Чоруми марти соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Боздиди кории Сарвари давлат аз мавзеи Фахробод оғоз гардид. Дар он ҷо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи азнавсозии роҳи мошингарди «Душанбе – Қӯрғонтеппа» муаррифӣ шуд.
Ба Президенти мамлакат иттилоъ доданд, ки тибқи лоиҳа марҳилаи 1 — уми азнавсозии роҳ, ки 33, 2 километрро ташкил медиҳад, бо харҷи 96 миллион доллар маблағҳои грантӣ ва қарзи Бонки Осиёии Рушд бояд бунёд шавад.
Фармоишгар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Тибқи нақша дар рафти азнавсозӣ сохтмони 4 пул, 69 қубур ва васеъ кардани роҳ дар назар дошта шуда, он аз ду самти ҳаракат ба чор адад расонида мешавад. Ҳамчунин, дар минтақаҳои аҳолинишин дар доираи лоиҳа чароғонкунии ду тарафи роҳ дар назар дошта шудааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини Вазорати нақлиёт дастур доданд, ки зимни таҳияи лоиҳа ва татбиқи он мутахассисони соҳибтаҷриба ҷалб шаванд ва ба сифати корҳои сохтмонӣ аҳамияти махсус диҳанд. Роҳ бояд ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ ва қоидаҳои роҳсозӣ риоя карда шавад. Дастури дигар ҳангоми иҷрои корҳо, инчунин ба масъалаи ободонии канори шоҳроҳ дода шуд.
Шоҳроҳи Душанбе — Қӯрғонтеппа аз деҳоти «Фахробод» мегузарад ва дар ду тарафи он боғҳои хоҷагии фермерии «Асадулло» доман паҳн кардааст. Бинобар зарурати авнавсозии роҳи мазкур як қисми боғоти хоҷагӣ дар нақшаи сохтмон меафтад. Аз ин рӯ, роҳбарияти хоҷагӣ тасмим гирифтаанд, ки беш аз 4 ҳазор ниҳоли гуногуни ороишию мевадиҳанда, аз қабили бодом, писта, арча, ар-ар, шоҳбулут, санавбар, сӯзанбарг ва дубро ба боғҳои шаҳри Душанбе тақдим намоянд.
Сипас, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар маъракаи ниҳолшинонӣ ба хоҷагии фермерии «Асадулло» ташриф оварда, бо иҷрокунандаи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва коргарони ин хоҷагии намунавӣ ҳамчун рамзи баҳору наврӯз дарахт шинониданд.
Маъракаи ниҳолшинонӣ дар Боғи «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат», ки соли 2016 дар майдони 160 гектар бунёд ёфтааст, сурат гирифт ва дар 6 гектар 3000 ниҳоли олу шинонида шуд.
Дар ҳамон ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо коргарону мутахассисони хоҷагӣ суҳбати самимӣ доир карда, онҳоро бо фарорасии фасли зебои баҳор табрик намуданд.
Бино ба таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди боғҳои наву барқарор кардани боғҳои куҳна дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016 – 2020» амалӣ шуда истодааст. Ин тадбир яке аз роҳҳои асосии расидан ба таъмини амнияти озуқаворӣ дар ҷумҳурӣ ва бо ин роҳ мусоидат намудан ба беҳдошти сатҳи иқтисодию иҷтимоии аҳолӣ мебошад.
Тавре маълум гардид, имсол меҳнаткашони хоҷагии фермерии «Асадулло» нақша доранд, ки дар майдони 200 гектар боғи нав бунёд карда, дар 100 гектари он барои содирот олу шинонанд.
Айни ҳол хоҷагӣ дар ихтиёр беш аз 2000 гектар боғи мевадиҳанда дорад, ки ҳосили аксари он барои содирот пешбинӣ шудааст.
www.president.tj