18 сентябри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти нав, шиносоӣ бо вазъи зиндагии аҳолӣ ва мулоқот бо мардум бо сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода ташриф овард.
Зимни ин сафар Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Турсунзода, роҳи мошингарди Душанбе — Турсунзода, бинои Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Спитаменбонк», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Вежа фармасевтикалс» ва Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти чиниворӣ ва хиштҳои ба оташ тобовар, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 18, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 119 — ро ифтитоҳ намуда, аз хоҷагиҳои деҳқонии «Ҳоҷӣ Неъмат», «Ватан» ва «Боғи Сомон» боздид ба амал меорад.
Дар назар аст, ки баъди ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони шаҳр оид ба татбиқи сиёсати Ҳукумати кишвар ва корҳои ободонию созандагӣ мулоқоту суҳбатҳои самимӣ доир намуда, бо шароити кору зиндагии онҳо шинос шаванд.