Сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рӯдакӣ

№115 (4065) 26.09.2019

48792023553_1e3006df30_o25 сентябри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо рафти корҳои созандагию ободонӣ ва ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун ба ноҳияи Рӯдакӣ сафар намуданд.

Сокинони шарафманду сарфарози ноҳия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст намоишгоҳи маҳсулоти нонию қаннодӣ ва таомҳои милливу ҳунарҳои мардумро, ки аҳли заҳмати 16 шаҳраку деҳот ба тамошо гузошта буданд, аз назар гузарониданд.

Дар намоишгоҳ пухтани таҳмол, далда, ду намуд ҳалво, оши палав ва дигар ғизоҳои болаззат муаррифӣ гардид.

Ҳунармандони чирадасту хушсалиқа аз эълон гардидани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» илҳоми тоза гирифта, ба эҳё ва рушди ҳунарҳои халқӣ, аз қабили кулолгарӣ, кандакорӣ, табақтарошӣ, оҳангарӣ, сабадбофӣ, ҷомадӯзӣ, кашидадӯзӣ, либосҳои миллӣ ва амсоли ин камари ҳиммат бастаанд. Рушди соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат ва таваҷҷуҳи бештари сайёҳони хориҷӣ ба кишвар ҳунармандони чирадасти ноҳияро водор кардааст, ки барои сайёҳон армуғони зебову дилкаш омода созанд.

Дар гӯшаи намоиши маҳсулоти нонӣ, таомҳои миллӣ, қаннодӣ ва ҳунарҳои мардумӣ маҳсули дастранҷи ҳунармандони бомаҳорат, ки бо завқу салиқаи баланд офарида шудаанд, шоиста муаррифӣ карда шуд.

Таъкид гардид, ки маҳз дар замони ҷаҳонишавӣ, эҳё ва рушди анъанаҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ҳифзи арзишҳои бойи ниёкон, метавонад миллати соҳибтамаддуну соҳибфарҳанг ва дорои таърихи куҳанро пойдору устувор нигоҳ дорад.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунару маҳорати аҳли заҳмат баҳои баланд дода, ҷиҳати эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии арзандаи он дар арсаи байналмилалӣ ба сокинон маслиҳатҳои судманд доданд.

48792581907_f765196369_oСипас, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 182 — ро, ки дар деҳаи Ҷӯйбодоми деҳоти «Чортеппа» бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд.

Дар саҳни муассиса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмонро хонандагону омӯзгорони боргоҳи илму маърифат гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Он дар заминаи таваҷҷуҳи хоса ва ғамхориҳои ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароити арзандаи таълим барои насли наврасу ҷавони мамлакат бо фармоиши Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии таъмиру сохтмони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ сохта шудааст.

Мактаб аз се ошёна иборат буда, барои 1280 ҷойи нишаст дар ду баст бунёд гардидааст. Инчунин, аз 28 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла, 4 кабинети фаннӣ — химия, физика, математика, биология, 4 синфхонаи таълими меҳнат дар алоҳидагӣ барои писарон ва духтарон, 2 синфхонаи компютерӣ, китобхона бо ду утоқи алоҳидаи китобхонӣ ва 18 ҳуҷраи ёрирасон иборат мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, бо дарназардошти фароҳам шудани шароити арзандаи таълим ба масъулон ва омӯзгорон ҷиҳати тарбияи дурусти насли ояндаи миллат ва дар рӯҳияи баланди ифтихори миллӣ ба воя расидани онҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дар ошёнаи якуми бинои муассиса ошхона мавҷуд аст, ки барои 150 ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст. Барои тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва ба варзиш ҷалб намудани насли наврасу ҷавон толори барҳавову муосири варзишӣ сохта шудааст, ки 240 ҷойи нишаст барои тамошобинон дошта,  асосан, барои баргузор намудани бозиҳои футболи хурд, волейбол ва баскетбол пешбинӣ гардидааст.

Бо мақсади дар шароити зарурӣ баргузор намудани ҷамъомаду чорабиниҳои гуногуни оммавию фарҳангӣ дар муассиса толори барҳавои маҷлисгоҳ бо 185 ҷойи нишаст низ мавҷуд аст, ки бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз мебошад.

Аснои шиносоӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади таъмини гармӣ дар фасли сармо синфхонаҳо, роҳраву ҳуҷраҳои ёрирасон ва утоқҳои кории муассиса бо шабакаи мутамаркази гармидиҳӣ пайваст мебошад.

Барои зебою назаррабо гардидан, саҳн ва атрофи мактаб майсазор карда, дарахтони ҳамешасабз шинонида шудааст, ки бо низоми муосири обёрӣ таъмин аст.

Иншооти дигари ёрирасони муассиса шабакаи обрасонист, ки аз қаъри 80 метр об кашида, интиқол медиҳад. Барои таъмини бехатарӣ ва мушоҳидаи пайвастаи раванди таълим дар дохил ва беруни бинои таълимӣ 20 камераи назоратӣ насб гардидааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Оли Сомони деҳоти «Зайнабобод», муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 85-ро мавриди истифода қарор доданд.

Он бо дарназардошти талаботи муосири сохтмонӣ бунёд шуда, дорои 640 ҷойи нишаст дар ду баст мебошад ва аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдуҷаббор Қурбонов дар давоми як сол бо тарҳи зебову замонавӣ бунёд шудааст.

Дар мактаб барои таълиму тарбия беҳтарин шароит муҳайё карда шудааст. Тавре ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон иттилоъ доданд, бо мақсади дар сатҳи баланд ба роҳ мондани таҳсилот 13 синфхона, аз ҷумла, синфхонаҳои забони русӣ, англисӣ, забон ва адабиёти тоҷик, физика, биология, математика, химия ва технологияи иттилоотӣ мавҷуданд, ки бо таҷҳизоти зарурии таълим муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

Зимни шиносоӣ бо шароити таълимӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, иқдоми созандаи соҳибкори маҳаллиро шоёни таҳсин хонданд. Инчунин, ифтитоҳи муассисаи таълимиро беҳтарин туҳфа ба хонандагон ва омӯзгорон арзёбӣ карда, кормандони соҳаи маорифи ноҳияро даъват намуданд, ки бо пуштибонӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тарбияи кӯдакону наврасон ва ҷавонон саҳми арзанда гузоранд.

Тибқи маълумоти масъулин, марҳилаи дуюми сохтмони муассиса ояндаи наздик шурӯъ мешавад. Мутобиқи лоиҳа, дар иншооти бунёдшаванда маҷлисгоҳ, толори варзишӣ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон сохта, ба истифода дода хоҳад шуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон дар деҳоти «Чоргултеппа» ба фаъолияти Корхонаи «Оҳангудозии Тоҷикистон» оғози расмӣ бахшиданд.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Оҳангудозии Тоҷикис­тон», ки бо иқдоми созандаи Пешвои миллат ҷиҳати татбиқи бомароми ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат, истеҳсоли маҳсулоти босифати ватанӣ ва ба роҳ мондани содироти он ба хориҷи кишвар, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва бо ин васила беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ бунёд шудааст, аз ҷиҳати иқтидори истеҳсолӣ калонтарин дар ноҳия ба ҳисоб меравад.

Зимни муаррифӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки самти асосии фаъолияти корхона коркарди оҳанпора ва истеҳсоли ду намуди масолеҳи сохтмонӣ — арматур ва ноқил бо андозаҳои гуногун мебошад. Барои идора намудани дастгоҳу технологияи замонавӣ ва бандубасти маҳсулоти истеҳсолшуда 150 нафар мутахассиси маҳаллӣ ба кори доимӣ ҷалб карда шудаанд.

Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол 60 ҳазор тонна арматур ва ноқил мебошад. Сифати маҳсулот, тибқи таҳлили мутахассисон ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ аст.

Ашёи хом ба корхона аз дохили ҷумҳурӣ ва хокаи кимиёии он аз Ҷумҳурии Қазоқистон дастрас мегардад. Дуди ғализи корхона бо истифода аз дастгоҳҳои махсус коркард ва безарар гардонда мешавад.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд ва ҷиҳати амалишавии ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат, истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот, ҷалби сармоя, бунёди корхонаҳои муосири саноатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба роҳбарият ва масъулон дастуру ҳидоятҳо доданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, барои бо сифати хуб истеҳсол шудани маҳсулоти корхона дастгоҳу технологияи муосиру замонавӣ дар доираи ҳамкорӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас ва васлу насб гардидааст. Маҳсулоти ниҳоӣ — арматур ва ноқил пас аз коркарди оҳанпора, истифодаи моддаи кимиёӣ ва об кардан омода ва бандубаст карда мешавад.

Дар саҳни Корхонаи «Оҳангудозии Тоҷикистон» ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсулоти саноатии ноҳия муаррифӣ гардид.

Маврид ба зикр аст, ки дар ноҳияи Рӯдакӣ дар доираи иқдомҳои созанда ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ — 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти олии Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, саҳми соҳибкорони ватандӯст ва ҷалби сармояи хориҷӣ 13 корхона бо таъсиси 300 ҷойи корӣ бунёд гардидааст.

Татбиқи бомароми барномаҳои давлатӣ ва бунёду барқарорсозии корхонаҳои истеҳсолӣ имконият фароҳам сохт, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ зиёд ва сатҳи иқтисодию иҷтимоӣ сол то сол беҳтару хубтар гардад. Масалан, тайи 8 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 243 миллиону 300 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 46,3 фоиз зиёд мебошад.

Айни ҳол дар ноҳия 127 корхонаи хурду бузурги истеҳсолӣ фаъолияти пурсамар доранд.

48792520136_545f7ecc4a_oАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ, ҳамчунин, аз намоиши дастовардҳои кишоварзон ва гармхонаи хоҷагии деҳқонии «Исматулло» дар деҳаи Кӯктоши деҳоти «Чоргултеппа» дидан намуданд.

Аҳли заҳмат наздик ба 30 навъи маҳсулоти гуногуни кишоварзиро, ки дар заминҳои зархез бо истифода аз имконоту шароити мавҷуда бо усули замонавӣ парвариш карда мешаванд, ба намоиш гузоштанд.

Тавре таъкид гардид, дар ноҳияи Рӯдакӣ 5031 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дорад, ки онҳо ҳар сол бо истифодаи пурсамари ҳар як қитъа замин ва тухмиҳои серҳосили зироат, дар асоси маслиҳати мутахассисони соҳа, маҳсулоти фаровон ба даст меоранд.

Дар намоишгоҳ намуна аз маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла картошка, пиёз, сабзӣ, карам, гулкарам, боимҷон, булғорӣ, лаблабуи сурх, турб, шалғам, каду, бодиринг, помидор, себ, нок, шафтолу, ангур, тарбузу харбуза ва ғайраро ба тамошо гузошта буданд. Пешниҳоди анвои гуногуни ангур дар ду пирамида ва тарбузу харбуза бо шакли хос дар намоишгоҳ хеле ҷолибу диданӣ буд.

Кишоварзон соли равон дар майдони 4 ҳазору 371 гектар ғалладонагӣ, 3 ҳазору 31 гектар зироати техникӣ, 675 гектар картоша, 853 гектар сабзавот, 52 гектар полезӣ ва дар маҷмӯъ, дар 10 ҳазор гектар анвои гуногуни зироат кишт ва ба маблағи 379 миллиону 433 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ба соҳаи боғу токпарварӣ низ дар ноҳия таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Аҳли заҳмат ҳар сол бо афзун намудани масоҳати боғ ҳаҷми истеҳсоли меваҳои шаҳдбори ватаниро зиёд мекунанд.

Дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ соли равон 38,3 гектар боғи дарахтони тухмдору донакдор ва 2,5 гектар токзори нав бунёд карда шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 4 гектар зиёд мебошад.

Инчунин, ба рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ низ таваҷҷуҳ зиёд аст ва сол то сол бо афзун намудани шумораи оилаҳои занбӯриасал ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти табиии он афзун мегардад. Феълан, шумораи оилаҳои занбӯриасал дар ноҳия ба 2965 адад мерасад. Занбӯриасалпарварон соли равон 22 тонна асал ба даст оварданд, ки нисбат ба соли гузашта зиёд мебошад.

Дар намоишгоҳ кормандони хоҷагии ҷангал низ намунаи гулу гиёҳҳои шифобахшро ба тамошо гузоштанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми боз­дид аз ин гӯша барои ҳифзи олами бою рангини табиати диёр ва ҷамъоварии бомавриди гиёҳҳои шифобахш ба масъулин дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.

Барои коркард ва бастубанди гулу гиёҳҳои ватанӣ бунёди коргоҳҳои соҳавӣ ба манфиат дониста шуд.

Дар намоишгоҳ парандапарварон низ дастовардҳои кориашонро ба тамошо гузошта буданд. Таъкид гардид, ки феълан саршумори паранда дар ноҳия ба 236 ҳазор мерасад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо парандапарварон ҷиҳати боз ҳам афзун намудани саршумори мурғ ва боло бурдани ҳаҷми истеҳсоли гӯшту тухм маслиҳатҳои судманд доданд.

Кишоварзон, ки дар таъсиси гармхонаҳои доимоамалкунанда таҷрибаи ғанӣ доранд, барои таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ дар ҳама фасли сол аз имконоти мавҷуда пурсамар истифода мебаранд.

Ҳангоми боздиди Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон аз гармхонаи хоҷагии деҳқонии «Исматулло», ки феълан дар он парвариши бодиринг бо усули замонавӣ ба роҳ монда шудааст, иттилоъ доданд, ки масоҳати гармхонаҳои доимоамалкунанда дар ноҳия, дар маҷмӯъ, 20 гектарро ташкил медиҳад.

Хоҷагии деҳқонии «Исматулло» соли 2018 дар асоси дастуру ҳидоятҳои роҳбарияти олии мамлакат аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдуманнаб Ҳусанов дар майдони 4 гектар таъсис ёфтааст.

Дар он бо истифода аз технологияи нав дар майдони 1 гектар барои парвариши сабзавоти гуногун, аз ҷумла, бодирингу помидор, гармхона ташкил гардидааст, ки 10 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мебошанд.

Мақсади асосии хоҷагидорон дар ҳамаи фасли сол бо сабзавоти тару тоза таъмин кардани аҳолии пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе аст.

Соли равон дар гармхона дар ду мавсим 25 ҳазор ниҳоли помидор ва наздик ба 27 ҳазор ниҳоли бодиринг шинонида шуд. Дар мавсими аввал аз майдони 1 гектар 74 тонна помидор истеҳсол гардид, ки аз ин ҳисоб 407 ҳазор сомонӣ даромад ба даст омад.

Хоҷагидорон дар мавсими дуюм аз парвариши бодиринг то ба зиёда аз 80 тонна маҳсулот гирифтанд ва умед доранд, ки боз ҳамин миқдор маҳсулот ҷамъоварӣ ва пешниҳоди бозори истеъмолӣ намоянд.

Барои гарм кардани гармхона аз ангишт истифода бурда мешавад ва талабот дар як сол ба ин намуди сӯзишворӣ дар хоҷагӣ 300-350 тоннаро ташкил медиҳад.

Ба гуфти хоҷагидорон, истифодаи технологияи муосир дар гармхона омили муҳими боло бурдани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот мебошад.

Ҳаводиҳӣ ва ҳавотозакунии дохили гармхона ба таври автоматӣ ба роҳ монда шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо рафти ҳосилбандии ниҳолони бодиринг таҷрибаи кишоварзонро дар самти ташкили гармхонаҳо намунаи ибрат арзёбӣ намуда, барои зиёд кардани масоҳати гармхонаҳои доимоамалкунанда ва ба ин васила таъмини фаровонии бозори дохилӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба масъулин дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Рӯдакӣ дар вазъияти тантанавӣ Парчами миллӣ ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Сомониён дар пояи 45-метра қомат афрохта, паҳноии матои он 7 ва дарозиаш 14 метрро ташкил медиҳад. Баландии пояи Нишони давлатӣ, ки дар шафати Парчам ­сохта шудааст, 22 метр мебошад.

Дар гирду атрофи муқаддасоти миллӣ гулу буттаҳои ороишӣ шинонида, фаввораҳо низ насб карда шудаанд.

Бунёди рамзҳои давлатӣ дар доираи дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири гиромидошти муқаддасоти миллӣ сурат гирифтааст.

Лоиҳаи Парчами миллӣ ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҷамъияти дорои масулияти маҳдуди «Тоҷмаҳал — 2010» таҳия гардидааст. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иҷрои корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, барои боз ҳам ободу зебо намудани атрофи иншоот ба масъулон дастуру ҳидоятҳо доданд.

 www.president.tj