Сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Хатлон

№116-117 (3262-3263) 09.10.2014

15268960499_7da4f65e85_o

Шашуми октябри соли ҷорӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва вусъат бахшидан ба корҳои созандагию бунёдкорӣ ба минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон сафар кард

 Ноҳияи Панҷ

Боздиди кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Панҷ оғоз ёфт. Роҳбарияти вилояти Хатлону ноҳияи Панҷ ва намояндагони аҳли ҷамоа Президенти кишварро бо самимияти хоса истиқбол гирифтанд.

Нахуст дар маркази ноҳияи Панҷ бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи наву муосири «Панҷ», ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Абдусалим Қаландаров дар майдони 20 садяк замин бунёд ёфтааст, мавриди баҳрадорӣ қарор гирифт.

Тавре аён гардид, меҳмонхона дуқабата буда, бо харҷи 2 миллиону 700 ҳазор сомонӣ сохта ва ҷиҳозонида шудааст. Меҳмонхона дорои 26 ҷойи хоб мебошад. Дар ин ҷо 15 нафар бо кори доимӣ таъмин мегардад. Дар ошёнаи якуми бино ҳафт мағоза барои фурӯши молу масолеҳи гуногун ихтисос дода шудааст.

Соҳибкор Абдусалим Қаландаров соли гузашта ҳудуди се километр роҳҳои дохилии ноҳияро мумфарш намудааст ва нақша дорад, ки минбаъд ҳам дар корҳои ободонию созандагии зодгоҳаш саҳми намоён гузорад. Номбурда ҳамасола дар доираи иқдомҳои накукорона ба 80 оилаи ниёзманди ҳудуди ноҳияи Панҷ кумаки гуногун мерасонад.

Сипас дар шаҳраки Панҷ бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Маркази хизматрасонии «Файзи Кабир» ифтитоҳ ёфт. Бо буридани лентаи рамзӣ ин иншооти бузурги савдо ва хизматрасонӣ расман ба кор дароварда шуд.

Тавре зикр гардид, ин марказ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Файзиддин Кабиров бо харҷи 2,5 миллион сомонӣ бунёд гардидааст. Сохтмони маркази номбурда соли 2012 оғоз гардида, дар зарфи се сол анҷом ёфт. Бино аз се ошёна иборат буда, дар қабати аввал 12 мағоза барои фурӯши ашёи техникӣ, толори ҷиҳози хона, олами қолинҳо, фиттаю гирдаҳо, атриёту дигар молу масолеҳ ороста шудааст. Дар ошёнаи дуюми марказ тарабхона бо 100 ҷойи нишаст бунёд гардида, хеле зебо ороиш ёфтааст. Дар назди марказ ҳамчунин як чойхонаи зебо ба хизматрасонӣ омода аст.

Дар Маркази хизматрасонии «Файзи Кабир» 30 нафар сокинони шаҳраки Панҷи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон бо кор ва музди хуб таъмин шудаанд. Соҳибкор мақсад дорад, ки дар оянда бо васеъ кардани иншоот беш аз 100 ҷойи корӣ муҳайё созад.

Дар Маркази хизматрасонии «Файзи Кабир» бо ҳузури Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон хатнасури дастаҷамъонаи 100 писарча ва шаш ҷуфти навхонадорон аз оилаҳои ниёзманд ороста шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як писарча бозичаю туҳфаҳои дигари хотиравӣ ва ба навхонадорон асбобу ашёи арзишманди рӯзгордорӣ тақдим намуд.

Дар шаҳраки Панҷ бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як коргоҳи дӯзандагӣ ҳам ба кор дароварда шуд, ки дар заминаи бинои дуошёнаи корхонаи хизматрасонии тиҷоратии ҷамъияти матлуботи ноҳияи Панҷ бунёд ёфтааст.

Тавре зикр гардид, ин корхона солҳои зиёд аз истифода бозмонда буд. Кунун, баъди тармиму навсозии куллӣ, ин бино умри дубора пайдо намуд ва дар он беш аз 25 нафар духтарони маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин шуданд.

Дар ин коргоҳи дӯзандагӣ дӯхти либоси мактабӣ ва корӣ барои соҳаҳои гуногун, аз ҷумла тандурустӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ ва ҳамчунин либосҳои зебои занона бо ороиши гуногун ба роҳ монда мешавад. Дар коргоҳ шароити зарурӣ барои омӯзиш ва рушди ҳунарҳои дастии мардумӣ чун гулдӯзию зардӯзӣ муҳайё аст.

Дар ин коргоҳ ҳамчунин ба хонандагони муассисаҳои таълимӣ имкон дода шудааст, ки пас аз дарс ба омӯхтани касби мазкур машғул шаванд. Дар як гӯшаи коргоҳ либосворӣ ва дигар ашёи ороишии рӯзгор ба намоиш гузошта шуда буд, ки аз ҷониби занону духтарони ҳунарманди ноҳияи Панҷ бо гулдӯзию зардӯзӣ ва дигар ҳунарҳои дастӣ оро дода шудаанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба зарурат ва имконоти рушди чунин ҳунарҳои зебои дастӣ чун гулдӯзию зардӯзӣ ва қолинбофии дастӣ, ки аз ҷумлаи ҳунарҳои бостонии мардуми тоҷик буда, то ба имрӯз аз насл ба насл боқӣ мондааст, таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, таъкид дошт, ки ба ин васила метавон ҳазорон нафар занону духтаронро дар хонаҳояшон бо кор ва даромади хуб таъмин намуд.

 Шиносоӣ бо дастовардҳои кишоварзон ва мулоқот бо мардум

Дар хоҷагии деҳқонии «Ҷонон»-и деҳоти ба номи Кабут Сайфиддинов Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо маҳсули кори кишоварзон бевосита шинос шуда, бо роҳбарияту фаъолон ва намояндагони мардуми ноҳияи Панҷ мулоқот намуд.

Зимни шиносоӣ бо кори аҳли заҳмати хоҷагии деҳқонии «Ҷонон», аз ҷумла зикр гардид, ки ин хоҷагӣ ҳашт гектар замин дар ихтиёр дорад, ки дар чор гектараш пахта кишт намудаанд. Чунонки аён гардид, нашъунамои пахтаи хоҷагӣ хуб аст ва деҳқонон бовар доранд, ки аз ҳар гектараш 40 сентнерӣ ҳосил мегиранд.

Дар чор гектари дигар ғаллакорию сабзавотпарварӣ,  аз ҷумла тавассути кишти такрорӣ, ба роҳ монда мешавад.

Дар ҷараёни боздид аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии ноҳия, аз ҷумла аён гардид, ки солҳои охир сабзавоткорӣ, хусусан парвариши сабзавоти барвақтӣ, хеле ривоҷ ёфтааст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки бо дарназардошти афзоиши бесобиқаи талабот ба сабзавоти барвақтӣ, хусусан картошка ва пиёзу сабзӣ дар бозори дохилӣ ва хориҷӣ, майдони кишти ин зироатҳо дар ин ва дигар ноҳияҳои кишвар васеъ карда шавад.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба кори чорводорону парандапарварони ноҳияи Панҷ баҳои баланд дода, ба вусъати боз ҳам бештари ин корҳо таъкид намуд.

Зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони сершумори мардуми ноҳияи Панҷ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нишондодҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияро дар солҳои охир мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор дода, барои суръат бахшидан ба корҳои созандагию бунёдкорӣ, афзун намудани нишондодҳои истеҳсолӣ ва ҷойҳои нави корӣ, истифодаи пурсамар аз заминҳои корам, хусусан заминҳои обӣ, васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ, афзун намудани майдони кишти сабзавоти барвақтӣ ва дигар тадбирҳои муҳим ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.

 Ноҳияи Қумсангир

Аз ноҳияи Панҷ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Қумсангир ташриф овард.

Боздиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Қумсангир аз шиносоӣ бо рафти татбиқи амалии Барномаи маҳаллии азхуднамоии заминҳои бекорхобида ва аз гардиши кишоварзӣ берунмонда оғоз ёфт.

Тавре зикр гардид, дар ноҳияи Қумсангир дар ҳамкорӣ бо ҶДММ Иттиҳодияи аграрии «Водии Заррин» дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда барои солҳои 2012-2020» барномаи маҳаллӣ барои солҳои 2014 ва 2015 таҳия ва қабул шудааст.

Тибқи барномаи маҳаллӣ, дар солҳои номбурда дар ноҳияи Қумсангир 6500 гектар замин обёрӣ мешавад ва ё тавассути барқарорсозии шабакаҳои обрасонӣ дубора ба гардиши кишоварзӣ ворид мегардад. Барои амалӣ намудани ин тадбир ҷалби беш аз 100 миллион сомонӣ сармояи мустақими соҳибкорони ватанию хориҷӣ пешбинӣ шудааст. Беш аз 80 адад техникаю механизми пуриқтидори заминсозӣ, оббарорӣ ва кишоварзӣ аллакай ворид карда шудааст. Яке аз онҳо трактори пуриқтидори «Ню Ҳолланд» аст, ки дар як рӯз то 30 гектар заминро метавонад шудгор кунад. Ин кор дар мавзеъҳои Қародуми 1, Панҷи Поён, Шӯркӯл ва ғайра анҷом дода мешавад. Дар доираи татбиқи ин барнома маҳаллаҳои нави аҳолинишин бо зербинои иҷтимоӣ, аз ҷумла мактабу бемористонҳо бунёд ёфта, беш аз 18 ҳазор ҷойи нави корӣ муҳайё мегардад. Аз ҳозир ба ин мавзеъҳо аз ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ва дигар минтақаҳои кишвар барои кор ва зисти доимӣ сокинон ҷалб мешаванд. Мардуми аз дигар минтақаҳо ба ин ҷойҳо кӯчида солҳои аввал бепардохти андоз ва дигар имтиёзҳо кору зиндагӣ хоҳанд кард.

Роҳбарият ва аҳли заҳмати ноҳия барои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамроҳони ӯ намунаҳои маҳсули ҳунарҳои зебои мардумӣ, аз ҷумла маҳсули дастони мардуми муҳоҷири аз ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ин ҷо кӯчбаста ва маҳсулоти кишоварзии худро ба намоиш гузоштанд. Чунонки зикр гардид, аҳли заҳмати хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Қумсангир бештар ба кишти пиёз машғул буда, бо ин кор шуҳрат ҳам ёфтаанд. Соли равон деҳқонони ин ноҳия дар майдони 1181 гектар пиёз кишт намуда, то ҳол 47 ҳазору 240 тонна ҳосил ба даст овардаанд, ки ба ҳар гектар 400 сентнерӣ рост меояд. Қисми зиёди ҳосили пиёз ба хориҷи кишвар содир карда мешавад.

Дар баробари ин, деҳқонони ин ноҳия дар парвариши пахта, ғалладона, аз ҷумла навъҳои гуногуни гандум, шолӣ, ҷуворимакка ва ҳам полезиҳо, ба мисли каду, тарбузу харбузаи тобистонаю зимистона, инчунин картошкаю сабзӣ ба дастовардҳои намоён ноил шудаанд. Занбӯриасалпарварон ҳам дар ин ноҳия азм доранд, ки дар истеҳсоли асал аз дигар ноҳияҳои дар ин самт пешқадам қафо намонанд.

Ба иттилои масъулини соҳа, имрӯз дар ноҳияи Қумсангир се ҳазор хоҷагии деҳқонӣ фаъолият мекунад. Онҳо дар майдони қариб 3,5 ҳазор гектар кишти такрорӣ ба роҳ мондаанд. Дар 168 гектари он кишти дубораи сабзӣ анҷом дода шудааст, ки ҳосили фаровон дорад.

Кишоварзони ноҳияи Қумсангир аз ташрифи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон илҳоми тоза гирифта, қавл доданд, ки минбаъд дар таъмини амнияти озуқавории Тоҷикистон ва афзун намудани қудрати содиротии он саҳми худро боз ҳам бештар хоҳанд кард.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо роҳбарияту фаъолон ва намояндагони сершумори ноҳияи Қумсангир мулоқоти ошкору самимӣ анҷом дода, барои таъмини рушди босуботи минбаъдаи ин ноҳия ба сохторҳои масъули ҷумҳуриявию маҳаллӣ супоришҳои мушаххас дод.

 Ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ

 Нимаи дуюми рӯзи 6 октябри соли ҷорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти «Навобод»-и ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ба бунёди бинои сеошёнаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 33, ки барои 640 хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст, асос гузошт.

Тавре иттилоъ дода шуд, бинои нави ин муассисаи таълимӣ бо харҷи 15 миллион сомонӣ бунёд гардида, аз чор бинои асосӣ иборат хоҳад буд. Лоиҳаи бинои таълимӣ аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи Пажӯҳишгоҳи илмӣ ва лоиҳакашию ҷустуҷӯйии «САНИИОСП» таҳия шудааст.

Мактаби мазкур аз тарафи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати ду сол сохта мешавад.

Дар муассисаи таълимӣ бунёди толори варзишӣ бо 167 ҷойи нишаст, маҷлисгоҳ бо 360 ҷойи нишаст, ошхона ва китобхонаи электронӣ бо 170 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шудааст.

Мактаби мазкур дорои 26 синфхона буда, дар он шароити мусоиди таълимӣ муҳайё карда мешавад. Муассиса дорои ду синфхонаи компютерӣ буда, бо 70 компютер ва тахтаҳои электронӣ муҷаҳҳаз хоҳад шуд. Дар бунёди мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 33-юми ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ 200 нафар сокинони ноҳия ба кор ҷалб мешаванд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди мардуми сершумори ҷамъомада суханронӣ карда, онҳоро бо оғози сохтмони мактаби нави муосир ва ҳамчунин бо Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгорон табрику таҳният гуфт.

Ба масъулин дастур дода шуд, ки мактаби куҳнаи ин деҳаро ба кӯдакистон ва коргоҳи дӯзандагӣ табдил диҳанд.

Тибқи супориши дигари Сарвари давлат, беморхонаи деҳоти «Навобод» мавриди навсозии куллӣ қарор гирифта, бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз карда мешавад.

Ноҳияи Ҷиликӯл

Рӯзи дуюми сафари кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон аз ноҳияи Ҷиликӯл оғоз ёфт.

Дар даромадгоҳи ноҳияи Ҷиликӯл Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти амиқ истиқбол гирифтанд.

Дар ин ноҳия бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нахуст корхонаи асфалт, ки бо кумаки грантии Ҳукумати Япония сохта ва бо техникаю таҷҳизоти навтарини соҳа муҷаҳҳаз шудааст, расман ба кор дароварда шуд.

Тавре иттилоъ доданд, ин корхона дар майдони чор гектар замини бекорхобидаи ноҳияи Ҷиликӯл дар муддати хеле кӯтоҳ бо харҷи 41 миллион сомонӣ сохта шудааст.

Барои таъмини кори мунтазами корхона ва истеҳсоли асфалти хушсифат ба ин ҷо 64 адад техникаю механизмҳои навтарини ин соҳа ва технологияи муосири японӣ ворид карда шудааст. Ҳашт мошини калони боркаш, шаш адад мошини махсус, шаш автогрейдер, се булдозер, ду боркунаки фронталӣ, шаш экскаватор, ду ғалтак ва дигар таҷҳизоти роҳсозӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Дар як соат дар ин корхонаи нав 36 тонна асфалт истеҳсол мешавад. Тамоми раванди кори корхона тавассути компютер аз ҷониби ду нафар мутахассисони маҳаллӣ, ки махсус барои ин кор омӯзонида шудаанд, идора карда мешавад.

Дар назди ин корхона барои таъмини он бо қисме аз ашёи хом ду корхонаи коркарди сангу шағал ва шустани маводи зарурӣ аз ҷониби Вазорати нақлиёти кишвар сохта, ба кор дароварда шудааст. Битум, ки яке аз ашёи асосии хом барои истеҳсоли асфалт мебошад, асосан аз кони нафт ва корхонаи нафтии ноҳияи Қумсангир дастрас карда мешавад.

Ин корхона барои таъмини тамоми муасисаҳои давлатии роҳсозӣ ва нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон пешбинӣ шудааст. Дар корхонаи мазкур 35 нафар сокинони ноҳия соҳиби кори доимӣ ва музди баланд шудаанд.

Аз ҷониби мутахассисони Япония бо сармоягузории Агентии ҳамкории байналмилалии ин давлат чунин як корхонаи дигар дар шаҳри Ваҳдат низ сохта шудааст ва ин дуюмин корхонаи японии асфалт дар Тоҷикистон аст. Ҳар ду корхона бо харҷи беш аз 66 миллион сомонӣ бунёд ёфта, бо 118 адад техникаю механизми махсус таъмин карда шудааст.

 Боздид аз намоишгоҳи маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва кишоварзӣ

 Дар маркази ноҳияи Ҷиликӯл Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва кишоварзӣ дидан кард.

Дар оғози боздид Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба кори қолинбофони дастӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуд.

Тавре зикр гардид, дар ҳудуди хоҷагии деҳқонии ба номи Эргаш Султонов як коргоҳи қолинбофӣ таъсис дода шуд, ки дорои 30 дастгоҳ буда, дар он 60 нафар, асосан занону духтарони маҳаллӣ, бо кори доимӣ таъмин шудаанд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз ин кор изҳори хушҳолӣ карда, ба масъулин дастур дод, ки ин ҳунари бобоиро дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ рушд диҳанд. Тавре аён шуд, дар ноҳияи Ҷиликӯл мардуми туркманзабон низ дар рушди корҳои кишоварзӣ ва ҳунармандии мардумӣ нақши намоён доранд.

Аз намунаҳои маҳсулоти кишоварзӣ дар намоишгоҳ ва иттилои масъулин маълум шуд, ки зироаткорону боғдорони ноҳияи Ҷиликӯл аз заминҳои корам пурсамар истифода бурда, ба дастовардҳои намоён ноил шудаанд. Аз иттилои масъулини Мамнӯъгоҳи давлатии «Бешаи палангон» аён шуд, ки барои ҳифзи набототу ҳайвонот ва парандагони он ва ҳамчунин афзун намудани шумораи ҷонварони камшудаи он тадбирҳои зиёд амалӣ мешаванд.

Гузоштани хишти аввали мактаби муосир дар деҳоти «Деҳқонобод»

 Дар  деҳоти «Деҳқонобод»-и ноҳияи Ҷиликӯл бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони мактаби нави муосир оғоз бахшида шуд, ки барои 640 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.

Тавре зикр гардид, ин мактаб тайи  якуним соли оянда бо харҷи беш аз 7 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ сохта ва бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешавад.

Мактаби нав аз бинои таълимӣ, толори варзишӣ, майдони футбол, толори маҷлисӣ, ошхона, синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ, аз ҷумла барои ҳунаромӯзии духтарону писарон, иборат хоҳад буд.

 Ифтитоҳи бинои нави беморхонаи марказӣ ва мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва мардуми ноҳия

 Дар фароварди боздид аз ноҳияи Ҷиликӯл Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави беморхонаи марказии онро ифтитоҳ намуда, дар саҳни ҳавлии ин муассиса бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони мардуми ноҳия мулоқот намуд.

Зимни боздид аз бинои нави беморхона, аз ҷумла зикр гардид, ки он бо харҷи 4 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ сохта ва бо таҷҳизоти муосир таъмин карда шудааст.

Беморхонаи муосир дуошёна ва дорои 56 ҳуҷраи муолиҷавию корӣ буда, дар он шароити хуби муоинаю муолиҷа барои дардмандон фароҳам оварда шудааст. Ин бинои табобатӣ дорои шуъбаҳои ҷарроҳӣ, таваллудхона ва ташхисгоҳ буда, бо навтарин таҷҳизоти тиббӣ таъмин мебошад.

Чунонки зикр гардид, беморхонаи марказии ноҳияи Ҷиликӯл ба 100 ҳазор нафар сокинони ин ноҳия хизмат мерасонад. Дар беморхона 30 нафар табибони соҳибтаҷриба ва 142 ҳамшираи шафқат фаъолият мебаранд.

Дар саҳни ҳавлии беморхона Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони касбу кори гуногуни мардуми ноҳия мулоқоти ошкору самимӣ анҷом дод.

Зимни суханронӣ ва посухгӯйӣ ба суолу дархостҳои мардум Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон вазъи иҷтимоию иқтисодии ноҳияро таҳлилу баррасӣ намуда, барои таъмини рушди минбаъдаи босуботи ин ноҳияи ҷанубии кишвар ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.

 Ноҳияи Қубодиён

 Аз ноҳияи Ҷиликӯл Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Қубодиён ташриф овард.

Дар ноҳияи Қубодиён бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст бинои мақомоти андоз ифтитоҳ ёфт.

Чунонки аён гардид, бино дуошёна буда, дорои 16 утоқи корӣ мебошад. Дар ин бино беҳтарин шароити корӣ барои кормандон ва кор бо андозсупорандагон, аз ҷумла бо механизми «Равзанаи ягона»муҳайё шудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо кормандони соҳаи андоз, аз ҷумла таъкид дошт, ки кунун бояд сифати кор ва муносибат бо андозсупорандагон ва ҳам иҷрои нақшаи ҷамъоварии андоз беҳтар шавад.

 Оғоз бахшидан ба сохтмони мактаби нави замонавӣ дар маркази ноҳия

 Дар маркази ноҳияи Қубодиён Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони мактаби нави замонавӣ барои 640 хонанда дар ду баст оғоз бахшид.

Тавре зикр гардид, ин мактаб тайи якуним соли оянда бо харҷи беш аз 7 миллион сомонӣ маблағҳои Буҷети давлатӣ сохта ва бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешавад.

Мактаби нав аз бинои таълимӣ, толори варзишӣ, майдони футбол, толори маҷлисӣ, ошхона, синфхонаю озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази фаннӣ барои фанҳои дақиқ, дарсҳои забономӯзӣ ва ҳунаромӯзии духтарону писарон иборат хоҳад буд.

Дар паҳлуи мактаб барои омӯзгороне, ки аз дигар минтақаҳо ба кор ҷалб карда мешаванд, хобгоҳ сохта мешавад.

Дар паҳлуи мактаб ҳамчунин бинои нави шуъбаи маорифи ноҳия бо тарҳи зебои замонавӣ бунёд хоҳад ёфт.

 Ташриф бо хонаи деҳқони асил Тулқун Кучаров

Дар деҳаи Ҳаваскори ноҳияи Қубодиён Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба хонаи деҳқони асил Тулқун Кучаров ташриф оварда, бо таҷрибаи пешқадами сабзавоткории аҳли хонаводаи ӯ бевосита шинос шуд.

Зимни боздид аз ҳавлӣ ва қитъаи наздиҳавлигии ин деҳқони заҳматкаш аён гардид, ки ҳар як ваҷаб замин дар ин ҷо пурсамар истифода мешавад. Аз ҳамин қитъаи замин аҳли ин хонавода дар як сол се ва зиёда аз он ҳосил мерӯёнанд. Дар як замин якчанд намуди зироат корида мешавад, ки ҳар яке пайи ҳам пухта мерасад ва дар ҷойи зироати ҷаъоваришуда дигараш кошта мешавад. Танҳо аз бодиринги қитъаи замини наздиҳавлигӣ, ки ҳамагӣ 20 садяк аст, онҳо 25 тонна бодиринг ҷамъоварӣ кардаанд. Онҳо ҳамчунин карам, бойимҷон, сабзӣ, қаламфур ва дигар намуди сабзавот парвариш мекунанд.

Заминро онҳо тавассути сохтани гармхонаҳои муваққатӣ чор фасли сол пурсамар истифода мебаранд.

Дар деҳаи Ҳаваскор мисли онҳо 200 хонавода аст, ки бо чунин сабзавоткории намунавӣ машғул буда, дар таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ бо сабзавоти тару тоза, аз ҷумла сабзавоти зимистона ва барвақтӣ, саҳми намоён мегузоранд.

Деҳқони асил Тулқун Кучаров бо фарзандонаш ҳамчунин дар ду гектар замини корами обӣ хоҷагии деҳқонӣ ташкил намудааст.

Ҳамаи аъзои хонаводаи Тулқун Кучаров ва наздиконаш ризқи фарохи худро аз сабзавоткорӣ ҳосил мекунанд.

Шиносоӣ бо кори намунавии хоҷагии деҳқонии «Навбаҳор»

 Дар деҳоти «20-солагии истиқлоли Тоҷикистон» Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо кори намунавии аъзои хоҷагии деҳқонии «Навбаҳор» бевосита шинос шуд.

Чунонки иттилоъ доданд, ин хоҷагӣ 22 гектар замини корами обӣ дар ихтиёр дошта, дар 15 гектар пахта ва дар 7 гектари он шолӣ кишт намудаанд.

Шолии хоҷагӣ кишти такрорӣ буда, баъди ҷамъоварии ҳосили гандум корида шудааст. Аҳли заҳмати хоҷагӣ аз ҳар гектари гандум ба ҳисоби миёна 50 сентнерӣ ҷамъоварӣ кардаанд ва бовар доранд, ки аз шолӣ ҳам 50 сентнерӣ ба даст меоранд, зеро ҳосили он фаровон аст. Шолии ин хоҷагӣ аз кӯчати он ба таври дастӣ дона-дона шинонда мешавад.

Ба иттилои роҳбарияти ноҳия, дар 1,5 ҳазор гектар заминҳои ин ноҳия шолӣ кишт карда шудааст ва аксари ин заминҳо ҳосили фаровон доранд. Тибқи ҳисоби пешакӣ 7-8  ҳазор тонна шолӣ бояд рӯёнида шавад.

 Гузоштани санги асоси мактаб-интернат ва мулоқот бо роҳбарияту мардуми ноҳия

 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти «20- солагии истиқлоли Тоҷикистон»-и ноҳияи Қубодиён бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони мактаб-интернат барои 240 хонандаи ятиму бепарастор ва аз оилаҳои ниёзманд оғоз бахшид.

Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи сохтмон, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки биноҳои нави ин муассисаи таълимӣ дар зарфи ду сол бо харҷи 9 миллион сомонӣ маблағҳои Буҷети давлатӣ бунёд меёбад. Дар ин ҷо як бинои нави таълимӣ барои 240 тарбиятгиранда, хобгоҳи барҳаво бо 100 кати хоб ва як бинои алоҳида барои толори варзишӣ сохта мешавад.

Ҳоло дар биноҳои куҳнаи ин муассиса 265 нафар тарбиятгирандагон таҳсили илму зиндагӣ мекунанд, ки 70 нафарашон аз худи ноҳияи Қубодиёнанд.

Дар саҳни ҳавлии ҳамин муассиса Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони сершумори мардуми ноҳияи Қубодиён мулоқот намуда, барои бартараф намудани камбудию норасоиҳои мавҷуда ва таъмини рушди босуботи ноҳия ба масъулини ҷумҳуриявию маҳаллӣ супоришҳои мушаххас дод.

www.president.tj