Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Суғд

№118-119 (3598-3599) 15.09.2016

29607368035_1fa367a474_kСубҳи ёздаҳуми сентябри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд ташриф оварданд.

Сарвари давлатро сокинони шарафманду меҳнатқарини ин ноҳияи баландкӯҳ бо самимияти хоса пешвоз гирифтанд.

Пешвои миллат нахуст бо пахш кардани тугмачаи рамзӣ маркази нави ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ — шаҳраки навбунёди Меҳронро чароғон намуданд.

Хатти барқ ба ин мавзеъ аз масофаи 2 км оварда шудааст. Дар айни замон барои чароғон кардани шаҳраки нав 12 кв қувваи барқ сарф мешавад. Дар оянда пас аз сохта шудани дигар биноҳо талаботи шаҳрак ба 20 кв қувваи барқ хоҳад афзуд. Корҳои васлу насби таҷҳизоти барқӣ ва равшанидиҳандаро дар шаҳраки навбунёд ҶДММ «Само» анҷом додааст.

Дар ин ҷо, инчунин бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хатти оби нӯшокӣ ва полезӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд. Он ба шаҳраки навбунёди Меҳрон аз сойи Каллахона, ки дар масофаи 11 км ҷойгир аст, оварда шуда, барои обёрӣ намудани зиёда аз 50 гектар замин ва таъмин намудани бошандагон бо оби нӯшокӣ кифоя аст.

Сипас, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи нави маркази маъмурии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ шаҳраки Меҳрон ошно шуданд.

Он дар мавзеи дашти Рогиф дар масоҳати 15 гектар бунёд мешавад. Дар сохтмони шаҳрак талаботи шаҳрсозии муосир ба эътибор гирифта шудааст. Тибқи лоиҳа дар даҳсолаҳои оянда дар шаҳрак 47 бинои  маъмурию маишӣ, ба монанди беморхона, мактаб, боғчаи бачагон,  мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи ҷамъиятӣ, хонаҳои баландошёна ва иншооти фароғатӣ сохта хоҳад шуд. Фармоишгар Идораи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд буда, лоиҳаро ҶДММ  «Суғдшаҳрофар» таҳия кардааст.

Пешвои миллат масъулону сохтмончиёнро барои бо сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ муваззаф намуда, иброз доштанд, ки маркази нави ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бояд бо шаклу намои зебо сохта шавад, то ки барои сокинони он тамоми шароити будубош муҳайё гардад.

Дар маркази маъмурии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ — шаҳраки Меҳрон ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ як бинои дуошёнаи истиқоматиро мавриди истифода қарор доданд.

Он аз 16 манзили як, ду ва сеҳуҷрагӣ иборат буда, барои оилаҳои хизматчиёни давлатӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия пешбинӣ гардидааст. Дар манзилҳои истиқоматӣ, ки бо тарҳи замонавӣ оро ёфтаанд, шароити зарурии зист фароҳам шудааст.

Бино дорои шабакаи мустақили гармидиҳӣ мебошад, ки тавассути неруи барқ кор мекунад. Корҳои сохтмонӣ дар он соли 2015 оғоз гардид. Фармоишгар Идораи сохтмони асосӣ ва пудратчӣ Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Корхонаи сайёри механиконидашудаи 101»-и ноҳия мебошанд. Дар вақти сохтмон дар ин ҷо 70 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин буданд.

Маблағи лоиҳавии иншоот 3,9 миллион сомониро ташкил медиҳад. Дар корҳои сохтмонӣ ва васлгарӣ бошад, аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ 1,8 миллион сомонӣ маб­лағгузорӣ гардидааст.

 

 

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон шахсан калиди якчанд манзили истиқоматиро ба соҳибонашон супориданд ва барои зиндагии ободу осуда ба онҳо дуои хайр доданд. Дар навбати худ сокинон ба Сарвари давлат арзи сипосу миннатдорӣ карданд ва инро намунаи қадрдонии кору фаъолияти худ аз ҷониби роҳбарияти олии давлат арзёбӣ намуданд.

Президенти мамлакат аснои шиносоӣ аз корҳои анҷомшуда дар бинои нав ба сифати он баҳои баланд доданд.

Қарор аст оянда дар таҳхонаи бино як толори муосири варзишӣ бунёд карда мешавад. Ободонии гирду атроф ва бунёди майдонча барои бозии кӯдакон ҳам мувофиқи нақша амалӣ мегардад.

Ёздаҳуми сентябр, инчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази навбунёди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо буридани лентаи рамзӣ бинои нави мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияро расман ифтитоҳ намуданд.

Бинои собиқи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бар асари лағжиши қитъаи замин дар ҳолати садамавӣ қарор гирифта, аз истифода берун гардидааст. Масъулин то ин дам дар бинои қасри фарҳанг фаъолият мекарданд.

Бинои нави Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз таҳхона, ду ошёна, 26 утоқи корӣ, 11 ҳуҷраи ёрирасон ва ошхона иборат мебошад. Утоқҳои корӣ бо шароити зарурӣ таъмин буда, дар фасли сармо тавассути шабакаи мустақили гармидиҳӣ, ки бо неруи барқ кор мекунад, гарм нигоҳ дошта мешаванд.

Масоҳати умумии иншоот 2 ҳазору 500 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар ҳудуди бино ду толори маҷлисӣ, яке бо ғунҷоиши 50 ва дигаре бо 300 ҷойи нишаст бо ҷиҳози зарурӣ таъмин мебошанд.

Арзиши лоиҳавии иншоот 9 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки пурра аз ҳисоби буҷети вилояти Суғд маблағгузорӣ гардидааст.

Лоиҳаи бино аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Суғд ИНТИЗ» таҳия гардидааст. Дар корҳои фармоишӣ Идораи сохтмони асосӣ ва пудратчигӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Манзили Кӯҳистон» саҳм гирифтаанд.

Сарвари давлат бо шароити бинои нави мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия шинос шуда, кормандонро даъват намуд, ки ҷавобан ба ғамхориҳо сатҳу сифати коргузориро беҳтар ба роҳ монанд.

 Сипас, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури беш аз ду ҳазор нафар сокин ва фаъоли ноҳия суханронӣ намуданд.

Сарвари давлат нахуст ҳозиринро ба муносибати ҷашни бистсолагии таъсисёбии ноҳия, ки ба ҷашни бузурги миллиамон — 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон рост омадааст, табрик гуфтанд.

Таъкид гардид, ки ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ зода ва маҳсули даврони Истиқлолият буда, дар қатори дигар шаҳру навоҳии мамлакат аз файзу баракати ин неъмати бебаҳои таърихӣ баҳравар гардидааст. Аз ҷумла, назар ба чанд соли пеш, имрӯзҳо дар ин минтақаи дурдасти кӯҳӣ туфайли кӯшишҳои мардуми заҳматқарин корҳои зиёди созандагиву ободонӣ иҷро гардида, тарҳу симои он дигаргун шудааст.

Бо таҳлили нишондодҳои иқтисодиву иҷтимоӣ Пешвои миллат изҳор доштанд, ки  ҷиҳати таъмини  рушди ноҳия дар 15 соли охир беш аз 100 миллион сомонӣ маблағ сарф шудааст. Ин имкон фароҳам овардааст, ки соҳаҳои ҳаётан муҳими хоҷагии халқи ноҳия, аз қабили  муассисаҳои маорифу тандурустӣ таҷдиду азнавсозӣ гардад ва соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла картошкапарварӣ пешрафт намояд.

Пешвои миллат зикр намуданд, ки дар панҷ соли охир майдони кишти картошка аз 230 ба 2000 гектар расонида шуд. Дар ин замина соҳаи човодорӣ ҳам рушд ёфта, саршумори он бамаротиб зиёд гардид.

Сарвари давлат таваҷҷуҳи ҳозиринро ба рушди соҳаҳои даромаднок ва истифодаи самараноки манбаъҳои мавҷуда равона намуда, ба масъулин дастур доданд, ки дар наздиктарин фурсат иҷрои амалии онҳоро ба роҳ монанд.

Дар охир Пешвои миллат мардуми маърифатпарвари ноҳияро ба посдории суннатҳои аҷдодӣ, гиромидошти анъанаҳои халқӣ ва тарбияи насли ояндасоз дар рӯҳияи ватандӯстию эҳтиром ба арзишҳои миллӣ даъват намуданд.

Ёздаҳуми сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии деҳқонии «Валиғунд»-и деҳоти «Лангар»-и ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар оғози чиниши картошка иштирок намуда, бо дастовардҳои кишоварзон шинос шуданд.

Майдони умумии хоҷагии деҳқонии «Валиғунд» 173 гектарро ташкил медиҳад ва имсол аъзои он дар ҳама шакли хоҷагидорӣ дар майдони 80 гектар кишти картошка гузаронидаанд.

Иқлими ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ барои парвариши навъҳои гуногуни картошка мувофиқ аст ва заҳмати пайвастаи кишоварзон дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии рушди соҳаи картошкапарварӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016» барои пешрафти соҳа ва зиёд шудани истеҳсоли маҳсулот имкон фароҳам овард.

Агар соли 1991 майдони кишти картошка дар ноҳия 283 гектар бошад, имрӯз майдони он ба бештар аз 2 ҳазор гектар расонида шудааст, ки ин нишондоди баланд ва муваффақияти комили мардуми заҳматқарини ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ мебошад.

Имсол дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия навъҳои тухмии «Тоҷикистон», «Мастчоҳ-1», «Овчӣ», «Биг-Роза», «Манатоу», «Романсе», «Кардинал», «Алладин» ва ғайра кишт карда шудааст. Тибқи дурнамо аз ҳар гектар аз 350 то 400 сентнерӣ ҳосил ба даст оварда хоҳад шуд.

Аҳли заҳмати хоҷагии деҳқонии «Валиғунд» бори аввал тухмии навъи «Биг-Роза»-ро кишт карданд ва ҳосили интизории кишоварзон аз ҳар гектар 450 сентнерро ташкил медиҳад.

Дар маҷмӯъ, ҳосили интизории картошкаи аҳли заҳмати ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ соли равон бештар аз 70 ҳазор тонна аст.

 

Дар ҳамон ҷо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо намоиши дастовардҳои аҳли заҳмати ноҳия шинос шуд. Дар намоишгоҳ навъҳои гуногуни картошка, гандум, ҷав, беда, себу зардолу ва дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ пешниҳод карда шуд.

Айни замон дар ноҳия саршумори қутос ба 883 сар, чорвои майда дар ҳамаи шакл­и хоҷагидорӣ наздик ба 113 ҳазор ва саршумори чорвои калон ба 14616 сар расидааст. Сарвари давлат Эмомалӣ ­Раҳмон бо назардошти мувофиқ будани иқлими ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ зиёд намудани саршумори қутос, моли майда ва дар маҷмӯъ тараққӣ додани соҳаро аз ҳисоби зотҳои сермаҳсул мувофиқ арзёбӣ намуданд.

 Рӯзи дуюми сафари корӣ ба вилояти Суғд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Зафаробод ташриф оварданд.

Дар Варзишгоҳи марказии ноҳия наздик ба 3 ҳазор нафар сокини ноҳия Пешвои миллатро бо меҳру муҳаббат ва самимияти хоса истиқбол гирифтанд.

Аҳли ҳунару толибилмон ба хотири ташрифи Президенти мамлакат барномаи зебову рангинро манзур намуданд.

Дар ноҳияи Зафаробод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20, ки дар маҳаллаи ­«Бахт»-и шаҳраки Зафаробод ҷойгир аст, иштирок карданд.

Президенти мамлакат ­Эмомалӣ Раҳмонро омӯзгорону хонандагони муассиса бо самимияти хоса ва эҳтироми беандоза истиқбол намуданд.

Пешвои миллат баъди буридани лентаи рамзӣ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои нав бо шароити таълиму тадрис дар муассиса шинос шуданд.

Биное, ки то имрӯз хонандагон дар он ба таълим фаро гирифта мешуданд, соли 2006 дар заминаи озмоишгоҳи хоҷагии давлатии ба номи Рифъат Ҳоҷиев ба истифода дода шудааст ва дар соли хониши 2015-2016 дар муассиса 460 нафар хонанда дар ду баст барои таҳсил фаро гирифта шудаанд. Бо назардошти он ки сол то сол шумораи хонандагон дар ин муассиса зиёд шуда, эҳтиёҷ барои синфхонаҳои иловагӣ ба вуҷуд омад, моҳи марти соли 2016 сохтмони бинои нави он оғоз гардид.

Бояд зикр кард, ки дар баробари бунёди бинои нав, инчунин бинои пешинаи муассиса низ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд. Он барои 360 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст ва аз 12 синфхонаи таълимӣ, синфхонаи компютерӣ, озмоишгоҳи фанҳои дақиқ, китобхона, хонаи омӯзгорон ва ҳуҷраҳо барои гузаронидани маҳфилҳои рӯзгордорӣ иборат буда, дорои толори варзишии иборат аз 240 ҷойи нишаст ва ошхона бо 60 ҷойи нишаст мебошад. Акнун баъди мавриди истифода қарор гирифтан дар ду баст имкон аст то 700 нафар хонанда ба таълим фаро гирифта шаванд.

Маблағи умумии барои бунёди бино ҷудогардида 7 миллион сомониро ташкил медиҳад. Корҳои сохтмонӣ дар он марти соли 2016 оғоз гардид ва дар 6 моҳ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёру талаботи сохтмонӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хонаи дониш»-и шаҳри Хуҷанд сохта шуд. Фармоишгар дар бинои мазкур Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мебошад. Дар рафти сохтмон аз 50 то 70 нафар сохтмончӣ бо ҷойи кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин гардидаанд. Зимни боздид аз синфхонаҳо, толори варзишӣ ва дигар утоқҳои ёрирасони муассиса Пешвои миллат ба кори сохтмончӣ баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки акнун омӯзгоронро мебояд дар таълиму тарбияи насли ояндасози миллат ҳамаҷониба кӯшиш намоянд ва вазифаи пуршарафи омӯзгориро аз самими қалб иҷро кунанд. Айни замон дар муассиса 37 нафар омӯзгори соҳибтахассус ва ботаҷриба ба хонандагон дарс мегӯянд.

Муассиса дорои системаи ягонаи гармидиҳӣ буда, масоҳати умумии он 3 ҳазору 830 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Масоҳати иншоот ба 1 ҳазору 660 метри мураббаъ баробар аст.

Зимни суҳбат бо хонандагону омӯзгорон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки солҳои соҳибистиқлолӣ ба соҳаи маорифи мамлакат аз тарафи Давлату Ҳукумат таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Дар 25 сол ин соҳаи афзалиятнок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рушд намуд. Зикр шуд, ки дар оянда низ дар самти баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ аз тарафи Давлату Ҳукумат тадбирҳои зарурӣ ва самарабахш роҳандозӣ мегардад.

Баъдан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии деҳқонии «Бахт» бо ҷараёни оғози ғунучини пахта ва фаъолияти соҳаи кишоварзии ноҳия шинос шуданд.

Дар хоҷагии «Бахт» дар майдони 10 гектар кишти пунбадона гузаронида шуда, ҳосилғундорӣ пурра бо истифода аз техникаҳои пахтачинӣ ба роҳ монда мешавад. Дар маҷмӯъ, дар ноҳияи Зафаробод имсол хоҷагидорон дар майдони 9 ҳазору 325 гектар пунбадона кишт намудаанд, ки ҳосили қариб 300 гектари он тавассути техникаҳои махсуси пахтачинӣ ҷамъоварӣ карда мешавад.

Ҳамзамон, иттилоъ дода шуд, ки кишоварзони ноҳияи Зафаробод имсол дар майдони 6 ҳазору 600 гектар ғалладонагиҳо, 8 гектар картошка, 416 гектар сабзавот, 1 ҳазору 300 гектар полезиҳо ва 9 ҳазор гектар зироати хӯроки чорво кишт намудаанд. Масоҳати умумии боғу токзор дар ноҳия 976 гектарро ташкил медиҳад.

Тибқи натиҷагирии мутахассисон дар назар аст, ки имсол хоҷагиҳои пахтакории ноҳия то 20 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ менамоянд ва ин нишондод нисбат ба соли гузашта 6 ҳазор тонна зиёд мебошад.

Сипас, Сарвари давлат дар намоиши дастовардҳои кишоварзони ноҳияи Зафаробод иштирок намуданд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон зимни тамошои намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ба фаъолияти самарабахш ва натиҷаҳои назаррасу дастовардҳои хоҷагидорони ноҳия баҳои баланд доданд. Дар намоишгоҳ аҳли заҳмати ноҳия бештар аз 40 номгӯйи маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили полезиҳо, ғалладонагиҳо, лӯбиёгиҳо, мевагиҳо, хушкмевагиҳо, маҳсулоти нонӣ ва асалро, ки дар хоҷагиҳои кишоварзии 5 ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия истеҳсол карда мешаванд, ба тамошо гузоштанд.

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки маҳз бо меҳнати пайваста ва фидокорона мо метавонем ба амалишавии яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон-таъмини амнияти озуқаворӣ ноил гардем ва бо ин роҳ сатҳи зиндагии мардуми кишварро беҳтару хубтар намоем. Тибқи иттилоъ дар ноҳияи Зафаробод 3 ҳазору 786 хоҷагии кишоварзӣ мавҷуд аст, ки аз ин шумора 3 ҳазору 639 ададаш хоҷагиҳои деҳқонии инфиродии оилавӣ мебошанд.

Дар ноҳияи Зафаробод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба фаъолияти коргоҳи ҳунаромӯзии «Азиза» расман оғоз бахшиданд.

Сохтмони бинои коргоҳи мазкур дар маркази ноҳия 1 солу 6 моҳ идома ёфтааст. Дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ 20 нафар коргари маҳаллӣ бо кор ва маоши баланд таъмин буданд. Бинои коргоҳ аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, бо харҷи 724 ҳазор сомонӣ сохта шудааст. «Азиза» аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ Манучеҳр Сангинов ва Умед Шарифов сохта шудааст.

Президенти мамлакат бо шароити меҳнатӣ дар ин коргоҳ ошно гардида, барои боз ҳам беҳтар намудани он ва дастгирии коргарон ба соҳибкорон дастуру супоришҳо доданд.

Дар коргоҳи ҳунаромӯзии «Азиза» 40 нафар зани маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардидаанд, ки имконияти гирифтани беш аз 1000 сомонӣ маошро доранд. Дар коргоҳи мазкур дӯхти сару либоси мактабӣ ва рахти хоб роҳандозӣ гардидааст. Ҳамзамон, дар ошёнаи дуюми бино атласу адрасбофӣ ба роҳ монда шудааст, ки феълан на танҳо дар ҳудуди ноҳия, балки дар миқёси вилоят ва ҷумҳурӣ таваҷҷуҳ ба ин навъи маҳсулот хеле зиёд аст.

Соҳибкорони маҳаллӣ ҳадаф доранд оянда дар таҳхонаи ин бино сехи қаннодӣ бунёд намуда, ба ин васила ҳам талаботи сокинони ноҳияро бо маҳсулоти қаннодӣ таъмин кунанд ва ҳам барои шаҳрвандон ҷойҳои нави корӣ таъсис диҳанд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин иқдом ва ташаббусҳои соҳибкоронро намунаи ибрат ва қобили дастгирӣ хонданд.

Дар маркази шаҳраки Зафаробод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки ҳазорҳо нафар сокину меҳмони ноҳия дар вазъияти тантанавӣ аз болои муҷассамаи нахустин бунёдгузори давлати тоҷикон — шоҳ Исмоили Сомонӣ пардаро гирифта, Парчами миллиро боло бардоштанд.

Лоиҳаи маҷмаа бо муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ва Парчами миллӣ аз тарафи Корхонаи фаръии давлатии «Лоиҳакаши вилояти Суғд» таҳия гардидааст. Пудратчиён Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сохтмон», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Само», «Ҳафтранг» ва «Манора-2014» мебошанд.

Маҷмаа бо харҷи беш аз 5 миллион сомонӣ маблағҳои буҷети Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сохта шудааст. Аз ин маблағ барои сохтани муҷассама 2, 4 миллион сомонӣ сарф гардидааст. Баландии мақбара 16 метр ва баландии муҷассама 6 метрро ташкил медиҳад.

Муаллифони муҷассамаи барқади шоҳ Исмоили Сомонӣ аъзои Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Ғафурҷон Ҷӯраев, Мансур Маҷидов ва Рустам Ҳоҷибоев мебошанд.

Дар паҳлуи муҷассама дар маркази шаҳраки Зафаробод Президенти мамлакат ­Эмомалӣ Раҳмон, инчунин Парчами миллиро баланд бардоштанд, ки пояи он 26 метр баландӣ ва андозаи матои парчам 3,5 ба 7 метрро ташкил медиҳад. Пояи парчам аз ҷониби сохтмончиёни ноҳияи Зафаробод сохта шудааст. Дар рафти корҳои сохтмонии маҷмаа беш аз 100 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.

Пас аз ифтитоҳи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ва барафрохтани Парчами миллӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Зафаробод суханронӣ карданд.

Субҳи 13 сентябри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Спитамен ташриф оварданд.

Роҳбарияти ноҳия ва аҳли заҳмати он Сарвари давлат-Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти хоса, изҳори ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандона ва умеду эътимод ба фардои дурахшони Ватан истиқбол гирифтанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Спитамен нахуст дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани Корхонаи равғанбарории ҶДММ «Спитамен Ойл» иштирок намуда, онро рӯйдоди фараҳбахш дар рӯзҳои таҷлили ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд.

Корҳои сохтмонӣ дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Спитамен Ойл» соли 2010 дар минтақаи саноатии Ҷамоати шаҳраки «Навкат»-и ноҳия дар асоси шартнома бо ширкати «Кушо» оғоз шуд.

Корхона дорои ду деги бухорӣ ва дегхонаи равғангармкунӣ бо иқтидори 2 млн. килокалория дар як соат, анбори захираи ашёи хом барои 12 ҳазор тонна, анборҳои равғани нимтайёр ва тоза барои 150 тонна, анбори хӯроки чорвою паранда барои 1000 тонна мебошад. Дар ҶДММ «Спитамен Ойл» асосан коркарди тухмии техникӣ аз ҳисоби маҳсулоти кишоварзӣ роҳандозӣ шудааст. Барои бунёди он 32 миллион сомонӣ харҷ гардидааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар коргоҳҳои алоҳида бо рафти истеҳсолот бевосита шинос шуда, бунёди ин корхонаи сано­атиро иқдоми муҳим ва саривақтӣ дар коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, иштироки фаъол дар татбиқи Барномаи парандапарварӣ ва саҳмгузории бузург дар паст кардани шиддати воридоти маҳсулот аз хориҷи мамлакат арзёбӣ карданд ва барои истеҳсоли маҳсулоти хушсифат ва ҷавобгӯй ба талабот масъулини соҳаро вазифадор намуданд.

Дар ин корхонаи бузурги саноатӣ минтақаҳои алоҳидаи истеҳсолӣ амал мекунанд, ки аз минтақаҳои истеҳсоли равған ва хӯроки чорво бо иқтидори коркарди 46 ҳазор тонна донагиҳои равғандор, аз қабили лӯбиё, дони офтобпараст, пунбадона ва зағир дар як сол, минтақаи истеҳсоли равғани хушсифат ва бебӯй бо иқтидори солонаи 32 ҳазор тонна, минтақаи бастабандии маҳсулоти тайёр дар зарфҳои ғунҷоиши 1,2,3,5 ва 20-литра, минтақаи истеҳсоли хӯроки омехтаи чорвою паранда ва моҳӣ дар ҳаҷми 25 тонна дар як соат, минтақаи истеҳсоли резагандуму сабӯс бо коркарди ниҳоии 200 тонна гандум дар як рӯз ва истеҳсоли 44 тонна сабӯсу 10 тонна гандумреза дар як соат иборат мебошад.

Дар маҷмӯъ, иқдоми бунёди ин корхона, ки бо коркарди ашёи хоми маҳаллӣ якчанд маҳсулоти зарурӣ истеҳсол менамояд, дар миёни кишварҳои минтақа аз таҷрибаҳои нахустин ва беназир ба ҳисоб рафта, дар он то 155 нафар бо ҷойи кор ва музди маоши хуб таъмин мегарданд.

Дар ноҳияи Спитамен Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани Корхонаи истеҳсолии Ҷамъияти саҳомии шакли пӯшидаи «Норд Азия Металл» иштирок намуданд.

Он натиҷаи таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвас­таи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳибкорони мамлакат буда, самараи ҳамкориҳои манфиатбори соҳибкорону сармоягузорони Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад. Сохтмони корхона соли 2014 оғоз гардида, барои бунёд ва васлу насби таҷҳизоти муосир дар он беш аз 23 млн. сомонӣ масраф шудааст, ки 11 млн. сомонии онро арзиши таҷҳизоту технологияҳои корхона ташкил медиҳад.

Дар корхона асосан қубурҳо ва профилҳои металлии даврашакл ва чоркунҷашакл истеҳсол мешавад ва иқтидори солонааш 60 ҳазор тонна металл мебошад. Он дар як сол дар ҳаҷми 50 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда, ҳар сол 12 млн. сомонӣ андоз месупорад.

Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Норд Азия Металл» аз бинои маъмурӣ ва коргоҳҳои истеҳсолӣ иборат буда, шароити мувофиқи корӣ дорад. Баробари мавриди истифода қарор гирифтани корхона беш аз 120 нафар соҳиби ҷойи корӣ гардида, 2500 сомонӣ ва аз он зиёдтар маош мегиранд.

Зимни шиносоӣ бо рафти истеҳсолот ва техникаю технологияи корӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар баробари бунёд ва ташкили корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ масъулини соҳа бояд ба масъалаи омода намудани мутахассисони идоракунандаи кори истеҳсолот ва технологияи муосир таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир карда, бо ин васила дар пешбурди нишондиҳандаҳои соҳаи саноат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ғанӣ гардонидани Буҷети давлатӣ нақши сазовор гузоранд.

Дар ноҳияи Спитамен Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон, ҳамчунин дар маросими ифтитоҳи бинои маъмурии Кумитаи идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-и ноҳия иштирок намуданд.

Пешвои миллат бо шароиту имкониятҳои фароҳамоварда шинос шуда, ба кори босифати сохтмончиёну лоиҳакашон баҳои баланд доданд. Он дар заминаи собиқ бинои Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Агропромтехснаби Нов» сохта шуда, аз ду ошёна ва 11 утоқи корию ошхона барои 35 ҷойи нишаст иборат мебошад.

Корҳои таъмиру тармими бино аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Бунёдкор-С»-и ноҳияи Спитамен анҷом дода шудааст ва арзиши он қариб як миллион сомониро ташкил медиҳад.

Қобили қайд аст, ки то ин вақт кормандони Кумитаи идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-и ноҳияи Спитамен бинои худро надоштанд.

Худи ҳамон рӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Спитамен — шаҳраки Навкат бо буридани лентаи рамзӣ дар вазъияти тантанавӣ ба фаъолияти Муассисаи нави таълимии ғайридавлатӣ барои хонандагони болаёқат оғози расмӣ бахшиданд.

Пешвои миллат бо шароиту имконоти муосири таълиму тарбия дар ин муассисаи навбунёд шинос шуда, бо хонандагон суҳбати озоду самимӣ намуданд.

Баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани муассисаи мазкур дар як баст то 500 хонанда ба таҳсил фаро гирифта мешавад. Он аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Анвар Эшонқулов бунёд гардида, барои хонандагони болаёқат пешбинӣ шудааст.

Пешвои миллат ба хонандагони ин муассисаи таълимӣ маҷмӯи асбобҳои мусиқӣ туҳфа намуданд, ки аз ҷониби онҳо бо як хушнудиву сипоси бепоён пазируфта шуд.

Корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот соли 2014 оғоз гардида, бо сифати баланд ва бо харҷи 6,5 миллион сомонӣ анҷом дода шудааст.

Муассиса аз ду ошёна иборат буда, 25 синфхона, аз ҷумла 4 кабинети фаннӣ, кабинетҳои физика, химия, биология, технологияи компютерӣ ва тахтаҳои синфии электронӣ дорад.

Дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар муассиса бо мақсади эҳёи ҳунарҳои миллӣ, аз қабили қолинбофии дастӣ ва адрасу сӯзанӣ маҳфили адрас ва қолинбофии дастӣ амал мекунад. Барои аъзои ин маҳфили ҳунаромӯзӣ шароит фароҳам оварда шудааст ва дар як вақт то 13 нафар метавонанд дар ин ҷо ҳунарҳои мардумиро аз худ намоянд.

Муассиса дорои маҷлисгоҳи барҳаво, ошхона барои 100 нафар ва китобхона бо 45 ҷойи нишаст буда, дар ошёнаи дуюми он 8 ҳуҷраи хоб барои 50 хонанда, ки аз минтақаҳои дурдаст ба таҳсил фаро гирифта мешаванд, омода карда шудааст.

Ҳамзамон, ҷиҳати ҷалби хонандагон ба варзиш ва дастрасии онҳо ба хизматрасонии тиббӣ дар муассисаи нав толори замонавии варзишӣ барои 200 ҷойи нишаст ва ҳуҷраи тиббии муҷаҳҳаз бо пешрафтатарин таҷҳизот бунёд гардидааст.

Тибқи маълумоти муассисони мактаб барои 1 воҳиди кории омӯзгорӣ бо тахассуси олӣ 1600 сомонӣ маош пардохт карда хоҳад шуд.

Баъди иштирок дар расми ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун дар ноҳияи Спитамен Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳия бо сокинон ва фаъолон мулоқоти судманд анҷом доданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон иштирокчиёни мулоқотро бо ҷашни 25- солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва 90 – солагии таъсисёбии ноҳияи Спитамен табрик гуфта, таъкид намуданд, ки дар роҳи расидан ба рӯзҳои неку воқеан идона бо сабру таҳаммул, саъю талоши ватандӯстона ва заҳмати фидокорона, сокинони заҳматқарини ноҳияи Спитамен низ саҳми сазовор гузоштаанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон аз дастоварду музаффариятҳои мардуми меҳнатқарини ноҳияи Спитамен дар солҳои соҳибистиқлолӣ ёдовар шуда, изҳор доштанд, ки танҳо дар панҷ соли охир дар ноҳия 15 корхонаи нав ба фаъолият оғоз карда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар шаш соли охир якуним баробар зиёд шудааст.

Бо таъкиди Президенти мамлакат, умуман, дар замони Истиқлолият барои тараққиёти иқтисодиву иҷтимоии ноҳия аз ҳисоби манбаъҳои маблағгузории Буҷети давлатӣ беш аз 300 миллион сомонӣ, аз ҷумла тавассути амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ 17 миллион сомонӣ равона шудааст.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки мардуми сарбаланди ноҳияи Спитамен бо шукргузории бепоён аз сулҳу суботи комили Ватан ва соҳибистиқлолии сарзамини аҷдодӣ минбаъд низ барои ободиву пешрафти Тоҷикис­тон садоқатмандона кору фаъолият карда, сиёсати Ҳукумати мамлакатро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд ва дар пешрафту тараққиёти минбаъдаи кишвари азизамон саҳми сазовор мегузоранд.

Дар мулоқот сокинони ноҳия ва намояндагони касбу кори гуногун барои саҳми беандоза ва хизматҳои бузург дар рушду тараққиёти ноҳияи Спитамен ва дар маҷмӯъ Тоҷикистони соҳибистиқлол ба Президенти кишвар изҳори сипосу миннатдорӣ карда, ҷонибдории хешро аз сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти Давлату Ҳукумати мамлакат бо қаноатмандӣ таъкид намуданд.

13 сентябри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ҷаббор Расулов ташриф оварданд.

Сарвари давлат нахуст дар деҳоти «Деҳмой»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов Маркази вилоятии ҳимояи аҳолӣ аз бемории силро, ки ба тозагӣ аз таъмири асосӣ бароварда шудааст, аз назар гузаронданд.

Корҳои таҷдиду азнавсозӣ дар маркази мазкур июни соли 2014 оғоз гашта, аз ҷониби ҶДММ «Давлат-1» дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сомон расонида шуд.

Ҷойи зикр аст, ки Маркази вилоятии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Бонки рушди Олмон таъмир ва таҷдид гардид.

Барои корҳои таҷдиду азнавсозии маркази мазкур 27,4 млн. сомонӣ сарф шудааст. Аснои шиносоӣ Пешвои миллат ба корҳои азнавсозӣ ва ҷиҳозонидани ин иншооти муҳими тандурустӣ баҳои баланд доданд.

Тавре маълум гардид, дар баробари таҷдиду азнавсозӣ маркази мазкур бо нав­тарин таҷҳизоти тиббӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Ин имкон хоҳад дод, ки кормандони марказ бо истифодаи муосиртарин дастгоҳҳои соҳавӣ гирифторони бемории силро сари вақт ташхису табобат намоянд. Бояд гуфт, ки марказ дорои 200 ҷойи хоб, ҳуҷраҳои корӣ, утоқи рентгенӣ, ҳуҷраи занона ва утоқҳои алоҳида барои ташхису табобат буда, дар онҳо беҳтарин шароиту имконияти хизматрасонии тиббӣ фароҳам оварда шудааст.

Қобил ба тазаккур аст, ки баъди таҷдиду азнавсозӣ ва мавриди истифода қарор гирифтани Маркази вилоятии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил 175 нафар, аз ҷумла 18 табиб, 64 корманди миёнаи тиб ва 93 нафар корманди соҳаҳои дигар бо ҷойи кор ва маоши миёнаи 900 сомонӣ таъмин карда шуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми мулоқот бо кормандони соҳаи тибби вилояти Суғд онҳоро даъват намуданд, ки бо истифода аз шароити фароҳамовардаи Давлату Ҳукумати мамлакат ба аҳолӣ хизмати саривақтии тиббӣ расонанд.

Худи ҳамон рӯз дар шаҳри Бӯстон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми мавриди истифода қарор додани бинои нави истиқоматӣ барои хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар гарнизони Суғд мустақаранд, иштирок намуданд.

Бинои истиқоматӣ дуошёна буда, дар заминаи як иншооти бекорхобида аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ бо харҷи беш аз 4 миллион сомонӣ бунёд карда шудааст.

Иншооти мазкур, ки дар зарфи ду сол бо фармоиши Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҶДММ «Созанда» азнавсозӣ гардидааст, дорои 32 хонаи истиқоматии як, ду ва сеҳуҷрагӣ мебошад.

Бинои истиқоматии навбунёд дар мавзеи созгори шаҳри Бӯстон қомат афрохтааст ва дигар иншооти хизматрасонӣ, аз ҷумла мактабу боғчаи бачагона ва дармонгоҳу маркази саломатӣ дар назди он ҷойгир мебошанд.

Масоҳати умумии ин мавзеъ 1,8 гектар буда, дар заминаи як иншооти дигар бунёди боз як бинои дуошёнаи истиқоматии нав ба нақша гирифта шудааст, ки дар оянда бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он беш аз 30 нафар хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа, воқеъ дар гарнизони Суғд бо манзили зист таъмин мегарданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон сохта, ба истифода додани ин бинои истиқоматиро дар рӯзҳои таҷлили ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ барои хизматчиёни ҳарбӣ туҳфаи арзанда арзёбӣ намуда, ба як зумра соҳибони хуштолеи манзилҳо дар вазъияти тантанавӣ шахсан калиди ҳуҷраҳоро супориданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон соҳибони манзилҳои навро даъват намуданд, ки содиқонаю софдилона ба Ватан-Модар хизмат карда, дар ободонию осоиштагии мамлакат, ҳифзи музаффариятҳои давлати соҳибистиқлол ва таъмини тартиботу оромии ҷомеа фаъолона иштирок намоянд.

Хизматчиёни ҳарбӣ дар навбати худ ба Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ арзи сипосу миннатдорӣ намуда, таъкид доштанд, ки баҳри ҳифзи марзу бум ва осоиштагии Ватан содиқона хизмат мекунанд.

Дар давоми чор соли охир дар се вилоят ва пойтахти кишвар беш аз 300 нафар хизматчии ҳарбии Вазорати мудофиа ва оилаҳои онҳо бо хонаҳои истиқоматӣ таъмин гардидаанд.

Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Раёсати вилоятӣ ва шаҳрии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, Кохи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд ва Кохи фарҳанги «Суғдиён» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Бо ифтитоҳи ин даргоҳи фарҳангӣ Сардори давлат ба 25 оилаи навбунёд шаҳодатномаи ақди никоҳ ва ба 25 навзод шаҳодатномаи таваллуд супориданд.

Ҳамчунин, ба волидони сегоникҳо — Набиев Мутаалибҷон ва Набиева Мағфират калиди хонаи сеҳуҷрагӣ тақдим карда шуд.

Сохтмони ин бино, ки аз се ошёна иборат аст, моҳи феврали соли 2016 оғоз гардида, дар тӯли 8 моҳ сохта, ба истифода дода шуд.

Дар ошёнаи якум толори ақди никоҳ ва ҳуҷраҳои ёрирасон ҷой дода шудааст. Дар ошёнаи дуюм қисмати шуъбаи ақди никоҳ ва асноди шаҳрвандони шаҳри Хуҷанд ҷойгир шудаанд. Ошёнаи сеюм аз шуъбаи ақди никоҳ ва асноди ҳолати шаҳрвандии вилояти Суғд иборат мебошад. Дар ин ҷо беш аз 20 утоқи корӣ ва дар таҳхонаи бино ошхона барои 80 нафар дар як вақт, толори қабули меҳмонон бунёд ёфтааст.

Қисмати бино барои Ансамбли рақсии «Зебо» — толори бо шароити зарурии тамрин бунёд ёфтааст. Хобгоҳ барои писарбачагон ва духтарон бо 80 кат ва ҳуҷраҳои ёрирасон сохта шудааст. Толори намоиш ва гузаронидани маҳфилҳо, консертҳо ва дигар вохӯриҳо барои 700 ҷойи нишаст бо ороиши усули меъморӣ ва санъати миллӣ бунёд гардидааст.

Фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии вилоят буда, пудратчӣ Ширкати сохтмонии ҶДММ «Евростройсервис» мебошад. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки бо фароҳам гардидани шароит кормандони ин даргоҳро зарур аст, ки пайваста баҳри тарғибу ташвиқи арзишҳои милливу инсонӣ ва густариши маърифату завқи баланди мардум кӯшиш кунанд ва масоили ватандӯстиву меҳанпарастиро бештар аз пештара тарғиб намоянд.

Ин бинои хуштарҳу замонавӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ бо харҷи беш аз 30 миллион сомонӣ бунёд гардидааст.

www.president.tj