1 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо корҳои бунёдкорию созандагӣ, ифтитоҳи иншооти нав, шиносоӣ бо рафти корҳои саҳроӣ ва мулоқот бо мардум бо сафари корӣ ба ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Нахуст Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти ба номи Утақара Назарови ноҳияи Қубодиён бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 11-ро ифтитоҳ намуданд.
Бинои иловагии мактаб аз ду ошёна иборат буда, дорои 11 синфхона барои 620 ҷойи нишаст дар ду баст ва ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорон мебошад.
Бинои иловагии нав дар ҷойи бинои фарсудаи қаблӣ бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Фарҳод Зиёев сохта шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз шароити муосир омӯзгоронро ба беҳтар кардани сифати таълиму тарбия, дар замири хонандагон бедор намудани ҳисси ватандорию ватандӯстӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддуни миллати тоҷик ва муқаддасоти миллӣ ва ба роҳ мондани робитаи зич бо падару модарон ҳидоят намуданд.
Пас аз ифтитоҳи бинои нави мактаб ва суҳбат бо омӯзгорон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди муассисаи томактабӣ санги асос гузоштанд.
Бинои нави таълимӣ аз 3 ошёна иборат буда, барои 150 нафар пешбинӣ шудаааст. Тибқи нақша бинои нав бо инфрасохтори мукаммали таълиму тарбия ва дигар иншооти ёрирасон бунёд карда хоҳад шуд.
Сарвари давлат зимни шиносоӣ бо лоиҳаи муассисаи томактабӣ ҷиҳати саривақт ва бо сифати баланд бунёд намудани иншооти мазкур ба масъулин дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани иншооти соҳаи маориф ҷиҳати амалишавии яке аз ҳадафҳои асосӣ, ҳарчи бештар фарогирӣ ба таълими томактабӣ мусоидат мекунад.