15 майи соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Давлати Кувайт сафар кард.
Дар фурудгоҳи байналмилалии пойтахт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
15 майи соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди Давлати Кувайт шуд.
Дар толори махсуси фурудгоҳи байналмилалии амирии пойтахти ин кишвар — шаҳри Ал-Кувайт Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Амири Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ истиқбол гирифт. Барои истиқболи меҳмони олимақом дар фурудгоҳи байналмилалии Ал-Кувайт, ҳамчунин Валиаҳди Давлати Кувайт Навоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ, раиси Парлумони Давлати Кувайт Марзуқ Алӣ Муҳаммад Сунён ал-Ғонӣ, муовини аввали Сарвазир, вазири корҳои хориҷӣ шайх Сабоҳ ал-Холид ал-Ҳамад ас-Сабоҳ, мушовири Девони Амир Муҳаммад Зайдулло Шарор, ашхоси аршади Девони Амирӣ ва роҳбарияти олирутбаи Горди фахрии амирӣ ҳузур доштанд.
Маросими истиқболи расмӣ бахшида ба сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувайт дар толори бузурги фурудгоҳи байналмилалии Ал-Кувайт баргузор гардид.
Баъди пазироии гарму самимии меҳмони олимақом Амири Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ баробари ба толори бошукӯҳ ворид шудан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба болои шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват кард.
Ба ин муносибат дар толор ҷузъҳои Горди фахрии амирӣ ва оркестри асбобҳои нафасии амирӣ ва ҳайатҳои расмии ду ҷониб саф оростанд.
Пас аз садо додани сурудҳои миллии ду давлат фармондеҳи Горди фахрии амирӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гузориш дод.
Зимни гузаштан аз назди ҷузъҳои Горди фахрии амирӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷониби Парчами давлатии Кувайт арзи эҳтиром ба ҷо овард.
Дар ҳамон ҷо Эмомалӣ Раҳмон ва Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ бо ҳайати расмии Тоҷикистону Кувайт шинос шуданд.
Хотиррасон бояд намуд, ки Давлати Кувайт аввалин кишвари арабиест, ки Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1995 ба он сафар кард.
Нахустин ҳуҷҷатҳои қарордодию ҳуқуқии ҳамкории миёни Тоҷикистону Кувайт ба имзорасидаро ташвиқ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ, оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, савдо, илм ва техника, дар соҳаи иттилоот ва доир ба машваратҳои сиёсӣ ташкил медоданд.
Баъди шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ҳар ду кишвар маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷом ёфт.
Дар доираи сафари расмӣ ба Давлати Кувайт Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ ва дигар роҳбарони воломақоми ин кишвар мулоқот анҷом дод. Аз рӯи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ, инчунин шаш санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.