Сафари кории Пешвои миллат ба водии Рашт

№119 (4381) 23.09.2021

51500248396_19a13daf32_o21 сентябри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, иштирок дар чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва ифтитоҳи иншооти нав ба ноҳияи Рашт ташриф оварданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сокинони ноҳия самимона истиқбол гирифтанд.

 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст Маркази хизматрасонии «Сияриён» ва терминали мусофиркашонии минтақавиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Масоҳати маркази хизматрасонӣ се ҳазору яксаду наваду чор метри мураббаъ буда, аз таҳхона ва се ошёна иборат аст. Сохтмони он бо саҳми бародарон Сияровҳо аз соли 2018 оғоз гардида, бо харҷи 6 миллиону 840 ҳазор сомонӣ ­бунёд шудааст.

Дар ошёнаи якуми Маркази хизматрасонии «Сияриён» бозори фурӯши меваю сабзавот ва дигар номгӯйи маҳсулоти ғизоӣ бо 160 нуқтаи савдо мавҷуд аст. Ошёнаи дуюм барои фурӯши молҳои рӯзгор ва либос пешбинӣ шудааст.

Бинои терминали мусофиркашонӣ низ барои 150 ҷойи нишаст бунёд гардида, дар ошёнаи якуми он марказҳои хизматрасонӣ мавҷуданд. Масоҳати ҷойгиршавии он 264 метри мураббаъ буда, бо харҷи 1,5 миллион сомонӣ сохта шудааст.

Маҷмӯан, дар Маркази хизмат­расонии «Сияриён» ва терминали мусофиркашонии минтақавӣ 400 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гаштанд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо шароити фароҳамгардида дар иншооти нав­бунёд баҳои баланд дода, саҳми соҳибкоронро дар ­вусъати корҳои ободонию созандагӣ назаррас арзёбӣ карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вазъи рушди соҳаи боғдорӣ ва ниҳолпарварӣ дар боғи интенсивии «Пайванд-Рашт» шинос шуданд.

Он 5 сол қабл дар масоҳати 6 гектар аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Пайванд» ­бунёд ёфта, ҳоло навъҳои беҳтарини себу нок парвариш меёбанд, ки ба содирот нигаронида шудааст.

Ёдовар мешавем, ки зимни сафари корӣ соли 2016 дар ноҳияи Рашт Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ бо вазъи соҳаи боғдорӣ ба масъулон супориш доданд, ки дар ҳамон мавзеъ, ки байни ноҳияи Нуробод ва Рашт ҷойгир аст, дар ҳудуди ноҳияи Нуробод дар майдони 40 гектар ва дар ҳудуди ноҳияи Рашт — 30 гектар боғи интенсивӣ бунёд намоянд.

Дар партави дастурҳои Сарвари давлат аз тарафи Ҷамъи­яти дорои масъулияти маҳдуди «Пайванд» майдони умумии боғи интенсивӣ дар он мавзеъ ба 34 гектар расонида шуда, беҳтарин ­навъҳои себу нок, олу ва дигар ниҳоли дарахтони мева парвариш меёбанд.

Аз майдони 34 гектар боғи интенсивӣ 20 гектари он ҳосилдеҳ буда, дар 10 гектар ниҳоли дарахтони нодири ороишию ҳамешасабз, ки аз Белгия, Голландия ва Полша оварда шудааст, парвариш меёбанд.

Баъди васеъ намудани майдони боғи интенсивӣ зиёда аз 20 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.

Дар оянда барои васеъ намудани фаъолияти хоҷагидорӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Пайванд» бунёди сардхона барои нигоҳдории то 5 ҳазор тонна мева, коргоҳҳои истеҳсоли қуттиҳо ва коркарди меваҳо ба нақша гирифта шудааст. Барои обёрии боғи интенсивӣ се чоҳи амудӣ низ бунёд ёфтааст.

Дар асоси дастуру супориши Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар ин мавзеъ парвариши хуч, ки хусусияти шифоӣ дорад, низ ба роҳ монда шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба боғдорон дар бораи соҳаи боғдорӣ, васеъ кардани майдони боғот, ба иқлими маҳал мутобиқ намудани навъҳои мева, афзоиши содироти меваҳои лазизу хуштаъми кишвар ва татбиқи муваффақонаи барномаҳои давлатӣ оид ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ маслиҳатҳои муфид доданд.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо намоиши дастовардҳои кишоварзон ва корхонаҳои саноатии ноҳия низ шинос шуданд. Дар он беҳтарин навъҳои себу нок, сабзавоту полезиҳо, зироати лӯбиёӣ, намунаҳои маҳсули кадбонуҳо, аз қабили нону кулчаҳо, ширинию маҳсулоти ширӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба маъраз гузошта шуд.

Дар ноҳия имсол дар ҳама шакли хоҷагидорӣ дар майдони 7663 гектар кишти зироат гузаронида шуд, ки нисбат ба соли гузашта 24,3 гектар зиёд мебошад. Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ин давра ба 68 миллиону 660 ҳазор сомонӣ баробар шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 801 ҳазор сомонӣ зиёд ва суръати афзоиш 101,2 фоизро ташкил медиҳад.

Техникаю мошинолоти муосири кишоварзӣ, ки аз тарафи Муассисаи давлатии маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» ба намоиш гузошта шуд, барои рушди соҳа ва самтҳои гуногуни хоҷагидорӣ ба деҳқонон дастрас мешавад.

Дар гӯшае намоиши маҳсулоти корхонаву коргоҳҳои ноҳия ташкил шуд, ки нишондодҳои истеҳсолии онҳо низ солҳои охир рӯ ба афзоиш аст.

Истихроҷу коркарди ангиштсанг дар конҳои мавҷудаи ноҳия солҳои охир вусъат ёфта, аз ин ҳисоб таъмини ташкилоту муассисаҳо ва дигар соҳаҳои буҷетӣ бо ангишти хушсифат сол аз сол бештар мегардад.

Ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхона ва коргоҳҳои саноатии ноҳияи Рашт 12 миллиону 318 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 349 ҳазор сомонӣ зиёд аст.

Соҳаи чорводорӣ низ дар ноҳия рушд карда, саршумори зотҳои сермаҳсул дар ҳама шакли хоҷагидорӣ зиёд мегардад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт дар қароргоҳи яке аз қисмҳои низомии Қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бинои нави дуош­ёнаи ситоди қисми ҳарбӣ ва хобгоҳро ифтитоҳ карданд.

Он дар масоҳати умумии 890 метри мураббаъ дар рӯзҳои таҷлили 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи корҳои созандагӣ дар қисми низомии Қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Дохили иншоот аз нуқтаи нав­батдори фаврӣ, системаи алоқаи муосир, толори маҷлис, нуқтаи идоракунӣ, ҳуҷраи кории афсарону ҳайати шахсӣ ва дигар ҳуҷраҳои гуногуни кориву хизматӣ иборат мебошад.

Хобгоҳи кушоду барҳавои замонавӣ бошад, бо 260 ҷойи хоб барои сарбозон пешбинӣ гардида, дар масоҳати 570 метри мураббаъ қомат афрохтааст. Дар ошёнаҳои якум ва дуюми он ба ғайр аз ҳуҷраҳои калони хоби сарбозон, инчунин, хонаи хизмативу маишӣ, синфхонаҳои дарсӣ, ҷойи дас­турӯшӯӣ, анбор ва дигар ҳуҷраҳо ҷойгир шудааст.

Барои назорати доимии дохилу атрофи бино ва ҳудуди қисми ҳарбӣ камераҳои мушоҳидавӣ насб гардида, иншоот бо системаи гармидиҳӣ таъмин мебошад.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дохил ва ҳудуди қисми низомӣ, бинову иншооти навбунёдро аз назар гузаронида, ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд.

Ба масъулини қисми ҳарбӣ ва ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт супориш дода шуд, ки барои тарбияи дурусти сарбозон ва таъмини онҳо бо маҳсулоти хӯрокворӣ ва сарулибос таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоянд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Шулеи деҳоти ба номи Боқӣ Раҳимзодаи ноҳияи Рашт муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35-ро, ки дар майдони умумии 720 метри мураббаъ бунёд гардид, ба истифода доданд.

Он аз ду ошёна иборат буда, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Файзиддин Зиёву­динов бунёд шудааст. Сохтмони бино ноябри соли 2019 оғоз гардида, сентябри соли ҷорӣ ба анҷом расид.

Дар ошёнаи якуми он шаш синф­хона, ошхона, ҳуҷраи омӯзгорон, ҳуҷраи кории директор, лабораторияи кимиё ва физика ва дар ошёнаи дуюм 5 синфхона, инчунин, ду синф­хонаи компютерӣ, толори маҷлис бо 135 ҷойи нишаст ва китобхона ҷойгир мебошад.

Муассисаи навбунёд барои 340 хонанда дар як баст пешбинӣ шуда, дар он 10 омӯзгори маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо омӯзгорону хонандагон суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, онҳоро барои таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва омӯхтани илмҳои муосир ҳидоят намуданд.

51502195946_2f0d9d59bc_5kПрезиденти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт бинои маъмурии шаҳраки Навободро ифтитоҳ намуданд.

Он дар масоҳати умумии 620 ­метри мураббаъ бунёд гардида, аз ду ошёна иборат мебошад. Дар ошёнаи якум ошхона, толори маҷлис бо 300 ҷойи нишаст, ду ҳуҷраи корӣ ва дар ошёнаи дуюм панҷ ҳуҷраи корӣ ҷойгир мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин ҷиҳати иҷрои пурраи вазифаҳои хизматӣ ва ба мардум мувофиқ ба талаботи замон хизмат расондан дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Ёдовар мешавем, ки санги асоси бинои маъмурии шаҳраки ­Навободро соли 2019, дар доираи сафари корӣ ба ноҳияҳои водии Рашт, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузош­танд. Сохтмони он июни 2019 оғоз гардида, ­сентябри соли равон ба анҷом расид. Шаҳраки Навобод шаш ҳазор аҳолӣ дорад.

Дар ноҳияи Рашт аз ҷониби Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон манзилҳои истиқоматӣ барои хизматчиёни давлатӣ ба истифода дода шуд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба хизматчиёни давлатӣ калидҳои манзилҳои истиқоматиро супорида, онҳоро ба хизмати софдилона ба манфиати давлату миллат раҳнамоӣ карданд. Нафароне, ки соҳиби хона шуданд, ба Роҳбари давлат барои ғамхориҳояшон изҳори миннатдорӣ намуданд.

Иншооти мазкур бо маблағгузории Ҳукумати кишвар аз тарафи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, аз 5 ошёна ва 48 манзили истиқоматӣ, аз ҷумла, 16 якҳуҷрагӣ, 30 дуҳуҷрагӣ ва 2 манзили истиқоматии сеҳуҷрагӣ иборат мебошад.

Зимни шиносоӣ бо шароити манзилҳои истиқоматӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти хизматчиёни давлатӣ ёдовар шуда, ҳифзи манфиатҳои миллиро вазифаи асосии ҳар фарди хештаншинос арзёбӣ намуданд.

22 сентябри соли 2021 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон боғчаи «Ахтарак» дар ноҳияи Рашт ифтитоҳ гардид.  

Он дар доираи омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи оилаи Ахмедовҳо сохта шуда, дорои шароити замонавӣ барои ба таълими томактабӣ фаро гирифтани 100 кӯдак мебошад.

«Ахтарак» аввалин боғчаи типи нав дар ноҳия буда, дар он, баробари забони тоҷикӣ, ба омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ низ диққати аввалиндараҷа дода мешавад.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон мураббиёнро барои дар рӯҳияи хештаншиносӣ тарбия намудани наврасон вазифадор намуданд.

Ин сеюмин боғчаи бачагона ба ҳисоб меравад, ки дар ноҳия ба фаъолият оғоз намуд ва ҷиҳати ҳар чӣ бештар ба таълими томактабӣ фаро гирифтани наврасон мусоидат мекунад. Дар он дӯстрӯякони 3 — 6-сола ба воситаи аёниятҳо ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд.

Дар марҳилаи аввал мураббиёни касбӣ аз шаҳри Душанбе даъват шуда, тадриҷан мураббияҳо аз ҳисоби бонувони маҳаллӣ омӯзонида мешаванд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон барои дар оянда дар шароити замонавӣ ҳар чӣ бештар ба таълими томактабӣ фаро гирифтани наврасон ба масъулин супориш доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки оянда барои то 200 навраси дигарро ба таълими томактабӣ фаро гирифтан имкон фароҳам оварда мешавад.

Инчунин, барои дар шароити муосир ба таълим фаро гирифтани наврасони ҳамин даргоҳ бунёди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии типи нав барои 300 хонанда ба нақша гирифта шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як гурӯҳ ятимони ноҳияҳои минтақаи Рашт мулоқоти самимӣ доир карда, аз аҳвол, шароити зист, таълим ва тарбияашон пурсон шуданд.

Мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маркази тиҷоратию хизматрасонии «Мир­аюб», ки аз ҷониби сокини ватандӯс­ти ноҳия Мираюб Шокиров бунёд шудааст, баргузор гашт.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирокчиёни вохӯрӣ, 60 нафар кӯдаки ятим аз ноҳияҳои Рашт, Нуробод ва Тоҷикободро, ки бо амри тақдир аз меҳру навозиши падару модар маҳрум гаштаву зери ғамхории Пешвои миллат қарор доранд, бо ҷашни бузурги миллӣ 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, барояшон саломатӣ, хониши хубу аъло ва саодати зиндагиро орзу карданд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар бораи дастгирии иҷтимоии Ҳукумати мамлакат суханронӣ карда, таъкид дош­танд, ки тарбияи инсони комил ва аз ҳар ҷиҳат обутобёфта, бахусус кӯдаконе, ки аз падару модар ятим мондаанд, аз ҳадафҳои сиёсати иҷтимоии роҳбарияти Давлату Ҳукумати кишвар ба шумор меравад.

Баъд аз суханронӣ ва тақдими туҳфаҳо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сари дастархони пурнозу неъмат бо кӯдакон суҳбати самимӣ доир карданд. Ятимон аз ғамхории ҳамешагии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон изҳори сипос намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Рашт бо роҳбарону фаъолони ноҳияҳои водии Рашт мулоқоти самимӣ доир карда, дар барномаи фарҳангӣ бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ иштирок намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст сокинонро бо ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳният гуфта, сипас иброз доштанд, ки аз ҷониби сокинони заҳматкаш ва ватандӯст ба ифтихори ҷашни миллӣ дар ноҳияҳои водии Рашт, дар маҷмӯъ, сохтмони қариб 1000 иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ бо харҷи 445 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, ҳоло корҳо дар 880 иншоот ба анҷом расонида шуд.

Зикр гардид, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ барои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияҳои минтақа аз ҳама сарчашмаи маблағгузорӣ беш аз 6,6 миллиард сомонӣ, аз ҷумла ба ноҳияи Нуробод 2,2 миллиард, Рашт — 1,5 миллиард, Сангвор — 914 миллион, Лахш — 1,2 миллиард ва Тоҷикобод — 787 миллион сомонӣ, равона шудааст.

Ҳамчунин, дар ноҳияҳои минтақа барои сохтмону таҷдид ва муҷаҳҳаз намудани муассисаҳои таълимӣ ва тиббӣ, бунёд ва таҷдиди роҳҳои мошингард, зиёд намудани иқтидорҳои истеҳсолӣ ва интиқоли неруи барқ, кам кардани талафоти он, рушди соҳаи кишоварзӣ ва дастгирии хоҷагиҳои деҳқонӣ, соҳилмустаҳкамкунӣ ва пешгирӣ аз зарари офатҳои табиӣ татбиқи 79 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 2,3 миллиард сомонӣ анҷом ёфта, ҳоло амалисозии 21 лоиҳаи дигар идома дорад, ки дар доираи онҳо беш аз 183 миллион сомонӣ аз худ шудааст.

Танҳо даҳ соли охир ба ноҳияҳои минтақа 150 миллион сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб шуда, барои бо ҷойи кор таъмин намудани сокинон мусоидат кардааст. Инчунин, ба аҳолии ноҳияҳои минтақа 11,4 ҳазор гектар замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардидааст, ки дар муқоиса бо давраи то соли 1991 се баробар зиёд мебошад.

Барои ҳалли мушкилоти иҷтимоиву иқтисодии ноҳияҳои водӣ панҷ соли охир дар доираи барномаҳои рушди ноҳияҳои минтақа садҳо лоиҳа ба маблағи умумии беш аз 200 миллион сомонӣ татбиқ гардидааст.

Инчунин, дар доираи барномаҳои нави рушди маҳал барои панҷ соли минбаъда амалисозии беш аз 900 лоиҳа ба маблағи 2,8 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш доданд, ки доир ба рушди саноати коркард аз захираву имконияти зиёд самаранок истифода баранд.

Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар соҳаи роҳу нақлиёти ноҳияҳои водии Рашт 16 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи зиёда аз 2,5 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, 614 километр роҳ ва 25 пул сохта, ба истифода дода шудааст. Ҳоло боз се лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маб­лағи қариб 5 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст, ки дар доираи онҳо 100 километр роҳи дорои аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, се нақб ва 20 пул сохта, ба истифода дода мешавад.

Бояд гуфт, ки солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳияҳои водии Рашт 292 бинои нави таълимӣ барои беш аз 54 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст. То охири соли ҷорӣ сохтмони боз 13 бинои нави таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои 7 ҳазор хонанда бунёд мегарданд.

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар минтақаи Рашт 15 маркази саломатии ноҳиявӣ, қариб 130 бунгоҳ ва даҳҳо иншооти дигари тиббӣ бунёду навсозӣ шуда, инчунин ҷиҳати омода намудани мутахассисони соҳаи тиб аз минтақа қариб 1000 нафар дар муассисаҳои таҳсилоти олии тиббӣ, аз ҷумла 350 нафар тибқи Квотаи президентӣ, ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми ватандӯсти минтақа барои боз ҳам ободу зебо гардонидани диёр ва таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлол минбаъд низ саъю талош хоҳанд кард.

Пас аз суханронии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи рангини консертии устодони санъат ва ҳунармандон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Ҳамин тавр, 23 сентябри соли 2021 сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон, ки 20 — 23 сентябри соли равон дар ноҳияҳои водии Рашт ҷараён дошт, ба анҷом расид.

Дар рафти сафари кории бобарору созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор иншооти нав мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Яке аз ҳадафҳои асосии сафари корӣ мулоқоти Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони ноҳияҳои водии Рашт, шиносоӣ бо вазъи зиндагии онҳо ва натиҷагирӣ аз рушди иҷтимоию иқтисодӣ буд.

www.president.tj