Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон

№80-81 (3381-3382) 12.06.2015

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 12 июни соли 2015 барои иштирок дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои якуми аврупоӣ ба шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон сафар кард.

Дар фурудгоҳи байналмилалии пойтахт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода, вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Эркинхон Раҳматуллозода, раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода, котиби генералии Кумитаи миллии олимпӣ Баҳрулло Раҷабалиев ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

www.president.tj