Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

№101-102 (3402-3403) 30.07.2015

20085660811_e7d8911ac9_oСубҳи 28-уми июли соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади огоҳ шудан аз вазъи зиндагии мардум ва шиносоии бевосита аз иҷрои супоришҳои зимни сафарҳои қаблӣ додашуда, инчунин мусоидат кардан ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба як қатор шаҳру ноҳияҳои ин вилоят сафар кард.

Сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз 28-ум то 31-уми июл дар ноҳияҳои Ванҷ, Дарвоз, Рӯшон, Шуғнон, Роштқалъа ва шаҳри Хоруғ идома меёбад ва дар ҷараёни он Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба оғози фаъолияти як қатор иншооти муҳими бахшҳои гуногун асос гузошта, бо сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят суҳбату мулоқотҳои судманд анҷом медиҳад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияҳои Ванҷ, Шуғнон, Дарвоз, ҳамчунин бо вазъи корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ, расонидани кумакҳои моддию маънавӣ ба сокинони аз офатҳо зарардида ва ҷараёни корҳои сохтмонӣ оид ба бунёди хонаҳои нави истиқоматӣ барои оилаҳои бесарпаноҳмонда шинос мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушду пешрафти иқтисодиёти ин минтақаи кишвар корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла Корхонаи коркарди ангат дар ноҳияи Ванҷ ва Корхонаи коркарди ғалла дар ноҳияи Шуғнонро ифтитоҳ менамояд. Ба фаъолият оғоз кардани ин корхонаҳо ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардум мусоидат хоҳад кард.

Инчунин дар ин сафар Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ноил шудан ба яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати Ҳукумати мамлакат — баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ дар ноҳияи Ванҷ пули мошингузарро кушода, барои расидан ба ҳадафи дигари стратегӣ — истиқлолияти комили энергетикӣ дар ноҳияи Роштқалъа барои бунёди Неругоҳи барқи обии «Себзор» бо истеҳсоли солонаи неруи барқ дар ҳаҷми 60 миллион кВт ва бунёди хатти баландшиддати интиқоли барқи 110 киловолтаи  «Себзор – Хоруғ» бо дарозии 18 километр санги асос мегузорад.

Барои рушди туризм бошад, ифтитоҳи меҳмонхонаи замонавӣ дар ноҳияи Дарвоз, Комплекси туристию истеҳсолии «Ванҷи боло» дар деҳаи Вишхарваки ноҳияи Ванҷ ва Маҷмааи варзишӣ барои 1700 ҷой дар маҳаллаи Носири Хусрави шаҳри Хоруғ, марказҳои муосири савдо ва хизматрасонӣ, маҷмааҳои туристию истироҳатӣ, Маркази омӯзишии кохи бонувон бо номи «Меҳри модар» ба нақша гирифта шудааст.

www.president.tj