Сафари расмии Пешвои миллат ба Ҷумҳурии Исломии Эрон

№65-66 (4485-4486) 31.05.2022

52109761109_33da63222a_o29 майи соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон рафтанд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Сарвари давлат ­Эмомалӣ Раҳмонро  дар сафар вазири корҳои хориҷӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, прокурори генералӣ, вазирони энергетика ва захираҳои об, рушди иқтисод ва савдо, нақлиёт, молия, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, раисони кумитаҳои ҳифзи муҳити зист, рушди сайёҳӣ, раиси вилояти Хатлон, раиси Палатаи савдо ва саноат ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ карданд.

29 майи соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба пойтахти Ҷумҳурии Исломии Эрон – шаҳри Теҳрон ворид шуданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Теҳрон меҳмони олиқадр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазири неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон Алиакбар Меҳробиён ва дигар шахсони расмӣ бо самимияти хоса гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Майдони фурудгоҳи байналмилалӣ ба хотири пазироии меҳмони олимақом бо парчамҳои давлатии Тоҷикистону Эрон ва шиорҳои таҷассумкунандаи дӯстию ҳамкории ҳар ду кишвар идона оро ёфта буд.

Субҳи 30 майи соли 2022 маросими пазироии расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди кохи Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гашт.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват намуд.

Дар назди кохи Президент парчамҳои давлатии ҳар ду кишвар афрохта шуда, Горди фахрии Ҷумҳурии Исломии Эрон саф орост.

Ба ифтихори ташрифи расмии меҳмони олимақом сурудҳои миллии ҳар ду давлат садо дод ва фармондеҳи Горди фахрии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузориш дод.

Баъдан сарони давлатҳо аз назди ҷузъҳои Горди фахрӣ гузашт карданд.

Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷониби Парчами давлатии Ҷумҳурии Исломии Эрон эҳтиром ба ҷо оварданд.

Сипас, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ бо аъзои ҳайатҳои расмии ҳар ду давлат шинос шуданд.

Баррасии масоили ҳамкории ҳар ду кишвар нахуст дар мулоқоти хоссаи сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ оғоз ёфта, сипас, дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ҳар ду ҷониб идома ёфт.

Зимни мулоқот мубодилаи судманди афкор дар бораи ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Эрон сурат гирифт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба Роҳбари кишвари дӯст барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ва пазироии самимӣ изҳори сипос карданд. Аз сатҳи муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ, аз ҷумла идомаи муколамаи созандаи сиёсии миёни кишварҳо дар сатҳи олӣ, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Таъкид гардид, ки таҳкиму тавсеаи муносибатҳои ҳамкорӣ бо Эрон аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ мавриди таваҷҷуҳи хосаи сиёсати хориҷии Тоҷикистон қарор дорад. Дар ин раванд тақвияти муколамаи созандаи сиёсӣ миёни ҳар ду давлат, дар асоси ҳусни тафоҳум ва эътимод ва бо арҷгузорӣ ба арзишҳои муштараки таърихӣ тавсеаи ҳамкории судманди миёни кишварҳо зарур шумурда шуд.

Ҷонибҳо зимни мулоқоту музокирот густариши робитаҳои байнипарлумонӣ, фаъолияти босамари гурӯҳҳои дӯстӣ, ҳамкории фарогирро дар соҳаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, аз ҷумла дар бахшҳои нақлиёт, энергетика, саноат, дар арсаҳои фарҳанг, маориф ва илм ва амният ҳамчун омили муҳими таҳкиму тавсеаи муносибати кишварҳо арзёбӣ карданд.

Дар доираи муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ҷонибҳо оид ба афзоиш додани ҳаҷми муомилоти тиҷоратӣ миёни ҳар ду кишвар ба мувофиқа расиданд. Дар ин самт ҷоннок кардани кори Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангӣ, таҳия ва татбиқи «Барномаи дарозмуддати ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ то соли 2030», таъсиси Палатаи муштараки савдо ва саноати Тоҷикистону Эрон ва Шӯрои муштараки сармоягузорӣ мувофиқи мақсад шумурда шуд.

Пешниҳод гардид, ки барои рушду густариши муносибатҳои тиҷоратӣ аз баргузории намоишгоҳҳои ихтисосии маҳсулот ва ҳамоишҳои соҳибкорону тоҷирони ҳар ду кишвар ва таъсиси корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ бо сармояи муштарак минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон васеъ истифода карда шавад. Роҳандозии ҳамкории густурда байни шаҳракҳои саноатии кишварҳо низ барои ҳар ду ҷониб муфид номида шуд.

Бо дарназардошти захираҳои бузурги табиии Тоҷикистон, истифодаи имкониятҳои фарохи Тоҷикистон дар ҳавзаҳои энергетика, саноати сабуку хӯрокворӣ, маъдану металлургия, кимиё, истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ ва дорусозӣ, соҳаҳои кишоварзӣ, нақлиёт ва сайёҳӣ, амри зарурӣ маънидод гардид.

Дар доираи таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи нақлиёт рушди зерсохтори иртиботӣ ва пайвастани шабакаҳои нақлиёти заминӣ, беҳбуди шароити мавҷуда ва истифодаи самараноки имконоти бандарҳои Чобаҳор ва Бандар — Аббос ҳамчун василаи муҳими тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва имкони ҳамлу нақли молу маҳсулот ба нафъи кишварҳо номида шуд.

Бунёди нақби «Истиқлол» ва Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун намунаи ҳамкории созандаи ҳар ду ҷониб арзёбӣ гардид.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо, ҳамчунин, оид ба густариши ҳамкорӣ байни минтақаҳо ва вилоятҳо, рушди ҳамкориҳои фарҳангӣ ва илмӣ, соҳаи сайёҳӣ ва роҳандозии парвозҳои мустақим байни пойтахтҳои ҳар ду кишвар табодули андеша карданд.

Зимни баррасии масъалаҳои соҳаи амниятӣ рушди ҳамкориҳо дар роҳи мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва ҷиноятҳои киберӣ тақозои замон дониста шуд.

Ҷонибҳо дар рафти мулоқот масъалаи амнияту суботи минтақа ва вазъи феълии Афғонис­тонро низ баррасӣ карданд.

Дар мулоқот ҳамкории кишварҳо дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар сохторҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид.

 Масоили марбут ба амнияти минтақа, таҳаввулоти байналмилалӣ, мубориза алайҳи хатару таҳдидҳои замони муосир, ҳамчунин, ҷонибдорӣ аз ташаббусҳои созанда ва мавқеи ҳамдигар дар масъалаҳои муб­рами рӯз аз ҷумлаи мавзӯъҳои меҳварии ҳамкории бисёрҷонибаи кишварҳо арзёбӣ шуд.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон аз Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон муносиб ба Тоҷикистон ташриф оранд.

??????????????????????????Баъди анҷоми музокироти расмӣ дар ҳузур ва бо иштироки сарони ҳар ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ як зумра санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ зери «Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон» имзо гузоштанд.

Сипас, дар ҳузури сарони давлатҳо 16 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:

- Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари мутолиоти сиёсӣ ва байналмилалии Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон;

- Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва технологияҳои нав;

- Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии Эрон;

- Ёддошти тафоҳум дар бораи ташкили Кумитаи муштараки сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон;

- Барномаи ҳамкорӣ байни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати варзиш ва ҷавонони Ҷумҳурии Исломии Эрон;

- Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати таовун, кор ва рифоҳи иҷтимоии Ҷумҳурии Исломии Эрон;

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи ёрии мутақобилаи ҳуқуқӣ вобаста ба масъалаҳои ҷиноятӣ;

- Барномаи дарозмуддати ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Эрон барои солҳои 2022- 2030;

- Ёддошти тафоҳум байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нафти Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи нафту газ;

- Ёддошти тафоҳум байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати роҳ ва шаҳрсозии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар заминаи тавсеаи ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ;

- Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони ҳифозати муҳити зисти Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи муҳити зист;

- Барномаи ҳамкорӣ байни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Ҷумҳурии Исломии Эрон;

- Ёддошти тафоҳум байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати вилояти Хуросони Разавии Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва сайёҳӣ;

- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории дуҷониба дар самтҳои асосии рушди харитасозӣ, геодезия, фаъолияти илмӣ — тадқиқотӣ ва истеҳсолӣ байни Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони нақшабардории Ҷумҳурии Исломии Эрон;

- Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони биржа ва коғазҳои қиматноки Эрон;

- Созишнома оид ба таъсиси Шӯрои муштараки соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон.

Баъди анҷоми маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ сарони ҳар ду давлат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ барои доираи васеи хабарнигорони дохилӣ ва хориҷи мамлакат нишасти матбуотӣ ороста, натиҷаҳои мулоқоту музокиротро неку назаррас арзёбӣ карданд.

30 майи соли 2022 дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон бо Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Мухбир мулоқот карданд.

52109651443_fbfbfe6c85_oЗимни он маҷмӯи васеи масоили ҳамкории ҳар ду кишвар баррасӣ гардид.

Дар оғоз Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки густариши ҳамкории барои ҷонибҳо суд­манд бо Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон маҳсуб мешавад.

Ҷонибҳо аз дастовардҳои назарраси ҳамкорӣ тайи 30 соли робитаҳо изҳори қаноатмандӣ карда, барои амалисозии тавофуқоти қаблан бадастомада, таъмини татбиқи амалии онҳоро зарур шумурданд.

Инчунин, вазъи ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳангиву башарӣ ва дар дигар арсаҳои мавриди манфиатҳои тарафайн мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо барои расидан ба ҳадафҳои созанда ба масъалаи татбиқи «Барномаи дарозмуддати ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ то соли 2030», ки дар ҳошияи мулоқоту музокироти сатҳи олӣ ба имзо расид, ҳамчунин ҷоннок кардани фаъолияти Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии байни Тоҷикистону Эрон таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

Таъсиси корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои саноати сабуку хӯрокворӣ, металлургия, коркарди маъдан, мошинсозӣ, кимиё, дорусозӣ ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, шиша ва кошин аз самтҳои дигари судовар барои ҳар ду кишвар номида шуд.

Таъкид шуд, ки рушди ҳамкорӣ дар самти роҳандозии коркарди нахи пахта, пӯст, пашм ва абрешим то маҳсулоти ниҳоӣ, инчунин қолинбофӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди меваю сабзавот, намаки ошӣ, истеҳсоли равғани рустанӣ ва оби ошомиданӣ низ ба манфиати ҷонибҳо хоҳад буд.

Ҳамкорӣ дар бахшҳои чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ, таҷҳизот ва техникаи кишоварзӣ аз самтҳои дигари муфид барои рушди робитаҳо маънидод шуд.

Ҷонибҳо оид ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои тандурустӣ, сайёҳӣ, алалхусус саёҳати тандурустӣ, низ табодули андеша карданд.

Ҳамчунин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон бо Раиси Маҷлиси Шӯрои исломӣ Муҳаммад Боқири Қолибоф мулоқот карданд.

52109758196_51efef5300_oДар вохӯрӣ масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон баррасӣ гардида, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки идомаи муколамаи сиёсиро дар сатҳи олӣ ва баланд миёни Тоҷикистону Эрон барои ҳалли масъалаҳои рӯзномаи муносибатҳо ва тақвияти ҳамкориҳои гуногунҷанба муфид медонанд.

Зимни мулоқот масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсати хориҷӣ, таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқӣ барои тавсеаи равобити ҳар ду кишвар дар ҳавзаҳои гуногун баррасӣ шуд.

Ҷонибҳо оид ба масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ҷалби сармоя низ андешаронӣ карда, аз сатҳи ҳамкории кишварҳо дар соҳаҳои фарҳангиву башарӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд. Таъкид гардид, ки мардуми дӯсту бародари ҳар ду кишварро арзишҳои волои фарҳангиву таърихӣ ва тамаддунӣ ба ҳам мепайванданд.

Зимни баррасии масъалаҳои амниятӣ ба таъмини сулҳу субот дар минтақаи фарохи Осиё, аз ҷумла Афғонистон, гуфтугӯ сурат гирифт.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон бо Раҳбари Инқилоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманайӣ низ мулоқот карданд.

Дар он масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст барои пазироии самимӣ изҳори сипос карда, баён доштанд, ки алоқаманди идомаи муколамаи созандаи сиёсии сатҳи олӣ ҳастанд.

Таъкид шуд, ки Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори тавсеаи рӯзафзуни робитаҳои гуногун­арсаи ҳар ду кишвар дар рӯҳияи ҳусни тафоҳум, ҳамёрӣ, эҳтиром ва эътимоди байниҳамдигарӣ мебошад.

Ҷонибҳо, инчунин, масъалаҳои ҳамкории ҳар ду кишвар дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳангиву башарӣ, амниятӣ ва дигар арсаҳои мавриди манфиати тарафайнро баррасӣ карданд.

Зимни баррасии масоили амниятӣ масъалаҳои таҳкими ҳамкории кишварҳо дар мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва вазъи Афғонистон низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҷонибҳо аз ҳамкории суд­манди ҳар ду кишвар дар ҷаҳорчӯбаи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ изҳори қаноатмандӣ карданд. Ҳимояти Тоҷикистон аз узвияти комили Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони ҳамкории Шанхай далели боризи робитаҳои судманди дуҷонибаи ҳар ду кишвар дар арсаи байналмилалӣ арзёбӣ гардид.

Дар мулоқот, ҳамчунин, оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо гуфтугӯи судманд сурат гирифт.