9 марти соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Арабии Миср сафар карданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Зимни сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, маориф ва илм, кишоварзӣ, раисони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Палатаи савдо ва саноат, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақил ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ карданд.
9 марти соли 2022 дар Фурудгоҳи байналмилалии Қоҳира меҳмони олиқадр Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҳукумати Ҷумҳурии Арабии Миср самимона истиқбол гирифтанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ нахуст дар минтақаи Ал — Ханкаи Ҷумҳурии Арабии Миср корхонаҳои саноатии «Ҷипто фарма» ва «Ти энд Сӣ Гарментс» («T&C Garments») — ро аз назар гузарониданд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки «Ҷипто фарма» яке аз бузургтарин корхонаҳои истеҳсоли дору дар Ховари Миёна ба ҳисоб рафта, қудрати истеҳсоли ҳама навъи доруҳои табобатиро дорад ва яке аз калонтарин ширкатҳои истеҳсолӣ дар ҷаҳон мебошад.
Баъди шиносоӣ бо фаъолияти корхонаи дорусозӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини соҳаҳои саноату тандурустӣ ва ширкати дорусозии мисрӣ оид ба рушди ҳамкорӣ, имконияту захираҳои табиати нотакрори Тоҷикистон, аз ҷумла гулу гиёҳҳои шифобахши кишвар, суҳбати созанда доир карданд.
Сипас, дар минтақаи саноатии Ал-Ханка Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти корхонаи «Тӣ энд Сӣ Гарментс» («T&C Garments») шинос шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи «Тӣ энд Сӣ Гарментс» ширкати муштараки саноатӣ доир ба истеҳсоли матоъ ва дӯхти сарулибосҳои навъи ҷинс мебошад.
Он аз ҷониби ширкатҳои мисрии «Толба Груп» ва «Тай Груп»-и Туркия соли 2010 таъсис ёфта, 4 ҳазор коргар дорад. Дар ҳамон ҷо пас аз шиносоӣ бо фаъолияти корхона ва иқтидори истеҳсолии он Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияти корхона оид ба фазои мусоиди сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, таъсиси ширкатҳои муштараки саноатӣ — истеҳсолӣ, иқтидору имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, баҳрабардорӣ аз неъматҳои табиии кишвар, аз ҷумла пахта, нахи пахта ва матоъҳои босифат, суҳбати самимӣ доир намуданд.
Ҳамчунин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Арабии Миср аз Осорхонаи миллии тамаддуни Миср боздид ба амал оварданд.
Осорхонаи миллии тамаддуни Миср дар шаҳраки Фустати шаҳри Қоҳира дар масоҳати 13 гектар ҷойгир буда, дорои панҷоҳ ҳазор нигора мебошад. Он, дар баробари ба маъраз гузоштани дастовардҳои Миср дар бахшҳои гуногуни зиндагӣ, аз ибтидои таърих то замони муосир ва аз марҳилаҳои рушди тамаддуни Миср нақл мекунад.
Корҳои таъсиси Осорхонаи миллии тамаддуни Миср бо иқдоми ЮНЕСКО дар доираи ташаббуси байналмилалӣ ҷиҳати таъсиси Осорхонаи миллии тамаддун ва Осорхонаи Нуба дар Асвон пас аз ковишҳои бостоншиносӣ соли 2000 оғоз ёфта, сохтмони бино соли 2021 ба итмом расид. Маросими ифтитоҳ бо чорабинии муҳташами байналмилалии «Паради Мумиҳо» баргузор гардид.
Нигораҳои осорхона дар 9 толор, аз ҷумла намоишгоҳи асосии доимӣ оид ба муҳимтарин дастовардҳои тамаддуни Миср, бо шаш намоишгоҳи мавзӯӣ, аз қабили «Субҳи тамаддун», «Дарёи Нил», «Навиштаҷот», «Давлат ва ҷомеа», «Фарҳанг», «Эътиқод ва ғояҳо» ва намоишгоҳи мумиҳои подшоҳӣ ҷойгир шудааст.
Осорхона дорои маконҳои калони муваққатии намоишӣ, толор ва маркази таълим ва тадқиқот, инчунин намоишгоҳи марбут ба рушди шаҳри Қоҳираи Нав мебошад. Он ҳамчун макони баргузории чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла намоиши филмҳо, конфронсҳо ва чорабиниҳои фарҳангӣ, хизмат мекунад.
Дар толори асосии намоишгоҳи осорхона як қатор осори таърихӣ мавҷуд аст, ки дар бораи тамаддуни Миср аз давраҳои фиръавнӣ, юнонӣ, румӣ, қибтӣ, исломӣ ва давраи муосир ба тамошобин тасаввуроти васеъ медиҳанд.
Толори мумиёҳо меҳмононро бо фазои водии подшоҳон ошно месозад. Дар он 20 мумии подшоҳон, аз ҷумла 18 подшоҳ ва ду малика, аз сулолаҳои ҳабдаҳум то бистум маҳфуз аст. Муҳимтаринашон мумии шоҳ Секенен Ра Тао, шоҳ Тутмоси III, малика Хатшепсут, шоҳ Рамзес II ва шоҳ Рамзес III мебошанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди боздид аз Осорхонаи миллии тамаддуни Миср дар китоби меҳмонони фахрӣ бо орзуву таманниёти нек ҷиҳати рушду пешрафти кишвари дӯсти Ҷумҳурии Арабии Миср соядаст гузоштанд.
10 марти соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Арабии Миср бо нишони эҳтиром ба таъриху фарҳанг, тамаддун ва фарзандони баруманди он кишвар дар шаҳри Қоҳира назди муҷассамаи сарбози номаълум ва оромгоҳи собиқ Президенти марҳуми Миср Муҳаммад Анвар Содот гулчанбар гузошта, эҳтиром ба ҷо оварданд.
Зимни маросими гулчанбаргузорӣ сурудҳои миллии ҳар ду кишвар садо доданд.
Дар маросим Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҳукумати Ҷумҳурии Арабии Миср ҳамроҳӣ карданд.
10 марти соли 2022 маросими истиқболи расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди «Қасри Иттиҳодия»- и Ҷумҳурии Арабии Миср оғоз гардид.
Ба хотири истиқболи сазовори меҳмони олимақом Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдони «Қасри Иттиҳодия» бо парчамҳои давлатии ҳар ду кишвар идона оро ёфтанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср муҳтарам Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват карданд.
Дар майдони назди «Қасри Иттиҳодия» Горди фахрӣ саф ороста, сурудҳои миллии ҳар ду кишвар садо доданд. Чорабинӣ баъди шиносоии сарони давлатҳо бо ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Миср анҷом ёфт.
Баррасии масоили гуногунҷанбаи Тоҷикистону Миср дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср муҳтарам Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ оғоз гардида, зимни музокироти васеъ бо ҳайатҳои расмии ҳар ду кишвар идома ёфт.
Дар оғози мулоқот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Арабии Мисри дӯст самимона изҳори миннатдорӣ намуданд.
Зимни суҳбати хоса ва музокироти васеъ масъалаҳои муҳими муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Миср мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Таъкид гардид, ки мувофиқаҳои бадастомада барои ба сатҳи сифатан нав баровардани робитаҳои ҳар ду кишвар дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, илмиву техникӣ ва гуманитариву фарҳангӣ заминаи мусоид фароҳам хоҳанд овард.
Дар мулоқот робитаҳои байнипарламентӣ, ташкил ва тақвияти фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарламентӣ, ҷиҳати густариши ҳамкории фарогири дуҷониба муҳим арзёбӣ гардид. Ҳар ду ҷониб ҳавасмандиро оид ба тавсеаи бештари ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, саноату сармоягузорӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ, энергетика, нақлиёту коммуникатсия, истихроҷу коркарди маъдан, сайёҳӣ, инчунин, истифодаи имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ, иброз доштанд.
Таъкид гардид, ки ҷоннок кардани кори Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Миср оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ ва фаннӣ, баргузории Анҷумани соҳибкорону сармоягузорони Тоҷикистону Миср ва таъсиси Шӯрои соҳибкорони ҳар ду кишвар барои густаришу тавсеаи ҳамкорӣ дар самтҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва афзоиши ҳаҷми муомилоти тиҷоратӣ нақши муҳим хоҳад дошт.
Зимни мулоқот рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, тандурустӣ, дорусозӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар ин ҷода аз самтҳои ояндадори муносибатҳои миёни ҳар ду кишвар дониста шуд. Ҷонибҳо алоқамандиро ба тавсеаи ҳамкорӣ миёни минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистону Миср аз тариқи табодули таҷриба дар самти бунёд, идора ва густариши фаъолияти ин минтақаҳо ва таъсиси корхонаҳои муштарак дар ҳудуди онҳо изҳор намуданд.
Ҳар ду ҷониб дар заминаи арзишҳои муштараки таърихӣ ва фарҳангӣ, дар робита ба баргузории рӯзҳои фарҳанг дар кишварҳои якдигар, таҷлили муштараки ҷашнҳои бузургони адаб ва фарҳанги, оид ба роҳандозии робитаҳои судманд ва табодули таҷриба байни муассисаҳои илмӣ ва таълимии Тоҷикистону Миср ба мувофиқа расиданд.
Тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ бо истифода аз таҷриба ва имконоти мавҷудаи байни ҳар ду кишвар аз самтҳои дигару судовар дар муносиботи мамлакатҳо номида шуда, оид ба маҷмӯи масъалаҳои мубрами дорои хусусияти минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор анҷом ёфт.
Ҳар ду ҷониб бо ёдоварӣ аз мавқеи ҳамсон ё ба ҳам наздик дар масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ ҷонибдориро аз идомаи муносибатҳои шарикӣ дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, бо дарназардошти манфиатҳои муштарак, иброз намуданд.
Тоҷикистон ва Миср барои ҳамкориҳои судманд дар масоили марбут ба амнияти минтақавӣ, мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир омодагиро эълон доштанд. Густариши минбаъдаи ҳамкорӣ ҷиҳати мубориза бо терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир, киберҷиноятҳо, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва дигар хатарҳо, ки ба амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ таҳдид мекунанд, зарур дониста шуд.
Дар робита ба масъалаҳои амниятӣ атрофи роҳҳои ҳар чӣ зудтар поён ёфтани низоъҳо дар кишварҳои Ховари Миёна, Африқои Шимолӣ ва инчунин, Афғонистон табодули афкор сурат гирифт.
Дар рафти мулоқот масъалаҳои глобалии вобаста ба об ва тағйирёбии иқлим мавриди таваҷҷуҳи хоси ҷонибҳо қарор дошт.
Дар охири мулоқоту музокироти сатҳи олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср муҳтарам Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон муносиб бо сафари ҷавобии расмӣ аз Тоҷикистон боздид ба амал оваранд. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.
Баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Миср маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.
Дар ҳузури сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ панҷ санади нави танзимкунандаи муносибатҳои ҳамкории ҳар ду кишвар ба имзо расид:
- Ёддошти тафоҳум байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзӣ ва беҳдошти замини Ҷумҳурии Арабии Миср оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ;
- Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҷавонон ва варзиши Ҷумҳурии Арабии Миср;
- Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати таҳсилоти олии Ҷумҳурии Арабии Миср;
- Созишномаи бародарӣ ва дӯстӣ байни вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Ҷануби Синои Ҷумҳурии Арабии Миср;
- Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» ва Маркази мероси хаттии назди раёсати Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва китобхона ва бойгонии миллии Миср.
Пас аз анҷоми маросими имзои санадҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср муҳтарам Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ доир карда, натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олиро барои тавсеаи муносибатҳои ҳамкорӣ неку назаррас арзёбӣ намуданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар шаҳри Қоҳира, инчунин, бо Сарвазири Ҷумҳурии Арабии Миср Мустафо Мадбулӣ мулоқот карданд.
Зимни он ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ гардид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат барои пазироии самимӣ изҳори сипос намуданд.
Ҷонибҳо омодагиро ҷиҳати таҳкими ҳар чӣ бештари ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, саноат, кишоварзӣ, коммуникатсия, сайёҳӣ, илму маориф, тандурустӣ ва дар дигар бахшҳои гуманитариву фарҳангӣ изҳор доштанд.
Тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногуни саноат, бахусус нассоҷӣ, дорусозӣ, коркарди нахи пахта ва чарм, истихроҷу коркарди маъданҳо, сангҳои қиматбаҳову нимқиматбаҳо, аз самтҳои ояндадору барои ҷонибҳо судовар номида шуд.
Ҷонибҳо оид ба таҳкиму тавсеаи муносибатҳои ҳамкорӣ дар самти сармоягузорӣ, афзоиши ҳаҷми гардиши мол, ҳамкории байнибонкӣ, амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ ва обёрӣ, рушди сайёҳӣ, саноати дорусозӣ ва дигар самтҳо табодули афкор намуданд. Рушду густариши ҳамкорӣ дар соҳаи илму маориф ва фарҳанг, тавсеаи робитаҳо дар соҳаҳои иҷтимоиву гуманитарӣ, ба мисли тандурустӣ, дорусозӣ, кор бо ҷавонон, таҳкими робитаҳо миёни воситаҳои ахбори оммаи ҳар ду кишвар ба манфиати кор номида шуд.
Дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Арабии Миср мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо доираи соҳибкорону сармоягузорон ва роҳбарони ширкатҳои он кишвар низ баргузор шуд.
Дар оғози чорабинӣ мудири кулли мақомоти сармоягузорӣ ва минтақаҳои озоди Миср Муҳаммад Абдул Ваҳоб, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Саъдӣ, Сарвазири Ҷумҳурии Арабии Миср Мустафо Мадбулӣ суханронӣ карданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани соҳибкорону сармоягузорони Тоҷикистону Миср, ки бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Арабии Миср Мустафо Мабдулӣ баргузор гардид, суханронӣ намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқотро иқдоми муҳим дар самти рушду таҳкими ҳамкории судманди тиҷоратию иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арабии Миср арзёбӣ намуда, барои доираи васеи намояндагони соҳибкорию молиявии Миср имкониятҳои фарохи ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ дар Тоҷикистонро муаррифӣ намуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Ҳукумати Тоҷикистон баҳри беҳтар намудани фазои сармоягузории кишвар пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад. Ҳоло дар кишвар зиёда аз 90 лоиҳаи сармоягузорӣ бо маблағи беш аз 4 миллиард доллари амрикоӣ амалӣ шуда истодааст.
Қонунгузории амалкунандаи мо барои сармоягузорон беш аз 240 номгӯи кафолату имтиёзҳо, аз ҷумла зиёда аз 110 имтиёз ва сабукиҳои андозиву гумрукиро муқаррар намудааст. Узвияти кишвари мо дар Созмони умумиҷаҳонии савдо ва як қатор конвенсияҳои байналмилалӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи сармоягузорон низ шаҳодати мутобиқ будани қонунгузории он ба меъёрҳои байналмилалӣ мебошад.
Ҳамчунин, қайд гардид, ки Тоҷикистон то ҳол бо сохторҳои молиявии байналмилалӣ ҳамкории пурсамарро ба роҳ монда, бо 110 давлати дунё робитаҳои иқтисодӣ дорад. Ҳоло кишвари мо дорои иқтисоди бисёрсоҳавии рушдёбанда буда, дар он ҳама шароити зарурӣ ва фазои муносиб барои пешбурди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ фароҳам оварда шудааст.
Таҳия ва татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои саноати сабуку хӯрокворӣ, металлургия, кимиё, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва дорусозӣ бо ворид намудани технологияҳои муосир ва тавассути коркарди пурраи захираҳои ашёи хоми кишвар, аз ҷумла канданиҳои фоиданок, маҳсулоти кишоварзӣ ва рустаниҳои шифобахш, барои Тоҷикистон дорои хислати афзалиятнок номида шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки бо дарназардошти ҳадафҳои стратегии кишвар, мо ба татбиқи лоиҳаҳои судбахш дар соҳаҳои гидроэнергетика, иртибототу нақлиёт, кишоварзӣ, алоқа ва бунёди инфрасохтори сайёҳӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоем. Ҳоло барои истифодаи ҳар чӣ бештари иқтидорҳои саноатӣ ва афзоиш додани коркарди ашёи хоми ватанӣ, аз ҷумла нахи пахта ва алюминийи аввалия то маҳсулоти ниҳоӣ, як қатор имтиёзҳо пешбинӣ шуда, ҷиҳати рушди ин соҳаҳо аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон барномаҳои махсус қабул гардидаанд.
Дар Тоҷикистон алҳол панҷ минтақаи озоди иқтисодӣ фаъолият мекунад. Дар онҳо барои сармоягузорону соҳибкорони хориҷӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Аз соҳибкорони мисрӣ даъват карда шуд, ки дар пешбурди фаъолияти истеҳсолии ин минтақаҳо босамару фаъолона иштирок намоянд.
Зимни суханронӣ дар Анҷумани соҳибкорону сармоягузорони Тоҷикистону Миср Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба захираҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон, сарватҳои бои зеризаминӣ, кони маъданҳои фоиданок, металлҳо, сангҳои қиматбаҳо, табиати зебо, иқлими мусоиди кишти сабзавот, парвариши меваҳои хушсифату хушлаззати аз лиҳози экологӣ тоза андешаронӣ карда, аз соҳибкорон даъват ба амал оварданд, ки аз имкониятҳои сармоягузорӣ дар ин самтҳо истифода баранд.
Таъкид гардид, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷудаи табиӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои истеҳсоли доруворӣ, чорводорӣ ва соҳаи занбӯриасалпарварӣ, коркард ва содироти меваю сабзавот ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ, ҳамчунин, оби баландсифати нӯшокӣ бо мақсади баровардани маҳсулот ба бозорҳои Ховари Наздик ва Ховари Миёна барои шарикони мисрӣ аз лиҳози иқтисодӣ фоидаовар хоҳад буд.
Тоҷикистон аз лиҳози захираҳои оби ошомиданӣ ва намаки ошӣ дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол мекунад. Ҳукумати Тоҷикистон омода аст, ки пешниҳодоти асосноки сармоягузорони мисриро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаҳои мазкур дастгирӣ намояд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон доир ба Тоҷикистон, табиати нотакрори он, ёдгориҳои беназири таърихиву фарҳангӣ ва дигар имкониятҳои соҳаи сайёҳӣ, махсусан, туризми кӯҳӣ, изҳори андеша карда, таъкид доштанд, ки қаторкӯҳҳои зебои Тоҷикистон, ки мисли аҳромҳои мисрӣ кишвари моро зеб медиҳанд, шаршараҳои оби мусаффо ва дигар манзараҳои беназир сайёҳонро ҳар сол барои дидор ба Тоҷикистон ҷалб менамоянд, шумораи онҳо сол то сол афзоиш меёбад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки рушди муносибатҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун ва истифодаи имкону захираҳо барои мардуми ҳар ду кишвар судовар хоҳад буд.
Аз соҳибкорон ва сармоягузорони Ҷумҳурии Арабии Миср даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати шиносоии наздик ва ба роҳ мондани ҳамкории зичу барои ҷонибҳо судманд, таъсис додани ширкатҳои муштараки Тоҷикистону Миср дар самтҳои гуногун ба Тоҷикистон ташриф оварда, дар татбиқи лоиҳаҳое, ки аз лиҳози иқтисодӣ фоидаи зиёд меоранд, иштирок намоянд.
Дар анҷоми мулоқот имкониятҳои иқтисодии Тоҷикистон муфассал муаррифӣ гардида, миёни аъзои ҳайати расмии Тоҷикистон ва намояндагони доираи тоҷирону сармоягузорони Миср мубоҳисаи судманд баргузор шуд.
Аз рӯи натиҷаҳои кори Анҷумани соҳибкорону сармоягузрони Тоҷикистону Миср 11 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Арабии Миср, инчунин, бо Раиси Сенати он кишвар Абдулваҳҳоб Абдуррозиқ мулоқот карданд.
Дар рафти он масоили ҳамкории дуҷонибаи кишварҳо, бахусус дар доираи робитаҳои байнипарлумонӣ, баррасӣ гардиданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки ҷониби Тоҷикистон Ҷумҳурии Арабии Мисрро шарики муҳим дар арсаи байналмилалӣ, дунёи араб ва ҷаҳони ислом дониста, густариши минбаъдаи равобити дӯстона ва ҳамкории судмандро бо он ба нафъи мардуми ҳар ду кишвар меҳисобад.
Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба рушди тамосҳои мунтазами байнидавлатӣ, тавсеаи амалии робитаҳои дуҷонибаи кишварҳо, аз ҷумла дар самти робитаҳои парламентӣ, табодули афкор намуданд.
Аз ҳамкории байнипарламентии ҳар ду кишвар, фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарламентии Тоҷикистону Миср ва робитаи сохторҳои парламентии кишварҳо дар раванди эҷоди эътимод, таҳкиму тавсеаи робитаҳои гуногунҷанба ва ташаккули заминаи ҳуқуқӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Робитаҳои парламентӣ яке аз омили муҳими густариши самтҳои гуногуни ҳамкории Тоҷикистону Миср, аз ҷумла дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ ва амниятӣ, номида шуд.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати рушди инфрасохтор ва саноати туризм, робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ, аз ҷумла илмиву маърифатии байни ҳар ду кишвар, таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистону Миср дар донишгоҳҳои якдигар, изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Ҷонибҳо, ҳамчунин, зимни вохӯрӣ оид ба рушди муносибатҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла таъмини амният дар минтақа ва ҷаҳон, гуфтугӯи судманд анҷом доданд.
Дар охири мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Раиси Сенати Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулваҳҳоб Абдуррозиқ даъват карданд, ки аз Тоҷикистон боздид ба амал орад. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Арабии Миср, ҳамчунин, ба Донишгоҳи Қоҳира ташриф оварда, дар назди устодону донишҷӯён суханронӣ намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ректори донишгоҳ доктор Муҳаммад Усмон ал — Хошт ва дигар омӯзгорону кормандони он самимона истиқбол гирифтанд.
Дар толори донишгоҳ нахуст бо суханронии муқаддимавӣ вазири маълумоти олӣ ва тадқиқотҳои илмии Ҷумҳурии Арабии Миср Холид Абдуғаффор ва ректори донишгоҳ Муҳаммад Усмон ал — Хошт баромад карданд.
Бо қарори Шӯрои илмиву таълимии Донишгоҳи Қоҳира барои саҳми арзанда дар таҳкими муносибатҳои дӯстию ҳамкориҳои Тоҷикистону Миср, рушду густариши робитаҳои илмӣ, амниятӣ, гуманитариву фарҳангӣ ва бахусус ташаббусҳои глобалӣ дар соҳаи обу иқлим ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унвони «Доктори фахрӣ» супорида шуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди устодону донишҷӯён суханронӣ карда, нахуст барои қадршиносӣ ба роҳбарияти донишгоҳ изҳори сипос намуданд.
Зимни суханронӣ Сарвари давлат аз робитаҳои дӯстии мардуми ҳар ду кишвар, анъанаҳои ғановатманди таърихии Тоҷикистону Миср, андешаронӣ карда, изҳор доштанд, ки мо метавонем дар заминаи анъанаҳои шуҳратманди гузаштагонамон ва бо такя ба дастовардҳои илмиву техникии муосир ҳамкориҳои барои ҳар ду ҷониб судмандро роҳандозӣ намоем ва густариш бахшем.
Зимни баромад дар назди устодону донишҷӯён Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таърихи навини давлатдории тоҷикон, соҳибистиқлол шудани давлату миллати тоҷик, сарнавишти сахту сангини кишвар дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, таҷрибаи сулҳофарии миллати сарбаланди тоҷик, рушду пешрафти илму маориф дар кишвари мо ва дигар ташаббусҳои ҷаҳонии ҷониби Тоҷикистон андешаҳои ҷолиб баён карданд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон бо таҷрибаи беназири сулҳофарӣ, ҳамчун тарғибгари сулҳу осоиш ва ҳалли мусолиматомези ҳамаи низоъҳо, дар ҷаҳон шинохта шудааст.
Президенти мамлакат изҳор доштанд, ки мо ҷиҳати таъмини рушди устувори Тоҷикистон самтҳои афзалиятноки стратегиро муайян карда, татбиқи ҳадафҳои стратегии расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар талошҳои пайваста меварзем.
Таъкид гардид, ки кишвари мо дар тӯли 30 соли соҳибистиқлолӣ тавонист бо кишварҳои минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷониба барқарор намуда, мавқеъро дар арсаи байналмилалӣ мустаҳкам гардонад. Тайи давраи начандон тӯлонии таърихи муосир Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва бо аксари давлатҳои олам равобиту ҳамкории хубу судбахшро ба роҳ монд. Ҳоло Тоҷикистон бо 180 давлати дунё муносибатҳои дипломатӣ дошта, узви комилҳуқуқ ва фаъоли Созмони Милали Муттаҳид, даҳҳо созмони бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ, ҳамчунин, сохторҳои байналмилалии молиявӣ мебошад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ташаббусҳои созандаи Тоҷикистон андешаронӣ карда, изҳор доштанд, ки мо аз минбари созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ пайваста ташаббусу ибтикорҳои созандаро ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷаҳону минтақа, аз ҷумла дар масъалаҳои вобаста ба об, тағйирёбии иқлим, мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, ба самъи ҷаҳониён мерасонем. Махсусан, силсилаи ташаббусҳои Тоҷикистон дар робита ба ҳалли мушкилоти об дар ҷаҳон боиси ба гунаи хос муаррифӣ шудани Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ гардид. Дар ҳоли ҳозир иқдоми чоруми Тоҷикистон — Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор» солҳои 2018 — 2028 дар сатҳи милливу минтақавӣ ва ҷаҳонӣ амалӣ мегардад.
Зимни таҳлили вазъи сиёсӣ дар ҷаҳон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки дар ростои амниятӣ, бо дарназардошти умумияти ҳадафу вазифаҳои дар назди мо қарордошта, густариши ҳамкорӣ ва табодули маълумоту таҷриба байни Тоҷикистону Миср дар мубориза бо терроризму экстремизм ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, ки ҳар ду кишвар дар муносибат ба онҳо мавқеи яксон доранд, бисёр муҳим мебошад.
«Мо бояд кишварҳои худ ва ҷаҳони исломро бо иродаи муштарак аз хатари терроризму ифротгароӣ эмин нигоҳ дорем ва роҳ надиҳем, ки номи поки дини ислом доғдор гардад», — таъкид доштанд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Дар фарҷом Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар барои сарфароз гардидан бо унвони доктори фахрии Донишгоҳи Қоҳира миннатдорӣ баён намуда, ба устодону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар таҳсил ва фаъолияти илмиву амалиашон комёбиҳо ва дастовардҳои беназир орзу карданд.
Ёдовар мешавем, ки Донишгоҳи Қоҳира муҳимтарин муассисаи таълимӣ ва пажӯҳишии Миср буда, 21 декабри соли 1908 таъсис ёфтааст. Он дуюмин донишгоҳи қадимтарини Миср ва сеюмин дар ҷаҳони араб пас аз Донишгоҳи Ал — Азҳар ва Донишгоҳи Ал-Қаравӣ мебошад. Факултетҳои гуногуни он дар замони Муҳаммад Алӣ, ба мисли Ал — Муҳандис Хона (тақрибан соли 1820) таъсис ёфтаанд. Низоми муосири маориф яке аз муҳимтарин таҳаввулоте буд, ки Миср дар нимаи аввали асри XIX шоҳиди он гардид.
Донишгоҳи Қоҳира ҳамчун беҳтарин муассисаи таълимӣ ва пажӯҳишии Миср дар ҷаҳон шинохта шуда, дар таълиму тарбия ва омода намудани мутахассисони баландихтисосу олимон нақши муҳим мебозад. Онро ҳар сол беш аз 155 000 донишҷӯ хатм мекунанд ва се нафар аз хатмкардагони он сазовори Ҷоизаи ҷаҳонии Нобел шудаанд.
11 марти соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Арабии Миср аз пойтахти нави ояндаи маъмурӣ — маркази Ҷумҳурии Арабии Миср боздид ба амал оварданд.
Сохтмони шаҳр соли 2016 оғоз ёфта, бо суръати баланд идома дорад. Шаҳр, новобаста ба он ки асосан барои биноҳои маъмурии пойтахти нав пешбинӣ шудааст, ҷойгир намудани то 7-10 миллион нафар аҳолӣ дар он дар назар аст. Масоҳати умумии шаҳр тақрибан 688 километри мураббаъ аст.
Он аз ҷиҳати маъмурӣ ба 20 ноҳияи гуногун тақсим шудааст, аз ҷумла ноҳияи биноҳои ҳукуматӣ, шаҳраки молия ва тиҷорат барои бонкҳо ва ширкатҳои хусусӣ, шаҳраки санъат ва фарҳанг, шаҳраки байналмилалии олимпӣ, шаҳраки дониш ва дарёи кабуд ва шаҳраки дипломатӣ.
Алҳол баъзе аз чорабиниҳои муҳими давлатию байналмилалӣ ва баъзан маҷлисҳои Ҳукумати Миср дар пойтахти нав гузаронида мешавад.
Иттилоъ дода шуд, ки пойтахти нави маъмурӣ дар вилояти Қоҳира ва дар масофаи тақрибан 70 км самти шарқ аз пойтахти кунунии кишвар — шаҳри Қоҳира ва 65 км аз соҳили баҳри Сурх қарор дорад. Зарурати бунёди шаҳрро зичии аз ҳад зиёди аҳолии пойтахти кунунии кишвар ба миён овардааст, зеро дар он зиёда аз 30 млн. нафар зиндагӣ мекунанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо маркази нави маъмурии Ҷумҳурии Арабии Миср ба кишвари дӯст шукуфоӣ ва ба мардуми он комёбиҳо орзу карданд.
www.president.tj