Сафари кории Пешвои миллат ба водии Рашт

№73 -76 (4023 - 4026) 25.06.2019

48118151066_5c374ae3a0_o24 июни соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ва ҷиҳати иштирок дар тантанаҳои идона ба истиқболи 22-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти дорои таъиноти гуногун ва суҳбату вохӯриҳои судманд бо сокинон ба ноҳияҳои водии Рашт ташриф оварданд.

Боздиди кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Сангвор оғоз гардид ва мардуми меҳнатқарини он Пешвои миллатро бо рӯҳияи болида ва ифтихори баланд гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Ноҳияи Сангвор дар даврони Истиқлолияти давлатӣ бо шарофати сулҳу ваҳдати миллӣ ва таваҷҷуҳу дастгириҳои рӯзафзуни Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон рушд намуда, сокинонаш ба дастовардҳои зиёди меҳнатӣ дар ҳама соҳа ноил гардидаанд.

48118313518_2b26832e51_oАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор нахуст майдончаи варзишии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1-ро мавриди истифода қарор доданд.

Он дар масоҳати 540 метри мураббаъ дар дои­раи дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш ва солимгардонӣ сохта шудааст.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1, ки дар он 450 нафар хонанда дар ду баст ба таълим фаро гирифта шудаанд, аз надоштани майдончаи муосири обутоби бадан танқисӣ мекашиданд.

Акнун дар доираи иқдомҳои бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва омодагиҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Сангвор хонандагони муассиса соҳиби майдончаи муосири варзишӣ гардиданд.

Он барои бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол пешбинӣ гардида, бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанаш на танҳо барои хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1, балки барои дигар ҷавонони деҳаи Тавилдараи деҳоти «Тавилдара» барои машғул шудан ба намудҳои гуногуни варзиш имкон фароҳам омад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити майдончаи варзишӣ ва суҳбат бо масъулин ба сифати корҳои анҷомшуда баҳои баланд дода, ҷавонону наврасонро ба истифодаи пурсамар аз он ҳидоят карданд.

Дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Сангвор бо дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат варзишгоҳи калони муосир бо 4 ҳазор ҷойи нишаст ва 2 толори варзишии наздимактабӣ сохта шудааст, ки дар самти оммавигардонии варзиш ва ҷалби бештари таваҷҷуҳи насли ҷавону ояндасози миллат ба машқу тамрин заминаи мусоид фароҳам овард.

Бояд гуфт, ки дар доираи омодагӣ ба истиқболи 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 4 деҳоти ноҳия бунёди 4 майдончаи варзишӣ ба нақша гирифта шудааст.

Умуман, раванди созандагӣ дар Сангвор ба пешвози арзандаи ҷашни бузурги миллӣ босуръат идома дорад ва сокинони сарбаланди ин минтақаи дурдасти мамлакат талош доранд, ки аз 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастовардҳои арзанда истиқбол намоянд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи боздиди корӣ аз Сангвор дар маркази ноҳия ба корҳои сохтмонӣ дар бинои  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, шуъбаҳои маориф ва амнияти миллӣ оғози расмӣ бахшиданд.

Бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор ва шуъбаи маориф дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта мешаванд ва дар онҳо барои кормандон ҷиҳати боз ҳам  беҳтар намудани кору фаъолият дар самти ҳифзи дастовардҳои миллӣ ва саҳмгузорӣ дар пешрафти мамлакат шароити муосир фароҳам оварда хоҳад шуд.

Бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дуошёна сохта мешавад ва дар тарҳи иншоот бунёди 1 толори варзишӣ, 4 утоқи корӣ ва бойгонӣ пешбинӣ гардидааст.

Зимни шиносоии Роҳбари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тарҳи бинои мазкур иттилоъ дода шуд, ки иншоот бо саҳми соҳибкорони бонангу номуси диёр дар масоҳати 20 садяк замин ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мегардад.

Бинои нави шуъбаи маориф сеошёна буда, аз 12 утоқи корӣ ва толори барҳавои маҷлис барои 90 нафар иборат хоҳад буд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни шиносоӣ бо лоиҳаи он ҷиҳати анҷоми босифати корҳо ва истифода аз маҳсулоти аълосифат ба масъулин дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.

Бинои зикршуда бо харҷи 3,7 миллион сомонӣ сохта ва бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир ҷиҳозонида мешавад.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон пас аз оғози корҳои сохтмонӣ ва шиносоии пурра бо лоиҳаи биноҳои нав ба масъулин ва сохтмончиён барои дар муҳлати муайянгардида ба анҷом расондани корҳо ва таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудан ба интихобу истифодаи масолеҳи хушсифати сохтмонӣ дас­туру супоришҳои судманд доданд.

24 июни соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор аз намоишгоҳи кишоварзӣ дидан намуда, бинои маркази савдои «Хингоб»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Дар намоишгоҳ намунаи маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои дастӣ, ки расму анъанаҳои мардуми кӯҳистонро таҷассум мекунанд, ба маъраз гузошта шуд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ҳунари волои кадбонуҳои ноҳияи дурдасти мамлакатро, ки ба пухтани нонҳои лазиз машғул буданд, шоёни таҳсин хонда, барои омӯзиши он ба ҷавондухтарон дастуру ҳидоят доданд.

Таъкид гардид, ки бо ҳидояти бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Сангвор ҷиҳати эҳё ва рушди ҳунару анъанаҳои миллӣ тадбирҳои зиёд андешида шуда, таваҷҷуҳи ҷавондухтарон тайи солҳои охир ба омӯзиши онҳо бештар гардидааст.

Шуғли асосии сокинони ноҳия кишоварзӣ буда, аҳли заҳмат бо васеъ намудани майдони зироати гуногун ва боғот маҳсулоти зиёд ба даст оварда, дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми назаррас мегузоранд.

Хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ соли равон дар 650 гектар картошка, 188 гектар ғалладонагӣ кишт намуда, 27 гектар боғи нави мевадиҳандаи себу нок, аз ҷумла, 1 гектар боғи интенсивӣ, бунёд кардаанд. Аҳли заҳмат соли ҷорӣ парвариши полезиҳо, аз ҷумла, тарбузу харбузаро дар 3 гектар ба роҳ монданд.

Дар намоишгоҳ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон занбӯриасалпарварони номдор намудҳои гуногуни асали табииро муаррифӣ намуданд.

Таъкид шуд, ки иқлими минтақа барои занбӯриасалпарварӣ хеле мувофиқ буда, кишоварзон ҳар сол бо афзун намудани оилаҳои занбӯри асал маҳсулоти зиёди аз ҷиҳати экологӣ тозаву табобатӣ ба даст меоранд. Феълан дар ноҳия шумораи оилаҳои занбӯри асал ба 12 ҳазору 900 адад мерасад ва нақша доранд, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин нишондодро боз ҳам афзун ва содироти онро ба хориҷ аз кишвар ба роҳ монанд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон баъди боздид аз гӯшаи дастранҷи кишоварзони кордону ботаҷриба Маркази савдои «Хингоб»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Он аз се ошёна иборат буда, дар қабати якумаш маркази савдо бо 10 ҷойи корӣ, дар ошёнаи дуюм чойхона барои 60 ҷойи нишаст ва дар ошёнаи сеюм меҳмонхонаи замонавӣ сохта шудааст.

Ин иншоот дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Давлатхӯҷа Хушвахтов бо харҷи беш аз 700 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст.

Дар чойхонаи миллӣ ба сайёҳони хориҷӣ хӯрокҳои миллӣ пешниҳод шуда, ҳуҷраҳои меҳмонхона бо шароити зарурӣ таъмин мебошанд. Дар ин ҷо, дар маҷмӯъ, 30 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.

Масоҳати умумии бино 180 метри мураббаъро дар бар гирифта, дар соҳили дарёи Хингоб хеле назаррабо ба назар мерасад.

Дар атрофи бино барои истироҳату фароғати меҳмонону сайёҳон ду суҳбаткада бо нақшу нигори миллӣ сохта шудааст.

Дар шафати маркази савдо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои дуошёнаи дигари иборат аз маркази савдо ва коргоҳи ҳунармандиро мавриди истифода қарор доданд.Онҳо аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Музаффар Рафиев бо харҷи 1 миллиону 100 ҳазор сомонӣ дар зарфи се моҳ сохта шуд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити маркази савдо ва коргоҳи ҳунармандӣ ба масъулин ҷиҳати истифодаи пурсамари имконоти фароҳамгардида ва муаррифии ҳар чӣ бештари ҳунарҳои миллӣ ба сайёҳон  дастур доданд.

Муҳим он аст, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани ин иншоот 10 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва даромади хуб таъмин шуданд.

Масоҳати умумии бино 234 метри мураббаъро ташкил дода, таҳхонаи он чун анбори нигоҳдории маҳсулот истифода карда мешавад.

Дар коргоҳи ҳунармандӣ ­феълан 5 ҳунарманд ба фаъолият ҷалб гардида, бо санъати нотакрори кандакорӣ аз чӯб ашёи зарурӣ омода ва пешниҳоди хоҳишмандон мегардад.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон пас аз мавриди истифода қарор додани марказҳои хизматрасонӣ ва суҳбат бо кормандону масъулин, иншооти ба истифодадодашударо туҳфаи арзандаи Давлату Ҳукумати Тоҷикистон барои мардум дар рӯзҳои таҷлили Ваҳдати миллӣ арзёбӣ карданд.

48119864822_ea3aafe75c_oАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар Сангвор бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти Маркази савдои «Давлатҷон», ки аз тарафи соҳибкори ватанӣ Хайрулло Давлатов дар доираи эълони солҳои 2019 — 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» сохта шудааст, оғоз бахшиданд.

Корҳои сохтмонӣ дар маркази тиҷоратӣ соли 2017 оғоз гардида, дар бунёди он зиёда аз 10 нафар ба кор ҷалб гардиданд.

Бино аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, ошёнаи якум мағозаи фурӯши молҳои ниёзи мардум ва ошёнаи дуюм барои баргузории тӯю маъракаҳо пешбинӣ шудааст.

Дар таҳхонаи марказ молу маҳсулоти гуногун нигоҳ дошта мешавад. Масоҳати умумии иншоот 4 садяк заминро дар бар гирифта, дар масоҳати 260 метри мураб­баъ қомат афрохтааст. Он сеюмин маркази савдои замонавӣ дар ноҳия маҳсуб меёбад, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар аз тарафи соҳибкорони ватандӯст сохта шуд.

Иншооти тозабунёд баробари хизмат расонидан ба аҳолӣ, ҳамчунин ба ҳусни ноҳия зебогӣ зам намуда, сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардиданд.

Баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор додани маркази тиҷоратӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зиёда аз 60 кӯдаки ятим ва фарзандони ­оилаҳои ниёзманд туҳфаҳои идона тақдим намуданд.

Онҳо худро хушбахту сарбаланд эҳсос мекарданд, зеро дар арафаи таҷлили бошукӯҳи 22 — солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ аз дасти Пешвои ғамхору меҳрубон ва пуштибони худ маблағ ва сарулибоси зебо гирифтанд. Сарвари давлат онҳоро бо фарорасии Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта, таъкид карданд, ки қишри ниёзманди ҷомеа ҳамеша дар зери таваҷҷуҳ ва ҳимояи Давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Дастгирии маъюбон, ятимону бепарасторон ва оилаҳои ниёзманд аз  солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар мадди назари Роҳбари мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт ва чун анъана дар арафаи ҳама иду айём ин амали неку инсондӯстона сурат мегирад.

Ҳамчунин, он рӯз ба хотири шодию нишоти кӯдакон дастурхони идона ороста шуд. Зикр гардид, ки айни замон дар Сангвор 7 ятими кулл, 235 нимятим, 284 маъюб ба қайд гирифта шудаанд, ки аз шумораи умумии онҳо 44 нафар синни то 18-ро ташкил медиҳанд.

24 июни соли 2019 дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Сангвор Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон Парчами давлатии Тоҷикистонро дар вазъияти тантанавӣ барафрохтанд.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар маркази ноҳия, дар назди бинои Қасри фарҳанг бо садо додани Суруди миллӣ ва иштироки доираи васеи сокинон партавафшон карда шуд.

Он бо баландии 50 метр дар доираи омодагиҳо ба таҷлили сазовори Рӯзи Ваҳдати миллӣ бунёд шудааст. Паҳноии матои Парчам 7 ва дарозияш 14 метрро ташкил намуда, атрофи он ба масоҳати 735 метри мураббаъ сафолакпӯш гардидааст.

Дар назди даромадгоҳи майдони Парчам ду ҳайкали шер ҳамчун рамзи миллати тавоно ва тамаддунофар сохта шудааст.

Корҳои сохтмонӣ дар сутунпояи Парчами далатии Тоҷикистон бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия аз ҷониби коргарону мутахассисони Ҷамъияти дорои ­масъулияти маҳдуди «Наҷор» бо сатҳу сифати баланд анҷом дода шуд.

Майдони Парчами давлатӣ 11 садяк заминро дар бар гирифта, атрофи онро беш аз 60 арча, гулҳои гуногун ва сабзазор зеб медиҳад. Дар рафти сохтмон бо дарназар­дошти сайругашти сокинону меҳмонон 10 нишастгоҳ ва чароғҳои равшандиҳанда насб шудаанд.

Парафшонии Парчам дар ­ноҳияи дурдасти мамлакат боиси рӯҳбаландӣ ва ифтихору садоқати сокинон ба Ватан — Модар гардида, онҳо метавонанд дар назди муқаддасоти миллат чорабиниҳои гуногунро баргузор намоянд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим дар Қасри фарҳанги ноҳияи Сангвор бо фаъолону сокинони ноҳия мулоқоти самимӣ доир карданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирокчиёни мулоқот ва дар симои онҳо мардуми ноҳияро бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик гуфтанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи як қатор иншоотро ба сокинон муборакбод гуфта, таъкид доштанд, ки дар муддати кӯтоҳ дар ноҳия бо дастгирии Ҳукумати мамлакат пешравиҳои назаррас ба мушоҳида мерасанд.

Қайд шуд, ки замони истиқлолият аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои ноҳияи Сангвор 300 миллион сомонӣ равона шудааст, ки 90 миллиони он ба се соли охир рост меояд.

Мавриди зикр аст, ки дар ноҳия бо мақсади истиқболи шоистаи 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бунёду азнавсозии 77 иншоот ба нақша гирифта шуда, то ҳол сохтмони 15 иншоот ба анҷом расидааст.

Тайи солҳои 2016-2018 дар ноҳия дар доираи ду лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ доир ба тақвияти таҳсилоти касбии техникӣ ва идоракунии экологии замин 12 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст. Дар доираи 7 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ, аз ҷумла, лоиҳаи барқарорсозӣ барои азнавсозии инфрасохтори манзиливу коммуналӣ, рушди соҳаҳои кишоварзиву маориф ва ҳифзи иҷтимоӣ 50 миллион сомонӣ равона гардида, татбиқи 2 лоиҳа ба маб­лағи қариб як миллион сомонӣ доир ба таъмиру таҷҳизонидани синф­хонаҳои таълимӣ ва беҳтар кардани шароити таълиму тарбия идома дорад.

Роҳбари мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо таҳлили воқеии вазъи рушди иқтисодию иҷтимоӣ ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дастур доданд, ки бо истифода аз имкониятҳои мусоид барои рушду густариши картошкапарварӣ, занбӯриасалпарварӣ, ҷамъоварию коркарди гиёҳҳои табиӣ, бунёди боғоти нав, афзоиши чорво ва ташкили инфрасох­тори сайёҳӣ тадбир андешанд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон мардуми Сангворро ба риояи қонунҳои амалкунанда, аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ҳидоят карданд.

Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон аз номи сокинон донишҷӯ Лайло Идиева суханронӣ карда, ба Пешвои миллат барои талошҳову тадбирҳои созанда, дастгирии ҷавонон изҳори сипос намуд.

24 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Нуробод ташриф оварданд.

Сокинони касбу кори гуногун, собиқадорон, фаъолон ва шумораи зиёди ҷавонон Сарвари давлатро гарму самимӣ ва бо муҳаббати беандоза пазироӣ намуданд.

Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии нав­бунёди деҳаи Холибеки деҳоти «Хумдон», ки идона ороста шуда буд, бо дастовардҳои меҳнатии мардум шинос шуданд. Ба хотири ташрифи меҳмони олиқадр дар он ҷо намоишгоҳи бузургу доманадор ташкил шуд. Дар он сокинони ноҳия дастранҷи хеш, аз қабили маҳсулоти нонӣ, намунаи кандакорию оҳангарӣ, ҳосили зироати кишоварзӣ, гулу гиёҳҳои табиии шифобахш ва ғайраро ба маъраз гузоштанд.

Дар гӯшаи нонҳои миллӣ занону бонувони ҳунарманд бехтани орд, хамиркунӣ ва тарзи омода намудани номгӯи гуногуни нонҳои миллӣ, аз қабили чаппотӣ, гирдача, кулчаи нақшин, кулчаи нурободӣ, ки хоси мардуми ин минтақаи мамлакат буда, шуҳрати ­зиёдро касб намудааст, намоиш доданд.

Инчунин, барои омода намудани ҳар як намуд нони миллӣ бо усули аҷдодӣ танӯри алоҳида гузошта шуда, маҳсулоти нонӣ ба намоиш гузошта шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунари нонпазии занону бонувони Нуробод баҳои баланд дода, ба онҳо ҷиҳати ҳифзи ин мероси қадима ва боз ҳам рушд бахшидани он, инчунин ҷалби ҷавондухтарон барои аз худ кардани нозукиҳои нонпазӣ маслиҳатҳои муфид доданд.

Мавриди зикр аст, ки мардуми Нуробод, хоса занону бонувони он, аз қадим бо ҳунари нонпазӣ машҳуранд ва нонҳои омоданамудаи онҳо аз лиҳозу таъм беназир мебошад.

Дар гӯшаи дигари намоишгоҳ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хӯрокҳои миллӣ, аз ҷумла, оши бурида, кашк, далда, умочи ба дӯғ, қурутоб, фатирмаска ва ғайра намоиш дода шуд. Дар ноҳия, намудҳои зиёди хӯрокҳои миллӣ, ки хоси мардуми тамаддунофар ва қуҳанбунёди тоҷик мебошанд, ҳифз гардидаанд ва дар ҳар хонадон пухта мешаванд. Ҳамчунин шириниву кулчақандҳои гуногун ва номгӯи зиёди маҳсулоти ширӣ ба маъраз гузошта шуд.

Президенти мамлакат маҳсули дасти чеварони ноҳияи Нурободро тамошо намуда, маҳорати дӯзандагию бофандагии занону духтарони соҳибистеъдод ва чирадасти маҳаллиро намунаи олии кордонию лаёқатмандии миллати қадимаи тоҷик арзёбӣ карданд. Дар гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ, ки қисми асосӣ ва бештари намоишгоҳро дар бар мегирифт, ҳамчунин номгӯи зиёди дигар намуди маҳсулоти дастӣ, аз қабили чубкорию оҳангарӣ ва ғайра намоиш дода шуд. Кандакорию оҳангарӣ, ки аз ҳунарҳои хеле қадимаи миллат ба шумор мераванд, дар ноҳияи Нуробод ба таври густурда рушд намудааст. Созҳои гуногуни мусиқӣ, лавозимоти рӯзгор ва маҳсули оҳангарон, бозгӯйи фарҳанги бою пурғановати онҳо мебошанд.

Ҳамчунин, дар ин мавзеъ дастандаркорон ба таври рамзӣ хонаи арӯсии замонавӣ ва хонаи арӯсии ниёкон ташкил карда, расму оини миллатро дар давраҳои гуногун муаррифӣ намуданд. Хонаи арӯсии замонавӣ дар доираи талаботи замони муосир бо истифода аз унсурҳои миллӣ оро ёфта буд. Хонаи арӯсии ниёкон дар заминаи урфу одатҳои қадима таҷассумгари анъанаҳои гузаштагон.

Ташкил ва ба роҳ мондани намоишгоҳ дар тарғиби бештари ҳунарҳои мардумӣ, эҳё ва ҳифзи мероси аҷдодӣ муҳим шуморида шуд. Намоишгоҳи мазкур низ маҳз бо ин мақсад он дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ташкил гардида, дар муаррифӣ ва рушди анъанаю суннатҳои қадима заминаи мусоид хоҳад гузошт.

Гӯшаи маҳсулоти кишоварзӣ дар намоишгоҳ чанд растаро дар бар мегирифт, ки дар он меҳнаткашон номгӯи зиёди тухмии зироати кишоварзӣ ва маҳсулоти аз онҳо истеҳсолшаванда, хоса ғалладонагиҳо, мевагӣ, сабзавоту полезӣ, ҳосили зироати равғандиҳанда, инчунин гулу гиёҳҳои шифобахш, консерваи меваю сабзавот, маҳсулоти ширӣ, равғани растанӣ, асали табиӣ, тухми паранда ва ғайраро ба намоиш гузоштанд. Маҷмӯан, дар ин гӯшаи намоишгоҳ беш аз 30 намуд маҳсулот муаррифӣ гардид.

Дар Нуробод 3180 гектар замини корам мавҷуд аст ва қариб ҳама намуди зироати кишоварзӣ кишту парвариш карда мешавад. Соли равон кишоварзон бо мусоид омадани обу ҳаво кишти полезӣ, аз ҷумла, харбуза ва тарбузро низ ба роҳ мондаанд. Майдони боғу токзор 370 гектарро ташкил медиҳад.

Сарвари давлат ба маҳсули дасти кишоварзон баҳои баланд дода, ба онҳо барои боз ҳам бештар рушд додани соҳа тавсияву маслиҳатҳои муфид доданд. Занбӯриасалпарварон асали табииро бо шакл ва ҳаҷми гуногун ба намоиш гузоштанд, ки диққати меҳмононро бештар ҷалб кард. Ҳоло дар ноҳия 10542 оилаи занбӯри асал парвариш мешавад ва соли 2018 хоҷагиҳо 125 тонна асали табиии дорои сифати баланд истеҳсол кардаанд.

Баъди боздид аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ Пешвои миллат ба фаъолияти хоҷагии навбунёди деҳаи Холибек, нашъунамои зироати кишоварзӣ ва боғи навбунёди он, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ташкил шудааст, шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати замини хоҷагии навбунёд дар деҳаи Холибек 12 гектарро ташкил медиҳад ва дар беш аз 5 гектар, аз ҷумла, 2,54 гектар боғи интенсивии нав бунёд карда шуда, хоҷагидорон ниҳоли дарахтони мевадиҳандаи себ, нок, сиёҳолу, олуча, шафтолу, зардолу ва ғайра шинонидаанд. Дар боқимонда заминҳои хоҷагӣ қариб ҳама намуди зироат, аз қабили помидору бодиринг, картошка, қаланфур, боимҷон, карам, сабзӣ, турб, шалғам, лӯбиё, ҷуворимакка, нахӯд, тарбузу харбуза, каду, инчунин гандум ва маҳсар кишт карда шудааст.

Роҳбари мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба кори деҳқонон, дар маҷмӯъ, вазъи соҳаи кишоварзии ноҳияи Нуробод баҳои баланд дода, онҳоро ба меҳнати содиқона ва ба даст овардани ҳосили фаровон ҳидоят намуданд.

Дар ноҳияи Нуробод бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маркази нави хизматрасонӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Иншоот дорои коргоҳи коркарди чӯб, тунука, дару тирезаҳои пластикӣ, истеҳсоли хиштҳои сементӣ ва нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ мебошад. Дар ошёнаи якум фурӯши маҳсулоти ғизоӣ ва дар ошёнаи дуюм фурӯши либосу пойафзол ба роҳ монда шудааст. Минбаъд сокинони водии Рашт метавонанд аз ин намуди хизматрасонӣ дар Нуробод баҳравар шаванд.

Маркази хизматрасонӣ аз тарафи бародарони соҳибкор Маҳмадёровҳо дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бунёд шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз дастгириву таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба фаъолияти соҳибкорӣ бунёди иншоотро барои қонеъсозии талабот ба ин намуди хизматрасониҳо муҳим арзёбӣ карданд.

Корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли 2017 оғоз гардида, рӯзҳои таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Бунёди иншооти хизматрасонӣ дар заминаи дастгириҳои Ҳукумати мамлакат сурат гирифта, дар доираи амалишавии ҳадафҳо ҷиҳати ба шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ 50 нафар бо ҷойи кор таъмин шуданд.

Масоҳати умумии бино 3462 метри мурабаъро ташкил медиҳад.

Дар он ҷо хони идона ороста шуда, аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зиёда аз 50 ятими кул чун анъанаи неки аҷдодӣ туҳфаҳои идона тақдим шуд. Ин тадбири муҳим хушҳолии наврасони бо амри тақдир ятиммондаро афзун намуд.

48119933286_4b49551f22_oДар доираи сафари корӣ ба ноҳияҳои минтақаи Рашт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи 5-уми шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод Маркази савдо ва хизматрасонии ­«Абубакр»-ро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Муртазо Амонов бунёд шуда, аз се ошёна ва таҳхона   иборат мебошад. Дар он сартарошхона, кошонаи ҳусн ва дорухона таъсис дода шудааст. Бо ифтитоҳи он, дар баробари таъмини 11 сокини ноҳия бо ҷойи кори доимӣ, ҳамчунин имкон фароҳам гардид, ки аҳолӣ маҳсулоти ниёзи аввалро харидорӣ намоянд.

Тибқи нақша, дар таҳхонаи маркази хизматрасонӣ оянда фурӯши масолеҳи сохтмонӣ низ  ба роҳ монда мешавад.

Дар ошёнаи сеюм бошад, таъсиси маркази хизматрасонӣ ва меҳмонхона дар назар аст.

Бунёди маркази савдо ва хизматрасонӣ соли 2015 оғоз гардида, дар сохтмони он  даҳҳо сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба ташаббуси ватандӯстонаи соҳибкори маҳаллӣ баҳои баланд дода, барои анҷом додани иқдомҳои созанда ба хотири сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос карданд.

Дар навбати худ соҳибкор Муртазо Амонов иброз дошт, ки дар доираи дастгириҳои ҳамешагӣ нисбат ба соҳибкорони ватанӣ кӯшиш менамояд, ки дар оянда низ баҳри пешрафту ободӣ ва фароҳам сохтани ҷойҳои нави корӣ саҳмгузор бошад.

Бинои маркази савдо ва хизматрасонӣ бо санъати баланди миллию меъморӣ бунёд шуда, ба маркази ноҳияи Нуробод-шаҳраки Дарбанд зебогии дигар зам намудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод бинои Корхонаи фаръии давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Он аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, сохтмонаш соли 2015 оғоз ва дар масоҳати 0,44 гектар замин бунёд ёфта, барои фаъолияти пурсамар дар дохилаш шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда шудааст. Бино аз 14 утоқи корӣ иборат буда, дорои ҳаммом, ошхона бо 20 ҷойи нишаст ва дигар иншооти ёрирасон буда, мувофиқи лоиҳа, масоҳаташ 496, 47 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Утоқҳои корӣ бо мизу курсӣ ва дигар ашёи зарурӣ таъмин буда, минбаъд имконият медиҳад, ки бо истифода аз шароит ба аҳолӣ хизматрасонии босифату саривақтии коммуналӣ расонида шавад.

Зимни шиносоӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ба кормандони соҳа дастур доданд, ки шароити фароҳамшударо босамар истифода бурда, сатҳу сифати хизматрасониро беҳтар намоянд.

Намои берунии бинои Корхонаи фаръии давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» бо дарназардошти талаботи мусоири шаҳрсозӣ ва санъати баланди меъморӣ ороиш ёфта, гирду атрофи он бо гулу буттаҳои зебо зинат дода шудааст. Лоиҳаи иншоот аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Корез – лоиҳа» таҳия гардидааст.

Кормандони Корхонаи фаръии давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» дар ноҳияи Нуробод ба Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон барои туҳфаи арзанда дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.

48124769281_2f9a5c5ce2_oАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод марҳилаи якуми роҳи марказии шаҳраки Дарбандро ифтитоҳ намуда, ба марҳилаи дуюми корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур оғоз бахшиданд.  

Роҳ дар марҳилаи аввал бо дарозии 1,1 километр бунёд ёфта, корҳои сохтмонӣ бо дарназар­дошти стандартҳои ҷаҳонӣ анҷом дода шудааст. Паҳноии он 15 метрро дар бар гирифта, бо 100 адад аломати огоҳкунанда таъмин шуда, дар нуқтаҳои алоҳида мавзеъҳои пиё­дагузар бунёд ёфтааст.

Дар доираи корҳои сохтмонӣ, ҳамчунин, 5400 метри мураббаъ пурра сафолакпӯш шуда, дар ин масир барои истироҳати шаҳрвандон 10 нишастгоҳ насб шуд. Ҷиҳати таъмини тозагӣ пиёдароҳа бо 10 қуттии партовпартоӣ низ таъмин мебошад.

Роҳи марказии шаҳраки Дарбанд аз ҷониби Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО-и Роғун» бунёд ёфта, корҳои сохтмонии он моҳи марти соли ҷорӣ бо ҷалби 40 мутахассис оғоз ёфта буд. Дар ин давра корҳо аз рӯи стандартҳои роҳсозӣ анҷом ёфта, мушкилоти аҳолии шаҳрак ва   гирду атрофро ҷиҳати  рафтуои бемамоният бартараф намуд.

Дар шафати роҳ 80 симчӯби барқии равшанидиҳанда насб шуда, дар онҳо 160 чароғаки муосир барои таъмини рӯшноӣ васл гардидааст, ки ҳусни кӯчаи марказии шаҳрак­ро боз ҳам зеботар мекунанд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба марҳилаи дуюми сохтмони роҳи марказии шаҳраки Дарбанд расман оғоз бахшиданд. Тибқи лоиҳа, дар ин марҳила 1,2 километр роҳ бунёд гардида, он бо низоми равшанидиҳӣ, новаҳои обрав ва хати ҳаракати дусамта таъмин мегардад. Пиёдароҳаи шафати роҳ низ дар масоҳати 5444 метри мураббаъ сафолакпӯш мешавад.

Дар роҳ ба 76 симчӯби барқии равшанидиҳанда 152 чароғак насб шуд. Тибқи нақша, боз 50 аломати роҳ насб мешавад.

Роҳбари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта дар марҳилаи аввали роҳи мазкур баҳои баланд дода, сохтмончиёнро вазифадор намуданд, ки дар марҳилаи нав­батӣ низ корҳоро дар сатҳи хубу сифати баланд ба анҷом расонанд, то солиёни зиёд ба аҳолӣ хизмат намояд.

Қобили зикр аст, ки бунёди роҳи марказии шаҳраки Дарбанд ва оғози марҳилаи дуюми корҳои сохтмонӣ идомаи тадбирҳои созандагӣ бунёд буда, дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва дастрасӣ ба хизматрасониҳои гуногун, ­тавсеаи корҳои ободонӣ, аз қабили кашидани хатҳои иловагии таъмини оби нӯшокӣ ва корез, барқ, сохт­мони ҳавзҳои обгирӣ, бунёди муассисаҳои таълимии миёнаву касбӣ  амалӣ гардид.

48120020668_4f4c141213_oДар ноҳияи Нуробод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдончаи варзишии футболбозиро дар масоҳати 800 метри мураббаъ, ки аз ҷониби Федератсияи Футболи Тоҷикистон сохта шудааст, мавриди истифода қарор доданд.

Корҳои сохтмонӣ дар он моҳи майи соли ҷорӣ бо ҷалби сокинони маҳаллӣ оғоз гардида, моҳи июни соли 2019 ба анҷом расид.

Хотиррасон бояд намуд, ки соли 2014 — Соли оммавигардонии футбол дар Тоҷикистон эълон гардид ва дар ин замина, дар мамлакат толору майдонҳои муосири варзишии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосири машқу тамрин бунёд гардид.

Баъди мавриди истифода қарор додани майдончаи нави футболбозӣ Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки сохта ба истифода додани майдончаҳои варзишӣ дар «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» туҳфаи арзишмандест барои ҷавонони худогоҳ.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон изҳорӣ боварӣ намуданд, ки футболбозони кишвар дар оянда метавонанд муаррифагари кишвар дар арсаи олам гарданд, зеро барои рушди он дар тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ шароити зарурӣ муҳайё аст.

24 июни соли равон дар доираи сафари корӣ дар ­ноҳияи Нуробод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим бо фаъолону сокинон суҳбату мулоқоти самимӣ доир карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои истиқболи гарму самимии мардуми ноҳия, ҷонибдории онҳо аз сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос карда, иштирокчиёни мулоқотро бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик гуфтанд.

Сарвари давлат таъкид карданд, ки Ҳукумати кишвар аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба пешрафти ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон, аз ҷумла, Нуробод, аҳамияти хоса зоҳир намуда, барои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва обод гардонидани он аз ҳисоби сарчашмаҳои маблағгузорӣ қариб 1,1 миллиард сомонӣ, аз ҷумла танҳо дар се соли охир 225 миллион сомонӣ равона кардааст.

Дар замони соҳибистиқлолӣ дар ноҳия ба маблағи умумии  509 миллион сомонӣ 12 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда, ҳоло татбиқи се лоиҳаи дигар идома дорад. Дар доираи лоиҳаҳои амалкунанда бинои 8 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳаҳои Яхч, Сабзиқадам ва Ҳасандара сохта, бо ашёву таҷҳизоти мактабӣ муҷаҳҳаз гардонида шуданд.

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар Нуробод аз ҳисоби манбаъҳои маблағгузорӣ 60 бинои асосӣ ва биноҳои иловагии муассисаҳои таълимӣ барои қариб 15 ҳазор ҷойи нишаст азнавсозӣ гардида, айни ҳол сохт­мон ва азнавсозии 8 бинои нави таълимӣ барои 2000 ҷойи нишаст идома дорад.

Ҳоло «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия барои солҳои 2018-2020» амалӣ шуда истодааст, ки дар доираи он татбиқи 202 лоиҳа бо харҷи 182 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Барои истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Нуробод бун­ёди 248 иншоот пешбинӣ гардида, 93 адади он мавриди истифода қарор гирифтааст.

Дар охири суханронӣ Роҳбари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон бо итминон изҳор дош­танд, ки мардуми заҳматкаши Нуробод дар оянда низ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва шукр­гузорӣ аз рӯзгори орому осуда барои боз ҳам вусъат бахшидани корҳои созандагиву ободонӣ саъю талоши бештар хоҳанд кард.

Баъди суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон якчанд нафар сокини ноҳия баромад карда, бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созанда омодагиро барои саҳмгузорӣ дар рушду пешрафти Ватан ва зодгоҳ иброз доштанд.

25 июни соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як қатор иншооти нав ба ноҳияи Тоҷикобод ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи муваққатии ноҳия Пешвои миллат­ро сокинони меҳмоннавози Тоҷикобод гарму самимӣ истиқбол намуданд.

Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияҳои водии Рашт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Тоҷикобод бинои нави маъмурии Шабакаҳои барқи ноҳияро мавриди истифода қарор доданд.

Он дар доираи таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шуда, аз 2 ошёна иборат мебошад. Масоҳати умумии замини барои сохтмони иншоот ҷудогардида 60 садякро ташкил дода, он дар майдони 5 садяк сохта шудааст.

Бинои мазкурро бо фармоиши Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» ширкатҳои сохтмонии маҳаллӣ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи муосир бунёд ва бо таҷҳизоти корӣ муҷаҳҳаз намудаанд. Дар ошёнаи якуми бино утоқи техникии омӯзишӣ, озмоишгоҳ ва ҳуҷраҳои кории назоратчиён ҷойгир буда, қабати дуюми бино аз утоқҳои кории маъмурият, машваратгоҳ ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад. Гирду атрофи бино бо дарахтони сояафкану гулҳои мавсимӣ оро ёфта, роҳраву гузаргоҳҳои он сафолакпӯш ва чароғон шудааст. Ҳамчунин, барои мизоҷон дар саҳни бино 2 айвончаи муосир насб гардидаанд.

Зимни шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори сохтмончиён баҳои баланд дода, масъулинро барои хизмати софдилонаю содиқона ба нафъи давлату миллат ҳидоят намуданд.

Аз ҷониби Роҳбари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони Шабакаҳои барқи ноҳия 2 автомашинаи хизматӣ вобаста ба релефи минтақа тақдим гардид.

Қобили зикр аст, ки пеш аз ба истифода додани бинои нав, кормандони Шабакаҳои барқи ноҳия ба шароити хуби корӣ ­дастрасӣ надоштанд. Ба истифода супурдани бинои навро дар арафаи таҷлили 22-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ кормандону ­масъулини Шабакаҳои барқи ноҳия туҳфаи арзандаи Пешвои миллат арзёбӣ карда, иброз дош­танд, ки минбаъд низ корро дар самти таъмини аҳолӣ бо неруи барқ ҷоннок мекунанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Тоҷикобод, ҳамчунин, Майдони Парчам ва Нишони давлатиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Майдони Парчам ва Нишони давлатӣ дар масоҳати умумии 1,30 гектар бунёд гардида, қомат афрохтани онҳо ба симои ноҳия шукӯҳу шаҳомати нав зам намуд. Қобил ба зикр аст, ки то ин дам дар Тоҷикобод макони истироҳатию фароғатӣ мавҷуд набуд. Акнун Боғи Парчам ва Нишони давлатӣ барои истироҳату фароғати сокинон имконияти хубе фароҳам меорад.

Баландии Парчам 35 метрро ташкил дода, дарозӣ ва паҳноии матои он 10 ба 5 метр мебошад. Пояи Нишони давлатӣ 18 метрро ташкил медиҳад. Корҳои бунёдӣ дар Майдони Парчам ва Нишони давлатӣ аввали соли 2019 оғоз гардида, дар муддати кӯтоҳ ва бо сифати баланд ба итмом расонида шуданд.

Аснои шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сифати корҳои анҷомёфта изҳори қаноатмандӣ намуда, қомат афрохтани Парчам ва Нишони давлатиро дар маркази Тоҷикобод иқдоми нек арзёбӣ карданд. Мавриди зикр аст, ки иншооти мазкур бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва ҷалби соҳибкорони ватандӯст бунёд ёфта, ба корҳои сохтмонӣ мутахассисони маҳаллӣ ҷалб гардиданд.

Дар назди Майдони Парчам ва Нишони давлатӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раванди бунёди Боғи фарҳангу фароғатии ноҳия шинос шуданд.

Он дар масоҳати 2,30 гектар бунёд гардида, барои истироҳати сокинон, хусусан кӯдакон, пешбинӣ гардидааст ва макони асосии баргузории чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ хоҳад шуд. Тарҳи бунёдшаванда пурра ба меъёрҳои муосир ҷавобгӯ буда, дар рафти рангуборкунию ороиши он усулҳои миллӣ низ истифода мешавад.

Дар назар аст, ки боғ то истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра сохта шуда, баъди ба истифода додани он наздики 20 нафар бо ҷойи корӣ доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.

Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Тоҷикобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дидан карда, бо нашъунамои зироатҳо дар хоҷагии деҳқонии «Қалъа» шинос шуданд.

Дар намоишгоҳ намунаи маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла, олучаву гелос, тут, тути заминӣ, қулфинай ва навъҳои пешпазаки зардолу, ки ҳоло дар ин минтақаи кӯҳистони мамлакат пухта расидаанд, ба маъраз гузошта шуданд.

Ҳамчунин, дар намоишгоҳ маҳсулоти дигар, ба монанди гӯшт, маҳсулоти ширӣ ва ­навъҳои гуногуни нон, ки дар ноҳия истеҳсол карда мешаванд, ба намоиш гузошта шуд. Намоиши ҳунарҳои мардумӣ нишон дод, ки сокинони ин минтақаи дурдаст бо маҳорати баланди кадбонугиву пазандагӣ, дӯзандагӣ ва дигар ҳунарҳои дастӣ ном баровардаанд ва намунаи ҳунарҳои дастии онҳо василаи хуби ҷалби сайёҳони хориҷӣ низ мебошад.

Зимни боздид аз намоишгоҳ Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба кори занбӯриасалпарварон таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

Айни замон дар ноҳияи Тоҷикобод бештар аз 6 ҳазор оилаи занбӯри асал парвариш мешавад. Дар ду соли гузашта ­оилаҳои занбӯри асал ба маротиб зиёд шуда, соли 2019 ба 7 ҳазор адад расонида хоҳад шуд. Дар соли 2018 ба занбӯриасалпарварон муяссар гардид, ки бештар аз 110 тонна асали хушсифат истеҳсол намоянд.

Зимни шиносоӣ бо фаъолияти аҳли заҳмати хоҷагии деҳқонии «Қалъа» маълум гардид, ки айни замон дар хоҷагӣ меҳнаткашон дар 5 гектару 80 садяк зироатҳои гуногун, аз қабили помидор, қаламфур, карам, бодиринг, сабзӣ, турб, шалғам, лӯбиё, каду, ғалладона ва картошка кишт кардаанд. Онҳо ба иқлими ноҳия мувофиқ буда, дар сурати дуруст ба роҳ мондани агротехникаи кишту парвариш, ҳосили фаровон ба даст овардан мумкин аст.

Картошка зироати асосӣ ва барои деҳқонон даромаднок ба ҳисоб меравад. Имсол дар ноҳия майдони кишти умумии картошка ба 1085 гектар расонида шуд, ки дар муқоиса ба соли 2018 зиёдтар аст. Аъзои хоҷагии деҳқонии «Қалъа» дар майдони 4 гектар картошка кишт карда, коркарди агротехникии онро хушсифат анҷом доданд. Деҳқонон барои таҷриба, дар баробари истифодаи тухмии маҳаллӣ, ҳамчунин, аз ноҳияҳои Деваштичи вилояти Суғд ва Лахш навъи тухмиҳои «Пикассо» ва «Тоҷикистон»-ро оварда, кишт карданд.

Зикр кардан зарур аст, ки дар Тоҷикобод сол то сол картошкапарварӣ рушд меёбад. Соли 2018 деҳқонони ноҳия истеҳсоли картошкаро ба 24 ҳазору 71 тонна расонданд, ки назар ба соли 2017-ум 1631 тонна зиёд мебошад. Тазаккур дода шуд, ки ноҳияи Тоҷикобод дар ҷумҳурӣ ҳамчун маркази таҷрибаи пешқадам дар соҳаи картошкапарварӣ шинохта мешавад.

Сарвари давлат зикр карданд, ки дар низоми иқтисодии минтақа бахши кишоварзӣ афзалияти хоса дорад. Аз ин рӯ, ба масъулони ҷумҳуриявию ноҳиявӣ дастур доданд, ки ба бахшҳои алоҳидаи соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла, картошкапарварӣ диққати аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.

Баъд аз иштирок дар намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзию ҳунарҳои мардумӣ ва ошноӣ бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Қалъа» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи навъсанҷии маҳсулоти кишоварзӣ дар мавзеи Сари Пул бо доираи васеи сокинони ­ноҳияи Тоҷикобод мулоқот карданд.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат сокинони ин минтақаи дурдасти ҷумҳуриро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳният гуфта, созандагӣ ва зиндагии шоистаи мардумро самараи сулҳу суботи сартосарӣ маънидод карданд.

Дар анҷоми мулоқот сокинони ноҳияи Тоҷикобод ба Пешвои миллат барои талошҳои хастагинопазир баҳри таъмини зиндагии арзанда арзи сипос карданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим ва шиносоӣ бо вазъи корҳои кишоварзӣ дар як мавзеи хушбоду ҳавои ноҳияи Тоҷикобод бо сокинони сершумор мулоқоти самимию созанда баргузор карданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозирин ва дар шахси онҳо мардуми ноҳияи Тоҷикободро бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик гуфтанд.

Президенти мамлакат таъкид карданд, ки бо шарофати ваҳдату истиқлолият, сарҷамъии мардум ва дастгирии онҳо аз сиёсати созандаи Ҳукумати мамлакат ноҳияи Тоҷикобод ободу пешрафта гардид.

Дар давоми қариб 28 соли истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат аз ҳисоби манбаъҳои маблағгузорӣ барои рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва дастгирии буҷети ноҳияи Тоҷикобод беш аз 500 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардида, дар се соли оянда бо ин мақсад қариб 100 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, соли гузашта бо дастгирии Ҳукумати мамлакат кӯчаҳои маркази ноҳия бо харҷи 3,5 миллион сомонӣ мумфарш ва чароғон шуда, соли ҷорӣ дар ин самт иҷрои корҳо ба маблағи 8 миллион сомонӣ идома дорад.

То ҳол дар ноҳия татбиқи 9 лоиҳа ба маблағи 250 миллион сомонӣ ба анҷом расида, амалисозии 4 лоиҳа ба маблағи зиёда аз 13 миллион сомонӣ идома дорад.

Роҳбари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия супориш доданд, ки ҷараёни амалисозии лоиҳаҳо ва сатҳу сифати иншооти бунёдшавандаро зери назорати қатъӣ қарор дода, барои боз ҳам зиёд кардани лоиҳаҳо, пеш аз ҳама, бунёди коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ҷораҷӯӣ намоянд.

Ёдовар бояд шуд, ки дар давраи истиқлолият дар Тоҷикобод аз ҳисоби ҳамаи манбаи маблағгузорӣ 49 муассисаи таълимӣ барои зиёда аз 7000 нафар хонанда ва танҳо дар ду соли охир 7 бинои нави дорои беш аз 2000 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст. Соли ҷорӣ сохтмону азнавсозии 6 бинои мактаб барои 2200 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шудааст ва зарур аст, ки корҳо дар ин самт тезонида шаванд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки мардуми меҳнатдӯст барои таъмини рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии ноҳия талош меварзанд.

Баъди анҷоми суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи сокинони ноҳия намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла, ҷавонон ва собиқадорон — Ширинмоҳ Ширинбекова, Зайналобиддин Муҳадбеков, Сулаймони Аҳтам ва Давлатмурод Балаев баромад ва ба Пешвои миллат изҳори сипос карданд.

Дар робита ба дархости ироагардида бо дастгирии Сарвари давлат 36 ҷавон барои идомаи таҳсил дар муассисаҳои олии таълимии кишвар роҳхат гирифтанд.

Дар рӯзи дуюми сафари корӣ ба ноҳияҳои водии Рашт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ­ноҳияи Лахш ташриф оварданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар деҳоти «Сартало»-и ноҳия бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоавӣ ва инфиродӣ, ки дар минтақа зиёда аз 250 гектар заминҳои бекорхобидаро обёрӣ намуданд, шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки соли равон дар минтақаҳои мазкур аҳли заҳмати хоҷагии деҳқонии «Муҳаммад — 2018» дар 54 гектар боғи нав бунёд намуданд.

Дар боғ, ки  асосан бо тарзи интенсивӣ бунёд гардидааст, наздики 30 ҳазор ниҳоли дарахтони себ, олуи сиёҳ ва нок шинонида шуда, айни замон дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани агротехникаи парвариш нашъунамои ниҳолон таъмин мебошад. Бо мақсади самаранок истифода бурдани замин кишоварзони хоҷагӣ дар байни қаторҳои боғ навъҳои гуногуни картошка кишт кардаанд. Дар маҷмӯъ, картошказори хоҷагӣ дар Дашти Сарталои Лахш беш аз 90 гектарро ташкил медиҳад.

Айни замон дар хоҷагӣ 60 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардида, дар мавсими ҷамъоварии картошка ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ ин нишондод ба 250 нафар хоҳад расид.

Дар боғи навбунёд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хоҷагидорон суҳбати самимӣ доир карда, оид ба васеъ намудани майдони боғот, ба маҳал мутобиқ кардани намудҳои гуногуни ниҳоли дарахтон ва дар ҳамин замина афзоиш бахшидани содироти мева ба хориҷи кишвар маслиҳатҳои муфид доданд. Ба таъкиди Пешвои миллат, бунёди боғҳои нав, агар аз як ҷиҳат боиси таъсиси ҷойҳои корию беҳдошти сатҳи зиндагии мардум гардад, аз тарафи дигар, истеҳсолу содироти меваҷоти гуногун ва хушкмеваҳо ба хориҷи мамлакат афзоиш меёбад. Бо ҳамин мақсад дастур дода шуд, ки дар талу теппаҳо ва заминҳои бекорхобида боғоти нав бунёд карда шавад.

Зимни шиносоӣ бо намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ки дар шафати боғи мазкур ташкил карда шуд, Роҳбари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоҷагидоронро ба истифодаи оқилонаи замин ва гирифтани ҳосили зиёди маҳсулоти кишоварзӣ ҳидоят намуданд.

Тавре таъкид гардид, тибқи барномаҳои соҳавию минтақавӣ инкишофи чорводориву картошкапарварӣ, ғаллакорӣ, боғдориву сабзавоткорӣ ва занбӯри­асалпарварӣ аз ҷумлаи самтҳои асосии соҳаи кишоварзии ноҳия ва омили муҳими беҳдошти сатҳи зиндагии мардум ба ҳисоб мераванд.

Изҳори қаноатмандӣ карда шуд, ки кишоварзони Лахш дар истеҳсоли картошка таҷрибаи бағоят калон дошта, бо зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли он дар ҳифзи амнияти озуқавории кишвар нақши арзанда мегузоранд. Ёдовар мешавем, ки соли гузашта кишоварзони ноҳия истеҳсоли картошкаро ба зиёда аз 100 ҳазор тонна расониданд.

Соли равон бошад, аз ҷониби кишоварзони ноҳияи Лахш дар беш аз 4 ҳазор гектар картошка кишт шуд.

Илова бар ин, соли равон деҳқонони ноҳияи Лахш, тибқи дурнамо, дар 78 гектар боғи нави мевадиҳанда бунёд карданд, ки ин иқдом оянда дар таҳкими иқтидори содиротии кишвар заминагузор хоҳад буд.

Дар маҷмӯъ, майдони боғот дар ноҳия наздик ба 2 ҳазору 500 гектарро ташкил медиҳад ва ҳар сол деҳқонон ҳосили фаровони себу нок, шафтолу, гелос, зардолу, олу ва дигар намуди меваро ҷамъоварӣ менамоянд.

Тайи солҳои охир занбӯриасалпарварони ноҳия низ ба пешрафти назаррас ноил гардиданд. Табиати ноҳияи Лахш, ки барои рушди ин соҳаи сердаромад басо мувофиқ буда, ҳар сол зиёда аз 100 тонна асал ҷамъоварӣ мегардад.

Дар ду даҳсолаи охир дар ноҳияи Лахш бо дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон соҳаи чорводорӣ низ рушд кард. Дар ин ҷо хоҷагидорон зотҳои беҳтарини чорвои калону майда, аз ҷумла, қутос, ки саршумори он ба 624 сар расидааст, ба намоиш гузоштанд.

Лозим ба ёдоварист, ки алҳол дар ноҳия  28 ҳазору 475 сар чорвои калон ва 135 ҳазору 198 сар моли майда мавҷуд аст.

Аз ҳамовозӣ пайдо намудани таъкидҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба истифодаи пурсамари замин ва афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бо умеду боварии комил метавон гуфт, ки деҳқонони ноҳияи Лахш баҳри татбиқи ин ҳадафҳои созанда камар баста, амнияти озуқаворӣ бо истифода аз имкониятҳои дохилии кишвар таъмин мегардад.

 (Давомаш дар шумораи оянда)

www.president.tj