Панҷуми феврали соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Давлати Қатар сафар карданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд. Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои кадрҳо, вазирони рушди иқтисод ва савдо, корҳои дохилӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм, нақлиёт, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, раис ва муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон ҳамроҳӣ карданд.
Панҷуми феврали соли 2017 дар Фурудгоҳи байналмилалии пойтахти Давлати Қатар шаҳри Давҳа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо нишони эҳтирому самимияти хоса намояндагони воломақоми Ҳукумати ин кишвар гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Муқаррароти истиқболи расмӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Давҳа, ки бо шиору навиштаҷот ва шодбошиҳои дӯстона оро ёфта, Горди фахрӣ саф ороста буд, самимӣ ва бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид. Хотиррасон мешавем, ки ин дуюмин сафари расмии Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки бо даъвати расмии Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ сурат мегирад. Муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистону Қатар 13 декабри соли 1994 барқарор шудаву сафоратҳо ифтитоҳ гардиданд. Нахустин сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар моҳи майи соли 2007 сурат гирифт, ки дар муносибатҳои ду кишвар саҳифаи нав кушод ва ба рушди минбаъда замина гузошт.
Собиқ Амири Давлати Қатар Шайх Ҳамад ибни Халифа Оли Сонӣ низ тобистони соли 2007 бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард, ки аввалин сафари роҳбари давлати арабӣ ба кишвар мебошад. Пояи ҳуқуқӣ-шартномавии муносибатҳои ҳамкории дуҷонибаро санадҳои ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ, ташвиқ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ ташкил медиҳанд ва барои таҳкими ҳамкории дуҷониба бастаи лоиҳаҳои санадҳои нави ҳамкорӣ дар бахшҳои илму маориф, тандурустӣ, бонкдорӣ ва самтҳои дигари робитаҳои иқтисодӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор дорад.
Дар шаҳри Давҳа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Созмони сармоягузории Давлати Қатар Шайх Абдулло ибни Муҳаммад ибн Сауд Оли Сонӣ мулоқот намуданд.
Дар мулоқот масоили марбут ба иштироки доираи иқтисодию сармоягузории Давлати Қатар дар татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги дорои аҳамияти миллию минтақавии Тоҷикистон ва дурнамою нақшаҳои ҳамкориҳои фаъолтари Тоҷикистону Созмони сармоягузории Қатар мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Ҳусни эътимоду боварии комил омили муҳими ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба маънидод гардид ва таъкид шуд, ки ҷониби Тоҷикистон ҳавасманди ҷалби сармояи ин созмон дар татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги энергетикӣ, кишоварзӣ, коркарди маъданҳои кӯҳӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак ва рушди инфрасохтори сайёҳӣ мебошад. Барои беҳтару хубтар гардидани ҳамкориҳои иқтисодию сармоягузорӣ ҳамчун қадами нахуст таъсиси Фони рушди Қатар оид ба дастгирии соҳибкории хурду миёна, Ширкати консталтингӣ ва Бонки сармоягузории Қатар дар Тоҷикистон амали муҳим арзёбӣ шуд. Ҳар ду ҷониб, ҳамчунин доир ба масоили марбут ба ҳамкориҳои иқтисодию сармоягузории Тоҷикистон ва Созмони сармоягузории Давлати Қатар, махсусан дар соҳаҳои афзалиятноки гидроэнергетикӣ, нақлиётӣ ва сайёҳӣ табодули афкор намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маркази «Бунёди Қатар» ва Осорхонаи санъати исломӣ ташриф оварда, бо фаъолияти онҳо шинос шуданд.
Дар Маркази «Бунёди Қатар» меҳмони олимақом муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси иҷроияи «Бунёди Қатар» Шайха Ҳинд бинти Ҳамад истиқбол гирифта, бо фаъолияти марказ шинос намуданд. Дар толори намоишгоҳ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таърихи ташаккул, фаъолият ва дастовардҳои «Бунёди Қатар» муаррифӣ гардид. Марказ намояндагии донишгоҳҳои бонуфузи 39 кишварро дар худ муттаҳид кардааст ва дар он ба беш аз 5 ҳазор донишҷӯйи давлатҳои хориҷӣ илмҳои замони муосир бо забони англисӣ омӯзонида мешавад. Дар маҷмӯъ, ҳудуди «Бунёди Қатар» 15 миллион метри мураббаъро дар бар мегирад ва дар он биноҳои таълимӣ, хобгоҳҳои донишҷӯён, китобхонаи муосир ва парки илмию технологӣ мавҷуд аст.
Баъди шиносоӣ бо шароити «Бунёди Қатар» Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таассурот ва таманниёти нек дар китоби меҳмонони олиқадр соядаст гузоштанд. Сипас, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Осорхонаи санъати исломӣ дар шаҳри Давҳа ташриф оварданд. Дар ин ҷо Сарвари давлатро раиси иҷроияи осорхона Салим ал-Асвад самимона истиқбол гирифт. Дар толорҳои осорхона Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти ин маркази фарҳангӣ, таърихи ташаккули санъат ва тамаддуни исломӣ ошноӣ пайдо карданд. Дар толорҳои осорхона, ки моҳи ноябри соли 2008 таъсис ёфтааст, нигораҳои қадиму нодир ҷамъ оварда шудааст, ки аз таърихи қадимаи инсоният шаҳодат медиҳанд. Намунаҳои нодири нақшу нигор ва хаттотӣ дар рӯи санг, чӯб ва дигар нигораҳо, ки бо хатти форсӣ-дарӣ навишта шудааст, бештар диққати Сарвари давлатро ба худ ҷалб намуданд. Мавҷуд будани ин дастхатҳо ва ҳунарҳои асили рассомону хаттотони Машриқзамин аз таърихи деринаи робитаҳои дӯстию бародарии халқҳои осиёву кишварҳои араб шаҳодат медиҳад. Дар толорҳои осорхона, инчунин, асбобу анҷоми рӯзғор, яроқу аслиҳаи гуногун, зарфҳо, ороишоти бо сангҳои қиматбаҳо сохташуда ба тамошо гузошта шудааст. Пас аз шиносоӣ бо нигораҳои осорхона Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтиром нисбат ба таъриху фарҳанг ва мардуми ин кишвар дар Китоби меҳмонони фахрӣ соядаст гузошта, ба мамлакати дӯст шукуфоӣ ва ба халқи бародари Қатар саодатмандӣ орзу карданд.
Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо доираи сармоягузорию молиявии Давлати Қатар баргузор шуд. Чорабиниро раиси Иттиҳоди робитаи сармоядорон ва соҳибкорони Давлати Қатар Шайх Файсал бин Қосим Оли Сонӣ ифтитоҳ намуда, ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сухан дод. Сарвари давлати Тоҷикистон баргузории мулоқотро имконияти мусоиди муаррифии бештари роҳу самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои дуҷониба ва ҷалби сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон арзёбӣ карда, дар ҳузури намояндагони сершумори доираи молиявию сармоягузории Давлати Қатар бо нутқи пурмуҳтаво баромад намуданд. Сипас, доир ба имкониятҳои фарохи сармоягузорӣ ба бахшҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон, аз ҷумла дар бахшҳои гидроэнергетика ва нефту газ, саноат, истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, истеҳсол ва коркарду содироти маҳсулоти кишоварзӣ, алюминий, бонкдорӣ ва системаи бонкӣ, сайёҳӣ ва ғайра муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев муаррифиномаи муфассал пешкаш намуд.
Дар анҷом миёни намояндагони доираи молиявию сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар мулоқоти судманд баргузор шуд ва Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ байни биржаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар ба имзо расид.
www. president. Tj