии комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ ва таъкид намуданд, ки рушди соҳа дар таъмини амнияти озуқаворӣ, ғанӣ гардонидани сабади истеъмолӣ, дастрасии корхонаҳои коркард бо ашёи хом, афзун гардонидани имконияти содиротии мамлакат ва бо кори доимӣ таъмин намудани аҳолӣ нақши муҳим дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии деҳқонии «Суғдиёна»-и деҳоти «Тағояк»-и ноҳияи Спитамен ба кишти пахта оғоз бахшиданд.
«Суғдиёна» яке аз хоҷагиҳои пешқадами ноҳияи Спитамен дар соҳаи пахтакорӣ мебошад, ки соли 2016 таъсис ёфта, 18 саҳмдор дорад ва дар маҷмӯъ, дорои 41,56 гектар замин мебошад, ки 11 гектари онро замини корами обӣ дар бар мегиранд.
Аҳли заҳмати хоҷагӣ соли гузашта дар майдони 7 гектар замин пунбадона кишт намуда буданд ва аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна то 38 сентнерӣ ҳосил гирифтанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо саҳмдорони хоҷагӣ оид ба истифодаи пурсамари ҳар як қитъа замин ва дар ҷараёни кишти зироат аҳамият додан ба сифат ва навъи тухмиҳое, ки ба обу иқлими ноҳия мувофиқ мебошанд, маслиҳатҳои судманд доданд.
Таъкид гардид, ки иҷрои корҳои агротехникӣ ва ғизодиҳии саривақтии зироат дар асоси маслиҳати мутахассисони соҳа ба нашъунамои ниҳолони пахта мусоидат мекунад ва ин раванд ба ҳосили хубу фаровон замина мегузорад.
Кишоварзони хоҷагӣ соли равон нақша доранд, ки дар доираи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 8 гектар пунбадонаи навъҳои серҳосили «Турки эдесса» ва маҳаллии «Хуҷанд — 67» кишт намоянд. Ба андешаи мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, кишту парвариши ин навъи тухмиҳо ба обу иқлими ноҳияи Спитамен мувофиқ аст ва аз ҳар як гектар замин то 45 сентнерӣ ҳосил ба даст овардан имкон дорад.
Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба саҳмдорони хоҷагӣ доир ба парвариши зироат бо шаклу усули муосир, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои нав, рушди соҳаи боғдорӣ ва ба ин васила саҳми бештар гузоштан дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии сокинони мамлакат бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Спитамен, ҳамчунин, бо намоишгоҳи дастовардҳои кишоварзон ва гармхонаи замонавӣ дар хоҷагии деҳқонии «Дӯстобод-2»-и деҳоти «Тағояк» шинос шуданд.
Аҳли заҳмати ноҳия наздик ба 40 навъи маҳсулоти кишоварзиро ба намоиш гузошта буданд.
Ҳоло дар ноҳияи Спитамен 1600 хоҷагии деҳқонӣ мавҷуд аст. Аҳли заҳмат сол то сол майдони кишту парвариши зироати ба иқлими минтақа мувофиқро дар асоси маслиҳати мутахассисони соҳа зиёд мекунанд ва дар таъмини сокинон бо маҳсулоти ватании аз лиҳози экологӣ тоза саҳм мегузоранд.
Дар ноҳия, баробари кишту парвариши сабзавот, ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мешавад.
Тавре ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, феълан масоҳати боғу токзор дар ноҳияи Спитамен ба ҳазор гектар мерасад ва ҳар сол бо васеъ намудани майдони боғҳо хоҷагидорон истеҳсоли меваҳои лазизу шаҳдбори ватаниро афзун мекунанд.
Парвариши сабзавот дар гармхонаҳо низ яке аз самтҳои фаъолияти пурсамари кишоварзон дар ноҳияи Спитамен маҳсуб меёбад. Ин раванд бо истифода аз таҷрибаи пешқадам ва ҷорӣ намудани усули муосир дар истеҳсолот аз ҷониби хоҷагидорон амалӣ карда мешавад.
Зимни боздиди Пешвои миллат аз гармхонаи замонавӣ дар хоҷагии деҳқонии «Дӯстобод-2», иттилоъ доданд, ки дар ноҳия 11 гармхонаи доимоамалкунанда дар масоҳати 3 гектар мавҷуд мебошад. Гармхонаи замонавӣ дар деҳоти «Тағояк»-и ноҳияи Спитамен соли 2019 дар доираи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат аз ҷониби соҳибкори ватанӣ, муассиси Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди маркази тақсимоти яклухти «Витаминҳои Тоҷикистон» Саидмурод Давлатов таъсис дода шудааст ва дар он асосан сабзавот парвариш карда мешавад. Инчунин, парвариши помидорҳои навъи «Атия», «Аламина» ва «Пинк — Оракул» бо истифода аз технологияи муосир ба роҳ монда шудааст, ки 20 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва 40 каси дигар ба таври мавсимӣ бо шуғл таъмин мебошанд.
Дар гармхона дар марҳилаи аввал дар як гектар 26 ҳазор кӯчати помидор шинонида шуда, 60 тонна маҳсулот ҷамъоварӣ ва пешниҳоди бозори истеъмолӣ гардид. Соли равон бо истифода аз таҷрибаи соли гузашта ва тарҳрезии нақшаҳои нав бо интихоби тухмиҳои серҳосил дар назар аст, ки то 100 тонна ҳосил рӯёнида шавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раванди истифода аз усули замонавӣ ва технологияи муосир дар гармхона барои парваришу истеҳсоли сабзавоти босифату аз ҷиҳати экологӣ тоза таваҷҷуҳ зоҳир намуда, иқдоми соҳибкори ватаниро намунаи ибрат ва дастгирӣ арзёбӣ карданд.
Пас аз шиносоии Пешвои миллат бо ҷараёни нашъунамои ниҳолони помидор нақшаҳои ояндаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди маркази тақсимоти яклухти «Витаминҳои Тоҷикистон» муаррифӣ карда шуд.
Таъкид гардид, ки соҳибкори ватанӣ дар заминаи дастгириҳои Ҳукумати мамлакат нақша дорад, ки дар оянда масоҳати гармхонаро то ба 10 гектар расонад ва барои нигоҳдории маҳсулот сардхона бунёд намояд. Дар ҳамин замина, бунёди корхонаи хишт ба нақша гирифта шудааст, ки маҳсулоти сохтмонии он барои таъмин кардани гармхонаҳо бо гармӣ истифода хоҳад шуд.
Ҳамчунин, сохта ба истифода додани коргоҳи бандубаст ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар нақша аст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишоварзону аҳли заҳмати ноҳияи Спитамен барои боз ҳам зиёд кардани масоҳати гармхонаҳо, афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи пурсамари заминҳои корам ва бо ин роҳ саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқаворӣ дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи «Рухак»-и деҳоти «Ғозиён»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба бунёди боғи нав, ки дар он ниҳолҳои дарахтони ба содирот нигаронидашуда шинонида мешавад, асос гузоштанд.
Замини мавзеи «Рухак», ки солҳо боз бекор хобида ва аз гардиши кишоварзӣ дур монда буд, бо дастури бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби масъулони кооперативи истеҳсолии «Самир — Суғд» дар марҳилаи аввал дар майдони зиёда аз 1100 гектар бунёди боғи нав оғоз шуд.
Ҳамчунин, аҳли заҳмат дар ин мавзеъ беҳтарин навъи ниҳолҳои дарахтони чормағз, бодом, анор, ангур, гелос ва хучро шинониданд, ки ба иқлими ин ҷо мутобиқ ва серҳосил мебошанд. Боғи навбунёд тавассути се пойгоҳи обкашӣ бо усули қатрагӣ обёрӣ карда мешавад. Бояд гуфт, ки дар мавзеи «Рухак» имкони бунёди зиёда аз се ҳазор гектар боғ мавҷуд аст. Инро ба назар гирифта, масъулони кооперативи истеҳсолии «Самир — Суғд» азм доранд, ки тадриҷан майдони боғу токзорро васеъ намоянд.
Сарвари давлат бо лоиҳаи бунёди боғу токзор, гармхона, қитъаи ниҳолпарварӣ, фермаи чорвои шохдори калон, фермаи мурғпарварӣ ва қитъаи чарогоҳ барои хӯроки чорво, ки марҳила ба марҳила амалӣ карда мешавад, шинос шуданд ва ба масъулон ҷиҳати анҷоми муваффақонаи ин тадбири муҳим дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
Маврид ба таъкид аст, ки дар мавзеи «Рухак»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бунёди фермаи чорвои калон дар масоҳати 4 гектар барои парвариши 400 сар, фермаи мурғпарварӣ дар масоҳати ду гектар бо парвариши 200 ҳазор сар мурғи тухмдеҳу гӯштӣ, гармхонаи парвариши сабзавоту гул дар се гектар ва қитъаи ниҳолпарварӣ дар ду гектар замин бо иқтидори истеҳсолии ду миллион бех ниҳол, аз ҷумла, ниҳолҳои интенсивӣ, ба нақша гирифта шудааст. Дар сурати пурра аз худ намудани замини мавзеи «Рухак»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, бунёди фермаҳои мурғпарварию чорвои калон ва гармхонаву қитъаи ниҳолу гулпарварӣ муҳайё гардидани наздик ба ду ҳазор ҷойи нави кор имконпазир аст.
Дар ин мавзеъ, ҳамчунин, иншооти ёрирасон бунёд шудааст, ки инфрасохтори мазкур ҷиҳати рушди соҳаҳои боғу токпарварӣ ва чорводорию парандапарварӣ замина мегузорад.
Дар мавзеи «Рухак» бо обёрии пурраи замини талу теппаҳо имкон фароҳам мегардад, ки кишти зироатҳо, аз ҷумла, полезӣ, васеъ ба роҳ монда шавад.
25 марти соли 2020 дар шаҳри Гулистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир карданд, ки дар он натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояти Суғд дар соли 2019 ва ду моҳи соли 2020 баррасӣ гардид.
Дар машварат ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъати корҳои ободонӣ, рушди соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ дар назди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сафари кориашон ба шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон, Бобоҷон Ғафуров ва Спитамен натиҷагирӣ ва аз ҷараёни корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он дар ҳафт моҳи соли 2019 асосан таъмин шудааст.
Соли 2019 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти вилоят ба 20 миллиарду 500 миллион сомонӣ баробар гардид, ки 26,5 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил медиҳад. Сатҳи камбизоатӣ назар ба соли 2018-ум 0,5 фоиз коҳиш ёфта, сатҳу сифати зиндагии мардум беҳтар гардидааст.
Ҳоло «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояти Суғд барои солҳои 2016-2020», инчунин, барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳру ноҳияҳои вилоят татбиқ шуда истодаанд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати самаранок ва босифат татбиқ намудани барномаҳои қабулгардида ҳамкориро бо вазорату идораҳо, шарикони рушд, соҳибкорону сармоягузорон ва дигар ҷонибҳои манфиатдор таҳким бахшанд.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят соли 2019 ба 13 миллиард сомонӣ расидааст, ки дар муқоиса бо соли 2018-ум 12,9 фоиз ва дар ду моҳи соли 2020 назар ба ҳамин давраи соли гузашта 20,2 фоиз зиёд мебошад.
Дар ду моҳи соли 2020 ҳаҷми маҳсулоти саноати истихроҷи маъдан нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10 фоиз афзудааст.
Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят вазифадор шуданд, ки корҳои назоратиро ҷиҳати сари вақт амалӣ гардидани лоиҳаҳои бунёди корхонаҳои металлургӣ аз ҷониби сармоягузорони хориҷӣ, ҳалли масъалаҳои ҷудо намудани замин ва ба расмият даровардани онҳо пурзӯр намоянд.
Дар натиҷаи тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат доир ба беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ соли 2019 ба вилоят қариб 1,8 миллиард сомонӣ сармояи мустақим ворид шудааст.
Агарчӣ ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2018 афзоиш ёфтааст, барои расидан ба ҳадафи саноатикунонии босуръати мамлакат, бо дарназардошти имкониятҳои вилоят, ҳоло ҳам қонеъкунанда нест.
Беш аз 70 фоизи сармояи мустақими хориҷӣ соли 2019 танҳо ба шаҳри Гулистон рост омадааст. Дар шаҳрҳои Исфара, Конибодом, Истиқлол, Истаравшан ва ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Мастчоҳ ва Деваштич сармояи хориҷӣ умуман ҷалб нашудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор карданд, ки фаъолиятро дар самти ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ тақвият бахшида, имкониятҳои сармоягузориро ба сармоягузорони хориҷӣ ҳар чӣ бештар муаррифӣ намоянд.
Президенти мамлакат вазъи соҳаҳои чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ, занбӯриасалпарварӣ, боғдорӣ, истифодаи самараноки замин, истеҳсолу содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар ва дигар соҳаҳои афзалиятноки мамлакат, аз ҷумла, маориф, тандурустӣ, фарҳангро дар вилоят баррасӣ карда, барои ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дар ин самт васеъ истифода намудан аз ҳама шароиту имконият дар назди роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Сипас, оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояти Суғд дар соли 2019 ва ду моҳи соли 2020 раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раисони яқ қатор шаҳру ноҳияҳо ҳисобот доданд.
Таъкид гардид, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоят тибқи нақшаи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ беш аз 4000 бинои нав ба истифода супорида шудааст. Ҳоло корҳо дар иншооти дигари ҷашнӣ бомаром идома доранд.
Ҳамчунин, дар машварат раисони шаҳрҳои Хуҷанду Панҷакент ва ноҳияи Мастчоҳ оид ба омодагӣ ба ҷашнҳои миллӣ — 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва таҷлили 5500 — солагии Саразм ҳисобот доданд.
Дар охир раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз номи мардуми меҳнатдӯсти вилоят ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои талошу ташаббусҳо ва ғамхориҳояшон миннатдорӣ кард.
26 марти соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд баъди навсозӣ Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Маросими ба истифода додани иншооти фарҳангию фароғатӣ бо бардоштани парда аз рӯи муҷассамаи мунаҷҷим, риёзидон ва ихтироъкори номвари тоҷик Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, ки замони зиндагиаш ба давраи ҳукмронии давлати Сомониён рост меояд, оғоз ёфт.
Дар паҳлуи муҷассамаи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, ки бо баландии 6,5 метр дар даромадгоҳи боғ қомат афрохтааст, ҳамчунин, ихтирои дастгоҳи нуҷумии ин мунаҷҷими барҷастаи тоҷик «Устурлоб» сохта шудааст.
Дар дохили Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ Планетария бунёд гардидааст, ки бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни ҷаҳонии Наврӯз дар фазои тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Планетария, ки аз толори аксбинии сайёра бо насби таҷҳизоти муосир, толори тамошо ва қабули меҳмонон, утоқҳои корӣ ва таҳхона иборат мебошад, аз ҷониби соҳибкори шаҳри Хуҷанд сохта шудааст.
Зимни муаррифии ихтироот ва корҳои таҳқиқотии олимону муҳаққиқон дар самти илмҳои дақиқ иттилоъ дода шуд, ки вобаста ба эълони «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» маҳфилҳои ситорашиносӣ, техникони ҷавон, ганҷшинос, дизайн ва меъморӣ амал менамоянд ва китобхона низ таъсис ёфтааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсиси маҳфилҳоро дар тақвият ёфтани қобилияти эҷодии наврасону ҷавонон муҳим арзёбӣ намуда, изҳор доштанд, ки бояд дар замони пешрафти илму техника ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шавад.
Ҳангоми навсозии Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, ки дар маҳаллаи «Дӯстии халқҳо» дар масоҳати қариб 7 гектар доман паҳн кардааст, 200 сокини маҳаллӣ ба кор ҷалб гардиданд.
Зикр гардид, ки дарвозаи асосии Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ бо санъати зебои гаҷкорӣ бунёд ёфтааст.Дар он 5 фаввораи зебою диққатҷалбкунанда, амфитеатр бо 2000 ҷойи нишаст, шаршара, 20 суҳбаткада, 80 нишасткурсӣ, 100 таҷҳизоти равшанидиҳанда ва чандин пергола бунёд ва васлу насб шудааст.
Кабудизоркунӣ ва гулпӯшкунии зиёда аз 50 ҳазор метри мураббаъ, панҷарабандии атрофи боғ, ороиши ҷӯйборҳо бо сангҳои табиӣ, чароғонкунии роҳравҳову гирду атрофи боғ, шинонидани зиёда аз 800 дарахти ороишию ҳамешасабз ва беш аз 700 ҳазор бех гулҳои рангоранг аз ҷумлаи тадбирҳои ободонианд, ки дар доираи лоиҳаи сохтмону барқарорсозии Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дар шаҳри Хуҷанд бо сифати баланд ба анҷом расидаанд.
Дар боғ, ҳамчунин, «Олами афсона» — мавзеи бозии кӯдакон, гӯшаи ҳайвоноти нодир ва чанд иншооти дигари ёрирасону хизматрасонӣ сохта шудааст.
Қатори сайёраҳо, ки дар маркази боғ ҷой гирифтааст, басо ҷолибу диданист. Хусусан, шабонгоҳ манзараи зебои ин макони бузурги фарҳангию фароғатӣ диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб менамояд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ҷиҳати боз ҳам ободу зебо сохтани ин макони дилфиреби фароғатӣ маслиҳатҳои судманд доданд.
Баъд аз анҷоми маросими ботантанаи ифтитоҳи Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дар мавзеи назаррабо бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо-«Сайри гули лола», ки мувофиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми ҷумҳурӣ гузаронида мешавад, доир гардид.
Ҳадаф аз баргузории озмун, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, фарҳангу ҷаҳонбинӣ, бедор намудани завқи зебоипарастӣ дар зеҳни сокинони мамлакат, ободу зебо намудани ҳар як хона, кӯча, маҳалла, деҳа, ноҳия, шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Ба ин муносибат, дар Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ 300 ҳазор гули лола шинонида шудааст, ки 34 намуди он ба оилаи гулҳои ҳоландӣ, ба монанди силер, долер, палада, калгари, фабио, палушел, пичполсон ва ғайраҳо шомиланд. Ҳамчунин, 10 намуди гулҳои маҳаллӣ бо фарогирии 270 ҳазор дона, аз ҷумла, петуния, марҷонгул, бахмалин, вербина ва ғайраҳо ҳусни боғро афзун намудааст.
Гурӯҳи карнайнавозон ва дойрадастон бо гулдухтарони ансамблҳои рақсӣ дар даври вилоятии Фестивали ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» иштирок карданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳорати ширкаткунандагони ҳамоиши сатҳи баландро, ки дар ду тарафи роҳ сурат гирифт, наззора намуданд.
Ҳунарнамоии фолклорсароёни 18 шаҳру ноҳияи вилоят низ ҷолибу диданӣ буд. Дастаҳои фолклорӣ-этнографӣ ва иштирокчиёни фестивал, зимни иҷрои сурудҳо дар як вақт нақшҳои наврӯзӣ, баҳор, арӯсу домод ва ғайраро аз давраҳои қадим то ба ҳол бо сарулибосҳои хосаи миллии ҳар давру замон иҷро карданд. Дастурхони идонаи наврӯзӣ низ бо унсур ва анъанаҳои хоси ин ҷашни қадимӣ оро ёфта буд.
Дар мавзеи сабзпӯши боғ аз тарафи мактабҳои мусиқӣ, санъат ва рассомии шаҳри Хуҷанд, Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз, тарбиятгирандагони боғчаҳо ва хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ саҳнаҳои композитсионии ҷолиб доир ба мавзӯъҳои «Наврӯз», «Баҳор», «Гули лола» ва бозиҳои миллии наврӯзӣ иҷро шуданд.
Инчунин, гӯшаи намоиши зинда ташкил карда шуд, ки аз ҳайвоноту парандаҳои нодир ва зебо, аз қабили бедона, кабк, саъба, тӯтӣ, товус, тазарв, кабӯтар ва ғайра иборат буд.
Зикр шуд, ки Фестивали «Сайри гули лола» дар Тоҷикистони соҳибистиқлол танҳо ҷашн нест. Лола як рамзи зебоӣ ва ҳусну назокат аст, ки дар атрофи он даҳҳо падидаи фарҳангии дигар арзи вуҷуд мекунанд. Дар маросими «Сайри гули лола» либосҳои рангоранги миллӣ, анвои хӯрокҳо, нонҳои тоҷикӣ, ороишоти рангину ҳунармандона пешниҳоди мардум мегарданд, ки дар тарбияи завқу рағбати насли наврас таъсиргузор хоҳанд буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунарнамоии фолклорсароёни шаҳру ноҳияҳои вилоят, муҳассилини мактабҳои мусиқӣ, санъат ва рассомӣ, тарбиятгирандагони боғчаҳо ва хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ баҳои баланд доданд.
Дар доираи даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби ҳунармандони вилояти Суғд барномаи ҷолиби консертӣ баргузор гардид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба фаъолияти гармхонаи замонавии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ММК Агро» оғози расмӣ бахшиданд.
Дар иншооти мазкур, ки дар доираи ҳидоятҳои Пешвои миллат ташкил гардидааст, маҳсулоти босифат парвариш карда шуда, аз ҷониби соҳибкор Мирзобахтиёр Мирзобаҳодуров дар масоҳати ду гектар сохта шудааст.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки гармхона ба ду қисм — гидропоникӣ ва органикӣ ҷудо гардида, таҷҳизоти он аз Кореяи Ҷанубӣ ворид гардидааст. Дар қисмати гидропоникӣ, ки як гектари гармхонаро ташкил медиҳад, айни ҳол парвариши бодирингу помидор ба роҳ монда шудааст. Парваришу нигоҳубини тухмиҳо ба таври автоматӣ иҷро мегарданд. Барои таъмини сифати хуби маҳсулот ва бардоштани ҳосили баланд 13 намуди элементҳо аз тариқи обёрии қатрагӣ ба растанӣ расонида мешавад. Муътадилии ҳарорати гармхонаи гидропоникӣ тавассути системаи буғӣ, ба таври автоматӣ дар ҳама мавсими сол нигоҳ дошта мешавад ва барои иҷрои амалҳо ду деги калонҳаҷм низ насб гардидааст.
Қисмати органикӣ, яъне, ба таври маъмулӣ парвариш кардани тухмиҳо, аз ду як ҳиссаи гармхонаи мазкурро ташкил медиҳад. Инчунин, ҳама амалиёти парвариш ва нигоҳубини растанӣ ба тариқи автоматӣ ба роҳ монда шудааст. Муътадилии ҳарорати он бо усули радиаторӣ, яъне, ҳавои сунъии гарм, нигоҳ дошта мешавад. Барои иҷрои ин амал дар қисмати органикии гармхона 80 ҳаводиҳандаи ихроҷкунандаи гармӣ насб гардидааст. Тибқи пешгӯиҳо, бо истифода аз чунин имконоти муосир ва қоидаҳои агротехникӣ, аз ҳар гектар дар як сол бештар аз 180 тонна бодиринг рӯёнидан мумкин аст. Баъди ба истифода додани гармхона 20 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва 50 нафар бо кори мавсимӣ ва маоши баланд таъмин гардидаанд.
Аснои шиносоӣ бо имкониятҳо ва шароити мусоиди корӣ, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташаббускории соҳибкор баҳои баланд дода, ташкил ва роҳандозии парвариши растаниҳо, хусусан, бодирингу помидор ва қаланфури булғориро бо чунин усул василаи муҳими беҳтар намудани сифати маҳсулот ва ба даст овардани бозори гарми ин навъи маҳсулот арзёбӣ карданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар тавозуни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ММК Агро», дар баробари парвариши помидору бодиринг ва растаниҳои мавсимӣ, ҳамчунин, 6 гектар ангурбоғ низ мавҷуд аст. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз боғи навбунёди ҷамъият низ дидан намуданд. Се гектари токзорро навъи ангури «Суғдиён», ки аз вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ворид намудаанд, ташкил медиҳад. Дар се гектари дигар ангури навъи «Ҳусайнӣ» парвариш меёбад.
Зикр гардид, ки бо мақсади таъмини аҳолӣ бо меваю сабзавоти тару тозаи ватанӣ, дар назар аст, ки мавсими оянда токзори мазкур васеъ ва дар паҳлуи он 7 гектар боғи нави суперинтенсивии себу нок бунёд карда шавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкор ҷиҳати дастгирии сиёсати Ҳукумати кишвар изҳори сипос карда, масъулинро барои боз ҳам беҳтар намудани сифати маҳсулот ва таъмини бозори дохилию хориҷӣ бо меваю сабзавоти хуштаъму босифат ҳидоят намуданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба бунёди боғи нави суперинтенсивӣ бо шинондани ниҳоли аввалин асос гузошта, барои нигоҳубини дурусти боғ ба кишоварзон дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
Дар боғи суперинтенсивӣ, ки дар масоҳати 5 гектар дар Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» бунёд гардидааст, дарахтони себ, нок, зардолу ва шафтолу шинонида мешавад. Онҳо аз дигар давлатҳо ворид мегарданд ва тибқи баҳогузории мутахассисони соҳа ба иқлими Тоҷикистон мувофиқ мебошанд. Аз рӯи хусусият, ниҳолҳои чунин боғ қадпаст ва миёнақаданд, вале самаранокии боғи суперинтенсивӣ нисбат ба боғҳои муқаррариву интенсивӣ бештар аст. Аз он ки дар боғи суперинтенсивӣ дарахтони мевадиҳанда нисбатан зич шинонида мешаванд, имкон аст, ки дар як гектар замин то 2220 бех ниҳол ҷой дода шавад.
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки аз соли сеюм ниҳолҳои боғи суперинтенсивӣ ба ҳосил медароянд ва то панҷсолагӣ ба пуррагӣ самаровар мешаванд. Тибқи баҳогузории кишоварзон, аз як гектар боғи суперинтенсивӣ аз 20 то 25 тонна меваи хушсифат ба даст овардан мумкин аст. Чунин навъи маҳсулот таъиноти содиротӣ ва дар бозорҳои ҷаҳонӣ харидори зиёд дорад.
Боғи нав бо усули қатрагии рӯихокӣ ва қатрагии зери шохсор обёрӣ мегардад. Дар боғ дар масоҳати 0,67 гектар навъҳои себи «Голден Делишес», «Стар Кримсон», 0,46 гектар ноки «Санта Мария», 1,76 гектар шафтолуи «Нектарин» ва «Амрикоӣ» парвариш мешавад.
Таъкид гардид, ки дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат дар мамлакат тайи чанд соли охир кишоварзон. дар баробари саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқаворӣ, дар истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ низ саҳми чашмрас гузошта истодаанд.
Сарвари давлат ба кишоварзон дастур доданд, ки боғи навбунёдро бо риояи меъёрҳои агротехникӣ нигоҳубин намуда, барои нашъунамои саривақтии ниҳолҳои шинонидашуда чораҳои зарурӣ андешанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри Арбоб дар фестивали «Атлас ва адраси тоҷик-2020», ки ба ифтихори ҷашни Наврӯзи оламафрӯз баргузор гардид, иштирок намуданд.
Дар саҳни Қасри Арбоб Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро гурӯҳи духтарони тоҷик бо либосҳои хуштарҳу зебо бо самимият истиқбол гирифтанд.
Дар намоишгоҳ, ки басо ҷолибу назаррабо оро ёфта буд, намунаи зиёди ҳунарҳои миллӣ, аз қабили атласу адрас, сӯзанӣ, гулдӯзӣ, матои дастбоф, либосҳои миллӣ, читгарию суфгарӣ, қолинҳои дастбоф, ҷомаю тоқидӯзӣ, наққошӣ, кундалсозӣ, кандакорӣ, гаҷкорӣ, оҳангарӣ ва ғайра аз ҳунари волою тахайюли бою рангин ва маҳорати хосаи ҳунармандони вилояти Суғд дарак медоданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори ҳунармандон ва маҳорати хосаашон баҳои баланд дода, онҳоро ба эҳёву рушд ва тарғиби боз ҳам бештари анъанаҳои миллӣ, тарбияи шогирдони сазовор дар ҳунармандӣ ҳидоят намуданд.
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар вилоят беш аз 17 ҳазор нафар ҳунарманд дар самти офаридани маҳсулоти ҳунарҳои миллӣ фаъолият доранд. Маҳсули ҳунарҳои миллӣ дар намоишгоҳҳои минтақавию байналмилалӣ дар давлатҳои хориҷӣ соҳиби ҷоизаҳо гардида, баҳои баланд гирифтаанд.
Зикр гардид, ки Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ «Дар бораи рушди қолинбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба эҳёву рушди ҳунарҳои миллӣ мусоидат намуд.
Ёдовар мешавем, ки бо иқдоми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон матоъҳои миллии адрасу чакан ҳамчун як ҷузъи фарҳанги пурғановати миллати тоҷик ба феҳрасти фарҳанги моддии ЮНЕСКО пешниҳод гардидаанд.
Дар вилояти Суғд шуғли таърихию анъанавӣ-атласу адрасбофӣ низ рушд ёфта истодааст. Пешниҳоди навъҳои зиёди атласу адрас бо рангу тобиш ва ҷилои хоса дар барномаи фестивали «Атлас ва адраси тоҷик-2020» шаҳодати ин гуфтаҳост.
Дар толори пурнақшу нигори Қасри Арбоб ҳунармандон, тарроҳону дӯзандагон барномаи мукаммали рангинеро бо муаррифии дастовардҳои атласу адрасбофӣ ва либосҳои миллию замонавӣ аз ин матоъҳои тоҷикӣ пешниҳод намуданд. Дар ин маҳфили зебо ҳунармандон либосҳои миллӣ ва мӯдҳои муосирро бо тарҳу дӯхти гуногуну хеле ҷолиб пешкаши ҳозирин карданд.
Фестивал-озмуни «Атлас ва адраси тоҷик-2020» дар бахшҳои гуногун бо пешниҳоди либосҳои бонувону духтарон, писарона ва кӯдакона аз матоъҳои атласу адраси абрешимию пахтагин баргузор карда шуд.
Маврид ба ёдоварист, ки дар вилояти Суғд баҳри эҳёву рушди ҳунарҳои миллӣ дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» марказҳои таълимӣ-истеҳсолии атласу адрасбофӣ таъсис ёфтааст, ки дар онҳо ҳунармандон ба истеҳсоли атласу адраси дастбоф машғуланд ва аз ҳисоби духтарони маҳаллӣ дар ҳар як шаҳру деҳа шогирд тайёр менамоянд.
Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар дохили кишвар коркард шудани ашёи хоми пилла ба таъмини абрешим дар атласбофӣ ва афзун гардидани коркарди нахи пахта дар дохили кишвар ба таъмини ресмони пахтагин барои адрасбофӣ мусоидат менамояд.
Ҳайати ҳакамон-ҳунармандон, мутахассисон, олимону эҷодкорон ба либосҳои атласу адрас аз нигоҳи санъату маҳорати дӯзандагӣ, тарҳи хоса, зебоӣ, тобишу обу ранг, ороишот ба рангу ҷило ва дигар хусусиятҳои хос баҳогузорӣ ва ғолибонро муайян намуданд.
Ба ғолибон ва иштирокчиёни муваффақу беҳтарин барои дӯхтану пешниҳоди либосҳои миллию замонавӣ аз матоъҳои рангину пурҷилои атласу адрас ҷоизаҳоро Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ тақдим намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғолибонро бо комёбиашон муборакбод гуфта, бо итминон иброз доштанд, ки ояндаи наздик тавассути ҳунармандон ба рушди соҳа, истеҳсоли ҳар чӣ бештари маҳсулоти хушсифати атласу адрас ноил мегардем.
Президенти мамлакат ба барномаи ҳунарӣ ва сарулибоси тамошобинон, ки толорро бо ҳузурашон рангин карда буданд, баҳои баланд доданд.
Сарвари давлат изҳор доштанд, ки ҳадаф аз баргузории намоиши атласу адрас дар вилояти Суғд баланд бардоштани ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги воло, тарбияи зебоипарастӣ, тарғибу ташвиқи либосҳои миллӣ, таъсиси ҷойҳои кор, ба касбомӯзӣ ҷалб кардани занону духтарони хонашин, ба насли оянда пешкаш кардани ҳунари аҷдодӣ ва дарёфти истеъдодҳои нав мебошад.
Дар охир, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокчиён — тарроҳони ватанӣ барои пешниҳоди барномаи рангин изҳори сипос ва таъкид карданд, ки ҳадафи Ҳукумати мамлакат аз таъсиси корхонаҳои ресандагӣ, бофандагӣ, дӯзандагӣ, пеш аз ҳама, бо ҷойи кори доимӣ таъмин кардани бонувони хонашин ва эҳёи ҳунарҳои миллию муаррифии он ба ҷаҳониён мебошад.
www.president.tj