Сафари расмии Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ба Тоҷикистон

№42 (4782) 05.04.2024

53630878611_bc0845e2c4_oЧоруми апрели соли 2024 Пешвои миллии халқи туркман — Раиси Халқ Маслиҳатии Турк­манистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом дар майдони Маҷмааи давлатии «Қасри миллат», ки ба хотири пазироӣ ба таври идона оро ёфта буд, баргузор гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Пешвои миллии халқи туркман — Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедовро самимона истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд.

Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ҳар ду кишвар, гузаш­тан аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ҳар ду ҷониб ҷараён гирифта, бо қадамзании мутантан ва гузашти ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди ду пешвои миллӣ анҷом ёфт.

Чоруми апрели соли 2024 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат», пас аз анҷоми маросими истиқболи расмӣ, музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Туркманис­тон дар доираи сафари расмии Пешвои миллии халқи туркман — Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманис­тон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

53632026894_e3dd4f3688_oДар ҷараёни мулоқоту музокироти хоса ва бо иштироки ҳайатҳои расмӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ва Пешвои миллии халқи турк­ман — Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ тамоми ҷанбаҳои муносибатҳои байнидавлатии ҳар ду кишварро баррасӣ намуда, атрофи ­масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор карданд.

Дар оғози мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олимақом муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедовро ба Ҷумҳурии Тоҷикис­тон хайра мақдам гуфтанд.

Зимни вохӯрӣ аҳамияти идомаи муколамаи мунтазами сиёсӣ дар ҳама сатҳҳо таъкид шуда, рушди минбаъдаи фаъоли муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ба манфиати ҳар ду ҷониб муҳим номида шуд.

53631690541_14f9323e12_oҶонибҳо зимни суҳбати самимӣ масъалаҳои рушду гус­тариши робитаҳо дар соҳаҳои ояндадори нафту газ, химия ва металлургия, кооператсияи саноат, кишоварзӣ ва нақлиёту боркашониро муҳокима намуданд. Густариши равобити байниминтақавӣ тавассути тавсеаи ҳамкориҳои байни субъектҳо ва роҳандозии робитаҳои бародаршаҳрии байни шаҳрҳои ҳар ду кишвар муҳим дониста шуд. Дар мулоқот, ҳамчунин, масоили таҳкими ҳамкориҳои фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ шуда, доир ба ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ва дастгирии минбаъдаи ташаббусҳои глобалии якдигар мубодилаи афкор сурат ­гирифт. Ба ­масъалаҳои таъмини амнияти минтақа ва таҳкими ҳамкориҳои сохторҳои дахлдори ҳар ду кишвар, аз ҷумла дар мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Ҳамчунин, оид ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯи судманд сурат ­гирифт.

Баъд аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Туркманис­тон дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон ва Пешвои миллии халқи туркман — Раи­си Халқ Маслиҳатии Туркманис­тон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.

53630114807_78a9e36ea0_oЗимнан санадҳои зерин ба имзо расиданд:

- Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон барои солҳои 2024-2025;

- Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони хизмати дип­ломатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Донишкадаи муносибатҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон;

- Созишнома байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанди вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳокимлики шаҳри Аркадаги Туркманистон дар бораи ба роҳ мондани муносибатҳои бародаршаҳрӣ;

- Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни Кумитаи меъморӣ ва сохтмони наз­ди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Вазорати сохтмон ва меъмории Турк­манистон;

- Ёддошти тафоҳум байни Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Институти сейсмология ва физикаи атмосфераи Академияи илмҳои Туркманистон.

Чоруми апрел дар доираи сафари расмии Пешвои миллии халқи туркман — Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори бошукӯҳи Кохи Борбад барномаи фарҳангии ходимони санъати Тоҷикистон ва Туркманистон таҳти унвони «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид.

Дар чорабинии фарҳангӣ Сарвари давлати Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ва меҳмони олимақом муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов иштирок карданд.

Бояд гуфт, ки баргузории консерти устодони санъати Тоҷикистон ва Туркманис­тон таҳти унвони «Шоми дӯстӣ» намунаи беҳтарини ҳамкории фарҳангӣ, идомаи анъанаи неки муносибатҳои дӯстӣ, бародарӣ ва омили муҳими рушду густариши робитаҳои гуногунҷанба ба манфиати мардумони ҳар ду кишвар мебошад.

Консерти ҷаззоби «Шоми дӯстӣ» бо барномаи рангину пурмуҳтавои аҳли фарҳангу санъати ҳар ду кишвар, ки тараннумгари дӯстии мардумони Тоҷикистону Туркманистон мебошад, хушу хотирмон ҷараён гирифт.

5-уми апрел дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Пешвои миллии халқи туркман — Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманис­тон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов мулоқот карданд.

Зимни вохӯрии самимӣ натиҷаҳои мулоқоту музокирот дар доираи сафари расмии Пешвои миллии халқи туркман ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пазироӣ ва меҳмоннавозии гарму самимӣ изҳори сипос карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори умед намуданд, ки натиҷаҳои ташрифи расмӣ ва имзои санадҳои нави ҳамкорӣ дар доираи ин сафар барои таъмиқи муносибатҳои дӯстию ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон заминаи мусоид фароҳам меорад.

Дар мулоқот ҷонибҳо, ҳамчунин, оид ба дигар мавзуъҳои ҳамкориҳои барои ҳар ду кишвар судовар табодули андеша карданд.

 5-уми апрел Пешвои миллии халқи туркман — Раи­си Халқ Маслиҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов баъди анҷоми сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳри Душанбе ба ватан баргашт.

Бо нишони эҳтирому сами­мияти баланд меҳмони ­олиқадрро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон гусел карданд.

www.prezident.tj