Субҳи рӯзи 29 июли соли 2015 баъди иштирок дар маросими ифтитоҳи як қатор иншооти ҳаётан муҳим ва мулоқоти судманд бо сокинони ноҳияи Дарвоз Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз он ҷо ба ноҳияи Рӯшон сафар кард.
Боздиди Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯшон аз маросими истиқболи Сарвари давлат дар фурудгоҳи ноҳия оғоз гардид. Сокинони ноҳияи Рӯшон Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро хеле гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Сафари кории Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯшон аз гузоштани санги асоси бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон оғоз гардид.
Бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон дар масоҳати 0,45 гектар бунёд шуда, аз ду ошёна иборат аст. Арзиши лоиҳавии сохтмон ҳашт миллион сомонӣ буда, дар корҳои сохтмонӣ асосан мутахассисони маҳаллӣ ҷалб мегарданд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо сохтмончиён онҳоро ба кори пурсамар ва босифат ҳидоят карда, изҳор дошт, ки ин иншоот бояд солҳои зиёд ба мардум хизмат расонад, аз ин рӯ он бояд ба меъёрҳои меъмории замони муосир ҷавобгӯй бунёд гардад.
Ба Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои иҷрои корҳои босифат дар рафти бун-ёди бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон дастурҳои мушаххас дода шуд.
Сипас, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯшон дар маросими ифтитоҳи Қасри фарҳанг дар маркази ноҳия барои 460 ҷойи нишаст иштирок кард.
Корҳои сохтмонӣ соли 2012 оғоз гардида, пудратчии сохтмон Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Шарқ» мебошад. Қасри фарҳанг аз ду ошёна иборат буда, дар он 12 утоқи корӣ, толори бошукӯҳи замонавӣ ва дигар биноҳои ёрирасон мавҷуданд.
Арзиши лоиҳавии сохтмон 6 миллиону 300 ҳазор сомонӣ аст.
Дар даромадгоҳи Қасри фарҳанг хонандагони мактаб дар васфи Ватан суруд иҷро карданд, ки ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон писанд омад.
Қасри фарҳанги ноҳия дар як мавзеи хеле хуб бо тарҳи зебо дар масоҳати 0,50 гектар бунёд гардидааст ва он макони фарҳангу фароғатии сокинон мебошад, ки Сарвари давлат ба мардуми ин ноҳия тақдим кард. Акнун сокинони фарҳангдӯсти ноҳияи Рӯшон бо истифода аз ин имкони хеле мусоид истифода бурда, метавонанд тамоми чорабиниҳои фарҳангӣ, маҷлису тантанаҳои идона ва дигар озмуну фестивалҳоро дар сатҳи зарурӣ баргузор намоянд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти ноҳия ва сохтмончиён барои дар оянда бо тарҳи меъмории миллӣ ороиш додани саҳна ва дохили толори Қасри фарҳанг супоришҳои иловагӣ дод.
Баъди ба истифода додани иншооти муҳими фарҳангӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо шумораи зиёди сокинону фаъолон ва ҷавонони ноҳия, ки барои истиқболи Сарвари давлат ҷамъ омада буданд, суҳбати самимӣ доир кард.
www.president.tj