Сафари кории Президенти мамлакат ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия

№64 (4326) 12.05.2021

51168234085_31253e2a7a_o8 майи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин ба шаҳри Москва сафари корӣ намуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Сарвари давлатро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел карданд.

8 майи соли 2021 дар шаҳри Москва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин мулоқот карданд.

Дар рафти он маҷмӯи масъалаҳои мубрами муносибатҳои ҳамкорӣ ва шарикии стратегии ҳар ду кишвар, ҳамчунин, масъалаҳои алоҳидаи вазъияти байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди таваҷҷуҳи тарафайн қарор доштанд. Зимни баррасии масъалаҳо ба робитаи кишварҳо дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, гуманитариву фарҳангӣ ва амниятӣ аҳамияти хоса зоҳир гардид.

Пешвои миллат аз ҷараёни рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Россия дар самтҳои зикргардида изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид карданд, ки Федератсияи Россия шарики асосӣ ва муҳими тиҷоративу иқтисодӣ боқӣ мемонад. Бояд зикр кард, ки ҳаҷми мубодилаи мол миёни кишварҳо дар соли 2020, сарфи назар аз мушкилоти вобаста ба пандемияи COVID — 19, қариб як миллиард  долларро ташкил дод.

Ҳамчунин, зарурати такони тоза бахшидан ба ҳамкории ҷонибҳо дар бахши сармоягузорӣ, бо дарназардошти талаботи бозори Россия, зиёд кардани ҳаҷми содироти меваю сабзавоти босифат ва аз лиҳози экологӣ тозаи Тоҷикистон махсус қайд гардид.

Зимни вохӯрӣ дигар ҷанбаҳои мубрами ҳамкории ҷонибҳо, аз ҷумла дар соҳаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, алоқаи ҳавоӣ бо таъкиди аҳамияти зиёд кардани хатсайрҳои ҳавоӣ миёни ҳар ду кишвар, ҳамчунин, рушди ҳамкориҳо дар соҳаи тандурустӣ, бахусус самти мубориза бо пайомадҳои коронавируси нав ва рафти татбиқи барномаҳои ҳамкории низомиву техникӣ баррасӣ карда шуданд.

Дар соҳаи амниятӣ ҷонибҳо зарурати таҳким бахшидани муборизаи муштарак­ро алайҳи зуҳуроти хатару таҳдидҳои глобалӣ, бахусус терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва шаклҳои дигари ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, таъкид карданд. Зимни мубодилаи афкор атрофи вазъияти байналмилаливу минтақавӣ ҷонибҳо ба ҳолати ҳозираи вазъ дар Афғонистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир карданд.

Сарвари давлат ҷараёни рушди вазъиятро дар кишвари ҳамсоя, бахусус пас аз изҳороти ҷониби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷиҳати баровардани неруҳои низомиаш аз қаламрави он, таассуфбор ва сахт нигаронкунанда арзёбӣ карданд.

Дар ин зимн, муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон зарурати таҳкими ҳифзи сарҳадоти Тоҷикистону Афғонистонро, ки марзи ҷанубии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба шумор меравад, таъкид карда, ҷиҳати татбиқи амалии қарорҳои дар ин ҷода қаблан қабулшуда изҳори умед намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон соли равон давраи раёсатро дар Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба уҳда дорад. Дар робита ба ин, Пешвои миллат ба ҳайси Раиси амалкунандаи ин ду созмони бонуфузи минтақавӣ Президенти Федератсияи Россияро аз рафти татбиқи чорабиниҳои банақшагирифташуда, бахусус омодагиҳо ба саммити ҳар ду созмон, ки соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегарданд, дар ҷараён гузоштанд.

Дар мулоқот, ҷонибҳо, ҳамчунин, масъалаҳои дигари минтақавиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Хусусан, Сарвари давлат атрофи рӯйдодҳои 29 апрели соли ҷорӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон баамаломада сухан карда, мавқеи собити давлати Тоҷикистонро ҷиҳати бо роҳҳои сулҳу музокирот ҳаллу фасл намудани ҳама мушкили мавҷуда таъкид намуданд.

Дар фарҷоми суҳбат, ки дар фазои ҳамдигарфаҳмии комил ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путинро ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Тоҷикистон даъват карданд.

Даъват аз ҷониби Россия бо хушнудӣ пазируфта шуд.

9 майи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси амалкунандаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 76-солагии Рӯзи Ғалаба иштирок намуданд.

Военный парад в честь 76-й годовщины ПобедыПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар Қасри Кремл Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин истиқбол гирифтанд.

Дар маркази асосии баргузории чорабиниҳои тантанавӣ – Майдони Сурх паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 12 ҳазор низомӣ иштирок ва 190 техника, инчунин, 76 тайёраи ҳарбӣ истифода шуда, 35 намунаи техникаи ҳарбӣ – мудофиавии муосир муаррифӣ гардиданд.

Баъди анҷоми расми паради ҳарбӣ дар Майдони Сурх Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир ­Путин дар назди ёдгории аскари номаълум гулчанбар гузошта, хотираи қурбониёни ҷанги мудҳиши солҳои 1941-1945-ро ­гиромӣ доштанд.

www.president.tj