Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Суғд

№ 15.09.2020

50331737358_c752b924be_o12 сентябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ифтитоҳ ва гузоштани санги асоси иншооти таъиноташон гуногун ва шиносоӣ бо вазъи соҳаи кишоварзӣ ба вилояти Суғд сафар намуданд.

Сафари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Айнӣ оғоз гардид. Дар фурудгоҳи муваққатии мавзеи Саратоғи ноҳияи Айнӣ Сарвари давлатро роҳбарият ва фаъолони вилоят самимона истиқбол гирифтанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар мавзеи Саратоғ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ТАЛКО Флюорит»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Дар корхона, ки дар майдони 9 гектар бунёд гардидааст, барои анҷоми корҳои сохтмонӣ ва васлу насби технология 10 миллион доллари амрикоӣ харҷ шудааст. Дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолкунандаи консентрати флюорит истеҳсоли Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад.

Коргарони корхонаи «ТАЛКО Флюорит», ки дар самти идоракунии технология ва истеҳсоли консентрати флюорит таҷрибаи ғанӣ доранд, дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат аз роҳу усулҳои муосир истифода бурда, тавлиди маҳсулоти рақобатпазирро роҳандозӣ менамоянд.

Иқтидори корхона дар самти истеҳсоли консентрати флюорит дар як шабонарӯз, навбати аввал, аз 100 то 120 тоннаро ташкил медиҳад. Баъди татбиқи пурраи лоиҳа ин нишондод ба 200 тонна баробар мешавад.

Айни замон дар корхона 120 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кору маоши хуб таъмин гардиданд. Дар он ҷо истеҳсоли консентрати флюорит мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бо татбиқи пурраи лоиҳа ё ба кор даровардани иқтидорҳои нав дар корхона шумораи кормандон ба 240 нафар расонида мешавад.

Тибқи маълумоти масъулон, дар асоси лоиҳа бояд се партовгоҳи истеҳсолӣ бунёд карда шавад. Айни замон, бо дарназардошти иқтидори мавҷуда, як партовгоҳ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Дар назди корхона, анбори ҷамъоварии ашёи хом ҳам бо ғунҷоиши 15  ҳазор тонна маъдани флюорит дар масоҳати се гектар бунёд гардидааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат ба масъулон ва кормандони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ТАЛКО Флюорит» дастур доданд, ки ба истихроҷи самараноку оқилонаи захираҳои табиии ин мавзеъ аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намоянд. Таъкид гардид, ки бунёди чунин иншооти бузурги саноатӣ ҷиҳати рушди иқтисодиёти мамлакат муҳим мебошад, зеро, дар ин замина ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ афзоиш меёбад.

Ашёи хом ё маъдан аз масофаи 25 километр аз кони «Қазноқ» ба корхона ворид ва коркард карда мешавад. Дар ин мавзеъ боз ду кони дигар мавҷуд мебошад, ки дар натиҷаи гузаронидани корҳои ҷустуҷӯӣ-геологӣ имкон аст нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ боз ҳам афзун гардад.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ТАЛКО Флюорит» дар самти содироти маҳсулот аллакай бо се ширкати бонуфузи Ҷумҳурии Ӯзбекистон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.

Пас аз ба кор даровардани корхонаи «ТАЛКО Флюорит» Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Кончочи ноҳияи Айнӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «ТАЛКО Голд» шинос шуданд. Айни замон корҳои сохтмонӣ дар он бо ҷалби 800 нафар сохтмончӣ ва истифодаи зиёда аз ҳазор мошину механизм бомаром идома дорад. То ҳол ҳудуди 25 километр нақб барои истихроҷи тилло, сурма ва дигар металлҳо канда шудааст, ки ба гуфти масъулон 85 дарсади нақшаро ташкил медиҳад.

Корҳои сохтмонӣ дар корхонаи маъдантозакунӣ, ки 14 коргоҳро дар бар мегирад, 60 дарсад иҷро гардидааст. Дар маҳали сохтмон бо дарозии қариб 5 километр канали обгузар низ бунёд шудааст. Тавассути он оби шохобҳои минтақаи Кончоч аз мавзеи корхона берун бурда мешавад, ки ин амал бо мақсади беҳдошти вазъи экологӣ ва зарар нарасидан ба табиати зебою нотакрори ин минтақаи сайёҳӣ амалӣ гардидааст.

Иншооти дигаре, ки бо мақсади беҳдошти вазъи экологии минтақа бунёд мегардад, анбори нигоҳдории партовҳои коркардшуда мебошад. Он, ки дорои сарбанди регӣ мебошад, ихроҷи партовҳоро нигоҳ медорад. Дар иншоот то ҳол 45 фоизи корҳои сохтмонӣ иҷро гардидааст.

Ҳамчунин, барои ба роҳ мондани фаъолияти пурсамару муназзами Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «ТАЛКО Голд» бо насби 98 такягоҳи оҳанӣ аз масофаи қариб 30 километр хати интиқоли баландшиддати неруи барқ кашида ва як зеристгоҳ, ки тавоноиаш 110/10 киловолтро дар бар мегирад, бунёд гардидааст. Инчунин, аз роҳи Душанбе — Чаноқ то расидан ба ин мавзеъ се кӯпрук бунёд ва боқимонда таъмиру навсозӣ гардиданд.

Оянда дар ҳудуди муҷтамаи истеҳсолӣ неругоҳи барқи обӣ низ бунёд карда мешавад.

Корхона дар заминаи маъдани кони «Кончоч», ки иборат аз се қитъа – «Чулбоӣ», «Кончоч» ва «Шахкон» мебошад, бунёд меёбад. Дар он захираи панҷ унсури кимиёӣ, аз ҷумла, тиллову сурма — асосӣ ва нуқра, симоб, флюорит ҳамчун унсурҳои ҳамроҳ ҳисобу китоб карда, ба тавозуни захираҳои давлатӣ гузошта шудаанд. Дар асоси лоиҳа дар минтақа корҳои иктишофӣ-геологӣ 90 фоиз иҷро гардидааст.

Тибқи маълумоти масъулон, захираи умумии саноатӣ ва ғайрисаноатии сурма 265 ҳазор тонна ва тилло 50 тоннаро ташкил медиҳад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «ТАЛКО Голд» дар асоси лоиҳа ва нақшаи тарҳрезигардида ғанисозии маъдан дар як шабонарӯз 5 ҳазор тонна ва солона 1,5 миллион тоннаро ташкил медиҳад. Дар ҳамин замина ҳаҷми солонаи фулузоти тилло 2,2 тонна ва сурма 15 ҳазор тоннаро дар бар мегирад. Аз рӯи захираҳои умумии сурма Тоҷикистон дар байни мамлакатҳои Осиё ва ҷаҳон дар яке аз ҷойҳои аввал ҷойгир шудааст.

Ёдовар мешавем, ки 24 июни соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди ин корхонаи бузурги саноатӣ санги асос гузошта буданд. Анҷоми сохтмони муҷтамаи истеҳсолӣ дар кони «Кончоч»-и Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «ТАЛКО Голд» соли 2021 дар назар аст.

Дар ҳамин мавзеъ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоишгоҳи дастовардҳои кишоварзони ноҳияи Айниро аз назар гузаронданд.

Тавре таъкид гардид, соли равон кишоварзони ноҳия дар ҳама шакли хоҷагидорӣ дар 2 ҳазору 932 гектар зироати тирамоҳӣ ва баҳорӣ кишт намуданд, ки 1 ҳазору 224 гектарашро ғалладонагиҳо, 1 ҳазору 16 гектарро картошка, қариб 144 гектарро сабзавот, 1,2 гектарро зироати техникӣ ва 548 гектарро хӯроки чорво ташкил медиҳад. Майдони кишти картошка нисбат ба соли гузашта 271 гектар зиёд карда шудааст. Дар натиҷаи заҳмат ва истифодаи оқилонаву самараноки замин то ҳол хоҷагиҳои деҳқонӣ 6 ҳазору 570 тонна картошка ҷамъоварӣ кардаанд.

Дар ноҳияи Айнӣ майдони боғ 934 гектарро ташкил медиҳад, ки 7 гектараш боғи интенсивӣ мебошад. Соли равон хоҷагидорон дар 7 гектар заминҳои ғайрикишоварзӣ, яъне, талу теппаҳо, боғҳои нав бунёд кардаанд.

12 сентябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ташриф оварданд.

50332106673_16966bdce7_oСарвари давлатро сокинони ноҳия, ҷавонон, кормандони касбу кори гуногун ва фаъолон бо самимияти хоса истиқбол гирифтанд.

Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент бинои Беморхонаи марказии шаҳрро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Сарвари давлат бо имконот ва шароити фароҳамшуда аз наздик шинос гардида, бо кормандони он суҳбат намуданд.

Бояд таъкид кард, ки сафарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо дарназардошти риояи меъёрҳои санитарию гигиенӣ сурат мегиранд. Ҳамчунин, Роҳбари давлат аз  дигар масъулин талаб менамоянд, ки меъёрҳои муқарраргардида ба хотири пешгирӣ аз сироятёбиву паҳншавии бемории COVID-19 ҳамаҷониба иҷро карда шаванд.

Таъкид гардид, ки дар маҷмуъ вазъи эпидемиологии Тоҷикистон нисбат ба дигар кишварҳо хубтар мебошад. Масалан, дар шаҳри Панҷакент аз 315 ҳазор аҳолӣ се нафар мубталои ин беморӣ мебошанд, ки ҳоло дар беморхонаи сироятии шаҳр муолиҷа ёфта истодаанд ва овозаҳо вобаста ба хурӯҷи беморӣ асоси воқеӣ надоранд. Шаҳр дорои беморхонаи алоҳидаи сироятӣ бо 70 кат мебошад, ки дар он шароити муосири табобату нигоҳдорӣ фароҳам оварда шудааст.

Дар беморхонаи нав, ки дорои 200 кат мебошад, 180 ҷои кори иловагӣ ташкил ва иншоот дар доираи стандартҳои қабулшудаи тиббӣ бунёд гардидааст. Дар иншоот, ки аз таҳхона ва чор ошёна иборат мебошад, барои ташхису табобати ниёзмандон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар таҳхонаи бино шуъбаи қабул, гӯшаи табиатшифоӣ ва шуъбаи рентгенологӣ — диагнос­тикӣ ҷойгир аст. Бахши бемориҳои қалбу эҳёи кардиологӣ дар қабати якуми бино ҷой гирифтааст.

Ҳангоми боздид аз шуъбаи мазкур, ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки барои ташхису муолиҷаи беморони қалб дар утоқҳои корӣ муосиртарин дастгоҳҳои соҳавӣ насб гардидааст. Ин имкон медиҳад, ки беморон минбаъд барои дармон ба дигар минтақаҳо сафар накунанд.

Дар шуъбаи ҷарроҳии умумии беморхонаи марказӣ ҳама навъи ҷарроҳӣ гузаронида мешавад. Дар утоқҳои кории шуъба дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ, катҳои функсионалӣ, таҷҳизоти инфузомат, монитори назди кат васлу насб гардидааст, ки табибони шаҳр ба онҳо дастрасӣ надоштанд. Ҳамчунин, маҷмӯи асбобҳои ҷарроҳӣ харидориву ба шуъбаи мазкур дастрас гардидааст.

Ҳамчунин, дар бинои нави Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент шуъбаҳои бемориҳои амрози даруна, эндокринологӣ ва бахши гастроэнтерология ҷойгир аст ва дар ҳар бахш мувофиқ ба талабот, таҷҳизоти биохимиявӣ, кардиомонитор, дастгоҳҳои рентгении портативӣ ва электроатсос насб гардидааст. Таҷҳизоти соҳавӣ аз ширкатҳои маъруфи ҷаҳонӣ харидорӣ шудаанд. Барои фарогирии беморон ба табобат дар дохили иншоот утоқҳои барҳаво бо рахти хоби бароҳату дигар шароити зарурӣ бунёд ёфтааст.

Дар доираи тарҳи мазкур, ҳамчунин, бинои шуъбаи ёрии таъҷилӣ бунёд гардидааст. Гирду атрофи беморхона бо гулу буттаҳои ороишӣ зиннат ёфта, дар ҳавлии он ду суҳбаткада ва аз ду тарафи бино фаввораҳо бо шаклу услуби хоси меъморӣ бунёд карда шудааст. Даромадгоҳ ва роҳравҳои беморхона пурра сафолакпӯш гардидааст. Ҳамчунин, бинои куҳнаи беморхонаи марказӣ аз таъмири пурра бароварда, барои қабули шаҳрвандон имконияти мусоид фароҳам шудааст.

Дар бинои куҳнаи беморхона, ки дорои 240 кати хоб мебошад, 72 нафар табиб фаъолият мекунанд. Ҳоло, бо дарназардошти бинои нав, дар маҷмӯъ 440 кат дар беморхонаи марказии шаҳрӣ ташкил гардид.

Бинои мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ёфтааст. Дар маҷмӯъ, дар шаҳри Панҷакент бояд то таҷлили ин санаи фархунда 405 иншооти таъиноташон гуногун бунёд гардад, ки то ба ҳол 60 фоизи он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.

Дар шаҳри Панҷакент Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи «Саразм плаза»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд ва дар ҳамон ҷо бо кӯдакони ятими кулл мулоқот карданд.

50332262273_a08c8f41f0_oТавре иттилоъ дода шуд, меҳмонхонаи шашошёна, ки аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Панҷакентсоз» бо пайгирӣ аз иқдомҳои созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардидааст, мутобиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ шароит фароҳам оварда шудааст.

Иншоот, ки дорои 24 ҳуҷра мебошад, дар як вақт метавонад ба 60 нафар хизмат расонад. Ошёнаи якуми меҳмонхона дорои қабулгоҳ ва ошхона бо 70 ҷой аст. Дар ошёнаи дуюм ҳуҷраҳои люкс ҷой дода шудааст. Дар дигар ошёнаҳо утоқҳои муқаррарии хобу истироҳат ҷойгир аст. Ҳамчунин, тибқи талабот, ­масъулин дар иншооти нав ҳуҷраҳои оилавӣ низ бунёд намудаанд. Дар онҳо ошхонаву ҳаммом ва дигар иншооти ёрирасон ҷойгир мебошад.

Дар утоқҳои меҳмонхона мутобиқ ба талабот, барои истироҳату фароғати мизоҷон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Дар меҳмонхонаи нав 15 нафар сокини маҳаллӣ, ки аз курсҳои бозомӯзӣ гузаронида шудаанд, соҳиби ҷойи кори доимӣ гардиданд.

Таъкид шуд, ки бунёди иншооти замонавӣ ба амалӣ гардидани нақшаҳои вобаста ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» мусоидат менамояд ва талаботи зиёди сайёҳони дохиливу хориҷӣ, ки барои боздид аз мавзеъҳои таърихиву маконҳои зебои шаҳри Панҷакент меоянд, қонеъ карда мешавад.

Дар меҳмонхона гӯшаи алоҳидаи сайёҳӣ ташкил ва дар он имкониятҳои сайёҳии шаҳри Панҷакент муаррифӣ гардидааст. Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки дар шаҳр 12 хатсайри сайёҳӣ ташкил гардидааст. Дар онҳо имконияти васеъ барои равнақ додани туризми аграрӣ, таърихӣ, маърифатӣ ва кӯҳӣ-экологӣ мавҷуд аст.

Дохили меҳмонхонаи «Саразм-плаза» бо санъати баланди меъморӣ зиннат, девору роҳравҳояш бо нақшунигори миллӣ оро дода шудааст.

Намои берунаи он низ бо дарназардошти талаботи муосири шаҳрдорӣ зебу оро дода шудааст. Гирду атрофи иншоот бо ду фаввора зеб дода, ду суҳбаткада барои меҳмонон бо тарҳи муосир бунёд шудааст.

Бо пайгирӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи «Панҷакентсоз» дар шафати меҳмонхона майдончаи варзишӣ ва ошхонаи замонавӣ сохта, барои истироҳату фароғати сокинони шаҳр гулгашти зебову замонавӣ бунёд намудааст.

Сарвари давлат ба сифати корҳои анҷомёфта дар ин ҷо баҳои баланд дода, таваҷҷуҳи масъулинро ба масъалаи роҳандозии хизматрасонии муосир ба сайёҳону меҳмонон ҷалб намуданд.

Роҳбари давлат дастур доданд, ки дар шафати иншоот бинои иловагии меҳмонхона бунёд карда, гирду атрофи он бо гулу буттаҳои ороишӣ зиннат дода шавад.

Қобил ба тазаккур аст, ки иншооти мазкур дар доираи нақша — чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст. Дар маҷмӯъ, то соли 2021 бояд дар шаҳр 7 меҳмонхона барои қабули сайёҳон сохта, ба истифода дода шавад.

Дар ҳамон ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 30 нафар кӯдаки ятими кулл мулоқот намуда, ба онҳо сарулибос ва дигар ашёи хониш туҳфа намуданд.

Пешвои миллат, ки шарту шароит ва имконоти таҳсилу зиндагии чунин ашхосро зери назорати доимӣ қарор додаанд, зимни сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат, бо ятимон мулоқот карда, аз ҳолу аҳволи онҳо шахсан бохабар мегарданд.

Барои чунин дастгириву таваҷҷуҳи доимӣ кӯдакон ба Сарвари давлат изҳори миннатдорӣ намуданд.

Пешвои миллат иброз доштанд, ки Ҳукумати мамлакат тадбирҳои заруриро меандешад, то чунин нафарон худро яккаву танҳо ҳис накунанд ва бо беҳтарин шароити зиндагиву таҳсил фаро гирифта шаванд. Таъкид шуд, ки дасти ёрӣ дароз кардан ба ниёзмандон, ғамхорӣ дар ҳаққи нафарони яккаву танҳо ва ятимон минбаъд ҳам дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мадди аввал қарор хоҳад дошт.

Роҳбари давлат ба кӯдакону наврасон тавсия доданд, ки аз шароити фароҳамоварда самаранок истифода баранд ва барои омӯхтани илму дониш саъю талоши бештар намоянд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти коргоҳи меваи хушк ва сардхона дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Маърифатпарвар»-и назди Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент шинос шуданд.

Корхонаи «Маърифатпарвар» дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат, Парки технологиро таъсис додааст, ки он дорои имкониятҳои васеъ барои истеҳсоли номгӯйи зиёди маҳсулот ва омӯзиши технологияи инноватсионӣ мебошад. Роҳбарияти муассиса дастгоҳи мевахушккунии муосир харидорӣ карда, коргоҳи меваи хушк ва сардхонаро фаъол гардонидаанд.

Таҷҳизоти мазкур имкони дар як шабонарӯз хушк намудани то се тонна меваву сабзавоти тару тозаро доро мебошад. Тавассути он технологияи хушксозии пиёз, сабзӣ, қаламфури булғорӣ, картошка ва ғайра таҷриба карда мешавад, ки дар оянда содироти онҳо ба кишварҳои хориҷӣ дар назар дошта шудааст. Барои хушк намудани 3 тонна меваву сабзавот 30 тонна маҳсулоти кишоварзӣ дар як шабонарӯз бо истифода аз неруи донишҷӯён мавриди коркард қарор мегирад. Хати технологӣ, ки таҷдид шудааст, тавассути ангишт фаъолият мекунад. Дар Парки технологӣ кормандони доимиву мавсимӣ фаъолият доранд ва бо маоши хуб таъминанд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо фаъолияти коргоҳи меваи хушк ва сардхона ташаббуси мазкурро ибратбахш арзёбӣ карда, дастур доданд, ки ин таҷриба дар дигар муассисаҳои олӣ ва касбии таълимии мамлакат тавсеа дода шавад.

Иттилоъ дода шуд, ки Парки технологӣ фарогирии дувоздаҳ бахшро пешбинӣ мекунад. Дар нақша аст, ки бахши сайёҳӣ, шуъбаи табъу нашр, сехи дӯзандагӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, маркази курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ, шуъбаи хӯрокҳои умумӣ ва хизматрасониҳои маишӣ, сехи таълимӣ — истеҳсолии коркарди чӯбу металл ва сангҳои ороишӣ, боғпарварӣ ва коркарди маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, базаи моҳипарварӣ, курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахши таҷрибаомӯзӣ ва бозомӯзӣ марҳила ба марҳила мавриди амал қарор бигиранд. Айни замон бахши боғпарварӣ ва коркарди маҳсулоти хоҷагии қиш­лоқ, базаи моҳипарварӣ ва сехи мевахушк­кунӣ фаъолият карда истодааст.

Муассисаи таълимию истеҳсолии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Маърифатпарвар» соли 2018 дар собиқ бинои заводи тамоку таъсис ёфтааст. Ҳоло он пурра азнавсозӣ шуда истодааст. Дар бинои таълимию истеҳсолии «Маърифатпарвар» 77 синфхона, 27 утоқи корӣ барои кормандон, 8 ҳуҷра барои меҳмонон, толори китобхона барои 400 ҷойи нишаст, осорхона, толори китобхонаи электронӣ барои 400 нафар, сехи дӯзандагӣ бо 125 мошинаи дарздӯзӣ, бо фарогирии бештар аз 200 ҷойи корӣ аз ҳисоби бонувони маҳаллӣ ва донишҷӯёни Коллеҷи технологии назди Донишкада, хобгоҳ барои 400 нафар омӯзгор ва донишҷӯ, литсей барои кӯдакони болаёқат, утоқҳо барои озмоишгоҳҳо, корхонаи коркарди меваю сабзавот, сардхона барои нигоҳдории 1,5 ҳазор тонна меваю сабзавот, гармхона, сехи коркарди чӯбу тахта, корхонаи хиштпазӣ, сехҳои кафшергарӣ ва челонгарӣ, варзишгоҳ барои бозиҳои футбол, волейбол, баскетбол, майдончаҳо барои бозиҳои тенниси рӯйи миз, билярд, майдончаи гӯштингирӣ ва ғайра сохта, ба истифода дода мешаванд.

Корхонаи коркарди меваю сабзавот ва сардхона аз зумраи иншооти ҷашнӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Донишкадаи омӯзгории Тоҷикис­тон дар шаҳри Панҷакент, Коллеҷи технологӣ ва инноватсионии назди Донишкада, муассисаи «Маърифатпарвар» ва Парки технологӣ, ки фаъолиятро мутамарказ ба роҳ мондаанд, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон дар самти беҳдошти сифати таълиму тадрис ва ба касбомӯзӣ ҷалб кардани донишҷӯён тадбирҳои мушаххасро амалӣ мекунанд.

Фаъол кардани коргоҳи дӯзандагӣ бо 125 мошинаи дарздӯзӣ низ аз зумраи иқдомҳои шоистаи муассисони корхонаи «Маърифатпарвар» маҳсуб меёбад, ки дар баробари таъмини сокинон бо ҷойи кори дои­мӣ, метавонад заминаи устувори таълимӣ-омӯзишӣ барои донишҷӯёни Коллеҷи технологӣ ва инноватсионии назди донишкада бошад. Бо пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани коргоҳи дӯзандагӣ, сехи меваи хушк ва сардхона, бо иловаи ҷалби кормандони мавсимӣ дар бахши аграрии муассисаи олии таълимӣ, теъдоди кормандон ба 350-400 нафар баробар мегардад.

Толори варзишӣ барои бозиҳои футболу волейбол ва теннис, ки дар ошёнаи чоруми бино ҷойгир шудааст, дар як вақт метавонад ҳамчун толори барҳаво ҷиҳати гузаронидани ҳамоишҳои сатҳи баланд истифода шавад.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо фаъолияти коргоҳи меваи хушк ва сардхонаи «Маърифатпарвар», ба сифати корҳои анҷомёфта ва тасмимҳои минбаъдаи соҳибкорони маҳаллӣ баҳои баланд ва дастур доданд, ки ба масъалаи илму ҳунаромӯзии донишҷӯён диққати бештар равона карда шавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент баъд аз таҷдиду муҷаҳҳазгардонӣ Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Мармари Саразм»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

50332292623_3b66777128_oКорхонаи «Мармари Саразм» дар заминаи татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат ва дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ибтикори ҶСП «Корпоратсияи Сомон-Суғд» фаъол гардонда шудааст.

Корхона, ки бо ҷалби 30 нафар мутахассиси маҳаллӣ ба кор дароварда шудааст, аз коргоҳҳои ояндадори минтақа дониста мешавад. Кор дар ин ҷо тавассути техникаҳои муосири соҳавӣ ва бо ҷалби мутахассисони варзидаи маҳаллӣ ба роҳ монда шудааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои инкишофи фаъолияти минбаъдаи корхона 15 гектар кони санги травертинро аз ҳисоби заминҳои гирду атроф ҷудо кард.

Корхона, ки аз соли 1995, бо дарназардошти захираи азими кони мармари «Тиллогул»-и деҳоти «Фароб»-и шаҳри Панҷакент ба фаъолият оғоз кард, солҳои охир бо сабаби дурии роҳ, душвории дастрасӣ ба ашёи хом аз ин мавзеъ аз фаъолият бозмонд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба тадбирҳои навсозӣ дар иншоот баҳои баланд дода, соҳибкоронро ҳидоят карданд, ки бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ ва фароҳам шудани шароити мусоиди корӣ, барои инкишофи бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятро васеъ ба роҳ монда, дар рушди саноатикунонии мамлакат бештар ҳиссагузорӣ намоянд.

Мутахассисон исбот карданд, ки кони «Тиллогул» аз мавзеъҳои бой ва ояндадор аст ва мармари он сифати баланд дорад. Ба хотири истеҳсол кардани маҳсулоти рақобатпазир ва роҳ ёфтан ба бозори минтақа, ҳоло омӯзиши кон бо ҷалби ҳайати Экспедитсияи иктишофӣ-геологии «Моғиён» ва истеҳсоли оҳаксанги ороишии травертимонанд дар заминаи оҳаксанг дар деҳоти «Рӯдакӣ»-и шаҳри Панҷакент роҳандозӣ гардидааст. Ин мавзеъ дар деҳаи «Тагоби халқ» ҷойгир аст. Талабот ба оҳаксанги ороишии травертимонанд беш аз пеш рӯ ба афзоиш дорад.

Маҳсулоти истеҳсолии «Мармари Саразм» дар иншооти бузурги меъморие, ки бо тарҳи милливу муосир дар гӯшаҳои гуногуни кишвар бунёд меёбанд, истифода мегардад ва дорои сифати баланд мебошад.

Дар саҳни корхонаи «Мармари Саразм» намунаи маҳсулоти истеҳсолӣ ва тарзу усулҳои коркарди мармар ва оҳаксанги ороишии травертимонанд ба намоиш гузошта шуд. Инчунин, дигар корхонаҳои коркарди санги шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд низ иштирок карда, маҳсулоташонро ба намоиш гузоштанд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорони маҳаллиро нишонаи возеҳи дастгирии сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ карда, онҳоро ба саҳмгузории бештар дар татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат ҳидоят намуданд.

Соҳибкорон ваъда доданд, ки бо истифода аз имтиёзҳои фароҳамовардаи давлат дар рушди иқтисоди миллӣ саҳми бештар хоҳанд гузошт.

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент дар деҳаи Бостондеҳи деҳоти «Саразм», бо тарзи истифодаи оқилонаи замини наздиҳавлигии бародарон Абдурауф ва Адҳам Воисовҳо шинос шуданд.

Масоҳати замини дар ихтиёрдоштаи бародарон Воисовҳо 1000 метри мураббаъро ва 10 садякаш қитъаи зироаткории ин оиларо ташкил медиҳад. Хоҷагидорон дар доираи ҳидоятҳои Пешвои миллат ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода бурда, анвои гуногуни зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла, помидору бодиринг, сабзӣ, картошкаву пиёз, шалғам, турб, карам, қаламфури булғорӣ, маккаи дон, лӯбиёгӣ ва ғайра кишт намудаанд.

Дар хоҷагии Воисовҳо ба боғдорӣ низ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мегардад. Боғи наздиҳавлигии онҳоро шаш ­навъи дарахтони мевадиҳанда ташкил медиҳанд.

Бародарон Абдурауф ва Адҳам Воисовҳо ҳар сол аз замини наздиҳавлигӣ ду ҳосил гирифта, дар баробари таъмини эҳтиёҷоти оила, анвои гуногуни маҳсулотро ба фурӯш мебароранд. Имсол ин деҳқонони асил майдони кишти картошкаро ду баробар зиёд намуда, ҳосили хуб ба даст оварданд. Ҳоло, баъди гирифтани ҳосили якум, бародарон кишти дуюми зироатҳоро ба роҳ монданд, ки нашъунамои хуб доранд.

Пешвои миллат ба оилаи Воисовҳо барои истифодаи самараноки замин ва бо ин восита дастгирӣ намудани сиёсати Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос карда, ба бародарон ҷиҳати зиёд намудани истеҳсоли анвои гуногуни маҳсулот ва рушди боғу токзор дас­туру маслиҳатҳои муфид доданд.

Дар ҳамон ҷо Президенти мамлакат намоишгоҳи маҳсули заҳмати бародарон ва захираи маҳсулоти озуқаи оиларо аз назар гузаронданд. Иттилоъ дода шуд, ки ҳар сол бонувони хонаводаи Воисовҳо аз ҳосили замин ва боғи наздиҳавлигӣ маҷмӯи гуногуни хӯрданиҳо, аз ҷумла мураббо, шарбати мева ва хӯриш захира менамоянд. Захираи картошка, пиёз, сабзӣ, биринҷ ва дигар намуди лӯбиёгиҳо низ маҳз аз ҳамин замин аст.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба маҳорати кадбонугии бонувони хонавода ҷиҳати омода намудани таомҳои миллӣ баҳои баланд доданд. Дар ҳамон ҷо барои дастгирии сиёсати Ҳукумати кишвар дар самти истифодаи самараноки замин ба бародарон Абдурауф ва Адҳам Воисовҳо туҳфаҳои Пешвои миллат тақдим карда шуд.

Деҳоте, ки дар он бародарон Воисовҳо зиндагӣ мекунанд, беш аз 34 ҳазор аҳолӣ дорад. Аҳолии деҳот тавассути самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ҳар сол то 2 ҳосил ба даст меоранд.

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент бо намоишгоҳи кишоварзони шаҳр ва рафти ҷамъоварии картошка дар хоҷагии деҳқонии «Роҳи абрешим» ошно шуданд.

50332612023_3c0b79d279_oДеҳқонони шаҳри Панҷакент бо истифода аз имкониятҳои мусоиди табиӣ ва риояи қоидаҳои агротехникӣ кишту парвариши зироатҳои кишоварзиро ба таври матлуб ба роҳ мондаанд.

Имсол дар ҳама шакли хоҷагидории шаҳр майдони кишти зироатҳои кишоварзӣ 28 ҳазору 152 гектарро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта қариб 500 гектар зиёд мебошад.

Соли равон дар хоҷагиҳои шаҳри Панҷакент 14 ҳазору 473 гектар ғалладонагӣ, 6 ҳазору 623 гектар картошка ва 2 ҳазору 126 гектар сабзавот кишт шуд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон иттиллоъ доданд, ки кишоварзони шаҳри Панҷакент, бо дарназардошти вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ, дар майдони 2220 гектар, аз ҷумла, 82,3 гектар картошка, 300 гектар ғалладонагӣ ва 315 гектар сабзавот кишти такрорӣ намудаанд, ки аллакай қисман ҷамъоварӣ шудаанд. Дар боқимонда заминҳо ҳосилғундорӣ идома дорад. То даҳаи якуми моҳи сентябри соли равон дар ҳама шакли хоҷагидорӣ 225 тонна маккаи дон, 59 ҳазору 856 тонна картошка, 43 ҳазору 75 тонна сабзавот, 12,5 тонна мева ва 732 тонна ангур истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба меҳнати садоқатмандонаи деҳқонон баҳои баланд дода, ҷиҳати ба гардиши кишоварзӣ ворид кардани заминҳои бекорхобида ва афзун намудани истеҳсоли маҳсулот ба хоҷагидорон тавсияҳои судманд доданд.

Мавриди зикр аст, ки дар шаҳри Панҷакент ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мегардад. Танҳо соли равон дар майдони 15 гектар боғу токзори нав, аз ҷумла, 8 гектар боғ ва 7 гектар токзор бунёд карда шудааст. Ҳамчунин, 93 гектар боғу токзори куҳна барқарор ва дар ҳамин замина ҳаҷми истеҳсоли мева зиёд гардидааст.

Дар ҳамон ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Роҳи абрешим» низ шинос шуданд. Хоҷагии мазкур дорои 1460 гектар замин мебошад, ки 259,19 гектарашро корами обӣ ташкил медиҳад. Самти асосии фаъолияти хоҷагӣ сабзавоткорӣ маҳсуб меёбад.

Баъди ҷамъоварии ҳосили якум, хоҷагидорон майдони такрории кишти картошкаро ду баробар зиёд намудаанд, ки ҳоло нашъунамои хуб дорад.

Зимни шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагии мазкур, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон деҳқононро ба васеъ намудани майдони кишти маҳсулоти аввалия ва рушди боғу токпарварӣ ҳидоят намуданд.

Кишоварзон ваъда доданд, ки ҷиҳати амалисозии барномаҳои давлатии вобаста ба беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии мардум ҳамеша талош намуда, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзанда мегузоранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Саразми шаҳри Панҷакент бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 72-ро мавриди истифода қарор доданд.

50332654243_d85c0de787_oОн сеошёна буда, барои 1280 хонанда дар ду баст пешбинӣ ва дар он шароити муосири илмомӯзӣ фароҳам шудааст.

Дар иншоот 26 синфхона, ҳар кадоме бо 24 ҷойи нишаст, синфхонаҳои фаннии информатика, забонҳои русиву англисӣ, озмоишгоҳҳои фанҳои химия, физика, ҳуҷраи омӯзгор ва дигар иншооти ёрирасон ҷой гирифтааст. Муассиса бо 46 компютер, тахтаи электронӣ, лавозимот барои гузаронидани озмоишҳо дар дарсҳои физикаву химия таъмин мебошад.

Ёдовар мешавем, ки ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020-2040-ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон кардаанд. Дар бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 72-и шаҳри Панҷакент барои амалишавии ин ҳадаф тамоми шароит фароҳам гардидааст. Омӯзгорон аз мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави муассиса, ки дорои имкониятҳои муосири таълим мебошад, рӯҳбаланд шуда, ният доранд дар оянда хонандагонро барои иштирок дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ бештар омода намоянд.

То мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави мактаб хонандагон, ки шумораашон ба 850 нафар мерасад, дар бинои хурди якошёна таҳсил мекарданд. Аз сабаби норасоии ҷойи нишаст таълим дар муассиса дар се баст сурат мегирифт.

Бинои нав, ки бо маблағгузории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Зарафшон» сохта шудааст, бо системаи ягонаи гармидиҳӣ муҷаҳҳаз буда, дар мавсими тирамоҳу зимистон муассисаи таълимиро бо гармӣ таъмин мекунад.

Бо мақсади ҷалби хонандагон ба тарзи ҳаёти солим ва машғул шудан ба варзиш, дар бинои нав толори варзишӣ бунёд шудааст. Дар он муҳассилин ба обутоби бадан, бозиҳои волейболу баскетбол ва ғайра машғул хоҳанд шуд.

Дар атрофии бинои муассиса гулҳои рангоранг ва дарахтони ҳамешасабз шинонида, роҳравҳо сафолакпӯш шудаанд, ки ба намои зоҳирии мактаб зебоии дигар зам мекунанд.

Воқеан ҳам, соҳаи маориф, ки аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад, зери ғамхориҳои доимӣ қарор дорад. Маҳз дар натиҷаи дастгириҳои Давлату Ҳукумати мамлакат, хоса, Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон, ҳар сол дар ҷумҳурӣ муассисаҳои нави таълимӣ бунёду навсозӣ мегарданд ва мушкилоти омӯзгорону хонандагон марҳила ба марҳила роҳи ҳал пайдо мекунад.

Давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат дар шаҳри Панҷакент дар маҷмӯъ, 34 бино барои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо 8 ҳазору 759 ҷойи нишаст ва 2 муассисаи томактабӣ сохта, ба истифода дода шудааст. То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр боз 5 мактаби наву замонавӣ бунёд хоҳад ёфт. Ҳамчунин, сохта ба истифода додани синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимии шаҳр низ дар назар аст.

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент бинои шуъбаи минтақавии Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Зарафшони вилояти Суғдро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

50333348761_237df7d8ee_oИншооти нав дар кӯчаи Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент қомат афрохтааст, ки дар муддати кӯтоҳ ва бо сифати баланд анҷом дода шудааст. Дар он, ки аз таҳхона ва се ошёна иборат аст, барои кормандон шароити хуби корӣ фароҳам оварда шудааст.

Дар даромадгоҳи шуъба қуттии арзу шикоятҳои шаҳрвандон мавҷуд мебошад, ки робитаи ҷомеаро бо мақомоти мубориза бо коррупсия бештар намуда, саҳми онҳоро дар мубориза бо ин зуҳуроти номатлуби ҷомеа зиёд мегардонад.

Таҳхонаи бино аз толори варзишӣ, ошхона ва дигар ҳуҷраҳои кориву иншооти ёрирасон иборат мебошад. Толори варзишӣ бо лавозимоти гуногуни соҳавӣ муҷаҳҳаз аст. Дар ошёнаи якуми бино ҳуҷраи навбатдори оперативӣ, утоқҳои корӣ ва китобхона ҷой гирифтааст.

Китобхонаи шуъба бо садҳо нусха адабиёти соҳавию бадеӣ ғанӣ гардонида шудааст. Адабиёти он аз рӯйи мавзӯъҳо, аз ҷумла, асарҳои Пешвои миллат, китобҳо оид ба дастовардҳои истиқлолият, китобҳои бадеӣ, адабиёт оид ба сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, коррупсия ва масъалаҳои вобаста ба он ҷудо карда шудааст.

Кормандони шуъба метавонанд дар вақтҳои холигӣ аз адабиёти бадеиву соҳавии китобхона истифода намуда, донишу малакаи касбиро такмил диҳанд.

Қабати дуюми иншоот барои ҳуҷраҳои корӣ пешбинӣ гардидааст. Дар ҳама ошёна ва гирду атрофи бино камераҳои назоратӣ насб карда шудаанд.

Дар ошёнаи сеюм се хонаи дуҳуҷрагӣ барои кормандон бунёд ва бо ҷиҳозу ашёи рӯзгор таъмин гардидаанд. Ин дастгириву ғамхориҳои роҳбарияти Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, хоса, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба хотири беҳтар шудани шароити зисту зиндагонии кормандони соҳа равона гардидааст, масъулияти онҳоро ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат, баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба мақомоти давлатӣ ва афзоиши самаранокии мубориза бар зидди коррупсия дучанд мегардонад.

Баъд аз шиносоӣ бо шароит ва имкониятҳои корӣ дар иншооти нав, Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифтани онро дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни фархундаи 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи арзанда ба кормандони мақомоти мубориза бо коррупсия номида, онҳоро ба фаъолияти хубу пурсамар ҳидоят карданд.

Нимаи дуюми 12 сентябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар тантанаҳои ҷашнӣ бахшида ба 5500 — солагии Саразм ба ин макони таърихӣ ташриф оварданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар мавзеи бостонӣ рамзи Саразмро, ки дар болои сутунпоя бо баландии 27 метр қомат афрохтааст, ифтитоҳ бахшиданд. Баъди садо додани гимни Саразм тантанаҳо оғоз ёфтанд.

Бояд гуфт, ки арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва расму оини мардумӣ, инчунин, баргузории солгарди бузургони илму адаб, сиёсат, маориф ва фарҳанги гузаштаву муосир, тарғибу ташвиқ, таҳқиқ ва таълими осору афкори онҳо ва ҳифзи мероси адабию фарҳангӣ ва таърихиву илмӣ дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат, бешубҳа, аз сиёсати дурандешона ва фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд.

Дар ҳузури Сарвари давлат муаррифии дарвозаи Саразм сурат гирифт, ки бо сангҳои қиматбаҳои ороишӣ нақшбандӣ шуда, дар он рамзҳо ва акси асбобу ашёи аз минтақа дарёфтгардида таҷассум ёфтаанд. Баландии он 12 метр ва паҳноияш 45 метр мебошад. Дарвозаи мобайнӣ бошад, бо баландии 13 метр ва паҳноии 8 метр бо сифати баланди меъмории миллӣ бунёд гардидааст.

Ба таъкиди муаррихон, Саразм ягона ёдгории аҳди энеолит ва ибтидои асри биринҷӣ дар Мовароуннаҳр мебошад, ки ба миёнаи ҳазорсолаи IV ва ибтидои ҳазорсолаи III то мелод мансуб аст ва дар он тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон ташаккул ёфтааст. Дар омӯзиши таърихи чандинҳазорсолаи халқи тоҷик нақши олимони ватанию хориҷӣ, махсусан, бостоншиносон хеле бориз мебошад. Кашфи Саразм яке аз дастовардҳои назарраси илми бостоншиносии тоҷик дар даҳсолаҳои охири асри XX ба ҳисоб рафта, яке аз нахустин ёдгориҳои давраи ориёӣ, намунаи беҳамтои ин тамаддун дар Суғд аст. Ин аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба осори номбурдаи аҳди қадим таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд ва бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2001 ёдгории Саразм ҳамчун маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон Мамнӯъгоҳи таърихӣ — бостоншиносӣ эълон гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳафриёти ин мавзеъ боздид ба амал оварданд.

Бояд тазаккур дод, ки дар замони Истиқлолияти давлатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, пайваста зикр мекунанд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ яке аз вазифаҳои асосии ҳар давлат ҳифзи асолати миллӣ, забону фарҳанг ва ёдгориҳои таърихӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз бо ҳамин сабаб, Саразм ба сифати яке аз нахустин ёдгориҳои давраи ориёӣ ва намунаи беҳамтои ин тамаддун, маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон эълон гардид. Баъдан, бо дастгирӣ ва супориши бевоситаи Пешвои миллат, тайи солҳои 2004-2008-ум панҷ иншооти ёдгорӣ болопӯш ва атрофи он бо панҷарадевор иҳота карда шуд. Роҳбари давлат ҳангоми ташриф ба Саразми бостон (солҳои 2003 ва 2005), Саразмро «Хазинаи тиллоии таърихи халқи тоҷик» унвон карданд.

Баъд аз анҷоми боздид аз ҳафриётҳо, Пешвои миллат аз хонаҳои саразмиёни қадим дидан намуданд. Онҳо бо фарогирии фарҳангу суннат ва расму оини хос барои шаҳрнишинони Саразми бостонӣ бунёд ёфтаанд.

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон, дар ин макони таърихӣ Осорхонаи таърихӣ-бостоншиносии Саразм бо тарҳ ва намои зебо ва бо риояи меъёрҳои сохтмонии хос ба арзишҳои меъмории миллӣ қомат афрохтааст, ки ифтитоҳи он низ бо иштироки Пешвои миллат сурат гирифт.

Воқеан, Саразм бо бозёфтҳои нодир ва бо таваҷҷуҳи хосаи бостоншиносии ҷаҳонӣ дар байни ёдгориҳои аҳди қадим ҷойгоҳи намоёнро соҳиб гаштааст ва пайваста мавриди таваҷҷуҳи олимон ва сайёҳон аз гӯшаву канори дунё қарор мегирад. Дар осорхонаи Саразм намунаҳои арзишманди нигораҳои таърихӣ ба намоиш гузошта шудааст.

Дар Мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносии «Саразм», инчунин, барои муаррихону бостоншиносони ватаниву хориҷӣ, ки ба омӯзиши ёдгориҳои шаҳри қадимаи Саразм таваҷҷуҳ доранд, меҳмонхонаи муосир ба истифода дода шудааст.

Лозим ба таъкид аст, ки маҳз тавассути сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат дар 29 соли Истиқлолияти давлатӣ як силсила маъракаҳои муҳими илмию адабӣ ва фарҳангӣ бо иштироки донишмандон ва коршиносони варзидаи ватанию хориҷӣ дар сатҳи байналмилалӣ баргузор гардид. Аз ҷумла, таҷлили ҷашни бошукӯҳи 1100-солагии давлати Сомониён, 2700 — солагии китоби муқаддаси «Авесто», ҳазораи «Шоҳнома», 1310 — солагии Имоми Аъзам, 2500-солагии Истаравшан, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, 3000-солагии Ҳисор исботи ин гуфтаҳоянд.

Ҳамоиши навбатии сатҳи баланд, ки бо иштироки олимону донишмандони шинохтаи ҷумҳурӣ ва намояндагони корпуси дипломатии муқими шаҳри Душанбе сурат гирифт, давоми мантиқии ҳамин сиёсат мебошад ва он ба 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ, ки ба рӯйхати ҷашнвораҳои ҷаҳонии ЮНЕСКО дар солҳои 2020-2021 шомил гардидааст, бахшида шуд.

Маҳз натиҷаи талошҳои хастанопазир ва тат­биқи муваффақонаи сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ва таҳқиқоти сершумори бостоншиносони дохиливу хориҷӣ ва ҳафриёт буд, ки созмони бонуфузи ҷаҳонӣ-ЮНЕСКО 31 июли соли 2010 Саразмро ба рӯйхати нодиртарин ёдгориҳои фарҳангии умумибашарӣ шомил намуд.

 12 сентябри соли 2020 дар пойгоҳи бостоншиносии Саразм Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди олимон, бостоншиносон ва фаъолони шаҳри Панҷакент ба ифтихори 5500-солагии Саразм суханронӣ карданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозирин ва мардуми кишвар ва донишмандону муҳаққиқон, иштирокчиёни Симпозиуми байналмилалии «Саразм — оғози тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон» — ро ба диёри зебоманзари Тоҷикистон — шаҳри бостонии Панҷакент ба муносибати 29 — солагии Истиқлолияти давлатӣ ва 5500-солагии Саразм хайра мақдам ва табрику таҳният гуфтанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон таъкид доштанд, ки арҷгузорӣ ба забони ширину шоиронаи тоҷикӣ, таъриху фарҳанги пурифтихор, эҳёи оину анъанаҳои неки аҷдодӣ, тарғиби мероси ниёгон ва ҳифзи ёдгориҳои моддиву маънавии халқи тоҷик ба мардуми шарифи Тоҷикистон маҳз ба шарофати истиқлолу озодӣ муяссар гардид.

Ҳоло дар кишвар се ҳазор ёдгории таърихӣ мавҷуд аст, ки ҳар кадоми он таваҷҷуҳи олимони маъруфи ватаниву хориҷӣ ва сайёҳону меҳмононро ба худ ҷалб менамояд.

Саразм яке аз ёдгориҳои куҳан ба шумор меравад. Ёдгории Саразм бо қарори Ҳукумати мамлакат соли 2000 ҳамчун маркази ташаккулёбии тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон Мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносӣ эълон гардид.

Далелҳои илмии таърихиву бостоншиносӣ дар заминаи таҳқиқоти олимони ватаниву хориҷӣ барои ворид намудани Саразм ба Феҳрис­ти ёдгориҳои фарҳанги ЮНЕСКО пешниҳод гардиданд ва ин созмони бонуфуз 31 июли соли 2010 Саразмро ба рӯйхати нодиртарин ёдгориҳои фарҳанги умумибашарӣ шомил намуд.

Қарор доир ба таҷлили ҷашни 5500 — солагии Саразм ба давраи комилан нави таҳқиқу омӯзиши ин ёдгории нодир такони ҷиддӣ бахшид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки ҳоло саҳифаҳои зиёди таърихи Саразм таҳқиқ нашудаанд ва умед дорем, ки донишмандони ватаниву хориҷӣ минбаъд низ саҳифаҳои норавшани таърихи ин маркази тамаддунро таҳқиқ намуда, дастраси ҷомеаи ҷаҳон хоҳанд кард.

Сарвари давлат ба донишмандону муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ, ки таърихи куҳану пурифтихори халқи тоҷикро холисона омӯхта, онро ба шакли мақолаву рисолаҳои арзишманди илмӣ нашр менамоянд, изҳори ташаккур ва дар фаъолияти минбаъдаи онҳо, ки хеле заҳматталаб, вале пурифтихор мебошад, барору комёбӣ орзу карданд.

Ҳукумати мамлакат дар 29 соли Истиқлолияти давлатӣ ба рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Панҷакент ва беҳтар гардидани ҳаёти сокинони он аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намуда, барои ноил шудан ба ҳадафи олии давлат — баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум аз захираву имконият истифода карда истодааст. Бо ин мақсад танҳо дар бист соли охир аз ҳисоби буҷети давлатӣ зиёда аз 1 миллиарду 200 миллион сомонӣ равона гардидааст.

Илова ба ин, аз ҷониби Ҳукумати кишвар дар шаҳри Панҷакент 18 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 1 миллиарду 300 миллион сомонӣ татбиқ гардид, ки дар доираи онҳо сохтмону таъмир ва муҷаҳҳаз намудани муассисаҳои таълимӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои автомобилгард, кам кардани талафоти неруи барқ, дастгирии хоҷагиҳои деҳқонӣ, соҳилмустаҳкамкунӣ ва пешгирии зарари офатҳои табиӣ анҷом дода шудааст.

Ҳоло дар шаҳр нуҳ лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 330 миллион сомонӣ амалӣ шуда истодааст. Умуман, дар доираи нақшаи корӣ, ба муносибати ҷашни бузурги миллӣ аз 405 иншоот то ба ҳол 277 адади он мавриди истифода қарор дода шудааст.

Сарвари давлат бо итминон изҳор доштанд, ки раванди ободкорӣ аз ҷониби соҳибкорону тоҷирони саховатпеша ва мардуми заҳматдӯсти шаҳри Панҷакент минбаъд низ идома меёбад.

Дар охир, Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки мардуми бонангу номус ва шарафманди шаҳри Панҷакент аз таърихи пурифтихор ва ниҳоят қадима ва дигаргуниву ободиҳо неруи тоза гирифта, дар фазои сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллии кишвар барои пешрафти минбаъдаи диёр, ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ва суннатҳои арзишманди аҷдодӣ саъю талош мекунанд.

Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони шаҳри Панҷакент Раҳмонзода Нилгун — донишҷӯ, Илёс Облоқулов — собиқадори соҳаи маориф, Раъно Насриддинова — хонандаи мактаби миёна ва Норинисо Худоёрова — бостоншинос сухан карда, ба Пешвои миллат барои арҷгузорӣ ба таъриху тамаддуни қадимаи халқ ва муаррифии он дар арсаи олам изҳори сипос карданд.

Баъди анҷоми чорабинӣ бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, олимону бостоншиносони дохил ва хориҷи кишвар, фаъолони шаҳри Панҷакент барномаи фарҳангии бошукӯҳ ба ифтихори 5500 — солагии Саразм баргузор гардид.

Нахуст ба самъи ҳозирин табрикоти видеоии директори генералии Юнеско хонум Одри Озуле ва директори генералии ИСЕСКО Салим бини Муҳаммад ал Малик ба муносибати дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷлил кардани ҷашни 5500 — солагии Саразми бостон пешкаш гардид.

Хонум Одри Озуле ва Салим бини Муҳаммад ал Малик ба Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон барои ташаббуси ҷаҳонии ба оламиён муаррифӣ кардани фарҳангу тамаддуни қадимаи ориёиҳо ва шиносоии шаҳри бостонии Саразм баҳои баланд дода, мардуми кишварро бо таҷлили ин санаи муҳими таърихӣ табрику таҳният гуфтанд.

Дар барномаи фарҳангӣ, ҳамчунин, суруду таронаҳои дилнишини тараннумкунандаи сулҳу ваҳдати пойдор ва муқаддасоти кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ пешкаши меҳмонон карда шуд.

 

(Давом дорад)

www.president.tj