Сафари Пешвои миллат ба Ҷумҳурии Исломии Эрон

№64-65 (4804-4805) 22.05.2024

22-юми майи соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар маросими видоъ ва изҳори таъзия бинобар даргузашти фоҷиавии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайидиброҳим Раисӣ ба шаҳри Теҳрон сафар карданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ­Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи ­Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.

www.prezident.tj