Сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Индонезия

№103-104 (3583-3584) 03.08.2016

31 июли соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ва барои иштирок дар Форуми XII умумиҷаҳонии иқтисодии исломӣ ба шаҳри Ҷакартаи Ҷумҳурии Индонезия сафар кард.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ­Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Қоҳир Расулзода, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Азамшо Шарифӣ, вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири саноат ва технологияҳои нав Шавкат Бобозода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Қодири Қосим, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Ҷамшед ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ карданд.

Хотиррасон менамоем, ки ин боздиди сеюми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Индонезия мебошад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин маротиба соли 2003 ба ин кишвар сафари давлатӣ намудааст. Зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Индонезия 7 санади ҳамкорӣ ба имзо расидааст, ки заминагузори рушди муносибатҳои дуҷонибаи ду давлати бо ҳам дӯсту бародар мебошанд.

Субҳи якуми августи соли 2016 муқарарароти расмии истиқболи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни Қасри Истиқлолияти Ҷумҳурии Индонезия баргузор шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Индонезия Ҷоко Видодо самимона истиқбол гирифта, ба шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват намуд.

Ба муносибати ташрифи меҳмони олиқадр ҷузъу томҳои Горди фахрӣ, оркестри асбобҳои нафасии Индонезия ва ҳайатҳои расмии ҳар ду ҷониб саф оростанд.

Пас аз садо додани сурудҳои миллии ду давлат ва 19 шиллик аз тӯпхонаҳо, фармондеҳи Горди фахрӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузориш дод.

Зимни гузашт аз назди ҷузъу томҳои Горди фахрӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон эҳтироми Парчами давлатии Ҷумҳурии Индонезияро ба ҷо овард.

Баъди шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ҳар ду кишвар маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷом ёфт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори музокироти Қасри Истиқлолияти Ҷумҳурии Индонезия дар китоби меҳмонҳои фахрӣ соядаст гузошт.

Якуми августи соли 2016 баррасии масоили рушду густариши ҳамкорӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Индонезия дар мулоқоти хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Индонезия Ҷоко Видодо оғоз гардида, дар музокироти васеи ҳайатҳои расмии ҳукуматҳои ҳар ду кишвар идома ёфт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки Тоҷикистон ба густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкории судманд бо кишварҳои исломӣ ва минтақаи Осиёи Ҷануби Шарқӣ аҳамияти хоса дода, рушду таҳкими муносибатҳои дуҷонибаро бо бузургтарин кишвари исломӣ – Ҷумҳурии Индонезия дорои аҳамияти муҳим меҳисобад.

Аз вазъи кунунии робитаҳои сиёсии ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда шуд ва наздикию мувофиқати мавқеъ ва назарҳои ҷонибҳо нисбат ба масъалаҳои калидии байналмилалӣ пояи мустаҳкаму боэътимоди тавсеаи ҳамкорӣ дар арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн маънидод гардид.

Тавре таъкид шуд, ҳаҷми савдои хориҷӣ ва гардиши мол байни Тоҷикистону Индонезия шаҳодат аз он медиҳад, ки иқтидору имкониятҳои мавҷудаи ҳамкорӣ дар арсаи тиҷорат, иқтисод ва сармоягузорӣ то ҳол дар шакли матлуб ва самаранок истифода нашудаанд.

Ҷиҳати мусоидат ба рушди ҳамкорӣ дар ин соҳаҳо фаъолгардонии кори Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Индонезия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, техникӣ ва илмӣ ва мунтазам гузаронидани ҷаласаҳои сатҳу зинаҳои гуногуни ин комиссия зарур шуморида шуд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки баъди баргузории ин гуна машварату муколамаҳои сатҳи баланди сиёсӣ дар оянда иштироки ҷониби Индонезия дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги сармоягузории Тоҷикистон афзун гардида, шароити мусоиди ҷалби сармоя ва технологияҳои навини Индонезия дар ташкили корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон фароҳам оварда мешавад.

Таҳкиму тавсеаи робитаҳои ду давлат дар соҳаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, кишоварзӣ ва коркарди маҳсулоти он, рушди туризми кӯҳӣ ва истихроҷи захираҳои канданиҳои фоиданок, ки имконоти Тоҷикистон дар ин соҳаҳо хеле бузург мебошад, аз самтҳои дигари муҳими муштаракоти тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Индонезия арзёбӣ шуд.

Дар ин замина, ҳамчунин аз ҷониби сарони ду давлат барои густариши ҳамкории дуҷонибаи иқтисодӣ дар таъсиси корхонаҳои муштарак оид ба истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ ва либосворӣ, истихроҷи ангиштсанг ва бунёди неругоҳҳои хурду миёнаи барқи обӣ ҳамчун самтҳои наву ояндадори ҳамгироии дуҷониба таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Дар музокироти сатҳи олӣ, ҳамчунин масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон бо Индонезия дар соҳаҳои илму маориф ва фарҳанг мавриди муҳокима қарор дода шуд. Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вусъат додани ҳамкориҳои фарҳангӣ бо Ҷумҳурии Индонезия ҳавасмандӣ зоҳир намуда, баргузории намоишгоҳ ва барномаи фарҳангии Индонезияро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тирамоҳи соли 2012 ва ба роҳ мондани муколамаи васеи ходимони илму адаби ҳар ду ҷонибро иқдоми муҳиме дар роҳи ба сатҳу сифати нав баровардани муносибатҳои фарҳангӣ медонад. Идомаи ҳамкорӣ дар соҳаи илму маориф дар чаҳорчӯби Барномаи Дармасисва (Барномаи омӯзишии бурсиявӣ барои хориҷиён) ва бештар ба таҳсилоти олии касбӣ фаро гирифтани шаҳрвандони Тоҷикистон дар Индонезия низ дар шароити кунунӣ амали барои ҳар ду ҷониб мафиатбор арзёбӣ шуд.

Ҳар ду ҷониб, ҳамзамон омодагию ҳавасмандии худро дар мубориза ба муқобили терроризми байналхалқӣ ва мусоидат ба истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон дар асоси дуҷониба ва ҳам дар доираи созмонҳои байналмилалӣ таъкид намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар поёни музокироти ҳайатҳои расмӣ Президенти Ҷумҳурии Индонезия Ҷоко Видодоро даъват намуд, ки дар вақти барояшон мувофиқ ба Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом диҳад. Даъват бо камоли майл пазируфта шуд.

Баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Индонезия Ҷоко Видодо маҷмӯи санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расида, ­Эъломияи муштарак байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Индонезия қабул гардид.

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Индонезия оид ба бекор намудани раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ аз ҷониби вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Индонезия бо имзо қонунӣ гардонида шуд.

Ҳамчунин, Ёддошти тафоҳум байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Индонезия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таълим ва бозомӯзии кадрҳои дипломатӣ, Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии миллии мубориза бар зидди терроризми Ҷумҳурии Индонезия дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза алайҳи терроризм, Ёддошти тафоҳум байни Департаменти мониторинги молиявии Бонки миллии Тоҷикистон ва Маркази гузоришҳои трансаксионии молиявӣ ва аналитикии Индонезия дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи маълумотҳои молиявии кашшофии вобаста ба шустушӯйи маблағҳо ва маблағгузории терроризм ба имзо расид.

Баъди анҷоми расмиёти имзои санадҳои дуҷониба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Индонезия Ҷоко Видодо дар ҳузури намояндагони воситаҳои ахбори омма бо изҳороти матбуотӣ баромад карда, натиҷаҳои музокироту мулоқотҳои дуҷониба ва имзои санадҳои нави ҳамкориро дар раванди муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Индонезия пурарзиш маънидод намуданд.

Нимаи дуюми 1-уми август дар шаҳри Ҷакарта Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷмааи ёдгории оромгоҳи қаҳрамонҳои миллии Индонезия «Калибата» гулчанбар гузошт.

Эмомалӣ Раҳмон дар маросими гиромидошти шаҳидони роҳи озодӣ бо лаҳзаи хомӯшӣ хотираи қаҳрамонҳои миллии Индонезияро, ки мадфанашон дар ин ҷо аст, ёд карда, дар китоби хотироти меҳмонони олиқадр соядаст гузошт.

Оромгоҳи қаҳрамонҳои миллии Индонезия «Калибата» дар Маҷмааи ёдгориҳои Ҷакарта ҷойгир буда, оромгоҳи ҳарбӣ маҳсуб мешавад ва ба хотираи қурбониёни муборизаҳои озодихоҳии Индонезия барои ба даст овардани истиқлолият аз Нидерландия дар солҳои 1945-1949 бунёд шудааст.

Дар оромгоҳ наздик ба 7 ҳазор нафар, аз ҷумла шахсиятҳои намоёни сиёсӣ, низомӣ ва ҷамъиятии Индонезия дафн карда шудаанд.

 

Дуюми августи соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маркази ҳамоишҳои Ҷакарта дар Форуми XII умумиҷаҳонии иқтисодии исломӣ иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар кори ин чорабинии бузурги байналмилалӣ, ҳамчунин сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои Индонезия, Гвинея, Малайзия, Бангладеш, Шри Ланка, намояндагони воломақоми ҷумҳуриҳои Алҷазоир, Шоҳигарии Ҳошимии Урдун, Камбоҷа, Нигерия ва роҳбарону коршиносони варзидаи ташкилоту созмонҳои бузурги минтақавию ҷаҳонӣ иштирок доштанд.

Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон зимни суханронии худ, аз ҷумла баргузории Форуми умумиҷаҳонии иқтисодии исломиро иқдоми муҳим барои муҳокимаи созандаи ҷанбаҳои мухталифи раванди рушд ва дигар масъалаҳои мубрами иқтисодию иҷтимоии ҷаҳони муосир маънидод кард.

Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, вазъи ҷаҳони имрӯза зудтағйирёбанда буда, бар асари чолишҳои нави ҷаҳонӣ ва афзоиши омилҳои зиёди сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ суботи бозорҳои минтақаҳои олам халалдор ва суръати рушди иқтисодиёт паст шуда истодааст.

- Аз ин лиҳоз, -таъкид кард Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, — чунин вазъи ҳассос моро водор менамояд, ки пайгирона дар ҷустуҷӯйи ташаббусҳои тозаву роҳҳои муассири истиқрори суботи фарогир ва ба ин манзур таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳоямон бошем.

Вазифаи умумии мост, ки замина ва механизмҳои нави ҳамкории самарабахши ҷавобгӯ ба манфиату ормонҳои мардумонамонро пайдо намуда, татбиқи онҳоро ба роҳ монем, — изҳор дошт Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Бо ёдоварӣ аз тадбирҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар таъмини пешрафти соҳаи соҳибкорӣ ва фароҳам овардани муҳити мусоиди сармоягузорӣ Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки «дар чунин шароит Тоҷикистон пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки робитаҳои иқтисодиву тиҷоратии худро бо ҳамаи мамлакатҳои дӯст ва шарикони рушд, ҳамчунин созмону муассисаҳои минтақавию байналмилалӣ тақвият бахшида, ба рушду тараққиёти бештару хубтар ноил гардад».

Тавре таъкид гардид, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори ҳамшарикии зич бо кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла олами ислом буда, хоҳони ҳамкории васеъ ва воқеӣ бо онҳо дар соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, беҳтаргардонии кори минтақаҳои озоди иқтисодӣ, сармоягузорӣ, роҳу нақлиёт, коркарди маъданҳои кӯҳӣ, энергетика, кишоварзӣ, кӯҳнавардӣ, туризми кӯҳӣ ва экологию солимгардонӣ мебошад.

Ба андешаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мусоидат ба ҳамгироии бештару васеъ, фаъол гардонидани дастгирии ҳамдигар, таҳкими ҳамкории мутақобилан судманд, тавсеаи тиҷорат ва сармоягузорӣ аз ҷумлаи самтҳое мебошанд, ки барои мо бояд дар сатҳи ҳадафҳои стратегӣ қарор дода шаванд.

Дар кори Форум, ҳамчунин роҳбарони давлату ҳукуматҳои гуногун, роҳбарият, намояндагон ва коршиносони варзидаи дигар ташкилоту созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ суханронӣ намуданд.

Пас аз анҷоми кори Форуми XII умумиҷаҳонии иқтисодии исломӣ дар Маркази ҳамоишҳои Ҷакарта Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сарони давлатҳову ҳукуматҳо ва дигар иштирокчиёни ҳамоиш барои хотира акс гирифта, дар ҳамон ҷо намоишгоҳи Форуми XII умумиҷаҳонии иқтисодии исломиро тамошо карданд.

www.president.tj