Сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Амороти Муттаҳидаи Араб

№37-38 (3517-3518) 18.03.2016

25834586415_9223326de8_o16 марти соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Абу Заби — пойтахти Амороти Муттаҳидаи Араб шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро валиаҳди Абу Заби, муовини Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Амороти Муттаҳидаи Араб, волоҳазрат Шайх Муҳаммад бин Зойид Оли Наҳён пешвоз гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуд.

Баъди гузориши фармондеҳи Горди фахрӣ сурудҳои миллии ҳар ду кишвар садо дод.

Пас аз анҷоми маросими истиқболи расмӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва валиаҳди Абу Заби бо ҳайатҳои расмии ҳар ду кишвар шинос шуданд.

 Сипас, баррасии масоили рушду густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва валиаҳди Абу Заби, муовини Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Амороти Муттаҳидаи Араб, волоҳазрат Шайх Муҳаммад бин Зойид Оли Наҳён бо иштироки ҳайатҳои расмии ҳар ду ҷониб сурат гирифт.

- Тоҷикистон ба густариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманд бо Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб таваҷҷуҳи махсус дорад ва дар маҷмӯъ, мо аз ҳолати имрӯзаи равобити дуҷонибаи кишварҳоямон изҳори қаноатмандӣ менамоем, — таъкид дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Ҷонибҳо изҳори умед намуданд, ки санадҳои нави ҳамкории зимни ин сафар имзошаванда дар соҳаҳои сиёсию амният, маориф, варзиш ва саёҳат заминаи ҳуқуқии муносиботи кишварҳоро мукаммал мегардонанд.

Дар ҷараёни мулоқот масоили ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати бунёди силсилаи иншооти гуногунҳаҷми гидроэнергетикӣ, такмили инфрасохтори нақлиёт бо сохтмони роҳҳои хушкигард, пулҳо, туннелҳо ва рушди истеҳсолу коркарди маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ гардид.

Дар мулоқот, инчунин, доир ба густариши равобити илмию фарҳангӣ ва таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсоливу тиҷоратӣ дар соҳаҳои саноати сабуку хӯрокворӣ, коркарди сангҳои қиматбаҳою ороишӣ ва дигар масъалаҳои барои ҳар ду ҷониб судманд, андешаҳо баён гардиданд.

 16 марти соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Абу Заби аз Масҷиди ба номи Шайх Зойид ибн Султон Оли Наҳён боздид намуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо нишони эҳтиром дар назди оромгоҳи Шайх Зойид, ки дар паҳлуи ҳамин масҷид ҷойгир аст, дуову фотеҳаи нек кард.

Ёдовар мешавем, ки зимни нахустин сафари расмӣ ба Амороти Муттаҳидаи Араб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли 1995 бо асосгузори Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Зойид ибн Султон Оли Наҳён мулоқот карда буд.

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки масҷид соли 2007 ба ифтихори асосгузор ва якумин Президенти Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Зойид ибн Султон Оли Наҳён сохта шудааст.

 Шонздаҳуми март, ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Абу Заби мудири кулли ширкати «Мубодала» Халдун Халифа ал — Муборакро ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷарёни мулоқот масъалаҳои рушду густариши муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистон бо Амороти Муттаҳидаи Араб ва ширкатҳои бонуфузи ин кишвар баррасӣ гардид.

- Мо стратегияи дарозмуддати рушди миллиро ба неруи мутахассисони соҳибтаҷрибаи дохилӣ ва мусоидати муассисаҳои бонуфузи байналмилалӣ таҳия ва қабул намудем, — гуфт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва афзуд, ки иштироки фаъоли ширкатҳои Амороти Муттаҳидаи Араб дар татбиқи ин барнома ҷавобгӯйи ҳадафҳои муштарак хоҳад буд.

Инчунин, таъкид гардид, ки дар Тоҷикистон беш аз 400 барномаи гуногуни инвеститсионӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисод ва инфрасохтори иҷтимоӣ таҳия гардидааст ва барои ҷалби сармояи хориҷӣ заминаҳо бо имконияту афзалиятҳои мусоид мавҷуд аст.

- Мо ҳавасманди ҳамкории шарикии дарозмуддат ба манфиати ҷонибҳо ҳастем, — иброз дошт дар навбати худ мудири кулли ширкати «Мубодала» Халдун Халифа ал — Муборак ва илова кард, ки ба наздикӣ як ҳайати бонуфузи ҳукуматӣ таҳти сарварии вазири иқтисоди Амороти Муттаҳидаи Араб барои омӯзиши имкониятҳои мавҷуда ба Тоҷикистон сафар мекунад. Баъди шиносоӣ имкон пайдо мегардад, ки барои муайян кардани самтҳои афзалиятноки ҳамкории минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб барномаи махсус таҳия ва татбиқ карда шавад.

Ҷонибҳо дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои рушди ҳамкориҳоро дар бахшҳои ояндадор, аз қабили гидроэнергетика, таъсиси корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, содироти хушкмева, сабзавоти тару тоза, бунёди инфрасохтору рушди соҳаи сайёҳӣ, истифодаи пурсамари имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ, баҳрабардорӣ аз захираҳои бузурги сангҳои қиматбаҳо, металлҳои ранга, ашёи хоми стратегӣ ва дигар неъматҳои моддии Тоҷикистон баррасӣ карданд.

16 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Абу Заби, ҳамчунин мудири кулли Муассисаи хайриявии Халифа бин Зойид Олӣ Наҳён оид ба корҳои башардӯстона Муҳаммад Ҳоҷӣ Ал — Хуриро ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкории Ҳукумати Тоҷикистон бо ниҳодҳои мухталифи Амороти Муттаҳидаи Араб баррасӣ гардид.

- Аз мулоқоти дӯстона ва созанда бо Шумо қаноатмандам ва итминон дорам, ки мо муколамаи неку хайрхоҳонаи худро дар Тоҷикистон бо татбиқи лоиҳаҳои гуногун идома хоҳем дод, — иброз дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Муассисаи хайриявии Халифа бин Зойид Олӣ Наҳён оид ба корҳои башардӯстона, ки барои бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон кумаки беғаразона расондааст, изҳори сипос кард.

Ҷонибҳо оид ба имконоти васеи таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳои барои тарафҳо манфиатбахш, мусоидати дӯстона ва башардӯстонаи Амороти Муттаҳидаи Араб баҳри пешрафти иқтисоди кишвари мо, истифодаи захираҳои бузурги табиӣ, илмӣ-техникӣ ва татбиқи барномаҳои стратегии иқтисодӣ бо ҷалби сармояи ин давлати дӯст изҳори ҳавасмандӣ карданд.

Дар ҷараёни мулоқот, инчунин, маблағгузорӣ барои амалӣ кардани лоиҳаҳои бунёди неругоҳҳои гуногуниқтидори барқи обӣ, барномаҳои рушди соҳаҳои саноати ранга, сабук ва хӯрокворӣ, сохтмон, кишоварзӣ, коммуникатсия, бонкдорӣ, рушди сайёҳӣ ва маорифу тандурустӣ судовар маънидод гардид.

 17 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мудири кулли Фонди Абу Заби оид ба рушд Муҳаммад Сайф ал Сувейдиро ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни мулоқот дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб дар бахшҳои мухталиф баррасӣ гардид.

Ҷонибҳо, пеш аз ҳама, оид ба дарёфти роҳҳои наву афзалиятноки таҳкиму тавсеаи муносибатҳо, имконоти рушду густариши ҳамкорӣ, истифодаи захираҳои бойи табиии Тоҷикистон, иштироки Фонди Абу Заби оид ба рушд дар таҳияву татбиқи лоиҳаҳои дорои дурнамои судовар табодули андеша карданд.

Ба андешаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати мамлакат барои ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ дар доираи сиёсати дарҳои боз тамоми заминаҳои меъёрии ҳуқуқиро бо афзалиятҳо фароҳам овардааст. Ин имкон медиҳад, ки ширкатҳои хориҷӣ, аз ҷумла муассисаҳои молиявию кумакрасони Амороти Муттаҳидаи Араб ҳар чӣ бештар бо сармояи хеш дар амалӣ кардани барномаҳо ва баҳрабардорӣ аз татбиқи онҳо иштироки фаъол дошта бошанд.

Таъкид гардид, ки айни замон дар Тоҷикистон 14  корхонаи муштарак бо Амороти Муттаҳидаи Араб ба қайд гирифта шудааст ва ҳаҷми гардиши мол бо дарназардошти имкону захираҳо ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест. Бинобар ин, зарур шуморида шуд, ки ба хотири густариши муносибатҳои мутақобилан судманди тиҷоратию иқтисодӣ як силсила иқдоми ҳадафманд дар самти истихроҷу коркарди маъданҳои кӯҳӣ, саноати сабук ва хӯрокворӣ, бунёди неругоҳҳои хурду миёнаи барқи обӣ ва такмили инфрасохтори нақлиётӣ анҷом дода шаванд.

www.president.tj