Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ваҳдат

№119-120 (3420-3421) 07.09.2015

21169540202_3f4dbbd387_oСубҳи рӯзи шашуми сентябри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум,  ифтитоҳи як қатор иншооти иҷтимоию саноатӣ ва оғоз бахшидан ба корҳои сохтмонӣ дар як зумра иншооти дигар ба шаҳри Ваҳдат ташриф овард.

Дар даромадгоҳи шаҳри Ваҳдат сокинони он Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро бо эҳтироми хоса ва гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Боздид аз шаҳри Ваҳдат бо ифтитоҳи роҳи мошингарди шоҳроҳи Ваҳдат – Файзобод, ки ба тозагӣ навсозӣ шудааст, оғоз ёфт. Хотиррасон бояд намуд, ки ин шоҳроҳ дар маркази    шаҳри Ваҳдат аз кӯчаи Сомониён мегузарад ва ҳаракат дар он то ин вақт яктарафа буд. Кунун пас аз навсозии куллӣ, ки тибқи дастури Президенти мамлакат сурат гирифтааст, ин роҳ бо чор хатти ҳаракат дутарафа шуд. То ин вақт ба самти муқобил мошинҳо аз кӯчаи дигар мегузаштанд. Масофаи умумии роҳи навсозӣ ва васеъшуда 1300 метрро ташкил медиҳад. Барои анҷом додани ин кор аз буҷети шаҳр 4 миллиону 800 ҳазор сомонӣ харҷ шудааст.

Умуман, тӯли ду соли охир аз буҷети шаҳр барои таъмиру мумфарш кардани роҳҳои маҳаллӣ, чароғон кардани кӯчаҳои марказии шаҳр ва дигар тадбирҳои ободонӣ зиёда аз 12 миллиону 100 ҳазор сомонӣ масраф гардидааст. То кушодашавии роҳи дутарафаи ҳаракати нақлиёт  тамбашавии мошинҳо дар роҳи кӯчаи Фирдавсии шаҳри Ваҳдат ба амал меомад, ки барои ронандагон ва роҳгузарҳо монеаҳо эҷод мекард.

Инак, навсозии роҳу кӯчаҳои ҳудуди шаҳр ва ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани онҳо боиси куллан беҳтар шудани рафтуомади сокинони шаҳри Ваҳдат ба пойтахт ва дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат мегардад.

www.president.tj