Сафари кории Владимир Путин ба Тоҷикистон

№80 (4500) 30.06.2022

52180073889_1d64e95313_o128 июни соли 2022 дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путинро, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд, гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Ба хотири пазироии сатҳи баланди меҳмони олиқадр Фуруд­гоҳи байналмилалии Душанбе бо парчамҳои давлатии ҳар ду кишвар оро ёфт.

Сипас, дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон музокироти сарони давлатҳо баргузор гардид.

Зимни мулоқот сарони ҳар ду давлат вазъи кунунӣ ва дурнамои маҷмӯи шарикии стратегӣ ва муносибатҳои ҳампаймонии Тоҷикистону Россияро мавриди баррасӣ қарор дода, бо изҳори қаноатмандӣ тамоюли мусбати рушди онҳоро дар тӯли 30 соли пас аз истиқрори робитаҳои дипломатӣ сипаришуда қайд карданд.

Аҳамияти нигоҳ доштани муколамаи сиёсии мунтазаму эътимодбахш, ҳамчунин, робитаҳо дар сатҳи олӣ таъкид гардида, суръати баланди рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, робитаҳои байниминтақавӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, фарҳангиву гуманитарӣ, бахусус ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ, бо қаноатмандӣ зикр карда шуд.

Дар ин зимн президентҳо қайд карданд, ки ҳаҷми тиҷорати байни ҷонибҳо дар панҷ моҳи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 46,2 дарсад афзоиш ёфтааст. Федератсияи Россия дар сохтори савдои хориҷии Тоҷикистон мавқеи пешсафиро ишғол мекунад. Чунончи, соли гузашта афзоиши гардиши мол миёни ҳар ду кишвар 39 дарсадро ташкил дод.

Ҷонибҳо ҷиҳати идомаи кори муштарак барои боз ҳам густариш додани робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар заминаи судманд ба мувофиқа расиданд. Дар робита ба ин, ба масъалаҳои омодагӣ ба Форуми сармоягузорӣ, ки қарор аст моҳи сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шавад, таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Сарони давлатҳо ба сатҳи ҳамкории ҷонибҳо дар соҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ, бахусус дар бахшҳои маориф, илм, фарҳанг ва тандурустӣ, баҳои баланд доданд.

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон сохтмони панҷ мактаб бо таълими забони русӣ аз ҷониби Россия ба роҳ монда шуда, дар назар аст, ки онҳо то якуми сентябр ба истифода дода шаванд.

Сарони Тоҷикистон ва Россия, бо дарназардошти ниёзҳои воқеӣ, вусъат бахшидан ба ҳамкориҳои амалии минбаъдаро дар бахшҳои фарҳангӣ ва гуманитарии кишварҳо зарур донистанд.

Зимни мулоқот ба рушди вазъият дар Афғонистон ва вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонис­тон таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуд.

Дар ин замина муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин масоили гус­тариши ҳамкорӣ дар заминаи амният, аз ҷумла дар бахшҳои ҳамкориҳои низомӣ, низомиву фаннӣ ва мудофиавӣ, бахусус дар қисмати таҷдиди иқтидори Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкими ҳифзи сарҳадоти байни Тоҷикистон ва Афғонистонро баррасӣ карданд.

Дар мулоқот оид ба дигар масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ низ табодули афкор сурат гирифт.

Дар бораи идомаи ҳамкориҳои мунтазам аз рӯи ­масъалаҳои зикршуда дар сатҳи гуногун ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд.

29 июни соли 2022 дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путинро, ки бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дошт, бо эҳтироми хоса ва самимона гусел карданд.

Бояд гуфт, ки натиҷаҳои ин сафар ва мулоқоти сатҳи олӣ барои идомаи бобарори шарикии стратегии Тоҷикистону Россия бар нафъи мардуми ҳар ду давлат хизмат хоҳад кард.

www.president.tj