Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Суғд

№77 (4339) 15.06.2021

51241537406_de96a4fcd3_o12 июни соли 2021 сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд идома ёфт.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар кӯчаи Ҷӯра Зокири шаҳри Хуҷанд бинои хуштарҳу замонавии Кӯдакистони хусусии «Хуршеди Истиқлол»-ро ба истифода доданд. Он дар масоҳати 24 садяк замин қомат афрохта, барои 240 кӯдак пешбинӣ гардидааст.

Кӯдакистонро оилаи Асатуллоевҳо дар заминаи пуштибонӣ аз иқдомҳои созандаи Давлату Ҳукумати мамлакат ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо харҷи 3 миллион сомонӣ сохта, бо шароити зарурии таълиму тарбия таъмин намуданд.

Кӯдакистон аз 2 бинои сеошёна иборат буда, дорои 9 синфхона ва ҳуҷраҳои дигари ёрирасон мебошад. Синфхонаҳои кӯдакистон дорои шароити мукаммал барои тарбияи насли наврас буда, тибқи талаботи муосир муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

Омӯзиш дар кӯдакистон бо забонҳои, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шуда, барои таълиму тарбияи насли наврас мураббияҳои соҳибтаҷриба ба кор ҷалб ­гардидаанд.

Дар маҷмӯъ, дар ин даргоҳ беш аз 30 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуда, оянда бо роҳандозии омӯзиши забони хитойӣ боз ҷойҳои нави кор фароҳам мегардад.

Бинои муассисаи томактабӣ бо таҷҳизоти муосири омӯзишӣ, техникӣ ва бехатарӣ таъмин буда, роҳравҳои дохили он бо расмҳои қаҳрамонони афсонаҳои кӯдакона оро ёфтаанд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароити тарбияи насли наврас дар кӯдакистон бо тарбиятгирандагон суҳбати озоду самимӣ намуда, ба онҳо туҳфаҳо тақдим карданд.

Дар кӯдакистони нав бо мақсади ҷалби кӯдакону наврасон ба зебоипарастӣ, фарҳангдӯстӣ ва солимгардонӣ толорҳои мусиқию варзишӣ низ таъсис ёфтааст. Боғча дорои нуқтаи тиббӣ, ҳуҷраи логопед ва ошхонаи барҳаво низ мебошад.

 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулону мураббияҳо бинои хуштарҳу замонавии кӯдакистонро дар арафаи таҷлил аз 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи арзишманд маънидод карда гуфтанд, ки мураббияҳо барои тарбияи кӯдакону наврасон дар рӯҳияи ватандӯс­тию хештаншиносӣ ҳама малакаю маҳорат­ро равона созанд.

Дар саҳни боғчаи нав 9 айвонча бо талаботи муосири баргузории машғулиятҳо сохта шуда, ҳавзи оббозӣ барои кӯдакон ва гӯшаи табиати зинда ҷой дода шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо имконоти фароҳамгардидаи таълиму тарбияи насли наврас дар кӯдакистони муосир ба таъсисдиҳандагон барои дастгирии ташаббусҳои созандаю бунёдкоронаи роҳбарияти олии Давлату Ҳукумати мамлакат изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, амалисозии иқдомҳои наҷиб­ро омили муҳим дар самти ноил гардидан ба ҳадафҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» маънидод карданд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои маъмурии Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд­ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

defaultБо дастури бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи сазовори 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои нав мутобиқ ба талаботи замони муосир аз ҳисоби маблағҳои хизматрасонии Хадамоти давлатии «Муҳофиза» дар вилояти Суғд бун­ёд гардида, барои кормандон шароити мусоиди фаъолият фароҳам оварда шуд. Он аз панҷ ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 55 утоқи корӣ барои кормандони хадамот, аз ҷумла ҳайати роҳбарикунанда, афсарони шуъбаҳои назорати ташкилӣ, банақшагирии иқтисодӣ, кор бо ҳайати шахсӣ ва корҳои ташкили воҳидӣ ва хизмат, роҳбаладӣ, шуъбаи воситаҳои техникию муҳандисӣ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.

Дар китобхонаи иншооти нав садҳо нусха китоби гуногун, аз ҷумла адабиёти бадеӣ ва илмию соҳавӣ, мавҷуд мебошад. Мутобиқ ба талаботи замони муосир дар китобхона, инчунин, компютерҳо гузошта шудааст, ки фарогири ҳазорҳо нусха адабиёти электронӣ буда, кормандон лаҳзаҳои фориғ аз кор метавонанд ба мутолиаи асарҳои илмию бадеӣ ва рӯзномаю маҷаллаҳои даврӣ машғул шаванд.

Зимни шиносоии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо имконияту шароити мавҷуда маълум гардид, ки сохтмончиён бинои Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро мутобиқ ба талаботи замон ва меъёрҳои хизмати ҳарбӣ бунёд карда, бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири соҳавӣ муҷаҳҳаз намудаанд.

Дар он, ҳамчунин, таваққуфгоҳи воситаҳои нақлиёти хизматӣ, ду анбори сарулибоси низомӣ, толори варзишӣ, хобгоҳ барои 15 нафар ва ошхона бо фарогирии 100 ҷойи нишаст сохта шуда, дар ҳар як ошёна утоқҳои ёрирасон, аз ҷумла нуқтаҳои шӯстушӯӣ, мавҷуд аст.

Маҷлисгоҳи Хадамоти давлатии «Муҳофиза» 140 ҷойи нишаст дошта, бо воситаҳои техникӣ, аз қабили монитор, дастгоҳҳои тақвияти овоз ва таҷҳизот барои гузаронидани видеоконфронсҳо муҳайё мебошад.

Ҷиҳати сарсабзу хуррам намудани муҳити атроф дар ҳавлии бинои маъмурии муассиса беш аз 100 ниҳоли дарахти ҳамешасаб­зу ороишӣ шинонида шудааст. Дар баробари ин, аз ҳисоби маблағҳои хизматрасонии хадамот таъмири роҳи мошингарди кӯчаи Мақсудҷон Танбӯрии шаҳри Хуҷанд низ дар масоҳати 2 ҳазор метри мураббаъ амалӣ гардид, ки ҳолати ногувор дошт.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ ва шароити мавҷудаи иншоот баҳои баланд дода, кормандони Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро ба истифодаи самараноки имконият ва хизмати содиқона ба халқу Ватан ҳидоят намуданд.

12 июни соли 2021 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар вилояти Суғдро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Он дар маҳаллаи Темурмалики шаҳри Хуҷанд замонавӣ бунёд гардида, аз 5 ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Дар шафати бинои асосии Маркази «Тоҷикстандарт» дар вилояти Суғд иншооти дигари ёрирасон бунёд шудааст.

Онро тибқи нақша — чорабиниҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд намудаанд. Дар таҳхонаи бино шуъбаи санҷиши воситаҳои ченак ва ҳуҷраи ташхиси пойафзол ҷойгир мебошад.

Шуъбаи санҷиши воситаҳои ченак аз озмоишгоҳҳои санҷиш ва андозагирии воситаҳои ченаки гармоӣ-техникӣ, ташхиси таҷҳизоти барқӣ, санҷиш ва андозагирии ченаки вазн, санҷиши воситаҳои ченаки геометрӣ, санҷиши воситаҳои ченаки электромагнитӣ, санҷиши воситаҳои ченаки басомадҳои радио иборат буда, ҳар кадоми он бо технологияи нави соҳа таъмин мебошанд.

Зимни шиносоии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфта шуд, ки дар шуъба зиёда аз 20 номгӯи ташхис гузаронида мешавад ва дар он мутахассисони соҳибтаҷриба ба кор ҷалб гардидаанд. Маҷлисгоҳ бо 100 ҷой ва ошхонаи марказ бо 40 ҷой дар ошёнаи якуми иншоот ҷойгир мебошанд.

Дар ошёнаҳои дуюм, сеюм ва чоруми бино утоқҳои кории маъмурият ва шуъбаҳои марказ ҷойгир буда, кормандон бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир таъминанд. Инчунин, толори конфронс низ мавҷуд аст.

Озмоишгоҳи ташхиси маҳсулоти хӯрокворӣ, кишоварзӣ, нуриҳои минералӣ ва бактериологии марказ дар ошёнаи панҷуми бино аз ҳуҷраҳои микробиологӣ, ташхиси ғалладонагиҳо ва маҳсулоти аз он истеҳсолшаванда, спектроскопӣ, физикӣ-химиявӣ, муайян намудани организми генашон тағйирдодашуда, ташхиси металҳои вазнин, тайёркунии намуна, нигоҳдории намуна, анбори нигоҳдории реактивҳои химиявӣ ва ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад.

Бахши нозироти пахта ва пилла ва озмоишгоҳи маҳсулоти нефтӣ дар бинои алоҳида ҷойгир буда, он ҳам бо таҷҳизоти навтарин ҷиҳозонида шудааст. Дар озмоишгоҳ ташхиси сӯзишвории дизелӣ, бензин, равғанҳои муҳаррикӣ, моеи хунуккунанда ва ғайра гузаронида мешавад.

Маврид ба зикр аст, ки то ­бунёд гардидани бинои нав Маркази «Тоҷикстандарт» дар вилояти Суғд дар се бинои алоҳида ва дар масофаи дур аз ҳамдигар фаъолият мекард.

Акнун ҳама бахши марказ дар як бинои зебо, боҳашамат ва дорои шароити муосир ҷой гирифт, ки ба пешбурд ва рушди соҳа, таъмини сатҳ, сифат ва суръати хизматрасониҳо мусоидат менамояд. Дар ҳавлии бино ва атрофи он гулу дарахтони ороишӣ ва ҳамешасабз шинонида шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иҷрои корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, истифодаи самараноки имконоти мавҷуда ва таъмини бехатарии ҳаёт ва саломатии аҳолиро дар ҳама самт муҳим шумориданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд корхонаи коркарди ғалла — Ҷамъияти дорои ­масъулияти маҳдуди «Хубҷамъ — Инвест»-ро мавриди истифода қарор доданд.

Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даромадгоҳи ҷамъият бо намунаи маҳсулоти истеҳсолии корхонаи навбунёд ва гурӯҳи коргоҳҳои истеҳсоли ғалладонагӣ, ки ба намоиш гузошта шуданд, шинос гардиданд.

Корхонаи коркарди ғалла дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Роҳбари давлат ба истиқболи шоистаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Илҳом Рабиев бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки зимни мулоқот бо соҳибкорони ҷумҳурӣ, 14 октябри соли 2019 Илҳом Рабиев дар назди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки ду корхонаи нави саноатӣ ташкил мекунад. Инак, бо гузашти муҳлати на чандон тӯлонӣ, бо истифода аз имконияту имтиёзҳои фароҳамовардаи Давлату Ҳукумат ба бахши хусусӣ ва ҷиҳати саҳмгузории бештар дар самти амалисозии саноатикунонии босуръати мамлакат корхонаи нави истеҳсолӣ сохта, мавриди истифодабарӣ қарор гирифт.

Коргоҳ дорои хатти муосири истеҳсоли орд буда, сохтмонаш соли 2019 оғоз гардид. Барои бунёди он 85 нафар сохтмончии маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин шуданд.

Масоҳати умумии корхона, бо фарогирии як коргоҳи дигар ва иншооти ёрирасон 5 гектар буда, арзиши воқеии иншооти баистифодадодашуда, бо дарназардош­ти таҷҳизоти насбшудаи сехи коркарди гандум ва истеҳсоли орд 53,3 миллион сомониро ташкил додааст. Аз ин ҳисоб 18,7 миллион сомонӣ барои харидорӣ ва васлу насби таҷҳизот сарф гардидааст.

Дар коргоҳ идоракунии раванди истеҳсолот пурра ба таври худкор ба роҳ монда шудааст. Иқтидори истеҳсолии сехи коркарди гандум ва истеҳсоли орд дар як шабонарӯз 650 тонна гандум мебошад. Воридоти гандум ва ғалладонагиҳо ба коргоҳ аз тариқи роҳи оҳани инфиродӣ ба амал бароварда мешавад, ки аз тарафи соҳибкор бунёд шудааст.

Дар як вақт дар анбори корхона то 30 ҳазор тонна гандум захира ва нигоҳдорӣ карда мешавад. Гандум ва донагиҳо аз Ҷумҳурии Қазоқис­тон ва Федератсияи Россия ворид мегарданд.

Баробари ба истифода додани «Хубҷамъ-Инвест» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 200 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори мусоид ва маоши хуб таъмин карда шуданд.

Дастандаркорони ташкили корхонаи нав иқдом гирифтанд, ки бахшида ба 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши ҳар халта ордро аз 240 сомонӣ то 200 сомонӣ поён фароварда, ба фурӯш гузоранд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси соҳибкорро намунаи барҷастаи ватандӯстӣ ва саҳмгузории фаъоли бахши хусусӣ дар шукуфоии бештари Ватан маънидод карда, дастур доданд, ки ба сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда ва арзиши дастраси он таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад.

Муассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хубҷамъ-Инвест» тасмим гирифтаанд, ки дар корхонаи дигари саноатӣ-коргоҳи истеҳсоли хӯроки омехтаи чорворо то ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёд намоянд.

Соҳибкори маҳаллӣ барои дастгирӣ ва таваҷҷуҳи пайваста бобати равнақи бештари соҳибкории истеҳсолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипосу миннатдорӣ намуд.

 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи истеҳсоли равғани рустании Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хубҷамъ — Инвест»-ро дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ифтитоҳ карданд.

Сарвари давлат ба фаъолияти коргоҳи истеҳсолӣ, ки аз тарафи соҳибкор Илҳом Рабиев бунёд гардидааст, оғоз бахшида, кори иншоотро дар шароити ҳозираи бозори истеъмолӣ манфиатовар маънидод карданд.

Коргоҳи коркард ва истеҳсоли равған бо маблағи 21,1 миллион сомонӣ бунёд ёфта, барои воридоти технологияи истеҳсолӣ 14,5 миллион сомонӣ масраф гардидааст. Он дар пайгирӣ аз сиёсати бунёдкории роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон сохта шуда, нишонаи татбиқи амалии саноатикунонии босуръати кишвар дониста мешавад. Иқтидори истеҳсолаш дар як шабонарӯз коркарди 50 тонна чигит ва офтобпарастро ташкил медиҳад. Корхонаи равғанбарорӣ ягона сехи инноватсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар он истеҳсоли равғани покгардонидашуда дар чанд марҳила, ба монанди раванди безараргардонӣ, сафедкунӣ, сарднамоӣ ва бандубаст намудани онҳо ба роҳ монда шудааст.

Роҳбари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкор дас­тур доданд, ки сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда аз тариқи ташхиси ҷиддии озмоишгоҳӣ ва дигар равандҳои ҳатмии истеҳсолӣ ба роҳ монда шавад.

Тазаккур дода шуд, ки оғози истеҳсолот, аз покгардонии равған сурат мегирад, ки он дар навбати худ аз 4 марҳила иборат аст. Дар корхонаи нав 100 нафар сокини маҳаллӣ бо шуғли доимӣ таъмин гардида, аксари онҳо аз марҳилаҳои омӯзишӣ гузашта, дорои малакаи баланди касбӣ мебошанд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси соҳибкор Илҳом Рабиевро, ки тавассути ҳисси баланди меҳандӯстӣ тавонист дар ду корхонаи нави саноатӣ 300 ҷойи нави кор фароҳам орад, намунаи ибрат хонданд.

Нимаи дуюми 12 июни соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир карданд.

Дар он натиҷаҳои фаъолияти бахшҳои муҳими иқтисодии вилоят дар панҷ моҳи соли 2021, рафти иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, татбиқи барномаҳои давлатӣ, амалисозии ҳадафҳои стратегии мамлакат ва ҷараёни корҳои созандагию ободонӣ ба ифтихори ҷашни умумимиллӣ — 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, вазифаҳо барои давраи оянда муайян гардиданд.

Таъкид шуд, ки бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни бузург дар шаҳру ноҳияҳои вилоят то ҳол бунёду навсозии 6967 иншооту биноҳо ба итмом расидааст, ки 91,9 фоизи нақшаи тасдиқшударо ташкил медиҳад.

Барои расидан ба ҳадафҳои дарпешгузошташуда, роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он, вазифадор гардиданд, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва бо ҷалби соҳибкорону шахсони саховатпеша, инчунин, аҳолӣ ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои боқимонда ва бо сифати баланд ба анҷом расонидани иншооти бунёдшаванда тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони вилоят аз ҳисоби сарчашмаи маблағгузорӣ беш аз 40,5 миллиард сомонӣ, аз ҷумла, тавассути амалисозии зиёда аз 50 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ 25 миллиард сомонӣ равона карда шудааст.

Илова бар ин, дар доираи «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят барои солҳои 2016 – 2020» 192 лоиҳа ба маблағи 7,8 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, дар барномаи навбатӣ барои солҳои 2021 – 2025 татбиқи 243 лоиҳаи дигар ба маблағи умумии 11 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор шуданд, ки дар ҷараёни татбиқи барномаҳои маҳаллии рушди иҷтимоиву иқтисодӣ мушкилоти вобаста ба истифодаи ҳамаҷонибаи имконияту захираҳои мавҷударо бартараф карда, ба ин васила барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинони вилоят мунтазам чораҷӯӣ намоянд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба ҳадафҳои муайяннамудаи Ҳукумати мамлакат ба роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо супориш доданд, ки бо ҷалби ҳар чӣ бештари сармояи мустақими ватаниву хориҷӣ инфрасохтори иҷтимоиву истеҳсолиро беҳтар намуда, ташкили коргоҳу корхонаҳои нави саноатӣ, бунёди маҷмааҳои саноатӣ, агросаноатӣ ва технопаркҳои замонавиро боз ҳам густариш диҳанд.

Вобаста ба иҷрои босифат ва саривақтии буҷет ба роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он, инчунин, масъулини вазорату идораҳои дахлдор супориш дода шуд, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда дар самти иҷрои нақшаи қисми даромади буҷет ва баланд бардоштани самаранокии хароҷоти маблағҳои буҷетӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Дар давоми чор моҳи аввали соли ҷорӣ ба соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ қариб 1,5 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузаш­та 34 фоиз зиёд мебошад.

Бонкҳои давлативу саҳомӣ ва дигар ташкилотҳои қарзии низоми бонкии мамлакат вазифдор шуданд, ки барои зиёд намудани ҳаҷми қарздиҳӣ ба бахши соҳибкории истеҳсолӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд.

Ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дода шуд, ки фаъолиятро вобаста ба татбиқи ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар дар самти ташкили корхонаҳои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ тақвият бахшида, доир ба таъмин намудани гуногунсамтии истеҳсолот тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Ҳамчунин, зарур дониста шуд, ки якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва дигар вазорату идораҳои марбута, барои ба кор даровардани иқтидорҳои истифоданашудаи корхонаҳои саноатӣ ва корхонаҳои аз фаъолият боз­монда, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти рақобатноки ба содирот нигаронидашуда ва ивазкунандаи воридот чораҳои қатъӣ андешида шаванд.

Илова бар ин, Вазорати саноат ва технологияҳои нав вазифадор гардид, ки якҷо бо роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва сармоягузорон барои ҳар чӣ зудтар ба роҳ мондани коркарди ниҳоии маҳсулоти соҳаи саноати истихроҷ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намояд.

Вобаста ба вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҷиҳати коҳиш додани таъсири омилҳои беруна ба иқтисоди кишвар дастур дода шуд, ки роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ба масъалаи беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, барқарор кардани заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда, истифодаи самараноки заминҳои мавҷуда, васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, аз заминҳои обӣ рӯёнидани ду — се ҳосил ва бунёди гармхонаву сардхонаҳои замонавӣ таваҷҷуҳи махсус равона сохта, тадбирҳои мушаххас ва саривақтӣ андешанд.

Роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор шуданд, ки барои ташкили фермаҳои чорвопарварӣ ва корхонаҳои парандапарварию моҳипарварӣ, хушзоткунии чорво, инчунин, бо дарназардошти хушксолие, ки идома дорад, ҳар чӣ бештар истеҳсол ва захира намудани хӯроки чорво ва боз ҳам беҳтар таъмин намудани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати истеҳсоли ватанӣ ҳама имконияту захираро сафарбар созанд.

Инчунин, таъкид шуд, ки ба хотири афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар роҳбарони сохтору мақомоти дахлдорро зарур аст, ки ҷиҳати таъмин намудани нишондиҳандаҳои рушди содирот, махсусан, маҳсулоти коркардшудаи дорои арзиши баланди иловашуда тадбирҳои мушаххас андешанд.

Барои рафъи мушкилоти соҳаи иҷтимоӣ, аз ҷумла бахши маориф роҳбарияти вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор шуданд, ки якҷо бо Вазорати маориф ва илм ҷиҳати ҳалли мушкилоту ­масъалаҳои вобаста ба муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла бо истифода аз имкониятҳои соҳибкорон ҳар чӣ бештар бунёд намудани муассисаҳои томактабӣ, ҳавасманд­гардонии омӯзгорони ҷавон, иҷрои босифати барномаҳои соҳавӣ ва баланд бардоштани сифати таълим, чораҷӯӣ намоянд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш доданд, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он барои пурра бо мутахассисони дорои маълумоти олӣ ва миёнаи тиббӣ таъмин намудани муассисаҳои тандурустии вилоят, баланд бардоштани сатҳи касбияти онҳо ва сифати хизматрасонии тиббӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд.

Раиси вилоят ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳои он вазифадор карда шуданд, ки бо роҳи бунёди иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, дастгириву ҳавасманд намудани фаъолияти соҳибкорӣ ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои нав барои таъсиси ҷойҳои нави кор, пешгирӣ кардани барҳамхӯрии минбаъдаи ҷойҳои кор, паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ, инчунин, пардохти саривақтии музди меҳнат тадбирҳои мушаххас андешанд.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба масъалаи иҷрои ҳатмии дастуру супоришҳои роҳбарияти Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дастовардҳои шоиста сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҷалб карда, бо итминон иброз доштанд, ки роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва фаъолон бо азму талоши созанда барои амалисозии ҳадафҳои бобарор талоши бештар ба харҷ медиҳанд.

Баъди суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои иқтисодиёти вилоят раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва роҳбарони як қатор шаҳру ноҳияҳо ҳисобот доданд.

www.president.tj