Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Суғд

№98 (4360), 99 (4361) 31.07.2021

default28 июли соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ аз вазъи зиндагии мардум, ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун, боздид аз фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва суҳбату мулоқот бо сокинон ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Айнӣ оғоз гардид.

Дар деҳоти «Анзоб»-и ноҳияи Айнӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти вилояти Суғд, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мардуми шукргузору ваҳдатсарои ноҳия истиқбол гирифтанд.

Нахуст, дар деҳаи Анзоб бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мактаб — интернати наву замонавӣ, ки дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 22, бо фароҳам овардани шароити зарурии таълиму тарбия, хобгоҳ ва дигар иморатҳои ёрирасон бунёд гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

 Ин муассисаи таълимӣ, ки аз лиҳози меъморию сохтмонӣ ва имконияту шароити муосири таълиму тарбия дар ноҳия назир надорад, дар доираи  дастуру супоришҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд шудааст ва дар он асосан аҳолии синни мактабии деҳоти «Анзоб» ва водии Яғноб ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд. Корҳои сохтмонӣ дар хобгоҳи мактаб — интернат моҳи августи соли 2018 оғоз гардида, аз чор ошёна иборат аст ва дорои ошхонаи барҳаво, китобхона бо фарогирии шумораи зиёди адабиёти бадеӣ, синфхонаи шоҳмот, синфхонаҳои компютерӣ, ҳунаромӯзии духтаронаю писарона, ҳуҷраҳои барҳавои хоб, дарстайёркунӣ, нуқтаи тиббӣ, ҷойи дарзмолкунӣ, толори барҳавои варзишӣ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.

Ду синфхонаи ҳунаромӯзӣ, ки бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз шудааст, барои соҳибкасб гардидани духтарону писарон метавонад нақши калон дошта бошад. Дар онҳо духтарон ҳунари дӯзандагӣ ва писарон дуредгарию оҳангарӣ меомӯзанд.

Хобгоҳи мактаб — интернати назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 22, дар маҷмӯъ, барои 110 нафар пешбинӣ гардидааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ аз тарбиятгирандагони муассисаи таълимӣ даъват ба амал оварданд, ки дар замони рушди бесобиқаи илму техника пайваста пайи омӯзиш бошанд ва дар оянда ҳамчун кадрҳои баландихтисос дар ободию тараққиёти кишвар саҳми арзанда гузоранд.

Ба таъкиди Пешвои миллат, ҳадафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам аз бунёди муассисаҳои муосири таълимӣ дар шаҳру ноҳияҳо ин ба таълиму тарбияи дуруст ва ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ фаро гирифтани наврасону ҷавонон мебошад.

Бо таваҷҷуҳ ба ин, ифтитоҳи мактаб — интернати нав, ки дар арафаи таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ рост омад, барои хонандагон туҳфаи арзишманд арзёбӣ гардид ва аз омӯзгорону мураббияҳо даъват карда шуд, ки бо истифода аз шароити хуби дар муассиса муҳайёгардида ба сатҳу сифати таълиму тарбияи насли наврас таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.

Синфхонаҳои мактаб-интернат бо пешрафтатарин технология ва воситаҳои илмомӯзии муосир, ба монанди тахтаҳои электронӣ ва компютерҳо муҷаҳҳаз гардидааст. Толори варзишӣ, ки барои машқу тамрини намудҳои гуногун пешбинӣ шудааст, пеш аз ҳама, дар тарғиби тарзи ҳаёти солим байни хонандагон ва омода намудани варзишгарони оянда нақши асосӣ хоҳад дошт.

Дар мактаб-интернат, ҳамчунин, буғхонаи дорои таҷҳизоти муосири бо ангишт фаъолияткунанда ба истифода дода шудааст, ки фасли сармо ба воситаи он иншооти муассиса бо гармӣ таъмин карда мешавад.

Тарбиятгирандагон ҷиҳати фароҳам овардани шароити арзандаи таълиму тарбия ба Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Дар деҳоти «Анзоб» ҳамчунин, бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 22 низ пурра навсозӣ гардида, барои хонандагон шароити мусоиди илм­омӯзӣ фароҳам оварда шуд. Он соли 1985 сохта шуда, ҳолати ногувор дошт. Акнун аз соли нави хониш хонандагони муассисаи таълимӣ дар синфхонаҳои барҳавои муҷаҳҳаз бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири илмомӯзӣ ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.

Бинои таълимии мактаб аз чор ошёна иборат буда, дорои синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ, аз ҷумла синфхонаи химия, биология, асосҳои кор бо компютер, физика, математика, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, омодагии ибтидоии ҳарбӣ, ҳунаромӯзӣ ва утоқи кории омӯзгорон мебошад ва барои 740 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъанаи нек ба 20 нафар ятими кулли деҳоти «Анзоб» ва 40 нафар наврасони водии Яғноби ноҳияи Айнӣ, ки аз ин пас дар муассисаи таълимии зикршуда ба таҳсил фаро гирифта мешаванд, туҳфаҳо тақдим намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки таваҷҷуҳи Давлату Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба таълиму тарбияи насли наврас, бахусус ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои ниёзманд, сол то сол зиёд гардида, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил, кору фаъолият ва зиндагии мустақилонаи онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

Дар доираи сафари кории Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, бинои таваллуд­хонаи нави маркази саломатии деҳоти «Анзоб» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Он ба истиқболи 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», бо дастури бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта шуда, аз панҷ ҳуҷра, аз ҷумла ҳуҷраҳои қабул, таваллуд ва баъди таваллуд, инчунин, хатна ва утоқи кории табибон, иборат ва бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ таъмин аст.

Пеш дар ин ҷо таваллудхона мавҷуд набуд ва занони водии Яғноб, деҳаҳои Марғеб, Анзоб ва Марзич масофаи зиёда аз 40 — 50 километр­ро тай карда, ба беморхонаи шаҳраки Зарафшон ва маркази ноҳияи Айнӣ мерафтанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти хоҷагии моҳипарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мармар» шинос шуда, дар маросими сар додани 30 сар қутоси хушзот ва 200 сар кабк ба мамнӯъгоҳи мавзеи Санги Куҳнаи деҳоти «Анзоб»-и ноҳияи Айнӣ иштирок намуданд.

Таъкид гардид, ки қутоспарварӣ яке аз соҳаҳои камхароҷот ва сердаромади чорвопарварӣ буда, дар минтақаҳои баландкӯҳи кишвар манбаи истеҳсоли гӯшту пӯсти аз ҷиҳати экологӣ тоза аст.

Парвариши қутос дар ноҳияи Айнӣ бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2008 ба роҳ монда, саршумори он дар ҳама шакли хоҷагидорӣ ба 1 ҳазору 85 сар расонида шудааст. Айни замон 12 хоҷагӣ ба парвариши қутос машғул буда, солҳои охир аҳолӣ низ барои рушди ин соҳаи сердаромаду камхарҷ таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамояд.

Дар асоси «Барномаи маҷмӯавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» корҳои хушзоткунии қутос ҷараён гирифта, Пажӯҳишгоҳи чорводории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар хоҷагиҳои деҳқонии ба номи Аслиддинов ва «Россия»-и ноҳияи Айнӣ пойгоҳи илмӣ — тадқиқотӣ ташкил намудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон барои афзоиши саршумори қутос ва ҳифзи ҳайвоноти нодир, зиёд намудани майдони гиёҳҳои шифобахш ба масъулони хоҷагии ҷангал дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Ба таъкиди Сарвари давлат, табиати водии Яғноб ва Фон, барои рушди соҳаи чорводорӣ, аз ҷумла, парвариши қутос, бисёр мувофиқ буда, бо ин роҳ метавон бозори дохилиро бо гӯшти парҳезӣ ва арзон таъмин намуд.

Зимни шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагидорони ҶДММ «Мармар» маълум гардид, ки соли равон дар мавзеи Шаббодаи деҳаи Анзоб аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Муртазо Қосимов ду ҳавзи моҳипарварӣ бунёд шудааст. Масоҳати умумии онҳо 0,35 гектар буда, айни замон зиёда аз панҷ ҳазор «Гулмоҳӣ», «Амури сафед» ва «Амури пешониғафс» парвариш карда мешавад, ки ба таъкиди хоҷагидорон, амалӣ намудани ин иқдом дар рушди соҳаи моҳипарварӣ ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти парҳезӣ мусоидат менамояд. Соҳибкорон нақша доранд, ки оянда боз 10 ҳавзи дигар бунёд намуда, парвариши моҳиро ба 10 ҳазор расонанд.

Дар ин мавзеи хушобу ҳаво бунёди коргоҳи бандубасти моҳӣ низ дар назар дошта шудааст, ки ин омил боис ба бо ҷойи кор таъмин шудани сокинони маҳаллӣ ва афзоиши маҳсулоти ватанӣ мегардад.

То бунёди ҳавзҳо хоҷагидорон дар қитъаҳои алоҳида, дар ҳамкорӣ бо олимони соҳа, парвариши дигар намуди моҳиро таҷрибавӣ ба роҳ монда, дар рушди ин бахши сердаромад саҳми назаррас мегузоранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкори ватанӣ баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки бо ин роҳ метавон дар минтақа саёҳати экологиро густариш бахшид, зеро ҳар сол ба ин мавзеъ сайёҳони зиёди хориҷию дохилӣ ташриф меоранд.

Хоҷагидорон дар мавзеи Шаббода, ҳамчунин, ба хотири таъмини бозори дохилӣ бо асали хушсифати аз ҷиҳати экологӣ тоза парвариши занбӯри асалро ба роҳ монда, дар майдони 50 садяк замин боғи себ низ бунёд кардаанд.

Аснои шиносоӣ аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили шир, ҷурғот, қаймоқ, равғани зард, шир, қурут, нонҳои хурду калон, меваҳои шаҳдбор ва ҳунарҳои мардумӣ зикр гардид, ки шуғли асосии сокинони деҳоти «Анзоб» боғдорию чорвопарварӣ буда, саҳми онҳо дар фаровонии бозор назаррас аст.

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи ­Зерободи деҳоти «Дар-Дар»-и ноҳияи Айнӣ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Он дар асоси дас­туру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати муҳайёсозии шароити беҳтари таълиму тарбия барои насли наврасу ҷавон бо ҷалби маблағҳои буҷетӣ ҷавобгӯ ба талаботи муосир сохта шуда, аз таҳхона ва се ошёна иборат ва барои 640 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Муассиса аз 28 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла, синфхонаҳои фаннии химия, физика, математика, китобхона, ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорону кормандон, инчунин, ҳуҷраҳои ёрирасон, иборат мебошад.

 Китобхонаи муассиса, ки бо мақсади ҷалби наврасону ҷавонон ба мутолиаи китоб таъсис ёфтааст, дорои 10 ҳазор нусха адабиёти гуногуни бадеию фаннӣ мебошад. Ҳамчунин, барои хонандагон утоқи алоҳидаи мутолиа бо шароити муосир ташкил гардидааст.

Сохтмони бинои муассисаи таълимӣ соли 2016 оғоз ёфта, корҳои бунёдӣ ва паймонкорӣ бо ҷалби зиёда аз 100 нафар мутахассиси Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷикэлитсохтмон» бо сифати баланди меъморӣ ва дар асоси меъёрҳои мавҷуда ба анҷом расонида шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити муҳайёгардида ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, хонандагонро бо истифода аз имконоти мавҷуда ба омӯзиши хуби барномаҳои таълимӣ, хусусан фанҳои дақиқ, кор бо техникаю технологияи муосир ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар доираи ҳадафи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, солҳои 2020-2040» ҳидоят намуданд.

Омӯзгорону хонандагон бунёди бинои нави муассисаи таълимиро аз ғамхориҳои рӯзафзуни Сарвари маорифпарвари мамлакат дар соҳаи илму маориф ва таълиму тарбияи насли ояндасози миллат арзёбӣ намуданд.

 Дар мактаб зиёда аз 50 омӯзгори соҳибкасбу соҳибтаҷриба ба насли наврасу ҷавон дониш меомӯзанд.

Ифтитоҳи бинои зебою замонавии мактаб бо шароити беҳтарини таълиму тарбия боиси хушнудӣ ва сипосгузории мардуми деҳаи Зеробод гардид, зеро мактаби қаблии деҳа ҳанӯз соли 1971 сохта шуда, ба талабот ҷавобгӯ набуд. Акнун бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои муосири таълимӣ барои фарзандони сокинони деҳаи Зеробод муосиртарин имкони таълиму тарбия фароҳам омад.

Дар бинои нав, ҳамчунин, бо мақсади ҷалби наврасону ҷавонон ба намудҳои гуногуни варзиш толори муосири варзишӣ бо беш аз 200 ҷойи нишаст барои тамошобинон сохта шудааст. Дар он барои баргузории бозиҳои волейбол, баскетбол, футболи хурд ва дигар намудҳои варзиш шароити хуб мавҷуд мебошад. Хонандагону дигар сокинони деҳа имкон доранд, ки бо истифода аз шароити муҳайёгардида ба обутоби бадан машғул шуда, дар тарғиби тарзи ҳаёти солим саҳм гузоранд.

Мактаб, ҳамчунин, дорои ошхона бо беш аз 140 ҷой буда, барои ҳунаромӯзии духтарон имкон фароҳам оварда шудааст. Инчунин, бо нуқтаи алоҳидаи гармидиҳӣ таъмин буда, имкони пурраи ба таҳсил фаро гирифтани хонандагон дар синфхонаҳои гарм дар фасли зимистон мавҷуд мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо омӯзгорону хонандагон суҳбати озоду самимӣ доир намуда, ба истифода додани муассисаи таълимии замонавиро тӯҳфаи арзишманди Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ — 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ барои сокинони шарафманду меҳнатқарини Зеробод арзёбӣ карданд.

Масоҳати иншоот наздики як гектарро дар бар гирифта, атрофи он дар доираи тадбирҳои ободониву созандагӣ дар масоҳати зиёда аз 3 ҳазору 700 метри мураббаъ кабудизор ва чароғон гардидааст.

Дар ноҳия дар замони соҳибистиқлолии кишвар дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 бинои нави таълимӣ бо муосиртарин шароити таълиму тарбия сохта, ба истифода дода шуда, раванди донишомӯзии хонандагон ба марҳилаи сифатан нав ворид гардидааст.

Дар маҷмӯъ, дар ноҳияи Айнӣ 66 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият менамояд, ки 55 ададаш муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 11-тои дигар муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ мебошад. Дар таълимгоҳҳои ноҳия 18791 хонанда, аз ҷумла, 9379 духтар, ба таълим фаро гирифта шудаанд, ки нисбат ба соли таҳсили  2019 — 2020 — ум  289  хонанда зиёд  мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Хушекати деҳоти «Айнӣ»-и ноҳияи Айнӣ корхонаи парандапарварии «Мурғи Султон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Айни замон дар корхона 16 ҳазору 250 сар мурғи олмонӣ парвариш карда мешавад. Мувофиқи дурнамо дар як моҳ истеҳсоли 480 ҳазор дона тухм ба нақша гирифта шудааст.

Дар корхона аз назорати ҳарорати ҳаво то ҷамъоварии тухму таъмини хӯроки паранда тавассути муосиртарин дастгоҳу таҷҳизоти соҳавӣ, ки аз Олмон дастрас шудааст, анҷом дода мешавад. Технологияи муосири соҳавӣ ва фароҳам овардани шароити созгор имконият медиҳад, ки мурғҳо дар 120 рӯзагӣ ба тухмкунӣ оғоз намоянд.

Ҳоло дар корхона 16 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷои кор таъмин карда шудаанд.

«Мурғи Султон» низ бо истифода аз имтиёзҳо, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам оварда шудааст, бо саҳми соҳибкори ватанӣ Шароф Султон сохта шудааст.

Аснои ба истифода супоридани иншоот ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар марҳилаи дуюм барои парвариши 50 ҳазор сар мурғ ва таъсиси 45 ҷои нави корӣ корхона бунёд карда мешавад.

Ҳамчунин, бунёди даҳ ҳавзи моҳипарварӣ дар шафати корхона дар назар дошта шудааст, ки дар онҳо то 60 ҳазор моҳӣ парвариш карда шуда, барои 15 нафар ҷойи кор фароҳам оварда мешавад.

Дар замони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳ ва дастгириву амалисозии имтиёзҳо ба рушди бахши хусусӣ замина гузошт. Натиҷа ҳамин аст, ки ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо саҳми соҳибкорони ватанӣ якҷо бо шарикони рушд коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд шуда, бо ин васила сокинони маҳаллӣ низ бо ҷои кор таъмин мегарданд.

Мувофиқи дурнамо, баъди татбиқи пурраи лоиҳа корхона имкон пайдо мекунад, дар баробари ноҳияи Айнӣ, ҳамчунин, дигар шаҳру ноҳияҳои вилоятро бо маҳсулоти парҳезӣ таъмин созад.

Дар баробари дастрас намудани дастгоҳу таҷҳизоти соҳавӣ, ҳамчунин, роҳу усулҳои муосири парвариш ба роҳ монда шудааст, ки ин имкон медиҳад маҳсулоти истеҳсолшавандаи корхонаи навбунёд бо маҳсулоти истеҳсоли ширкатҳои ватанию хориҷӣ рақобатпазир гардад.

Зимни шиносоӣ бо имкониятҳои корхона Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Ҳукумати мамлакат барои бунёди коргоҳу корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти парҳезӣ ва рушди соҳаи парандапарварию моҳипарварӣ шароити лозима фароҳам овардааст. Танҳо масъулияти баланд ва ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ метавонад дар самти ба даст омадани муваффақиятҳо замина гузорад.

defaultАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Айнӣ майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар доираи нақша — чорабиниҳо ба хотири истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёд шудааст, ба истифода доданд.

Баландии сутунпояи Парчами давлатӣ 50 метр буда, дарозии матои рамз ва муқаддасоти миллӣ ба 14 ва паҳноии он ба 7 метр баробар аст.

Масоҳати умумии майдони Парчами давлатӣ 1600 метри мураббаъро ташкил дода, барои сайругашт ва истироҳати сокинону меҳмонон, инчунин гузаронидани чорабиниҳои оммавии фарҳангӣ — фароғатӣ ва варзишӣ, аз ҷумла машқҳои пагоҳирӯзӣ, мусоид мебошад.

Масоҳати сабзазоршудаи атрофи иншооти нав­бунёд 850 метр ва сафолакпӯшгардида 1200 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Иншоотро бо тарҳи замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи замон мутахассисони маҳаллӣ бунёд намуданд. Дар ду тарафи Парчам фаввораҳои рангоранги диққатҷалбкунанда сохта шудааст.

Майдони Парчами давлатиро дар шафати роҳи мошингарди «Душанбе — Хуҷанд — Чанок» Ҷамъияти дорои масъу­лияти маҳдуди «Зарафшон — сохтмон» бо фармоиши Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ бунёд намудааст.

Масоҳати умумии майдони Нишони давлатӣ низ 1600 метри мураббаъ буда, он ҳам бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ аз ҷониби сохтмончиёни ботаҷрибаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Зарафшон — сохтмон» бо тарҳи ҷадид, аз рӯи меъмории миллӣ омехта бо замони муосир ва бо истифода аз масолеҳи баландсифати сохтмонӣ, ҷавобгӯ ба стандарт бунёд шудааст.

Баландии таҳкурсӣ ва сутунпояи Нишони давлатӣ 20 метрро ташкил медиҳад. Дар он матни Суруди миллиро зебо ҳаккокӣ намудаанд, ки ин омил дар бедор сохтани худшиносию худогоҳӣ ва меҳанпарастии сокинон, бахусус наврасону ҷавонон, мусоидат мекунад.

Атрофи Нишони давлатӣ дар масоҳати 1100 метри мураббаъ сафолакпӯш ва 400 метри мураббаъ гулкорӣ гардида, нишастгоҳҳои замонавӣ насб шудааст. Дар ин мавзеъ низ фаввораи зебо бунёд намудаанд.

Маврид ба зикр аст, ки дар заминаи бунёд намудани майдони Парчам ва Нишони давлатӣ бинои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияро низ аз таъмир бароварда, намои берунаи онро зебо оро додаанд. Назди онро боз ду фаввораи замонавӣ ва гулу ниҳолҳои ороишию ҳамешасабз ҳусни тоза мебахшанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  партавафшонии Парчами миллӣ ва баланд бардошта шудани Нишони давлатиро дар маркази ноҳия баробари таъмин намудани зебоии мавзеъ, ҳамчунин, дар бедор гардидани ҳисси ватандӯстию меҳанпарастии ҳар як сокин, аз ҷумла наврасону ҷавонон, муҳим шумориданд.

Дар маркази ноҳияи Айнӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, коргоҳи дӯзандагӣ ва ҳунармандии «Кӯҳсор»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Он аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Гулчеҳра Ҳасанова дар заминаи бинои куҳнаву фарсуда ва солҳои зиёд бекорхобида ба хотири истиқбол аз ҷашни муқаддаси миллӣ — 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст.

Коргоҳи дӯзандагӣ ва маркази ҳунармандии «Кӯҳсор» бо дархости сокинони маҳаллӣ ва бо дарназардошти ба шуғл фаро гирифтани занону духтарони хонашин бунёд ёфта, дорои 30 дастгоҳи замонавии истеҳсоли кишварҳои пешрафта, аз ҷумла Япония ва Хитой аст. Коргарон бо истифода аз онҳо метавонанд либоси ягонаи мактабӣ, корӣ, номгӯи гуногуни либосҳои мардона ва занона, либоси арӯсӣ ва ғайраро омода намоянд.

Дар коргоҳ 30 нафар занону духтарони маҳаллӣ, ки аз курси омӯзишии дӯзандагӣ гузаштаанд, ба кор ҷалб гардидаанд. Ба ғайр аз ин, соҳибкор бо 10 бонуи дигари дорои таҷрибаи ғании дӯхтани ҷиҳози матогӣ шартномаи ҳамкорӣ дорад ва онҳо бо гирифтани маоши хуб дар хона фармоиши коргоҳро иҷро менамояд.

Дар ошёнаи дуюми иншоот марказҳои ҳунар­омӯзӣ, аз ҷумла пухтупаз, омӯзиши компютер ва дигар касбҳои серталаб дар бозори меҳнат ташкил карда шудааст. Он, инчунин, дорои ошхонаи ҷавобгӯ ба талаботи замон бо 20 ҷой ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.

Соҳибкор нақша дорад дар оянда филиалҳои коргоҳи дӯзандагӣ ва ҳунармандии «Кӯҳсор»-ро дар деҳоти ноҳия ташкил намуда, занону бонувони хонашинро бо ҷойи кори доимӣ таъмин намояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкори ватанӣ ҷиҳати таъсиси коргоҳи нави истеҳсолӣ ва таъмини занону бонувони хонашин бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, ин иқдомро шоистаи таҳсин, қобили дастгирӣ ва туҳфаи арзишманд дар арафаи таҷлил аз ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ арзёбӣ намуданд.

Зимни идомаи сафари корӣ дар ­ноҳияи Айнӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фермаи чорвопарвариро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Он ба хотири истеҳсоли гӯшти хушсифат ва таъмини фаровонии ин навъи маҳсулот дар бозорҳо ташкил шуда, асосан ба парвариши чорвои калон машғул мебошад.

Ферма барои парвариши 200 сар чорвои калон дар як вақт пешбинӣ шуда, пас аз яксолагӣ аллакай чорво барои забҳ омода мегардад.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар ферма говҳои зоти «Сементал», ки аз Федератсияи Россия оварда шудаанд, нигоҳубин карда мешавад. Ин зоти гов барои истеҳсоли гӯшт мувофиқ буда, тибқи баҳогузории пешакӣ, он метавонад то 1300 килограмм вазн гирад. Барои парвариш ва нигоҳубини дурусти чорво дар ферма мутобиқ ба талаботи муосир имконият фароҳам оварда шудааст.

Дар як сол ферма иқтидор дорад то 40 тонна гӯшти хушсифатро бо нархи нисбатан арзон ба фурӯш барорад. Маҳсулоти ниҳоии он дар бозорҳои шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва ноҳияи Айнӣ ба аҳолӣ пешниҳод карда мешавад.

Иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Муҳсин Қозиев ҷиҳати таъмини бозорҳои мамлакат бо маҳсулот бунёд ёфта, ҳамчунин, барои соҳиби кор шудани 20 нафар сокини ноҳия боис гардид.

  Ҷиҳати таъмини чорво бо хӯрок, хусусан дар сардиҳо, ба таври кофӣ хӯроки чорво захира гардидааст. Аз ҷумла, дар анборҳои нигоҳдории он 40 тонна кунҷора ва 5 ҳазор бастаи алаф харидориву захира шудааст.

Ҳамчунин, соҳибкор дар саҳни ферма дар 10 садяк замин гармхона бунёд кардааст, ки маҳсулоти он низ барои таъмини фаровонӣ ба бозор бароварда мешавад. Дар ин қитъаи замин бо тавсияи олимони соҳа асосан бодирингу помидор парвариш меёбад.

Зимни боздид ва шиносоӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсиси чунин фермаҳои гӯштиро дар вазъияти феълӣ муҳим арзёбӣ карда, ҳамчунин, барои нигоҳубини дурусти чорво ба кормандони он дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Дар ҳамон ҷо, ҳамчунин, намоиши чорво, ки айни ҳол дар хоҷагиҳои ноҳияи Айнӣ парвариш меёбанд, баргузор карда шуд. Аҳли заҳмат асосан зотҳои гуногуни гов, қутос ва аспро ба намоиш гузошта, аз рушд ёфтани бахши мазкур дар ноҳия иттилоъ доданд. Аз ҷумла, гуфта шуд, ки айни замон саршумори умумии чорвои калон дар ҳама шакли хоҷагидории ноҳия 33 ҳазору 371 сарро ташкил медиҳад ва ин рақам ҳар сол зиёд гардида истодааст. Дар баробари ин, кишоварзон ва хоҷагидорон 134 ҳазору 422 сар моли майдаро нигоҳубин ва парвариш намуда, ба ин васила, дар баланд бардош­тани истеҳоли маҳсулоти гӯштиву ширӣ ҳиссагузорӣ мекунанд.

Иқлим ва обу ҳавои минтақаҳои гуногуни ноҳия барои парвариши қутос мусоид буда, саршумори ин навъи чорво дар ноҳия ба 1085 сар расонида шудааст.

Зимни суҳбати самимӣ чорвопарварон ба Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани шароити мусоиди рушд, қабули барномаҳои саривақтии соҳавӣ ва дастгириву таваҷҷуҳи пайвастаашон ба густариши бахши чорвопарварӣ изҳори миннатдорӣ карда, иброз доштанд, ки ҳамеша кӯшиш менамоянд дар таъмини аҳолӣ бо гӯшту шири аълосифат ва афзоиш додани саршумори чорвои калону майда ҳиссагузорӣ намоянд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон Варзишгоҳи марказии ноҳияи Айниро ифтитоҳ карда, бо фаъолон, варзишгарон ва намояндагони касбу кори гуногуни он мулоқот анҷом доданд.

Маҷмааи калони варзишӣ бо майдони футбол ва дигар иншооти зарурии соҳа ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ — 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо харҷи 20 миллион сомонӣ дар майдони 16 гектар бунёд гардидааст.

Он дорои 6 ҳазор ҷойи нишаст буда, дар маҷмӯъ аз 7 нишастгоҳ иборат мебошад.

Баландии минбари асосӣ ё ҷойи нишасти меҳмонони олиқадр қариб 12 метр буда, дар вақти бунёди варзишгоҳ таваҷҷуҳи асосии фармоишгар ва пудратчии иншоот — Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ПМК-278» ба сифати корҳои сохтмонӣ равона гардид.

Дар ошёнаҳои якум ва дуюми иншоот барои мураббиёну варзишгарон 8 ҳуҷраи либосивазкунӣ, 16 нуқтаи санитарӣ, ҳуҷраҳои корӣ, анбори таҷҳизоти варзишӣ ва бунгоҳи тиббӣ сохта шудааст.

Барои баргузории мусобиқаҳои сатҳи ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ оид ба футбол ва машқу тамрини наврасону ҷавонон низ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи варзишгоҳи боҳашамат­ро, пеш аз ҳама, барои рушди варзиш ва солимии ҷомеа муҳим арзёбӣ карда, дар арафаи таҷлил аз 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон туҳфаи арзанда маънидод намуданд.

Дар ҳамон ҷо ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи иншооти таъиноти гуногун, ки дар шафати варзишгоҳ аз тарафи соҳибкорони вилояти Суғд бунёд мегардад, муаррифӣ карда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҷиҳати дастрасии хонандагон ба таҳсили замонавӣ бунёди мактаб барои хонандагони болаёқат бо 400 ҷойи нишаст, хобгоҳ бо 250 ҷой, маҷлисгоҳ бо 300 ҷой, ошхона барои 350 нафар, толори варзишӣ ва майдончаҳо барои бозии футбол, волейбол ва баскетбол, муассисаи томактабӣ дар назди мактаб барои 200 нафар кӯдак сохта мешавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкорон ҷиҳати обод кардани диёр баҳои баланд дода, таваҷҷуҳи масъулинро ба сифати корҳои сохтмонӣ ҷалб карданд.

Баъд аз ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шафати варзишгоҳи навбунёди марказии ноҳия бо роҳбарону фаъолон ва сокинон мулоқоти самимӣ анҷом доданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон сокинони ноҳияро ба ифтихори сисолагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва ифтитоҳи варзишгоҳи замонавӣ, ки туҳфаи Ҳукумати мамлакат ба сокинони ватандӯсти ноҳияи Айнӣ ва махсусан, наврасону ҷавонон мебошад, самимона табрик гуфтанд

Таъкид гардид, ки дар асоси нақшаи тасдиқшудаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба ифтихори ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ то ҳол дар 469 иншооту бино корҳои сохтмону таҷдид ба итмом расидааст, ки қисме аз онҳо аз ҳисоби соҳибкорон ва аҳолӣ бунёд гардидаанд.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон таъкид намуданд, ки Ҳукумати мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ ҷиҳати рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон мунтазам ғамхорӣ зоҳир карда, аз ҷумла, барои ноҳияи Айнӣ аз ҳисоби ҳама сарчашма зиёда аз 4,1 миллиард сомонӣ маблағ равона намудааст.

Инчунин, зиёда аз 20 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар соҳаҳои гуногун ба маблағи 2,3 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, татбиқи боз панҷ лоиҳаи дигар идома дорад.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тадбирҳои Ҳукумати мамлакат вобаста ба бунёди роҳу нақбҳо ва роҳҳои оҳан андешаронӣ карда, бунёди нақбҳои «Истиқлол» ва «Шаҳристон» — ро намунани олии иқдомҳои шоиста дар ин самт арзёбӣ карданд.

Акнун ноҳияи Айнӣ ва водии Зарафшон тавассути нақби «Истиқлол» бо пойтахт, қисми марказӣ ва ҷанубии кишвар ва аз тариқи нақби «Шаҳристон» бо дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва кишварҳои ҳамсоя тамоми фасли сол робитаи шабонарӯзӣ дорад.

Соҳаи саноат дар ноҳия яке аз бахшҳои афзалиятнок буда, тавассути рушди он муҳайё намудани ҷойи корӣ барои ҳазорҳо нафар ва дар ин замина, хеле беҳтар гардонидани некуаҳволии мардум имкониятҳои фаровон мавҷуданд. Ҳоло дар ноҳия 11 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар панҷ моҳи соли 2021 ба 717 миллион сомонӣ баробар шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23 фоиз зиёд мебошад. Бо истифода аз мавҷудияти конҳои гуногуни металлҳои ранга ва қиматбаҳо, инчунин, ангишт дар ноҳия солҳои охир барои истихроҷ ва коркарди онҳо як қатор корхонаҳои нави саноатӣ бунёд карда шудааст.

Дар натиҷаи дастгириву ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла, тавассути бунёди корхонаҳои бузурги саноатӣ ҳоло ноҳия ба яке аз марказҳои муҳими саноатии кишвар табдил ёфта, аз қатори ноҳияҳои субвенсионӣ хориҷ шуда, ба буҷети давлат ҳисса мегузорад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти вазъи таъминот бо озуқа дар ҷаҳон ва мушкилиҳо дар ин самт, аз ҷумла, болоравии нархҳо даъват ба амал оварданд, ки роҳбарону масъулин, хоҷагиҳои кишоварзӣ ва онҳое, ки дар ихтиёр қитъаи замин доранд, ба масъалаи истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замин, зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва захира намудани озуқаворӣ муносибати ҷиддӣ намоянд.

Тайи солҳои 1991 — 2020 дар ноҳия ба маблағи 87 миллион сомонӣ 27 муассисаи нави таълимӣ ва биноҳои иловагӣ барои 12 ҳазор хонанда бунёд гардида, тибқи нақша, соли ҷорӣ сохтмони боз 3 муассисаи таълимӣ барои зиёда аз 1100 нафар хонанда ба маблағи 23 миллион сомонӣ оғоз шудааст.

Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор дош­танд, ки мардуми сарбаланди ноҳияи Айнӣ анъанаҳои неки аҷдодиро идома бахшида, бо сарҷамъиву муттаҳидӣ минбаъд низ барои рушду тараққиёти Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон саҳми босазои хешро дареғ намедоранд.

Баъд аз суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндагони касбу кори гуногун, донишҷӯён, варзишгарон, омӯзгорон ва собиқадорон баромад карданд.

Онҳо ба Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон барои талошу ташаббусҳои созанда ва таъмини зиндагии шоистаи мардум изҳори сипос намуданд.

29 июли соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон хати оби нӯшокиро мавриди истифода қарор доданд.

Он бо татбиқи лоиҳаи сармоягузории «Барқарорсозӣ ва сохтмони шабакаи хати оби нӯшокии шаҳраки Шаҳристон» бо харҷи 2 миллиону 400 ҳазор сомонӣ амалӣ гардида, аз тадбирҳои муҳими таъмини маркази ноҳия ва деҳоти атрофи он бо оби нӯшокии тоза мебошад.

Фармоишгари иншоот Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналии Ҷумҳурии Тоҷикистон» буда, лоиҳаи он аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикгипроводхоз» тарҳрезӣ гардидааст.

Сохтмону навсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии хату иншооти оби нӯшокиро дар доираи татбиқи лоиҳа 60 коргару мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сох­тмон»-и ноҳияи Мастчоҳ анҷом додаанд.

Дар доираи лоиҳа дар мавзеи «Сари имҷоз» 2 ҳавзи обҷамъкунии ҳар кадом бо ғунҷоиши 300 мукааб-метр об сохта, 2 ҳавзи обҷамъкунии мавҷуда бо ғунҷоиши 2000 метри мукааб об куллан таъмиру таҷдид шуд. Тавассути 2 иншооти обгирӣ, ки сохта шудаанд, оби зеризаминӣ бо усули ҷаб­бишу полоишӣ аз нуқтаи обгирӣ ба ҳавзҳои обҷамъкунии асосӣ расонда, аз он тавассути қубурҳои пластикии қутрашон 165 миллиметра ба масофаи 1 километру 670 метр ба ҳавзҳои обҷамъкунии мавзеи «Сари имҷоз» интиқол меёбад. Бо ин мақсад дар ҳавзи нави обҷамъкунии асосӣ пойгоҳи обкашӣ васлу насб гардидааст. Дар натиҷа, маҳали аҳолинишини нав, ки дар ин ҷо ба аҳолӣ қитъаҳои наздиҳавлигӣ дода шудааст, пурра бо оби нӯшокии тоза таъмин мегардад.

Хатҳои оби нӯшокӣ бо истифодаи қубурҳои полиэтилении қут­рашон аз 110 то 315 миллиметра ва қубурҳои оҳании қутрашон 200 ва 325 миллиметра дар масофаи беш аз 52 километр сохта, инфрасохтори меъёрии оби нӯшокӣ дар шаҳрак ва деҳоти Шаҳристон ба вуҷуд оварда шуд. Ҳамчунин, 513 ҷумаки обтақсимкунӣ сохта, таҷҳизоти муосири обченкунӣ васлу насб гардидааст. Бо бунёду навсозии хату иншооти оби нӯшокӣ, ҳамчунин, таъмини оби ошомиданӣ ба соҳаҳои хоҷагии халқ ва сокинони шаҳраки Шаҳристон боэътимод мегардад. Бо татбиқи лоиҳаи иловагӣ ва сохтмони хатҳои обрасонӣ ба масофаи 30 километр сокинони деҳаҳои Ваҳдат ва Чашмасор ба оби тозаи нӯшокӣ дастрасӣ пайдо менамоянд.

То кунун бо татбиқи лоиҳа дар маркази ноҳия ва деҳоти атрофи он 10 ҳазор нафар бо оби нӯшокӣ таъмин гардида, баъд аз татбиқи пурраи он боз 11 ҳазор нафар, дар маҷмӯъ 21 ҳазор сокин ба оби тозаи ошомиданӣ таъмин мегарданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозӣ ва сохтмони шабакаи оби нӯшокӣ дар шаҳраки Шаҳристон»-ро аз тадбирҳои муҳими таъмини хоҷагиҳо ва аҳолии минтақа бо оби тоза арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки нақшаҳои бунёди инфрасохтори оби нӯшокӣ дар шаҳру ноҳияҳо, хусусан, деҳоти мамлакат, дар асоси «Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025» ва дар доираи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028» амалӣ мешаванд.

Дар шароити тағйирёбии иқлим обшавии пиряхҳо, камобӣ, ки ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар самти ҳифзу истифодаи самараноку оқилонаи захираҳои обӣ, пеш аз ҳама, иқдому чорабиниҳоро амалӣ менамояд. Ҳамчунин, бо мақсади ҳалли масъа­лаҳои иҷтимоии дастрасӣ ба оби нӯшокӣ ва таъмини солимии аҳолӣ тадбирҳои сохтмону навсозии хату иншооти оби нӯшокӣ бо татбиқи лоиҳаҳои давлатию сармоягузорӣ идома дода мешавад.

Дар ноҳияи Шаҳристон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон, инчунин, дар маросими барафрохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Майдони Парчами давлатӣ бо истифода аз маблағҳои буҷети вилояти Суғд дар шафати Қасри фарҳанг сохта шуда, барои истироҳату фароғати сокинон шароити мусоид фароҳам гардид.

Баландии манораи ливои озодиву соҳибистиқлолӣ дар маркази ноҳияи Шаҳристон 50 метр буда, дарозии матои он 14 метр ва паҳноиаш 7 метрро ташкил медиҳад.

Корҳои сохтмонии иншоот аз тарафи кормандони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «КММ-44» иҷро гардидааст. Барои бунёди он масолеҳи хушсифати сохтмонӣ истифода гардида, минбаъд ин мавзеъ барои сокинони ноҳия макони гаштугузор ва истироҳату фароғат мегардад.

Ноҳияи Шаҳристон дар замони соҳиб­истиқлолӣ бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ободу зебо гардида, бо бунёди иншооти таъиноташ гуногун симои он сол аз сол зебову назаррабо мегардад.

Ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бунёд, таъмир ва навсозии бештар аз 135 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Парафшон гардидани Парчами давлатӣ низ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ, дилгармтар мекунад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ободии ноҳияи Шаҳрис­тон бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 19-ро, ки бо тарҳи замонавӣ сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Он бо мақсади фароҳам овардани шароити арзанда барои фаъолияти омӯзгорон ва таҳсили хонандагон дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо фармоиши Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд бо харҷи қариб 14 миллион сомонӣ дар заминаи иншооти солҳои зиёд дар истифодабудаи муассисаи таълимӣ сохта шуд.

Корҳои сохтмонӣ моҳи апрели соли 2019 оғоз гардида, иншоотро бинокорони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Куркат» сохтанд.

Бинои асосии муассиса аз се ошёна иборат буда, дар он 24 синфхона, синфхонаҳои фаннӣ ва ҳуҷраҳои корӣ ҷойгир шуда, барои таҳсили 1240 хонанда дар ду баст шароит фароҳам гардидааст.

Синфхонаҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳо ва утоқҳои корӣ бо лавозимоти таълимии муосир, аз ҷумла, мизу курсиҳои нав, ҷевонҳо, тахтаҳои электронӣ, маҷмӯи компютерҳо, аёнияту дигар таҷҳизот таъмин аст. Лозим ба ёдоварист, ки дар муассиса баҳри омӯзиши фанҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ, баргузории машғулиятҳои иловагӣ, маҳфилҳои фаннию рӯзгордорӣ шароити мусоид фароҳам гардида, китобхона, махзани китобҳои дарсию бадеӣ барои азхудкунии дарс ва баланд бардоштани маърифату маънавиёти насли наврас имкониятҳои васеъро доро мебошанд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоию суҳбат бо хонандагону омӯзгорон ва волидайн бунёди муассисаи нави зебою замонавии таълимиро идомаи тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати фароҳам овардани шароити арзандаи таълиму тарбияи фарзандон арзёбӣ намуданд ва ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки таҳкими давлатдории миллӣ ва пешрафту шукуфоӣ, омода намудани мутахассисони соҳибмаърифат аз ҳадафҳои асосӣ маҳсуб меёбад. Бунёди бинои хуштарҳу лоиҳавии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 19 дар деҳаи Ободии ноҳияи Шаҳристон туҳфаи арзанда ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Омӯзгорону сокинони ноҳия барои таваҷҷуҳу ғамхорӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос намуда, изҳор доштанд, ки бо истифода аз имконият сифати таълиму тарбияро баланд бардошта, дар таълиму ба камол расонидани насли наврас нерую дониш, маҳорату таҷрибаи хешро равона месозанд.

Бояд таъкид намуд, ки дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба рушди соҳаи маорифи ноҳияи Шаҳристон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат, хоса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир гардида, дар таҳкими пояҳои моддӣ — техникии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ тадбири зиёд амалӣ шудаанд. Аз ҷумла, бинои 15 муассисаи таълимӣ бунёду навсозӣ шудааст. Алҳол сохтмони бино ва синфхонаҳои иловагӣ дар назди 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳот ҷараён доранд. Алҳол дар ноҳия 21 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, гимназияи рақами 1, интернати наздимактабӣ ва маркази таҳсилоти иловагӣ ­фаъолият менамоянд ва дар онҳо қариб 10 ҳазор кас ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия 1110 омӯзгор фаъолияти пурсамар дошта, дар соҳаи маориф баҳри баланд бардоштани донишу малакаи касбии омӯзгорон тадбирҳои зарурӣ амалӣ мешаванд. Чораҳои ҳавасманд­гардонӣ имкон медиҳанд, ки соҳиб­ихтисосҳои ҷавон ба омӯзгорӣ бештар ҷалб шаванд. Соли хониши 2020 — 2021-ум 50 мутахассиси ҷавон, аз ҷумла, 22 хатм­кунандаи гурӯҳи буҷетӣ ва квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бо роҳхат ва 28 мутахассис, ки донишгоҳу донишкадаҳои олиро аз тариқи шартномавӣ хатм намудаанд, дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Шаҳристон ба омӯзгорӣ шурӯъ намуданд. Ҳамаи ин тадбирҳо ба он равона гардидаанд, ки сатҳу сифати таълиму тарбия ва донишомӯзии хонандагон баланд бардошта шаванд.

defaultБаъд аз ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун дар ноҳияи Шаҳристон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва омӯзгорони ноҳия мулоқоти самимӣ доир карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст сокинони ноҳияро ба ифтихори сисолагии Истиқлолияти давлатӣ ва ифтитоҳи мактаби навбунёди замонавӣ самимона табрик гуфтанд.

Дар робита ба омодагии ноҳия ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ таъкид гардид, ки то ҳол дар 104 иншооти банақшагирифташуда корҳо ба анҷом расидаанд.

Мактаби навбунёди рақами 19, ки дар деҳаи Ободӣ барои 1240 хонанда ифтитоҳ гардид, намунаи заҳмати созандаи сокинони Шаҳристон арзёбӣ шуд.

Бояд гуфт, ки ба хотири беҳдошти сатҳи зиндагии сокинони ноҳия дар доираи сафари кории Президенти мамлакат лоиҳаи бисёр муҳим — хати оби нӯшокӣ барои бо оби босифат таъмин намудани 10 ҳазор нафар ба истифода супорида шуд.

Таъкид гардид, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар солҳои соҳиб­истиқлолӣ барои рушду тараққиёти ноҳия аз ҳисоби сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 2,5 миллиард сомонӣ равона гардидааст. Аз ҷумла, 9 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 1,6 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло иҷрои 7 лоиҳаи инфрасохторӣ идома дорад.

Соли 2012 нақби «Шаҳристон» ­сохта, ба истифода дода шуд, ки тавассути он сокинони ноҳия ба пойтахти мамлакат рафтуомади озод доранд. Ғайр аз ин, 45 километри шоҳроҳи байналмилалии «Душанбе – Чанок» аз ҳудуди ноҳия гузашта, робитаи аҳолии Шаҳрис­тонро бо дигар минтақаҳои Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсоя дар чор фасли сол таъмин кардааст.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ташкили коргоҳу корхонаҳои истеҳсолиро яке аз роҳҳои асосии таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои сокинони мамлакат, аз ҷумла, ноҳияи Шаҳристон маънидод карданд.

Дар ноҳияи Шаҳристон то ба ҳол 11 корхонаи саноатӣ фаъолият карда, дар панҷ моҳи соли 2021 дар онҳо ба маблағи 15 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст.

Мувофиқи маълумоти оморӣ, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳия тайи 5 моҳи соли ҷорӣ ба 25 миллион сомонӣ баробар гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 47 фоиз зиёд мебошад.

Шаҳристон барои рушди картошкапарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ имкониятҳои зиёд дорад ва Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва масъулини соҳаро вазифадор намуданд, ки ба зиёд намудани оилаҳои занбӯри асал, ташкили нуқтаҳои муосири фурӯши асал, ташкили коргоҳҳои бастубанди маҳсулоти кишоварзӣ ва афзоиши содироти он эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

Таъкид гардид, ки рушди соҳаи сайёҳӣ омили муҳими таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва сарчашмаи даромади иловагии аҳолӣ мебошад ва дар Шаҳристон барои ин ҳадаф имкониятҳо фаровон аст.

Дар охири суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки сокинон минбаъд низ бо кору фаъолияти созанда барои боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани маҳбуб, таҳкими дастовардҳои истиқлолият, ҳифзи сулҳу суботи кишвар ва таҳкими ваҳдати миллӣ саъю талоши бештар мекунанд.

Баъд аз суханронии Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон намояндагони касбу кори гуногун баромад карда, бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолӣ ва рушду пешрафти кишвар ба Сарвари давлат барои таъмини зиндагии шоиста ва фароҳам овардани шароити муосири илмомӯзӣ, арзи сипоси фаровон намуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳристон дар хоҷагии деҳқонии «Ҷасурбек»-и кооперативи тиҷоратию истеҳсолии «Холдорқипчоқ» ба ҷамъоварии ҳосили картошка оғоз бахшиданд.

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки аз 4,5 ҳазор гектар замини ба кооперативи тиҷоратию истеҳсолии «Холдорқипчоқ» вобасташуда 582 гектараш замини обёришаванда мебошад. 300 хоҷагии деҳқонӣ, беш аз 900 нафар саҳмдор ба хоҷагидорӣ машғуланд ва картошкапарварӣ яке аз самтҳои асосию даромаднок маҳсуб меёбад. Аз ҷумла, аҳли заҳмати хоҷагии деҳқонии «Ҷасурбек» бо сарварии Низомиддин Муродов дар 80 садяк замин картошка кишту парвариш намуда, ҳосили дилхоҳ рӯёнидаанд. Навъи картошкаи «Аладдин» лаззати хосаю ҳосилнокии баланд дорад, ки дар хоҷагӣ парваришаш васеъ ба роҳ монда шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон деҳқонон ва масъу­лину мутахассисони ­ноҳияро ба афзун намудани нишондиҳандаҳо дар картошкапарварӣ, хусусан васеъ намудани масоҳати кишту парвариши картошка, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ҳидоят намуда, таъкид карданд, ки хоҷагидорону аҳолӣ имкон доранд дар соҳаи кишту парвариши картошка, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли он ва таъмин намудани бозори истеъмолӣ бо ин маҳсулот бештар саҳмгузорӣ намоянд.

Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли картошка дар ноҳия тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, тайи 5 соли охир масоҳати кишт ба 2100 гектар расид. Хоҷагидорону аҳолӣ соли 2017 дар масоҳати 1030 гектар картошка кишту парвариш намуда буданд. Соли 2020-ум масоҳати кишту парвариш ба 1982 гектар расид. Ҳаҷми истеҳсоли картошка низ қариб як баробар зиёд гардида, аз 23 ҳазору 423 тоннаи панҷ соли қабл соли гузашта ба 43 ҳазору 541 тонна расид. Кооперативҳои истеҳсолӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва аҳолии шаҳраки Шаҳристон ва деҳоти «Бунҷикат» аз истеҳсолкунандагони асосии картошка ба ҳисоб мераванд.

Сипас, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар ҳамин мавзеъ аз намоишгоҳи картошка ва маҳсулоти кишоварзии хоҷагиҳо, аҳолии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дидан карданд.

Зимни он картошкапарварони вилоят самараи дастранҷи хешро пешниҳод намуданд. Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои охир масоҳати майдони кишту парвариши картошка афзун гардида, аз ҳисоби баланд бардоштани ҳосилнокӣ истеҳсоли солона дар соли 2020 ба беш аз 512 ҳазор тонна расид, ки ин нисбат ба 10 соли қаблӣ 2,5 маротиба ва нисбат ба 5 соли пеш, яъне соли 2017 қариб 200 ҳазор тонна зиёд мебошад.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ва суҳбат бо масъулону картошкапарварони шаҳру ноҳияҳо таъкид доштанд, ки дар вилоят ҷиҳати васеъ намудани масоҳати кишту парвариши картошка, баланд бардош­тани ҳосилнокӣ ва дар натиҷа, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли картошка имкониятҳо фаровонанд.

Хоҷагиҳои кишоварзию аҳолии шаҳру ноҳияҳои Деваштич, Панҷакент, Кӯҳистони Мастчоҳ, Истаравшан, Шаҳристон ва Исфара дар зиёд кардани истеҳсоли картошка ҳиссаи асосӣ дошта, минтақаҳои картошкапарварӣ маҳсуб меёбанд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба сифати картошкаи истеҳсолкардаи хоҷагидорону аҳолии вилоят таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, таъкид карданд, ки аз нигоҳи  экологӣ тоза, бо таркиби табиию ғизонокӣ афзалият дорад ва хоҷагидорону мутахассисонро ҳидоят намуданд, ки дар минтақаҳои обу иқлимаш хос сифату ҳосилнокии ин маҳсулоти ғизоии асосиро боз ҳам баланд бардоранд.

Афзун шудани истеҳсоли картошка, ҳамчунин, натиҷаи маҳорату кордонӣ, таҷрибаи ғанӣ, риояи агротехникаи кишту обу ғизодиҳӣ ва истифодаи тухмиҳои навъҳои серҳосилу минтақабоб мебошад.

Дар баробари афзун намудани истеҳсоли картошкаи ғизоӣ 4 хоҷагии тухмипарварии вилоят — кооперативҳои тухмипарварии «Овчии Ғончӣ», «Хӯҷаҳо», ба номи Қурбонов, хоҷагии деҳқонии «Ғелониён»-и шаҳри Панҷакент ва Ассотсиатсияи картошкапарварони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар истеҳсолу таъмини кишоварзон бо тухмии картошка саҳми арзанда доранд.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар панҷ соли охир масоҳати кишту парвариши картошка зиёд гардида, аз 16 ҳазор гектари соли 2017 дар соли 2020 ба 23 ҳазору 140 гектар расид. Соли равон дар 25 ҳазору 500 гектар картошка парвариш карда мешавад.

Тайи солҳои охир дар қисме аз шаҳру ноҳияҳо кишту парвариши картошкаи барвақтӣ ҷорӣ гардида, ҳаҷми истеҳсол зиёд шуд. Дар 6 моҳи соли равон дар вилоят аз ҳисоби кишти барвақтӣ 43 ҳазору 190 тонна картошка истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7 ҳазор тонна зиёд аст.

Ҳамчунин, истифодаи оқилонаи қитъаҳои наздиҳавлигӣ ва заминҳои хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ — заминҳои президентӣ омили ҳаҷми зиёди ҳосили картошка мебошад. Дар соли 2020 ҳиссаи аҳолӣ дар истеҳсоли ҳаҷми умумии картошка дар вилоят 38 фоизро ташкил додааст.

Ба намоишгоҳ навъҳои ғизоии картошка аз ҳисоби захираи ҳосили соли гузашта ва аз ҳисоби дастранҷи деҳқонон аз кишти барвақтии соли ҷорӣ пешниҳод гардид. Инчунин, кишоварзони вилоят анвои дигари маҳсулоти кишоварзӣ чун ғалла, асал, сабзавот, мева, полезӣ ва маҳсулоти хоҷагии ҷангалро пешниҳоду муаррифӣ намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти кишоварзону аҳолии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки дар марҳилаи норасоии маҳсулоти ғизоие, ки дар як қатор давлатҳои ҷаҳон вобаста ба хурӯҷу паҳншавии бемории сироятии COVID-19, тағйирёбии иқлиму камобӣ ба амал омадааст, кӯшишҳои кишоварзони мамлакат имкон медиҳад, ки талаботи аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоии истеҳсоли худӣ таъмин шавад.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба масъулину мутахассисон дастуру супориш доданд, ки дар шароити зудтағйирёбанда ва вазъи шиддатноки ҷаҳони муосир барои истифода аз захираю имкониятҳои дохилӣ, истеҳсоли бештари маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ талош намоянд.

51343740055_59d4f2b72f_oАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, фермаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мурғи Шаҳристон» — ро ифтитоҳ намуданд.

Он аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Сомон Қурбонов бунёд шудааст.

Аснои шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки корхона дар Шаҳристон яке аз калонтарин ва аввалин ба ҳисоб рафта, иқтидори истеҳсоли маҳсулоти он дар як давра, ки 45 рӯзро дар бар мегирад, 170 тоннаро ташкил медиҳад. Дар он ҳоло 80 ҳазор сар мурғ парвариш гардида, масъулин азм доранд ин нишондодро то ба 120 ҳазор сар расонанд.

Дар коргоҳ муосиртарин дастгоҳу таҷҳизоти соҳавӣ насб гардида, ҷараёни нигоҳубини чӯҷаҳо, муайян намудани ҳарорати дохили парваришгоҳ, тозакунии ҳаво, додани обу ғизо ва омода намудани мурғҳои гӯштӣ тавассути технологияи компютерӣ амалӣ мешаванд.

Дар ҳамон ҷо, ҳамчунин, Сарвари давлат аз намоиши маҳсулоти истеҳсолнамудаи фермаи парандапарварии «Мурғи Шаҳристон» дидан намуда, ба сифат ва коркарди он баҳои баланд доданд.

Таъкид гардид, ки соҳибкорону кишоварзон вобаста ба вазъияти баамаломада бояд масъулияти бештар ҳис кунанд ва барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ саҳми назаррас гузоранд. Онҳо низ ваъда доданд, ки дар доираи ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон корро дар ин самт ҷоннок намуда, дар назди коргоҳ боз ду сехи нав ташкил менамоянд. Бо роҳандозии чунин тадбир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти хушсифатро афзоиш ва шумораи кормандонро зиёд намуда, ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегиранд.

Бино ба маълумоти оморӣ, дар 6 моҳи соли 2021 дар вилояти Суғд истеҳсоли гӯшти чорвою паранда бо вазни зинда беш аз 26000 тоннаро ташкил медиҳад, аз ҷумла, гӯшти паранда 7759 тонна ва тухм 286 млн. дона аст. Нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 суръати афзоиши истеҳсоли гӯшти чорвою паранда 122 фоиз, аз ҷумла, гӯшти паранда 5,1 баробар таъмин гардидааст. Ин натиҷаи дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи парандапарварӣ ҳамчун як бахши муҳими таъмини амнияти озуқаворист.

29 июли соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Спитамен ташриф оварданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти «Куруш»-и ноҳияи Спитамен бо фаъолияти корхонаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Файзи саҳар» шинос шуданд. Дар он асосан мурғи тухмдеҳ парвариш мешавад.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки айни замон дар корхона 133 ҳазор сар мурғ ва 40 ҳазор чӯҷа парвариш меёбад.

Роҳбарияти ҷамъият тасмим гирифтаанд, ки то охири соли равон саршумори парандаро ба 200 ҳазор сар расонанд.

Дар корхонаи зикршуда моҳе то 2 миллион дона тухм истеҳсол мегардад ва дар шаш моҳи аввали соли равон ба 12 миллион дона расонида шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхона дастур доданд, ки иқтидори мавҷуда самаранок истифода шавад. Дар ин сурат шаҳрвандон бо ҷойи корӣ доимӣ таъмин гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба маротиб афзун мегардад. Ин раванд дар таъмини бозори истеъмолӣ бо гӯшти парҳезӣ мусоидат хоҳад кард.

Масоҳати умумии заминҳои корхонаи парандапарварии «Файзи саҳар» 11 гектарро ташкил медиҳад. Дар ин масоҳат се сехи истеҳсолӣ, анбор барои нигоҳдории хӯроки паранда ва омода намудани он, ҳамчунин, дигар иншооти ёрирасон сохта шуда, дар боқимонда замин маҳсулоти кишоварзӣ кишту парвариш мешавад. Айни замон дар корхона 30 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шудаанд.

Дастгириҳои давлатӣ ва пешбинӣ гардидани имтиёзҳо ба соҳаи парандапарварӣ солҳои охир ба рушди фаъолияти корхонаи «Файзи саҳар» таъсири мусбат расонидааст. Соли 2020 дар коргоҳ тақрибан 17 миллион дона тухм истеҳсол гардида, ин нишондод соли 2021 ба беш аз 20 миллион дона расонида мешавад.

Раванди фаъолият бо технологияи муосир ба роҳ монда шуда, аз сехи истеҳсолӣ ба воситаи таҷҳизоти худкор ба масофаи 250 метр тухм то ба анбор интиқол меёбад.

Умуман дар вилояти Суғд солҳои охир шумораи корхонаҳои парандапарварӣ афзуда, тибқи маълумоти оморӣ, айни замон 115 коргоҳ фаъолият дорад, ки дар онҳо қариб 4 миллиону 400 ҳазор сар мурғ парвариш меёбад.

Дар шаш моҳи соли 2021 истеҳсоли гӯшти мурғ ба 7 ҳазору 760 тонна расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 ду баробар зиёд аст. Дар ин давра дар корхонаҳои парандапарварии вилояти Суғд 285 миллиону 745 ҳазор дона тухм истеҳсол гардидааст.

Бояд гуфт, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Файзи саҳар» дар баробари парандапарварӣ, дорои корхонаи коркарди ғалла ва истеҳсоли орд мебошад. Масъулини корхона маҳсулоти истеҳсоли худиро ба намоиш гузоштанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати маҳсулоти ҷамъият баҳои муносиб дода, супориш доданд, ки дар ҷавоб ба ғамхориҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷамъият дар корҳои ободонӣ саҳми бештар гузорад.

Мавриди зикр аст, ки дар пайравӣ ба сиёсати созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Файзи саҳар» дар обод намудани роҳҳои мошингарди деҳоти «Куруш»-и ноҳияи Спитамен саҳм гузошта, дар умум 7 ҳазор метри мураббаъ роҳҳоро мумфарш кардааст. Корхона нақша дорад, ки ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ барои ободониву созандагӣ маблағи заруриро равона намояд.

Дар даромадгоҳи корхонаи парандапарварии «Файзи саҳар» кишоварзони ноҳияи Спитамен маҳсули дастранҷро ба намоиш гузоштанд.

Маҳсулоти нониву кишоварзӣ, ки натиҷаи заҳмати меҳнаткашони ноҳия мебошад, аз фаровонҳосиливу самаранок истифода намудани замин дарак медиҳад.

Кишоварзони ноҳия баҳри амалӣ шудани ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — таъмини амнияти озуқаворӣ садоқатмандона меҳнат намуда, дар нимсолаи якуми соли 2021 дар ҳама шакли хоҷагидорӣ ба маблағи 88 миллиону 81 ҳазор сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол намудаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз растаҳои маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар анвои хӯрокворӣ таваҷҷуҳи деҳқонону заминдорон ва фаъолони ноҳияи Спитаменро ба оқилона истифода намудани замин, истифодаи тухмиҳои хушсифат ва бо ин васила, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, дар умум, рушди соҳаи кишоварзӣ ҷалб намуданд.

29 июли соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, бо фаъолияти хоҷагии ёрирасони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуданд.

Он соли 2018 дар деҳаи Саричашмаи деҳоти «Гулхона» дар масоҳати 1,36 гектар замин таъсис ёфт. Дар хоҷагӣ беш аз 830 бех ниҳоли себ, гелос, олуи сиёҳ, олуча, хурмо ва ниҳолҳои сояафкану ороишӣ шинонида шудааст.

Соли равон аҳли заҳмат дар замини хоҷагии ёрирасон пиёз, сирпиёз ва картошка кишт карда, баъд аз ҷамъоварии ҳосил кишти такрорӣ гузаронида, дар майдони 0,50 гектар қаланфури булғорӣ, 0,5 гектар қаланфур, 0,10 гектар боимҷон, 0,10 гектар бодирингу каду, 0,35 гектар карам ва дар 0,20 гектар хӯроки чорво кишт карданд.

Замини хоҷагӣ обёрӣ шуда, дар баробари бонавбат сафарбар шудани ҳайати шахсӣ ба парвариш ва нигоҳубини маҳсулот, ҳамчунин, як сокини маҳаллӣ ба таври доимӣ ба боғдорию хоҷагидорӣ ҷалб шудааст.

Заҳмати пайваста ва истифодаи роҳу усулҳои муосири парвариш ба нашъунамои хуби зироат замина гузошт, ки ҳосили дар кишти якум бадастомада ҳавасмандии кормандонро ба миён овард. Натиҷа ҳамин аст, ки кормандон талош доранд, то самараи дастранҷро дар самти истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ низ афзоиш диҳанд.

Ҳосили ҷамъоваришуда аз заминҳои хоҷагии ёрирасон дар самти таъмини кормандони мақомот бо маҳсулоти ниёзи аввал равона мешавад.

Аснои шиносоӣ бо фаъолияти кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми онҳоро дар самти истифодаи мақсадноки замин намунавӣ арзёбӣ карданд.

51342080671_c6ea7de569_o29 июли соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Навкати ноҳияи Спитамен Қасри «Сомониён»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Он дар доираи корҳои созандагиву ободонӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби бародарон Мақсудҷон ва Мансурҷон Раҳмоновҳо бо харҷи зиёда аз 1 миллиону 600 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст.

Қаср бо тарҳу намои зебо сохта шуда, баъд аз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтан 10 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардиданд.

Дар тарабхонаи барҳавои иншооти бунёдшуда Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 100 ятими кулл аз шаҳру ноҳияҳои Спитамен, Бӯстон, Гулистон, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Деваштич ва Зафаробод мулоқот намуданд.

Қобили зикр аст, ки Пешвои раиятпарвари тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар сафари кориашон нахуст аз ҳолу аҳволи ятимону кӯдакони бепарастор бохабар гардида, нисбат ба ин қишри ҷомеа ғамхорӣ зоҳир менамоянд.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯдаконро бо фарорасии 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ табрику таҳният намуда, таъкид карданд, ки Ҳукумати мамлакат ҳамеша ба қишрҳои ниёзманди ҷомеа, бахусус, ятимон, таваҷҷуҳи ҳамаҷониба равона месозад. Давлату Ҳукумати Тоҷикистон сарпарастии ятимонро ба дӯш гирифтааст ва то ба ҳаёти мустақилона қадам ниҳодани онҳо, барои таълиму тарбия ва ба камол расиданашон шароити заруриро муҳайё месозад. Дар ҷавоб ба ин ғамхорӣ наврасону ҷавононро зарур аст, ки илм омӯзанд, донишҳои замони муосирро аз бар намуда, дар оянда ҳамчун фарзанди содиқи Ватан ба халқу давлат хизмати шоиста намоянд.

Он рӯз 100 ятими кулл аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аз меҳрубониву ғамхории падаронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон бархӯрдор гардиданд. Ба онҳо туҳфаҳои моддиву пулии Сарвари давлат тақдим шуд.

Дар навбати худ кӯдакон ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон самимона изҳори сипос намуда, ваъда доданд, ки дар оянда муассисаҳои олиро бо донишу интизоми намунавӣ хатм мекунанд ва дар иҷрои рисолати фарзандии худ кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

29 июли соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Рухаки деҳоти «Деҳмой» — и ноҳияи Ҷаббор Расулов ба фаъолияти ҳавзи моҳипарварӣ оғоз бахшиданд.

Масоҳати умумии он 3,2 гектарро ташкил намуда, дар 40 садяк замин 21 адад ҳавзи моҳипарварӣ бунёд шудааст.

Баъд аз ба истифода додани ҳавз 15 сокини ноҳия бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.

Тибқи лоиҳа, дар он ҷо дар давоми сол 200 тонна гулмоҳӣ парвариш шуда, ба бозорҳои маҳаллӣ ва хориҷи кишвар ба фурӯш бароварда мешавад.

Корҳои сохтмонӣ дар ҳавзи моҳипарварии дар деҳоти «Деҳмой» аз моҳи ноябри соли 2020 оғоз шуда, ба он ҷо аз шаҳри Адлери Федератсияи Россия зиёда аз 100 ҳазор дона тухмии моҳӣ ворид кардаанд. Дар ҳудуди ҷамъият чоҳи амудӣ низ ба истифода дода шуд.

Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози захираи обҳои мусаффо ва пиряхҳо бой буда, мамлакат метавонад бо истифода аз ин неъмати бебаҳо на танҳо дар миқёси Иттиҳоди Давлатҳои Мус­тақил, балки дар ҷаҳон аз лиҳози парвариши гулмоҳӣ пешсаф бошад.

Ёдовар мешавем, ки зимни сафарҳои корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири рушди соҳаи моҳипарварӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Ҷаббор Расулов ва Бобоҷон Ғафуров ҳазорҳо адад моҳии ба минтақа мутобиқро ба ҳавзҳои моҳипарварӣ сар додаанд. Ҳамчунин, зимни ташриф ба ин минтақа Сарвари давлат ба таъсиси хоҷагиҳо ва бунёди ҳавзҳои моҳипарварӣ асос гузоштаанд.

Ин тадбирҳо аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар доираи татбиқи барномаи давлатии рушди соҳаи моҳипарварӣ, ба хотири пешрафти ин соҳаи сердаромад, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ба даст овардани даромади соф ва дар маҷмӯъ, беҳдошти сатҳи зиндагии мардум амалӣ мешавад.

Тибқи маълумоти Корпоратсияи моҳии тоҷик, аз рӯи дурнамо оянда дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Ашт ва Ҷаббор Расулов ба рушди ин бахш таваҷҷуҳи махсус равона мегардад. Ҳамчунин, парвариши гулмоҳии шоҳона, амури сиёҳ ва пешонапаҳни ало васеъ ба роҳ монда мешавад.

Он рӯ, ҳамчунин, дар назди ҳавзи моҳипарварӣ тарабхонаи «Гулмоҳии Суғд», бо 40 ҷой, нуқтаи пухтупаз ва хизматрасонӣ ба истифода дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми роҳбарону коргарони «Корпоратсияи моҳии тоҷик» барои обод кардани диёр ва мусоидат ба рушди соҳаи моҳипарварӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ ва амалисозии ҳадафи стратегӣ — таъмини амнияти озуқаворӣ изҳори сипос карданд.

30 июли соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи «Бофанда»-и шаҳри Хуҷанд кӯдакистони «Меҳросо» — ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Муассисаи томактабӣ, ки барои 200 кӯдаки ятиму бепарастор пешбинӣ шудааст, дар асоси дастуру супориш ва ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ бунёд гардид.Корҳои сохтмонии он моҳи сентябри соли 2020 оғоз ва дар муҳлати пешбинишуда бо сифати баланд ба анҷом расид. Пудратчии иншоот Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Эҷод-2013» мебошад.

Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар «Меҳросо» кӯдакони ятиму бепарастор ройгон ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд. Сарпарастии кӯдакистонро муассисони ширкати «Таҷпроф» ба зимма гирифтаанд.

Масоҳати умумии иншоот 1700 метри мураббаъро ташкил дода, аз ҳафт утоқи ҷойи хоб барои кӯдакон, 7 ҳуҷра барои таълиму тарбия, ҳуҷраи кории маъмурият ва табибон, ошхона ва толор барои машғулиятҳои мусиқӣ иборат мебошад.

Барои истироҳату фароғат ва солимгардонии кӯдакон дар саҳни бино 7 айвончаи тобистона ва ду майдончаи бозӣ барои тарбиятгирандагон бо шароит бунёд шудааст. Дар умум муассисаи томактабӣ бо шароити зарурӣ бунёд гардида, баъд аз мавриди истифода қарор гирифтани он 20 нафар бо ҷойи кор таъмин шуданд.

Зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия дар кӯдакистони навбун­ёд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз иқдоми наҷиби соҳибкорон хуш истиқбол намуда, онро намунаи олии ватандорӣ ва рисолати хуби инсондӯстӣ донистанд.

Бунёди иншооти нави соҳаи маорифро Сарвари давлат ба кӯдакони хуштолеъ туҳфаи арзанда дар ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод намуданд.

Дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуда, бо бунёду ба истифода додани муассисаҳои томактабӣ кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд. Айни замон дар вилояти Суғд 280 муассисаи томактабӣ мавҷуд аст, ки 48-тои он ба шаҳри Хуҷанд рост меояд. Дар онҳо наздики 45 ҳазор нафар кӯдак ба таълим фаро гирифта шудаанд. Дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта теъдоди кӯдакистон дар вилояти Суғд 8 адад зиёд гардидааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни кӯдакистони навбунёд бо кормандони соҳаи маориф суҳбат намуда, онҳоро вазифадор намуданд, ки дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, тарбияи дӯстрӯякон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ масъулияти дучанд ҳис намоянд. Ҳамчунин, супориш дода шуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба бунёди кӯдакистонҳои наву замонавӣ ва беҳтар намудани шароити таълиму тарбия таваҷҷуҳи бештар зоҳир шавад.

30 июли соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд дармонгоҳи бачагонаи стоматологии шаҳриро мавриди истифода қарор доданд.

Он аз 16 утоқи кории духтурони дандон иборат буда, бо муосиртарин таҷҳизоти тиббӣ муҷаҳҳаз мебошад.

Масоҳати умумии дармонгоҳ 370 метри мураббаъро ташкил дода, дар он 60 нафар бо ҷойи кор таъмин шуданд.

Дармонгоҳ дар гузашта дар бинои номувофиқ ҷойгир буд. Бо сабаби номуносиб будани шароити корӣ, қабули беморон маҳдуд ва раванди муолиҷаи онҳо тӯл мекашид. Баъд аз мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави дармонгоҳ шароити кори духтурон беҳтар ва сифати хизматрасонӣ баланд бардошта мешавад, зеро дар он ҷо барои муолиҷаи дандон, кандану шинонидан, гирифтани қолаб ва дигар роҳҳои пешгирии беморшавии дандон шароити хуб фароҳам гардидааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз дастгириву ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат таъкид намуданд, ки ба саломатии мардум таваҷҷуҳи махсус зоҳир мешавад. Саломатии миллат сарвати бебаҳо буда, пойдории давлат аз солимии ҷомеа вобастагӣ дорад. Супориш дода шуд, ки дар баробари бунёди иншооти соҳа ба масъалаи ворид намудани таҷҳизоти муосири тиббӣ, баланд бардоштани маҳорату малакаи касбии табибон ва истифодаи таҷрибаи пешрафта дар соҳаи тандурустӣ диққати хоса дода шавад.

Бо дастгирӣ ва ғамхориҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар вилоят 316 иншооти соҳаи тандурустӣ барои 3100 кат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки ин иқдом дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ таъсир гузошт.

Мавриди зикр аст, ки дар доираи корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба муносибати ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар вилояти Суғд бо истифода аз сарчашмаҳои маблағгузорӣ, сохтмон ва таъмиру навсозии 508 иншооти соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла, 77 беморхона, 123 бунгоҳи саломатӣ, 89 маркази саломатӣ, 21 таваллудхона, 100 ҳуҷраи хатна ва 100 дорухона дар назар аст.

Дар солҳои 2018-2020 ва шаш моҳи сипаришудаи соли равон корҳои сохтмонӣ ва таъмиру нав­созӣ дар 431 иншоот ба анҷом расидааст, ки ин иҷрои 85 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд, ҳамчунин,  корхонаи нави Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Текстилимпекс» — ро мавриди истифода қарор доданд.

Муассисони корхона соҳибкорони ватанӣ Замира Раҷабова ва Юсуфбек Раҷабов мебошанд.

Масоҳати умумии коргоҳ наз­дики 1 гектар буда, дар он сехи истеҳсолӣ ва биноҳои маъмурӣ бунёд шудааст. Ҳангоми азнавсозии корхона биноҳои он бо истифода аз масолеҳи сохтмонии аълосифати ватанӣ ва ҷалби сохтмончиёни ботаҷрибаи маҳаллӣ бо тарҳи муосиру замонавӣ таъмиру таҷдид карда шуд.

Таҷҳизоти истеҳсолии корхонаи саноатӣ истеҳсоли Федератсияи Россия ва фаъолияти асоси коргоҳ — истеҳсоли матои бахмал мебошад.

Коргоҳ дар як шабонарӯз, ки ба се баст тақсим карда шудааст, 396 метри мураббаъ матои бахмал (духоба) истеҳсол мекунад.

Баъд аз ба истифода додани он 40 сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб гардид.

Дар оянда таҷдид ва аз азнавсозии бинои сехи истеҳсоли иловагии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Текстилимпекс» ва васлу насб намудани таҷҳизоти бофандагӣ имкон фароҳам меорад, ки боз 15 ҷойи кори дигар ташкил шавад. Ҳамчунин, истеҳсоли матои бахмал боз ба андозаи 176 метри мураббаъ зиёд ва иқтидори коргоҳ дар як шабонарӯз ба 575 метри квадратӣ баробар мешавад.

Соҳибкорони ватанӣ иқдом гирифтаанд, ки бо фаъолияти пурсамари истеҳсолӣ дар самти таъмини бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ саҳми арзанда гузоранд.

Барои ин иқдому ташаббусҳои арзанда ва бунёди корхонаи нав Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо фаъолияти коргоҳ ба соҳибкорони ватандӯст баҳои баланд доданд.

30 июли соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти «Ғозиён»-и минтақаи Рухаки ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Парандапарвар-2017»-ро мавриди истифода қарор доданд.

Он аз тарафи соҳибкори ватанӣ Темур Мамедов дар доираи татбиқи ҳадафҳои стратегӣ — саноатикунонии босуръати кишвар ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат бунёд шуд.

Иқтидори ферма парвариши 578 ҳазор сар мурғ мебошад. Айни ҳол дар корхона 400 ҳазор мурғи тухмдиҳанда парвариш меёбад.

Баъд аз ба истифода додани коргоҳ дар он ҷо 40 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.

Масоҳати умумии коргоҳ 3,5 гектарро ташкил дода, барои парвариши мурғ тамоми шароит, аз ҷумла, хӯрока ва дигар иншооти зарурии соҳа муҳайё аст.

Ҳадафи асосии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз бунёди корхонаҳои саноатии истеҳсолӣ таъсиси ҷойҳои нави корӣ, истеҳсоли маҳсулоти ба бозорҳои ҷаҳон рақобатпазир, ивазкунандаи воридот, таъмини пурраи бозорҳои дохилӣ, афзоиши содирот ба хориҷи мамлакат, ба даст овардани даромади соф ва беҳдошти сатҳу сифати зиндагии шаҳрвандони мамлакат мебошад.

Ин талошҳову тадбирҳои роҳбарияти Давлату Ҳукумати мамлакат аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ ҷонибдорӣ ва ҳамдастии амиқ пайдо менамояд. Дар солҳои соҳиб­истиқлолӣ соҳибкорону тоҷирони кишвар бо истифода аз имтиёзҳо ва дастгириҳои соҳибкории хурду миёна бо бунёди садҳо коргоҳу корхонаҳои хурду бузург дар пешрафти иқтисодию иҷтимоии мамлакат саҳми босазо гузоштанд.

Баъд аз ифтитоҳи корхонаи парандапарварӣ ва шиносоӣ бо шароити кор Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкорон ҷиҳати обод кардану пуштибонии сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар баҳои арзанда дода, онҳоро ба фаъолияти пурсамар ҳидоят намуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Суғд-саноат-паранда»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Қобили зикр аст, ки он аввалин корхонаи шаҳри Бӯстон аст, ки самти фаъолияташ ба парандапарварӣ ва истеҳсоли гӯшти мурғ равона шудааст. Ташкили чунин корхона дар шаҳри саноатӣ, пеш аз ҳама, таъмини бозори истеъмолӣ бо гӯшт ва истифодаи иқтидорҳои мавҷудаи соҳаи саноат маънидод карда мешавад.

Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот доданд, ки барои бунёди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Суғд-саноат-паранда» аз соли 2019 асос гузошта шуда, масоҳати умумии он 1,3 гектарро ташкил медиҳад.

Барои парвариши паранда 4 сех бунёд гардида, ғунҷоиши ҳар яки он аз 60 то 80 ҳазор сар чӯҷаро дар бар мегирад. Чӯҷаҳое, ки дар ҷамъият парвариш меёбанд, навъи бройлерӣ (гӯштӣ) мебошанд. Корхона иқтидор дорад дар як сол 1200 тонна гӯшти мурғ истеҳсол намояд.

Зимни боздиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулини Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Суғд-саноат-паранда» изҳор доштанд, ки дар доираи эълон гардидани саноатикунонии босуръати мамлакат ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ корхонаи парандапарварӣ таъсис дода, таҷҳизоту техникаҳои зарурӣ аз Ҷумҳурии Халқии Хитой ворид карда шудааст.

Дар саҳни корхонаи навбунёд намоиши маҳсулоти истеҳсоли Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Суғд-саноат-паранда» ташкил гардида, маҳсулоти парҳезӣ бо ­навъу намудҳои гуногуни бастабандӣ ба намоиш гузошта шуд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки дар оянда саршумори паранда зиёд ва иқтидори истеҳсолӣ афзун карда шавад.

Шаҳри Бӯстони вилояти Суғд шаҳри саноатӣ ба шумор меравад. Дар он 37 корхонаи хурду бузурги саноатӣ фаъолият дошта, дар нимсолаи аввали соли 2021, бо дарназардошти хизматрасониҳои пулакии об ва бахши хусусӣ, ба маб­лағи зиёда аз 274 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 1 миллиону 913 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Айни замон дар корхонаҳои саноатии шаҳр бештар аз 1400 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мебошанд.

Бо бунёди корхонаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Суғд-саноат-паранда» 25 нафар соҳиби ҷойи кор шуданд. Ҷамъият дар нақша дорад, ки дар асоси супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ояндаи наздик самти фаъолият­ро васеъ ва ҷойҳои нави кориро ташкил намояд.

Парандапарварӣ яке аз соҳаҳои муҳим ва айни замон афзалиятноки кишоварзӣ аст, ки рушди ин бахши иқтисоди миллӣ аз омилҳои зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти коркард, аз ҷумла тухму гӯшти парҳезӣ ва таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ватанӣ ба ҳисоб меравад.

Дар замони соҳибистиқлолӣ дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи мазкур рушд карда, айни замон дар вилоят соҳибкорони ватанӣ бо истифода аз имконияту шароити фароҳамовардаи Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва озод намудани фабрикаҳои парандапарварӣ аз якчанд намуди пардохти андоз беш аз 125 фабрикаи парандапарварӣ бо истифода аз технологияи муосир бунёд намуданд. Ин ташаббус имкон фароҳам овард, ки талаботи дохилӣ пурра бо гӯшти парҳезӣ ва тухми паранда қонеъ карда, дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ саҳм гузошта шавад. Тибқи маълумоти оморӣ, то 1 июли соли 2021 истеҳсоли гӯшти паранда 7 ҳазору 760 тонна ва тухм 285 миллиону 745 ҳазор донаро дар ҳама шакли хоҷагидорӣ ташкил медиҳад.

www.president.tj