Ноҳияи Балҷувон
6 августи соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои бунёдкорию созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун, оғози корҳои сохтмонӣ дар иншооти дигар ва мулоқот бо сокинону фаъолон ба ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон сафари корӣ намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар деҳаи хушманзараи Калтачанор роҳбарият, фаъолон ва намояндагони ҷавонону аҳли фарҳанг бо самимият ва рӯҳияи болида истиқбол намуданд.
Маврид ба таъкид аст, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо ҷаҳду талоши созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноҳияи Балҷувон ба дастовардҳои беназир ноил гардида, сатҳу сифати зиндагии сокинонаш беҳтар шуд.
Истиқболи самимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби сокинони ноҳия далели ҷонибдории комили онҳо аз сиёсати созандагию ободонии роҳбарияти Давлату Ҳукумати мамлакат мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар деҳаи Калтачанор хати оби нӯшокиро мавриди истифода қарор доданд.
Аз ин хати оби нӯшокӣ, ки бо кандани чоҳи амудӣ аз чуқурии 60 метр ба воситаи насосҳои махсуси обкашӣ бароварда шуд, 4 ҳазор нафар аҳолии деҳаҳои Охбулоқи 1, Охбулоқи 2 ва деҳаи Солмолидашти ноҳия истифода хоҳанд бурд.
Дар ин ҷо барои таъмини саривақтии оби ошомиданӣ ба аҳолӣ насосҳои пурқуввату баландсифати обкашӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ дастрас ва насб гардидааст, ки аз тариқи онҳо об ба ду ҳавзи захиравӣ тақсим мегардад.
Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи апрели соли ҷорӣ оғоз ва барои сари вақт, дар муҳлати муайяншуда анҷом ёфтани он 50 нафар мутахассис ва коргари маҳаллӣ ҷалб гардиданд.
Маврид ба ёдоварист, ки солҳои охир дар заминаи таваҷҷуҳи роҳбарияти олии Давлат ва Ҳукумати мамлакат, дар доираи татбиқи барномаҳои нави соҳавӣ ба 8 деҳаи дурдасти ноҳияи Балҷувон хати оби тозаи ошомиданӣ гузаронида шуд. Ҳоло, тибқи нақша, корҳои лоиҳакашии таъмини хати оби нӯшокӣ дар чанд деҳаи дигар идома дорад.
Таъмини сокинон бо оби тозаи ошомиданӣ ва ҳалли мушкилоти дар ин самт ҷойдошта идомаи татбиқи ташаббусҳои шоёни роҳбарияти олии Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки марҳила ба марҳила амалӣ карда мешавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Калтачинори деҳоти «Тоҷикистон»-и ноҳияи Балҷувон, ҳамчунин, коргоҳи коркарди сангҳои маҳаллии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Элегант-Балҷувон»-ро ифтитоҳ бахшиданд. Дар он бо истифода аз технологияи муосир коркарди сангҳои табиии маҳаллӣ, аз ҷумла, хоро, мармар ва ғайра ба роҳ монда мешавад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба фаъолияти коргоҳ таъкид доштанд, ки бунёди чунин иншоот ва пурра коркард кардани сангҳои маҳаллӣ иқдоми саривақтӣ буда, боиси бо ҷойи кор таъмин кардани сокинон ва дастрасии аҳолӣ бо сангҳои ороишии истеҳсоли ватанӣ мегардад.
Айнӣ замон дар коргоҳи коркарди сангҳои маҳаллии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Элегант-Балҷувон» 20 нафар бо ҷойи кор таъмин карда шудаанд.
Тибқи маълумот, иқтидори коркарди сангҳои ороишӣ дар коргоҳи «Элегант-Балҷувон» дар марҳилаи аввал 12 ҳазор метри мураббаъ мебошад. Дар оянда доираи фаъолияти он то ба 40 ҳазор метри мураббаъ расонида мешавад. Роҳбарияти коргоҳ нақша доранд, ки коргоҳи хурди саноатӣ-аграрӣ низ бунёд намуда, чанд нафар сокини маҳаллиро бо чойи кор таъмин созанд.
Бояд таъкид намуд, ки дар ҳудуди корхона боғи интенсивии себ ва ангур бунёд гардидааст. Инчунин, барои парвариши қаламчаи дарахтони интенсивӣ гармхона сохта шудааст. Дар оянда, тибқи нақша, дар майдони як гектар ҳавзи моҳипарварӣ низ ташкил карда мешавад.
Дар ноҳияи Балҷувон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи автомобилгарди Кангурт-Балҷувон-Ховалингро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Он бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои гранти Бонки Осиёии Рушд бо сифати баланд ва ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ сохта шуда, қариб 43 километрро ташкил медиҳад ва 7 метр паҳноӣ дорад.
Пудратчии роҳи автомобилгарди Кангурт-Балҷувон-Ховалинг Ширкати «Чайнароуд»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой мебошад. Тибқи лоиҳа, дар он 6 пул бо дарозии 455 метр, 5 истгоҳ ва дигар инфрасохтори зарурӣ бунёд гардида, ба категорияи чоруми роҳсозӣ мутобиқ карда шудааст.
Ду кӯпрук бо дарозии 339 метр аз нав сохта, 4 — тои дигар бо дарозии 114 метр таъмир карда шудаанд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар давраи татбиқи лоиҳа зиёда аз 100 адад техникаи роҳсозӣ ва 365 нафар ба кор ҷалб гардидаанд, ки 315 нафари онҳоро коргарону мутахассисони маҳаллӣ ташкил медоданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми азназаргузаронии роҳи автомобилгарди Кангурт-Балҷувон-Ховалинг ба иҷрои корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд. Он туҳфаи арзандаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сокинони ноҳияҳои Балҷувон-Ховалинг дар арафаи ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Дар рафти иҷрои корҳо масолеҳи хушсифат истифода шуда, бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат аломатҳои зарурӣ насб ва дар канори роҳ деворҳои ҳимоявӣ сохта шудаанд.
Ба истифода додани роҳи автомобилгарди Кангурт-Балҷувон-Ховалинг ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ сохтани он имконият фароҳам меорад, ки нақлиёти боркаш ва мусофирбар дар тамоми фасли сол бе мушкилӣ рафтуомад намоянд. Ҳаҷми боркашонӣ афзоиш ёфта, ба беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат хоҳад кард.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои тозабунёди дуошёнаи Хадамоти давлатии оташнишонии ноҳияи Балҷувонро ба истифода доданд.
Он дар кӯтоҳтарин фурсат ба тариқи ҳашар бо сатҳу сифати баланд сохта шудааст. Баробари бунёди иншоот барои фаъолияти дурусти кормандони ин сохтори низомӣ шароити зарурӣ низ муҳайё гардид.
Ба Пешвои миллат маълумот дода шуд, ки Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар ноҳияи Балҷувон дорои парки автомобилӣ, 2 нақлиёти оташнишонӣ, 9 утоқи корӣ, утоқи дарсӣ, таҷҳизоти зиддиоташнишонӣ ва либосҳои корӣ мебошад.
Он рӯз Сарвари давлат ба кормандони ин сохтор 1 адад воситаи нақлиёт тақдим намуданд, ки бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз аст.
Тибқи маълумот, масоҳати умумии бинои сохташуда 38 садяк заминро ташкил менамояд ва масоҳати зери бино 240 метри квадратиро дар бар мегирад.
Баҳри зебову назаррабо гардидани атрофи бино дар масоҳати зиёда аз 20 садяк замин беш аз 4500 дона гули ҳархела ва 70 дарахти арча шинонида шудааст. Ҳамчунин, ба хотири рафтуомади бемамониат масофаи 100 метр мумфарш гардидааст.
Лозим ба таъкид аст, ки бо мақсади боз ҳам такмил додани фаъолияти Хадамоти давлатии оташнишонии ноҳия 12 марти соли 2013 Нозироти Хадамоти давлатии оташнишонии Балҷувон ба Дидбонгоҳи алоҳидаи ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонии Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Балҷувон гулгашти муосирро, ки бо тарҳ ва дизайни баланди меъморӣ бунёд гардидааст, мавриди истифода қарор доданд.
Ин макони истироҳатӣ, ки дар доираи таҷлили сазовори ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст, дар масоҳати 80 садяк доман густурдааст. Дарозӣ ва паҳноии он 450 ба 20 метр мебошад. Бино ба иттилои масъулон, ин ягона макони истироҳатиест, ки аз ҷониби соҳибкорон бо дастгирии мардуми бонангу номуси ноҳия бунёд гардидааст.
Тамоми роҳрав ва гузаргоҳҳои макони истироҳатӣ сафолакпӯш ва дар дохилу атрофи он 88 чароғаки муосир ва 24 нишастгоҳи замонавӣ насб гардидааст, ки хусусан, шабонгоҳ барои гаштугузори сокинон мусоид аст. Ҳамчунин, дар ин ҷо ба хотири зебою дилкаш гардидан беш аз 4 ҳазор дарахти ороишию сояафкан ва беш аз 7 ҳазор гули мавсимию доимӣ шинонида, қитъаҳои алоҳидаи он сабзазор карда шудааст.
Зимни шиносоӣ бо корҳои ободонию кабудизоркунӣ дар гулгашти марказии ноҳия Пешвои миллат ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд доданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, дар шафати гулгашти марказии ноҳия бинои маъмурии бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва бахши Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувонро мавриди истифода қарор доданд.
Бино дар доираи таҷлили ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ бунёд шуда, аз ду ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Шакл ва намои берунаи он бо истифода аз усулҳои баланди меъморӣ оро ёфта, симои ноҳияро зеботар гардондааст. Дар бинои бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ки дар масоҳати 513 метри мураббаъ доман паҳн кардааст, ҳамчунин, сохторҳои таркибии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, аз ҷумла, филиали Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» ва бахши Хадамоти муҳоҷирати ноҳия ҷойгир мебошанд.
Дар ошёнаи якуми бино синфхонаҳои омӯзишӣ барои касбу ихтисосҳои «Таъмири техникаи маишӣ», «Сантехникӣ», омӯзиши корҳои назариявӣ ва амалӣ барои ихтисоси «Қаннодӣ», утоқи қабули шаҳрвандон, намояндагии филиали Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон»-и ноҳияи Темурмалик дар ноҳияи Балҷувон ҷойгир аст. Қабати дуюм аз маҷлисгоҳ, утоқҳои кории бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Балҷувон ва дигар иншооти ёрирасон иборат аст. Ҳуҷраҳои корӣ ва синфхонаҳо бо таҷҳизоти замонавӣ пурра муҷаҳҳаз гардидаанд. Дар ин ҷо дар як баст то 30 нафар ба омӯзиши касбу ҳунарҳои ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ фаро гирифта мешаванд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сифати корҳои анҷомёфта изҳори қаноатмандӣ ва масъулинро барои хизмати софдилонаю содиқона ба нафъи давлату миллат ҳидоят намуданд.
Дар ноҳияи Балҷувон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маркази хизматрасонии «Гулдастон»-ро низ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд, ки аз ду ошёна ва утоқҳои корӣ иборат аст.
Дар он, баробари ба кор ҷалб гардидани бонувони чирадаст, ҷавондухтарон ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд. Қабати якуми бино аз кошонаи ҳусн, нуқтаи фурӯши либосҳои омоданамудаи коргоҳ, машваратгоҳ, ошёнаи дуюм аз толори дӯзандагӣ бо насби 20 мошини дарздӯзӣ, утоқи маъмурият ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.
Бинои мазкур, ки 290 метри мураббаъ масоҳат дорад, аз ҷониби соҳибкори ҷавон Насимҷон Сатторов сохта шудааст.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки он ягона коргоҳи дӯзандагӣ дар Балҷувон аст, ки ба дӯхти сарулибоси мактабӣ ва мувофиқ ба талабот омода намудани маҳсулот равона шудааст.
Дар «Гулдастон» наздик ба 30 нафар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардидаанд.
Дар Балҷувон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин, бинои навбунёди боғчаи кӯдаконро, ки дар заминаи кӯдакистони рақами 1-и ноҳия сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Муассисаи томактабӣ, ки барои 100 кӯдак пешбинӣ гардидааст, аз ду ошёна иборат мебошад. Ошёнаи якум аз утоқҳои машғулиятгузаронӣ, хобгоҳ, бунгоҳи тиббӣ, дуюм аз синфхонаҳо, утоқи роҳбарият, машваратгоҳ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат аст. Масоҳати умумии он 535 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Иншоот мушкилоти фарогирии кӯдаконро дар ноҳия бартараф ва имконияти қабули онҳоро бештар намуд. Бояд гуфт, ки қаблан дар кӯдакистон 2 гурӯҳ фаъолият мекард. Акнун, 6 гурӯҳ ба таълим фаро гирифта хоҳанд шуд. Яъне, дастури Пешвои миллат ҷиҳати фарогирии кӯдакон то 30 фоиз ба муассисаҳои томактабӣ дар се соли охир босуръат амалӣ гардида истодааст.
Фармоишгари бинои иловагии муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 1 Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон ба ҳисоб меравад. Корҳои сохтмонӣ аз ҷониби мутахассисони маҳаллӣ анҷом дода шудааст. Дохил ва беруни бино бо ҳар гуна аксҳои қаҳрамонҳои афсонавӣ оро дода, атрофи он бо гулу дарахтони ҳамешасабз зебо гардонида шудааст.
Зимни боздид аз кӯдакистон Пешвои миллат аз иҷрои корҳои анҷомёфта изҳори қаноатмандӣ ва барои дар муддати кӯтоҳ ба истифода супоридани он изҳори сипос намуда, ба мураббиёну маорифчиён дастуру супоришҳои муфид доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки то ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар марказ ва деҳоти ноҳия сохтмони боз якчанд кӯдакистони наву замонавӣ идома хоҳад ёфт.
Дар ноҳияи Балҷувон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави хобгоҳи назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-ро дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифода қарор доданд.
Он 4-ошёна буда, дорои 36 ҳуҷра ва 450 кати хоб бо шароити зарурӣ мебошад.
Хонандагону омӯзгорони ин боргоҳи илму маърифат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар саҳни ҳавлии хобгоҳи тозабунёд бо самимият ва рӯҳияи идона истиқбол гирифтанд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки бинои нави хобгоҳ ба ғайр аз ҳуҷраҳои хоб боз дорои ҳуҷраҳои роҳбарият, дарстайёркунӣ, тиббӣ, дарзмолкунӣ, посбонхона, ошхона ва толори тамошои телевизор мебошад. Инчунин, дар назди бинои хобгоҳ ду айвонча барои суҳбати толибилмон бунёд карда шудааст.
Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1 зиёда аз 390 нафар — 3 ятим, 31 нимятим ва фарзандони оилаҳои ниёзманд аз деҳаҳои дурдаст ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Корҳои сохтмонии бинои хобгоҳ аз тарафи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расонда шудааст. Дар рафти бунёди он 40 нафар корманду мутахассиси маҳаллӣ ба кор ҷалб гардидаанд. Масоҳати умумии иншоот 76 садяк заминро ташкил менамояд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо хонандагони ин боргоҳи илму маърифат онҳоро ба таҳсил бо баҳои хубу аъло, омӯхтани илмҳои замони муосир, аз бар намудани забонҳои хориҷӣ ва дар оянда ба нафъи давлату миллат софдилонаю содиқона хидмат кардан ҳидоят намуданд.
Тарбиятгирандагон ба Сарвари давлат ҷиҳати фароҳам намудани шароити арзандаи таълиму тарбия изҳори сипосу миннатдории бепоён намуданд.
Ғамхорӣ нисбат ба кӯдакони бо амри тақдир бесаробонмонда ва оилаҳои камбизоат аз рӯзҳои аввали ба даст омадани Истиқлолияти давлатӣ таҳти таваҷҷуҳи Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад ва аз ин ҷост, ки пайваста нисбат ба ин қишри ҷомеа ғамхорӣ зоҳир мегардад.
Бояд гуфт, ки дар атрофи бино ба масоҳати беш аз 1800 метри мураббаъ гулу дарахтони ҳархелаи сояафкану ороишӣ шинонда шудааст.
Ҳамчунин, ба хотири шабона равшан намудани саҳни ҳавлии хобгоҳи мактаб-интернат 10 чароғак насб ва 380 метри мураббаъ роҳравҳо сафолакпӯш карда шудааст.
Ҳуҷраҳои хобгоҳ ба шабакаи ягонаи гармидиҳӣ пайваст гардидаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Балҷувон бо бардоштани парда аз болои лавҳаи рамзӣ, толори кушоду барҳавои варзиширо, ки аз тарафи соҳибкорони ватанпарвари ноҳия сохта шудааст, ба варзишгарону сокинони минтақа тақдим намуданд.
Сипас, Сарвари давлат вориди толор гардида, ба рафти машқу тамрини варзишгарони риштаи «дзюдо» шинос шуданд.
Корҳои бунёдӣ дар ин иншооти варзишӣ, ки моҳи июни соли 2017 оғоз гардид, дар муҳлати беш аз 2 сол бо ҷалби қариб 50 нафар сохтмончии маҳаллӣ мутобиқи талаботи замон ба итмом расид. Иншоот аз 2 ошёна иборат буда, дорои толори машқу тамрин бо масоҳати 690 метри мураббаъ, утоқҳои корӣ, ҷойи либосивазкунӣ ва дигар шароит мебошад. Лоиҳаи бино аз ҷониби ҶДММ «Неъматулло» бо тарҳи нав таҳия гардидааст.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки солҳои пеш новобаста аз мавҷуд набудани шароити хуби машқу тамрин, варзишгарони ноҳия дар мусобиқаҳои гуногун фаъолона ширкат варзида, шарафи Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ боло мебардоштанд. Айни замон шумораи варзишгарон 170 нафарро ташкил медиҳад ва қисме аз онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи ноҳиявию вилоятӣ, ҷумҳуриявию байналмилалӣ ширкат варзида, соҳиби медал ва ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд.
Дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ 3 маротиба аз намудҳои «дзюдо» ва «дастхобонӣ» ширкат намудани варзишгарони ҷавону навраси ноҳия аз таваҷҷуҳи сокинон ба тарзи ҳаёти солим ва саҳм гузоштан дар рушду равнақи соҳа дарак медиҳад.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани нахустин толори варзишии наву замонавӣ 3 нафар устоди варзиш ба кор ҷалб шуданд, ки дар тарбияи варзишгарони бомаҳорату номбардори миллат саҳм хоҳанд гузошт.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон бо фаъолону сокинони он мулоқот намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо натиҷагирӣ аз нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия ва тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карданд, ки Балҷувон ҳамчун ноҳияи навтаъсис бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва ҷалби соҳибкорону дигар шахсони саховатпеша дар кӯтоҳтарин фурсат ободу зебо гардида, барои зиндагии шоистаи сокинони он шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояту ноҳия барои таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ, истифодаи самараноки сарватҳои зеризаминӣ, рушди саноати сабук, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва тақвияти ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ вазифадор карда шуданд.
Таъкид гардид, ки дар ноҳия имконияту захираҳо барои рушди соҳаҳои афзалиятноки ҷомеа мавҷуд аст ва бояд онҳо дар баланд бардоштани нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ самаранок истифода бурда шаванд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки танҳо дар зарфи 12 соли охир аз ҳисоби манбаъҳои маблағгузорӣ ба ноҳия беш аз 280 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст ва минбаъд низ Ҳукумати мамлакат барои беҳсозии рӯзгори сокинони Балҷувон, аз ҷумла тавассути бунёди инфрасохтори иқтисодиву иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ, чораҳои зарурӣ меандешад.
Сокинони ноҳия дар мулоқот бо ҷонибдорӣ аз сиёсати башардӯстонаву бунёдкоронаи роҳбарияти Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор доштанд, ки барои боз ҳам ободу пешрафта гардондани диёри аҷдодӣ минбаъд низ саъю талош хоҳанд кард.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Балҷувон тарабхонаи замонавии «Насими Балҷувон»-ро, ки дар доираи истиқболи сазовор аз 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби бародарони соҳибкор — оилаи Неъматовҳо сохта шудааст, дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифода қарор доданд.
Он аз ду ошёна иборат буда, дар як вақт метавонад ба 200 нафар хизмат расонад. Масоҳати умумии иншоот 20 садяк замин ва масоҳати зери бино 345 метри мураббаъро дар бар мегирад. Тавре ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, корҳои сохтмонӣ дар «Насими Балҷувон» соли 2018 оғоз гардида, бо ҷалби зиёда аз 50 нафар сохтмончию мутахассиси маҳаллӣ бо сатҳу сифати баланд анҷом пазируфт.
Ҷиҳати зебову назаррабо сохтани саҳни ҳавлии тарабхона масоҳати беш аз 1500 метри мураббаъ сафолакпӯш гардонда, 50 адад дарахти гуногуни сояафкан шинонида, атрофи он сабзазор карда шудааст. Лоиҳаи иншооти мазкур аз тарафи ҶСК «Корезлоиҳа» таҳия гардидааст.
Тарабхона дар беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолии ноҳия саҳми назаррас хоҳад гузошт, зеро баъди ба фаъолият шурӯъ намудани он беш аз 20 нафар сокини маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин шуданд. Толорҳои кушоду барҳавои он барои баргузории тӯю маъракаҳои сокинони ноҳия ва деҳаҳои атрофи он мувофиқ аст.
Хабар дода шуд, ки ин нахустин тарабхонаи замонавӣ дар ноҳияи Балҷувон маҳсуб меёбад, ки дар доираи иқдомоти созандаи роҳбарияти олии Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба хотири беҳтар намудани вазъи иҷтимоии аҳолӣ ва сатҳи хизматрасонӣ ба онҳо бунёд ёфтааст.
Ҳангоми ворид гардидан ба саҳни ҳавлии тарабхона аз тарафи рост ва чап ду фаввораи зебо ба назар мерасад, ки бо услуби хоса сохта шудаанд. Инчунин, дар ин ҷо ба хотири бо об таъмин намудани иншоот ва сокинони атроф бо кандани як чоҳи амудӣ аз чуқурии 61 метр оби тозаи ошомиданӣ бароварданд.
Ҳангоми шиносоӣ бо шароити тарабхона Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори сохтмончиён баҳои баланд дода, соҳибкорони ватандӯстро ба анҷом додани корҳои ободонӣ ҳидоят намуданд.
Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба деҳоти «Сари Хосор» ташриф оварданд.
Дар деҳаи Шайдон сокинони ин минтақаи дурдасти мамлакат Сарвари давлатро бо ихлосмандии зиёд ва муҳаббату самимияти беандоза истиқбол гирифтанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар деҳаи Шайдони деҳоти «Сари Хосор» Корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахши «Сари Хосор»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Дар он, ки аз тарафи хоҷагии деҳқонии «Хӯҷаи сабз» дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст, 20 нафар сокини маҳаллӣ, асосан занону духтарон, бо ҷойи кори доимӣ ва маоши аз 800 то 1000 сомонӣ таъмин шудаанд. Дар давраи ҷамъоварии гулу гиёҳҳои шифобахш ва меваҳои ҷангалзори минтақа бошад, зиёда аз 50 нафар сокини маҳаллӣ ба кори мавсимӣ ҷалб мегарданд.
Иншоот дар маркази деҳоти «Сари Хосор», дар масоҳати 285 метри мураббаъ бунёд гардидааст ва аз анбори аввалия, сехҳои коркард, бандубасти гиёҳҳои шифобахш ва дигар утоқҳои ёрирасон иборат мебошад. Дар корхона, ҳамчунин, аз меваи дарахтони ҷангалзори минтақа, аз ҷумла, бодоми талхдона, чормағз, писта, ангат, канадона, зағир ва ғайра равғани табобатӣ истеҳсол карда мешавад. Дар корхона, ки ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ бунёд гардидааст, 8 дастгоҳу таҷҳизот барои истеҳсоли доруворӣ аз гулу гиёҳ ва меваҳои шифобахши кӯҳсори Тоҷикистон, аз ҷумла дастгоҳ барои гиёҳмайдакунӣ, гиёҳордкунӣ, бандубасти халтачаҳои полоишӣ, дастгоҳи равғанкашӣ ва ғайра насб карда шудааст. Доруворие, ки дар корхона истеҳсол мегардад, тамғагузорӣ мешавад ва ба талаботи стандарти байналмилалӣ пурра ҷавобгӯ мебошад.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз 800 қуттии шартӣ доруворӣ аз гулу гиёҳҳои шифобахш ва беш аз 100 литр равғани табобатӣ аз меваи дарахтони ҷангалӣ мебошад. Тибқи иттилоъ, дар минтақаи Сари Хосор зиёда аз 100 намуди гулу гиёҳҳои шифобахш мерӯяд ва аксари онҳо дар корхона коркард ва бандубаст мешавад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои васеъ намудани доираи фаъолияти корхона ва ҳар чӣ бештар ба роҳ мондани истеҳсоли доруворӣ аз гулу гиёҳ ва меваҳои ҷангалии шифобахш ба масъулон дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Шайдони деҳоти «Сари Хосор»-и ноҳияи Балҷувон майдончаи варзиширо мавриди истифода қарор доданд.
Он дар доираи дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ барои ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш ва солимгардонӣ сохта шудааст.
Майдончаи варзишӣ асосан барои бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол пешбинӣ гардида, на танҳо барои ҷавонону наврасони деҳаи Шайдон, балки барои сокинони деҳаҳои гирду атроф низ имконоти васеи машғул шудан ба намудҳои гуногуни варзишро фароҳам месозад.
Дар назди майдонча барои фароғату истироҳати кӯдакон шароити мусоид низ фароҳам оварда шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити он ва суҳбат бо масъулин ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд доданд.
Дар деҳоти «Сари Хосор» он якумин майдончаи варзишии муосир аст.
Сипас, дар деҳоти «Сари Хосор» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои меҳмонхона, ҳаммом ва маркази хизматрасонии «Шайдон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншоот аз се ошёна иборат аст. Дар қабати якуми он ҳаммом, ҳавзи оббозӣ, буғхона, кошонаи ҳусн ва сартарошхона, дар ошёнаи дуюм меҳмонхона бо 20 ҷой ва дар ошёнаи сеюм ошхона бо 60 ҷой ва толори тенниси рӯи миз ҷой дода шудааст. Ҳуҷраҳои меҳмонхона бо шароити зарурӣ барои қабули меҳмонон ва сайёҳони дохилию хориҷӣ таъмин мебошанд.
Дар маркази хизматрасонӣ зиёда аз 10 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд. Масоҳати умумии бино зиёда 700 метри мураббаъро дар бар мегирад. Атрофи биноро дарахтони ороишӣ ва нишастгоҳҳо зинат додаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити марказ ошно шуда, ҷиҳати истифодаи пурсамар аз имконоти фароҳамгардида ва муаррифии ҳар чӣ бештари мавзеъҳои тамошобоби Сари Хосор ба масъулин дастуру ҳидоятҳо доданд.
Дар ояндаи наздик ба хотири рушди соҳаи сайёҳӣ дар минтақаи Сари Хосор боз бунёди 5 меҳмонхонаи замонавӣ ба нақша гирифта шудааст. Зеро он барои рушди навъҳои гуногуни сайёҳӣ, аз ҷумла, сайёҳии экологӣ, кӯҳгардӣ ва шикор созгор мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иншооти мазкурро туҳфаи арзандаи Давлату Ҳукумати Тоҷикистон барои мардуми деҳоти «Сари Хосор» дар рӯзҳои таҷлили 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ карданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти «Сари Хосор» намоишгоҳи дастовардҳои сокинонро аз назар гузаронданд.
Дар намоишгоҳ намунаи маҳсулоти кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошта шуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунари волои кадбонуҳои минтақаи дурдасти мамлакатро шоёни таҳсин хонда, барои омӯзиши он ба ҷавондухтарон дастуру ҳидоят доданд.
Таъкид гардид, ки бо ҳидоятҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти «Сари Хосор» ҷиҳати эҳё ва рушди ҳунару анъанаҳои миллӣ тадбирҳои зиёд андешида мешавад ва таваҷҷуҳи ҷавондухтарон тайи солҳои охир ба омӯзиши онҳо бештар гардидааст.
Дар намоишгоҳ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занбӯриасалпарварони деҳоти «Сари Хосор» намудҳои гуногуни асали табииро муаррифӣ намуданд.
Деҳоти «Сари Хосор» дорои меваҳои шаҳдбор, аз қабили чормағз, тут, хуч, зилол, маҳлаб, чанд намуди олуча, нок, себ, зардолу, ангур, гелос ва ғайра мебошад. Мавзеи Сари Хосор барои рушди кишоварзӣ, пеш аз ҳама, картошкапарварӣ, боғдорӣ, занбӯриасалпарварӣ ва чорводорӣ имконияти ниҳоят васеъ дорад.
Сипас Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Шайдон бо сокинони касбу кори гуногуни деҳоти «Сари Хосор» мулоқот намуданд. Сарвари давлат ба корҳои созандагию ободонӣ ва муҳайё гардидани шароити арзандаи кору зиндагӣ ба сокинон баҳои баланд дода, дар самти боз ҳам бештар рушд бахшидани бахшҳои гуногуни хоҷагии халқ, аз ҷумла тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, ба масъулон маслиҳатҳои муфид доданд.
Сокинон, дар навбати худ, барои дастгириҳои пайваста ҷиҳати муҳайё гардидани имконияти мувофиқи кору зиндагӣ ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосу миннатдории самимӣ баён доштанд.
Дар деҳоти «Сари Хосор»-и ноҳияи Балҷувон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва сокинон мулоқот анҷом доданд, ки дар он аз рушду тараққиёти деҳоти «Сари Хосор» ва дар маҷмӯъ, ноҳияи Балҷувон, сухан рафт. Таъкид гардид, ки дар деҳоти «Сари Хосор» бо мақсади амалисозии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат ва дар доираи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат нақшаи чорабиниҳо бо фарогирии паҳлуҳои ҳаёти сокинони деҳот тасдиқ карда шудааст, ки татбиқи саривақтиву босифати он боиси пешравии соҳаҳои гуногуни ҳаёти мардум мегардад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рафти иҷрои аксар бандҳои нақшаи чорабиниҳо дар деҳоти «Сари Хосор» изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид доштанд, ки танҳо ба азму талоши дастаҷамъона ва меҳнати садоқатмандона метавон дар рушду пешрафти Ватан саҳми муносиб гузошт ва дар тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи шоистаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуд.
Барои беҳтарсозии шароити инфрасохтории деҳот, рушди кишоварзӣ, хусусан, коркарди меваю гиёҳҳои шифобахш, таъминоти барқу об, маориф ва сайёҳӣ роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва вилоят вазифадор карда шуданд.
Сокинони деҳоти «Сари Хосор» ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхорию дастгирии пайваста изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, таъкид доштанд, ки барои сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи босамари ҳадафҳои стратегӣ ва нақшаю тадбирҳои бузурги ободонию бунёдкории Ҳукумати мамлакат саҳми муносиб мегузоранд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти «Сари Хосор»-и ноҳияи Балҷувон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 33-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Пешвои миллат бо шароити муассисаи нав шинос шуда, бо хонандагон суҳбату мулоқот карданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар гузашта хонандагон аз набудани таълимгоҳ дар дохили бунгоҳи тиббӣ таълиму тарбия мегирифтанд. Инак, хушбахтона, дар доираи нақша — чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мушкилоти онҳо ба пуррагӣ ҳалли худро пайдо намуду толибилмон соҳиби муассисаи наву замонавии таълимӣ гаштанд.
Барои чунин таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ хонандагон ба Сарвари давлат изҳори миннатдорӣ намуда, қавл доданд, ки аз шароити фароҳамоварда самаранок истифода хоҳанд бурд.
Лоиҳаи иншооти мазкур аз ҷониби ҶДММ «Абрис» таҳия гардида, корҳои сохтмониро ҶДММ «Файзи Истиқлол» ба анҷом расонидааст.
Мактаби нави дуошёна имкон дорад, ки дар ду баст то 300 нафар хонандаро ба таълиму тарбия фаро гирад. Синфхонаҳои алоҳидаи таълимгоҳ бо тахтаҳои электронӣ муҷаҳҳаз ва як синфхона бо 10 адад компютер таъмин аст. Дар маҷмӯъ, муассисаи нави таълимӣ дорои 12 синфхона, утоқҳои алоҳидаи корӣ барои роҳбарият ва омӯзгорон мебошад. Роҳрав ва синфхонаҳои муассиса ба хати алоҳидаи гармидиҳӣ пайваст аст. Буғхонаи таълимгоҳ ба воситаи ангишт фаъолият хоҳад кард.
Ҳамчунин, корҳои ободонӣ ва сабзкорӣ дар гирду атрофи таълимгоҳ ба сомон расонида, барои обутоби ҷисмонии хонандагон майдончаи хурди варзишӣ бунёд шудааст.
Роҳбари давлат аснои шиносоӣ хонандагонро вазифадор намуданд, ки имкониятҳоро самаранок истифода бурда, илмҳои замонавиро ҳамаҷониба аз худ намоянд. Ҳамчунин, қайд гардид, ки то таҷлили 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар минтақаҳои кишвар дар деҳоти «Сари Хосор» сохтмони боз чандин иншооти дигари таъиноташон гуногун дар назар дошта шудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Пушти боғи деҳоти «Сари Хосор» меҳмонхонаи наву замонавии «Сари Хосор»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, меҳмонхона аз 3 ошёна ва нимтаҳхона иборат буда, дорои 30 ҳуҷра, 3 ҳуҷраи дорои имкониятҳои дараҷаи олӣ, як ҳуҷра барои қабули меҳмони олиқадр мебошад ва дар доираи дастур ва ҳидоятҳои Пешвои миллат аз ҷониби як гурӯҳ соҳибкорони ватандӯсте, ки алҳол дар дохил ва хориҷи кишвар фаъолияти самаранок доранд, сохта шуд.
«Сари Хосор» бо дарназардошти талаботи замони муосир бунёд ва дар он барои будубоши мизоҷон шароити замонавӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, дорои лифт буда, ҳуҷраҳои он бо кондитсионер, телевизор, ҷевон барои сарулибос ва пойафзол таъмин мебошад ва дар як вақт имконият дорад, ки ба 60 нафар мувофиқи талаботи ҷорӣ ва бо сифати баланд хизмат расонад. Утоқҳои хоб, роҳрав ва дигар иншооти меҳмонхона бо сатҳу сифати баланд ва усули муосири меъморӣ оро ва намои берунаи он бо санъати баланди сохтмонӣ бунёд ёфтааст.
Ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки меҳмонхона дорои ошхонаи алоҳида мебошад, ки дар он барои меҳмонон хӯрокҳои хоси миллӣ пешниҳод карда мешавад.
Дар дохили меҳмонхона утоқи шустушӯи сарулибос, утоқи шикорчӣ ва утоқҳои корӣ фаъолият мекунанд.
Инчунин, зиёда аз 10 нафар сокини маҳаллӣ, ки барои расонидани хизмати саривақтиву босифат ба меҳмонон аз курсҳои омӯзишӣ гузаштаанд, соҳиби ҷойи кори доимӣ гардидаанд.
Иншоот дар мавзеи назаррабову зебои минтақа — назди Шаршара ҷойгир аст, ки макони дилрабо ва сайру саёҳат барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба ҳисоб меравад. Дар фазои кушоди назди меҳмонхона майдончаи алоҳида барои бозиҳои футболу волейбол ва теннис низ бунёд ёфтааст. Гирду атрофи меҳмонхона чароғон карда, бо гулу буттаҳо зебу оро дода шудааст.
Зимни шиносоӣ Роҳбари давлат ба сифати корҳои сохтмонӣ ва имкониятҳои меҳмонхонаи «Сари Хосор» баҳои баланд дода, масъулинро вазифадор намуданд, ки хизматрасонии сатҳи олӣ ва босифатро барои меҳмонони дохиливу хориҷӣ ба роҳ монанд.
(Давом дорад)
www.president.tj