Сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Дарвоз

№110 (3747) 16.09.2017

37062745611_7ecb927b97_o13 сентябри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафари корӣ намуданд.

Дар деҳаи Яхчисори деҳоти «Нулванд» сокинони меҳнатқарини вилоят Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо меҳру муҳаббат ва ихлосу самимияти беандоза истиқбол гирифтанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз дар ҷараёни ифтитоҳи як зумра иншооти ҳаётан муҳим иштирок ва бо сокинон суҳбату мулоқотҳои самимӣ баргузор менамоянд.

Дар ин ҷо Пешвои миллат нахуст бо гузоштани санги асос ба сохтмони роҳи автомобилгарди қитъаи Шкев — Қалъаихумб оғози расмӣ бахшиданд.

Қитъаи Шкев — Қалъаихумб дар идомаи роҳи мошингарди Шоҳон-Шӯрообод бунёд гардида, дар асоси марҳилаи навбатии лоиҳавӣ навсозӣ мегардад. Тавре ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, дарозии қитъаи роҳи автомобилгарди Шкев — Қалъаихумб 26 километр буда, он тибқи талаботи замони муосир ва ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ сохта мешавад.

Бояд гуфт, ки дар асоси лоиҳаи таҷдиди қитъаи роҳи автомобилгарди Шкев — Қалъаи­хумб сохтмони як адад пул бо дарозии 22 метр ва дар мавзеи хавфноку мушкилгузар бунёди нақб ба масофаи 330 метр ба нақша гирифта шудааст.

Маблағгузории лоиҳаи ин роҳи мошингард бо саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки Исломии Рушд, Фонди Рушди Саудӣ, Фонди Кувайтии рушди иқтисодии араб, Фонди ОПЕК ва Фонди Абу-Даби амалӣ мегардад.

Мавриди зикр аст, ки солҳои пеш ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт аз тариқи ин қитъаи роҳ бо мушкилӣ сурат мегирифт. Ҳатто дар фасли зимистон тӯли панҷ — шаш моҳ роҳ баста шуда, рафтуомад ба маркази вилоят пурра қатъ мегардид.

Ҳанӯз 20 сол пеш, соли 1997, Пешвои миллат аснои сафар ба ВМКБ бо ин қитъаи роҳ шинос шуда буданд. Сарвари давлат ҳамон вақт бо нақлиёти боркаш роҳи мушкилгузару пурхатарро убур карда, барои сохтмони он камар бастанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо сокинон таъкид дош­та буданд, ки номи ин мавзеъ аз Девдара ба Гулдара табдил дода шавад. Имрӯз ин нияти неки Пешвои миллат ва мардуми меҳнатқарини вилоят ба ҳақиқат табдил ёфта, Девдара ба Гулдараи воқеӣ мубаддал шудааст.

Тибқи лоиҳа ва инфрасохтори зарурӣ дар роҳи автомобилгарди қитъаи Шкев — Қалъаихумб бунёди қубурҳои обгузар, ҷӯйборҳои бетонӣ, такядеворҳо, воситаҳои иҳотакунанда, хатҳои уфуқӣ, аломатҳои роҳ ва ғайра ба инобат гирифта шудаанд. Барои бунёди роҳи автомобилгард беш аз 46 миллион доллари ИМА пешбинӣ гардидааст. Зимни муаррифии лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди қитъаи Шкев -Қалъаихумб Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани босифати корҳои сохтмонӣ ба масъулон ва роҳсозон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

13 сентябри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони ноҳияи Дарвоз ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот ва суханронӣ намуданд.

Баъд аз суханронӣ намояндагони касбу кори гуногун баромад карда, вобаста ба дастовардҳои замони муосир, мукаммал кардани қонунҳои миллии кишвар, талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини зиндагии воқеан шоиста андешаронӣ карданд. Онҳо ба Президенти мамлакат барои тадбирҳои созанда ва ғамхориҳои башардӯстонаашон изҳори сипос намуданд.

13 сентябри соли 2017 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Яхчисори «Нулванд»- и ноҳияи Дарвоз хонаҳои навбунёд, ки барои аҳолии аз офати табиӣ зарардида бунёд гардидаанд, дар фазои тантанавӣ ба истифода дода шуданд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 8-уми июли соли 2017 дар натиҷаи боришоти зиёд аз қисмати рости дарёи  Панҷ селу ярч фаромада, маҷрои об пурра банд гардид. Дар натиҷаи офати табиӣ дар деҳаҳои Хостав ва Ширговад, дар маҷмӯъ 21 хонаводаи деҳоти «Нулванд»- и ноҳияи Дарвоз пурра ва қисман зарар диданд. Аҳолии зарардида сари вақт ба ҷойҳои бехавф кӯчонида, садди ба вуҷудомада дар дарёи Панҷ дар муддати кӯтоҳ бартараф карда шуд.

Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои оилаҳои зарардида, саривақт кумак расонида, ҷиҳати бунёди манзили зист маҳсулоти сохтмонӣ дастрас карда шуд.

Ҳамин тариқ, бо мақсади муҳайёсозии шароити мувофиқи зист бо дастгириву ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи хушманзараи Яхчисори деҳоти «Нулванд» дар давоми як моҳ бо харҷи беш аз 4 миллиону 930 ҳазор сомонӣ 21 хонаи наву замонавӣ бунёд гардид. Дар ин мавзеъ барои фарзандони оилаҳои зарардида як мактаб ва барои таъмини сиҳатии аҳолӣ бунгоҳи тиббӣ сохта шудааст.

Аснои супоридани калидҳои хонаҳои навбунёд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинон суҳбати самимӣ намуданд.

Хонаҳои истиқоматӣ якошёна буда, ҳар яке аз он дорои чор ҳуҷраи алоҳидаи зист аст. Хонаҳои истиқоматӣ дар асоси талаботи муосири шаҳрсозӣ дар муддати  кӯтоҳ бо шакл ва сифати баланд қомат афрохтааст. Тибқи дастуру супоришҳои мушаххаси Роҳбари давлат дар асоси лоиҳа дар ин мавзеъ имконоти фароғат ва дигар инфрасохтори зарурӣ муҳайё шудааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми корҳои сохтмонӣ бо сифати баланд ба сохтмончиён арзи сипос  намуданд.

Маҳаллаи нави аҳолинишин дар масоҳати умумии 4 гектар бунёд ва бо тамоми инфрасох­тори зарурӣ, аз ҷумла роҳу системаи обрасонӣ ва хатти барқ таъмин карда шудааст.

Дар маҳаллаи навбунёд, ҳамзамон аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54 ба истифода дода шуд. Муассисаи нави таълимӣ бо харҷи беш аз 800 ҳазор сомонӣ сохта, дар ду баст барои 300 нафар пешбинӣ шудааст. Фармоишгари лоиҳа Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрочӣ ҶДММ «Ноқилсохтмон»-и шаҳри Душанбе мебошанд. Мактаб 6 синфхона, кабинети компютерӣ бо таҷҳизоти муосир ва анборхона дорад.

Дар маҳаллаи нав, ҳамзамон бунгоҳи муосири тиббӣ сохта, бо таҷҳизоти табобатӣ муҷаҳҳаз гардонда шудааст.

Бо ба истифода додани муассисаи нави таълимӣ ва бунгоҳи солимгардонӣ наздик ба 20 ҷойи нави корӣ фароҳам гардид.

Баъди ифтитоҳи мактабу бунгоҳи тиббӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо омӯзгорону хонандагон ва сокинони маҳаллаи нав суҳбати самимӣ доир намуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар истироҳатгоҳи «Чорчаман»- и ноҳияи Дарвоз намоишгоҳи кишоварзӣ, саноатӣ ва ҳунарҳои дастиро тамошо карданд.

Дар намоишгоҳ намунаи маҳсулоти кишоварзӣ, маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ ва ҳунарҳои дастӣ, ки  расму анъанаҳои мардуми кӯҳистонро таҷассум мекарданд, ба тамошо гузошта шуда буданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунари волои занону бонувони ин ноҳияи дурдасти мамлакатро, ки ба пухтани нонҳои лазиз машғул буданд, шоёни таҳсин хонда, барои омӯзиши нозукиҳои ин ҳунар ба ҷавондухтарон дастуру ҳидоятҳои судманд доданд. Занони соҳибҳунари ноҳияи Дарвоз дар намоишгоҳи кишоварзӣ ҷараёни ба даст овардани равғани маска ва дигар анвои маҳсулоти ширии аз лиҳози экологӣ тозаю босифатро ба намоиш гузоштанд.

Дар ин ҷо ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки самти асосии соҳаи кишоварзӣ дар ноҳияи Дарвоз растанипарварӣ, чорводорӣ, занбӯриасалпарварӣ ва боғдорӣ мебошад. Дар ин ноҳия имрӯз 522 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ, 15 хоҷагии деҳқонӣ бо фарогирии 1472 хоҷагӣ ва 1 кооперативи истеҳсолӣ-зотпарварии Сағирдашт фаъолият доранд.

Як гӯшаи намоишгоҳро маҳсулоти гуногуни ширӣ, нонӣ, қаннодӣ ва дастранҷи барзгарону боғдорон, занбӯриасалпарварон оро медод. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунару талоши заҳматкашони ноҳияи Дарвоз барои саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва фаровонии бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти худӣ баҳои баланд дода, бо мақсади рушд бахшидани соҳаи кишоварзӣ, эҳёи ҳунарҳои миллӣ, махсусан ривоҷу равнақи қолинбофии дастӣ  ва занбӯриасалпарварӣ, дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Таъкид гардид, ки обу ҳавои минтақа барои рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ хеле мувофиқ аст. Заҳматкашон ҳамасола бо афзун намудани шумораи оилаҳои занбӯри асал даҳҳо тонна асали аз ҷиҳати экологӣ тозаю серғизо ба даст меоранд.

Иттилоъ дода шуд, ки агар шумораи оилаҳои занбӯри асал дар соли 2016 дар ноҳияи Дарвоз  4018 ададро ташкил медода бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли равон ба 4060 расонида шудааст ва ба ҳолати имрӯза 35 тонна асал истеҳсол гардидааст, ки ба ҳар як оилаи занбӯри асал 12 килограмм рост меояд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати самимӣ бо кишоварзону хоҷагидорон барои самаранок истифода намудани ҳар як қитъа замин ва ба гардиш даровардани заминҳои бекорхобида маслиҳатҳои муфид доданд.

Зикр гардид, ки соли равон дар ноҳияи Дарвоз аз нақшаи пешбинигардида 2 гектар зиёд боғи нав бунёд ва 19 гектар боғоти кӯҳна барқарор карда шудааст.

Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин маҳсулоти корхонаҳои саноатии ноҳия, аз ҷумла «Карон мармар», «Карон гавҳарнигор» ва маҳсули дасти занону духтарони Корхонаи дӯзандагии «Меҳри модар»- ро, ки дар намоишгоҳ ба тамошо гузошта шуда буданд, аз назар гузаронда, бо ҳунари табақтарошию кулолгарӣ ва дигар ҳунарҳои дастӣ шинос  гардиданд.

www.president.tj