3 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сафар карданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муовини якуми роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.