23 марти соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар идомаи тантанаҳои Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, шиносоӣ бо ҷараёни корҳои бунёдкорию созандагӣ ва ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Суғд ва дигар масъулону намояндагони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд бо самимияти афзуну рӯҳияи болида истиқбол гирифтанд.
Гурӯҳи ҷавонон, духтарони атласу адрасбабар бо иҷрои анъанаҳои Наврӯзи аҷдодӣ, шукргузорию ифтихори хешро аз сулҳу ваҳдати миллӣ, фазои ободу озод тараннум намуданд, ки ифодагари пешрафту шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол буд.
Шаҳру ноҳияҳои вилоят ба ифтихори Наврӯзи ҷаҳонӣ ва ташрифи меҳмони олиқадр қабои идона ба бар дошт.
Рӯзи аввали сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд аз мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои нави таълимии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 14-и деҳаи Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шурӯъ шуд.
Сарвари давлатро дар саҳни бинои муассисаи таълимӣ хонандагону устодон самимона истиқбол гирифтанд. Сипас, бо буридани лентаи рамзӣ Пешвои миллат ба фаъолияти бинои нави таълимӣ оғоз бахшиданд.
Сарвари давлат ҳангоми боздид аз синфхонаҳо ва шиносоӣ бо шароиту имконияти мавҷуда иброз намуданд, ки бинои нави муассисаи таълимӣ дар муҳлати кӯтоҳ, яъне 9 моҳ, пурра сохта ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст. Дар ин муассисаи таълимӣ, ки ба ғайр аз бинои нав биноҳои куҳна низ мавҷуданд, дар маҷмӯъ 1900 хонанда ба таълим фаро гирифта мешавад. Дар муассисаи таълимии мазкур 130 омӯзгори соҳиби маълумоти олӣ фаъолият доранд.
Бинои нави таълимӣ, ки намои хеле зебо дошта, бо тарҳу услуби меъмории ҳозиразамон бунёд ёфтааст, сеошёна буда, барои 1080 ҷойи нишаст бо дарназардошти таҳсил дар 2 баст сохта шудааст. Дар бинои нав утоқҳои кории муаллимон ва 18 синфхонаи фаннӣ, аз ҷумла синфхонаҳо аз фанҳои астрономия, физика, химия ва информатика, ки бо лавозимоти таълимии ҳозиразамон муҷаҳҳаз шудаанд, ҷойгиранд.
Бино дорои толори варзишии барҳаво барои бозиҳои волейбол, баскетбол, теннис ва футболи хурд бо 200 ҷойи нишаст низ мебошад. Дар ҳавлии муассисаи таълимӣ, инчунин ду майдончаи варзишӣ барои бозиҳои волейбол ва баскетбол ҷойгир аст. Бояд гуфт, ки бинои нав аз ҷониби ҶДММ Раёсати сохтмонии «Барқарор» бо харҷи 8,5 миллион сомонӣ бунёд гардидааст.
Пас аз мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои нави таълимӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хонандагону омӯзгорон, аҳли ҷамоатчигӣ ва фаъолони ноҳия мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ хонандагон ва сокинон низ ба сухан баромада, миннатдории хешро ба Сарвари давлат барои бунёди ин муассисаи таълимии наву замонавӣ ва умуман корҳои бузурги ободонию созандагӣ дар ҷумҳурӣ баён намуданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бо фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Атласи Хуҷанд» шинос шуданд.
Корхонаи мазкур соли 1966 дар масоҳати 7,7 гектар бунёд шуда, дар он асосан маҳсулоти абрешимӣ, аз қабили матои атлас истеҳсол карда мешавад.
Ин корхона, ки дар гузашта бозори Тоҷикистон ва минтақаро бо матои хушсифати атлас таъмин мекард, то соли 2005 бо иқтидори пурра фаъолият надошт. Аз соли 2005 бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он дубора барқарор шуд ва истеҳсоли атласу адрас роҳандозӣ гардид. Айни замон дар «Атласи Хуҷанд» 32 дастгоҳи худкори матоъбофӣ насб гардида, беш аз 100 нафар ҷавон машғули кор буда, зиёда аз 60 намуди атлас ва 30 намуди адрас истеҳсол мешавад, ки аз нигоҳи сифат ва тарҳ ҷавобгӯйи стандартҳои байналмилалӣ мебошанд.
Президенти мамлакат таъкид доштанд, ки дар сурати ба инобат гирифтани талаботи аҳолӣ ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир метавон ҳам дар дохил ва ҳам берун аз кишвар харидорони бештарро пайдо кард. Ин омил, пеш аз ҳама, ба афзоиши маҳсулот мусоидат менамояд ва воридоти он аз хориҷи кишвар ба пуррагӣ аз байн хоҳад рафт.
Сарвари давлат ба масъулони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва вазорату идораҳои дахлдори кишвар супориш доданд, ки корхонаи мазкур ба пуррагӣ бо ашёи хом таъмин карда шавад, зеро дар ҳоли дастрасии пурра ба абрешим ҳаҷми маҳсулоту ҷойҳои нави корӣ зиёд мегардад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи 34-уми шаҳри Хуҷанд бинои 9 — ошёнаи истиқоматиро бо марказҳои савдою хизматрасонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти мазкур бо харҷи 15 миллиону 286 ҳазор сомонӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Аюб Тоҳиров сохта ба истифода дода шудааст. Корҳои сохтмониро коргарону мутахассисони ватанӣ ба анҷом расондаанд.
Бинои истиқоматӣ дорои 50 хона, аз ҷумла 10 якҳуҷрагӣ, 18 дуҳуҷрагӣ, 10 сеҳуҷрагӣ ва 12 чорҳуҷрагӣ аст. Дар ошёнаҳои 1 ва 2 марказҳои савдо ва хизматрасонӣ ҷойгир мебошад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити манзилҳои зист ошно шуда, ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, иқдоми пешгирифтаи соҳибкорро дар самти бунёдкорию ободонӣ шоиста арзёбӣ карданд.
Дар ҳамон ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даҳ нафар аз оилаҳои маъюб калиди хонаҳои истиқоматиро тақдим намуданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкори ватандӯст Аюб Тоҳиров барои анҷоми кори хайр, иқдоми наҷибу савоб дар рӯзҳои таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз изҳори сипос карданд.
Оилаҳои маъюбе, ки дар ин бинои хуштарҳу замонавӣ соҳиби хонаҳои барҳаво гардиданд, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипосу миннатдорӣ карданд.
Дар ошёнаи якуми бинои истиқоматӣ барои 450 нафар ятим дастурхони наврӯзӣ ороста ва хатнасури 50 нафар кӯдак аз оилаҳои ниёзманд баргузор шуд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯдаконро ба муносибати фарорасии Ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик гуфта, ба онҳо туҳфаҳои арзанда тақдим намуданд.
24 марти соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар ифтитоҳи як қатор иншооти ҳаётан муҳим ба шаҳри Исфараи вилояти Суғд ташриф оварданд.
Дар фурудгоҳи муваққатии шаҳр Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сокинону фаъолон бо эҳтирому самимияти хоса истиқбол гирифтанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба корхонаи тозабунёди коркарди меваи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Баракат Исфара» ташриф оварда, ба фаъолияти он оғози расмӣ бахшиданд. Корхонаи мазкур бо сармоягузории соҳибкорони Федератсияи Россия бунёд ва бо дастгоҳу таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардидааст.
Маблағи умумии сарфшуда барои бунёди ин корхона 3 миллион доллари амрикоӣ ё 24 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Баракат Исфара» коркарди маҳсулот бо истифода аз буғи гарм, нарм сохтани зардолу ва сиёҳолу, гирифтани донак, коркарди безараркунӣ, ташхиси озмоишӣ, ба навъҳо ҷудо кардан ва бандубасти меваҳо ба роҳ монда шудааст. Маҳсулоти коркардшуда асосан ба Федератсияи Россия, Қазоқистон, Иттиҳоди Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико содирот мегардад. Дар коргоҳ 70 нафар соҳиби ҷойи кор гардидаанд, ки 65 нафари он зан ва 5 нафараш мард мебошанд. Маоши кормандон вобаста ба мавсими корӣ аз 700 то 2000 сомониро дар бар мегирад.
Сарвари давлат ба фаъолияти корхона бевосита шинос шуда, ба корҳои баанҷомрасида баҳои баланд доданд. Барои коркарди босифати маҳсулоти меваи хушк дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Истеҳсолгарон навъҳои маҳсулоти аз меваи хушк омодагардидаро низ ба намоиш гузоштанд. Сарвари давлат маҳсулоти истеҳсолкардаи соҳибкоронро аз назар гузаронда, барои бештар фаро гирифтани бозори дохилӣ ва зиёд намудани истеҳсолоту кам кардани талафоти ҳосили мева дастуру тавсияҳои муфид доданд.
Намояндагии корхона дар шоҳроҳи Исфара-Хуҷанд ҷойгир аст, ки аз коргоҳи бандубасти меваи хушк ва сардхона барои нигоҳдории маҳсулот иборат мебошад. Масъулин иброз доштанд, ки дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Баракат Исфара» ва филиали он дар шоҳроҳи Исфара-Хуҷанд 170 нафар ба корҳои мавсимӣ ҷалб мегарданд. Таъкид шуд, ки дар сурати пешрафти кор имкон аст шумораи кормандон то ба 250 нафар афзоиш ёбад. Дастгоҳҳои дар корхона насбу васлгардида аз Россия ва Туркия харидорӣ шудаанд. Маҳсулоти корхона ба меъёри ҷаҳонӣ ҷавобгӯй мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Исфара дар маросими баъд аз таҷдиду навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Сайфи Исфарангӣ ширкат варзиданд.
Лозим ба зикри хос аст, ки иқдоми навсозии ин боғи фарҳангӣ-фароғатӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлати Тоҷикистон пеш гирифта шудааст, ки натиҷаи татбиқи сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат мебошад.
Тибқи нақшаҳои меъмории тасдиқгардида, дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Сайфи Исфарангӣ бунёди дарвоза-даромадгоҳ, фаввора ва шаршараҳо, минбар — нишастгоҳи бо тарзи миллӣ кандакоришуда, роҳравҳо, нишастгоҳҳо, чароғонкунии ороишӣ ва сабзазору кабудизоркунии боғ дар масоҳати 2,8 гектар сурат гирифтааст.
Дар ин мавзеъ муҷассамаи шоири тоҷику форс Сайфи Исфарангӣ бо баландии зиёда аз 5,5 метр гузошта шуд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон парда аз болои муҷассамаи Сайфи Исфарангӣ бардошта, ба фаъолияти боғ оғози расмӣ бахшиданд.
Мавлоно Сайфи Исфарангӣ аз зумраи шоирони номовари адабиёти тоҷикӣ-форсии садаи ХIII буда, дар адабиёт ва шеъру шоирӣ мавқею мақоми хос ва дар илму фан манзалати воло доштааст.
Зикр гардид, ки арзиши умумии Боғи фарҳангӣ — фароғатии ба номи Сайфи Исфарангӣ беш аз 4 миллиону 200 ҳазор сомониро ташкил додааст ва бунёди он асосан ба тариқи ҳашар бо дастгирии корхонаҳои саноатӣ, ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорони саховатпеша ва аҳолии шаҳраку деҳоти Исфара сурат гирифтааст. Умуман, масоҳати зери таҷдид ва азнавсозӣ қароргирифтаи боғ 3,3 гектар мебошад, ки зиёда 8000 метри мураббаи онро масоҳати майдону роҳравҳо ташкил медиҳанд. Пудратчии асосии азнавсозии он ҶДММ «Ширкати сохтмонии Исфара», «Асри Х», ҶСК «Шабакаҳои барқии Исфара», Қитъаи обтаъминкунии обу ташноб ва фармоишгари иншоот шуъбаи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара мебошанд. Сипас, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди сокинони шаҳри Исфара ва намояндагони доираҳои адабӣ суханронӣ карда, бошандагони ин шаҳри бостониро бо фарорасии Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ шодбош гуфтанд ва иншооти дар ин рӯз мавриди баҳрабардорӣ қароргирифтаро туҳфаи арзандаи наврӯзӣ унвон карданд.
Сарвари давлат, ҳамчунин перомуни нақши шоиру мутафаккири барҷастаи тоҷику форс Сайфи Исфарангӣ, рушди соҳаҳои алоҳидаи хоҷагии халқи ин шаҳри агросаноатӣ, ҳамкории густурдаи давлат бо бахши хусусӣ, пешрафти соҳибкории хурду миёна ва инкишофи туризм дар шаҳри Исфара ибрози андеша намуданд.
Дар охир барномаи мукаммали консертӣ пешкаш гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара, ҳамчунин бо рафти корҳои азнавсозӣ дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи Осоишгоҳи «Зумрад» шинос шуданд.
Зимни шиносоӣ аз шароити нави осоишгоҳ, ки коргарону мутахассисони Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Сомонсуғд» баҳри мустаҳкамнамоии пойгоҳи моддию техникии осоишгоҳ барои мизоҷон муҳайё кардаанд, иттилоъ дода шуд, ки дар рафти иҷрои корҳо бинои рақами 4 аз таъмири асосӣ бароварда, хизматрасонии ошхонаи осоишгоҳ ба талаботи рӯз мутобиқ гардонда шудааст.
Аз тарафи кормандони Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Сомонсуғд», ҳамчунин дар осоишгоҳ бо мақсади таъмини пурраи ошхонаи осоишгоҳ бо гӯшт, шир, сабзавоту полезӣ фермаи моливу ширӣ, парандапарварӣ ва 4 гармхона бунёд гардидааст.
Бо мақсади ба як ҷойи боз ҳам хушбоду ҳаво ва дилнишин мубаддал гардонидани ин мавзеъ дар осоишгоҳ 4 ҳазор бех дарахти мевадиҳанда, 1000 бех дарахти ороишӣ ва 11 ҳазор гули гуногун шинонида шудааст.
Дар маҷмӯъ, барои таъмиру таҷдиди осоишгоҳ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ беш аз 20 миллион сомонӣ сарф гардидааст.
Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди меҳмонхонаи нави осоишгоҳи «Зумрад» санги асос гузоштанд.
Меҳмонхона аз таҳхона ва 6 ошёна иборат хоҳад буд. Дар таҳхона ташкил намудани ҳуҷраҳои ташхисию табобатӣ бо таҷҳизоти муосири соҳавӣ дар назар дошта шудааст. Дар ошёнаи якум қабулгоҳ ва ҳуҷраҳои қабули табибон, фитнес — клуб, нуқтаҳои тиббӣ, фурӯши рӯзномаю маҷаллаҳо, армуғонҳо ва кошонаи ҳусн, дар ошёнаи дуюм маҷлисгоҳ, ошхона ва дар ошёнаҳои болоӣ ҳуҷраҳои истиқоматӣ барои 300 нафар истироҳаткунанда бо дарбаргирии ҳуҷраҳои як ва дунафара ба нақша гирифта шудааст. Ҳамаи ҳуҷраҳо мутобиқ ба талаботу меъёрҳои стандарти муосир бунёду муҷаҳҳаз ва бо шабакаи ҷаҳонии интернет пайваст карда хоҳанд шуд. Боми бино барои истироҳату фароғат ва пешбурди амалҳои иқлимшифоӣ — табобат бо нури офтоб пешбинӣ шудааст. Тибқи нақша дар ду соли оянда дар ин ҷо барои истироҳату фароғат ва табобати 1200 нафар шароит фароҳам оварда мешавад. Ҳамзамон бо ин, 300 ҷойи нави корӣ таъсис хоҳад ёфт.
Дар шафати бинои мазкур мутобиқи лоиҳа аквапарк бунёд мегардад.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин лоиҳаи бунёди Маркази ташхисӣ-табобатии муосир иборат аз 2 ошёна дар даромадгоҳи осоишгоҳ муаррифӣ карда шуд. Дар ин ҷо, инчунин сохтмони қароргоҳи ҳукуматӣ барои қабули меҳмонони фахрӣ ба нақша гирифта шудааст, ки дар масоҳати 5,6 гектар замини ҷудогардида мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ бунёд мегардад. Қароргоҳ аз меҳмонхона, табобатгоҳ, тарабхона, майдони варзишӣ, ҳавзҳои тобистона ва зимистонаи шиноварӣ, толорҳо барои гузаронидани гуфтушуниду ҷаласаҳо, фаввораю гулгаштҳо ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ иборат хоҳад шуд.
Дар ҶСК Осоишгоҳи «Зумрад» Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони ватанӣ ҷиҳати муҳайё намудани шароити хуби истироҳату табобат ва тавонбахшӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва дигар иқдомоти шоиста баҳои баланд дода, ба онҳо барору комёбиҳои нав орзу намуданд.
24 марти соли 2017 дар шаҳри Гулистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд, ки дар он вазъи иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд, рафти корҳои ободонию созандагӣ, киштукори баҳорӣ, кишти такрорӣ, ташкили корхонаҳои нави саноатӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, бартараф кардани камбудию мушкилоти ҷойдошта мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.
Зимни суханронии худ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди бахшҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои вилоятро мавриди таҳлили амиқ қарор доданд.
Таъкид гардид, ки то аввали соли 2017 бақияи қарзи вилоят аз андоз ба буҷет бо дарназардошти андози иҷтимоӣ беш аз 130 миллион сомониро ташкил додааст, ки ҳиссаи бештари он ба шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан, Исфара, ноҳияҳои Зафаробод, Мастчоҳ ва Бобоҷон Ғафуров рост меояд. Соли 2016 буҷети вилояти Суғд ба андозаи 101,8 фоиз иҷро ва ба он 1,9 миллиард сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба нақша 34,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Ҳоло дар вилоят 23 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ мавриди амал қарор дорад, ки маблағи умумии то имрӯз азхудшуда 1,7 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Танҳо дар ду соли охир дар вилоят 123 корхонаи саноатӣ бунёд гардидааст. Инчунин, дар соли 2016 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ ба маблағи 1,3 миллиард сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта шудаанд, ки нисбат ба соли 2015-ум 29 фоиз зиёд мебошад.
Соли гузашта кишоварзони вилоят дар майдони беш аз 270 ҳазор гектар замин кишт гузаронида, ба маблағи зиёда аз 6 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2015-ум 9,1 фоиз зиёд аст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо супориш доданд, ки камбудиҳои ҷойдоштаро дар самти татбиқи босифату саривақтии барномаҳои гуногуни рушди иқтисодиву иҷтимоӣ бартараф созанд. Нишондиҳандаҳои даромади буҷетро таъмин, бақияпулиҳои андозро коҳиш дода, аз хароҷоти дуюмдараҷа худдорӣ намоянд. Инчунин, барои таъмин кардани маблағгузории лоиҳаҳои рушди инфрасохтор ва лоиҳаҳои дорои аҳамияти иқтисодиву иҷтимоӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз болоравии сатҳи ҷинояткорӣ, ки бештар дар шаҳрҳои Гулистон, Истаравшан, ноҳияҳои Ашт, Шаҳристон ва Кӯҳистони Мастчоҳ ба қайд гирифта шудааст, изҳори нигаронӣ карданд. Мувофиқи маълумоти оморӣ соли 2016 ва ду моҳи соли ҷорӣ дар вилоят 6233 ҷиноят содир шудааст ва кушодани ҷиноятҳо 94 фоизро ташкил медиҳад. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои рафъи камбудиҳо, инчунин пешгирию коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ вазифадор шуданд.
Супоришҳои дигар ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав вобаста ба истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, бамаротиб зиёд кардани нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ ва ба Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ оид ба пурра таъмин намудани бозори дохилӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ, зиёд кардани содироти он, истифодаи самаранок ва оқилонаи ҳар як ваҷаб замини кишт дода шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи ташвишовари риояи қонунгузорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар соҳаи замин ёдовар шуда, роҳбарияти вилоят ва раисони шаҳру ноҳияҳоро вазифадор намуданд, ки бо масъулияти тамом ҷиҳати риояи ҳатмии қонунгузорӣ ва пешгирии қонуншиканӣ дар ин самт чораҳои қатъӣ андешанд.
Ҳисоботи раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва раисони як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят оид ба натиҷаи фаъолияти бахшҳои хоҷагии халқи вилоят дар давоми соли 2017, рафти татбиқи супоришҳои Президенти мамлакат, ки аз Паём ба Маҷлиси Олӣ бармеояд ва иҷрои дигар дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шунида шуд.
Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки фаъолони вилоят минбаъд низ барои иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат ҷиҳати пешбурди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ бештар талош варзида, дар пешрафти ҷомеа саҳми босазо мегузоранд.
25 марти соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии ба номи Турсунбой Қӯшатови деҳоти «Исмоил»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба кишти пахта оғоз бахшиданд.
Кооперативи тиҷоратии хоҷагиҳои ҷамоавии ба номи Турсунбой Қӯшатов аз ҷумлаи хоҷагиҳои пешқадами ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар самти чорвопарварӣ, пахтакорӣ, ғаллакорӣ ва боғдорӣ ба ҳисоб меравад.
Соли гузашта дар хоҷагӣ дар майдони умумии 658 гектар пунбадона кишт шуд, ки аз ҳар як гектари он деҳқонон ба ҳисоби миёна то 23 сентнерӣ ҳосил гирифтанд. Имсол аз рӯи нақшаи пешбинишуда кишоварзон аз 70 ҳазор гектар замини дар ихтиёрдошта дар майдони 800 гектар кишти пунбадона мегузаронанд. Ҳар сол васеъ кардани майдони кишти пахтаро хоҷагидорон ба манфиатовар будани ин самти соҳаи кишоварзӣ марбут медонанд.
Имсол хоҷагидорон кишти пахтаро бо истифода аз тухмии серҳосили хориҷии навъи «Флеш» ба нақша гирифтаанд. Ба иттилои масъулон, тухмии нав ба шароити иқлими ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мутобиқ аст ва деҳқонон ният доранд, ки аз ҳар гектар аз 40 то 60 сентнерӣ ҳосил рӯёнанд. Барои сари вақт ва босифат анҷом додани маъракаи кишти пахта техникаҳои кишоварзии хоҷагӣ, ки аз 13 адад техникаи нармкунандаи замин, 7 адад тухмипошак ва 13 култиватор иборат мебошад, омодаи кор аст.
Пешвои миллат, ҳамчунин боғи интенсивии Кооперативи тиҷоратии хоҷагиҳои ҷамоавии ба номи Турсунбой Қӯшатовро аз назар гузаронданд. Он масоҳати 40 садякро дар бар гирифта, дар ҷойи боғҳои куҳна бунёд гардидааст. Дар боғ асосан ниҳолҳои шафтолуи «Роял сумерк», олуи «Июнская роза» ва зардолуи машҳури «Мирсанҷалӣ» шинонда шудааст.
Пешвои миллат барои деҳқонон манфиатбахш будани боғи интенсивиро шарҳ дода, таъкид доштанд, ки дар шароити кӯҳистон бунёд кардани чунин боғ хеле қулай аст, зеро дар масоҳати на он қадар калон шумораи зиёди ниҳолҳоро шинондан мумкин мебошад. Яке аз бартариятҳои боғи интенсивӣ дар зуд ба ҳосил даромадани дарахтон мебошад. Аллакай баъд аз ду сол боғҳои навбунёди интенсивӣ боровар мешаванд. Дар байни қатори дарахтон бошад, боғдорон метавонанд навъҳои гуногуни сабзавот ва полезӣ кишт намоянд.
Сарвари давлат таваҷҷуҳи хоҷагидоронро ба истеҳсоли меваҳои хушсифати содиротӣ ҷалб намуда, зикр карданд, ки бо васеъ шудани масоҳати боғҳо дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба масъалаи коркард ва хушкондани меваю сабзавот низ аҳамияти зарурӣ дода шавад. Дар навбати худ деҳқонон иброз намуданд, ки айни ҳол дар хоҷагӣ дар майдони 1200 га боғу токзор мавҷуд аст, ки ҳосили меваи онҳо на танҳо ба бозорҳои ҷумҳурӣ бароварда, балки берун аз он ҳам содирот мешавад. Иброз гардид, ки дар ҳамаи самти соҳаи хоҷагидории Кооперативи тиҷоратии хоҷагиҳои ҷамоавии ба номи Турсунбой Қӯшатов зиёда аз 600 саҳмдор фаъолият менамоянд, ки самараи меҳнати онҳо хони сокинони кишварро бо маҳсулоти гӯштӣ ва меваю сабзавоти тару тоза оро медиҳад.
Пешвои миллат ба коргарони хоҷагӣ барои рушди боғу токпарварӣ, истифодаи мақсадноки замин, обёрии саривақтӣ, парвариши зироат дар гармхонаҳо ва ба ҳамин восита таъмин намудани бозорҳои ноҳия ва вилоят бо сабзавоти барвақтӣ дастуру ҳидоятҳо доданд.
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминҳои бекорхобидаи Сомғор, дар шаҳраки нави Сайҳун оби полезиро кушода, ба бунёди боғи нави зардолу оғоз бахшиданд. Оби мазкур ба воситаи пойгоҳҳои обрасонии «Сайҳун – 1» ва «Сайҳун – 2» аз дарёи Сир ба ин мавзеъ оварда шудааст.
Бо дастуру супоришҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пойгоҳҳои обкашии «Сумчак – 1» ва «Сумчак – 2»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров азнавсозӣ гардида, барои амалӣ намудани лоиҳаи азхудкунии мавзеи Сомғор сохтмони пойгоҳхои обкашии «Сайҳун – 1» ва «Сайҳун – 2» ба роҳ монда шуда буд.
Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар яке аз иқдомҳои бузургу шоистаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин минтақаи кишвар — азхудкунии дашти ташналаби Сомғор ва бунёди шаҳраки нави Сайҳун мебошад.
Ёдовар мешавем, ки 24 марти соли 2015 зимни як сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дашти Сомғор ва минтақаи Мирзоработи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба сохтмони як шаҳри нави замонавӣ асос гузошта буданд. Пешвои миллат санги асоси бунёди якчанд иншооти шаҳраки навбунёди Сайҳунро гузошта, ба корҳои обёрӣ ва бунёди боғи интенсивӣ оғоз бахшида буданд. Дар ин ҷо Сарвари давлат нахуст бо нақшаи шаҳри нав шинос шуда, ба бунёди он асос гузошта, пешниҳод намуданд, ки он Сайҳун номида шавад. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми гузоштани санги асоси бунёди шаҳраки Сайҳун ба сохтмончиёну соҳибкорон супориш доданд, ки дар шаҳраки нав биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ва муассисаҳои иҷтимоӣ бояд бо риояи тарҳи миллии меъморӣ ва бо сифати баланд бунёд карда шаванд, то ки онҳо ба мардум солҳои тӯлонӣ хизмат намоянд.
Бунёди шаҳраки нав бо ташаббуси Сарвари давлат бо дарназардошти афзоиши аҳолии шаҳри Хуҷанд ва шаҳру ноҳияҳои атрофи он, таъмин намудани оилаҳои эҳтиёҷманд бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ барои бунёди манзили истиқоматӣ, азхудкунии заминҳои нав барои ба роҳ мондани истеҳсолоти кишоварзӣ, аз ҷумла тавассути бунёди боғҳои нав дар мавзеи Сомғори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки қариб 15 ҳазор гектар замини бекорхобида дорад, ба нақша гирифта шудааст. Тибқи нақшаи генералӣ шаҳраки Сайҳун барои истиқомати 40 ҳазор хонавода ё 240 ҳазор нафар аҳолӣ бунёд мегардад.
То имрӯз масъалаҳои муҳими барасмиятдарории замини шаҳрак, ба воситаи пойгоҳҳои пуриқтидор кашидани хатти оби полезӣ дар ду марҳала ба масофаи 14 километр ва оби нӯшокӣ ба масофаи беш аз 9 километр, хатти барқ ва чароғонкунӣ дар масофаи 6 километр, бунёди роҳҳои асосӣ зиёда аз 11 километр, қубури обпарто ва канали обгузар ба масофаи 4 километр ва маблағгузории онҳо ҳал шудааст ва кабудизоркунии атрофи иншоот, корҳои ободонӣ бомаром идома доранд.
Бояд дар марҳалаи аввал дар майдони 1000 гектар биноҳои истиқоматӣ, иншооти иҷтимоиву фарҳангӣ, дар маҷмӯъ, дар майдони 3000 гектар 19 маҳаллаи аҳолинишин, 48 муассисаи таълимӣ, 140 маркази савдо ва хизматрасонӣ, 40 майдонча ва толори варзишӣ, инчунин, бозор ва дигар инфрасохтори зарурӣ бунёд карда шаванд. Сохтмони роҳи маркази шаҳрак имрӯзҳо идома дорад ва соҳибкорону сохтмончиён аллакай таҳкурсии биноҳои баландошёнаи 9-12 — ошёна, коттеҷҳои 2-3 — ошёнаро гузоштанд. Дар ин муддат дар шаҳраки навбунёд қариб 6 ҳазор оила, яъне, тақрибан 40 ҳазор нафар соҳиби қитъаи замини наздиҳавлигӣ шудаанд. Аз рӯи маълумот айни замон аз ҷониби беш аз 1000 оила сохтмони манзилҳои истиқоматӣ оғоз гардидааст. Сохтмону мумфаршкунии роҳҳои асосӣ, чароғонкунӣ, кашидани хатти оби нӯшокӣ ва полезӣ, сохтмони пойгоҳҳои обкашӣ босуръат давом дорад.
Ҳангоми таҳияи лоиҳаи бунёди шаҳраки Сайҳун сохтмони 40 майдончаи варзишӣ, толори варзишӣ, варзишгоҳ, ҳавзи шиноварӣ ва боғи фароғатию истироҳатӣ ба нақша гирифта шудааст. Барои сохтмони беморхона 8 гектар ва сохтмони таваллудхона 2 гектар замин пешбинӣ гардидааст.
Азхудкунии даштҳои бекорхобидаи Сомғору Мирзоработ дар чор марҳила амалӣ мешавад. Дар марҳилаи аввал ба баландии зиёда аз 118 метр ва ба дарозии 4, 7 километр тавассути қубурҳои қутрашон 720 миллиметрӣ аз дарёи Сир об бароварда шуд. Дар доираи азхудкунии дашти ташналаби Сомғор, ҳамчунин дар ин мавзеъ дар марҳилаи аввал дар масоҳати 1000 гектар бунёди боғҳои интенсивӣ ба назар гирифта шудааст. Майдони боғҳои нав дар оянда ба 7000 гектар расонида мешавад. Боғҳои нав тавассути технологияи муосир бунёд ёфта, бо усули обёрии қатрагӣ нигоҳубин карда мешаванд. Ба андешаи мутахассисон, иқлими мавзеи Сомғор хусусан барои парвариши зардолую шафтолу ва сиёҳолу мувофиқ мебошад. Аз рӯи маълумоти коршиносон, ҷорӣ намудани системаи обёрии қатрагӣ, ки имрӯз дар кишварҳои пешрафтаи дунё фаровон истифода мешавад, аз чанд ҷиҳат барои деҳқонон манфиатовар аст. Ин усул, қабл аз ҳама, ба сарфаи об ва нуриҳои минералӣ мусоидат мекунад, ки бевосита ба решаи ниҳолҳо ворид карда мешаванд. Ҳарчанд Тоҷикистон кишвари болооб ба ҳисоб меравад, аз ин тарзи обёрӣ истифода мебарад. Зеро обёрии қатрагӣ сарфаи оби полезиро нисбат ба меъёрҳои маъмул 7 маротиба кам мекунад. Аз ҷониби дигар, ин усул заминро аз шусташавӣ ва эрозия нигоҳ дошта, кори дастии деҳқононро ба маротиб сабук месозад. Агар дар усули анъанавии обёрӣ бо об таъмин намудани ниҳолҳо танҳо дар мавзеъҳои ҳамвор имконпазир бошад, пас бо ин усул имкон аст, ки дар минтақаҳои ноҳамвор ва нишебиҳо низ шинонидани ниҳолҳо ва обёрии онҳо ба роҳ монда шавад.
Мутахассисон, инчунин дар ҳамкорӣ бо лоиҳаи кадастри замин дар бунёди боғоти нав усули навигатсионии GPS (ҶИПИЭС)-ро истифода мебаранд, ки барои соҳаи боғпарварӣ таҷрибаи нав аст. Системаи мазкур имкон медиҳад, ки ҷойи шинонидани ҳар ниҳол бе истифодаи усули ресмонкашӣ ва мехчазанӣ дар муддати кӯтоҳ муайян карда шавад. Дар боғҳое, ки бо ин усул бунёд мешаванд, қатори дарахтон ва мувозинати онҳо дуруст риоя мегардад.
Зимни суҳбат бо меҳнаткашони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Сарвари давлат таъкид намуданд, ки боғпарварӣ ва сабзавоткорӣ яке аз омилҳои муҳимтарини бо ҷойи корӣ таъмин кардани сокинони деҳот ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии онҳо мебошад.
Бино ба таъкиди Пешвои миллат бунёди боғу токзорҳои нав ва таъмиру таҷдиди боғҳои мавҷуда яке аз роҳҳои асосии тақвияти иқтидори содиротии кишвар, афзоиши даромади оилаҳо ва боз ҳам беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва дар айни замон татбиқи самараноки сиёсати ободониву созандагӣ мебошад.
Президенти мамлакат ба сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар роҳи татбиқи сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар барору комёбӣ орзу намуда, бо итминон изҳор доштанд, ки ба шарофати бунёди боғҳои нави шаҳраки Сайҳун ва дашти Сомғор ин макон ободу зебо мегардад ва солҳои наздик даҳҳо корхонаи коркарди мева сохта, ба истифода супорида мешаванд ва аз ҳисоби афзоиши истеҳсоли мева иқтидори содиротии вилоят тақвият меёбад.
Дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади тамошои барномаи консертии ҳунармандони соҳибистеъдоди панҷ ансамбли навтаъсиси вилояти Суғд ба Кохи фарҳанги «Суғдиён» ташриф оварданд.
Нахуст Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтиром ва арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги гузаштаи миллати тоҷик дар пояи муҷассамаи Сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс, Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки дар назди ин кохи муҳташам қомат афрохтааст, гулчанбар гузоштанд.
Кохи «Суғдиён», ки соли 2016 дар рӯзҳои таҷлил аз 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд, барои аҳли ҳунару фарҳанги вилояти Суғд дастоварди беназир ба ҳисоб меравад.
Аз рӯзҳои аввали фаъолият дар Кохи фарҳанги «Суғдиён» ба таъсиси ансамблҳои нав ва ҷалби наврасону ҷавонон ба омӯзиши ҳунарҳои навозандагию овозхонӣ ва намудҳои рақс таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавад.
Бо ҳидояти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди ин муассисаи фарҳангӣ панҷ дастаи ҳунарӣ — ансамбли рақсии «Зебо», ансамбли рақсии ба номи Ғаффор Валаматзода, ансамбли ҳунарии созҳои миллии «Сайҳун», ансамбли созию овозии ба номи Борбад ва дастаи рақсии балет таъсис дода шудааст.
Таъкид гардид, ки ҷиҳати баланд бардоштани маърифату ҷаҳонбинӣ, таҳкими ҳисси худшиносиву ватандӯстии ҷавонон, дарёфти чеҳраҳои нав ва ҷалби наврасону ҷавонон ба фарҳанг озмун ташкил карда, наврасону ҷавонони соҳибистеъдод, аз синни 14 то 27 — сола, аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба кор қабул гардиданд.
Айни замон дар панҷ ансамбли навтаъсиси назди Кохи фарҳанги «Суғдиён» 238 нафар, ки бештари онҳоро наврасону ҷавонон ташкил медиҳанд, фаъолият доранд.
Барномаи мукаммали консертӣ, ки аз нигоҳи сатҳ ва муҳтаво беҳтарин арзёбӣ гардид, аз ҷониби ҳунармандони назди Кохи фарҳанги «Суғдиён» бе истифодаи фонограмма манзури иштирокдорон карда шуд.
Дар фарҷом Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунари волои наврасону ҷавонони соҳибистеъдод баҳои баланд дода, баргузории чунин чорабиниҳои фарҳангиро дар рушду нумӯи ояндаи санъати миллӣ ва муосири тоҷик муҳим маънидод намуданд.
Нимаи дуюми 25 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими наврӯзӣ дар боғи «Ваҳдат»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ширкат варзиданд.
Дар боғи «Ваҳдат», ки чанд сол қабл бо ибтикороти наҷибонаву бевоситаи Пешвои миллат дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташкил ёфт, ҷашни аҷдодии халқҳои ориёитабор-Наврӯзи некпай бо шаҳомати махсус таҷлил шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди сокинону меҳмонони сершумор суханронӣ карда, бори дигар ҳамватанон, сокинони вилояти Суғд ва ҳозиринро ба ифтихори падидаи нодири фарҳанги ҷаҳонӣ – Наврӯзи оламафрӯз самимона табрик гуфта, барои давлати соҳибистиқлоламон соли бобарор ва амалишавии иқдомҳои наву созандаро орзу карданд.
Тибқи иттилои масъулини ин чорабинии муҳташами фарҳангӣ, ба он беш аз 6 ҳазор нафар ҷалб гардидаанд. Дар барномаи зикршудаи фарҳангӣ-оммавӣ анъанаву русуми аҷдодии бошандагони гӯшаву канори Тоҷикистони азиз ва қавму миллатҳои ҷашнгирандаи ҳавзаи Наврӯз таҷассуми худро пайдо кард, ки басо дилписанд ва хотирмон буд.
Дар рӯзи сеюми сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд як қатор иншооти таъиноти гуногуни хизматрасониро ифтитоҳ намуданд.
Нахуст Сарвари давлат бо иншооти навбунёд, ки дар Соли ҷавонон ифтитоҳ ёфта, ба ифтихори он «Толори ҷавонон» номгузорӣ гардидааст, шинос шуданд. Бинои мазкур, ки соли 1970 бунёд шуда буд, имрӯз аз тарафи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» пурра аз таъмиру таҷдид бароварда шудааст. Толори маҷлисгоҳ бо 250 ҷойи нишаст барои баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангию сиёсӣ мувофиқ карда шудааст.
Дар ин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити хизматрасонии «Тарабхонаи ҷавонон» шинос шуданд. Корҳои навсозӣ ва таҷҳизонидани бинои мазкур моҳи январи соли 2017 оғоз ва то ба имрӯз дохил ва беруни бино аз ҳисоби маблағҳои худи фурудгоҳ таъмиру таҷдид шудааст. Ба хотири ба талаботи замони муосир мутобиқ кардани хизматрасонии он ашёву таҷҳизоти зарурӣ васлу насб гардидааст. Минбаъд тарабхонаи замонавӣ бо 220 ҷойи нишаст барои кормандони фурудгоҳ, мусофирони хатсайрҳо, меҳмонони хориҷӣ ва шаҳрвандони кишвар бо сифати баланд хизмат мерасонад.
Ҳамчунин, дар рӯзҳои таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз роҳҳои шафат ва ҳудуди фурудгоҳ азнавсозӣ ва масоҳати 2496 метри мураббаъ мумфарш карда шудааст. Атрофи роҳҳо бо дарахтони зиёди ороишӣ ва гулҳои рангоранг оро ёфта, пурра чароғон гардидааст.
Айни ҳол дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд сохтмони терминали қабул ва гусели мусофирон идома дорад. Терминал барои хизматрасонии 400 мусофир дар як соат пешбинӣ шудааст.
Корҳои сохтмонӣ аз ҷониби пудратчӣ — ширкати сохтмонии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Муҳандис» амалӣ шуда истодааст. Масоҳати толори нави фурудгоҳ 30 х 64 метр ва якҷоя бо бинои ҳозираи амалкунанда 84 х 62 метр аст. Баландии бино аз дохил 14,6 метр ва аз берун 17,2 метрро ташкил медиҳад. Дар оянда муҷаҳҳазгардонии бино бо таҷҳизоти замонавӣ, аз ҷумла, дастгоҳҳо баҳри таъмини бехатарӣ, лифтҳои махсус барои мусофирони маъюб, эскалаторҳо ва дигар ашёву лавозимоти замонавӣ ба нақша гирифта шудааст. Айни ҳол корҳои сохтмонию васлкунӣ дар иншооти мазкур бомаром идома доранд.
Иншооти наве, ки он рӯз аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуд, дар рӯзҳои Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, соли таҷлили 20 — солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 25 — солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон беҳтарин армуғони Пешвои миллат барои сокинони вилояти Суғд мебошад.
Бо ҳамин сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд анҷом ёфт.
Нимаи дуюми 25 март Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Душанбе баргаштанд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарият ва сокинони вилояти Суғд бо нишони арҷгузорӣ ба хидматҳои арзандааш дар самти таъмини зиндагии шоистаи мардуми сарзамин бо шаҳомати хоса гусел намуданд.
Барномаи таҳиянамудаи фарҳангиён ба хотири гусели меҳмони олимақом бо иштироки ҷавонону наврасон бениҳоят самимӣ ва пуршукӯҳ буд.
www.president.tj