Нуҳуми апрели соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади мулоқот бо сокинон, иштирок дар тантанаҳои ҷашни Наврӯз, шиносоӣ бо вазъи иҷтимоию иқтисодӣ, ҷараёни корҳои кишоварзии баҳорӣ, нақшаю тадбирҳои бунёдкорию созандагӣ ва ифтитоҳи иншооти соҳаҳои гуногун ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Суғд ташриф оварданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Суғд ва дигар масъулони расмӣ истиқбол гирифтанд.
9-уми апрели соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ташриф оварда, корхонаи истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Титан 8888»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Дар корхонаи нави саноатӣ, ки масоҳаташ 1,3 гектарро ташкил медиҳад, асосан радиатор — таҷҳизоти гармидиҳӣ, дегҳои гуногунҳаҷм барои рӯзгор ва чароғакҳои равшанидиҳанда (прожектор) истеҳсол карда мешаванд ва бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншооти муҳташами тавлидотӣ 100 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд. Оянда дар ин ҷо шумораи кормандон, дар маҷмӯъ, ба 170 нафар расонида мешавад ва айни замон музди миёнаи меҳнат 2500 сомониро ташкил медиҳад.
Корхонаи ҶДММ «Титан 8888» бо мақсади саҳмгузорӣ дар раванди татбиқи ҳамаҷонибаи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар, «Солҳои рушди саноат» ва истиқболи шоиста аз Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бародарон Тоҷибоевҳо бо харҷи зиёда аз 25 миллион сомонӣ бунёд гардид.
Дар корхона бо истифода аз хатҳои муосири технологӣ, ки аз ширкатҳои бонуфузи Чин, Туркия ва Россия харидорӣ шудааст, дар як моҳ 500 тонна ва дар як сол 6 ҳазор тонна партови алюминий коркард ва аз он маҳсулоти тайёр истеҳсол карда мешавад.
Ҳоло дар корхона 2 намуди таҷҳизоти гармидиҳӣ, 3 намуд чароғакҳои равшанидиҳанда ва зиёда аз 20 намуд дег барои рӯзгор, ки ҳаҷмаш аз 2 то 300 литрро ташкил медиҳад, бо дизайни хос ва сифати баланд истеҳсол карда мешаванд. Дар ҳудуди корхона, ҳамзамон, 6 анбор барои нигоҳдории ашёи хом ва маҳсулоти тайёр сохта ба истифода дода шуда, бунёди бинои маъмурӣ, ошхона бо фарогирии 80 ҷойи нишаст ва дигар иншооти ёрирасон имкон медиҳад, ки кормандон дар шароити мусоиду беҳтар фаъолияти назаррас дошта бошанд.
Мавриди зикр аст, ки қаблан талаботи бозори дохилӣ бо ин намуди молу маҳсулот пурра аз ҳисоби воридот таъмин карда мешуд. Баъди ифтитоҳи корхона имкон аст, бештар аз 50 фоизи талаботи бозори дохилӣ бо таҷҳизоти гармидиҳии радиатор, дегҳои гуногунҳаҷм барои рӯзгор ва чароғакҳои равшанидиҳанда аз ҳисоби маҳсулоти худӣ таъмин карда шавад.
Зимни шиносоӣ бо раванди истеҳсолот ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки ашёи хом — алюминийи дуюмдараҷа аз ҳудуди ҷумҳурӣ дастрас гардида, дар печҳои махсус гудохта мешавад ва раванди иҷрои корҳои марбут ба қолаббандӣ, суфтасозӣ, рангубор, васлу насби қисмҳои алоҳида, инчунин, бандубасти маҳсулоти тайёр дар коргоҳҳои алоҳида мутобиқ ба меъёру талаботи замони имрӯз сурат мегирад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдому ташаббуси масъулон ҷиҳати таъсиси чунин як корхонаи муосири саноатӣ баҳои баданд дода, дастур доданд, ки дар вақти истеҳсоли маҳсулот ба сифати он диққати махсус диҳанд.Таъкид гардид, ки мақсади асосии муассисони ҶДММ «Титан 8888» баланд бардоштани сифат, паст кардани нархҳо ва қонеъ гардонидани дархосту ниёзи мизоҷон, тадриҷан ворид шудан ба бозори кишварҳои ҳамсоя ва хориҷи дур мебошад.
Масъулони корхона азм доранд, ки дар оянда талаботи аҳолӣ, ташкилоту муассисаҳои кишварро ба назар гирифта, ҳаҷму номгӯи маҳсулотро зиёд намоянд ва дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Хоруғ мағозаҳои фирмавӣ таъсис диҳанд. Ҳамзамон, ҷиҳати содироти маҳсулоти тайёр — таҷҳизоти гармидиҳӣ, дег ва чароғакҳои равшанидиҳанда ба хориҷи кишвар нақшаҳо тарҳрезӣ гардида, дар ин самт бо як қатор ширкатҳои тиҷоратии Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Озарбойҷон шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шудааст.
Ба кор даровардани корхонаи саноатии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Титан 8888», ки дар Тоҷикистон аз аввалин истеҳсолкунандагони радиатор — таҷҳизоти гармидиҳӣ, дегҳои ҳаҷму андозаашон гуногун барои рӯзгор ва чароғакҳои равшанидиҳанда ба ҳисоб меравад, дар роҳи рушди истеҳсолоти ватанӣ, инчунин, ташкили ҷойҳои кории нав иқдоми муҳиму саривақтӣ номида шуд.
9-уми апрели соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баъди ба истифода додани корхонаи истеҳсолии ҶДММ «Титан 8888» дар арафаи иди саиди Фитр чун оини неки инсондӯстона ба 80 нафар ятими кулл туҳфаҳои идона тақдим намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба наврасони ятим, ки аз шаҳрҳои Гулистону Бӯстон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ҷамъ омада буданд, саломатии бардавом, хониши хубу аъло ва одоби ҳамида орзу карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки таваҷҷуҳи давлат нисбат ба таълиму тарбияи насли наврас, бахусус ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои ниёзманд, сол то сол зиёд гардида, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил, кору фаъолият ва зиндагии мустақилонаи онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.
Марҳила ба марҳила таҳким бахшидан ба фаъолияти муассисаҳои таълимӣ барои ятимону бепарасторон имкон дод, ки сифати нигоҳубин ва таълиму тарбия дар онҳо беҳтар гардида, кӯдакону наврасони бо амри тақдир бесаробонмонда таҳти ғамхории давлату Ҳукумати мамлакат қарор дода шаванд ва дар оянда ҳамчун шахсони фаъолу комилҳуқуқи ҷомеа ба камол расанд.
Воқеан, шодию нишоти ятимонро ҳадду канор набуд, зеро онҳо шахсан аз дасти Роҳбари ғамхору раъиятпарвари хеш маҷмӯи сарулибос, пойафзол, кумаки яквақтаинаи молиявӣ ва дигар туҳфаҳои арзишманд ба даст оварданд.
Боиси хурсандӣ аст, ки дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорону тоҷирон ва шахсони саховатпеша низ ба ятимону кӯдакони бепарастор ғамхорӣ зоҳир карда, дар арафаи ҳама иду ҷашнҳо ба онҳо дасти хайру сахо дароз менамоянд.
9-уми апрели соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Бӯстон ташриф оварда, дар коргоҳи истеҳсоли «ванадий»-и Коргоҳи фаръии «Истеҳсоли гидрометаллургӣ» бо хати истеҳсолӣ пас аз анҷоми корҳои навсозӣ ва барқарорсозӣ шинос шуданд.
Коргоҳи мазкур аз солҳои 80-уми асри XX инҷониб аз фаъолият бозмонда буд ва пас аз танаффуси тӯлонӣ хати аввали истеҳсолии коргоҳ дар доираи амалӣ намудани иқдомҳо ҷиҳати рушди соҳаи саноат ва роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда пурра навсозӣ гардида, дар он истеҳсоли «Поливанадати аммоний» ва «Панҷоксидаи ванадий» роҳандозӣ гардидааст.
Коргоҳ иқтидор дорад, ки дар як сол то 200 тонна маҳсулот истеҳсол намуда, ба бозорҳои ҷаҳонӣ пешниҳод намояд. Маҳсулоти истеҳсолшуда таъйиноти содиротӣ дошта, ба Федератсияи Россия, кишварҳои Аврупо ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон содирот мешавад ва он таҷрибаи нахустин ба ҳисоб меравад.
Коргоҳ дар асоси ашёи хоми воридотӣ фаъолият намуда, ҳамкорӣ бо корхонаҳои азими Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои дастрассозии ашёи хом ба роҳ монда шудааст.
Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки маҳсулоти ниҳоии коргоҳ серхаридор буда, «ванадий» барои мустаҳкамсозии таркиби металл, тобовар намудани он ба гармию сардии аз меъёр зиёд ва дар саноати истеҳсоли рангҳои ороишӣ ба таври васеъ истифода бурда мешавад. Хати истеҳсолии коргоҳ дар асоси технологияи ватанӣ ва аз Федератсияи Россия бо ҷалби сармояи дохилӣ пурра навсозӣ шуда, сифати баланди маҳсулотро мутобиқи талаботи бозорҳои ҷаҳонӣ таъмин мекунад.
Барои истеҳсоли маҳсулоти баландсифат ашёи хом аз 10 марҳилаи коркард гузашта, сипас дар доираи стандартҳои ҷории байналмилалӣ маҳсулоти ниҳоӣ истеҳсол карда мешавад ва назорати сифати он низ бо ҷалби мутахассисони баландтаҷриба роҳандозӣ гардидааст.
Дар коргоҳ 60 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби кор гардида, бо маоши хуб таъмин шудаанд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар марҳилаҳои баъдии барқарорсозӣ шумораи кормандон ба 150 нафар расонида мешавад. Ҳамчунин, иқтидори истеҳсолии коргоҳ низ бо таҷдид гардидани дигар хатҳои истеҳсолӣ дар солҳои оянда боз ҳам баландтар хоҳад гашт.
Ба кор шурӯъ кардани хати истеҳсолӣ идомаи тадбирҳо дар роҳи рушди истеҳсолоти ватанӣ, афзоиш додани номгӯи маҳсулоти саноатии дар дохили кишвар истеҳсолшаванда ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти таъйиноти содиротидошта буда, натиҷаи татбиқи босамари нақшаҳои «Солҳои рушди саноат» (2022-2026) маҳсуб меёбад.
Дар ҳамин ҷо, ҳамчунин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дурнамои рушди Корхонаи воҳиди давлатии «Фулузоти нодири Тоҷикистон» ошно гардиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат корхона ҳадаф дорад марҳила ба марҳила иқтидорашро барқарор намуда, истеҳсоли маҳсулоти гуногуни саноатиро афзоиш диҳад. Аз ҷумла, дар оянда қисмати дигари коргоҳи истеҳсоли «ванадий» навсозию барқарор хоҳад шуд.
Дар баробари ин, «Лоиҳаи Корхонаи раванди холисгардонии тилло ва нуқра», «Лоиҳаи Корхонаи безараргардонии замин ва коркарди дубораи партовҳои саноатӣ» ва «Лоиҳаи Маркази муосири логистикӣ» муаррифӣ карда шуд. Бунёди «Маркази муосири логистикӣ» аллакай оғоз гардида, тибқи нақша, дар дохили он сардхона, анбор, минтақаи гумрукӣ, минтақаи бастабандӣ, ошхона, хобгоҳ ва дигар иншооти зарурӣ бунёд карда мешавад.
Тибқи нақша, «Корхонаи раванди холисгардонии тилло ва нуқра» дар асоси технология ва методҳои нави холисгардонӣ бунёд ёфта, он ба ҷалб намудани ширкатҳои маҳаллӣ ва ҷаҳонӣ ба хизматрасониҳои холискории худ ва ташкили ҳамкориҳои нав дар соҳаи истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо мусоидат менамояд. Ҳамчунин, бунёди ин корхона дар оянда мавқеи Тоҷикистонро дар бозори ҷаҳонии металлҳои қиматбаҳо ба таври назаррас таҳким хоҳад бахшид.
Ҳамчунин, дигар номгӯи маҳсулот, ки дар коргоҳҳои истеҳсолии зертобеи КВД «Фулузоти нодири Тоҷикистон» истеҳсол карда мешавад, ба намоиш гузошта шуда, маҳсулоти заргарӣ, армуғонҳои гуногун, нишонҳои сарисинагӣ, қолабҳои гуногуни металлӣ, қолинҳои дастбоф ва маҳсулоти дӯзандагӣ низ пешниҳод гардид.
Бояд қайд кард, ки КВД «Фулузоти нодири Тоҷикистон» дар асоси дастур ва ҳидоятҳои Пешвои миллат корҳои навсозию барқарорсозиро дар корхонаҳои зертобеаш амалӣ намуда истодааст.
То имрӯз бо иштироки бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи заргарии «Зари Суғд» бо 30 ҷойи корӣ ва Коргоҳи дӯзандагии КВД «Фулузоти нодири Тоҷикистон» бо 45 ҷойи корӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.
Зимни ифтитоҳ ва шиносоӣ бо дурнамои корхона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулинро вазифадор карданд, ки корҳои навсозию барқарорсозиро дар дигар коргоҳҳои Корхонаи воҳиди давлатии «Фулузоти нодири Тоҷикистон» мувофиқи нақша сомон диҳанд ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазиру ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашударо роҳандозию тақвият бахшанд.
9-уми апрели соли равон дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муассисаи таҳсилоти томактабии «Мусаффо»-ро мавриди истифода қарор доданд.
Муассиса ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо тарҳи замонавӣ ва сифати баланд бунёд шуда, он аз 2 ошёна иборат буда, барои 120 нафар кӯдак пешбинӣ шудааст.
Дар муассисаи замонавӣ 30 нафар мураббӣ дар 6 гурӯҳ бо таълиму тарбияи дӯстрӯякон машғуланд.
Корҳои сохтмонӣ дар кӯдакистони «Мусаффо» аз моҳи июни соли 2023 оғоз гардида, дар он беш аз 50 нафар сокини маҳаллӣ ба кор ҷалб гардидаанд. Иншоот дар муҳлати 9 моҳ бо истифода аз маҳсулоти хушсифати ватанӣ сохта шудааст.
Ба ғайр аз синфхонаҳои тарбиявӣ дар муассиса ошхона, толорҳои варзишу мусиқӣ, ҳуҷраи тиббӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мавҷуд мебошанд.
Зимни боздид мураббиёну кӯдакон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои туҳфаи арзишманд ва фароҳам намудани шароиту имконоти замонавӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.
Дар саҳни муассиса айвончаҳои фароғатию машғулиятӣ ва майдончаи бозии кӯдакон бунёд гардида, чароғҳои замонавии равшанидиҳанда ва гулҳои рангоранг ба ин бинои замонавӣ ҳусни дигар мебахшад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароиту имкониятҳои фароҳамомада дастур доданд, ки масъулон бояд дар тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ саҳми арзанда гузоранд, то дар оянда шогирдони онҳо барои пешрафти Тоҷикистон хизмат намоянд.
Дар деҳаи Мусаффои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кӯдакистони «Мусаффо» бо тамоми таҷҳизоту лавозимоти хониш ҷиҳозонида шудааст.
Шодию нишоти дӯстрӯякони кӯдакистон ҳадду канор надошт, чун онҳо шахсан аз дасти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфа гирифтанд.
Акнун сокинони деҳаи Мусаффо имкон доранд фарзандонашонро дар беҳтарин шароит бо таълиму тарбия фаро гиранд.
Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ, ҳамзамон, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зиёда аз 1300 метр роҳи дохили деҳа мумфарш гардидааст.
9-уми апрели соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, инчунин, ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Муосир-пласт» оғоз бахшиданд.
Иншооти соҳаи саноат ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар бо навтарин технологияи истеҳсоли кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон бунёд гардида, иқтидор дорад, ки дар як сол аз 20 то 60 млн. дона маҳсулот истеҳсол намояд.
Дар навбати аввал бо истифода аз 3 хати технологӣ ва 50 намуди қолаб зарфҳои яккаратаи пластикӣ барои шириниҳо, нӯшокиҳо, тармеваю хушкмева, маҳсулоти ширӣ ва хӯрока омода гардида, наздики 50 нафар баъд аз омӯзиши нозукиҳои таҷҳизоти замонавӣ соҳиби кори доимӣ шуданд.
Ин аввалин корхона дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, ки фаъолияташро пурра ба истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот равона намудааст.
Қаблан ин намуди маҳсулот ба ҷумҳурӣ аз хориҷи мамлакат ворид карда мешуд. Аз рӯи маълумот дар як сол тақрибан ба маблағи 175 миллион доллари амрикоӣ маҳсулоти тайёри пластикӣ аз хориҷи кишвар ворид карда мешавад. Ба роҳ мондани истеҳсоли чунин намуди маҳсулот ба коҳиши сатҳи вобастагии бозори дохилӣ аз маҳсулоти воридотӣ мусоидат намуда, даромаднокӣ ва сатҳи зиндагии мардум ба ин восита боз ҳам беҳтару хубтар мегардад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароиту имкониятҳои корхона иқдоми соҳибкорони ватаниро дар самти рушди соҳаи саноат намунавӣ арзёбӣ карда, таъкид намуданд, ки дар доираи «Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» ва фазои мусоиди соҳибкорию сармоягузорӣ бояд шумораи чунин корхонаҳои истеҳсолӣ дар мамлакат зиёд карда шавад ва ин роҳи муҳими афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва таъмини сокинон бо ҷойҳои корӣ мебошад.
Дар ҳамон ҷо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи маҳсулоти истеҳсолгардидаи корхонаи навтаъсиси «Муосир-пласт» ва дигар корхонаҳои саноатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муаррифӣ гардид.
Муассисони корхона дар оянда боз нақша доранд, ки бо афзоиш ёфтани талабот ба ин намуди маҳсулот қолабҳои навро ворид намуда, бо ин восита номгӯи маҳсулот ва теъдоди ҷойҳои кориро зиёд намоянд.
Дар доираи эълони солҳои 2022 -2026 «Солҳои рушди саноат» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 78 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ бо 538 ҷойи корӣ мавриди истифода қарор дода шудааст, ки имрӯз фаъолияти назарраси истеҳсолӣ доранд.
9-уми апрели соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Сарбанди шаҳри Гулистони вилояти Суғд коргоҳи коркарди моҳиро мавриди истифода қарор дода, бо раванди фаъолияти хати истеҳсолӣ шинос шуданд.
Коргоҳи истеҳсолӣ аз зумраи иншооти ҷашнӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ маҳсуб ёфта, тавоноии он дар як рӯз ва дар як баст коркарди як тонна моҳӣ ва истеҳсоли беш аз 5000 қуттӣ консерваи моҳӣ мебошад.
Коргоҳ дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат ба хотири таъмини сохторҳои низомӣ ва бозори дохилӣ бо консерваи моҳӣ таъсис дода шуда, дар он дар ду баст 50 нафар сокини маҳаллӣ, ки аксариятро занону духтарон ташкил медиҳанд, бо ҷойи корӣ таъмин гардидаанд. Айни ҳол коргарон бо истифода аз захираи ашёи хом ва хатҳои муосири технологӣ консерваи моҳиро дар зарфҳои оҳании 200-грамма коркарду истеҳсол менамоянд.
Иншооти соҳаи саноат дар заминаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Таъминоти моҳӣ» аз ҶДММ Корпоратсияи «Моҳии тоҷик» дар ҳамкорӣ бо Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, дар роҳи расидан ба ҳадафҳои муҳими стратегӣ — саноатикунонии босуръати кишвар ва таъмини амнияти озуқаворӣ қадами устувор аст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми мазкурро дар самти қонеъ сохтани талаботи аҳолӣ бо ин намуди маҳсулоти парҳезӣ ва таъмини сохторҳои низомӣ муҳим арзёбӣ намуда, масъулонро вазифадор карданд, ки ба сифати маҳсулоти истеҳсолгардида диққати зиёд диҳанд.
Инчунин, дастур дода шуд, ки дар баробари зиёд намудани ҳаҷми истеҳоли консерваи моҳӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ аз ҳисоби занону духтарон, ҳамзамон, барои таъсиси сардхонаҳои замонавӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Дар вилояти Суғд барои афзоиши ҳаҷми коркарду истеҳсоли ин намуди маҳсулоти парҳезӣ захира ва имкониятҳои зиёд мавҷуданд. Дар ҳудуди вилоят ғайр аз Баҳри тоҷик, ҳамзамон, 5 хоҷагии моҳипарварии Корпоратсияи «Моҳии тоҷик» фаъолияти намунавӣ доранд, ки ҳамаи он дорои захираи намудҳои гуногуни моҳӣ мебошанд.
Тибқи иттилои масъулон, бештари маҳсулот барои коркард дар ин коргоҳ аз Баҳри тоҷик дастрас мегардад.
Ҳамасола кормандони Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Кумитаи ҳифзи муҳити зист аз Баҳри тоҷик аз 100 то 150 тонна моҳӣ сайд намуда, барои таъмини талаботи сохторҳои низомӣ дар сардхонаҳо захира менамоянд.
Дар саҳни коргоҳи навбунёд ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намудҳои гуногуни моҳии зинда, маҳсулоти аз моҳӣ ва гӯшти мурғ консервашуда намоиш дода шуд.
Феълан дар яхдонҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Таъминоти моҳӣ»-и Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори зарурӣ моҳии яхкардашуда, консерваи мурғ ва дигар намуди маҳсулот барои коркард ва таъмини талабот захира гардида, дар он 80 нафар кор мекунанд.
Корпоратсияи «Моҳии тоҷик» ҳамасола бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва имтиёзҳои пешбинишуда аз ҳисоби фаъолияти хоҷагиҳои моҳипарварии дар шаҳру ноҳияҳои вилоят мавҷудбуда беш аз 200 тонна моҳӣ истеҳсол менамояд ва дар оянда нақша дорад, ки ба ҳамин монанд боз ду коргоҳи дигари истеҳсоли консерваи моҳиро дар ноҳияҳои Ашти вилояти Суғд ва ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон бо таъсиси беш аз 45 ҷойи корӣ бунёд намояд.
-
10 — уми апрели соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд ба шаҳри Истаравшан ташриф оварда, нахуст аз коргоҳи дуредгарию кандакорӣ боздид карданд.
ҶДММ «Шамси Ориён», ки дар деҳоти «Зарҳалол»-и шаҳри Истаравшан ҷойгир аст, моҳи марти соли 2023 ба фаъолият оғоз кардааст.
Муассисони ҶДММ «Шамси Ориён» Солӣ Азизов ва Собир Азизов мебошанд. Дар ин ҷамъият барои аҳолӣ, мақомоти давлатию идорӣ ва дигар муассисаҳои хоҷагидорӣ маҳсули кори ҳунармандон, аз қабили дуредгарӣ, кандакорӣ, сохтани дару тиреза, кат ва ҳама гуна коркарди чӯбу тахта, пешниҳод мешавад.
Масоҳати коргоҳ 1950 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар коргоҳ дастгоҳҳои автоматии фрезерӣ, нуқтаҳои рангубор, буриши чӯбу тахта ва кандакорӣ мавҷуд аст. Айни ҳол 200 нафар усто дар коргоҳи кандакорӣ фаъолият доранд. Мутахассисон дар ин ҷо ба ҳайси шогирд қабул ва баъд аз омӯзонидан соҳиби ҳунари волои кандакории замонавӣ шудаанд.
Айни ҳол дар заминаи коргоҳ ба 20 нафар ҷавон ва 10 нафар бону касби ҳунармандӣ омӯзонда мешавад.
Ашёи хом дар коргоҳ аз Малайзия, Чин, Италия, Россия, Эрон, Олмон ва Туркия дастрас мешавад. Барои сохтану омода намудани сутунҳо, айвонҳо, чӯбдеворҳо ва дастранҷи дигари устоҳои коргоҳи мазкур аз дарахтони шумтол, булут, олаш, ҷалғӯза, зерфун, заранд ва чормағз истифода мебаранд. Баъзе намуди дарахтон, аз ҷумла чормағз, аз манотиқи гуногуни кишвар дастрас мешаванд.
Маҳсули кори устоҳои ҶДММ «Шамси Ориён» дар мисоли айвонҳою сутунҳои бо санъати баланд кандакоришуда писанди сокинону меҳмонон ва сайёҳон гардидааст. Аз ҷумла, ҳангоми баргузории чорабиниҳои бонуфузи сатҳи байналмилалӣ, ки дар Тоҷикистон баргузор мешаванд, сарони як қатор давлатҳои дунё ба зебоию шаҳомати санъати миллии кандакории тоҷикӣ ва заҳмату ҳунари корҳои анҷомдодаи усто Солӣ Азизов баҳои баланд додаанд. Ҷараёни сохтану коркарди сутунҳо, чӯбдеворҳо, қоби тиреза, дарвозаҳои хурду бузург ва дигар маҳсулоти омодашуда бо диди нозук ва ҳисси баланди зебоипарастии тасвирӣ омода шуда, рӯи тахтаҳо ҳаккокӣ мешаванд.
Зимни боздид Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муассиси ҶДММ «Шамси Ориён» суҳбат намуда, ба кори устоҳои коргоҳ баҳои баланд доданд.
Таъкид гардид, ки санъати кандакорӣ аз ҳунарҳои қадима ва зебои миллати тоҷик аст ва барои зинда нигоҳ доштан онро бояд тариқи омӯзондани шогирдон ба наслҳои оянда ба мерос гузорем.
Бунёди коргоҳи мазкур ва фаъолияти босамари он самараи фазои орому осудаи меҳан ва имтиёзҳои соҳавӣ буда, дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ба касбомӯзӣ фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, бунёди корхонаҳои хурду бузург ва дар ин замина ташкили ҷойҳои нави корӣ ба амал омадааст.
Таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва соҳибмаълумоту соҳибкасб гаштани аҳолии мамлакат, хусусан ҷавонон, зиёд буда, тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат барои дар амал татбиқ намудани ин ҳадафҳо самарабахш аст. Аз ҷумла, таи 10 соли охир қабули якчанд барномаҳои давлатӣ дар ин самт ва ҳамзамон, эълон доштани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» барои солҳои 2019-2021 аз зумраи тадбирҳои зикршуда аст.
Бо талошу ташаббусҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон робитаҳои дӯстию тиҷоратӣ ва транзитӣ бо давлатҳои дунё хуб ба роҳ монда шудааст. Ин аст, ки имрӯз барои харидорию дастрасии таҷҳизоти гуногун, аз ҷумла дастгоҳҳои корхонаҳои истеҳсолӣ аз давлатҳои хориҷӣ, имконот фарох буда, муассисони коргоҳу корхонаҳо ва соҳибкорони ватанӣ ҷиҳати харидорӣ ва расонидану мавриди истифода қарор додани дастгоҳҳою таҷҳизоти гуногун тадбирҳои муассир амалӣ менамоянд.
Ҷараёни кори устоҳои кандакор дониш, маҳорат ва завқи баландро тақозо мекунад, аз ҷумла раванди сохтани дарвозаҳои бузург ва ё тахтадеворҳо солҳоро дар бар гирифта, нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ дар семоҳаи якуми соли 2024 бештар аз 270 ҳазорро ташкил намуда, даромаднокӣ нисбат ба семоҳаи якуми соли 2023 ду маротиба афзудааст.
Корхона дар як сол бештар аз 1 миллион сомонӣ даромади соф ба даст меорад.
10-уми апрели соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои иловагии маркази саломатии №1-и шаҳри Истаравшанро мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти нави соҳаи тандурустӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳи муосир бунёд гардида, дорои 36 ҳуҷра ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити дар бинои навбунёд фароҳамгардида шинос шуда, таъкид карданд, ки бо истифода аз ин имкониятҳо кормандони соҳаи тандурустиро зарур аст, минбаъд дар самти дастрасии аҳолӣ ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ фаъолияташонро беҳтару хубтар ба роҳ монанд.
Дар ошёнаи якуми бинои иловагии маркази саломатӣ гӯшаи гиёҳдармонӣ, ҳуҷраҳои хатна, ҷарроҳӣ, ташхиси ултрасадо, узвҳои дарунӣ ва шуъбаи хизматрасониҳои тиббӣ ба кӯдакони дорои имконияташон маҳдуд, дар ошёнаи дуюм ҳуҷраҳои сабти барқии дил, табибони асабшинос, тарбодшинос, ғадудшинос, гӯшу гӯлу ва бинӣ, чашм ва саратоншинос, дар ошёнаи сеюм ҳуҷраҳои кории маъмурият ва толори маҷлис бо 130 ҷойи нишаст ва дар таҳхонаи бино бошад, шуъбаи физиотерапевтӣ-барқароркунии саломатӣ бо ҳуҷраҳои маҳси бадан, сӯзандармонӣ, табобати барқӣ ва толори варзиш ҷойгир шудааст.
Ҳуҷраҳои корӣ дар бинои навбунёд бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири ташхисию табобатӣ муҷаҳҳаз шудааст, ки бо истифода аз он табибону мутахассисони соҳа фаъолияти самарабахш анҷом медиҳанд.
Ҳоло дар маркази саломатии №1-и шаҳри Истаравшан 120 корманд, аз ҷумла 14 табиби оилавӣ, 21 ҳамшираи тибби оилавӣ, 20 ҳамшираи тиб ва 27 мутахассиси соҳавӣ, фаъолият намуда, дар минтақаи фарогир ба 32 ҳазор аҳолӣ хизматрасониҳои тиббию санитарӣ мерасонанд.
Ёдовар мешавем, ки бинои асосии маркази саломатии №1-и шаҳри Истаравшан ҳанӯз солҳои 1970 сохта шудааст. Бо назардошти зиёд шудани шумораи аҳолӣ ва норасоии ҳуҷраҳои кории табибони оилавӣ ва соҳавӣ зарурати бунёди бинои иловагӣ ба миён омад. Аз ин рӯ, соли 2019 бо фармоиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан корҳои сохтмонӣ дар бинои мазкур оғоз гардида, аз ҷониби бинокорони маҳаллӣ бо риояи талаботи замони муосир ба анҷом расонида шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи боз як бинои замонавии соҳаи тандурустиро туҳфаи арзишманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони заҳматпешаи шаҳри бостонии Истаравшан арзёбӣ намуда, масъулонро муваззаф карданд, ки дар фаъолияти касбӣ бо истифода аз имкониятҳои муосири хизматрасонии тиббию санитарӣ ҳифзи солимии аҳолиро дар мадди аввал гузоранд.
Муассисаи давлатии «Кумаки аввалияи тиббию санитарӣ»-и шаҳри Истаравшан дорои ду маркази саломатии шаҳрӣ ва 19 маркази саломатии деҳот бо 28 бунгоҳи тиббӣ, марказҳои солимии репродуктивӣ, иммунопрофилактикӣ, ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва шуъбаи барқароркунии саломатӣ мебошад, ки дар умум, ба 299 ҳазору 400 нафар аҳолӣ хизматрасониҳои тиббиро ба роҳ мондааст.
Дар идомаи сафари корӣ ба шаҳри Истаравшан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, бо ятимон вохӯрӣ намуда, ба онҳо туҳфаҳои арзишманд тақдим карданд.
Зимни суҳбати самимӣ бо ятимон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуданд, ки дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ва ғамхории пайваста ба ятимону бепарасторон, оилаҳои ниёзманд, шахсони имконияташон маҳдуд фароҳам намудани шароити зарурӣ барои ин табақаҳои аҳолӣ мавқеи меҳварӣ дорад.
Ба ятимон, ки бо амри тақдир аз навозиши падар ё модар маҳрум мондаанд, дастархони идона ороста шуда, туҳфаҳои молию пулӣ, либоси мактабӣ ва шириниҳо тақдим карда шуд. Ятимон ҳангоми суҳбат ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори хушҳолӣ барои ғамхориҳои пайвастаашон миннатдории самимӣ баён намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ятимонро ба таҳсили хубу аъло, омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар, хусусан аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва кор бо техникаю технологияи муосир, ҳидоят намуда, таъкид карданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ ятимону бепарасторон, маъюбон ва оилаҳои эҳтиёҷманди ҷомеаро танҳо намегузорад, дар ҳаққи онҳо пайваста ғамхорӣ намуда, тарбия ва ба ҳаёти мустақилона гусел менамояд.
Ҳоло дар шаҳри Истаравшан 116 нафар ятим ба қайд гирифта шудаанд, ки 21 нафарашон ятими кулли ноболиғ мебошанд.
Дар партави дастгирӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ятимону бепарасторон ва табақаи ниёзманди ҷомеа худро ҳаргиз танҳо эҳсос накарда, бо шукргузорӣ аз истиқлолияти давлатӣ дар фазои орому осудаи кишвар дар мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ таҳти сарпарастии Пешвои раиятпарвари миллат таҳсили илм карда, барои соҳибкасб шудан ва бунёди зиндагии ободу осуда талош меварзанд.
10-уми апрели соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропилении Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нур-пак»-ро ба кор дароварданд.
Корхонаи нави саноатӣ дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар бо саҳми бародарони соҳибкор аз оилаи Мусоевҳо бунёд гардидааст.
Дар корхона 2 хати муосири технологӣ, ки аз кишварҳои пешрафта ворид гардидааст, бо ҷалби мутахассисони ватанӣ васлу насб шуда, 10 намуд халтаи полипропилении гуногунҳаҷм бо ғунҷоиши аз 5 то 70 килограмм истеҳсол карда мешавад.
Маҳсулоти истеҳсолии корхона ивазкунандаи воридот буда, дар дохили кишвар ба роҳ мондани он нисбат ба воридот аз хориҷи кишвар 20 маротиба бартарӣ дорад. Ҳоло шумораи кормандон 30 нафарро дар бар гирифта, соҳибкор уҳдадор шуд, ки то Ҷашни байналмилалии Наврӯз ин шумораро ба 100 нафар мерасонад, ки 80 фисади онҳоро занону бонувон ташкил менамоянд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол аз 4 то 6 миллион дона халтаҳои полипропилении гуногунҳаҷм мебошад.
Номгӯи маҳсулоти истеҳсолшаванда аз лиҳози намуд ва сифат ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, дар баробари пешниҳод ба бозорҳои дохилӣ ба хориҷи мамлакат низ содирот карда мешавад.
Корхонаи мазкур дар масоҳати умумии 2 ҳазору 500 метри мураббаъ бо сатҳу сифати баланд сохта шуда, халтаҳои полипропилении истеҳсоли ин корхона сифати баланд дошта, барои захираи ғалладона, картошка, пиёз ва дигар навъи маҳсулоти кишоварзӣ пешбинӣ шудааст.
Ҳадаф аз таъсиси корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ тақвияти иқтидори саноатии вилояти Суғд ва таъмини бозорҳои кишвар бо маҳсулоти ватанӣ арзёбӣ мегардад. Корхонаи мазкур дорои ошхона барои 30 нафар, ҳуҷраи либосивазкунӣ ва дигар ҳуҷраҳои корӣ мебошад, ки ҳамаи онҳо бо мизу курсӣ ва дигар шароити мусоид муҷаҳҳаз мебошанд.
Дар ҳамон ҷо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи маҳсулоти истеҳсолии ин ва дигар корхонаҳои саноатии шаҳри Истаравшан муаррифӣ карда шуд.
Тибқи иттилои масъулон, айни замон дар шаҳри Истаравшан 95 корхонаи хурду бузурги саноатӣ фаъолият менамояд, ки дар онҳо солона беш аз як миллиард сомонӣ маҳсулоти гуногуни рақобатпазири бозори ҷаҳонӣ истеҳсол мешавад.
Шумораи сокинони бокортаъмингардида дар корхонаҳои саноатии шаҳр беш аз 1 ҳазору 800 нафарро ташкил менамоянд. Қисми зиёди маҳсулоти истеҳсолии корхонаҳои саноатии шаҳр ба хориҷ аз кишвар содирот мегардад
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати маҳсулоти истеҳсолии корхонаи навбунёди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нур — пак» баҳои баланд доданд. Ҳамчунин, ба соҳибкорону кормандон ҷиҳати афзун гардонидани ҳаҷми истеҳсолу содироти маҳсулоти ватанӣ ба хориҷи кишвар маслиҳатҳои муфид дода шуд.
10-уми апрели соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Равғангарони шаҳри Истаравшан бинои нави маъмурии Ҷамоати деҳоти «Гули сурх»-ро мавриди истифода қарор доданд.
Иншоот аз таҳхона ва ду ошёна иборат буда, бо тарҳу сохти меъмории муосири шаҳрсозӣ бунёд ёфтааст ва масоҳати умумии замини он 0,21 гектарро дар бар мегирад.
Бинои нави маъмурии Ҷамоати деҳоти «Гули сурх» дорои 15 ҳуҷраи барҳавои корӣ, толорҳои маҷлисию ақди никоҳ, ошхона, китобхона ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.
Иншоот дар идомаи татбиқи сиёсати созандаи роҳбарияти олии кишвар бо маблағгузории соҳибкорони ватандӯст ва ҷалби сокинони маҳаллӣ ба тариқи ҳашар дар асоси тавсияю маслиҳати мутахассисон сохта шудааст.
Тамоми ҳуҷраҳои кории кормандон бо таҷҳизоту технологияи муосир, мизу курсӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан таъмин карда шуда, дорои шароити хуби фаъолияту хизматрасонӣ мебошанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида барои кормандони мақомоти худидоракунии маҳал дар бинои нав ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонӣ ба масъулон супоришҳои мушаххас доданд.
Бинои нави маъмурӣ аз зумраи татбиқи бандҳои нақша-чорабинии Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳоти «Гули сурх» мебошад.
Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти «Гули сурх»-и шаҳри Истаравшан ба истиқболи ин ҷашни бузургу фархундаи миллӣ бунёду таъмир ва навсозии беш аз 100 иншоот дар самту соҳаҳои гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки аллакай 54 адади онро мавриди баҳрабардорӣ қарор додаанд.
Атрофи иншоот дар идомаи татбиқи ҳадафҳои созанда ободу зебо карда шуда, шабона чароғҳои гуногун дар 13 сутунпоя равшанамоии мавзеъро таъмин менамояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати самимӣ бо кормандони Ҷамоати деҳоти «Гули сурх»-и шаҳри Истаравшан ифтитоҳи бинои нави маъмуриро туҳфаи арзишманд барояшон номида, онҳоро барои беҳтар намудани сифати кору хизматрасонӣ, баррасии саривақтии муроҷиатҳои сокинон, саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати кишвар ва иҷрои босамари барномаҳои гуногуни давлатӣ ҳидоят намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Гули сурх аз калонтарин ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Истаравшан буда, дорои 17 деҳа ва зиёда аз 50 ҳазор нафар аҳолӣ мебошад.
10-уми апрели соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Равғангарони шаҳри Истаравшан, ҳамчунин, бинои Гурӯҳи «Гули сурх»-и шуъбаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд)-ро мавриди истифода қарор доданд.
Иншоот дар асоси дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи татбиқи сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати кишвар бо мақсади фароҳам овардани шароити хуби кору фаъолият барои кормандони ин соҳа дар шаҳри Истаравшан сохта шудааст.
Фармоишгари бунёди иншоот Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан буда, он дар доираи омодагиҳо ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст.
Бинои хизматии Гурӯҳи «Гули сурх»-и шуъбаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд) дар асоси талаботи имрӯза бо таҷҳизоти муосири назоратӣ таъмин мебошад.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити муҳайёгардида дар ин бино ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, кормандонро барои кору фаъолият ва хизмати содиқонаю софдилона ба нафъи давлату миллат ҳидоят намуданд.
10-уми апрели соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Равғангарони деҳоти «Гули сурх»-и шаҳри Истаравшан бинои муассисаи томактабии ширхоргоҳ-кӯдакистони №8-ро ифтитоҳ намуда, бо шароити фароҳамшуда дар он шинос шуданд.
Муассисаи томактабии «Табассум» ба истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони саховатпешаи деҳа ба тариқи ҳашар сохта шуда, барои ба ғамхорӣ фаро гирифтани 140 кӯдак пешбинӣ шудааст.
Дар кӯдакистон 5 гурӯҳ амал намуда, ба кӯдакон 22 нафар мураббияи ботаҷриба бо ташкили машғулиятҳои ҷолибу шавқовар тарбия медиҳанд. Дар боғчаи бачагон машғулиятҳо бо забони давлатӣ ва русию англисӣ ба роҳ монда шудааст.
Ҳуҷраҳои барҳавои машғулиятгузаронӣ ва истироҳатии тарбиятгирандагон бо рахтҳои хоб, ҷевон, мизу курсӣ ва бозичаҳои гуногун муҷаҳҳаз буда, бо завқу салиқаи баланди эстетикӣ ба дунёи рангини кӯдакон мувофиқ оро дода шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбиятгирандагони муассисаи томактабӣ туҳфа тақдим намуда, таъсиси кӯдакистонро дар тарбияи насли солиму худшинос ва ватандӯст муассир арзёбӣ карданд.
Иқдоми дастҷамъонаи сокинони ташаббускори деҳа ҷиҳати бунёди боғчаи бачагон, ки барои фардои босаодати насли ояндасоз муҳим мебошад, намунаи ибрат номида шуд, зеро қаблан дар деҳаи Равғангарон муассисаи таҳсилоти томактабӣ мавҷуд набуд ва сокинон фарзандонро ба шаҳр ва деҳоти дигари Истаравшан мебурданд. Бо қомат афрохтани бинои кӯдакистон мушкили чандсолаи сокинони деҳа бартараф гардид.
Дар ҳудуди муассисаи навбунёди таҳсилоти томактабӣ суҳбаткадаҳо, майдончаҳои бозӣ ва ҳавзи шиноварӣ сохта шуда, барои фароғату истироҳати хуши тарбиятгирандагон шароити арзанда фароҳам оварда шудааст.
Тибқи иттилои масъулон ҳоло дар ҳудуди шаҳри бостонии Истаравшан 15 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо фарогирии беш аз як ҳазору 900 нафар тарбиятгиранда мавҷуд аст, ки аз ин шумора 6 адад кӯдакистони хусусӣ мебошад. Инчунин, барои омодагӣ ба мактаб 1 ҳазору 280 нафар кӯдак ба марказҳои инкишофи кӯдакон дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷалб мегарданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан, инчунин, бо пардабардорӣ аз муҷассамаи бунёдгузори давлати тоҷикон шоҳ Исмоили Сомонӣ Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Исмоили Сомониро ифтитоҳ намуданд.
Ин макони истироҳату фароғат дар заминаи дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади фароҳам овардани шароити лозима барои сайругашт ва истироҳати сокинон ва машғулиятҳо ба кӯдакону наврасон дар масоҳати 2,4 гектар замин ба маблағи 4,5 миллион сомонӣ бо назардошти талаботи муосир ва санъати баланди меъморӣ бунёд шуда, ба маркази шаҳри Истаравшан зебоии дигар бахшид.
Корҳои сохтмонӣ соли 2023 бо фармоиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан оғоз ёфта, аз ҷониби бинокорони Ташкилоти ҷамъиятии клуби «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар давоми 2 сол сохта шуда, дар рафти корҳои сохтмонӣ 100 нафар сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардиданд.
Тибқи нақшаи генералӣ, дар ҳудуди боғ муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ гузошта шудааст, ки баландии он 12 метр мебошад.
Барои истироҳату фароғати хушу хотирмони сокинон ва меҳмонону сайёҳон роҳравҳои васеъ, гулгаштҳои зебо, нишастгоҳҳо, суҳбаткадаҳо ва барои дӯстдорони варзишу тарбияи ҷисмонӣ ва машғулияти кӯдакон ҷойҳои махсус ташкил ва таҷҳизоти варзиш насб шудааст, ки макони истироҳату бозии кӯдакон, машқу тамрини наврасону ҷавонон ва солимгардонию тарбияи бадан барои сокинон мебошад. Дар шомгоҳон намои боғи фарҳангию фароғатӣ хеле зебою дилрабо гардида, 70 сутунпоя бо дастгоҳҳои равшанидиҳанда ва чароғакҳои гуногунранг ба ҳудуди иншоот ҳусни дигар зам мекунанд.
Гирду атрофи боғи фарҳангӣ панҷарабандӣ гардида, дарвозаи даромадгоҳи он низ бо санъати баланди меъморӣ оро ёфтааст. Дар мавзеъҳои гуногуни боғи фарҳангӣ 1000 бех дарахтони сояафкану ҳамешасабз ва гулҳои бешумори мавсимӣ шинонида шуда, масоҳати пурраи замин майсазор карда шудааст. Дарахтон ва гулу буттаҳо ба таври қатрагӣ обрасонӣ шуда, роҳравҳои боғи нав бо санъати баланди меъморӣ сафолакпӯш гардидааст.
Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Исмоили Сомонӣ дар шаҳри Истаравшанро ҷойи истироҳату фароғат ва нишонаи арҷу эҳтиром ба давлатдории тоҷикон маънидод кардан мумкин аст. Сокинони шаҳри Истаравшан бунёди чунин макони зебои фарҳангию фароғатиро боз як иқдоми созанда ва шаҳодати вусъати бунёдкориҳо дар Тоҷикистони соҳибистиқлол, шарофати сулҳу суботи ҷомеа ва ҳадафҳои созанда арзёбӣ намуданд.
Дар идомаи сафари корӣ ба шаҳри Истаравшан ва ифтитоҳи Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Исмоили Сомонӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии ҳунармандону сокинони шаҳри Истаравшан низ боздид намуданд.
Намоишгоҳи сокинон, ҳунармандони шаҳри Истаравшан дар ду растаи алоҳида ва 20 хайма ташкил ёфта, дар он тарзи омода сохтани нону таомҳои миллӣ, тайёр кардани шириниҳо ва ҳамзамон, ҳунарҳои қадимӣ: ашёи рӯзгор, гулдӯзию зардӯзӣ ва дигар номгӯи ҳунарҳо нишон дода шуд.
Дар шаҳри Истаравшан 160 номгӯи ҳунарҳои мардумӣ мавҷуданд, ки алҳол аз рӯи 105 касбу ҳунари мардумӣ маҳсулот омода мегардад. Ба намоишгоҳ санъат ва ҳунарҳои бостонии наққошӣ, кундалкашӣ, кандакорӣ, сохтани армуғонҳо аз чӯб, созтарошӣ, сандуқсозӣ, мисгарӣ, оҳангарӣ, кордсозӣ, чармгарӣ, кулолгарӣ, заргарӣ, шонагар, аҷубасозӣ, рассомӣ, гулдӯзӣ, зардӯзӣ, тоқидӯзӣ, читгарӣ, кашидадӯзӣ, адрасу атласбофӣ, қолинбофӣ, либосҳои миллии тоҷикӣ, ки маҳсули дасти ҳунармандони чирадаст мебошад, зебу зинат бахшидаанд.
Ҳамзамон, дар гӯшаҳои алоҳидаи Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Исмоили Сомонӣ аз ҷониби ҳунармандон дар дегҳои алоҳида тарзи тайёр кардани набот, парварда, нишолло, ҳалвопазӣ, шириниҳои гуногун, нонпазӣ, фатиру қалама, самбӯса, усули хушксозии мавиз ва дигар ҳунарҳои мардумӣ нишон дода шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳунармандони шаҳри Истаравшан суҳбати самимӣ доир карда, таваҷҷуҳи аҳли ҳунарро ба ҳар чӣ бештар кор фармудани тахайюли эҷодӣ дар омодасозии ашё, равнақи ҳунар, омодасозии шогирдон ҷалб намуданд. Таъкид гардид, ки ҳунарҳои қадимаи ба талаботи замони имрӯза мувофиқ дар замони рушди илму техника ва истеҳсолот ҳамоно моҳияти хешро нигоҳ дошта, талабот ба он зиёд аст.
Гузаштагони мо аз замонҳои хеле қадим ба ҳунармандӣ ва косибӣ шуғл дошта, дар тӯли асрҳои зиёд ҷиҳати эҷоди садҳо навъи ҳунар роҳ кушоданд. Дар замони имрӯз низ ҳунари дастӣ, ки бо завқу салиқаи баланд омода мешавад, таваҷҷуҳи сайёҳон ба армуғонҳо бештар буда, маҳсули кори ҳунармандон дар баробари муаррифии ҳунару фарҳанги миллӣ воситаи даромад ба ҳар шахси соҳибҳунар мегардад.
Шаҳри Истаравшан аз нигоҳи ҷуғрофӣ дар минтақаи Роҳи бузурги абрешим ҷойгир буда, ҳамчун шаҳри ҳунармандон аз қаъри асрҳо маъруф аст ва 160 номгӯи ҳунару ҳунармандӣ он ҷо мавҷуд мебошад. Бояд ёдовар шуд, ки як давра таваҷҷуҳ ба касбу ҳунарҳои қадимӣ кам гардид ва баъди соҳибистиқлолии кишвар бо таваҷҷуҳ ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул ва татбиқи «Барномаи давлатии рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», таъсиси грантҳои давлатӣ, бунёди бинои таълимии Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Истаравшан ва ҷалби ҷавонон ба омӯзиши касбу ҳунарҳои мардумӣ аз нав эҳёву рушд ёфтанд ва имрӯза намоиши ҳунармандӣ ва пешниҳоди садҳо намунаи маҳсули ҳунару маҳорат бозгӯи ҳунари асили тоҷикон аст.
10-уми апрели соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бинои навбунёди қасри фарҳанги шаҳри Истаравшанро ифтитоҳ намуданд.
Қасри фарҳанг дар масоҳати 5 садяк замин бунёд шуда, майдони сохтмони зери бино 1 ҳазору 800 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Иншоот бо фармоиши идораи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз тарафи ҶДММ «КСМ — 2020» бунёд шудааст.
Дар бинои қасри фарҳанги шаҳри Истаравшан 30 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд. Барои иҷрои корҳои сохтмонӣ 150 бинокори маҳаллӣ ҷалб гардиданд. Он аз таҳхона ва ду ошёна иборат буда, дар таҳхонаи барои ансамблҳои рақсӣ, шашмақомсароён ва гурӯҳҳои эстрадию фолклорӣ имконияти беҳтарин фароҳам мебошад.
Дар ошёнаи якум толори кушоду барҳавои консертӣ бо 1000 ҷойи нишаст, нуқтаи назорати бехатарӣ ҷой дода шуда, ошёнаи дуюм аз ҳуҷраҳои корӣ ва китобхона иборат аст.
Қасри фарҳанг бо услуби хоси меъмории миллӣ сохта шуда, дохили он бо ҷалби сохтмончиён моҳирона гаҷкорӣ шудааст, ки диққатҷалбкунанда ба назар мерасад. Намои берунии он ба зебоии шаҳр ҳусни тоза зам намудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароити мавҷуда ва суҳбат бо кормандону мутахассисони соҳа таъкид доштанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи фарҳанг таваҷҷуҳи хоса равона намуда, барои ҷалби ҷавонони лаёқатманд ба ҳунару ҳунармандӣ тадбирҳои муҳимро пайваста амалӣ менамояд.
Бинои мазкур, маҳз бо дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра аз нав сохта шуд.
Дар саҳни иншооти соҳаи фарҳанг ниҳолҳои ороишии ҳамешасабз ва гулҳои рангоранги мавсимӣ шинонида шудааст.
Дар ҳамон ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли ҳунар 30 номгӯи сози мусиқӣ тақдим намуданд, ки онҳо барои рушди соҳа нақши муҳим мебозанд.
Чунин бинои зебою муҳташам бо ҳуҷраҳои кории муосир орзуи деринаи аҳли фарҳанги шаҳри Истаравшан буд.
Ҳамчун рамзи эҳтиром ва миннатдории самимӣ ба таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи фарҳанг, аҳли ҳунари шаҳр дар толори бошукӯҳи тозабунёди қасри фарҳанги шаҳри Истаравшан барномаи ҷолибу рангин пешниҳод карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба барномаи фарҳангии аҳли ҳунар, ки таҷассумгари дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, ваҳдату якдилӣ ва пешрафту шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол буд, баҳои баланд доданд.
10-уми апрели соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир карданд.
Дар кори машварат натиҷаҳои фаъолияти бахшҳои муҳими иқтисодии вилоят дар се моҳи соли 2024, рафти иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи барномаҳои давлатӣ, амалисозии ҳадафҳои стратегии мамлакат ва ҷараёни корҳои созандагию ободонӣ ба ифтихори ҷашни миллӣ — 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, вазифаҳо барои давраи оянда муайяну мушаххас гардид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари навбатии кориро ба як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят натиҷагирӣ карда, оид ба нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд ва вазъи зудтағйирёбандаю мураккаби ҷомеаи ҷаҳонӣ андешаронӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки вазъияти ҷаҳони муосир ҳар яки моро водор менамояд, ки аз ҳарвақта дида бештар кору фаъолият намоем ва барои пешгирӣ кардани таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллӣ тамоми захираю имкониятҳоро истифода барем.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки тағйирёбии иқлим ва таъсири манфии он ба иқтисодиёти кишвари мо, пеш аз ҳама, ба соҳаҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ идома дошта, илова бар ин, шиддат гирифтани низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни дунё низоми муносибатҳои иқтисоди ҷаҳонӣ, аз ҷумла иқтисоди миллии моро таҳти таъсир қарор дода истодааст.
Бинобар ин, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур шумурданд, ки мардум бо истифода аз табиати мусоиди кишвар тамоми захираю имкониятҳоро барои таъмини амнияти озуқавории мамлакат сафарбар созанд ва истифодаи самараноки онҳо, хусусан, обу заминро таъмин намоянд.
Вилояти Суғд дар таъмини бозори истеъмолии мамлакат ва дастрасӣ ба ғизои хушсифат нақши муҳим дошта, ҳиссаи он дар ҳаҷми умумии маҳсулоти растанипарварии кишвар қариб 30 фоиз ва маҳсулоти чорводорӣ 28,7 фоизро ташкил медиҳад.
Баъди таҳлили вазъи соҳаи кишоварзӣ дар вилояти Суғд ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо, аз ҷумла коҳишёбии ҳосилнокии як қатор зироатҳои кишоварзӣ ва боғҳо, Сарвари давлат ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва масъулини соҳа дастуру супоришҳо доданд.
Президенти мамлакат хотирнишон намуданд, ки солҳои охир бинобар омилҳои пешгӯинашаванда, бахусус тағйирёбии бесобиқаи иқлим ва оқибатҳои ногувори он — камобию хушксолӣ, инчунин, болоравии нархи маҳсулоти озуқа, таъминоти аҳолӣ бо маҳсулоти хӯрокворӣ торафт мушкил гардида истодааст.
«Чунин ҳолат моро водор месозад, ки дар ҳамаи сатҳҳо, аз ҳар як оила сар карда, то муассисаҳои иҷтимоӣ ва хоҷагию корхонаҳои истеҳсолию хизматрасонӣ сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем», — таъкид карданд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Тибқи мушоҳидаю таҳлилҳо соли 2024 ҷомеаи ҷаҳонӣ аз нигоҳи таъминот бо маҳсулоти хӯрокворӣ нисбат ба солҳои гузашта бо вазъияти боз ҳам мушкилу вазнинтар рӯ ба рӯ мегардад. Имрӯз сокинони беш аз 90 кишвари дунё аз мушкилоти қаҳтию гуруснагӣ азият мекашанд.
Бо дарназардошти ин омилҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он, тамоми хизматчиёни давлатӣ, фаъолон ва умуман, аҳли ҷомеаро вазифадор карданд, ки дар ҳамкорӣ бо хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ ҷиҳати иҷрои дурнамои кишти зироатҳо, истифодаи самараноки об ва ҳар як ваҷаб замин чораҷӯӣ намоянд.
Президенти мамлакат зиёд намудани майдони кишт, гузаронидани кишти такрорӣ ва бо ҳамин роҳ таъмин намудани рушди бемайлони истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро барои таъмини бозори истеъмолии кишвар, соҳаи саноат бо ашёи хом ва афзоиши содироти маҳсулот аз масъалаҳои муҳимтарин дар самти ҳалли ин мушкилот номиданд.
Ба Вазорати кишоварзӣ, роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дода шуд, ки ҷиҳати тезонидани суръати кишти баҳории зироатҳо, сари вақт ба анҷом расонидани он ва иҷрои нақшаи кишти такрорӣ тадбирҳои иловагӣ андешида, масъалаи таъмин намудани хоҷагиҳоро бо тухмии аълосифати картошкаю сабзавот ва дигар намуди зироатҳо зери назорати қатъӣ қарор диҳанд.
Соли 2023 аз сабаби мушкилоти пойгоҳҳои обкашӣ ва норасоии обёрии заминҳо дар бахши хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонии вилояти Суғд кишти пахта нисбат ба соли 2022-юм 9 ҳазор гектар ва кишти картошка 2,3 ҳазор гектар таъмин нагардид. Аз ин лиҳоз, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он якҷо бо Вазорати кишоварзӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва дигар вазорату идораҳо вазифадор гардиданд, ки барои ислоҳи камбудиҳои соли сипаригардида чораҷӯӣ намоянд.
Ҳамчунин, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дода шуд, ки ҷиҳати оқилонаю самаранок истифода гардидани заминҳои президентию наздиҳавлигӣ, гузаронидани кишти такрорӣ, захира намудани маҳсулоти хӯрокворӣ ва омодагии ҳамаҷониба барои давраи тирамоҳу зимистон корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ васеъ ба роҳ монанд.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки тайи ду — се соли охир дар вилоят сохтори кишти зироатҳо риоя нагардида, дар заминҳои обӣ тамоюли зиёд кишт гардидани гандум ва юнучқа ба назар мерасад. Аз ин рӯ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор шуданд, ки бо мақсади таъмини бозори истеъмолии кишвар бо маҳсулоти ғизоӣ кишти зироатҳои баҳориро сари вақт ва бо сифати баланд анҷом дода, риояи таркиби сохтори кишт ва иҷрои нишондиҳандаҳои дурнаморо таъмин намоянд.
Ҳамчунин, роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он аз Сарвари давлат супориш гирифтанд, ки ҷиҳати пешгирӣ кардани ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории замин тадбирҳои қатъӣ андешанд.
Бо мақсади ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии кишвар дар вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ амалӣ шуда истодаанд. Аз ҷумла, дар доираи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят барои солҳои 2021 – 2025» 237 лоиҳа ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст ва то имрӯз дар доираи 57 лоиҳа корҳо ба маблағи 6,6 миллиард сомонӣ ба анҷом расонида шудаанд.
Иҷрои барнома дар самти аз худ намудани маблағҳо бо дарназардошти имкониятҳои вилоят ва кам мондани муҳлати татбиқи барнома қонеъкунанда нест. Бо дарназардошти ин вазъ Сарвари давлат ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он супориш доданд, ки ҷиҳати самаранок ва босифат татбиқ намудани барномаҳои қабулгардида ҳамкориро бо вазорату идораҳо, шарикони рушд ва соҳибкорону сармоягузорон таҳким бахшида, иҷрои саривақтии онҳоро таъмин намоянд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он, ҳамчунин, вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати сари вақт ва пурра ҷамъоварӣ намудани андозҳо, иҷрои босифати нақшаи онҳо, кам кардани бақияпулии андозҳо ва роҳ надодан ба қарздории музди меҳнат мунтазам чораҷӯӣ намоянд.
Зимни таҳлили вазъи соҳаи саноат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба 6,1 миллиард сомонӣ расида, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2023-юм ҳамагӣ 6 фоиз зиёд шудааст, ки ба ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар мутобиқ нест.
Суръати рушди нишондиҳандаи мазкур дар ин давра 4,1 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст. Боиси нигаронист, ки дар ин давра дар ҳудуди вилоят 29 корхонаи саноатӣ аз фаъолият бозмондааст. Ҳамчунин, дар ин давра дар вилоят 20 корхонаи саноатӣ барҳам хӯрдааст. Таъкид гардид, ки имкониятҳои истифоданашудаи вилоят дар самти рушди саноат, махсусан саноати истихроҷ ва коркард, ниҳоят зиёданд.
Ҷиҳати пурра истифода намудани онҳо ташаббускории роҳбарону масъулони вилоят, шаҳру ноҳияҳои он, вазорату идораҳои соҳавӣ, ҷалби сармояи мустақими ватанию хориҷӣ ва воридоти технологияҳои пешқадам зарур шумурда шуд.
Ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дода шуд, ки якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав сабабҳои барҳам хӯрдани корхонаҳои саноатӣ ва таъмин нагардидани рушди истеҳсоли маҳсулот дар корхонаҳои азими саноатиро ҳамаҷониба омӯхта бароянд.
Пешвои миллат зарур шумурданд, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа, ташкили корхонаҳои нави истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав ва зиёд намудани суръати рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, бахусус дар соҳаҳои коркард, чораҳои мушаххас андешида шаванд.
Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор шуданд, ки барои бо иқтидори пурра фаъолият намудани корхонаҳои истихроҷ, истифодаи самараноки конҳои маъдан ва то маҳсулоти тайёр коркард намудани маъдан чораҳои қатъӣ андешанд.
«Тавассути афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, хусусан молҳои ивазкунандаи воридот, мо метавонем бозори дохилиро бо маҳсулоти хушсифат ва безарар таъмин намуда, пеши роҳи воридоти ҳар гуна маҳсулоти пастсифат ва зараровари хориҷиро гирем», — изҳор доштанд Сарвари давлат.
Бо дарназардошти чунин вазъ, вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, Хадамоти гумрук, роҳбарияти вилояти Суғд, шаҳру ноҳияҳо ва дигар мақомоти дахлдор вазифадор карда шуданд, ки барои вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва кам кардани воридоти он чораҷӯӣ намоянд.
Таъкид гардид, ки дар ин раванд, ба масъалаи ҷалби ҳар чӣ бештари сармояи дохилию хориҷӣ, воридоти технологияҳои нав ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти босифати рақобатнок бояд диққати аввалиндараҷа дода шавад.
Дар соли 2023 ба вилояти Суғд беш аз 6 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба соли 2022-юм 32,8 фоиз кам мебошад. Воридоти сармояи мустақим дар ин давра 71,3 фоиз коҳиш ёфтааст.
Роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор шуданд, ки ҷалби сармояи мустақими хориҷиро боз ҳам тақвият бахшида, имкониятҳои сармоягузории вилоятро ҳар чӣ бештар муаррифӣ намоянд ва барои фаъолияти сармоягузорон шароити мусоид фароҳам оваранд.
Ҳамчунин, ба роҳбарияти вилоят, шаҳру ноҳияҳои он ва Вазорати маориф ва илм супориш дода шуд, ки ҷиҳати ҳалли як қатор мушкилоти дар муассисаҳои таълимӣ ва умуман, соҳаи маориф ҷойдошта чораҳои иловагӣ андешанд. Зарур шумурда шуд, ки дар ин самт ҳамкориро бо шарикони рушд ва бахши хусусӣ вусъат бахшида, ҷиҳати ҷалби сармоя барои бунёди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, аз ҷумла ташкили муассисаҳои хусусӣ, чораҳои зарурӣ роҳандозӣ карда шаванд.
Соли 2024 дар вилоят бунёду азнавсозии 132 муассисаи соҳаи тандурустӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, 27 маркази саломатӣ дар шаҳру ноҳияҳо, марказҳои саломатии деҳот, бунгоҳҳои саломатӣ, беморхонаҳо ва дигар муассисаҳои тандурустӣ сохта ба истифода дода мешаванд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он якҷо бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро вазифадор карданд, ки доир ба бартараф намудани норасоии табибон ва кормандони миёнаи тиб дар муассисаҳои тандурустӣ, фароҳам сохтани шароити хуби корӣ барои кормандон ва рафъи дигар камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Президенти мамлакат ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он, вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, фарҳанг ва Кумитаи рушди сайёҳӣ супориш доданд, ки ҷиҳати рушди ҳунарҳои мардумӣ, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандӣ ва муаррифии он дар чорабиниҳои дохилӣ ва байналмилалӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.
Ҷиҳати самаранок ба роҳ мондани фаъолият дар самти сайёҳӣ ва назорати корҳои ободонию бунёдкорӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур шумурданд, ки ба масъалаи ободу сабзкории шаҳру ноҳияҳо, тозаю озода нигоҳ доштани ҳар як хонаю кӯча ва маҳали зисти аҳолӣ, ташкили иншооти сайёҳӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, ҳунармандӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ эътибори боз ҳам бештар дода шавад.
Илова бар ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор шуданд, ки ҷиҳати кабудизоркунии шафати роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, ниҳолшинонӣ ва васеъ намудани майдони дарахтони сояафкану мевадиҳанда чораҳои амалиро ба роҳ монанд.
Бо мақсади истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар вилояти Суғд бунёду барқарорсозии 12 ҳазор иншооти таъйиноти истеҳсолию иҷтимоӣ ба нақша гирифта шудааст.
Аз аввали амалишавии нақшаи чорабиниҳо то ба имрӯз зиёда аз 5,5 ҳазор иншоот бунёду азнавсозӣ ва мавриди истифодабарӣ қарор дода шудааст, ки беш аз 46 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он супориш доданд, ки ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва босифати нақшаҳои пешбинигардида, инчунин, риояи меъёрҳои қабулшудаи сохтмон ва санъати баланди меъморӣ чораҳои мушаххас андешанд.
Таъкид гардид, ки вазъи риояи меъёрҳои динию мазҳабӣ, мафкуравию эътиқодӣ ва иҷрои талаботи қонунгузорӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар вилояти Суғд ташвишовар мебошад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, ки 9-уми марти соли равон баргузор гардид, дар назди роҳбарияти вилоят ва фаъолон вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Роҳбарону фаъолон дар баробари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои пешгирӣ кардани қонуншиканию ҷинояткорӣ ва дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани вазъи ҷомеа масъулу ҷавобгар шумурда шуданд. Сарвари давлат таъкид намуданд, ки дар ин масъалаҳо ба муросокорӣ, дурӯягӣ ва фориғболӣ набояд роҳ дода шавад.
Инчунин, ба ободкорию созандагӣ, бунёди иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ, ҳар чӣ бештар таъсис додани ҷойҳои нави корӣ барои ҳамдиёрон ва бо ҳамин роҳ паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ сафарбар кардани мардум, аз ҷумла соҳибкорон, низ масъулин вазифадор шуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотирнишон карданд, ки соли ҷорӣ барои кишвари мо соли таърихӣ — 30-солагии қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҳисоб меравад ва мо бояд ин санаи муҳими таърихиро бо дастовардҳои арзанда истиқбол намоем.
Дар ин раванд, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии мардум ва ба онҳо фаҳмонидани зарурати зиндагию кор кардан танҳо дар доираи қонун вазифаи муҳими роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дигар роҳбарону фаъолон ва аҳли зиё дониста шуд.
Дар фароварди суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур шумурданд, ки ҳар рӯз ба хотири вусъат бахшидани раванди ободонии Ватан ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самаранок истифода шавад.
Баъдан, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят ва як қатор масъулини сохторҳои ҷумҳуриявӣ ҳисобот доданд.
11-уми апрели соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба минтақаи таълимӣ-таҷрибавии «Палос»-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, дар бунёди боғи интенсивии зардолу, гелос ва токи ҳавозавӣ иштирок карданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шинонидани ниҳоли ток дар минтақаи таълимӣ-таҷрибавии «Палос» ба ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров комёбиҳо таманно карданд.
Ҳамчунин, дар ҳамон ҷо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон техникаю мошинолоти наву замонавӣ, ки барои коркарди байни қаторҳои боғу токзор пешбинӣ гардидааст, муаррифӣ карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар асоси дастуру супоришҳои Роҳбари давлат қаблан ба хоҷагиҳои эҳтиёҷманди деҳқонии ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд зиёда аз 920 техникаи кишоварзӣ бо қисмҳои эҳтиётии он тақдим гардида буд. Дар миёни тракторҳои хурд, инчунин, воситаҳои муосири техникӣ барои кӯчат кардани шолӣ низ мавҷуд буда, имконоти техникии дигар мошинолоти соҳавӣ ҳам ба талаботи хоҷагидорон мувофиқ мебошад.
Таъкид кардан бамаврид аст, ки минтақаи таълимӣ-таҷрибавии «Палос»-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд соли 1959 дар деҳоти ба номи Дадобой Холматови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таъсис ёфта, масоҳати умумии он 25,96 гектар мебошад.
Айни ҳол дар минтақа зиёда аз 10000 бех ниҳолу буттаи мевадиҳандаю ороишӣ нашъунамо меёбанд. Дар он ҷо дарахтони зардолу, биҳӣ, анор, шафтолу, бодом, анҷир, гелос, олу, олуча, ток ва ғайра дар майдонҳои алоҳида парвариш карда мешаванд. Ҳамчунин, дар қитъаҳои нисбатан хурд барои таҷриба сабзавот, аз ҷумла картошка, пиёз, сабзӣ, шалғам, лаблабу, каду ва маҳсулоти лӯбиёгӣ, кишт карда мешавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо зарфиятҳои аграрии ин мавзеъ ташаббуси масъулони Донишгоҳи давлатии Хуҷандро оид ба барқарорсозии боғҳои куҳна муҳиму саривақтӣ маънидод карданд, зеро бо гузашти солҳо дарахтони ин боғ камҳосил гардида, қариб ба коркарди агротехникӣ низ фаро гирифта намешуданд.
Раёсати донишгоҳ бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, татбиқи нишондодҳои «Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ» ва амалисозии сиёсати кишоварзии роҳбарияти Ҳукумати кишвар соли 2023-юм 2500 бех токи навъҳои «Президентӣ», «Шоҳона», «Аватар», «Ғалаба» ва «Тагобӣ»-и сафеду сиёҳро аз хоҷагиҳои токпарварии «Боғи Сомон»-и шаҳри Турсунзода оварда, дар масоҳати 5,5 гектар шинонданд.
Оғози моҳи марти соли 2024 дар ҳамин мавзеъ дар масоҳати 1,4 гектар 1700 бех ниҳоли зардолуи навъҳои «Мирсанҷилӣ», «Нишонӣ» ва «Силвер-голд» шинонда шуд.
Мавриди зикр аст, ки ҳамасола дар вилояти Суғд дар доираи татбиқи барномаҳои давлатӣ боғу токзори нав бунёд ёфта, боғу токзори куҳна барқарор мегардад ва бо иҷрои саривақтии тадбирҳои агротехникӣ ҳаҷми истеҳсоли мева зиёд карда мешавад. Зиёд шудани майдони боғу токзори нав дар вилоят асосан давоми 5-6 соли охир ба назар мерасад.
Тибқи муълумоти раёсати кишоварзии вилоят, то 1-уми апрели соли 2024 дар қаламрави вилояти Суғд дар масоҳати 113 гектар боғи нав, аз он ҷумла 23 гектар боғи интенсивӣ, бунёд карда шудааст. Дар ҳамин давра дар масоҳати 4 гектар токзори нав бунёд гардидааст. Соли 2024 барқароркунии боғҳои куҳна дар майдони 788 ва токзорҳои куҳна бошад, дар масоҳати 111 гектар анҷом дода шудааст. Зардолузори вилоят ба 51 ҳазор гектар расида, аз ин 35 ҳазору 500 гектар ҳосилдиҳанда мебошад. Истеҳсоли мева соли гузашта ба 222 ҳазору 521 тонна расонида шуд. Истеҳсоли зардолу 157 ҳазору 186 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2022-юм 101 ҳазору 339 тонна зиёд мебошад.
Дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 13 ҳазору 661 гектар ангурбоғ мавҷуд мебошад, ки 12 ҳазору 531 гектар ҳосилдиҳанда аст. Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати умумии боғҳо дар ҳама бахшҳои хоҷагидорӣ 76 ҳазору 860 гектарро ташкил медиҳад ва аз ин 57 ҳазору 240 гектараш ҳосилдиҳанда мебошад. Майдони боғҳои меваҳои тухмдор 13 ҳазору 770 гектар ва меваҳои донакдор 58 ҳазору 920 гектарро ташкил медиҳад.
Иттилоъ дода шуд, ки мақсади асосии фаъолияти минтақаи таълимӣ-таҷрибавии «Палос»-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд баланд бардоштани дониши амалии донишҷӯёну аспирантон, унвонҷӯёну муҳаққиқони ҷавон ва татбиқи назария дар амалия, таҳкими ҳамкории илм бо истеҳсолот ба шумор рафта, барои донишҷӯёни факултетҳои биология-химия, геоэкология ва туризм, санъати тасвирӣ ва дизайн ва машғулиятҳои фанҳои ботаника, зоология, биология, асосҳои кишоварзӣ шароити хуби таҷрибаомӯзӣ фароҳам оварда шудааст.
Ҳосили аз боғу замини кишт бадастомада барои баровардани ниёзҳои иҷтимоии собиқадорони меҳнат, донишҷӯёни ятиму бепарастор, муҳассилини имконияташон маҳдуд ва омӯзгорону кормандон истифода карда мешавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои суҳбат бо роҳбарият ва омӯзгорону кормандони донишгоҳ ба онҳо дастур доданд, ки дар баробари таваҷҷуҳ зоҳир кардан ба баланд бардоштани сифати илмомӯзӣ, инчунин, бобати арҷгузорӣ ба анъанаҳои боғдории миллати тоҷик ва ба меҳнатдӯстӣ ҷалб кардани ҷавонон чораҳо андешида шаванд.
11-уми апрели соли равон дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии шимолу шарқии шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли равғанро, ки дар заминаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сирдарё» бунёд гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корхонаи нав ба истеҳсоли равғани пахта ва офтобпараст машғул буда, дар як сол иқтидор дорад то 18 ҳазор тонна равғани растанӣ истеҳсол намояд. Дар навбати аввал маҳсулоти ниҳоии корхона барои қонеъсозии эҳтиёҷоти бозори дохилӣ ҳамчун маҳсулоти ивазкунандаи воридот равона гардида, дар оянда содироти он низ дар назар дошта шудааст. Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи нав имконият дорад дар як шабонарӯз беш аз 50 тонна чигит, донаи офтобпараст рапсро коркард намуда, аз он маҳсулоти ниҳоии аълосифат истеҳсолу пешниҳоди харидорон намояд.
Корхонаи нави равғанбарории ҶДММ «Сирдарё» бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ ва воридотӣ фаъолият менамояд. Хоса барои истеҳсоли равғани пахта, чигит, асосан аз дохили кишвар дастрас мегардад, ки ин тасмим барои коркари пурраи ашёи хоми маҳаллӣ дар дохил ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз он бо тамғаи «Истеҳсоли Тоҷикистон» мусоидат менамояд.
Маҳсулоти ниҳоии корхона дар зарфҳои гуногуни пластикӣ бастубанд гардида, бо шаклу намуди зебои бозоргир пешниҳоди харидорон карда мешавад. Бояд қайд кард, ки зарфҳои пластикӣ низ дар шакли маҳсулоти нимтайёр вориди корхона гардида, бо истифода аз дастгоҳҳои муосир барои бастубанд дар сехи алоҳида омода карда мешаванд.
Дар маҷмӯъ, корхонаи нав аз коргоҳҳои хушбӯйкунӣ, бастубанд, ширинкунӣ, пресскунӣ ва анбори нигоҳдории маҳсулоти тайёр иборат мебошад.
Бояд қайд кард, ки тарзи истеҳсоли равғани растанӣ аз коркарди чигит ва донаи офтобпараст сар карда, то омодакунии равғани аълосифати растанӣ дар дохили корхона роҳандозӣ гардида, ҷараёни истеҳсолот ба таври автоматӣ амалию назорат карда мешавад.
Хатҳои истеҳсолии корхона аз ширкатҳои маъруфи Олмон, Туркия ва Чин харидорию насб гардида, малакаи кор бо ин дастгоҳҳоро кормандон дар корхонаҳои истеҳсолӣ аз бар намудаанд.
Дар маҷмӯъ, дар корхона 60 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби кори доимӣ шуданд.
Партове, ки дар ҷараёни истеҳсолот ба миён меояд, пурра коркард гардида, дар соҳаи кишоварзӣ, хусусан дар бахши чорводорӣ, истифода бурда мешавад. Ҳамчунин, дар ҳудуд ва гирду атрофи иншооти нав корҳои ободонӣ ва мумфаршкунии роҳҳо сомон дода шудааст.
Корхона ба хати алоҳидаи таъмини об, барқ ва системаи марказонидашудаи гармидиҳӣ, ки бо назардошти меъёрҳои экологӣ бунёд ёфтааст, таъмин мебошад. Корхонаи нави равғанбарорӣ дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ва имконоти мусоиди фароҳамовардашуда барои рушди соҳибкорӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Мирзоабдураҳмон Мирзобаҳодуров бунёд гардидааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба технологияи корхона баҳои баланд дода, кормандонро вазифадор намуданд, ки назорати сифати маҳсулотро дар доираи талаботи ҷорӣ ҷиддӣ роҳандозӣ намоянд.
Бояд қайд кард, ки давоми чанд соли охир ба хотири таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти баландсифати истеҳсоли ватанӣ дар доираи барномаҳои мушаххаси давлатӣ бахши саноати хӯрокворӣ рушд намуд. Аз ҷумла, шумораи корхонаҳои истеҳсоли равған танҳо дар вилояти Суғд ба 37 адад расонида шуд ва дар соли 2023 дар вилоят 21,6 фоизи равғани растании ҷумҳурӣ истеҳсол гардидааст. Ифтитоҳи корхонаи нави истеҳсоли равғани растанӣ ҳаҷми истеҳсолотро афзоиш дода, таъминоти аҳолиро бо равғани худӣ боз ҳам беҳтар хоҳад кард.
Дар ҳамон ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти корхонаи навтаъсис ва дигар коргоҳҳои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Барс» боздид ба амал оварданд.
Иттилоъ дода шуд, ки ширкат ғайр аз корхонаи ифтитоҳгардида, ҳамчунин, дорои коргоҳҳои «ММК», гармхонаи инноватсионии «ММК-агро» ва корхонаи истеҳсолии «Сайҳун» буда, нақши он дар таъмини бозорҳо бо маҳсулоти макаронӣ, ширӣ, маҳлулҳои антисептикӣ ва маҳсулоти тарутозаи кишоварзӣ назаррас мебошад.
Дар назар аст, ки дар оянда ҷамъият маҳсулоти ниҳоӣ, аз ҷумла равған ва маҳсулоти кишоварзиро ба дигар кишварҳо содирот намояд. Дар маҷмӯъ, дар корхона ва гармхонаи инноватсионии ҶДММ «Барс» феълан то 600 нафар соҳиби кори доимӣ ва мавсимӣ буда, ин нишондод дар оянда афзоиш дода мешавад.
Зимни муаррифии лоиҳаҳо иброз гардид, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат ҳадаф дорад фаъолияташро дар оянда боз ҳам густариш диҳад.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар давоми чанд соли оянда ҷамъият бунёду ба истифодадиҳии маркази савдои «Суғдиён мол» бо 340 ҷойи корӣ, гармхонаи инноватсионии ҳоландӣ дар масоҳати аз 3 то 5 гектар ва корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаро ба нақша гирифтааст. Дар маҷмӯъ, дар иншооти банақшагирифташуда дар солҳои баъдӣ аз 500 то 700 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби кор ва маоши хуб хоҳанд гашт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо дурнамои фаъолияти ҷамъият, барои истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, мувофиқи талаботи бозор зиёд намудани номгӯйи маҳсулоти саноатии истеҳсолшаванда ва рушди бахши агросаноат ба масъулин дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
11-уми апрели соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд маркази тиббии «Микролаб»-ро мавриди истифода қарор доданд.
Маркази тиббии «Микролаб» бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Акмалхон Камолов бо ҷонибдорӣ аз сиёсати бунёдкорию созандагии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, дорои муосиртарин таҷҳизоти соҳавӣ ва шароити хуби ташхису табобат мебошад. Дар маркази мазкур табобати бемориҳои урологӣ-андрологӣ ва гинекологӣ гузаронида мешавад.
Маркази тиббӣ 5-ошёна буда, аз ошхона, ҳуҷраҳои физиотерапевтӣ, ултрасадо, қабули беморони амрози занона, уролог — андролог, таҳлилгоҳ ва қайди беморон, ҳуҷраҳои бистарикунонӣ ва ёрирасон, ҳуҷраҳои ҷарроҳӣ ва баъдиҷарроҳии беморон ва қисми болоии бино аз ҳуҷраҳои маъмурию маҷлисгоҳ иборат мебошад.
Марказ бо системаи муосири гармӣ ва сарднамоии дохили бино таъмин аст. Ин марказ аз 96 ҳуҷра, аз ҷумла 11 ҳуҷраи табибон, 31 ҳуҷраи беморон ва 54 ҳуҷраи ёрирасон иборат мебошад. Маркази тиббӣ дорои 54 кат барои беморон аст. Барои бунёду муҷаҳҳазсозии иншоот қариб 6 миллиону 600 ҳазор сомонӣ сарф шудааст.
Дар он ҷо 30 нафар мутахассис соҳиби кори доимӣ гардиданд. 6 табиб ба фаъолият машғуланд, ки баъзе аз онҳо хатмкардаи муассисаҳои олии таълимии хориҷи кишвар мебошанд.
Дастгоҳу таҷҳизоти муосири соҳавӣ дар маркази тиббии «Микролаб» аз давлатҳои Россия ва Чин воридот шудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулон ва табибони марказ дастур доданд, ки ташхису табобати беморон аз ҷониби мутахассисон дақиқ роҳандозӣ шуда, омӯзиши густурдаи дастгоҳу таҷҳизоти муосири соҳавӣ аз тарафи духтурон ҷиддӣ ба роҳ монда шавад.
Таҷҳизоти соҳавии баландсифат ташхису табобати дақиқу ҳаматарафаи беморонро таъмин месозад. Баъзе воситаҳои муоинаю муолиҷаи ин марказ дар мамлакат камназир буда, тавассути онҳо метавон табобати бемориҳои гуногуни мардонаю занонаро сифатан хуб ба роҳ монд.
Маркази мазкур бо дастгоҳи муосири эндоскопӣ, таҷҳизоти литориптории пневматикӣ барои майда кардани санги роҳҳои пешобгузар бо усули ҷарроҳии эндоскопӣ ҷиҳозонида шудааст. Дар шуъбаи таҳлилгоҳи марказ таҷҳизоти муосир, ба монанди анализаторҳои насли нав, дастгоҳи иммуноферментӣ ва анализаторҳои хун, пешоб ва микроскопҳои тринокулярӣ, насб шудаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ ва иқдоми соҳибкор баҳои баланд дода, аҳамияти рушду тавсеаи бештари тибби хусусӣ дар ҷумҳуриро махсус таъкид карданд.
11-уми апрели соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд бинои наву замонавии маркази касбомӯзӣ ва хизматрасониро, ки бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба стандартҳои миллию байналмилалӣ бунёд шудааст, бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ ифтитоҳ намуданд.
Бинои маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар назди раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд дар масоҳати умумии 3 ҳазору 200 метри мураббаъ бунёд гардидааст. Шароити муҳайёгардида дар маркази мазкур имконият медиҳад, ки таълим дар ду баст барои то 200 нафар ба роҳ монда шавад ва ҳамин тариқ дар як сол беш аз 2400 нафар бо касбомӯзӣ фаро гирифта мешаванд.
Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ аз синфхонаи барҳавои таълимӣ бо 25 компютер, толори таҷрибаомӯзӣ, толори бисёрфунксионалӣ, ҳуҷраҳои машваратӣ, ҳуҷраи санитарию гигиенӣ, ҳуҷраҳои барҳавои корӣ барои маъмурият, 3 устохонаи таълимӣ, китобхона барои шахсони имконияташон маҳдуд, толори маҷлисгоҳ барои 150 ҷойи нишаст ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.
Иншооти хуштарҳу замонавии навбунёд дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмин ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, беҳтарсозии малакаи касбӣ ва бо шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ бунёд гардид.
Иншоот аз 3 ошёна иборат буда, он бо мақсади ҷалби сармоя ба истеҳсолот оид ба беҳтарсозии малакаҳои касбӣ дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд амалӣ гардид.
Сохтмони иншооти мазкур моҳи августи соли 2022 оғоз гардида, бо сифати баланд ва дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расонида шуд. Баъди ба истифода додани маркази мазкур 50 нафар бо кори доимӣ таъмин гардиданд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар марказ дар баробари омӯзиши 5 намуди касб, аз ҷумла устои барқ, кафшергар, андовагар ва усто барои насб кардани панелҳои офтобӣ, ҳамчунин, аз худ кардани забонҳои куриёӣ, англисӣ ва русӣ ба роҳ монда шудааст, ки ҳар як хонанда баъди хатм соҳиби сертификати байналмилалӣ мегарданд. Ҳамчунин, дар бино устохонаҳои кафшергарӣ, пардозгарӣ ва нигаҳдории таҷҳизоти барқӣ ҷойгир карда шудааст.
Дар заминаи маркази мазкур барои беҳтар кардани хизматрасонӣ ба ҷавонон ва занон бунёди 3 маркази нави рушди малакаҳо дар назар аст, ки бо лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида мешаванд.
Дар маркази мазкур дарсҳои назариявӣ ва амалӣ ба роҳ монда шуда, шароити фароҳамгардида имкон медиҳад, ки новобаста аз синну сол нафароне, ки хоҳишу завқи соҳибкасб шудан доранд, метавонанд дар он ҷо ба таври ройгон ба касбомӯзӣ фаро гирифта шаванд.
Иншооти навбунёд бо тамоми таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ таъмин буда, дар он 36 камераи назоратӣ насб гардидааст. Инчунин дар саҳни бинои муосир майдончаи хурд барои бозии футбол бунёд шудааст ва гирду атрофи он бо гулҳои рангоранги мавсимӣ оро ёфтааст.
Дар иншоот панелҳои офтобӣ насб гардидааст, ки биноро ҳама вақт бо неруи барқ таъмин менамояд. Ҳамчунин, синфхонаҳо ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасони он бо системаи гармидиҳӣ пайваст буда, дар фасли зимистон дохили бино бо гармӣ таъмин мешавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ дар иншооти навбунёд ба масъулин ҷиҳати ба шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ, омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат дар дохил ва хориҷи кишвар дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
11-уми апрели соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Суғд муассисаи таҳсилоти томактабии «Наврӯзи Истиқлол»-ро дар шаҳри Хуҷанд мавриди истифода қарор доданд.
Муассисаи томактабии замонавӣ дар маркази вилояти Суғд дар заминаи дастуру ҳидоятҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Корхонаи давлатии коммуналии «Идораи сохтмони асосӣ»-и шаҳри Хуҷанд дар давоми як сол бо тарҳи зебою замонавӣ сохта шудааст.
Кӯдакистон аз як бинои сеошёна иборат буда, дар он раванди таълиму тарбия бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад.
Корҳои сохтмонӣ дар иншооти соҳаи маориф соли 2023 оғоз гардида, бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонида шуд. Дар давраи сохтмон беш аз 40 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин буданд.
Дар бинои иловагии навбунёди кӯдакистони «Наврӯзи Истиқлол» дар 16 гурӯҳ 480 кӯдак ва дар бинои асосии муассиса 360 кӯдак, дар маҷмӯъ 840 кӯдак, бо таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.
Айни замон 32 нафар омӯзгор ва мураббияҳои ботаҷриба бо кӯдакон машғулият мегузаронанд ва дар оянда шумораи онҳо зиёд карда мешавад.
Дар кӯдакистон дар назди ҳар як синфи машғулият ҳуҷраҳои алоҳида барои хобу истироҳати кӯдакон фароҳам оварда шуда, ошхонаи муассиса бо бинои асосӣ пайваст буда, он барои беш аз 480 кӯдак дар як вақт пешбинӣ гардидааст.
Дар бинои асосии муассиса осорхона ҳам мавҷуд аст, ки барои нигаҳдории аксҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар аксу нигораҳои таърихӣ пешбинӣ шудааст.
Дар кӯдакистон толор барои тамошои филмҳои тасвирӣ бо 210 ҷойи нишаст сохта шуда, бо тарҳи наву замонавӣ ва бо талаботи замони муосир муҷаҳҳаз гаштааст. Дар ҳамон ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тарбиятгирандагони кӯдакистон суҳбати самимӣ анҷом доданд.
Мавҷудияти ҳуҷраҳои корӣ, ҷомашӯӣ, анбор барои нигоҳдории маҳсулот ва ҳуҷраи тиббӣ аз шароити дигари кӯдакистон маҳсуб мешавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳуҷраҳои машғулиятҳо ва ҷойи хобу истироҳати кӯдакон дидан намуда, ба масъулини боғчаи бачагона ҷиҳати тарбияи дурусти кӯдакон дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
Масоҳати умумии кӯдакистон 5 ҳазору 800 метри мураббаъро дар бар гирифта, аз он 1476 метри мураббаъро замини зери бино ташкил менамояд. Ҳуҷраҳои машғулиятгузаронӣ бо шиору овезаҳои ифодагари муҳаббату самимият нисбат ба Ватан ва қаҳрамонҳои афсонавӣ зебу оро дода шудааст, ки хоси дунёи кӯдакон мебошад.
Дар ин рӯз шодию нишоти дӯстрӯяконро ҳадду канор набуд, зеро ба онҳо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳои идона тақдим карданд, ки аз ширинӣ ва бозичаҳои гуногун иборат буд.
Таваҷҷуҳи зиёд ва доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбия ва таълими кӯдакону наврасон боис гардид, ки дар тамоми гӯшаю канори мамлакат садҳо боғчаю кӯдакистони нав сохта мавриди истифода қарор дода шаванд.
Дар ин муассисаи томактабӣ зиёда аз 46 нафар соҳиби кори доимӣ шуданд. Фарогирии доираи васеи кӯдакон ба таълими томактабӣ имкон фароҳам овард, ки насли наврас дар рӯҳияи баланди ватандӯстию хештаншиносӣ ба камол расанд.
Дар саҳни муассисаи таҳсилоти томактабии «Наврӯзи Истиқлол» 16 айвонча, фаввора ва ҳавзи шиноварӣ мавҷуд мебошад, ки барои солимии кӯдакон ва гузаронидани машғулиятҳо мусоид аст.
Инчунин, барои бозӣ ва дилхушии дӯстрӯякон таҷҳизоти наву замонавӣ насб гардидааст, ки самаранок истифода бурда мешаванд.
Ҳангоми шиносоӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкониятҳои ҳуҷраҳо муаррифӣ гардида, иттилоъ дода шуд, ки ба хотири таъмини шароити арзандаи таълиму тарбияи кӯдакон барои машғулияти онҳо ҳамаи синфхонаҳо бо асбобу аёнияти муосир муҷаҳҳазонида шудааст.
Омӯзгорону мураббиён кӯдакистони мазкурро беҳтарин туҳфа ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуда, ваъда доданд, ки бо истифода аз чунин шароит фарзандонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба таърихи пурғановати миллати тоҷик, ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва саҳм гузоштан дар ободии мамлакат тарбия менамоянд.
Мавриди зикр аст, ки айни замон дар шаҳри Хуҷанд 47 муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо беш аз 10 ҳазору 700 кӯдак тарбия мегиранд.
11-уми апрели соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи сеюми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд ба Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» ташриф оварда, ин иншооти муҳташами таърихиро, ки ҳамчун рамзи мардонагию диловарӣ ва хештаншиносию ватандӯстии тоҷикон ном бароварда, дар ҳифзи озодӣ ва ҳаёти осоиштаи мардуми ин қаламрав ҳамчун истеҳкоми боэътимод нақши муассир бозидааст, баъди эҳё ва барқарорсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Дар даромадгоҳи қалъа Пешвои созандаю бунёдкор ва ободгару ваҳдатовари миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сокинони касбу кори гуногуни шаҳри Хуҷанд ва аҳли илму фарҳанги вилоят бо самимияту эҳтироми беандоза истиқбол гирифтанд.
Тадбирҳои марбут ба эҳё ва барқарорсозии Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» дар ҷойи таърихии ин мероси гаронбаҳои бостонии халқи тоҷик бо ибтикору ҳидояти бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми шаш сол бо сатҳу сифати баланд амалӣ гардид.
Маврид ба таъкид аст, ки пеш аз оғози корҳои лоиҳакашӣ дар самти эҳё ва барқарорсозии Қалъаи Хуҷанд бо ҷалби мутахассисони Вазорати фарҳанг, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, бостоншиносону таърихнигорон ва этнографҳо дар ҷойи иншоот корҳои археологӣ, муҳандисӣ, топографӣ, геологӣ ва ҳафриёту таҳқиқоти илмию амалӣ гузаронида шуда, хулосаҳои амиқ ва дақиқ пешниҳод гардиданд. Бо ҳамин тартиб дар асоси пешниҳоди олимону мутахассисон корҳои эҳё ва барқарорсозии қалъа сурат гирифта, нишонаҳои таърихии ин ёдгории қадимӣ пурра ҳифз карда шуд.
Тибқи маълумот, масоҳати умумии иншооти бунёдёфтаю барқароргаштаи Қалъаи Хуҷанд шаш гектарро ташкил медиҳад.
Натиҷаи ковишҳои археологии чанд соли охир ва ба даст омадани бозёфтҳои нодир нишон медиҳанд, ки воқеан ҳам Қалъаи Хуҷанд дорои таърихи куҳан буда, ҳифзу нигоҳдории он барои муаррифии таъриху фарҳанг ва маданияти миллати тоҷик амри зарурию муҳим мебошад.
Қалъаи Хуҷанд ба ҳайси истеҳкоми боэътимод, ки таърихи сеҳазорсола дорад, бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд эҳё ва барқарор карда шуд.
Дар асоси лоиҳа деворҳои атрофи қалъа, арку дарвозаҳои он барқарор гардида, бунёди бинои маъмурӣ, растаҳои ҳунармандон, ошхонаи миллӣ, намунаи хонаю ҳавлиҳои қадимаи шаҳри Хуҷанд, меҳмонхонаю осорхона, чойхона, растаҳои болопӯшида барои омода намудани таомҳои миллии мардуми тоҷик, ҳаммому нуқтаҳои хизматрасонӣ ва дигар иншооти ёрирасон сохта шудааст. Аз ҷумла, дар қисмати ҷанубии Қалъаи Хуҷанд мутобиқ ба талаботи замони имрӯз ҳашт растаи барҳавои ҳунармандӣ ташкил гардида, дар онҳо маҳсули кори ҳунармандон, ба монанди навъу намудҳои зиёди маҳсулоти қаннодӣ, наққошӣ, кулолгарӣ, кундалнигорӣ, мусаввараҳо, кордҳои гуногун, қолинҳои дастӣ, либосҳои миллии мардонаю занона, адрасу атлас, маснуоти заргарӣ, армуғонҳо ва созҳои миллии мусиқӣ ба намоиш гузошта шудааст.
Таъкид гардид, ки дар Суғди бостон аз қадим ҳунар ва маҳсули дасти ҳунарманд арзиши воло дошт ва меросбарони асили ин фарҳангу тамаддун, ки соҳиби маҳбубияти хосанд, дар ҳама давру замон барои рушду эҳёи ҳунарҳои мардумӣ талошу кӯшиши бештарро ба харҷ додаанд. Бо вуҷуди талош ва кӯшишҳои зиёд дар шебу фарози таърих қисми бештари ҳунарҳои мардумӣ ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта, қариб буд, ки аз байн раванд, аммо дар замони соҳибистиқлолӣ бо ташаббусу ибтикороти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунарҳои мардумӣ эҳё ва барои фаъолияти ҳунармандон шароити мусоид фароҳам оварда шуд, ки яке аз намунаҳои барҷастаи он бунёд ва ташкили растаҳои ҳунармандӣ дар Қалъаи Хуҷанд аст.
Иқдоми беназири Роҳбари давлат боис ба он гашт, ки ҳунармандон дар ин растаҳо ба кори худ машғул бошанд ва ҳам маҳсули ҳунари худро ба меҳмонону сайёҳони зиёде, ки ба шаҳри Хуҷанд ва тамошои қалъаи муҳташами он меоянд, барои намоиш гузошта тавонанд.
Мавриди зикр аст, ки имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аз рӯи бештар аз 200 касбу ҳунарҳои мардумӣ маҳсулоти кори ҳунармандӣ истеҳсол карда мешавад ва дар минтақаҳо марказҳои ҳунаромӯзӣ ташкил гардида, пешниҳоди имтиёзу сабукиҳо имконияти фарохро барои рушди соҳа ба вуҷуд овард.
Иттилоъ дода шуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд имрӯзҳо бештар аз 15 ҳазор ҳунарманд фаъолияти назаррас доранд. Истеҳсоли маҳсулот ва маснуоте, ки аз ҷониби ҳунармандон омода мешавад, дар маҷмӯъ яке аз бахшҳои рушди соҳаи сайёҳӣ ба ҳисоб рафта, ба вазъи иқтисодии ҳунармандон ва некуаҳволии аҳолӣ таъсири амиқ мегузорад.
Дар ин мавзеъ таъсиси ошхонаи миллӣ барои ҳифзу эҳё ва муаррифии таомҳои миллӣ муҳиму саривақтӣ арзёбӣ мешавад.
Бинои муҳташаму мунаққаши толорҳои намоишии таъриху фарҳанги халқи тоҷик, ки дар масоҳати зиёда аз 3 ҳазору 365 метри мураббаъ қомат афрохтааст, аз як гумбази асосӣ, ду гумбази миёна ва 4 гумбази хурд иборат мебошад.
Дар ороиши бино, ки 5 толори намоишӣ дорад, санъати миллии меъмории тоҷик, ба монанди кандакорӣ, наққошӣ, кундалкорӣ, коркарди бадеии чӯб, санг, гачкорӣ, кошинкорӣ, буриш ва ғайра, ба таври васеъ истифода шудааст.
Дар толори «Ҳавзаи илмӣ-адабии Хуҷанд», ки бо санъати миллии меъморӣ наққошӣ шудааст, вобаста ба ҳаёту фаъолияти олимони Хуҷандшаҳр, шоирони номвари тоҷик ва ҳунармандони машҳур маълумот гирдоварӣ шуда, дар васфи Хуҷанд ва қалъаи он гуфторҳои олимону зиёиёни замони гузашта ва имрӯз, суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таърихи қалъа ва дигар маводи зарурӣ мавҷуд мебошад. Дар ҳамин толор муҷассамаи чор шахси номвари Хуҷанд — Зиёуддини Порсӣ, Шайдои Хуҷандӣ, Садруддини Хуҷандӣ ва Султон Умаров, инчунин, нигораҳо вобаста ба илму адаб, аз қабили дастхатҳо, қаламдон, лавҳ, даводдон, кӯзачаю обдастаҳои навиштаҷотдор, ба намоиш гузошта шудааст.
Толори «Санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои амалӣ» харитаи маҳаллаҳои ҳунармандони шаҳри Хуҷанд ва акси ҳунармандони чирадасти вилоят ва қисме аз намунаи ҳунарҳои мардумӣ, ба монанди ҳунари рассомӣ, кашидадӯзӣ, мисгарӣ, кундалсозӣ ва созҳои мусиқиро дар бар мегирад.
Толори «Истиқлоли Тоҷикистон» аз барелеф, ки аз тарафи ҳунармандон Даврон Раҳматзод ва Мунира Турсунова омода гардидааст, шурӯъ мегардад. Ин барелеф аз эълон гардидани Эъломияи истиқлолияти давлатӣ оғоз гардида, дар он давраҳои ҷанги шаҳрвандӣ, раванди Иҷлосияи тақдирсози XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари давлат интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, сиёсати дохилию хориҷии кишвар ва ташабуссҳои ҷаҳонии Пешвои миллат инъикос ёфтааст.
Дар қисмати таҳхона толори намоиши бозёфтҳои бостонии минтақаи миёнаоби Сирдарё, сиккаҳои гуногуни давраҳои таърихӣ ва дигар нигораҳо ҷойгир карда шуда, ҳамзамон, ҷой барои баргузории конфронсу ҷаласаҳо, мулоқоту вохӯриҳо, ҳуҷраҳои хизматию техникӣ ва устохонаҳои рассомӣ мавҷуд мебошад.
Бо назардошти арзиши гарони таърихӣ доштани нигораҳои гирдовардашуда, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулинро вазифадор намуданд, ки ба хотири ошно намудани шаҳрвандони кишвар, насли наврасу ҷавон ва сайёҳони дохилию хориҷӣ бо таъриху тамаддуни бой, фаъолияти маҷмааро бештар тарғиб намуда, мутахассисони беҳтаринро барои муаррифии гӯшаҳои он ҷалб намоянд.
Ибтикороти дигаре, ки дар қисми шимолу шарқии қалъа амалӣ карда шуд, бунёди маҳаллаи Хуҷанди қадима мебошад. Хонаю ҳавлиҳо асосан мансуби табақаи коргар, тоҷиру ҳунарманд ва дигар қишри ҷомеаи мадании шаҳр буда, эҳё ва бунёди он имкон фароҳам меорад, ки анъанаҳои қадимаи шаҳрнишинӣ дар Хуҷанд ба ҷаҳониён муаррифӣ карда шавад.
Бунёди намунаи хонаю ҳавлиҳои қадимии шаҳри Хуҷанд асосан бо маслиҳату тавсияи этнографҳо амалӣ карда шуд. Ин хонаҳо пурра бо маводи табиӣ, аз ҷумла лойу гил ва чӯб сохта шуда, дарвоза, сутун ва сақфи манзилҳои қадима пурра кандакорӣ шудаанд ва амалҳои нақшу нигорро асосан рассомони соҳибтаҷриба иҷро намудаанд. Дар ин маҳаллаи қадима истифодаи самараноку оқилонаи заминҳои наздиҳавлигӣ низ намунаи ибрат ва қобили ситоиш аст.
Этнографҳо ба он назаранд, ки ин ҳавлию хонаҳо тарзи ҳаёт, рӯзгордорӣ ва фаротар аз он суннату анъанаҳои сукунати мардуми шаҳрро дар давраҳои таърихӣ инъикос менамояд ва амалӣ намудани ин иқдоми мазкур дар ташаккули санъати миллии меъмории халқи тоҷик, ки ҷаҳониён эътироф кардаанд, нақши бориз дорад. Аз ин пас дар ин 8 ҳавлии қадима, ки масоҳати ҳар кадоми он 6 садяк заминро дар бар мегирад, ҳунармандон ба хаттотӣ, кундалнигорӣ, рассомӣ, наққошӣ, қолинбофӣ, адрасбофӣ, сӯзанидӯзӣ, дуредгарӣ, дӯзандагӣ, сангтарошӣ, оҳангарӣ ва кулолгарӣ машғул мешаванд.
Ҳамзамон, дар ин ҷо ҳаммом, меҳмонхона ва чойхонаи миллӣ ҳамчун рукни маҳалладории таърихӣ сохта шудааст.
Дар чойхонаи миллӣ, ки дар ҳудуди Қалъаи Хуҷанд барои 60 нафар пешбинӣ гардидааст, иҷрои ҳунари волои кандакорӣ, гаҷкорӣ, кундалнигорӣ ва наққошии бемисл ба зебоии намои берун ва дохили бино шукӯҳи бештар бахшида, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори ҳунармандон баҳои баланд доданд.
Дар шафати чойхонаи миллӣ растаи омода кардани нону самбӯсаҳои гуногун ва номгӯи зиёди таомҳои миллӣ бо фарогириии чор оташдон ва танӯр низ сохта шудааст.
Майдони қалъа ва роҳравҳои дохили он бо истифода аз сангҳои Хорои Хуҷанд дар масоҳати 12 ҳазору 500 метри мураббаъ оро дода шуда, масоҳати кабудизоркунӣ бошад, 5 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Дар ҳудуди қалъа бунёди ду фаввораи калон ва чор суҳбаткадаи чӯбӣ, ки аз ҷониби ҳунармандони чирадасти шаҳри Исфараи вилояти Суғд бо роҳнамоӣ ва маслиҳату машварати Усто Бурҳон ба таври барҷаста кандакорӣ шудааст, ба зебоии ин мавзеи таърихию фарҳангӣ шукӯҳу шаҳомати бештар мебахшад.
Дар раванди эҳё ва барқарорсозии Қалъаи Хуҷанд зиёда аз 20 ширкати сохтмонӣ, шумораи зиёди ҳунармандони чирадасти тоҷик иштирок намуда, сифати корҳои марбут ба эҳё ва барқарорсозӣ дар ин иншооти таърихӣ зери назорати доимии фармоишгар — идораи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд қарор дошт.
Корҳои созандагию ободкорӣ ва нигоҳдории ёдгориҳои таърихӣ, ки бо иқдому ташаббусҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷом меёбанд, таваҷҷуҳи сайёҳону дӯстдорони таъриху фарҳанги бостонии тоҷиконро бештар кардааст.
Маврид ба ёдоварист, ки аз таърихи Қалъаи Хуҷанд на танҳо мардуми кишвар, балки ҷаҳониён воқифанд. Дар ҳудуди қалъа дар рафти корҳои ҳафриётӣ якчанд қабатҳои мадании таърихӣ, аз ҷумла боқимондаҳои девори архаикии шаҳри Хуҷанд, боқимондаи ҳуҷраи нигоҳдории зироати ғалладонагӣ ва зарфҳои бузургҳаҷми гилӣ, ки мутааллиқ ба асрҳои ҳафт-чори пеш аз мелод мебошад, пайдо гардидааст. Кашфи қабатҳои мадании таърихӣ дар қисмати поёнии кушки ҳокимнишин бозгӯи он аст, ки Қалъаи Хуҷанд таърихи се ҳазорсола дорад.
Ёдовар мешавем, ки Қалъаи Хуҷанд дар маркази шаҳр, дар соҳили чапи дарёи Сир воқеъ буда, он аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии мамлакат ба рӯйхати 10 мавзеи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон шомил гардидааст.
11-уми апрели соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» дар чорабинии фарҳангӣ иштирок ва суханронӣ карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар мардуми сарбаланди Тоҷикистон ва сокинони шарафманди вилояти Суғдро ба ифтихори ҷашни муқаддаси ниёгонамон — Наврӯз, иди саиди Фитр ва баъди азнавсозӣ ифтитоҳ гардидани ёдгории таърихию фарҳангии Қалъаи Хуҷанд, ки туҳфаи арзандаи наврӯзӣ ба мардуми шарифи Тоҷикистон ва меҳмонони кишварамон мебошад, самимона табрик гуфтанд.
Пешвои миллат таъкид карданд, ки тибқи сарчашмаҳои таърихӣ миллати тамаддунсози тоҷик дар масъалаҳои меъморию ободкорӣ ва шаҳрсозию шаҳрдорӣ собиқаи беш аз шашҳазорсола дошта, дар таърихи тамаддун ва фарҳанги башарӣ нақши мондагор гузоштааст.
Зимни суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла, чунин таъкид намуданд: «Истиқлолу озодӣ барои мо имконият фароҳам овард, ки барои эҳё намудану муаррифӣ кардани таърихи бою рангини миллати бостонии худ иқдомоти шоистаро амалӣ намоем, анъанаҳои неки аҷдодиро идома дода, ба аҳли башар исбот созем, ки мо миллати тамаддунсозу соҳибфарҳанг, шаҳрдору шаҳрсоз, соҳибдевону соҳибқалам, соҳибкитобу соҳибмаърифат ва ҳамеша созандаву бунёдкор будем ва имрӯз низ ҳастем».
Президенти мамлакат иброз доштанд, ки Ҳукумати мамлакат ба масъалаи эҳё ва ҳифз намудан, нигоҳдорӣ ва тарғиби мероси таърихию фарҳангӣ пайваста таваҷҷуҳ зоҳир мекунад.
Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар кишварамон зиёда аз 100 ёдгории таърихию фарҳангӣ тармиму барқарор ва даҳҳо ҷашну чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ доир карда шуданд. Азнавсозии Қалъаи Муғ, шаҳраки Саразм, осорхонаи Панҷакенти бостонӣ, осорхонаи академик Бобоҷон Ғафуров, баргузории ҷашни шоири маъруфи тоҷик – Камоли Хуҷандӣ ва даҳҳо иқдому чорабиниҳои дигар дар вилояти Суғд аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
«Тоҷикистон ҳанӯз соли 1993 ба узвияти ЮНЕСКО — яке аз сохторҳои бонуфузи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг пазируфта шуд. Минбаъд мо барои муаррифии иншооти таърихиву фарҳангии миллати тоҷик талошҳои зиёд ба харҷ додем», — таъкид карданд Сарвари давлат.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки азнавсозии Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд», ки имрӯз ифтитоҳ гардид, идомаи ташаббусҳои фарҳангпарваронаи Ҳукумати мамлакат мебошад.
Имрӯз дар кишвари мо зиёда аз се ҳазор ёдгории таърихӣ мавҷуд аст, ки ҳар кадоми он таваҷҷуҳи олимони маъруфи ватанию хориҷӣ ва сайёҳону меҳмононро ба худ ҷалб менамояд. Дар ин раванд, ба истифода додани Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» яке аз рӯйдодҳои муҳими фарҳангии кишварамон дар оғози соли нави аҷдодӣ мебошад.
Дар робита ба вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ Сарвари давлат изҳор доштанд, ки мо бояд ҳар чӣ бештар кор кунем, заҳмат кашем, созем, Ватанамонро боз ҳам обод гардонем, истеҳсоли маҳсулотро афзоиш диҳем, коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд намоем, барои ҳамдиёронамон ҷойҳои корӣ муҳайё кунем ва шиддати муҳоҷирати меҳнатиро то тавонем коҳиш диҳем.
Дар фароварди суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми заҳматқарини вилояти Суғд чун ҳарвақта аз уҳдаи ин корҳо ба хубӣ ва бо сарбаландӣ мебароянд.
Баъди суханронии пурмуҳтавои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чорабинии фарҳангӣ оғоз гардид.
Чорабинии фарҳангӣ дар саҳни барҳавои Маҷмаи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» баргузор шуд, ки дар он намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, аҳли ҷомеа, олимон, адибон, таърихшиносон, фаъолон, собиқадорон ва сокинони касбу кори гуногун зиёда аз 6 ҳазор нафар ширкат намуданд.
Барномаи фарҳангии театрикунонидашуда доир ба нақшу корномаи поягузори давлати Сомониён Исмоили Сомонӣ, қироати шеърҳо, панду андарзҳо, гуфторҳои бузургони илму адаб доир ба таърихи халқу миллат, шукӯҳу шуҳрати воло, саодату хушбахтӣ, инсондӯстӣ ва васфи корномаҳои ибратомӯзи фарзандони миллат аз эҷодиёти Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ Абумаҳмуди Хуҷандӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Камоли Хуҷандӣ, Бобоҷон Ғафуров, Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода ва иқтибосҳо аз суханрониҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳоди аҳли чорабинӣ гардонида шуд.
Барномаи фарҳангӣ, дар маҷмӯъ, аз 18 қисм иборат буда, дар он бо истифода аз созҳои мусиқӣ, навои дилнишин «Савти муноҷот» бо рақси гулдухтарони ансамблҳои «Чаманоро», «Маҳастӣ», «Фалак», гурӯҳи рақсии Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ, сурудҳои «Шаҳнавози Рӯдакӣ», «Ватан», «Тоҷикистон сарзамини обҳост», «Ман барои васл кардан омадам», «Наврӯзатон муборак», «Қалъаи нанг», «Ватан дорем», «Хуш омадед», «Ҳавасҳои дилам», «Сомониям», «Бақои миллат», «Эҳёгари миллат» ва ғайра, ки ҳар кадом мафҳуму маънии хоси миллӣ, васфу тараннуми Ватан, таърихи бою пурғановати халқи тоҷикро инъикос менамуданд, пешниҳоди аҳли чорабинӣ гардонида шуд.
Дар рафти иҷрои суруду таронаҳо, ҳамзамон, гулдухтарони ансамблҳои «Зебо» ва «Парниён», «Маҳастӣ», ансамбли ба номи Ғаффор Валаматзода, «Гулноз», «Садбарг» рақсу ҳунарнамоӣ намуданд.
Дар чорабинии фарҳангӣ беш аз 2000 нафар ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳру ноҳияҳо, ансамблҳои рақсӣ иштирок ва ҳунарнамоӣ карда, ба чорабинӣ шукӯҳу маънии бештар зам намуданд.
Эҳё ва барқарорсозии Қалъаи Хуҷанд бо шаклу услуби хосаи меъморию миллии асли қадима, суханронии пурмуҳтаво ва ҳидояту роҳнамоии ҳамагон ба ҳифзи фарҳангу арзишҳои миллӣ, тарғиби он ба ҷаҳониён, пос доштани хотираи неки ниёгон, тарбияи насли ҷавон дар чунин рӯҳияи нек ва баргузории чорабинии фарҳангӣ идомаи мантиқии сиёсати фарҳангпарваронаи Сарвари давлат мебошад.
Баргузории чорабинии фарҳангӣ, ифтихори сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва кулли мардуми Тоҷикистон аз таваҷҷуҳи рӯзафзун ба арзишҳои миллию таърихӣ шаҳодати сулҳу суботи комили мамлакат ва фазои ваҳдату осоиштагӣ дар мамлакат мебошад.
Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳиягарон, ҳунармандон барои дар сатҳи хеле баланду пурмуҳтаво барпо намудани чорабинии фарҳангӣ арзи сипос карданд.
Барномаи бошукӯҳи чорабинии фарҳангӣ дар Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» бо оташфаввораҳои рангин ҳусни анҷом ёфт.