27 июни соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ва бо мақсади иштирок дар чорабиниҳои бахшида ба 20 — солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба шаҳри Ваҳдат ташриф оварданд. Сарвари давлатро сокинони шаҳри Ваҳдат бо самимияти беандоза истиқбол гирифтанд.
Сипас, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ бинои 20 — ошёнаи истиқоматиро мавриди истифода қарор доданд. Ин бинои муҳташам аз 270 хонаи якҳуҷрагӣ ва дуҳуҷрагӣ иборат аст. Корҳои сохтмонӣ дар он августи соли 2015 аз ҷониби ҶДММ «Комил-2010» шурӯъ шудааст ва наздик ба 200 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин будаанд.
Роҳбари давлат нахуст дар тӯйи арӯсию домодии 30 ҷавон ва хатнасури 20 дӯстрӯяк аз оилаҳои ниёзманд иштирок намуда, дар вазъияти тантанавӣ ба навхонадорон шаҳодатномаи ақди никоҳ ва ба кӯдакон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.
Тавре ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ин иншоот ба маблағи зиёда аз 20 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст. Дар ошёнаи якуми он марказҳои хизматрасонию савдо, дар ошёнаи дуюм маркази саломатӣ ва дар ошёнаи сеюм маркази омӯзишии касбу ҳунарҳо ташкил карда мешавад. Он аз таҳхонаи дуошёна барои 42 мошини сабукрав ва ду даромадгоҳ иборат мебошад.
Зимни шиносоӣ бо шароиту имкониятҳои иншооти мазкур Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, барои бунёд намудани боз 4 адад бинои баландошёна ва кӯдакистону дармонгоҳ, ки аз тарафи ҶДММ «Комил-2010» дар шафати ҳамин бино дар назар аст, дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бо буридани лентаи рамзӣ бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳдатро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Он бо маблағи 8 млн. 970 ҳазор сомонӣ бо ҷалби 60 нафар сохтмончии маҳаллӣ дар се сол бунёд ёфтааст. Санги асоси биноро 6 — уми сентябри соли 2015 Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта буданд.
Иншооти мазкур аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати 2 ҳазору 518 метри мураббаъ бунёд шудааст. Пудратчии асосии иншоот Корхонаи давлатии сохтмону васлгарии №2-и Вазорати корҳои дохилӣ мебошад. Вобаста ба корҳои алоҳидаи иншоот ҶДММ «Насби Нур», ҶДММ «НЕКО» ва ҶДММ «Сохтмони Кӯлиён» низ ҷалб шудаанд.
Тавре ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот доданд, иншооти зикргардида аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он толори маҷлис барои беш аз 100 ҷойи нишаст, ошхона, толори машқ, 50 ҳуҷраи корӣ, мошинсаро барои нигоҳдории 4 техника ва биноҳои ёрирасон, таваққуфгоҳ барои 18 автомашина ҷой гирифтааст.
Зимни боздид аз бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат Сарвари давлат ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, кормандони мақомотро ба иҷрои содиқонаву софдилонаи вазифаҳои бар уҳда доштаашон даъват карданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Шаҳдбори деҳоти ба номи Раҷаб Исмоилов бо вазъи истифодабарии заминҳои президентӣ шинос шуда, намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзиро аз назар гузаронданд.
Пешвои миллат ҳангоми мулоқот бо соҳибони қитъаҳои замин иброз доштанд, ки ба сокинони кишвар додани заминҳои президентӣ дар ду давра — солҳои 1995 ва 1997 роҳандозӣ гардид ва ҳамин иқдом дар шароити мушкили он замон ба беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум мусоидат кард. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки аз заминҳои президентӣ шаҳрвандон бояд самараноку оқилона истифода намоянд ва дар ин кор деҳқонони ботаҷриба ва олимони соҳаи кишоварзӣ ба хотири рӯёндани ҳосили фаровон бо онҳо ҳамкорӣ кунанд.
Мушоҳида гардид, ки дар қитъаи замини президентии сокини деҳаи Шаҳдбори шаҳри Ваҳдат Танзира Одинаева, ки 6 садякро дар бар мегирад, пас аз гирифтани ҳосили якум дар кишти такрорӣ қариб 20 номгӯйи зироат кошта шудааст. Ӯ бо қаноатмандӣ аз дастгириҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ мегӯяд, ки маҳсулоти бадастовардааш аз замини президентӣ на танҳо барои захираи яксолаи оилаашон кифоят мекунад, балки ба бозор низ бароварда мешавад.
Дар намоишгоҳи дастовардҳои хоҷагидорони шаҳри Ваҳдат Сарвари давлат бо намунаҳо аз маҳсулоти истеҳсолии деҳқонони шаҳр, аз қабили гандум, ҷав шолӣ, нахӯд, лӯбиё, мош, маъсар, офтобпараст, картошка, карам, бодиринг, помидор, лаблабуи ошӣ, сабзӣ, бехпиёз, сирпиёз, қаламфури булғорӣ, тухмии сабзавот, себ, нок, олу, гелос, зардолу, шафтолу ва қулфинай шинос шуданд. Иттилоъ дода шуд, ки имсол кишоварзони шаҳр дар майдони 7 ҳазор гектар кишти баҳории ғалладонагиҳо гузарондаанд ва аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна 52 сентнерӣ ҳосил гирифтаанд. Айни ҳол дар хоҷагиҳои шаҳр кишти такрорӣ бомаром идома дорад.
Тибқи дурнамо дар шаҳри Ваҳдат дар майдони 730 гектар картошка кишт шудааст ва ҳосилғундорӣ то ҳанӯз идома дорад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон хоҷагидоронро ба истифодаи самараноки замину гирифтани ҳосили дилхоҳ ҳидоят намуданд.
Таъкид шуд, ки шаҳри Ваҳдат бо меваҳои шаҳдбораш на танҳо дар миқёси ҷумҳурӣ, балки берун аз он ҳам машҳур мебошад. Ҳар сол боғдорони шаҳр ба Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон ҳазорҳо тонна меваи тару хушк содир менамоянд. Бо мақсади таъмини иҷрои «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2020» дар шаҳри Ваҳдат дар майдони 51 гектар боғу токзори нав бунёд карда шудааст, ки 32 гектараш боғҳои интенсивӣ мебошанд. Роҳбари давлат ба масъулон дастур доданд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти тайёр аз меваю сабзавотро барои содирот бештар намуда, шумораи корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзиро дучанд намоянд. Иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол дар шаҳри Ваҳдат як корхонаи доимоамалкунандаи консервабарорӣ ва як коргоҳи мавсимии коркарди меваю сабзавот фаъолият мекунанд. Вале бо сабаби он ки хоҷагиҳои шаҳри Ваҳдат аз иқтидори солонаи ин ду корхона маҳсулоти бештар истеҳсол мекунанд, қисме аз ин маҳсулот дар шакли табииаш истифода мешавад.
Соҳаи моҳипарварӣ низ дар шаҳри Ваҳдат рушд кардааст. Гулмоҳиҳое, ки ба намоиш гузошта шуда буданд, дар ҶДММ «Форел» — дараи зебоманзари Ромит парвариш мешаванд. Ин намуди моҳӣ яке аз нодиртаринҳо ба ҳисоб рафта, дар обҳои мусаффо ва ҷоришаванда зиндагӣ мекунад. Дар маҷмӯъ, дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар хоҷагиҳои моҳипарварии шаҳр ба маблағи 220 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 40 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад ва афзоиши он 22,2 фоизро ташкил медиҳад.
Дар намоишгоҳ инчунин маҳсулоти занбӯри асал пешкаш гардид. Занбӯри асал дар шаҳри Ваҳдат асосан дар минтақаи кӯҳистони дараи Ромит парвариш карда мешавад ва асали дар ин минтақа истеҳсолшуда таъми лазиз дорад. Зикр шуд, ки талабгорони асали шаҳри Ваҳдат берун аз Тоҷикистон низ хеле зиёданд.
Пешвои миллат аз пешрафти бахшҳои алоҳидаи соҳаи кишоварзӣ ва заҳмати шабонарӯзии барзгарон изҳори хушнудӣ карда, иброз намуданд, ки дар натиҷаи дастгириҳои пайвастаи Давлату Ҳукумат ва фаъолияти ватандӯстонаи заҳматкашони шаҳр имрӯз Ваҳдат ба яке аз минтақаҳои пешрафтаи кишоварзиву саноатии мамлакат табдил ёфтааст. Саҳми корхонаву муассисаҳои он дар рушди иқтисодии кишвар ва фаровонии дастурхони мардум, аз ҷумла сокинони пойтахт, торафт бештар мегардад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Зарнисори шаҳри Ваҳдат корхонаи хурди истеҳсолӣ ва нуқтаи таъмири нақлиётро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корхонаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва маркази таъмири нақлиёт аз тарафи роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хушрӯз» Шамсулло Саъдуллоев бунёд шудааст. Масоҳати корхона се гектарро ташкил медиҳад. Дар корхонаи шарбатбарорӣ ва қитъаи заминҳои ба он алоқаманд наздик ба 100 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби кори доимӣ шудаанд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки корхона дар як рӯз иқтидори коркарди 2,5 то 3 тонна маҳсулоти кишоварзиро дорад. Барои фаъолияти пурсамари корхонаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хушрӯз» 27 гектар замин барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ҷудо карда шудааст, ки дар онҳо кишти помидор, бодиринг, карам, қаланфури булғорӣ, пиёз ва дигар намуди маҳсулот барои консервабарорӣ ба роҳ монда мешавад. Ҷамъияти мазкур ба коркарди сабзавоту мева низ машғул буда, қариб 10 намуд консерва, обҳои ташнашикан, афшураҳо ва шириниҳои мухталиф истеҳсол мекунад.
Дар назди корхонаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хушрӯз» як маркази таъмири нақлиёт сохта шудааст, ки дар он 60 нафар бо ҷойи кор таъмин гардидаанд. Дар марказ дар як вақт ба 25 мошини сабукрав ва нақлиёти хурди боркаш хизмат расонида мешавад.
Соҳибкори ватанӣ Шамсулло Саъдуллоев уҳдадор шуд, ки аз ҳисоби даромади корхона дар оянда фаъолияташро васеъ карда, коргоҳу корхонаҳои нав, 4 сардхона, ҳар кадоме бо ғунҷоиши то 250 тонна, як маркази таъмири мошинҳои калони боркаш бунёд намояд.
Баъди шиносоӣ бо шароити коргоҳҳои мазкур Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони ватанӣ барои ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар ва иқдоми обод кардани як гӯшаи диёр арзи сипос намуда, ба онҳо комёбиҳо орзу намуданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои наву замонавии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 71 иштирок намуданд.
Ин муассисаи таълимӣ, ки аз лиҳози меъморию сохтмонӣ ва имконияту шароити муосири таълиму тарбия назир надорад, дар доираи дастуру супоришҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва маблағгузории ширкати чинии «ТВЕА» бо харҷи беш аз 12 миллион сомонӣ бунёд гардидааст, ки дар он асосан аҳолии синни мактабии маҳаллаи 20-уми деҳоти ба номи Бозорбой Буронови шаҳри Ваҳдат ба таълим фаро гирифта мешаванд.
Корҳои сохтмонии муассисаи мазкур сентябри соли 2015 оғоз гардида буд.
Зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки муассисаи таълимӣ барои 1280 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Корҳои сохтмониро коргарону мутахассисони ҶДММ «Диаман-К» дар асоси лоиҳа ва тарҳу услуби нотакрори сохтмонию меъморӣ бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонидаанд.
Бинои асосии он аз чор ошёна иборат буда, дорои 28 синфхонаи муҷаҳҳази фаннӣ, аз ҷумла синфхонаи химия, биология, асосҳои кор бо компютер, физика, математика, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, омодагии ибтидоии ҳарбӣ, ҳунаромӯзӣ ва утоқҳои кории омӯзгорон мебошад.
Синфхонаҳои ҳунаромӯзӣ барои соҳибкасб гардидани духтарони деҳоти мазкур метавонад, нақши калон дошта бошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хонандагони муассисаи таълимиро даъват намуданд, ки дар замони пешрафти куллӣ дар ҷаҳон, аз ҷумла рушди бесобиқаи илму техника пайваста дар пайи омӯзиш бошанд ва дар оянда ҳамчун кадрҳои баландихтисос дар ободию тараққиёти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи худро гузоранд. Ҳадафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам аз бунёди муассисаҳои муосири таълимӣ дар шаҳру ноҳияҳо ба таълиму тарбияи дуруст ва ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ фаро гирифтани наврасону ҷавонон мебошад.
Пешвои миллат омӯзгорону роҳбарияти мактабро даъват намуданд, ки бо истифода аз шароити мусоид ба сатҳу сифати таълиму тарбияи насли наврас таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.
Синфхонаҳои муассисаи таълимӣ бо пешрафтатарин технология ва воситаҳои илмомӯзии муосир, ба монанди тахтаҳои электронӣ ва компютерҳо муҷаҳҳаз гардидааст. Кабинетҳои лингафонӣ низ бунёд шудаанд, ки аз таҷрибаи самаровар дар соҳаи маориф ба ҳисоб мераванд.
Муассисаи таълимӣ ҳамчунин дорои бунгоҳи тиббӣ, ошхонаи замонавӣ барои 150 нафар, толори зебои маҷлис бо 380 ҷойи нишаст ва толори васеу барҳавои варзишӣ мебошад.
Дар назди муассиса як буғхонаи дорои таҷҳизоти муосири бо ангишт фаъолияткунанда низ сохта шудааст. Таҷҳизоти гармидиҳанда имконият дорад, ки дар фасли сармо синфхонаҳоро бо истифода аз ангишт бо гармӣ таъмин намояд.
Ҳудуди муассиса 2,6 гектарро ташкил медиҳад. Дар фазои кушод майдончаҳои муосири варзишӣ барои футболи хурд, баскетбол, волейбол, теннис ва гузаронидани дарсҳои амалии омодагии ҳарбӣ сохта шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки лоиҳаи сохтмони муассисаи мазкур бо дарназардошти дурнамо таҳия гардидааст ва оянда дар ин ҷо боз як бинои нави таълимии чорошёна бунёд меёбад.
Бегоҳии 27 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими рӯнамоии сутунпояи Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат ширкат варзиданд.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди варзишгоҳи муҳташами навбунёд бо баландии 50 метр қомат рост кардааст. Парчам 7 метр паҳноӣ ва 14 метр дарозӣ дорад.
Пешвои миллат бо парафшон кардани Парчам ин рамзи давлатдориро дар маркази шаҳри Ваҳдат расман ифтитоҳ намуданд.
Корҳои сохтмонии Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Некзод» ба иҷро расонида шудааст. Зикр гардид, ки арзиши лоиҳавии сохтмони Парчам 1 млн. 650 ҳазор сомонӣ мебошад, ки аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ҷудо шудааст. Атрофи Парчами давлатии Тоҷикистон, ки сарсабзу хуррам гардонида шудааст, як гулгашти дилписанду дилнишинро мемонад.
Фаввораҳо фаъол ва муҳити он чароғон карда шудааст, ки дили ҳар бинандаро мерабояд. Изҳори эътимод карда шуд, ки минбаъд дар ин макони зебо ҳамчун нишони садоқат ва меҳру муҳаббат ба рамзҳои давлатӣ чорабиниҳои мухталиф баргузор карда мешаванд ва болафшонии Парчами давлатӣ дар назди варзишгоҳи навбунёд ифтихори миллӣ ва ҳисси меҳандӯстии ҳар сокини шаҳри Ваҳдатро боло мебарад.
27 июни соли 2017 дар шаҳри Ваҳдат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Варзишгоҳи марказии шаҳрро бо 25 ҳазор ҷойи нишаст мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Барои сохтмони варзишгоҳ 47 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллии шаҳр ва 20 миллион сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ пешбинӣ гардида буд.
Варзишгоҳ аз 6 қисм иборат буда, дар он иншооти гуногуни хизматрасонӣ, аз қабили меҳмонхона, толорҳои варзишӣ, нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ ва бинои маъмурӣ бунёд гардидааст. Ҳамчунин оянда дар атрофи он сохтмони боғи фарҳангию фароғатӣ, Маҷмааи «Ваҳдати миллӣ», Кохи ақди никоҳ ва бинои амфитеатр пешбинӣ шудааст, ки бояд то соли 2018 бунёд гардад.
Ёдовар мешавем, ки санги асос барои бунёди варзишгоҳ 28 августи соли 2014 аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуда буд. Ҳамон вақт Сарвари давлат супориш дода буданд, ки корҳои бунёдӣ ва ободонии атрофи варзишгоҳ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои меъморию сохтмонӣ бояд анҷом ёбанд ва иншооти мазкур дар рӯзи ҷашни 20 — солагии Ваҳдати миллӣ ба истифода дода шавад.
Корҳои сохтмонӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пудратчиён Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авлиёхӯҷа» ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Алянс Сомон» иҷро гардидааст. Дар корҳои сохтмону таҷҳизонидани варзишгоҳ, ҳамчунин коргарону мутахассисони ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди «Мунис-С», «Ҳамсафар», «Насби Нур», «Салмон-Сохтмон», «Фаридун», «Темурҷон», «ИМО» ва «Нури Ҳамадон» саҳм гузоштаанд.
Пас аз ифтитоҳи Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии бошукӯҳи идона ба ифтихори 20 — умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ иштирок ва суханронӣ карданд.
Барои таҷлили ботантанаи ин санаи таърихӣ, ҳамчунин меҳмонони зиёд аз гӯшаву канори ҷумҳурӣ, аҳли зиёи кишвар, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Душанбе ва сокинону фаъолони шаҳри Ваҳдат ҷамъ омаданд.
Нахуст Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирокчиёни ҷашнвора ва дар шахси онҳо кулли шаҳрвандони мамлакат, инчунин ҳамватанони бурунмарзиро бо 20 — солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта, аз роҳи пуршарафи тайкардаи миллати сулҳофари тоҷик дар давоми 20 сол андешаронӣ карданд.
Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи рангини ҳунарӣ, ки таҷассумгари дастовардҳои 20 соли Ваҳдати миллӣ буд, пешкаши иштирокчиён гардид.
www.president.tj