Дуюми августи соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар маросими ифтитоҳи як қатор иншооти дорои таъиноти гуногун ба шаҳри Ваҳдат сафари корӣ намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти шаҳри Ваҳдат ва сокинон самимона истиқбол гирифтанд.
Дар доираи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба истифода доданд.
Сохтмони он, ки дар майдони 0,20 гектар бунёд ёфтааст, дар муҳлати кӯтоҳ бо сифати баланд ба анҷом расонида шудааст. Баландии Нишони давлатӣ 24 метр ва бо сутунпояаш 28 метрро ташкил медиҳад.
Нишон аз рӯи лоиҳаи сохтмонии ҶСК «Меҳрофар» бунёд гардида, корҳои сохтмониро ҶДММ «Эҳё-иншоот» ба анҷом расонидааст.
Майдони Нишони давлатӣ, ки бо гулу буттаҳо ороиш дода шудааст, ба мавзеи дилрабои шаҳри Ваҳдат табдил ёфтааст.Инчунин майдони он, ки пурра чароғон гардонда шудааст. шабонгоҳ басо зебо ба назар мерасад.
Аз ду ҷониби майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаҳои алоҳида барои шинонидани гулу буттаҳои ороишӣ бунёд ёфтааст.
Зимни шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд ва барои нигоҳубини дурусти иншоот ва сабзу хуррам кардани атрофи он ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд.
Дар майдони Нишони давлатӣ ниҳоли дарахтони сояафкану ҳамешасабз шинонида, ҳудуди он майсазор гардонда шудааст.
Дар шафати Нишони давлатӣ майдони сайру саёҳат низ мавҷуд аст. Мавзеи мазкур мутобиқ ба талаботи замони муосир бунёд ёфтааст.
Дар саҳни майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намоишгоҳи дастовардҳои ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд.
Дар он ҷо намунаҳои ҳунарҳои миллӣ, аз ҷумла, гулдӯзӣ, попурдӯзӣ, зардӯзӣ, ҷомаву тоқидӯзӣ, заргарӣ, сабадбофӣ, гаҳворасозӣ, маҳсулоти чӯбӣ — табақ, қошуқ, чахчӯб, даҳҳо номгӯи нонҳои миллӣ, самбӯса, фатир, кулча, фатирхамир, гирда, қалама, чапотӣ, орзуқ, чагалдак ва таомҳои миллӣ — умоч, ширкаду, шакароб, қурутоб, шӯла, ширбиринҷ ба намоиш гузошта шуда буданд.
Эҳсос мегардид, ки ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Ваҳдат ба як шуғли сердаромади сокинон табдил ёфта, тайи солҳои охир ба таври густурда рушд кардааст.
Пешвои миллат ба маҳсули эҷоду офаридаҳои ҳунармандон ва маҳорати баланди кадбонувон дар тайёр кардани таомҳои миллию нонпазӣ баҳои баланд доданд.
Маврид ба таъкид, ки дар шаҳри Ваҳдат барои дастгирии ҳунармандон шароиту имконоти васеъ фароҳам оварда шудааст. Дар он ҷо дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» даҳҳо маркази касбомӯзӣ ба фаъолият оғоз намудаанд.
Дар як гӯшаи намоишгоҳ асбобҳои зарбӣ ва созҳои миллӣ пешниҳоди ҳозирин гардонида, аз ҷониби ҳунармандон суруду таронаҳои дилнишин иҷро карда шуд.
Дар баробари ин маҳсули дасти ҳунаромӯзони мактаби рассомии бачагонаи шаҳр ба намоиш гузошта шуд, ки басо диққатҷалбкунанда буд. Офаридаҳои дастпарварони мактаби рассомӣ ҳамчун таҷассумгари табиати зебои диёр ва тарғибгари мавзеъҳои таърихию фарҳангии кишвар аз ҳунари волои наврасони эҷодкор башорат медоданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат бинои Маркази хизматрасонӣ ва дилхушии кӯдакону наврасонро, ки бо тарҳи муосир бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд.
Он дар маркази шаҳр бо саҳми соҳибкори ватанӣ Акмал Раҳимов бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта шудааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ бо нуқтаҳои савдо ба соҳибкори маҳаллӣ ҷиҳати бунёди маркази замонавӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ аҳсану офарин хонданд.
Соҳибкор Акмал Раҳимов ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии ҳамаҷониба аз соҳибкорони маҳаллӣ ва додани имтиёзҳои зиёд барои рушди соҳибкории хурду миёна изҳори сипос намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати умумии бино 1800 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Он аз таҳхона ва 3 ошёна иборат буда, дар доираи вусъат бахшидани корҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда шудааст. Корҳои сохтмонии он аз ҷониби кормандон ва мутахассисони Ҷамъияти масъулияти маҳдуди «Ворисони Аваз-500» ба анҷом расидааст.
Дар рафти корҳои сохтмонӣ 45 нафар сокин ва меъмори маҳаллӣ ба ҷойи кори мавсимӣ ҷалб ва бо маоиши хуб таъмин карда шуданд. Дар маҷмӯъ, бинои мазкур бо харҷи беш аз 3 миллион сомонӣ бунёд гардидааст.
Мувофиқи лоиҳа, дар таҳхонаи бино мағозаи фурӯши пойафзол ва либос ба роҳ монда мешавад. Дар ошёнаи якум мағозаи фурӯши маҳсулоти хӯрока ва «Кошонаи ҳусн» мавҷуд аст, ки дар як вақт ба 12 нафар мизоҷ хизмат мерасонад. Дар мағозаи маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ сандуқҳои бо нақшу нигори миллӣ сохтаи ҳунармандон ба фурӯш гузошта шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, бунёди иншооти бисёрсоҳаро дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар арафаи ҷашни 28 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сокинон туҳфаи арзанда унвон карданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки алҳол саҳми соҳибкорони маҳаллӣ дар бунёди иншооти гуногун ва раванди корҳои ободонӣ назаррас мебошад.
Дар ин замина Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳибкорӣ ба соҳибкорон сабукиву имтиёзҳои фарохро фароҳам сохтааст. Натиҷаи дастгирии давлатӣ буд, ки соҳибкорони ватанӣ фаъолияти назаррас доранд.
Дар ошёнаи дуюм коргоҳи дӯзандагӣ, мағозаи фурӯши маҳсулоти дӯхташуда, аз ҷумла, либосҳои мактабӣ, миллӣ, ба монанди чакан, ба роҳ монда шудааст. «Кошонаи ҳусн» дар як вақт барои қабули 8 нафар мизоҷ пешбинӣ гардидааст.
Коргоҳи дӯзандагӣ бо таҷҳизоти нав таъмин ва дар он қариб 30 нафар зану духтари бешуғл ба омӯзиши касб фаро гирифта шудаанд.
Ҷойи хизматрасонӣ ва дилхушии кӯдакону наврасон дар ошёнаи сеюм қарор дорад, ки бо таҷҳизоти пешрафта, аз қабили мошинчаҳои бо қувваи барқ ҳаракаткунанда ва дигар асбобҳое, ки барои бозии кӯдакон пешнинӣ гардидааст, муҷаҳҳаз гардонда шудааст.
Дар рӯзи ба фаъолият оғоз кардани Маркази хизматрасонӣ ва дилхушии кӯдакону наврасон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Акмал Раҳимов хатнаи зиёда аз 40 нафар кӯдак аз оилаҳои ниёзманд ва ятим гузаронида шуд.
Маркази хизматрасонӣ ва дилхушии кӯдакону наврасон имкон фароҳам овард, ки фарзандони сокинони шаҳри Ваҳдат дар шароити муосир ва беҳтар ба фароғат фаро гирифта шаванд. Сокинон таъкид медоранд, ки то ин дам дар шаҳри Ваҳдат чунин маркази хизматрасонии бисёрсоҳа мавҷуд набуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар маҷмӯъ, дар Маркази хизматрасонӣ ва дилхушии кӯдакону наврасон зиёда аз 500 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони Рӯдакӣ бинои баландошёнаи истиқоматиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Он аз 13 ошёна иборат буда, аз рӯи тарҳ дар қабати якум ва таҳхонаи он тарабхонаи барҳаво бо 150 ҷои нишаст, нуқтаҳои муосири фурӯши либосҳои мактабӣ, мардона ва кӯдакона, мебел, лавозимоти конселярӣ ва рӯзгор, ошхона, мағозаҳои қаннодӣ ва хӯрока, дар маҷмӯъ, 20 маркази хизматрасонию тиҷоратӣ ва як коргоҳи хурди дӯзандагӣ бо таъсиси 40 ҷои корӣ сохта шудааст, ки ҳама дорои шароити арзандаи корӣ ва хизматрасонӣ мебошанд.
Дар таҳхонаи бинои истиқоматӣ ҷиҳати ба роҳ мондани фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар маҳсулоти хӯрока бозори васеъ бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ сохта шудааст, ки бо истифода аз шароити мавҷуда соҳибкорон ва сокинони шаҳри Ваҳдат имкон доранд, ки маҳсулоти кишоварзии тару тоза ва дигар маҳсулоти рӯзгорро ба аҳолии шаҳр ва меҳмонон бо нархҳои арзону дастрас пешниҳод намоянд.
Ин бинои хуштарҳу замонавӣ, бо дарназардошти нуқтаҳои зиёди хизматрасонӣ, дар партави дастгирӣ ва ҳидоятҳои раҳнамунсози Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати созовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва бо ҳамин васила боз ҳам беҳтар кардани сатҳу сифати ҳама намуди хизматрасонӣ ба аҳолӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдуҳалим Қодирзода бунёд шудааст.
Барои таъмини занону духтарон бо ҷойҳои нави корӣ, ҷалби онҳо ба омӯзиши касби дӯзандагӣ, ба роҳ мондани истеҳсоли ватанӣ ва қонеъ кардани талаботи хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Ваҳдат бо либосҳои мактабӣ дар ошёнаи якуми бинои нави истиқоматӣ, дар баробари дигар марказҳои хизматрасонӣ коргоҳи дӯзандагӣ ва нуқтаи фурӯш сохта шудааст.
Дар ҳамон ҷо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити марказҳои хизматрасонӣ ва коргоҳи дӯзандагӣ шинос шуда, бо занону духтарон суҳбати озоду самимӣ анҷом доданд.
Маврид ба таъкид аст, ки бунёду барқарорсозии корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ба роҳ мондани истеҳсоли ватанӣ ва бо ин восита беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ яке аз ҳадафҳои асосии роҳбарияти олии Давлат ва Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад. Маҳз бо ҳамин мақсад соли 2014 аз ҷониби соҳибкори ватанӣ дар шафати бинои нави истиқоматӣ корхонаи дӯзандагӣ ба кор андохта шуд, ки айни ҳол дар он 120 нафар зану духтари хонашин фаъолият доранд ва аз рӯи дархост ба дӯхти либосҳои ҳарбӣ машғуланд.
Хотиррасон менамоем, ки санги асоси ин бинои истиқоматӣ дар хиёбони Рӯдакӣ соли 2014 зимни сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ваҳдат гузошта шуда буд.
Дар ин муддат барои анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ бо ҷалби беш аз 80 нафар мутахассис ва коргари маҳаллӣ масолеҳи истеҳсоли ватанӣ, аз ҷумла семент аз корхонаи Ҷамъияти дорои масъияти маҳдуди «Ёқут 2000», истифода гардид.
Дар тарабхонаи навбунёди бино, бо мақсади татбиқи сиёсати инсонпарваронаи Пешвои миллат ҷиҳати дастгирӣ ва кумак расонидан ба қишри ниёзманди ҷомеа, хатнасури 100 нафар кӯдаки ятим ва оилаҳои ниёзманд баргузор гардид. Ба кӯдакони хуштолеъ аз ҷониби Пешвои миллат туҳфаҳову шириниҳо тақдим карда шуд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки «Кӯдакон ояндаи миллатанд. Маҳз ба ҳамин хотир Давлат ва Ҳукумати мамлакат барои беҳтар намудани шароити таълиму тарбия ва нигоҳубини ҳамаҷонибаи онҳо иқдомҳои шоистаро амалӣ менамоянд, то онҳо ҳамчун насли босаводу худшинос ба камол расанд ва оянда дар пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми арзанда гузоранд».
Бинои муосири истиқоматӣ, ки дар масоҳати умумии 25 ҳазору 571 метри мураббаъ қомат афрохтааст, аз 297 хонаи як, ду ва сеҳуҷрагӣ иборат мебошад.
Дар пайравӣ аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат шахсони ниёзманди ҷомеа, кӯдакони ятиму бепарастор ҳамеша дастгирӣ меёбанд ва барои беҳтар шудани шароити зисту зиндагонӣ ва болидарӯҳии онҳо тадбирҳои шоистаи иҷтимоӣ амалӣ карда мешаванд.
Пешвои миллат ба муносибати ифтитоҳи бинои муосири истиқоматӣ ва марказҳои хизматрасонӣ сокинонро табрик карда, ба 10 оилаи ниёзманд калиди хонаҳои истиқоматиро супориданд. Манзилҳои истиқоматие, ки дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби Пешвои миллат ба оилаҳои ниёзманд туҳфа карда шуд, бо таҷҳизоти замонавӣ ва лавозимоти рӯзгор таъмин мебошанд.
Қобили тазаккур аст, ки дар пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаву созандаи роҳбарияти олии Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибкорони бонангу номуси Ватан барои бо дастовардҳои беназир истиқбол намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ тадбирҳои ободониро дар Ватан вусъат мебахшанд.
Айни ҳол бо саҳми соҳибкори дигар дар соҳили рӯди Кофарниҳон корҳои сохтмонӣ дар биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, бо дарназардошти таваққуфгоҳ, ҷой барои бозии кӯдакону наврасон, марказҳои хизматрасонӣ, гулгаштҳо ва дигар иншооти зарурӣ, босуръат ва сифати баланд идома дорад.
Оянда бо бунёду навсозии биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, боғу гулгашт ва марказҳои муосири хизматрасонӣ ин ҷо ба як макони истироҳату фароғат табдил хоҳад ёфт.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат, ҳамчунин, бинои Маркази адлияро, ки дар масоҳати 1785,58 метри мураббаъ бо тарҳи зебою замонавӣ бунёд ёфтааст, мавриди истифода қарор доданд.
Он бо дарназардошти санъати меъмории миллӣ бо сатҳу сифати баланд бунёд карда шудааст. Ба таъкиди масъулин, дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ зиёда аз 70 нафар дар иншоот бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардидаанд.
Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар ошёнаи якуми бино 14 нафар корманди Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва дар ошёнаи дуюм кормандони Идораи нотариалии давлатии шаҳр ва машваратчии ҳуқуқии ройгон фаъолият хоҳанд кард. Барои фаъолияти пурсамари кормандони идораҳои давлатӣ дар ошёнаи якуми бинои зебои Маркази адлия 9 ҳуҷраи корӣ ва толори ақди никоҳ, дар ошёнаи дуюм ҳуҷраи корӣ ва толори маҷлис барои 120 ҷойи нишаст бунёд карда шудааст.
Илова бар ин, дар таҳхонаи бино толори варзиш ва ду ҳуҷраи васеъ барои бойгонии Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва Идораи нотариалии давлатии шаҳр сохта шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд ва ба масъулин барои хизматрасонии хубу саривақтӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат, ҳамчунин, бо нашъунамои зироати такрорию ҷамъоварии ҳосили пиёз дар Хоҷагии деҳқонии «Саховат», маҳсулоти кишоварзӣ ва дастранҷи ҷангалпарварони шаҳр, ки ба намоиш гузошта буданд, шинос шуданд.
Зимни шиносоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти Хоҷагии деҳқонии «Саховат» иттилоъ дода шуд, ки заҳматкашони он дар майдони 4 гектар мош, 1 гектар карам ва 2 гектар макка барои дон кишти такрорӣ гузарондаанд. Хоҷагӣ соли 2002 таъсис ёфта, дар маҷмӯъ дорои 57 гектар замин мебошад.
Инчунин, дар майдони 22 гектар гандум, 6 гектар пиёз кишт карда, 52 сентнерӣ ғалла ва 480 сентнерӣ пиёз ба даст оварданд. Илова бар ин, дар кишту парвариши зироати техникӣ низ таҷрибаи ғанӣ доранд. Соли равон майдони пахтазор дар хоҷагӣ 25 гектарро дар бар мегирад.
Бояд гуфт, ки заҳматкашони хоҷагӣ ҳар сол бо истифода аз дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати истифодаи пурсамари замин кишту парвариши зироати гуногунро бо истифода аз тухмиҳои баландсифат ва маслиҳати мутахассисони соҳа ба роҳ мемонанд ва ҳосили фаровон ба даст меоранд.
Зикр гардид, ки айни замон дар хоҷагӣ 27 нафар бо кори доимӣ таъмин мебошанд ва ин нишондод дар рафти кишту парвариши зироати мавсимӣ то ба 45 нафар расонида мешавад.
Кишоварзони «Саховат» соли 2018 дар майдони 30 гектар пахта, 5 гектар пиёз, 2 гектар картошка, 20 гектар гандум ва 4 гектар юнучқа барои чорво кишт намуда буданд.
Роҳбари давлат дар ин ҷо ба масъулин ҷиҳати боз ҳам афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва истифодаи пурсамари ҳар як ваҷаб замин дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.
Ҳангоми шиносоии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи кишоварзӣ таъкид гардид, ки таъмини сокинони мамлакат бо маҳсулоти хушсифату аз ҷиҳати экологӣ тоза аз ҳадафҳои олии Давлату Ҳукумати Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Кишоварзони шаҳри Ваҳдат намунаҳои маҳсулоти истеҳсоли худ, аз ҷумла гандум, ҷав, шолӣ, нахӯд, лубиё, мош, маъсар, офтобпараст, картошка, карам, бодиринг, помидор, лаблабуи ошӣ, сабзӣ, бехпиёз, сирпиёз, қаламфури булғорӣ, тухмии сабзавот, себ, нок, олу ва шафтолуро ба намоиш гузошта буданд.
Иттилоъ дода шуд, ки соли равон кишоварзони шаҳри Ваҳдат дар майдони 5067 гектар ғалладонаю лӯбиёгиҳо, 777 гектар ҷуворимакка барои дон, 1003 гектар картошка, 3061 гектар сабзавот, 1950 гектар зироати хӯроки чорво ва дигар полезиҳоро кишт ва то 1 июл дар ҳама шакли хоҷагидорӣ ба маблағи 188 миллиону 848 ҳазор сомонӣ маҳсулоти умумии кишоварзӣ истеҳсол карданд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 12 миллиону 171 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Шаҳри Ваҳдат бо меваҳои шаҳдбор на танҳо дар дохили мамлакат, балки дар хориҷ ҳам машҳур гаштааст. Айни замон дар он майдони боғу токзор дар ҳамаи шакли хоҷагидорӣ 6 ҳазору 304 гектарро дар бар мегирад ва заҳматкашон бо мақсади саҳм гузоштан дар татбиқи «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2020» тадбирҳо меандешанд.
Қобили зикр аст, ки ба рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ низ дар Ваҳдат таваҷҷуҳи хоса дода мешавад ва гулу гиёҳҳои шифобахш, майдони васеи ҷангалзор ба пешрафти ин соҳа мусоидат кардааст.
Зимни шиносоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастранҷи занбӯриасалпарварон зикр гардид, ки шумораи оилаҳои занбӯри асал феълан дар шаҳр ба 15 ҳазору 171 адад мерасад.
Занбӯриасалпарварон соли гузашта 248 тонна асали хушсифат ба даст овардаанд ва соли равон умед доранд, ки аз ин ҳам бештар ҳосил мегиранд.
Дар намоишгоҳ, дар гӯшаи дастоварди ҷангалпарварони шаҳри Ваҳдат, ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари хушкмеваю меваҳои тару тоза ва дигар растаниҳои дар ҷангалзори минтақа парваришёфта адабиёти гуногун, ки дар онҳо сирру асрори гиёҳҳои шифобахши ватанӣ гирдоварӣ гардидааст, пешниҳод карда шуд.
Иттилоъ доданд, ки дар ҷангалзори шаҳри Ваҳдат зиёда аз 40 навъи гиёҳи шифобахш мерӯяд ва ҷагалпарварон танҳо соли гузашта 40 тонна маҳсулот ба даст овардаанд.
Занбӯри асал дар шаҳри Ваҳдат асосан дар минтақаи кӯҳистони дараи Ромит парвариш карда мешавад ва маҳсулоти занбӯри асали минтақа бо мазаи хосаш аз асалҳои дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар тафовут дорад. Ҳамин аст, ки талабгорони асали шаҳри Ваҳдат ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ хеле зиёд мебошанд.
Дар гӯшаи дигари намоишгоҳ зиёда аз 20 намуди ниҳол, ки дар КВД «Ниҳолпарвар»-и назди Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат парвариш меёбанд, ба намоиш гузошта шуд.
Зикр карда шуд, ки дар КВД «Ниҳолпарвар» ҳоло 450 ҳазор ниҳол парвариш меёбад ва масъулин дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду сол аст, ки дар он ҷо парвариши баъзе аз намудҳои ниҳолони воридотиро ба роҳ мондаанд.
Дар шаҳри Ваҳдат, ҳамчунин, 11 хоҷагии инфиродии ниҳолпарвар фаъолият дорад, ки дар таъмини сокинон бо ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишӣ ва мевадиҳанда саҳми назаррас мегузоранд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо гӯшаи ниҳолпарварони шаҳр барои дар оянда низ истифода намудан аз таҷрибаи пешқадами кишварҳои дигар дар ин самт, таъмини сокинон бо ниҳолҳои мевадиҳандаю ҳамешасабз ва гулҳои ороишӣ дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин дар намоишгоҳ бо ҳунари волои занону бонувон, ки ба пухтани нонҳои лазиз машғул буданд, шинос шуда, онҳоро барои омӯзиши нозукиҳои ҳунари нонпазӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷавондухтарон барои аз худ кардани нозукиҳои он, омода кардани ҳама гуна таоми миллӣ ҳидоят намуданд.
Пешвои миллат аз пешрафти бахшҳои соҳаи кишоварзӣ, талошҳои рӯзафзуни аҳли заҳмат изҳори қаноатмандӣ карда, иброз доштанд, ки дар натиҷаи дастгириҳои пайвастаи Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти пурсамари меҳнаткашони шаҳр алҳол Ваҳдат ба яке аз минтақаҳои пешрафтаи кишоварзии мамлакат табдил ёфтааст ва саҳми хоҷагидорони он дар рушди иқтисоди миллӣ, фаровонии дастурхони мардум, аз ҷумла, сокинони пойтахт, сол аз сол бештар мегардад.
Дар шаҳри Ваҳдат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рафти корҳои мумфаршкунии роҳи нақлиёти автомобилии деҳаи Меҳрободи деҳоти ба номи Бозорбой Бурунов, ки дар марҳилаи анҷомёбист, шинос шуданд.
Корҳои таъмирии роҳи мазкур, ки ду километр буда, паҳноии он аз 6 то 8 метрро ташкил медиҳад, бо маблағгузории соҳибкори маҳаллӣ Шамсулло Саъдуллоев ба сомон расонида шудааст. Корҳои сохтмониро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Роҳи тоҷик» ба риояи талаботи стандарти роҳсозӣ ба анҷом расондааст.
Тавре иттилоъ дода шуд, аз оғози корҳои таъмирӣ барои тахту ҳамворкунӣ, хобонидани сангу шағал, мустаҳкамсозии қабати роҳ ва асфалтпӯшкунӣ беш аз 20 техникаву механизми роҳсозиро сафарбар намудаанд.
Роҳи навтаъмиршуда маркази шаҳри Ваҳдатро тавассути маҳаллаҳои аҳолинишин бо деҳаи Меҳрободи деҳоти ба номи Бозорбой Бурунов мепайвандад. Ба гуфти сокинони маҳаллӣ, ин роҳ қаблан хароб ва солҳои зиёд таъмир нагардида буд. Аз ин рӯ, аҳолӣ, хоса ронандаҳо, дар вақти рафтуомад тавассути нақлиёт ба мушкил мувоҷеҳ мегардиданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои таъмирӣ баҳои баланд дода, барои анҷоми кори савоб ва саҳм гузоштан дар ободии диёр ба соҳибкори ватандӯст Шамсулло Саъдуллоев изҳори миннатдорӣ карданд ва ҷиҳати минбаъд низ иҷро намудани чунин корҳои ободонию созандагӣ тавсияву маслиҳатҳои муфид доданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Пешвои миллат бо шароити муассиса шинос шуда, бо хонандагону омӯзгорон аз наздик суҳбат намуданд.
Бинои мактаб, ки аз ду ошёна иборат аст, барои 1300 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, бо сифати баланду мутобиқ ба талаботи замон сохта шудааст ва синфхонаҳо бо дастгоҳ, таҷҳизоту аёнии дарсӣ таъмин гардидаанд.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30 дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат аз ҷониби бародарон Саъдуллоевҳо, ки таҳсилдидаи ин даргоҳанд ва дигар соҳибкорони маҳаллӣ бунёд ёфтааст. Муассиса дорои 27 синфхона буда, аз кабинетҳои химия, математика, физика, биология ва дигар утоқҳои дарсӣ иборат мебошад. Ҷиҳати гузаронидани дарсҳои таълими меҳнат ва омӯзонидани касбҳои гуногун дар таълимгоҳ синфхонаҳои алоҳидаи муҷаҳҳази фаннӣ ташкил карда шудаанд ва дар онҳо машғулиятҳои дӯзандагӣ, қаннодӣ ва омодасозии ҳар гуна таом гузаронида мешавад. Ҳамчунин, як синфхонаи алоҳида барои гузаронидани дарсҳои компютерӣ пешбинӣ ва барои роҳбарияту омӯзгорони таълимгоҳ утоқҳои алоҳидаи корӣ бунёд гардидааст. Дар баробари синфхонаҳои муҷаҳҳазу замонавӣ, ҳамчунин муассисаи нав дорои маҷлисгоҳ бо 200 ҷойи нишаст ва ошхона бо 150 ҷой мебошад.
Тавре аснои шиносоӣ маълум гардид, дар муассиса барои гузаронидани дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ ва доир намудани мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ толори барҳаво бунёд ёфтааст, ки бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин мебошад. Синфхонаҳо, роҳравҳо, толорҳо ва ошхонаи таълимгоҳ бо дастгоҳҳои гармидиҳӣ таъмин ва ба шабакаи алоҳидаи мутамарказонидашудаи гармидиҳӣ, ки тавассути ангишт фаъолият мекунад, пайваст гардидааст. Барои иншоот хати алоҳидаи оби нӯшокӣ ва хати барқ кашида шуда, трансформатори алоҳидаи пуриқтидор барои таъмини бемамониати неруи барқ насб мебошад.
Ҳамчунин, дар назди муассисаи таълимӣ аз ҷониби соҳибкорон майдончаи варзишӣ барои гузаронидани мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ бунёд ёфтааст. Атрофи таълимгоҳ бо дарахтони ороишӣ ва гулу буттаҳои мавсимӣ оро дода, пурра майсазор карда шудааст. Роҳи маҳаллие, ки то назди муассисаи таълимӣ мерасад, ба масофаи 2,5 километр аз ҷониби бародарон Саъдуллоевҳо таъмиру таҷдид гардонида, шароити мусоид барои рафтуои хонандагону шаҳрвандон ва нақлиёт дар ин масир фароҳам оварда шудааст.
Сарвари давлат зимни шиносоӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, барои иқдоми хайрхоҳона ба соҳибкорони ватанӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.
Пас аз шиносоӣ бо шароити таълимии муассиса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди омӯзгорон, хонандагон ва аҳли маорифи шаҳри Ваҳдат суханронӣ карда, ифтитоҳи даргоҳи нави таълимиро ба онҳо таҳният гуфтанд.
Дуюми августи соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дараи Ромит Маҷмааи сайёҳии «Арху»-и назди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдатро, ки дорои меҳмонхонаи замонавӣ мебошад, мавриди истифода қарор доданд.
Он аз 5 ошёна ва 32 ҳуҷраи дараҷаи олӣ (делюкс) иборат буда, дар мавзеи хушманзара ва канори дарёи пуртуғёни «Арху» қомат афрохтааст. Дар ошёнаи якуми бино нишастгоҳ, ҷои қабули меҳмонон ва ошхона барои 50 нафар бо тамоми шароити замони муосир мавҷуд аст, ҳуҷраҳои 4 ошёнаи дигар, ки барои истироҳати меҳмонон пешбинӣ шудаанд, бо рахти хоб, телевизор ва дигар шароити зарурӣ муҷаҳҳазанд.
Меҳмонхона имкон дорад, ки дар як вақт ба 70 нафар хизмат расонад. Ҳуҷраҳо дорои ҳаммом, буғи хушк, тар, сауна ва таҷҳизоти варзишӣ мебошанд.
Лоиҳаи меҳмонхона аз ҷониби КВД «Лоиҳакашӣ, истеҳсолӣ, меъморӣ ва банақшагирӣ»-и назди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат таҳия гардидааст. Ҳуҷраҳои истироҳатии меҳмонхона кушоду барҳаво буда, яке аз дигаре бо шарту шароит ва тарҳи хоса фарқ мекунад.
Аснои шиносоӣ бо шароити меҳмонхона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат барои дар деҳоти дурдаст муҳайё намудани шароити истироҳату фароғат изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.
Тибқи маълумот, дар бунёди меҳмонхона маҳсулоти ватании баландсифат истифода шудааст ва барои солиёни зиёд ба сокинону меҳмонони кишвар хизмат намудан мусоидат менамояд.
Бинои дуошёнаи қадима, ки дар шафати рости дарё бо расму анъаноти ниёкон дар масоҳати 168 метри мураббаъ бунёд шудааст, аз хусусияти дигари маҷмааи мазкур маҳсуб меёбад. Деворҳои дохили бино бо сару либос, ҳунарҳои дастӣ, аз қабили асбобҳои рӯзгор, чакану кашидадӯзӣ ва дигар ҳунарҳои қадимаи миллӣ зебо оро ёфтаанд, ки меҳмонони дохиливу хориҷӣ метавонанд бо урфу одат ва шароити зисту зиндагонии мардум дар замонҳои гузашта ошноии бештар пайдо намоянд.
Корҳои сохтмонӣ дар Маҷмааи сайёҳии «Арху», ки моҳи апрели соли 2018 дар доираи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» оғоз гардид, аз тарафи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат бо ҷалби зиёда аз 300 нафар корманду мутахассиси ватанӣ мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ бо сатҳу сифати баланд ба итмом расид.
Шароити васеи хизматрасонӣ, аз ҷумла сайёҳӣ ва ду толори саққобозӣ, ду ҳавзи шиноварӣ, майдончаи теннис имкон фароҳам месозанд, ки вақти мизоҷон хушу хотирмон гузарад.
Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки маҷмааи сайёҳӣ дар масофаи 70 километр дуртар, дар қисми шимолу ғарбии шаҳри Ваҳдат қарор дорад ва масоҳати умумияш 23 гектарро дар бар мегирад. Иншооти дар ҳудуди он сохташуда 1500 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Дар маҷмааи сайёҳӣ 12 суҳбаткада низ мавҷуд аст, ки аз ҷониби устоҳои бомаҳорати тоҷик бо нақшу нигори миллӣ ва кандакорӣ моҳирона сохта шудаанд ва аз тамошояшон кас ҳаловат мебарад. Инчунин, дар масофаи 300 метр ҷӯй ва пайроҳаҳо бо сангҳои табиӣ оро ёфтаанд, ки диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб месозанд.
Ҳамчунин, ба хотири зебову назаррабо гардидани атрофи маҷмаа, масоҳати 10 гектар замин сабзазор гардонда, зиёда аз як миллион гулҳои ҳархелаи доимиву мавсимӣ бо тарҳи гуногун шинонида шудааст. Масоҳати сафолакпӯшшудаи ҳудуди маҷмаа 1000 метри мураббаъро дар бар мегирад. Дарахтони мевадиҳандаву ороишии «Арху», ки иборат аз арча, сарв, себу нок, олучаву зардолу ва ғайра мебошанд, аз ҳазор адад зиёд аст.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо шароити маҷмааи навбунёд, ба корҳои ободонӣ баҳои баланд дода, таъкид доштанд, ки тадбирҳои созанда ба ҷалби ҳар чӣ бештари ҷаҳонгардон ба кишвар, беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд.
www.president.tj